! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

31 марта, 2008

"Хайём ва Путин". Муносибати сарди русҳо ба тоҷикони муҳоҷирро гарм мекунад?

Маҳмаднабӣ Ҷабборов, як хонандаи тоҷик, СиДии рубоиёти Умари Хайёмро нашр ва онро ба раиси ҷумҳури Русия оқои Путин тақдим кардааст. Маҳмаднабӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки ин тасмими ӯ барои хотири меҳри беандоза доштани Путин ба рубоиёти Умари Хайём, яке аз шоъирони классики форсизабон анҷом шудааст. Дар СиДии «Шоистаҳо тақдир намешаванд» метавон рубоиёти Хайёмро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ шунид. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтаанд, ки Путин ба интишордиҳанди ин СиДи аллакай мактуби сипос фиристодааст. Қаблан ҳам дар яке аз шаҳрҳои Русия китоби «Хайём ва Путин»-и адиб ва рӯзноманигори тоҷик Бобоҷони Икром рӯи чоп омад ва ба яке аз серхаридортарин китоби рӯзи вилоёти Русия бадал гардид. Бобоҷони Икром дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин талоши ӯ на барои рӯҳбаландии оқои Путин, балки барои мӯътадил кардани тасаввуроти русҳо дар нисбати тоҷикони муҳоҷир анҷом шудааст. Ба ин маънӣ, ки бояд русҳо низ бидонанд: тоҷикон мардуми ҳамин рӯз нестанд, балки гузаштаи тӯлониву арзишманде доранд. Аммо то куҷо ин ҳама ба дили русҳои мӯйзарду чашмкабуд таъсир хоҳад кард?

28 марта, 2008

«Фитна»-и навбатӣ?

Узви ростгарои парлумони Ҳолланд Гирт Вилдерс дирӯз (27 март) филми зиддиисломиаш бо номи “Фитна”-ро тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр кард. Ин филм ҳанӯз то нашр шуданаш эътирозҳои густардаеро аз сӯи мусалмонон ба бор овард ва нашри он тавассути Интернет нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли бурузи мавҷи нави эътирозот бештар мекунад. Вилдерс гуфтааст, филми ӯ китоби “фашистӣ” будан ва мардумро ба хушунат таҳрик додани “Қуръон”-ро намоиш медиҳад. Давлати Ҳолланд расман аз ин филм фосила гирифта, изҳори ташвиш кардааст, ки нашри филми “Фитна” метавонад мардуми ин кишвар ва ҳам тиҷораташро дар хориҷ ба хатар рӯбарӯ кунад. (www.ozodi.org)

«Фитна»-ро мешавад аз ин ҷо тамошо кард:
http://www.liveleak.com/view?i=7d9_1206624103

26 марта, 2008

Лоиқ қаҳрамони миллист?

Соли 2000 Лоиқ Шералӣ, шоири мардумии Тоҷикистон, дар синни 59–солагӣ аз дунё даргузашт. Барои посдорӣ ва пойдории номи ин шоир пас аз як соли фавти ӯ, гурӯҳи ҳамқаламонаш унвонии ҳукумати Тоҷикистон нома навиштанд ва дархост намуданд, ки хидматҳои дар ҷодаи адабиёт ва забони тоҷикӣ ба анҷомрасонидаи Лоиқро ба назари эътибор гирифта барояш унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро бидиҳанд. Аз замони навиштани ин нома то имрӯз тақрибан ҳафт сол гузаштааст. Ҳоло ҳам ҳукумат ва ҳам порлумони Тоҷикистон дар робита ба додан ё надодани ин унвони олӣ ба Лоиқ Шералӣ посухи манфӣ ё мусбате надодаанд. Оё Лоиқ дар радифи Айниву Турсунзода ва Ғафурову Раҳмонов метавонад қаҳрамони миллии тоҷикон бошад?

Ба ин суол ҷавобҳо мухталифанд. Бархе ҷонибдори Қаҳрамони миллии Тоҷикистон гаштани устод Лоиқанду бархеи дигар зидди ин пешниҳод. Ҷонибдорон ба чунин унвон сазовор будани устоди суханро як амри бебаҳс медонанд. Масалан, иддае аз ҷонибдорон бар ин ақидаанд, ки вақте шахсиятҳои адабиёти мо ба монанди Айниву Турсунзода сазовори ин унвони олӣ мешаванд, дар адабиёти асри гузаштаи тоҷик саҳми Лоиқ низ аз онҳо камтар нест. Дар ин маврид шоири тоҷик Гулназар Келдӣ, яке аз ҷонибдорони ин пешниҳод, мегӯяд: «Унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз насибаи Устод Лоиқ дур нест. Фардо ё пасфардо ӯ ин унвонро хоҳад гирифт. Аммо муҳим он аст, ки ӯ ҳақиқатан шоири халқист ва аз ин дида унвони олитаре нест!».

Иддае дигар мегӯянд, хизмати Устод Лоиқро дар назди миллати тоҷик бо ягон унвони ҳатто олитарин ҳам андоза кардан ғайриимкон аст. Саҳми Устод дар пешрафти тафаккури миллии тоҷикон хеле бузург мебошад. Дар айёми Шӯравӣ Лоиқ аввалин шоире буд, ки аз баёни вожаи МИЛЛАТ наҳаросид ва аз бузургии миллати тоҷик ҷасурона дар шеърҳояш гуфт. Ӯ рӯҳи ба сукутрафтаи шеъри тоҷикро аз нав бедор кард. Ӯ боз озодии андешаҳои Мавлавию Ҳофизу Хайёмро зинда сохт. Ӯ ончунон миллати худро ситоиш кард, ки идеологҳои Шӯравӣ натавонистанд ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам кунанд. Фикр мекунам, ин гуна фард (махсусан фарди миллӣ!) ба ягон унвон ниёз надорад, вақте номи ӯ дар саҳифаҳои хотироти як миллат сабт шудааст. Унвон дошта ба зудӣ аз хотираҳо рафтан мумкин аст, ки ин таҷрибаро мо ба чашми сар ҳам дидему аз таърих ҳам хондем.

Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик, хунсардона таъкид мекунад, ки: «Барои Лоиқ на унвони қаҳрамонӣ лозим асту на унвони темурмаликӣ ва на деваштичӣ. Вай як шоире буд, ки хидматашро ба ҷой оварду рафт. Ин унвонаку номакҳо низ як меоянду мераванд. Лоиқ ҳар вақт мегуфт: аз он метарсам, ки шеърам пеш аз худам намирад. Метарсам, ки худам пеш аз шеърам пир нашавам. Хушбахтона, пир нашуд. Шеъраш ҳам пеш аз худаш намурд. Ва як чизи асосӣ он аст, ки мардум фаромӯшаш накарданд».

Ҳамин Лоиқ буд, ки барои покии забони модарӣ ҷонбозиҳо карду нақши худро гузошт. Он рӯзҳое, ки аз пасу пеши Лоиқ мерафтанду бо кафкӯбӣ ӯро муаррифӣ мекарданд, он Лоиқ набуд. Лоиқи асил он буд, ки худ ба худ месӯхт, месохт, дард мекашид. Гурӯҳе вуҷуд доштанд, ки аз пушти номи Лоиқ нон мехӯрданд ва ҳанӯз ҳам нон мехӯранд. Ҳалолашон бод! Дар зиндагӣ аз паси одамони беҳунару беистеъдод таҳқирҳо дид, заҳматҳо кашид. Он вақтҳо аз болояш ба «боло» бисёр мактуб менавиштанд. Лоиқ пеш аз ҳама шахсият буд. Шоир ё нависанда будан мумкин, аммо шахсият набошӣ, ҳеҷ. Агар Лоиқ шеър ҳам наменавишт, дар байни ҳазор нафар мо медонистем, ки ин шахс худашро эҳтиром мекунад, ба қадри зиндагӣ мерасад ва ҳамин одам аст, ки дар дӯстиву рафоқат ҳамрадифашро намефурӯшад. Ана, инро шахсият мегӯянд. Лоиқ боз ҳам шоири насли худ буд. Ва одатан ҳамон шоире, ки шоири насли худ аст, метавонад , шоири насли дигар ҳам бошад.

Сари унвони Қаҳрамони Миллӣ гирифтани Лоиқ Шералӣ андешаҳо мухталифанд. Аммо касе аз ҳамсӯҳбатон нақши чашмраси ӯро дар пешрафти тафаккури худшиносии миллӣ ва адабиёти тоҷик инкор намекунанд. Ростиӣ, унвон додан ва қаҳрамон будан дар даврони собиқ Шӯрави як анъанаи расмӣ буд. Ва замоне фаро расид, ки ба истиснои баъзе қаҳрамонҳои воқеъӣ аксари қаҳрамонҳо фаромӯш шуданд ва ин далели он гардид, ки барои инсон унвон муҳим нест. Муҳим он аст, шахс ҷовидона дар ёди мардум нақш бандад. Ва ин ҳақро танҳо худи мардум дорад ва касе ҳам наметавонад мардумро маҷбур кунад, ки киро дӯст дораду киро не, киро дар дили худ ҷой диҳад ва киро на.

Фикр мекунам, дар назди онҳое, ки ҳарфи охирин аз забони онҳо бояд садо диҳад, мушкиле пеш меояд: оё унвоне, ки онҳо ба шоири миллат медиҳанд ба боло рафтани обрӯву манзалати ӯ мусоидат мекунад, ё баръакс? Ҳарчи ҳам набошад, дар сурати ба Лоиқ лоиқ надонистани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дастандаркорон ва ҳам мухлисони ӯметавонанд озодона нафас кашанд: Лоиқ ба ягон унвон ниёз надорад!

24 марта, 2008

Ном

Cоли 1999 ба Душанбе барои ширкат дар даври чаҳоруми озмуни ҷумҳуриявии фанҳо омадам. Ҳангоми иншо навиштан аз ҳампаҳлуям, ки ҷавони донотар намуд, номашро пурсидам. -Шафтолу Зардаков,-бепарвоёна ҷавоб дод ӯ. Дар аввал бовар намекардам. Гапи вайро шӯхӣ мепиндоштам. Чун шӯхӣ як одати қадимист ва ҳар як тоҷик метавонад бо тоҷики дигар шӯхӣ кунад. Аммо, дарвоқеъ, ӯ Шафтолу будааст! Ҳайрати набудаам дучанд афзуд. Дигарбора дилам ба ҳоли зори Фирдавсию дигар шуъарои тоҷик бисёр сӯхт… Бисёр сӯхт, ки имрӯз ворисонашон аз надонистани вожаҳо ҳатто фарзанди худро (бемуҳобот) Тешабою Тоштемуру Гадову Бою Шафтолу ном мегузоранд. Ду-се рӯз қабл аз ин бошад, ҳангоми хондани маҷаллаи «Гуфтугӯ» номи занонеро дарёфтам, ки Коғазмоҳ буд. Воқеъан ҳамин хел аст. Ҷои газофбофӣ ҳам нест. Лоиқ мегӯяд:

Чи бозтоби шигифте, ки номи тифлатро
Ба ифтихори ситамгар гузорӣ Искандар,
Надорӣ фахр, ки номи Куруш бигзорӣ
Ба кӯрият чи бигӯям мисоли равшантар?


Бисёр таассуф мехӯрам, ки мардум баъд аз тамошои филмҳои бисёрсериягии итолиёвӣ, бразилиёӣ ва ҳиндӣ номи фарзандони худро Мария (барои хотири Мария Лопес), Индира, Сураҷ, Равина, Линдаву Эсмиралдо мегузоранд. Дар ҳоле ки фарҳанги тоҷикӣ аз номҳои тоҷикию форсӣ бой аст ва ниёзе ба Марияву Индира намемонад. Аммо мо фарҳанги забони худро дуруст намедонем. Як ҳалқаи тиллоро барои 300 сомонӣ (муодили тақрибан 100$) харидорӣ мекунем, аммо барои харидории як фарҳанги забони тоҷикӣ ба чунин арзиш диламон намешавад. Мо як ҳалқаи тиллоро аз фарҳанги забони худ авло медонем. Бо ин ҳол ба куҷо хоҳем рафт? Замоне дар айни ҷӯшу хурӯши «давраи тиллоӣ»-и Шӯравӣ низ мардуми тоҷик номи фарзанди худро МЭЛС (барои хотири МарксУ Энгелсу Ленину Сталин) ниҳода будааст. Магар мо аз ҳад зиёд мутаассубем? Ба идомаи мисраъҳои Устод Лоиқ таваҷҷӯҳ мекунем:

...Кунун ниҳодаӣ, (эй вой), МЭЛСу Уктобир,
Чи гӯямат, ки забонам зи бун канӣ, беҳтар!


Мо имрӯзро сарсарӣ мебинем, фардоро не. Магар номгузорӣ ҳам фарҳанг нест???

21 марта, 2008

Филкушу мушпарвар

Имшаб дилам чандон танг нест. Ҳатто ҳамсояҳо низ намегӯянд, ки «илоҳо садоят гирад». Бо вуҷуди он ки мехоҳам ҳама аз хушӣ гӯям, аммо намешавад. Зеро ҳар қадами мо саропардаи дард аст. Дарде, ки аз дарун моро мехӯрад. Дарде, ки ғилофак пеши роҳи онро гирифта наметавонад...

Бегоҳи панҷшанбе (20 март) ба хонаи Фотима Ғуломова занг задам ва аз ӯ ҳолпурсӣ кардам. Вай нахустин барандаи ҷоизаи АвроОсиё барои иҷрои нақши зан дар филми «Овора» аст. Ин барои аввалин бор дар таърихи синамои тоҷик буд. Аммо касе аз мақомдорон ӯро табрик накардаанд.

Барзуи Абдураззоқ яке аз коргардонҳои камназири Тоҷикистон аст, аммо бечора қадр надорад. Гоҳ дар Тошканду гоҳ дар Бишкек, гоҳ дар Фаронсаву гоҳ дар Итолиё. Ҳама ӯро рӯ-рӯи даст мегиранд, аммо дар Тоҷикистон вайро хуш надоранд. Тоҷикистон як давлати филкушу мушпарвар шудааст. Истеъдод дар кишвари мо тақдир намешавад. Истеъдод аз Тоҷикистон фирор мекунаду халос мешавад. Касе, ки мағз дорад, дар ин кишвар зиндагӣ намекунад. Кишваре, ки ақибмондааст, аммо барои пешравӣ низ имкон намедиҳад. Баръакс, чоҳ меканад, ба зиндон меафканад. Дар ин маврид Лоиқ дуруст гуфтааст:

«Халқи фарзонапараст шуда девонапараст,
Дода дурдона зи каф шуда анбонапараст...
Рӯзе аз хеш нишон ҷӯӣ, наёбӣ гарде,
Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст...»

Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам сипари ифтихори мост. Аммо Рӯдакии дигар надорем. Рӯдакии дигарро тарбия намекунем. Дар ҳоле ки хеле барвақт Лоиқи зиндаёд гуфта буд, «То чанд ту бо гузаштагон менозӣ?»

Нақшаи роҳи моро ирониҳову русҳо ва ҳиндуҳо мекашанд. Аммо Бӯрӣ Карим, фарзанди ҳамин хоку диёр, ки ҳар ваҷаби онро ба хубӣ медонад, дар Маскав аст. Дар Тоҷикистон ба ӯ рӯз намедиҳанд. Мо дар кишвар математики зӯр надорем. Аммо Эргашбой Муҳаммадиев дар Донишгоҳи Вологдаи каронаи Маскав ба тадриси шогирдони рус машғул аст. Дар ин ҷо фалсафаи кишвари моро ду-се нодон мебофанд. Аммо мӯи сари Акбари Турсон дар Амрико сап-сафед шуду дастонаш ларзон. Аммо президент Раҳмон ба ҷои он ки гиря кунад, дар вохӯрӣ бо зиёиён ифтихор кард, ки фарзонагони кишвараш дар давлатҳои дигар аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд ва кору зиндагӣ доранд. Дар ҳоле ки базаи илмии кишвар сол то сол ба пӯсидан наздик мешавад.

Мо табиб надорем, то худамонро табобат кунад. Аммо табибони мо дар пайи дармони дигаронанд. Ҳамаи ин далели мавҷудияти маҳалгароист, на чизе бештар аз он...

16 марта, 2008

Як сол бе Имомназари Холназар

Номи Имомназари Холназар ҳич гоҳ бегона набуд.
Ӯро аз навиштаҳояш хуб мешинохтам, агарчи надида будам...

Моҳи феврали соли 2007. Бояд барои барномаи «Ҳамнафас»-и Радиои Озодӣ (ҳоло дигар пахш намешавад) дар бораи лабханд гузорише таҳия мекардам. Ҳангоми навиштани гузориш дақиқ медонистам, ки мавзӯъи лабханду заҳрханду ришхандро аз кӣ пурсам. Аз ин рӯ, дарҳол ба суроғи Имомназари Холназар баромадам. Хонааш дар наздикии осорхонаи Садриддин Айнии пойтахт будааст. Кӯчаҳои танг, аммо роҳ ба сӯи дили бузург. Маро хуб пешвоз гирифт. Ҷома пӯшида буд ва дар сар тоқии сафед дошт. Агарчи нафасакашӣ барояш азият буд, аммо сӯҳбат кард. Мард буд, намеҳаросид ва пайваста мегуфт, ки чанд суоле дорӣ, бидеҳ. Ман ҷавоб медиҳам. Шояд ба рӯзҳои дигарат даркор шаванд. Вай медонист, ки як рӯз не, як рӯз мо аз ӯ ёд мекунем. Вай медонист, ки мо як рӯз набудани ӯро эҳсос мекунем...

Сӯҳбати мо хубу хуш гузашт. Худораҳматии Имомназар гоҳ аз Сайидқосими Қиёмпур ёд мекард ва гоҳ аз Дориюш. Мегуфт, ки Салими Аюбзод ҳам ба ӯ занг мезанад. Раҷаби Мирзо ва Мунаввари Мунавварзод ҳам ба дидорбинияш меоянд. То ин ҷои сӯҳбати мо келинашон ҳам мурғбирён пухтанд ва назди мо оварданд. Имомназар бо вуҷуди он ки хӯрдани мурғбирён мумкин набуд, барои хотири ман як бурида хӯрд. Ман ҳам як бурида насибаи худро гирфитам. Аммо нагузошт, ки дастонамро пок кунам. Як буридаи мурғбирёнро ба ҷои Дориюш ва як бурида мурғбирёнро ба ҷои Салими Аюбзод хӯрдам. Ин хоҳиши Имомназари Холназар буд...

Аз ин дидор чанд муддат гузашт. Дақиқан на бештар аз ду моҳ. Дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи соли 2007 Дориюши гиромӣ ҳам аз Лондон омада буд. Ман ба дидорбинии Дориюш рафтам ва мо якҷоя ба дидорбинии Имомназар. Устод баробари дидани Дориюш хеле хуш шуд. Гӯиё фарзанди азизи раҳдурашро дида бошад. Ман ҳам хуш будам ва барои сеямон чой мекашидам. Мо се соат бо ҳам сӯҳбат кардем. Охирин сӯҳбати ӯро Дориюш забт кард. Ҳазор афсӯс мехӯрам, ки он замон дастгоҳи аккосӣ надоштем ва бо ҳам акс нагирифтем. Вай аз китоби тозаи худ, ки ҳанӯз рӯи чоп наомада буду танҳо пас аз маргаш чанд нусхаи онро нашр карданд, барои мо латифаҳо мехонд ва мо механдидем. Гоҳ ба ҳоли дигарону гоҳ ба ҳоли худ. Аммо намедонистем, ки ин охирин дидори мо бо ӯст.

Ҳамагӣ баъд аз ду рӯзи ин дидор ба Дориюш занг задам ва ӯ гуфт, ки Устод аз дунё ларгузашт. Рӯзи Наврӯз буд. Дигар тамом, Наврӯзи мо ҳамин буду марги Имомназар ҳамон. Марги соҳибдил барои ҳама вазнин аст. Аз ин рӯ, ҳама мегиристанд...Ман ҳам...

Ҳоло, баъд аз панҷ рӯзи дигар аз марги Имомназари Холназар як сол мегузарад. Як соли пур аз фоҷиа ва сардиҳои камназир. Аммо ёди гарми ӯ аз ёдҳо намеравад. Имрӯз, ки дилам зиёд танг буд, ин ҳама сатрҳои хомро рӯиҳам рехтам. Шояд Шумо дар бораи ӯ чизи дигар ва беҳтаре мегӯед...

10 марта, 2008

«АЗ ТИРАДИЛОН САФОИ МАРДӢ МАТАЛАБ»

Адҳам Бобоев (Бобозода) 11 июни соли 1935 дар ноҳияи Панҷакент дида ба олам кушодааст. Соли 1953 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шомил шуда, соли 1957 фориғуттаҳсил гаштааст. Давраи аспирантураро дар шаҳри Боку солҳои 1960-1963 сипарӣ намуда, ҳамзамон донандаи хуби забони озарӣ гардидааст. Доктори фанҳои физика ва риёзиёт, профессор, муаллифи зиёда аз 220 асарҳои илмӣ буда ва дар зимн 11 ихтироъ анҷом додааст. Бештар аз 100 бузургии доимии физикӣ ва 3000 формулаи ҳамвазнро кашф намудааст. Соли 2000 аз ҷониби Комисиюни байналмиллалии Донишгоҳи Кембриҷи Англия чун мутафаккири қарни ХХ пазируфта шудааст. Намунаи ашъори Адҳам Бобозода дар рўзномаю маҷаллаҳои мухталифи Тоҷикистон борҳо мунташир шудааст.

РУБОИЁТ

Аз омадани хеш пушаймонам ман,
Дар домани кӯҳу дашт сарсонам ман.
Аз омаданам наёфт олам тағйир,
Аз дасти фалак бесару сомонам ман.

Ин аз паи гӯсфанду гав ғамандӯз,
В-он аз пайи сарват аст сарсон шабу рӯз.
Адҳам бувад озод аз ин ғамҳо, лек
Бошад ба ғами халқу Ватан то ба ҳанӯз.

Эй кӯҳнасипеҳр, ман гирифтори худам,
Ғамхори касон, вале талабгори худам.
Мардум ҳамагӣ зи ман мадад мехоҳанд,
Ёридеҳи мардуму ҷафокори худам.

Аз дӯстфурӯш доду бедод макун!
Аз шиква гурезу ҳеҷ фарёд макун!
Ҳар рӯзи баде, ки оядат, низ равад,
Аз рӯзи гузашта, Адҳамо, ёд макун!

Молик ба ҳавои симу зар месӯзад,
Бечора барои гову хар месӯзад.
Ҳар кас, ки гирифтори муҳаббат бошад,
Аз оташи оби чашми тар месӯзад.

Ҳар гоҳ ки рӯи лоларангаш бӯсам,
Ё боз лабу даҳони тангаш бӯсам.
Тарсам, ки зи бӯса лабаш озурда шавад,
Бархезаму чашмони қашангаш бӯсам.

Дарёфтаам, ки умр беҳуда будаст,
Гул кард ниҳоли умраму мева набаст.
Гуфтам ҳараме зи илм бунёд кунам,
Гарданда фалак гардани уммед шикаст.

З-ангишти сиёҳ лоҷвардӣ маталаб!
Аз тирадилон сафои мардӣ маталаб!
Мардӣ куну аз мард мададгорӣ хоҳ,
Аз нокасу паст ҳамнабардӣ маталаб!

Ҷое бирасид солу хомем ҳанӯз,
Сайёҳи ҷаҳон то сари бомем ҳанӯз.
Вораста зи занҷиру ғуломем ҳанӯз,
Ҳастем саманду болаҷомем ҳанӯз.

Харро чӣ тафовуте, ки бораш аз чист,
Он хаймаи лӯлияст ё атри парист.
Авлоди башар, вале бибояд донад,
К-ӯ бори киро мебараду баҳри чи зист.

04 марта, 2008

Муҳаммадҷон Шакурии БУХОРОӢ:«ЗАБОНИ МОДАРИАТРО НАДОНӢ, ҶАРИМА СУПОР!»

-Бисёр гуфта будем ва боз ҳам мегӯем, ки забони мо забони Рӯдакиву Фирдавсӣ...ва оламшумул мебошад. Аммо олими тоҷик Раҳими Мусулмониён дар китоби худ – «Саду як андеша» навиштааст: «Забоне, ки ин ҳазору панҷсад сол ҷойгоҳаш даҳон буд, дар ин чанд даҳаи ахир рӯйи раҳ афтод. Барои бардошта дар ҷойгоҳаш гузоштани он ҳиммат лозим аст, ҳиммати ҳамагонӣ, ҳиммати миллӣ». Вале афсӯс, ки то имрӯз ҷомиаи Тоҷикистон, аз наврас то садрнишини ҳукумат накӯшидаанд, то забони ноби худро покиза нигоҳ доранд. Устод, дарвоқеъ ин айби кӣ ва ё чӣ буд, ки вазъи забони тоҷикӣ то ин дараҷаи харобӣ расид?

-Дар ин бора фикрамро дар чандин китоб, аз ҷумла охирин бор дар китоби «Сарнавишти мардуми Фарорӯд дар садаи бист» гуфтам. Рушду камоли забони мо то асри бист, яъне аз давраи Сомониён то асри понздаҳ ва баъд аз он як андоза маълум буд. Дар илм китобҳое пайдо шудаанд, ки чӣ ҳол доштани забони тоҷикӣ (форсӣ) – ро дар қарнҳои пеш, на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар Эрону Ҳиндустон ҳам як андоза равшан кардаанд. Хостам, ки вазъи забони тоҷикиро дар қарни бистум маълум намоям. Нишон диҳам, ки дар ин аср ба сари забони мо чӣ ҳоле омад. Инчунин, худи мардуми кишвари мо нисбат ба забони поки модарияшон бепарво шудаанд. Дигар чун пештара барои тозагӣ ва асолати забон ғамхорӣ намекунанд. Он қадар мегӯем, ки дар байни халқ бесаводӣ афзудааст, сабабҳояшро мегӯем, касе намешунавад ё ба он гуфтаҳо аҳамият намедиҳад.

Китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» - и ман дар ҳаҷми сесад саҳифа бо теъдоди 12 ҳазор нусха интишор ёфта буд, ки ҳазорҳо мисолро аз забони матбуот ва телевизиону родиё дар бар мегирифт. Баробари чопи китоб он тез ба фурӯш рафт. Мардум бо шавқ китобро хариданду хонданд. Ҳатто баъзеҳо иқрор шуданд, ки онро ду-се бор хондаанд. Лекин ин китоб низ таъсир накард. Забони васоити ахбори омма ва забони мардум ҳеҷ ислоҳи худро наёфт. Баъд фикр кардам, ин кореро, ки мо мекунем, яъне ба таври нишон додани хатоии як калима, ибора ва ё ҷумла чандон фойида надоштааст. Кор аз беху реша, таҳкурсии бинои забони мо хароб шудааст. Мо мехоҳем, ки онро андак-андак андова, дарбеҳ кунем. Инҳо роҳи асосии ислоҳи забон нестанд.

Чаро ин ҳолат дар забони мо пайдо шуд? Ба хулосае омадам, ки асри бистум асри маънавиятзудоӣ ва маънавияткушӣ буд. Маънавияти мардуми тоҷик дар қатори дигар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то як андоза ба пастӣ расид. Ҷомеаи Шӯравӣ – ҷомеаи атеистҳо маънавиятро инкор кард. Дар натиҷаи ин фарҳангу забони миллӣ хароб шуд. На танҳо забони тоҷикӣ, балки забонҳои дигари давлати Шӯравӣ рӯ ба инқироз оварданд. Аҷиб аст, забонҳои миллие, ки то замони инқилоб вуҷуд доштанд, баъдан то соли 1979 якбора аз байн рафтанд. Хулосаи дақиқ ин аст, ки дар як сол қариб як забон аз байн рафтааст. Мақсади асосии Иттиҳоди Шӯравӣ нест кардани забону фарҳанги милли мардумони ғайрирус буд. Масалан, Хрушёв замоне як масъала гузошта буд, ки дар шиносномаҳои мардум ба ҷойи миллати онҳо бояд «советский человек» нависанд, яъне ҳамту «одами шӯравӣ». Ҳатто онҳо ҳарчи зудтар омӯхтани забони русиро барои ҳарчи зудтар ба қуллаи Коммунизм расидан вобаста карда буданд. Аз ин ба баъд дар миёни тоҷикон гапҳое пайдо шуд, ки тоҷикон адабиёти классикӣ, забон ва таърихи кӯҳан надоштаанд. Пантуркистҳо бошанд, таъкид мекарданд, ин адабиёти классикӣ, ки аксари онҳо бо хатти форсӣ навишта шудааст, аз они мардуми Эрони имрӯза ба шумор меравад ва тоҷикон ба он ҳаққу ҳуқуқ надоранд. Ягона касе, ки бар зидди ин гуна душманони миллати тоҷик мубориза бурдааст, Устод Садриддин Айнӣ буд ва қатъиян таъкид мекард: «Тоҷикон таърихи забонии ҳазорсола доранд».

Раванди дигаре, ки забонро то ин дараҷаи харобӣ оварда расонид, тарҷумазадагӣ буд. Соли 1989, вақте ки Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд, вазъияти забон чунин буд, ки забони давлатӣ дар вазоратхонаҳо, идораи ҳизбӣ, ва ҳатто дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор намерафт. Акнун, ки тақдири миллат ва забони тоҷик дар дасти Президент Раҳмонов аст, ӯ бояд тақдири забони миллиро низ ба дасти худ бигирад. Агар не, маҳвшавии он наздик мебошад.

-Бисёре а забоншиносони тоҷик атрофи камбуди забони ВАО – и ҳозираи кишвар хеле андеша рондаанд. Аммо ба фикри Шумо рӯзноманигорони матбуот ва телевизиону радиё ба кадом хатоиҳои забонӣ ва имлоӣ бештар роҳ медиҳанд? Оё ислоҳи онҳо вуҷуд дорад?

-Як ҳашт соли ахир аст, ки забони матбуоти мо назар ба он ки дар замони собиқ Шӯравӣ буд, хеле беҳтар шудааст. Масалан, дар гузашта бо таъсири забонҳои ӯзбакӣ ва русӣ сифатӣ феълӣ бисёртар истифода мешуд. Бе сифати феълӣ ҷумла сохта наметавонистанд. Сифати феълӣ ба монанди «маҷлиси барпошуда», «корҳои кардашуда». Ин тавр иборасозӣ бо сифати феълӣ Аслан хоси забони тоҷикӣ нест, ба ҳамин тарзе, ки истифода менамуданд. Алъон ин чиз торафт дар матбуоти мо камтар мешавад, ки ҳодисаи муҳим ба ҳисоб меравад. Лекин дар баробари ин камбудҳо низ кам нестанд. Ана, ин родиё, гурӯҳҳои эстрадӣ ва хусусан телевизиони тоҷик забонро куллан хароб мекунанд. Барандаҳои телвизион як ҷумлаи дуруст сохта наметавонанд ва на калимаҳоро. Як ғалат дар матбуот ва телевизион бештар ба назр мерасад, ки баъд аз шумора исмро дар шакли ҷамъ меоваранд. Барои мисол мегӯянд, ки «панҷоҳ мактабҳо аз таъсир бароварда шуд». Мо дар забони тоҷикӣ баъд аз шумора исмро дар шакли танҳо меорем. Менависем ё мегӯем, ки «даҳ-то китоб», на «даҳ-то китобҳо». Ҳатто номи вазоратро навиштаанд ва эълон кардаанд, ки «Вазорати даромад ва пардохтҳо». Шакли беғалати он «Вазорати даромад ва пардохт» мебошад.

Бояд матбуотчиён, умуман рӯзноманигорони мо ба ишибоҳҳои забонӣ роҳ надиханж, ки мардум аз онҳо меомӯзад. Пас, аввал ин аст, ки мо бояд ба забони худ доғ наорем ва ба хатоиҳо роҳ надиҳем. Дар ин ҷо халқ айб надорад!

-Лаҳҷа то кадом андоза ба бесифат шудани забони адабии тоҷик «хидмат» кунад? Бо лаҳҷа сухан кардани роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва дигар корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатиро чӣ гуна метавон маънидод кард: забони тоҷикӣ назди «бузургон» қадр надорад?

-Забони тоҷикӣ яке аз зеботарин забонҳои дунё аст. Бисёр вақт родиёҳои забони урду, ҳинду, афғонро гӯш мекунам, аммо фарохтар ва ширинтар аз тоҷикӣ забонеро надидаам. Зебоӣ як тарафи масъала. Ҷиҳати асосӣ дар он аст, ки забони тавонманд забони пуримкон мебошад. Бо ин забон ҳар фикру мақсадро баён кардан мумкин аст. Баъзе забонҳое ҳастанд, ки бо онҳо баъзе фикрҳоро фаҳмонидан ё баён кардан хеле мушкил аст. Агар хоҳем, ки одами бафарҳанг ва маданӣ бошем, забони адабиямонро надонем, чӣ тавр бафарҳанг мешавем? Агар бафарҳанг набошем, баъд аз мустақилият бо давлатҳои абарқудрат калла ба калла зада наметавонем. Агар фарҳанг олӣ набошад, ҳатто моро касе писанд ҳам намекунад. Бино ба ин ҳангоми тамошои маҷлисҳо аз баромади баъзе мансабдорон ва муаллимони худро мебинем, ки на бо забони адабӣ, балки бо шеваю лаҳҷа баромад ё маърӯза мекунанд. Ин чиз, ростӣ, барои тоҷик айб аст. Айби набахшиданӣ! Бисёриҳо шояд ба лаҳҷагапзании садрнишинон одат карда бошанд. Аммо ҳангоми шунидани ин гуна суханҳои кӯчагиву бозорӣ бениҳоят асабӣ мешавам. Зеро ин дараҷаи паси инкишофи миллатро нишон медиҳад. Агар донандаҳои забони адабӣ кам бошанд, яъне сатҳи маданияти миллат паст аст. Вале ҳамин чизро ҳам ба назр гиред, ки бе лаҳҷа забони адабӣ инкишоф намеёбад.

-Оқибати ҳаёти онҳое, ки аз даврони кӯдаки дар мактаб-литсейҳои туркӣ, куриёӣ ва русӣ таҳсил мекунанд, чӣ мешавад? Ояндаонҳо барои миллати худ хидмат мекунанд ё барои он хоҷагони худ, ки барои онҳо таълим додаанд?

-Албатта, ҳарчанд қисмати зиёди онҳо натавонанд ҳам, бархеашон метавонанд хидматашонро аз миллати худ дареғ надоранд. Ба ин чиз ҷойи шубҳа кардан ҳам нест. Лекин лозим мебошад, ки таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат гирад, то он ки ба нафъи миллат кор анҷом пазирад. Пас аз ин ба онҳо метавон баҳои мусбат дод. Ба забони туркӣ, англисӣ, русӣ хатм кардани мактаб ҳаргиз ба манфиати мардуми кишвари мо нахоҳад буд. Аммо гап сари он мебошад, ки мо бояд ин забонҳоро донем, то бемамониат кори худро пеш барем. Ҳамон бачаҳо ҳам хуб дар хотир доранд: агар забони модарияшонро надонанд, хиёнат ба модар мекунанд.

-Аксарияти мардум аз он шикоят мекунанд, ки гӯиё рӯзноманигорони мо имрӯз бениҳоят мушкилнавис шудаанд. Ин гуфтаҳо то кадом андоза ба ҳақиқат наздик аст? Мо чӣ кор бояд кунем, ки аз нав «оддинавис» шавем?

-Ин шикоятҳое, ки забони матбуоти мо эронӣ шудаасту халқ онро намефаҳмад, бисёр шудааст. Натиҷааш он аст, ки мо забони худро аз даст додаем, яъне забони худро намедонем. Соли 1990 мо ҳамроҳи Камол Айнӣ ба Ҳиндустон сафар кардем. Моро аз сафорати Шӯравӣ одамон пешвоз гирифтанд. Баъд ба як шаҳраке бурданд, ки дар он ҷой оилаи мутахассисони советӣ тақрибан ҳудуди 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, вале баъдтар маълум шуд, ки аз ҳамон қадар одам фақат ду нафари онҳо забони ҳиндуиро медонистаанду халос. Боқимондаҳо ба забони англисӣ ҳарф мезаданд, ки ҳоҷат барои аз худ кардани забони ҳиндуӣ нест. Ҳатто худи ҳиндуҳо ахборро бо забони англисӣгӯш кунанд, мефаҳманд, аммо ба забони худашон не. Тоҷикистони мо низ ҳоло дар чунин вазъият қарор дорад. Матбуоти худамонро бо забони тоҷикӣ хонанд намефаҳманд, лекин ба забони русӣ бошад бемалол. Дар Ҳиндустон аҳволи худи мо ба ёдам омад. Зеро забони тоҷикӣ он вақт аз тамоми даргоҳҳо ронда шуда буд, ба ҷуз чор девори хона.

Шикоятҳои мардумро дар ин бобат аз солҳои шастуми асри бист инҷониб мешунавем. Он вақтҳо забони мо хеде одӣ шуда буд. Акнун аз ҳамон одӣ андаке дур мешавад. Он касоне, ки шикоят мекунанд ба ин ҳақ доранд. Ба фикрам, он барномае, ки пешниҳод кардам, барои ислоҳи ғалатҳои забон, агар ин барномаҳо дар сатҳи олии давлатӣ амалӣ шаванд, пас аз 20-25 сол вазъи забони марудм беҳтар мешавад. Баъдан шикоятҳо низ камтар мешаванд.

-Дар аксар мамлакати дунё ҳатто барои кашидани сигор, ки гӯиё ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, ҷарима ситонида мешавад. Магар ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ба онҳое, ки қонуни забонро риоя намекунанд, ҷарима бандад?

-Ба андешаи ман ҷарима бастан зарур аст, аммо на дар ҳама мавридҳо. Соли 1989, вақте ки лоиҳаи қонуни забони тоҷикиро омода мекардем, як моддае дохил карданӣ будем, ки барои иҷлро ва ё риоят нанамудани қонуним забон ҷарима ситонида шавад. Мутаассифона, ин мода қабул нагардид. Масалан, имрӯз чунин корро кардан мумкин аст: ҳангоме як райиси корхона барои ҷоришавии забони тоҷикӣ дар идора монеъ мешавад, ҳатман ҷарима баста шавад. Маҷбур кардан лозим аст, ки бигзор забони давлатиро дар ҳамон идораю корхонаву муассисаҳо ҷорӣ намоянд. Танҳо дар як хиёбони Рӯдакии пойтахти кишвар ҳамаи навиштаҳои болодарии фурӯшгоҳҳо ба забони русиву англисӣ аст. Чаро? Қонуни забонро иҷро ва риоят кардан зарур аст ё не? Инҳо қонунро иҷро намекунанд.

Пас, тоҷике, ки забони модарии худро эҳтиром намегузорад ва намедонад, ё қонуни забонро риоят намекунад, бояд ҷарима супорад. Ин кори хуб мешавад…