! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 октября, 2010

Насиҳати Эшони Нуриддин барои ҷавонони муҳоҷир


Эшони Нуриддин
(Акс аз Turajon.com)
Имрӯзҳо, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, аз сабаби паст будани сатҳи иқтисодии кишвар ва мутазалзил будани сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қисми зиёде аз шаҳрвандони кишвари мо ҷиҳати ба даст овардани рӯзии хонадонашон ночор кӯлбори мусофиратӣ ба дӯш карда, ба кишвари Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират менамоянд.

100 рубоии Умари Хайём

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи мулки ҷаҳон,
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.

29 октября, 2010

Сайидиброҳими Назар: Мухолиф будан ба хатти форсӣ бесаводист

Сайидиброҳими Назар
(Акс аз "Ойина")
Гузаштан ба ҳуруфи форсӣ ё арабиасос, гумон мекунам, зарурати зиндагӣ ва зарурати миллати мост. Яъне ин заруратро инкор карда намешавад. Фақат баҳс сари усул ва тарзи он аст, ки баргашт чӣ гуна сурат мегирад. Гурӯҳе ҷорӣ кардани хатти ниёгонро намедонанд ва мегӯянд, ки бо бозгашт ба хатти форсӣ мардум бесавод мемонанд, вале онҳо як қишри андаки ҷомеъа мебошанд. 

FARSI1-ро дубора пайдо кардам

(Акс аз интернет)
Тақрибан як соли пеш дар миёни шабакаҳои телевизионӣ номи Farsi1 -ро пайдо кардам. Дар ин шабака бештар сeриолҳои куриёӣ ва Амрикои Лотинро бо тарҷумаи форсӣ намоиш медиҳанд. Рости гапро бояд гӯям, ки забони намоишҳои ин шабака хеле олист ва барои ҳамаи мо - тоҷикон низ фаҳмо. Зеро забони тарҷумаи ин филмҳо аз он лаҳҷаи теҳронӣ, ки бештари эрониҳо бо он такаллум мекунанд, хеле фарқ дорад. 

28 октября, 2010

"КАЗДОН": Мӯрӣ аз мурӣ фарқ дорад?!

Додихудо Саймуддинов,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
(Акс аз интернет)
Ё чигуна мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов бе шӯъла шула мепазед?!

Илму фарҳанг ва маърифату маданияти имрӯзи миллати тоҷикро хусумату кину бадбиниву ниқорталабӣ ва маҳалгароиву қавмпарастӣ ба коми худ даркашидан дорад. Яке забони маҳаллашро, дигар гӯйиши хонаводагияшро севуми калимау ибораҳои аҷнабиро ба фарҳангистони миллати тамаддунпарвару мутамаддини тоҷик бо ҳар васила бор карда забони нобу шакарини тоҷикиро махлут карда истодаанд.

Таджикистанец стал победителем Международного конкурса чтецов Корана


В Исламском культурном центре Симферополя  (Украина) подведены итоги первого  Международного конкурса чтецов Корана имени шейха Абдуллах Аль Мубарак Аль Субах, который проходил с 24 по 26 октября 2010 года. Как сообщает пресс-служба Меджлиса крымско-татарского народа, в конкурсе приняли участие около 40 представителей из Азербайджана, Беларуси, Дагестана, Казахстана, Киргизии, Молдовы, России, Таджикистана, Узбекистана и Украины.  Конкурсанты демонстрировали знание текста Корана на следующих уровнях: знание наизусть всего Корана, половины, четверти Священной книги и последних трех джузов.

Ривояти Ҳаҷ - 2010

Шӯъбаи ҳаҷҷ ва зиёрати Кумитаи дин, ки дар даҳ соли гузашта риштаи танзими сафари ҳоҷиёнро ба даст гирифтааст, мегӯяд, имсол каме бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф хоҳанд шуд. Ин рақам дар муқоиса ба арқоми як соли пеш 200 нафар бештар, вале дар муқоиса бо он квотае, ки вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҷудо кардааст, тақрибан 300 нафар камтар мебошад.

27 октября, 2010

Письмо Олега Панфилова таджикским коллегам и Президенту РТ Эмомали Рахмону

Олег Панфилов
(Акс аз интернет)
Уважаемые коллеги,

Господин Президент, 


События последних месяцев выражают тревогу за таджикскую журналистику. Многочисленные заявления международных организаций, создание Комитета «29 сентября» - показатель очередного этапа борьбы за свободу слова, которая опять оказалась неугодной чиновникам.

20 октября, 2010

Review Urged for Ex-Guantánamo Tajiks

Legal experts say there is little justification for the continued detention of two former Guantánamo detainees serving long prison terms in Tajikistan after being repatriated by the United States in 2007. Muqit Vohidov and Rukhniddin Sharopov, both 29, were arrested and sent to trial immediately after they were sent back to Tajikistan in March 2007 after spending five years and four months initially in Afghanistan and then at the Guantánamo detention facility. They were sentenced to 17 years in jail for serving as mercenaries with the banned Islamic Movement of Uzbekistan, IMU, and illegally crossing the national border.

15 октября, 2010

Бывшие заключенные Гуантанамо в Таджикистане наказаны дважды

Валихон Вохидов и его жена – Мухайё проживают в Исфаринском районе на севере Таджикистана. Каждую неделю они с нетерпением ждут телефонного звонка от сына – заключённого исправительного учреждения №1 города Душанбе. Валихон говорит, что это единственное средство связи, благодаря которому он и его жена вовремя узнают о состоянии своего родного человека

07 октября, 2010

Нотавонӣ. Чаро як рӯзи мотам эълон намекунанд?

То кай модарон бояд ашк резанд?
Худо, аз оҳи сарди онҳо моро нигоҳ дорад!
(Акс аз "Озодӣ". Ҷанозаи Зоиршо Қаландаров) 
Қатли 26 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароб + кушта шудани 5 корманди ОМОНи вилояти Хатлон + марги 28 нафари дигар дар суқути чархболи Горди миллӣ дар минтақаи Рашт. 

Ҳамаи ин талафот дар ду ҳафта. Дар як даргирӣ бо гурӯҳе, ки ҳанӯз гуфта нашудааст чӣ қадаранд, аз куҷо омадаанд ва аз ҳукумат ва ё аз мардуми кишвар чӣ мехоҳанд.

06 октября, 2010

ҚУРЪОН ВА СУННАТ ДАР "МАСНАВӢ"

Ҷалолуддини Балхӣ
(Акс аз Интернет)
Ё ҷустуҷӯе аз оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дар «Маснавии маънавӣ»–и Ҷалолуддини Балхӣ


Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам пешаи пайғомбарист.
(Муҳаммад Иқбол)
Дар саҳнаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик садҳо нобиғаи илму адаб ба майдон омаданд, ки номи онҳо бо осори пурғановаташон дар ганҷинаи тамаддуни милливу ҷаҳонӣ сабт ёфтааст.
Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо тахаллуси Румӣ низ маъруф аст, аз бузургтарин шоир ва мутафаккири намоёни қарни XIII аз ҷумлаи онҳо мебошад.

01 октября, 2010

Соли аввали донишҷӯйӣ (Саҳифаҳои зиндагӣ)

Шаҳри Хуҷанд
(Акс аз сомонаи khujand.tj)
Оғози моҳи сентябри соли 2002. Барои аввалин бор ба унвони донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва он ҳам ба факултаи суханшиносӣ омадам.

Утоқҳои калону барҳаво ва роҳравҳои пур аз донишҷӯ барои ман ошно набуд. Чунки синфхонаҳои мактаби деҳаи ман кӯчак буданду дар чанд соли ахир роҳравҳояш шогирдони зиёдеро ҳам надидаанд.

Ҳамаи донишҷӯён гарданбанду шиму костюм доштанд. Куртаҳои сафед пӯшида буданд.

Духтарон ҳам аз якдигарашон зеботар буданд. Чашми ман барои дидану шинохтани зебоии онҳо фурсат пайдо намекард.

Аммо, баръакси онҳо, ман хеле одӣ менамудам. Як куртаи рах-рахи рангаш кабуди моил ба сиёҳӣ доштам.