! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

23 марта, 2012

Зани дувум мехоҳед?


Иддае аз рӯҳониён дар Тоҷикистон мегӯянд, бандҳои марбут ба бисёрзанӣ ва ё чандҳамсарӣ дар қонуни кайфарии ин кишвар ниёз ба ислоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, ислоҳи ин банди қонун метавонад, шароити зиндагии занҳоеро, ки феълан ғайриқонунӣ ҳамсари дувуми ин ё он нафаранд, беҳтар намояд.

18 марта, 2012

Давлат бухорӣ, ҳезумаш одамон (Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон")

Дар вуҷуди Танқисбоев амвоҷи печоне туғён менамуд, ӯро фикрҳои худаш беқарор медоштанд ва ин ҳама қатъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторҳоро нав мешунид, баръакс...

16 марта, 2012

Зи душман басо мушт хӯрдем, лек...


Бас андарзи зардуштиву монавӣ
Бихондему бар н-омад аз мо навӣ.
Бихондем фарзонагии Куруш,
Бихондем бас номаи паҳлавӣ.
Зи душман басо мушт хурдем, лек
Нагаштем ҳамдасту мушти қавӣ.

"اندی و معین های تاجیک"

کم آوازخوان تاجیک را می‌شود پیدا کرد که حد‌اقل ترانه‌ای را از آوازخوان‌های محبوب ایرانی بازخوانی نکرده باشد. علاوه بر این، یک گروه از آوازخوان‌های تاجیک تمام ترانه‌های خود را در پیروی از خواننده‌های ایرانی «اندی» و «معین» اجرا کرده‌اند.

Бубин, аҳли ватан дар ватан намегунҷад...


Биёву ин шаби дайҷурро тамошо кун,
Фарохии даҳани гӯрро тамошо кун.
Бубин ки аҳли ватан дар ватан намегунҷад,
Куҷоӣ? Қисмати манфурро тамошо кун.