! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

31 августа, 2010

Дилбар Самадова: “Касе аз мубориза даст кашид, мурда аст”

Сӯҳбат бо Дилбар Самадова, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Суғд

-Аз интихоботи моҳи феврал бештар аз шаш моҳ гузашт. Вакилони нав курсиҳои худро ишғол карданду ба кор пардохтанду истироҳат ҳам карданд. Аммо шумо, ба унвони нафаре, ки дар ин сабқат муваффақ набудед, чӣ ҳол доред?

-Медонам, ки мо раъйи бештаре ба даст овардем. Мардуми зиёде низ аз мо ҷонибдорӣ карданд ва то ҳанӯз мегӯянд, ки “мо ба шумо овоз додем”.

Аз ин ки мардум хеле бедор шуданд, фаҳмиданд, ки ҳизби сотсиал-демократ “оппозитсияи созанда” аст ва эътимод карданд, ки мо метавонем вазъ дар ҷомеаро ба таври мусбаташ тағйир диҳем, табъи болида дорам. Вале аз он ки боз ҳам тақаллуб шуд ва бори дигар собит гардид, ки сухани президент, мутаассифона, қадру қиммат надоштааст, хеле рӯҳафтода шудам.

-Аммо иштирок дар интихобот тасмими кӣ буд?

-То интихобот ҳамеша таъкид мекардам, ки соли 2010 дар интихобот иштирок намекунем. Инро аз номи раёсати созмони вилоятии ҳизб мегуфтам ва воқеан мо иштирок накарданро беҳтар мешуморидем. Ба он хотир ки интихоботи соли 2005 барои созмони вилоятии мо шикасти бузурге дод.

Бахусус, баъд аз он ки чанд нафарро пушти панҷара шинониданду мо натавонистем аз онҳо ҳимоят кунем. Аз ҳама муҳим, тарафдорони зиёди мо аз ҳизб рафтанд. Ин ҳолат ду сол давом кард.

Пас аз ин боз нафарони нав ба ҳизби мо омаданд. Сафи мо дубора пур шуд. Вале роҳбарияти ҳизб баъд аз ваъдаҳои батакрори президент, бовар карданд, ки интихобот шаффоф мешавад, мо низ аз ин тасмими роҳбарият тарафдорӣ кардем.

-Баъд аз интихобот муносибати мақомот бо шумо, бахусус, бо аъзои фаъоли ҳизби шумо дар даврони интихобот чӣ гуна буд?

-Як нуктаро бояд эътироф кунам, ки нисбат ба интихоботи соли 2005 дар интихоботи соли 2010 дар вилоят фаъолияти мо заъифтар буд. Ин чизро бояд рӯйирост эътироф кунам. Чунки мо ба ҷуз Шокирҷони Ҳаким, ки соли 2005 низ номзадияшро гузошта буд, аз ҳавзаҳои якмандата дигар номзад надоштем.
 
Таъқибу фишор асосан дар ҳавзаҳои якмандата мешавад. Азбаски мо дигар номзадҳо аз округҳои якмандата надоштем, фишор низ ба чашм намерасид. Аммо дуруст аст, ки дар Конибдом нисбат ба тарафдорон ва он афроде, ки ба Шокирҷони Ҳаким кӯмак карданд, фишору таъқиб сурат мегирад.
Дигар як нуктаро ҳатман таъкид кунам, ки роҳбарияти ҳозираи ҳукумати Суғд роҳбарияти соли 2005 нест ва бархӯрдҳои шадид бо мо ва ҷонибдоронамон камтар мушоҳида мешавад.

-Мехостам чизҳоеро аз тавону имконоти намояндагии аҳзоб дар вилояти Суғд низ пурсон шавам. Ҳизби сотсиал-демократ то чӣ ҳад тавону имконоти кофӣ дар даст дорад?

-Агар имконияти молӣ надошта бошед, дигар имкониятҳо ҳеҷ аст. Имрӯз ягона камбудие, ки ҳизби сотсиал-демократ дар бахши вилоятӣ дорад, норасоии маблағ аст. Агар маблағ надошта бошӣ, “суханат асар надорад”.

Мо тавонистем, дар созмони вилоятии ҳизб нафаронеро ҷамъ оварем, ки иродаи мустаҳкам доранд, шахсони интелектуал ҳастанд, вале маблағ надоранд. Дар ҳоле ки интихоботи порлумонии соли 2010 як бори дигар собит сохт, ки маблағ нақши муҳимме дорад.

-Рақобат миёни аҳзоб дар вилоят чӣ тур аст? Феълан, дар шимоли кишвар кадом ҳизб намояндаи бештаре дорад ва ба истилоҳ “ҳизби нерӯманд” шинохта мешавад?

-Ин ҳизб ҳизби наҳзати исломӣ аст. Шумо, албатта, медонед, ки ҳизби сотсиалист ва ҳизби демократ дар чӣ ҳоланд. Ва воқеан ҳизбе, ки имрӯз нерӯву тавон дорад, ҲНИТ аст.

Интихоботи соли 2010 боз ҳам нишон дод, ки ин ҳизб имрӯз воқеан аз ҷиҳати маблағ низ камбуд надорад. Гузашта аз ин, тавонистааст,  дар идомаи панҷ сол аъзои бештареро ҷалб кунад.

-Вале худи шумо, ба ҷуз ин ки раҳбарии созмони вилоятии ҳизби сотсиал- демократро ба ӯҳда доред, боз ягон вазифаеро ҳам ба дӯш доред? Дар чанд соли пеш шумо устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будед, ҳоло чӣ?

-Соли 2006 аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, танҳо ба далели ин ки роҳбари ҳизби сотсиал-демократ дар вилоят будам, аз кор рафтам. Дар давоми ду сол бо тиҷорат машғул будам. Ҳар боре, ки бо шогирдони худ дидор мекунам, онҳо аз ман хоҳиш мекунанд, то дар тарбияи журналистони ҷавон нақшу ҳиссае дошта бошам. Худам низ чунин нақшаҳо дорам.

Аммо намедонам, то чӣ ҳад ба ин орзуи худ ноил мешавам. Зеро дақиқ намедонам, вазъият ҳоло ҳамон вазъияти соли 2005 аст, ки аъзои моро ба идораҳои давлатӣ ба кор намегиранд ва ё ин бахши муносибот низ тағйир кардааст.

-Ин нуктаро ҳам донистан мехостам, ки шумо бар изофаи он ки раҳбари як ҳизб дар вилоятед, вале хонаву ҳамсару фарзандон низ доред. Онҳо ба фаъолиятҳои пурсару садои сиёсии шумо чӣ назар доранд?

-Маҳз интихоботи порлумонии соли 2010 вазъи хонаводагии маро хеле душвор гардонид. Ҳамсари ман намехостанд, то ман номзадиямро дар интихоботи порлумонӣ гузорам. Ҳам аз ин ҷиҳат, ки мо бояд 7 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ медодем ва ҳам аз ин ҷиҳат, ки ман боз ба сиёсат ворид мешаваму аммо натиҷаи дилхоҳе ба даст намеорам.

Ростӣ, ҳамсарам зидди ин ҳама буданд. Вале ман ба ин ҳама чашм пӯшида, вориди сиёсат шудам. Баъзан мешинаму фикр мекунам, ки шояд хато карда бошам. Зеро мебинам, ки фарзандони ман аз ин чиз хаста шудаанд. Бахусус, духтарчаи хурдсоли ман, ки ҳоло нӯҳ сол дорад. Ман натавонистам, дар давоми ду-се моҳе, ки ба таблиғи интихобот машғул будам, фарзандонамро ҳамчун модари дилсӯз дар бари худам дошта бошам. Шабҳо дер мерафтаму саҳар барвақт мебаромадам.

Як чизи баде, ки дар фарзандонам дидам, мегӯянд, ки “мо бояд аз Тоҷикистон равем”. Ин нукта маро хеле ба ташвиш овардааст. Як ҳисси бадбиниеро нисбат ба беадолатиҳое, ки дар кишвар мегузарад, бедор карда тавонистан шояд гуноҳи ман бошад. Ба ҳар ҳол, фарзандон ҳеҷ гуноҳ надоранд. Аз он ки натавонистам, таваҷҷӯҳе нисбат ба онҳо дошта бошам, дилгир шудам.

-Ба ҳар ҳол, тасмими баъдии шумо чӣ хоҳад буд, чун ҳоло дар сӯҳбати худ низ гуфтед, ки талошҳоятон то ин муддат дар сиёсат бенатиҷа буда, номуваффақона анҷом шудааст?

-Ростӣ, мегӯянд, ки ноумед шайтон аст”. Аз Худованд шукргузор бояд бошам, ки имону иродаи мустаҳкам додааст. Чизеро, ки на ба ҳар бандааш арзонӣ медорад.

Ман ҳаргиз ноумед набудам ва ноумед нахоҳам шуд. Кӯшиш мекунам, муборизаро идома диҳам. Ҳаёт саропо мубориза аст. Тасаввур намекунам, ҳамин рӯз гӯйӣ, ки ман аз мубориза даст кашидам. Ин бадбахтии инсон аст.

Аз ҳамон рӯзе, ки нафаре гуфт, “аз мубориза даст кашидам”, гуфт, ки “ман имрӯз мурдам”. 

29 августа, 2010

Мардуми бе мушкил ё дурӯя?

Ҳар сафари Раҳмон ба минтақаҳои кишвар, агарчӣ рӯзгори сокинонро беҳбудии комил намебахшад, вале даҳҳо шеъру фасона ва тавсифҳои болохонадоре барои ӯ эҷод мекунад... 
Зиндагии сокинони одӣ аз он чи дар телевизонҳои давлатии кишвар намоиш медиҳанду барои мо нақл мекунанд, аз замин то осмон тафовут дорад. 
Вале масъулони телевизионҳои давлатӣ зиндагии сокинонро дидаву дониста ончунон ба риштаи тасвир мекашанду худи сокинон низ дар назди баландгӯҳои расмӣ ончунон ҳарф мезананд, ки ба вуҷуди ин фарқ баъзан шубҳаи кас меояд. 

Мисоли одӣ. Ҳангоми сафари Раҳмон ба минтақаҳои кишвар, ки фурсати ибрози ақида ва баёни вуҷуди мушкил ба раиси ҷумҳур аз наздик аст, мардуми мо таронабофӣ мекунанд. 

Худи раиси ҷумҳур низ ончунон аз ин таронаҳои сокинон моту мабҳут мешавад, ки фикр мекунад, ин мардум ба ҷуз эҷоди таронаву тавсифнома дар васфи раиси ҷумҳур кори дигар ва мушклии дигаре надоранд ва аз ин рӯ дар ҷавоб ба тавсифи онҳо изҳори ташаккур ҳам мекунад. 

Охирин сафари Раҳмон ба водии Раштро ду рӯз аст, ки телевизионҳои Тоҷикистон батакрор нишон медиҳанд. 

Ман низ онро гаштаю баргашта тамошо ва тавсифи сокинонро, ки акнун Раҳмонро фақат ба таври рӯшод пайомбар ва ё худои зинда намегӯянд, сабт мекунам. Зеро ин таронаҳоро агар рӯзе болои варақ орем, шояд китобе мешавад, ки "Тоҷикон"-и Ғафуров дар он назди он ҳеҷ аст.

"Мо мушкил надорем. Зиндагии мо дар дараҷаи олӣ аст. Аз будани шумо шукр мекунем..." Ин ҳарфҳое буданд, ки аз забони сокинон дар назди баландгӯ гуфта шуданд ва мо онро шунидем. 

Шояд онҳое, ки ин ҳарфҳоро заданд, аз як нигоҳ ҳақ ҳам бошанд. Зеро аз рӯйи сӯҳбаташон чандон мардуми одӣ нестанд. Балки дар ихтиёри худ даҳҳо ҳектор замини кишт доранду савдогаранд. 

Аммо чӣ зарур аст ва кӣ ба онҳо ҳақ додааст, ки аз номи тамоми мардум ба раиси ҷумҳур аз бемушкилии худ бигӯянд. Чаро? 

Шояд дар миёни онҳо ҳазорҳо тан ҳастанд, ки фарзандонашон дар Русия фавтидааст, маошашонро моҳҳост, ки гирифта наметавонанд, хӯрданӣ надоранд, касе барои тиҷорати онҳо мушкил эҷод мекунад, заминашонро кашида гирифтаанд ё амсоли ин. 

Чаро ин ҳама набояд ба раиси ҷумҳур гуфта шавад? 

Аслан, суоле дар ин ҷо халқ мешавад, ки ин ҳамаро худи раис ҷумҳур мехоҳад ё атрофиёни ӯ ба Раҳмон нишон доданӣ ҳастанд, ки дар кишвар касе аз фақру бенавоӣ азият намекашад ва мардум мушкиле надоранд? 

Ба ҳар ҳол, ин вазъият танҳо дар навоҳии Рашт нест. Чунин тавсифҳои бепоёни гурӯҳеро, ки фикр мекунам, баъзеҳо аз қабл эшонро омода мекунанд, дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам садо доданд. 

Фикр мекунам, мардуми мо дурӯя шудаанд ё ноилоҷ мондаанд. 

Дурӯя барои он ки: вақте дар сари дастурхони худ ҳарф мезананд, аз таҳ то болои ҳукуматдоронро ғайбат мекунанд. Ҳатто иқрор мешаванд, ки ҳукуматдорон ба нафъи онҳо кор намекунанд ва даҳҳо мушкил аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолии кишвар ҳалли мусбати худро наёфтаанд.

Ноилоҷ барои он ки: дар назди раиси ҷумҳур ва микрофонҳои телевизионҳои давлатӣ тамаллуқкорӣ карда, ҳарфҳои ширине аз забонашон берун меоранд, ки фақат худашонро дар назди мақомдорон ширин мекунанду халос. 

Вале ноилоҷии сокинон аз ҳар тараф, ки бингаред, ба манифати кор набуду нест. Зеро ҳукуматдоронро дар иҷрои барномаҳои зарурӣ барои беҳбудии рӯзгори мардум танбал мекунад ва ҳамчунин онҳо дигар ба доди мардуми худ нарасида, балки ҳама мушкилро ба дӯши ларзони мардуми одӣ мепартоянд. 

Ҳоло вақти он расидааст, ки мардум бояд ҳақиқатро рӯйи забон оранд. То ҳукуматдорони мо низ билахира донанд, ки зиндагии сокинон он тавре нест, ки телевизонҳои мо ба намоиш мегузоранд ва дар кунҷи дили мо шӯълаи хушҳолиро бедор мекунанд. 

Билахира, мо бояд донем, ки мизони бекорӣ ва бенавоӣ дар кишвар афзудан дорад. Мо ҳазорҳо одамони қобили кори худро аз даст медиҳем. Беҳтарин табибону олимон ва рӯшанфикронимо аз кишвар бори сафар бастаанд. 

Наход, ҳамаи ин хушбахтӣ бошад?

26 августа, 2010

“Побег”: “изи русӣ” ё “муаммои сарбаста”?

Побег”, “Фирори аср”, “Гурезогурез” ва “Фирори зиндониён кори дасти кист?” намоёнтарин сарлавҳаҳои матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта аст, ки ба фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ихтисос дорад ва мавзӯъҳои дигари рӯзро зери сояи худ гирифтааст.

Нашрияҳо акси фирориён ва феҳристи онҳоро низ интишор дода, ин қазияро “муаммои сарбастае” донистаанд, ки аз кадом чашма об хӯрдани он то ҳол на барои мақомоти расмӣ ва на барои мардуми одӣ рӯшан нест.

Аммо “Фараж” бо такя ба қавли таҳлилгарон қазияро “дасти абарқудратҳо ва кишварҳои норизо аз сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон” арзёбӣ кардааст, ки мехоҳанд дар ин ё он гӯшаи кишвар минтақаи доғеро ба вуҷуд оранд.

Ҳарчанд “Озодагон” низ тахмин задааст, ки “дасти бегона” дар ин қазия дароз аст ва ин даст берун аз Тоҷикистон идора мешавад, вале гуфтааст, ҳич як аз коршиносони тоҷик ҷуръат накарданд, ки дар ин маврид аз кишвари хосе ном баранд.

Абдулло Ҳабибов, генерали мустафъӣ дар сӯҳбаташ ба “Озодагон” гуфтааст, фирор аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин маҳбасхона қоидаи муқарраршуда риоя нагашта, дағалона вайрон шудааст. Ӯ афзудааст, “бояд сохторҳои қудратӣ хулосаи зарурӣ бароварда, гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб гӯянд ва аз вазифа фаврӣ сабукдӯш шаванд.”

Ҳафтаномаи “Пайкон” дар саҳифаи аввали худ, ки акси Неъмат Азизов, Мирзо Зиёев, Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ чоп кардааст, ин суолро дар миён гузошта, ки “чаро ин воқеа баъд аз мулоқоти Раҳмон бо Медведев ба вуқӯъ пайваст?”

Нашрия ҳамчунин менависад, “эҳтимол дар ин ҷо пул нақши асосиро бозидааст. Ё ин ки мақомот ба хотири пайдо кардани баҳонаи боздошти дигар мухолифон замина муҳайё мекунанд.”

Боргоҳи сухан” низ худҷӯш будани фирори 25 маҳбус аз зиндони собиқ КГБ-ро машкук хондааст. Ин ҳафтанома навиштааст, маҳз баъд аз пахши изҳороти сафорати Русия дар бораи омӯхтани ҳукми додгоҳ дар нисбати панҷ атбои ин кишвар, ки барои даст доштан дар ошӯбҳои соли гузаштаи Тавилдара равонаи зиндон шудаанд, фирори маҳбусон шубҳаовар менамояд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки ин маслиҳати пешакӣ набуд?”, - таъкид кардааст нашрия.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” низ дар матлабе зери сарлавҳаи “Фирор аз маҳбас” изи русиро бар сари ин қазия ҷустуҷӯ кардааст. Нашрия таркиш дар наздикии як қисми низомии марбут ба двизияи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземро дар ҳамон лаҳзаҳои фирори зиндониён камтар аз “отвлекающий маневр” ё чапғалат намедонад.

Ин нашрия ҳамчунин аз ҳуҷуми милиса ба маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Файзобод хабар дода ва аммо гуфтааст, ин иттилоъро то ҳол мақомот тасдиқ кардан намехоҳанд. “Магар дар чунин шароит паҳн кардани иттилои дақиқ вазифаи ҷонии онҳо, хоса масъулони Ситоди ҷумҳуриявӣ нест?”, -савол гузоштааст “Нигоҳ”.

Миллат” бошад, ин қазияро бар сари худ бесобиқа хонда ва навиштааст, ки “чунин ҳодисаро таърихи кишвар то ба ҳанӯз ёд надорад”.

Аммо ин ҳамаи гуфтумонро ҳафтаномаи “СССР” дар як ҷумла чунин хулоса кардааст: “воқеан СИЗОҳои моро метавон бо тантана ба китоби рекордҳои Гиннес шомил карду номашро “проходной двор” гузошт.”

Сардабири “СССР” дар саҳифаи дигари ин нашрия аз додрасҳо танқид кардааст, ки ҳангоми додани ҳукм ба гунаҳкорон шонси ислоҳ шуданро намедиҳанд. Вай гуфтааст, агар ба ин маҳбусони фирорӣ 7-8 солӣ ҳукм баровардаву дар зиндони умумӣ ҷой мекарданд, онҳо ба ин ҷинояти гӯшношунид даст намезаданду фирор ҳам намекарданд.

25 августа, 2010

Чаро мақомот аз хабарнигорон гила мекунанд?

Борҳо шудааст, ки барои навиштани матлабе аз тарафи масъулони давлатӣ "танбеҳ" шунавам.

Аввалин бор, ба матлабе, ки дар нашрияи "Рӯзи нав" дар робита ба фаъолияти кории Қосим Қосимов, собиқ раиси вилояти Суғд ва ҳоло вазири кишоварзӣ, дар соли 2004 чоп кардам, собиқ муовини ӯ Хайриннисо Мавлонова номаи ҷавобӣ навишта ва таҳдид намуда буд, ки дар сурати "узр напурсидан барои паҳн кардани иттилои бардурӯғ" ба додгоҳ хоҳад кашид. 

Баръакси интизориҳои эшон, мо аслан узр напурсидем ва ҳам нагуфтем, ки мо ҳақ будем ва ё ҳукумати вилояти Суғд. Аз ин қазия як моҳ гузашт ва дигар номае ҳам барои мо нанавиштанд ва ба додгоҳ низ даъват накарданд.

Мисли ин ҳодисаҳое буданд, ки мақомот мехостанд дар навбати аввал забони моро кӯтоҳ кунанд ва бо он дасти дарозе, ки доранд моро муттаҳам созанд, ки иттилои бардурӯғ додаем.

Вале, агар ҳақ буданд, чаро ба додгоҳ накашиданд, то воқеъият рӯйи об барояд? Ё беҳтар аст, ки мақомоти мо низ пазируфтани ҳақиқатро ёд бигиранд ва ба кори хабарнигорон низ, ки хеле ба осонӣ ба даст намеояд, эхтиром бигузоранд.

Ин дафъа, дар оғози моҳи август ногаҳонӣ Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилӣ аз тариқи майл-агент ба ман нома навишт ва хост, то барои ӯ занг занам ва ӯ хабари "хубе" барои ман дорад.

Ман, ки тоза аз шаҳри Хуҷанд омада, дар пайи омодасозии барномаи радиоӣ будам, натавонистам якбора барояш занг занам. Вале баъд аз гузашти чанд соат бо ӯ тамос гирифтам ва ӯ аз ман даъват кард, то ба вазорат ҳозир шавам.

Иллати ин даъвати ногаҳонии ӯро пурсидам, ки ҷавоб дод: бояд дар бораи матлабе, ки дар бораи боздошти Мавлавӣ Абдуқаҳҳор дар ноҳияи Рӯдакӣ навиштаам, сӯҳбат кунанд.
Мо машварат кардем, ки пас аз нисфирӯзӣ ба вазорати дохилӣ меравам. Тақрибан соати 2-и рӯз ман ба вазорати корҳои дохилӣ омадам. Маҳмадулло Асадулоев берун аз бинои вазорат маро интизор буд ва гуфт, ки бояд ба утоқи рақами 28, ҷои масъулони бахши амниятии вазорати умури дохилӣ, равам.

Дар он ҷо маро хуб истиқбол карданд. Чизи баде нагуфтанд. Дашном надоданд. Вале мегуфтанд, иттилоеро пахш кардаам, ки дар вазорат тасдиқи худро наёфтааст ва иттилоест-бардурӯғ.

Ба онҳо фаҳмонидам, ки ин иттилоъ агар дурӯғ бошад ва ё ҳақиқат, пеш аз он ки банда онро дар вебсайти ozod.org нашр кунам, вебсайти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон ва бо имзои Муҳаммадалии Ҳайит онро нашр карда буд. Ва мо ҳар он чи дар ин бора додем, иқтибос аз ин сайт буд, на чизе, ки худи мо ихтироъ карда бошем.

Зеро вақте ки хабари боздошти Мавлавӣ Абдуқаҳҳор дар сайти nahzat.tj пайдо шуд, бо Муҳаммадалии Ҳайит, муовини ҲНИТ, тамос гирифтам ва гуфтам, ки лату кӯб шудани Мавлавӣ ва баъзе аз шогирдони ӯро аз куҷо пайдо кардаанд. Оқои Ҳайит низ гуфтанд, ки бархе аз волидони шогирдони Мавлавӣ ба онҳо дар ин бора шикоят карда, хостори кӯмаки ҳуқуқӣ шудаанд.

Ҳамин тавр, он рӯз барои аввалин бор дар як идораи давлатӣ баёнот навиштам. Аммо сӯҳбати мо бо масъули бахши амниятии вазорати корҳои дохилӣ хеле тӯлонӣ буд. Вай ҳатто ба сарлавҳаи матлаби ман таъкид кард, ки чаро "Боздошти Мавлавӣ" навиштаам. Ин нафар, ки мегуфт солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон хидмат кардааст, мутмаин буд, ки онҳо Мавлавиро боздошт накардаанд. Пас, суоле халқ мешавад, ки Мавлавиро даъват кардаанд, ки ба вазорати дохилӣ биёяд?

Ҳамин гуна сӯйи тафоҳумҳо миёни идораҳои адвлатӣ бо хабарнигорони тоҷик вуҷуд дорад. Онҳо мехоҳанд, ки худро мисли оби соф пок нишон диҳанд. Вале, охир, вақте камбудӣ гуфта шуд, пайи ислоҳи он шавед, на ин ки ба дунболи каси дигар уфтед, ки чаро шуморо накӯҳиш кардааст.

Аммо, фикр мекунам, иллати аслӣ дар ин аст, ки худи мақомот, вақте хабарҳо пайдо мешаванд, аз гуфтани он ва аз шарҳи он худдорӣ мекунанд. Аммо хабарнигор, ки бо ҷонканиҳо тасдиқи хабарро аз ҷои дигар пайдо мекунаду матлаб менависад, мақомот гила мекунанд, ки чаро назари онҳоро напурсидем.

Ҳадаф аз ин парешонгуфтор чизе нест, ба ҷуз ин ки бигӯям: пеш аз он ки касеро муттаҳам кунем, беҳтар нест, ки аввал гиребони худро бибӯем?

24 августа, 2010

Ҳаҷ-2010: маҳдудиятҳои нав



Имсол Кумитаи дини Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18-сола ва пирони аз 80-сола болоро ба зиёрати хонаи Каъба мамнӯъ кардаааст. Ин матлабро масъулини кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон баён доштаанд.


Абдуғаффор Юсупов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили Ҳаҷи Кумитаи дин, ки бо радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт:

Бар асоси дастурамали тартиби сафари дастаҷамъии шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80—сола барои сафари ҳаҷ иҷоза дода мешавад.”

"Мухолиф ба меъёрҳои дини ислом"

Ҳарчанд мақомот, ин тасмими худро рӯшан тавзеҳ надоданд, вале иддае бар ин боваранд, ки давлат мехоҳад ба ин восита пеши роҳи ҷавонҳоеро бигирад, ки ба нияти Ҳаҷ вориди Арабистони Саудӣ шуда, дигар барнамегарданд.

Худи мақомот низ борҳо гуфтаанд, ки дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ даҳҳо толибилмоне зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи онҳо иттилои кофӣ надорад.

Уламои дини ислом бошад, мегӯянд, ин тасмими Кумитаи дин агарчӣ аз назари давлатдорӣ муҳим аст, вале бо меъёрҳои дини ислом мухолифат дорад.

Домулло Қурайшхон, имомхатиби масҷиде дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки солҳои пеш ҳаҷкунандагонро роҳбаладӣ кардааст, мегӯяд, дини ислом барои адои Ҳаҷ маҳдудият надорад.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини ислом буда, барои ҳар фарди мусулмон дар тамоми умр як бор фарз аст. Агар ин фард ба балоғат расидаасту тавоноӣ дорад. Рӯҳониён мегӯянд, касе, ки ин тавоноиро дораду аз фарзи худо рӯ мегардонад, пас аз дидгоҳи шариат ҷурмеро муртакиб шудааст.

Вале маҳдудияти синну сол барои сафари имсолаи Ҳаҷ танҳо маҳдудияте нест, ки мақомоти Кумитаи дин пеши пои ҳоҷиён гузоштаанд.

Ҳоҷиён аз манобеъи даромадашон пурсида мешаванд

Кумитаи дин ҳамчунин аз онҳое, ки нияти ҳаҷ карданро доранд, хостааст, ки ҳангоми хонапурӣ намудани асноди лозим, манобеи даромадашонро низ возеҳ бинависанд. Иттилое, ки то ин дам ҳоҷиён маҷбур набуданд, ки дар бораи он ба касе чизе бигӯянд.

Вале як сокини ноҳияи Ашт, ки нахост исмаш фош шавад гуфт, бо кӯмаки фарзандонаш, ки муддатҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекунанд, мушарраф шудааст, ки асноди лозим барои сафари Ҳаҷро ба мақомоти ноҳия супорад ва дар ин бора ба мақомот низ бигӯяд.

Абдуғаффор Юсупов, сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили Ҳаҷи Кумитаи дин, мегӯяд, солҳои пеш баъзе аз сокинони Тоҷикистон манзилхои худро фурӯхта ба Ҳаҷ рафтаанд, ки агар аз як тараф ба шариати ислом дуруст нагирад, аз тарафи дигар оқибаташ ба хушӣ наанҷомидааст: 
«Мо ин гуна ҳолатҳоро дидем. Барои ҳамин манбаи даромадро ҳатмӣ кардем. Чунки ҳаҷ барои фарде фарз аст, ки имконоти кофӣ дошта бошад. Масалан, агар маблағи ҳаҷ тақрибан 3200 долларо ташкил диҳад, бояд ҳамин қадари дигар маблағ дар хонааш дошта бошад. Нашавад, ки баъд аз ҳаҷ рафтани ӯ фарзандонаш мӯҳтоҷи каси дигаре шаванд

Аммо Раҳматулло Валиев, коршиноси тоҷик, ин тасмимҳои ахири Кумитаи динро нақзи ҳуқуқи онҳое медонад, ки аввалан мусулмонанд ва баъдан солиманду тавоноӣ доранд: 
«Фикр мекунам, ин чиз бояд озод бошад. Ва инро ба эътиқоду виҷдони ҳар нафар ҳавола кунанд. Зеро ҳаҷ яке аз рукнҳои муҳими дини ислом аст. Ба назари ман, ин тасмимҳо пурра маҳдуд кардани озодии эътиқоди ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.»

Квотаи ҳаҷ барои Тоҷикистон афзоиш ёфт

Бо ин ҳол, имсол аз Тоҷикистон 5 ҳазору 500 нафар ба зиёрати хонаи Каъба хоҳанд рафт, ки дар муқоиса ба як соли пеш 500 нафар бештар будааст.

Мақомоти кумитаи дин мегӯянд, ҳуҷҷатгузории ин афрод дар мақомоти маҳаллӣ то 31-уми август анҷом шуда, сафари онҳо пеш аз иди Қурбон, ки пас аз ду моҳи иди Рамазон меояд, тавассути ҳавопаймоҳои дохилӣ анҷом хоҳад шуд, ки арзиши роҳкирои он дар муқоиса ба соли пеш 151 доллар арзонтар аст.

Агар як соли пеш барои Ҳаҷ рафтан 3342 доллар зарур буд, ҳоло кофист, ки 3191 доллар дошта бошед.

Мувофиқи шартномаи миёни Кумитаи дин ва Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ, парвози ҳоҷиён танҳо бо роҳи ҳавоӣ ва танҳо тавассути ҳавопаймоҳои дохилӣ анҷом мешавад ва он ҳам аз тариқи хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд.

Уйғурҳо: "Абунасри Сомонӣ моро мусулмон кардааст"

Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари намояндагони халқу миллатҳои гуногун, мардуми уйғурро низ метавон вохӯрд. Аксари онҳо дар шимоли Тоҷикистон, дар бозорҳои «Атуш»-у «Сомон», ки бозори муштараки тоҷикону чиниҳост, ба тиҷорат машғуланд.
Мақомоти расмии вилояти Суғд мегӯянд, тедоди дақиқи уйғурони ин вилоятро намедонанд, аммо манобеи ғайрирасмӣ, аз ҷумла худи тоҷирони уйғур мегӯянд, ки теъдоди онҳо дар ин минтақаи Тоҷикистон аз 300 то 400 нафар мерасад.

Абдувосит Салимзода, коршиноси маҳаллӣ дар Суғд, низ ин нуктаро таъйид мекунад ва мегӯяд, ҳоло уйғурони мусулмонро на танҳо дар бозорҳои маъруфи «Атуш» ва «Сомон», балки дар маркази Хуҷанд низ дидан мумкин аст. Агарчӣ то кунун ихтилофи назаре миёни уйғурҳои мусулмон ва мусулмонони Точикистон ба мушоҳида нарасидааст, вале ба назари соҳибназарон, эҳтимол ҳузури чашмгири уйғурҳои мусулмон дар минбаъда метавонад як навъ ихтилофҳоро ба вуҷуд орад. 


Қиссаи мусулмонии уйғурҳо


Муҳаммадҷон, яке аз тоҷирони ҷавони бозори «Сомон» дар гардишгоҳи шаҳри Қайроққум аст. Вай ҳанӯз 6 соли пеш барои тиҷорат аз Шинҷон ба шимоли Тоҷикистон омадааст ва ҳоло бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад.

Муҳаммадҷон мегӯяд, мардуми уйғур яксарият аз дини ислом пайравӣ мекунанд ва худро аз дунболаравони Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ медонанд: 
«Мо низ мусулмонем. Мехоҳем, ки фақат ба роҳи рост равем. Кӯшиш мекунем, коре кунем, ки зарарамон ба касе нарасад. 
-Бубахшед, аммо дар як рӯз чанд бор намоз мегузоред? 

-Мо низ панҷ бор намоз мехонем. Мардуми мусулмони Тоҷикистон чи хеле намоз мегузоранд, мо аз онҳо фарқе надорем. Бисёриҳо тааҷҷуб мекунанд, ки мо аз Чин ҳастем, вале омада дар ин ҷо намоз мегузорем.
-Идҳои мусулмононро ба чӣ шева таҷлил мекунед?

-Мо ҳам Иди Рамазону Иди Қурбон дорем. Дар иди Азҳо қурбонӣ мекунем. 95 дар сади уйғурҳо қурбонӣ мекунанд. Ман ҳайрон мешавам, дар Тоҷикистон бисёр одамоне ҳастанд, ки қудрат доранд, сарват доранд, вале қурбонӣ намекунанд. Гап дар сари моле нест, ки қурбонӣ мешавад. Гап дар сари ин аст, ки шумо аз дили худ чизеро қурбони Худои худ мекунед.»


Абунаср ва ҷиҳоди ҳафтсолаи ӯ 

Муҳаммадҷон мегӯяд, мардуми уйғур ҳудудан 9-10 қарн ба ин сӯ пайрави дини исломанд. Ба гуфтаи вай, шояд дар Тоҷикистон аксарият инро намедонанд, вале мардуми уйғур аз хурдсолӣ ин саҳифаи таърихро аз бар мекунанд, ки Абуносир, яке аз авлоди Сомониён ба минтақаи уйғурнишини Чин рафта, дар он ҷо исломро ҷорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло мақбараи Абунасри Сомонӣ дар деҳаи Машҳад, дар минтақаи худмухтори уйғурнишини Чин воқеъ аст.


«Исмоил подшоҳ мешавад ва Абунаср ба тарафи мо меравад. Бархеи мо оташпарасту бархеи дигар бутпараст будем. Вақте Абуносир ба он ҷо меравад, ҳафт сол ҷиҳод мекунад. Баъд аз ин, подшоҳи мо низ исломро қабул мекунад ва номи худро аз Сатиқ Буғро ба Абдукарим табдил медиҳад. Ҳамаи ин ба шарофати Абуносир шудааст ва мо ӯро авлиёи Сомониён гуфта таъриф мекунем»,-афзуд вай.

То кунун дар расонаҳои чопиву электронии Точикистон дар бораи ҳузури уйғурҳо дар ин кишвар матолиб нашр шудааст. Ин расонаҳо борҳо бонги изтироб аз он задаанд, ки бархе аз духтарони тоҷик ба уйғурҳо ба шавҳар мебароянд. Барои мисол, як нашрияи тоҷикӣ навиштааст, «аммо танҳо "нафъе", ки имрӯз аз онҳо мерасад, ба симмати фурӯшанда ба кор гирифтани духтарони маҳаллӣ мебошад.»

Вале Муҳаммадҷон, ки ҳамсараи ӯ низ тоҷик будааст, мегӯяд, онҳо дар маҷмӯъ ҳамдигарро мусулмон медонанд ва аз ин мавқеъ мушкилеро барои пайванди худу ҳамсари тоҷикаш намебинад.

Бо ин ҳол, уйғурҳо аз мардуми кӯҳантаърихи туркзабонанд, ки теъдодии умумии онҳо тақрибан 15 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб бештар 8 миллион нафари онҳо аз дини ислом пайравӣ мекунанд. Уйғурҳо то кунун дар Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Узбакистон умр ба сар бурдаанд.

Онҳо дар панҷ соли гузашта бо ташкил бозорҳои муштарак ба Тоҷикистон низ роҳ ёфтаанд.

Адолат ҳаст? Нест?

Холаи Моҳинисоро замоне пайдо кардем, ки дар даст як бастаи ҳуҷҷатҳо бо фарзандони худ дар кӯча меистод. Вайро чанд моҳи пеш аз манзили зисташ, дар хобгоҳе воқеъ дар шаҳри Душанбе, берун кардаанд. 

Холаи Моҳинисо мегӯяд, то ин дам ба даҳҳо идораи давлатӣ муроҷиат кардааст, то манзилашро бозпас диҳанд. Вале мегӯяд, ҳатто ба пушти дарвозаи ҳукумат рафтанаш низ ба ӯ кӯмак накардааст: «Намедонам, додамро ба кӣ гӯям? Дари идораи ҳукумат рафтам, нашуд. Бар изофаи ин, гуруснагиву ташнагии фарзандонро намегӯед. Дигар намедонам, чӣ кор кунам...»

Ҳамин тавр, баъд аз саргардонии тӯлонӣ холаи Моҳинисо мегӯяд, ба вуҷуди адолат дар кишвари ҳуқуқбунёде чун Тоҷикистон бовар надорад. 

Даргоҳи умеди охирин куҷост? 

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» низ гуфт, чашмҳои пури ашку чеҳраҳои ғамзадаи дармондагонро бисёр дидааст, ки мисли холаи Моҳинисо намедонанд аз кӣ имдод бихоҳанду адолатро ба чӣ роҳе барқарор кунанд. 

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳи одамон пас аз талошу муроҷиатҳои батакрори худ, ки аксаран аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ бепосух мемонанд ва аз тарафи додгоҳҳо мунсифона баррасӣ намешаванд, ба нашрияҳо ҳамчун «даргоҳи умеди охирин» муроҷиат мекунанд: «Дар нашрияҳои мо номаҳои бешумори адолатҷӯёнаи мардум чоп мешавад. Вале барои барқарор кардани адолат вақти бисёре сарф зарур аст. Чунки барқарор кардани адолат кори мушкил. Ва гоҳо дидани чеҳраҳои пажмурдаи дар талоши адолат низ як гуна дилгирифтагӣ аз ҷомеаи Тоҷикистонро дар ботин пайдо мекунад.» 

Адолат ҳаст...

Вожаи адолат, ки аз решаи адл гирифта шудааст, аввалан ба ҳукуматҳо ва раҳбарони он иртибот мегирад, ки то чӣ ҳад адлу инсоф доранд ва то куҷо эҳтиёҷоти мардумро барои таъмини ҳуқуқҳояшон ва як зиндагии шоиста бароварда мекунанд. Аммо имрӯзҳо ин мафҳумро бештар ба низоми додгоҳӣ пайванд медиҳанд. 

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, вакили мардумӣ дар порлумон, бовар дорад, ки дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ барқарор аст. Ба гуфтаи вай, имрӯз додгоҳҳо мунсифона амал мекунанд, мардум арзу доди худро мустақим ба раиси ҷумҳур мерасонанд ва ҳам қонунгузорӣ манифати мардумро дар навбати аввал ба назари эътибор гирифтааст. 

Адолат нест...

Аммо Раҳматилло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, ки вожаи адолат дар таркиби шиори ин ҳизб ҷо гирифтааст, ба вуҷуди адолат дар кишвар шак дорад. Вай мегӯяд, аслан ба адолат аз рӯи мизони ришватхорӣ ва хешутаборбозӣ ё непотизм дар кишварҳо баҳо медиҳанд, ки Тоҷикистон аз ин ҳисоб баҳои хубе нахоҳад гирифт:«Аз ин ҷиҳат гирем, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои фасодзадаи дунё қарор дорад. Бечуну чаро ин мазмуни онро дорад, ки дар Тоҷикистон, бахусус дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва аз он ҷумла дар сохтори додгоҳӣ адолат вуҷуд надорад.»

Бо ин ҳол, Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ барои риоя накардани ҳуқуқи инсон ва ноадолатӣ дар баровардани ҳукмҳои додгоҳӣ танқид шунидааст. Агарчӣ мақомоти кишвар мегӯянд, талоши онҳо дар ин самт кофӣ буда, ташкили Омбудсмен аз ҷумлаи онҳост.