! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

01 июня, 2010

Устод Шакурӣ: "Инқилоб дар Бухоро фоҷиа буд!"

Ахиран китоби Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик бо номи “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” нашр шудааст. Донишманди тоҷик дар ин китоб назари қолабиеро дар бораи инқилоби Бухоро, ки то ин дам “инқилоби мардумӣ” ном бурда мешуд, рад кардааст.

Дар сӯҳбате бо Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ӯ роҷеъ ба паёми китоби “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” пурсидем.

-Агарчӣ таърихшинос ва мутахассиси таърихи инқилоб нестам, вале азбакси бо адабиёти ҳамин давраи қарни бист, бо адабиёти шӯравии тоҷикӣ машғул будам, дар бораи инқилоби Бухоро маводи зиёде ба даст овардам ва лозим донистам, ки ин китобро нависам.

Ақидаи ман дар бораи инқилоби Бухоро хилофи он ақидаҳоест, ки то ин вақт дар байни мо вуҷуд дошт. Мо чанд вақт боз медонем, ки инқилоби Бухоро инқилоб набуд. Таҷовуз буд, ишғолгарӣ буд. Ин инқилоби пантуркистӣ буд.

Пантуркизми болшевикӣ дар солҳои аввали инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Ва ин пантуркизм ба сари халқи тоҷик фоҷиаҳоеро овард, ки мо аз он тамоман бехабар ҳастем. Ман андак-андак фоҷиаҳои таърихиеро, ки ба сари мо инқилоб овард, дар ин китоб тасвир кардам. Акнун намедонам, мутахассисон дар ин бора чӣ мегӯянд.

-Ҳадафи “пантуркизми болшевикӣ” аз ташкили ин инқилоб чӣ буд, онҳо чӣ мехостанд?

-Болшевикон мехостанд, ки Бухороро забт кунанд. Ба ҳар ҳол Бухоро мустақил буд. Шомили ҳудуди имперотурии Русия набуд. Акнун инҳо вазифа гузоштанд, ки “инқилоби сурх” ба сӯйи Шарқ равад. Дар Эрон хостанд инқилоб кунанд. Дар Осиёи Миёна дар Хева ва Бухоро. Баъд мехостанд, ба Афғонистону Ҳиндустон раванд. Мақсади асосии онҳо Ҳиндустон буд.

Пантуркистҳое, ки соли 1917 аз Бухоро гурехтанд, аввал як қисми онҳо маорифпарвар ва ҷадид буданд. Баъд аз он ки соли 1917 маорифпарварӣ шикаст хӯрд, инҳо ба Самарқанду Тошканд гурехтанд. Дар Тошкнад ба “оғӯш”-и болшевикҳо афтоданд. Баъд болшевизм пантуркизмро барои забти Бухоро ва Хева истифода кард ва дар ин кор муваффақ ҳам шуд.

Ҳамин инқилоб пантуркистҳоро рӯйи кор овард ва ҳукуматдориро ба дасти онҳо дод. Аввалин коре, ки инҳо карданд, дар Бухоро забони тоҷикиро манъ карданд. Забони тоҷикӣ аз мактаб ва аз идораҳову ҳукумат ронда шуд. Дар ҳама ҷо забони узбекӣ ҷорӣ шуд. Даъво карданд, ки ҳамаи халқи Бухоро узбек аст. Раҳбарони инқилоб дар Бухоро, сар карда аз Файзуллохоҷаев, худашонро узбек навишта буданд ва тамоми халқро низ узбек навиштанд.

-Ин корҳое, ки пантуркистони болшевикӣ карданд, оё баъдтар дар тақсими Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ дошт ё мусбат?

-Тақсими ҳудуди миллӣ дар соли 1924 давоми ҳамин инқилоб буд. Чӣ натиҷа дод? Натиҷа ҳамин шуд, ки Бухоро ба сифати давлат нест шуд. Бухороро ба имперотурии Русия илҳоқ карданд. Баъд як Узбекистон ба вуҷуд оварданд, давлати бузург ва тавонои туркӣ. Дар натиҷаи он ки тоҷикро узбек навиштанд.

Дар муддати панҷ соли аввали инқилоб шумораи халқи узбек зиёд шуда, халқи тоҷик кам шуд. Чунки ҳамаи тоҷиконро узбек навиштанд. Чун мақсади онҳо ба вуҷуд овардани Узбекистон буд.

-Устод оё ин ҳарфхое, ки шумо мегӯед, дар китоби “Фитнаи инқилоби Бухоро” низ сабт ёфтаанд?


-Ман кӯшиш кардам, ки дар китоб сабабҳои пайдоиши инқилоб, рафти инқилоб ва оқибатҳои онро, натиҷаҳое, ки инқилоб барои халқи тоҷик дод, нависам. Ҳамаи воқеаҳои инқилоби Бухороро аз нигоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик ва манфиатҳои миллии мардуми тоҷик баррасӣ кунаму маънии воқеҳоро муайян кунам. Ин ҳама, албатта, дар китоб сабт шудааст.

-Ва Шумо омода ҳастед, ки ба вокунишҳову иддаоҳои таърихдодонони узбаку турк дар ин маврид посух диҳед, бахусус, нисбат ба он далелҳое, ки шумо дар мавриди инқилоб ва пантуркизм мегӯед?

-Агар умр боқӣ бошад ва агар эродҳои сахт пайдо шавад аз тарафи Узбакистон ва ё Тоҷикистон (дар Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки аз узбекистониҳо дида дар ин масъалаҳо бадтар-М.Ш.), шавад, шояд ҷавоб гӯям. Аммо мақсади асосӣ ин нест, ки мубоҳиса кунему ман зӯран ақидаҳоямро исбот кунаму далелу бурҳон биорам. Ин гуна мақсад нест.

Мақсад ҳамин аст, ки ман ақидаҳоямро гуфтам. Ягон гап бе далелу бе бурҳон нест дар ин китоб. Мақсади асосӣ гуфтани ҳамин ақидаҳо буд. Ҳамин вазифаро иҷро кардам. Умр бисёр кам мондааст, замоне ки чашм пӯшидам, баъд сари ман санги маломат мерезанд.

-Оё қарор аст, ки боз ба ин зудиҳо рисола ё китоби дигари Шуморо хонем, устод?

-Акнун синнам ба 86 расид. Дигар қувват намондааст. На қуввати ҷистонӣ ва на қуввати рӯҳонӣ. Ман гӯиё дигар ҳеч чиз наменависам. Китоби дигарам бо номи “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии халқи тоҷик” интишор ёбад, шуд. Он ҷо низ гуфтаниҳо бисёр аст дар бораи фоҷеаҳое, ки дар қарни бист ба сари мардуми тоҷик омадааст. 

www.ozodi.org