! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

31 января, 2008

«Ҷумҳурият» ба муқобили Озодӣ?

Аслан рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дар долонҳои ҳукуматӣ мехонанд। Ва кам воқеъ шудааст, ки одамон барои харидории «Ҷумҳурият» дар қади кӯчаҳо талош кунанд। Ин рӯзнома як нашрияи давлатист ва муассисаш ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон। Аммо «Ҷумҳурият» тайи ду соли ахир бо нашри мақолоти хос роҷеъ ба рӯзгори мухолифони давлат, аз ҷумла Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии Ҳизби демократ, ва ҳам Султон Қувват, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт, «шӯҳрат» ёфта буд। Гӯиё ба ин тарзи баён, аҳли нашрия озодбаёнии худро вонамуд мекунанд। Дар асл онҳо хидмати ашхосеро иҷро менамоянд, ки мухолифи тавсеъаи озодии баёнанд. Ин дафъа ин нашрия ба муқобили Радиои Озодӣ бархостааст. «Озодӣ чӣ рисолате ба дӯш дорад?» Ин сарлавҳаи як мақолаест, ки вокуниш ба як гузориши Радиои Озодист. Аммо дар ин шароити имрӯзаи Тоҷикистон бояд сарлавҳа ва мақолаи «Ҷумҳурият» ба гунаи дигар навишта мешуд: Ҳукумат ва ҳукуматдорони Тоҷикистон чи рисолатеро бар дӯш доранд?  

Мо пир шудему ишқи мо пир нашуд

Дар як рӯз шабонарӯз ҳудуди 20 дақиқа тарона мешунавам. Чи таронаҳои тоҷикӣ, чи афғониву эронӣ ва чи русиву амрикоӣ. Аммо аз ҳамаи он, таронаҳои тоҷикиро бештар меписандам. Бахусус, таронаҳои Маликаи Саидро. Шояд он ба Шумо мақбул набошад. Шояд онро Шумо нашунидаед. Ба ҳар ҳол, матни яке аз таронаҳояшро пайнавишт кардам ва барои хондани Шумо рӯи ин сафҳа мегузорам. Боқӣ Шумо медонеду дили Шумо.


Андешаи деру зуд кардӣ, дили ман,
Ғавғои набуду буд кардӣ, дили ман,
Чанде чу чароғ дуд кардӣ, дили ман,
Аз сӯхтанат чӣ суд кардӣ, дили ман???
Дили ман, дили ман, дили ман, дили ман…


Мо пир шудему ишқи мо пир нашуд,
Мо сер шудему чашми мо сер нашуд,
Мо аз гунаҳу хато батадбир шудем,
Эй войи дили мо, ки батадбир нашуд.
Дили ман, дили ман, дили ман, дили ман…


Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст,
Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шудан аст,
Эй ҷон ба бадан, баҳри чӣ кор омадаӣ
Чун оқибати кори ту берун шудан аст?!
Дили ман, дили ман, дили ман, дили ман…

Деҳа ё шаҳр???

Дишаб аз ҳар шаби дигар ваҳшатбор буд.
Сиёҳие дар хоб маро пахш мекард. Ҳарчанд фарёд мезадам, касе ба имдодам намерасид, ҳатто ҳамсояҳо. Ба ёдам гуфтаҳои модарам расиданд, ки «одамони шаҳрӣ он қадар бамеҳр нестанд. Биё, ба шаҳр нарав. Ту ҳам аз ман дур мешавию ҳам бемеҳр». Модарам дуруст мегуфтааст. Агар дар деҳа рӯзе сарамро ба зонуи ӯ намегузоштам, хобам намебурд. Аммо дар ин шаҳри пур аз овозаю дарвоза гоҳо модарам низ ба ёдам намерасад. Падарам марди дилтанг аст. Аз парешон мондани модарам ба қаҳр меояд ва аз деҳа ба ман занг мезанад ва ҷанг мекунад: «чаро тилфун намекунӣ?» Ман сукут меварзам. Ростӣ, шаҳр инсонро тағйир медиҳад. Гоҳо бачаи якзабонаи деҳотиро даҳзабон ва духтари кокулдарози рустоиро ба як раққосаи кӯчагард табдил мекунад. Дар дувоздаҳ моҳи як сол ҳамагӣ як ҳафта ба деҳа меравам. Он ҷо зуд дилам танг мешавад ва нафасгириам мушкил, ҳарчанд боду ҳавои он ҷо поку соф аз ҳавои шаҳр аст. Бештари ҳамдеҳагонам маро фаромӯш кардаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки ман ҳам барои мардикорӣ ба Русия рафта дигар барнагаштаам. Шояд баъзеяшон фотиҳаамро низ хонда бошанд. Ҳатто худи ман бештари ҳамдеҳагонамро намешиносам. Фақат ҳамдарсонам ба хотирам мондаанду тамом. Онҳо ҳамагӣ оиладор шудаанд. Бархеашон ду-се фарзанд доранд. Модарам низ маро маҷбур мекунад, то ягон духтари ҳамдеҳаамонро ба занӣ интихоб кунам. Дар деҳаи мо ҷавонҳо дар ҳақдаҳсолагӣ хонадор мешаванд. Вагарна, кас ба қатори «пирон» дохил мешавад. Хандаам меояд. Моҳи ноябри соли 2007. Аммаи калониям ба хонаи яке аз ҳамдеҳагонамон, ки духтари қадраси шонздаҳсола доштааст, ба хостгорӣ рафт. Бегоҳ хашмгин баргашт. Аҳвол пурсидам. Гуфт, ки хонаводаи духтар туро «бачаи пир» мегӯянд. Бале, ман дигар дар деҳа пир шудаам. Барои он ки барвақт зан нагирифтам ва фарзанд надорам...

30 января, 2008

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд

Дуруд азизон,
Орзуи панҷсолаи ман тоза рӯи кор омад. Яъне панҷ сол пеш аз ин, шабҳои дароз роёнаро хоб медидам. Шабҳои дароз Интернетро хоб медидам. Ангуштони ман орзуи пахш кардани клавиатураи роёнаро доштанд, аммо кӯтаҳӣ мекарданд. Ҳоло имкон дарёфтам, ки назди роёна бишинам ва бо ангуштони худ клавиатураи роёнаро пахш кунам ва ин сатрҳоро нависам. Албатта, ин сатри охирин нест. То сатрҳои дигар,
Худо нигаҳдор!