! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

"Ёддоштҳо"


ЯК-ДУ СУХАН БА ҶОИ САРСУХАН
Аз бозе, ки ман ба даст қалам гирифта, ба қатори нависандагони советӣ
даромадаам, ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда, ба
хонандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям. Азбаски
ёддоштҳоям ба бештарини роман, повест; очерк ва ҳикояҳои таърихиам ба
сифати материалҳои асосӣ хизмат кардаанд, мумкин аст дар инҳо ҷоҳои
фоидабарӣ барои ҷавонон бисёр ёфт шаванд. Чун ба фикри ман ёддоштнависӣ
аз роман ва ҳикоянависӣ душвортар менамуд, ман ин корро ба бисёртар
таҷриба пайдо кардани худ мавқуф гузошта будам. Зеро, чунон ки кас то
зиндагонии гузаштаро покиза ба тарзи воқеӣ-реалӣ надонад, қимати
зиндагонии имрӯза - зиндагонии советии сотсиалистиро ба хубӣ тасаввур
карда наметавонад, инчунин то касе дар сохтмони советӣ-сотсиалистӣ, хусусан
дар адабиёти вай дуруст таҷриба пайдо накунад ва ин сохти зиндагиро
комилан аз худ нанамояд, зиндагонии гузашта, зиндагонии феодалиро пурра
ва ба тарзи воқеӣ-реалӣ тасвир карда наметавонад. Ин маълум аст, ки
таҷрибаи ҳар кас дар ҳар кор дар охирҳои умраш ба камол мерасад ва ин ҳам
маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз
он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзо зиёдтар гардида,
қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом
расонидани ин кор, ки назар ба дарёфти худам хеле муҳим буд, расидааст ва
бинобар ин фурсати танги ин зиндагии боқимондаро ғанимат шумурда, ба ин
вазифа шурӯъ намудам.
Тартиби таҳрири ёддоштҳоям тахминан ба тарзи зерин мешавад: дар саҳро,
дар шаҳр, ки вай ҳаёти мадрасаи кӯҳна, программаи дарсҳои вай, табақаҳои
гуногуни аҳолии шаҳри Бухоро ва машғулоти онҳоро дар бар мегирад; рӯзҳои
ҳаракат ба муқобили сохтмони амирӣ ва саргузаштҳои худ; муҳоҷират ба
Самарқанд ва воқеаҳое, ки дар байни револютсияҳои феврал ва октябри соли
1917 ва дар рӯзҳои Октябр дар ин ҷо дар Самарқанд рӯй додаанд, инҳоянд
программаи иҷмолии ёддоштҳои ман.

ИДОМА ДОРАД...

Комментариев нет:

Отправить комментарий