! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

20 января, 2010

Лоиқ бо бӯяҳои осмонӣ рафт…

Ба қабристон, агар рӯзе бихуспам,


Маро ҳамсояи соҳибдилон кун…

Таърихи адабиёти тоҷик устодони забардастеро ба роҳи фарохи илму адаб овард, ки онҳо бо мероси пурганҷ ва забони назифи хеш натанҳо дар фарҳанги миллӣ, балки дар тамаддуни ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.

Устод Лоиқ (равонашон шод бод) аз шоирони шӯҳратёфтаи тоҷик мебошад. Ӯ истеъдоди нодир ва маҳорати баланди адабӣ дошт. Вай ба эҷодиёти суханварони форсизабон ба лутф менигарист, ба ҳунари шоириашон қоил буд ва сабақи шеър аз онҳо биомӯхт.

Тарзи сухани Лоиқ дар эҷоди ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ возеҳ ва ҳакимона мебошад.

Лоиқ дар гуфтори шеър навпардозӣ мекард, аз як шеър то шеъри дигар эҷоди худро сайқал дода, ҳамешагӣ дар пайи омӯзиш буд. Чашмаи илҳоми шоир аз мероси ғанӣ ва рангини гузаштагон об мехӯрд.

Лоиқ Шералӣ шоири лирик мебошад. Қаҳрамони ашъори шоир шахси наҷиб, кордон, оқилу боқудрат аст, ки адиб онҳоро бо тамоми афзалият васф кардааст.Аммо симои модари тоҷик, хоки пурзари Ватан мояи асосии шеъри ӯянд.

Ташнагони шеър суханони ӯро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дафтари ашъори шоир нағмапардози қалби ошиқон, замзамаи дилбарон, суруди модарон, меҳру муҳаббати навхонадорон ва пайвангари ҳаммиллатон мебошад.

Устод Лоиқ бо осори воломақоми хеш ба маънавиёти ҷаҳонии мардуми тоҷик инқилобе овард, аз аввалин шоирони шуҷоъ дар адабиёти муосири тоҷик буд. Вай аз мансабдори давр наҳаросида дар ашъораш номи Худо, Пайғомбар ( с), Чорёрон, Қуръон, Оят, Ҳадисро истифода кардааст. Шеъри Лоиқ ба хонанда ҳарорати гармӣ дода, ранҷу сӯзиши қалбро малҳам мебахшид.Сад афсӯс,ки шоири ормонӣ дар охири шашум моҳи оғози асри бисту як аз байни мо рафт. Аммо шеърҳои баландмазмуни ӯ аз дили хонандагон ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.

Устод Лоиқ низ каломи ҷонофарини дилкаш ва бо номи Рӯдакӣ халқи тоҷик ҷовидном буданро ба қалам дода, мегӯяд:

Каломи Рӯдакӣ воломақом аст,

Зи номаш халқи мо ҷовидном аст.

Зарафшон то абад гар зар фишонад,

Беҳин кони зараш шеъри калом аст.

(«Фарёди бефарёдрас», Душанбе-1997, с. 200)

Лоиқ шоири зебописанд, ҳаётдӯст ва ситоишгари забони тоҷикист.Ӯ дар анҷуманҳо барои беҳдошти забони пояндаву бегазанд пофишорӣ мекард. Вай шоири худшиносу худогоҳ дар каломи салисиаш носипосону забонгумкардагонро мазаммат карда, мардумро барои ҷовидонии забон даъват менамуд, то ки ба гирдоби ҳалокатовар ғарқ нагарданд. Ин нанг аст, бар миллате, ки забонашро ба фаромӯшӣ додааст.
Забони ашъори шоир тоза чун оби мусаффои рӯдборҳо. Дар шеърҳояш калимаҳои бегона дида намешавад. Лоиқ ҳама вақт такя ба осори шоирони пешқадам дошт, калимаву таъбирҳои шоистаро аз онон гирифта, хеле хуб истифода мебарад.

Ин ҷо кӯшиш дорем аз рубоии зер калимаи «салсол»- ро ба хонанда ошкор созем.

Бадам, некам, зи аъмолам бипурсед,

Зи гардопандаи ҳолам бипурсед.

Агар ман хом мондам то бад-ин рӯз,

На аз солам, зи салсолам бипурсед.

(ҳамонҷо, саҳ- 201)

Дар « Фарҳанги забони тоҷикӣ», соли 1969, саҳ 183, ҷилди 2 калимаи «Салсол» чунин шарҳ дода шудааст: 1.(а) гиле, ки барои сохтани сафол тайёр карда мешавад. 2(Д) гиле,ки гӯё Худо Одамро аз он сириштааст.

Амир Муиззӣ гуфта:

Аз наъти худоист сиришта гуҳари ӯ,

Гарчи гуҳари одамиён ҳаст зи салсол.

(ҳамон ҷо, саҳ. 183)

Дар китоби «Ғиёсуллуғот»ҷилди 2, Душанбе-1988,саҳ.11 калимаи «Салсол» чунин амадааст: «гили бо рег омехта ва гили хушк ва хом,ки чун ангушт бар он зананд овоз барояд,ки хамири Одам (а) аз он буд. Худованд мефармояд: Ишора ба ояти 14, Сураи Раҳмон «Халақал инсона мин салсолин кал фаххор»-яъне, Одамро аз гили хушкшудае чун сафол биофарид. (Тафсири Мухтасари Хатлонӣ ,Душанбе. 2006, с.379)

Аллоҳтаъоло дар ин ояти карим инсон гуфта Ҳазрати Одам Ато (сафиюллоҳ )- ро дар назар дорад, ки онро аз гили хушк шудаи сафолмонанде, ки ҳангоми ба вай ангушт задан садо мебарорад, офаридааст.

(Тафсири осонбаён , Хуҷанд-2002, п. 27, с. 135)

Устод Лоиқ қаламкаши суханпардоз, оташбаён ва ҳамнафас бо Мусҳафи осмонӣ мебошад.Вай дар байти дигар сарнавишти инсонро аз илми худовандӣ дониста, мегӯяд:

Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед,ки Лоиқ,

Дар оғӯши замин бо бӯяҳои осмонӣ рафт.

(ҳамон ҷо, саҳ.219)

Дар ин байт забондон ва луғатшинос будани шоир ба чашм мерасад , ки ӯ аз осори ниёгон фозилона истифода мебарад.

Калимаи «бӯя» дар мисраи дуюм дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», 1969,саҳ.220 чунин омадааст: Бӯя- орзумандӣ , талаб, дархост, тақозо. Дар «Луғати мухтасар аз адабиёт» Душанбе- 1973,саҳ.16. Бӯя- орзумандӣ, талаб.

Дар «Фарҳанги мухтасари « Шоҳнома» Душанбе- 1992, саҳ 84 .

Бӯя- орзу, майл, ҳавас, талаб.


Ва ба ин маъни Фирдавсӣ гуфтааст:

Маро бӯяи Золи Сом аст,- гуфт,

Чунин орзуро нашояд ниҳифт.

(Ф З Т,1969 ҷ. 1,саҳ 220)

Аз маънӣ маълум мешавад,ки шоир бо тақдири (тақозо) илоҳӣ дунёи заволпазирро тарк карда, дар оғӯши замин хобидааст.
Ба хонанда возех аст, ки шоири равоншод Лоиқ шоири миллат ва сухангӯ аст. Забони ашъори адиб дар равонӣ, равшангуфторӣ бо мазмуҳои дақиқу баланд ва камоли суханварӣ дар миёни мардум писандида мебошад.

Солҳо сипари мегардад.Шеъри Лоиқ вирди забони вафодорону маърифатдӯстон то ҳаёт раҳгузар аст, ба фаромӯшӣ нарасад.

Бо таъбири шоире:

Байни дилҳо, дидаҳо, ҷонҳои мо,

Лоиқи мо лоиқи пайғомбарист.

Дар баёни ӯст армонҳои мо,

Лоиқи мо лоиқи шеъри дарист.

14 января, 2010

Андарзхои Толстой ва мо

Таърихи тамаддун чунин устодони забардасти каломи бадеиро ба дунё овардааст,ки онхо на факат дар адабиёти миллии хеш,балки дар радифи бузургтарин суханварони чахони шинохта шуда, эътибори онхо дар адабиёти тамоми олам равшан ба мушохида мерасад.

Лев Николаевич Толстой классики барчаста ва оламшумули русзамин аст. Имсол ба мавлуди ин суханвари каломи бадеъ 180 –сол пур мешавад.

Махсули адабии Толстой ба эътибори микдор хеле зиёд аст.Вале дар байни онхо шохасархои «Чанг ва Сулх», «Анна Каренина», «Эхё»-ро офарид, ки ба забонхои халкхои собик Иттиходияи Шурави ва забонхои гуногуни хоричи тарчума гардида,сарвати гоявию бадеии адабиёти чахонро гани гардонидааст.

Толстой аз овони хурдсоли ташнаи илму дониш буда,дар синни шонздахсолаги ба шуъбаи забонхои турки-арабии Донишгохи Казон дохил мешавад. У аз хамон давра ба омузиши забонхои турки,араби,тотори,англиси машгул буд.

Толстой дар камолоти чавони ба эчодиёти шоирони форсу точик Фирдавси,Саъди,Хофиз ошно гардида,дар иншои андеша,панду хикматхои хирадмандона аз афкори ахлокии Шайх Саъдии Шерози ( аз бобхои «Гулистон») устокорона истифода кардааст.

Махорати адабии Толтсой ба дарачоте баланд буд,ки у солхои камолоти пири дини мубини ислом ру оварда ,аз хадисхои Пайгамбар (с) бахравар гардидааст.

Агар хонанда дар гулбоги осори Толстой сайр кунад,у аз гояхои начиби халкхоро ба дустию рости ва сулх хидоят кардани адиб бахраёб мегардад.

Толстой нависанда ва файласуфи рус буда,бо Сухраварди форугултахсили забонхои араби,англиси ва фалсафа,доктори хукук ва адабиёти Донишгохи Калкута дустии наздик дошта,то дами марг бо хам мукотиба доштанд.

Мутарчуми китоби «Суханони рахнамо» навиштааст: «Тулстуй бо мутоилаи суханони Пайгомбари Ислом шахсияти он хазратро беш аз пеш сутуда ва хатто хангоме,ки охирин сафари бебозгашти худро намуд ,як чилд аз ин китоб даруни чайби полтуи вай пайдо шуд».

Толстой нависандаи хушгуфтор ва равшанзамир аст. Ин нобигаи айём дар давраи пири ба навиштани панду андарзхои хакимона пардохт ва бо афкори маърифатонаи худ ба пахлухои зиндагии инсонхо,ки аз таззодхо иборат аст,рушани андозад.

Пандхои окилонаи у аз даъвати одамон ба ахлоки наку,садокат ба хамдигар,халимиву хоксори,сухандониву фурутани,сулху ошнои,фони будани тан ва поянда будани рух иборат аст. Андарзномаи Толстой ба пешрафти чахонбинии шахс мадад намуда,уро ба суйи камолоти маънави рахнамун месозад. «Андарзнома»-и Толстой бори аввал дар тарчумаи Мирзо Боки соли 1989 ба ахли фархангиёни точик дастрас гардид,ки панчсаду хафтоду шаш андарзхоро дар бар мегирад. Мо кӯшиш намудем, ки андарзхои Толстойро иқтибос аз шуарои Ачам, аходиси Пайгамбар (с) ва оятхои куръони манзури хонандагон намоем.

ТОЛСТОЙ:
«Омузгоре,ки факат ба талаба монанди падар ва модар мухаббат дорад, бехин аз устодест, ки… неруи мухаббат ба кору талабагонро омезиш медихад, муаллими комил аст. Муаллими хунарест оливу начиб…»

( Андарзнома» - 1989,сах .5)

Биноӣ:

Хаки устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз хаёт бахра дихад,

Устод аз начот бахра дихад.

ТОЛСТОЙ:

«Касе ба хеч вачх шаробхурию сигоркаширо ба хотири накукори ба мардум.аз чумла кор,андешаи саволот,паи рафъи дарди беморон ва намоз ба Офаридгор накарда.Зишттарин корхо лахзаи масти содир шуда».

(хамон чо сах. 20)

Пайгамбар (с) фармудааст:

«Шароб сари чамъи гунохон аст.

(Панчсад хадис.Душанбе -1991 сах.6)


Сураи Моида, ояти 90:

«Эй касоне,ки имон овардед,шароб… кори шайтон аст,аз он пархез кунед,то растагор шавед!».

(Тафсири мухтасари Хатлонӣ-2006 сах. 353)


Пайгамбар (с) фармудааст:

«Шароб модари бадихост».

(махфузот.Хучанд -2007,70 сах.169)

Каломи рухбахши Толстой дар хаёт: «Инсонхо бародаранд».

Хадиси 233.

Аз ибни Умар (р) ривоят аз Пайгобар (с) фармуданд: «Мусулмон бародари мусулмон аст. Зулм намекунад ба у ва таслим намекунад уро,хар ки дар пайи баровардани хочати бародараш бошад.худованд дар пайи хочоти у бошад…»

(Боги накукорон,Москва – 2001 .сах.140)


Сураи Ҳучурот,ояти 10.

«Харойна,муъминон бародаронанд…»

(Тафсири мухтасари хатлони,2006,сах.329)


ТОЛСТОЙ:
«Бани одам бе мадади якдигар зиста наметавонанд: аз ин чихат мо бояд мададгору муттакои якдигар бошем».

(Андарзнома-1989,сах.78)

Пайгомбар (с) фармудааст:

«Муъминон дар дусти ва тараххум барои якдигар чун аъзои пайкаранд: Вакте яке ранчур шавад дигарон хам дар бехобиву таби он ширкат мекунанд».

(Панчсад хадис.Душанбе – 1991 сах.19)

Сухраварди:

«Мусулмонон чун ачзои муташаккилаи як бино хастанд ва хар як дигареро кудрат бахшид ва бад-ин сон бояд якдигарро хоми бошанд»

(Суханони рахнамо,Душанбе 1991 ,сах.20 ,185)

Шайх Саъди мегуяд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавхаранд.

Чу узве ба дард оварад рузгор.

Дигар узвхоро намонад карор.

(Саъди куллиёт – ч.с. Душанбе 1990,сах.51)


ТОЛСТОЙ :

«Рохи хакики рост аст ва дар ин пешпо намехури,агар ба хамон бирави. Вакте эхсос мекуни,ки пойхоятро дар он ба бероха мондаи,бидон,ки ту аз ин рохи рости худ берун рафтаи».

(Андарзнома -1989,сах.74)

ПАЙГАМБАР (с) фармуда:

«Хар ки ба рохи рости даъват кунад,ба кадри хар ки аз у пайрави кунад,ачр дорад,бе ин ки аз ачри онхо кам шавад ва хар ки ба рохи залолате даъват намояд,ба андозаи хама тобеъонаш гунох дорад бидуни ин ки аз онон кам шавад».

(Панчсад хадис.Душанбе -1991,сах .41)

«Бешак рости хидоят мекунад ба суи неки».

(Махфузот.Хучанд-2007 сах.23)

ТОЛСТОЙ:

«Ба дунё омадему лоба кардем.атрофиён аз омади мо дар табассум шуданд,вакте ки ба зиндаги хушбоши кардем,хама боронхои ашки гарм рехтанду мо моили табассум шудем».

(Андарзнома- 1989,сах.62)

ШАЙХ САЪДИ:

Ёд дорам,ки вакти зодани ту,

Хама хандон буданду ту гирён.

Ончунон зи.ки баъди мурдани ту,

Хама гирён бошанду ту хандон.


ТОЛСТОЙ:

«Сухан калиди дил аст.Агар сухан бехадаф бошад як калима хам зиёда аст».

(Андарзнома ,Душанбе – 1989,сах. 50)

ПАЙГОМБАР (с) фармудааст:

«Зебоии Сухан ба кутохи ва ихтисор аст»

(Панчсад хадис,Душанбе -1991,сах.22)

ТОЛСТОЙ:

«Пеш аз ин ки сухан гуйи забонро хафт бор гардон.Ё хамуш бош,ё чизе бигуй,ки бартар аз сукут бошад».

(Андарзнома ,Душанбе – 1989,сах,63)

ФИРДАВСИ :

Бидон к-аз забон аст мардум ба ранч

Чу ранчиш нахохи суханро бисанч

(Андарзномаи Фирдавси,Душанбе 1992,сах.103

СУХРАВАРДИ:

«Он,ки ба Холики якто ва Расули у имон оварда, бояд сухан ба неки гуяд, ё сукут баргузинад»

(Суханони рохнамо, Душанбе -1991,167,сах.19

ШАЙХ САЪДИ :

То нек надони,ки сухан айни савоб аст,

Бояд,ки ба гуфтан дахан аз хам накушои!

Гар рост сухан гуию дар банд бимони,

Бех з-он,ки дуругат дихад аз банд рахои.

«Андеша кардан,ки чи гуям,бех,аз пушаймони хурдан,ки чаро гуфтам?!».

(Панду хикматхо ,Душанбе-1963,сах.298-99).

ТОЛСТОЙ:

Издивоч – кавлномаи ду инсон аст-мард ва зан,ки факат онон бояд аз якдигар насл биоваранд.

(Андарзнома.Душанбе-1989,сах.21)

Расули акрам (с) фармудаанд:

Яъне,никох кунед,бисёр шавед пас албатта ман ифтихор мекунам ба шумо (бо бисиёр будани адади шумо) аз умматхои гузашта дар рузи киёмат,хатто ба фарзанди нотамом…

(Мехвари одамият.Хучанд -2006,с.24)

Аллома Сухраварди:
Он кас мусулмони вокеи аст,ки нияташ некутар ва поктар бошад ва бехтарини шумо касоне хастанд,ки бо хамсари худ нек мадоро кунанд.

(Суханони рахнамо,Душанбе 1991 сах.52)

Барои хонандаи рушанбин маълум гардад.ки адиби шахир Лев Николаевич Толстой ба ашъори удабои Шарк ва уламои ин марз дусти дошта,бо кумаки онон аз аходиси набави (с) шарафёб гардидааст. Панду хикматхои Толстой аз суханони рахнамои пешвои Ислом об хурда,у ахли башарро барои дарёфти одоби наку ва одамгари, даъват менамояд.

Хак ба чониби Хаким Фирдавсии Туси,ки гуфтааст:

Туро донишу дин рахонад дуруст,

Рахи растагори бубояд-т чуст.

Рустами Ато, омузгор

07 января, 2010

Нигоҳе ба зиндагии худу гузаштагон

Ман зиндагии на он қадар тӯлониро пушти сар кардам. Аммо дар ин муддат тақрибан ҳама чиро дидам. Ҳоло мехоҳам ин рӯзгори худу гузаштагони худро, ки аз калонсолони хонаводаамон шунидаам, рӯйи коғаз оварам.


Одам ҳич вақт наметавонад сарнавишти худро пешбинӣ кунад. Сарнавишт чӣ, ҳатто намедонад ҳамин лаҳза, ки даҳонаш боз шавад, хуш гӯяд ё бад. Ин ҳарфҳоро замоне ки хеле кӯчак будам, бобоям, падари падарам, низ ба ман мегуфт.

Вай одами хеле қадбаланд, чорпаҳлӯ ва нерӯманд буд. Вале дар баробари ин ҳама, қаҳру ҷаҳл ҳам дошт, ки таъми онро бештар аз дигарон бибиям чашидааст. Дар бораи бибиям баъдан бароятон хоҳам навишт, ки аслан тақдир барои ӯ хушиҳои зиндагиро раво надидааст. Аммо ҳоло ба рӯзгори бобоям, ки хеле одами таърихӣ буда ва корномаҳои ӯро то ҳанӯз касе дар деҳа фаромӯш накардааст, хоҳам пардохт.

Пире, ки маълумот надошт

Дар бораи бобоям ва корномаҳояш натанҳо падару аммаи бузургам, инчунин афроди кӯҳансоли деҳа низ нақлҳо кардаанд. Мегӯянд, ки бобоям солҳои тӯлонӣ, замоне ки аксари мардони деҳаи мо алайҳи фашистони гитлерӣ меҷангиданд, раисии деҳаро ба ӯҳда доштааст. Кӯҳансолон мегӯянд, ӯ аспсавор омада ва бо он шаҳомате, ки доштааст, мардонро ба аскарӣ ва занонро барои кӯмак ба фронт ба кори саҳро мебурдааст.

Бобои Ато (ҳамагӣ ба номи Атоқул мешиносанд), ки ҳоло номи ман аз номи ӯ об мехӯрад, фарзанди бобои Шодӣ (ин ном ҳам ба унвони Шодиқул ёд мешавад) буда, дар оғози солҳои 1 ҳазору 900 ба дунё омадааст. Вай соли 1990, замоне ки кишвари мо дар ботлоқи бӯҳрони сиёсӣ меғӯтид ва ман барои нахустин бор ба мактаб мерафтам, аз дунё даргузашт.

Рӯзгори ӯ хеле печидааст. Вақте ба зиндагии ӯ сарсарӣ назар меандозед, ҳатман барояш нафрин мехонед, ки чӣ қадр зиндагиро ба ҳадар дода ва чӣ қадр ба аҳли хонаводаашу наздиконаш ранҷу озорро раво дидааст. Аммо аз сӯйи дигар хушатон меояд, ки чӣ тавр як инсони бидуни маълумот солҳо раҳбарии як деҳа ва боғдориро ба ӯҳда дошта, аммо ҳамеша аз ришвату фасод ва дуздии амволи дигарон худдорӣ варзидааст ва ҳадди ақалл барои фарзандонаш як замини хубу сердолу дарахт ҳам нагузоштааст.

Бибитакаллум, Киёмаст ё Каюмарс...

Аммо шахсан аз бобоям низ хотираҳо дорам. Вай маро ба унвони писари аввали фарзандаш дӯст медошт. Бовар мекунед, ҳатто як бурида харбузаро, ки фарзандонаш бо меҳрубонӣ барои ӯ медоданд, бе ман намехӯрд. Мисли ин ки аз гулӯяш намегузашт. Маро Киёмасти Одам садо мекард. Номи маро ҳам ӯ гузоштааст. Ҳарчанд шеваи талаффузи ин ном аз сӯйи ӯ иштибоҳ дошт.

Падарам нақл мекунанд, вақте соли 1981 нахустин фарзандашон, яъне хоҳари бузурги ман ба дунё меояд, аз бобоям мехоҳанд, ки номи ӯро бигузоранд. Тавре гуфтам, бобоям маълумот надоштанд ва он кас дарҳол номи хоҳарамро Бибитакаллум мегӯянд. Аҳли хонаводаи мо ба ин ном розӣ намешаванд ва бо хости падарам номашро Сулҳия мегузоранд. Падарам мегӯянд, бо шунидани ин ки номи хоҳарамро дигар гузоштаанд, бобоям қаҳр мекунанд.

Чун ман дар соли 1984 ба дунё меоям, падар бори дигар аз бобо мехоҳанд, ки номи маро бигузоранд. Тавре ки мехоҳанд. Бобоям, ки чанд вақт пештар аз таваллуди ман ба маъракаи як ҳамдеҳаи мо рафта будааст, номи писари ӯ ҳам Каюмарс будааст. Аммо бобоям ҳич вақт ин номро ба шакли пурраш талаффуз карда наметавонист. Ва тавре пештар аз ин ҳам гуфтам, маро ҳамеша Киёмасти Одам ном мебурд ва аз падарам ҳам хоҳиш кардааст, ки ин номро барои ман бигузорад. Вале падарам, шакли дурусти ин номро, ки Каюмарс аст, гузоштаанд ва то имрӯз бори ин номро мекашам.

Бобоям –ҳимоятгар, ман–ҳамсӯҳбат

Ман хуштарин лаҳзаҳои даврони наврасиямро, бо ин ки дар канори падару модарам гузаронам, бо бобоям гузаронидаам. То замоне ки ӯ фавтиду маро гӯиё дар нимароҳ танҳои танҳо гузошт.

Дар хонаи мо падарам хеле бадҷаҳл аст. Гоҳу бегоҳ ба мо тунд мегуфт ва моро ба ҳар коре гунаҳкор дониста ё мезад ва ё ҷанг мекард. Аз ин рӯ, мани кӯдак ҳамеша дӯст доштам, ки дар канори бобо, дақиқтараш дар зери ҳимояти бобо бошам. Бобоям ҳамеша мегуфт, ки ҳич касе ҳам ба ман даст нарасонад ва маро бад нагӯяд ва табъи маро низ нороҳат накунад. Ва танҳо касе ҳам, ки падарам аз ӯ метарсид, ин бобоям буд.

Ҳанӯз ҳам ки хеле дилгир мешавам ва фикр мекунам, боми зиндагӣ болои сари ман хоҳад фурӯ рехт, ба ёди бобоям меравам. Фикр мекунам, агар одам як бобову бибӣ дошта бошад, бад нест. Онҳостанд, ки ба набераҳои худ кӯмак мекунанд ва пушти онҳоро мегиранд. Дилам ба ёди он рӯзҳои наврасиям, ки дар канори бобоям гузоштааст, месӯзад. Лаҳзаҳои кӯтоҳ, аммо хотирмон.

Натанҳо ман, ҳатто бархе аз кӯҳансолони деҳаи мо то ҳол фаромӯш накардаанд, ки чӣ қадр бобоям маро дӯст медошт. Онҳо ба ёд доранд, ки бо вуҷуди пирӣ, бобоям маро дар пушти худ савор карда ба фурӯшгоҳи деҳа мебурд ва ҳатман қанд, дақиқтараш қанди парварда мехарид. Дар сӯҳбати пирона бо дӯстонаш ман ҳам бобоямро ҳамроҳӣ мекардам. Ҳоло ҳам ки бори зиндагӣ ба дӯши хурду нотавони ман вазнинӣ мекунад, бобоямро ба хотир меорам. Ба сӯҳбату насиҳати пиронаи ӯ эҳтиёҷ дорам...