! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

Гузоришҳо











دو سال نو در يک کشور

کيومرث عطا و پيرو بای محمد

با اينکه اکثريت جمعيت تاجيکستان پيرو کيش اسلام اند، آغاز فصل سرما در اين کشور، سرآغاز تدارکات تاجيکان برای تجليل از جشن سال نو مسيحی است.

يک ماه قبل از فرا رسيدن سال نو ميلادی جاده ها و خيابان ها آراسته و چراغانی می شوند، در دفترها و خانه ها درخت کاج مزين با آويزه های رنگين نصب می شود و در مدرسه ها و موسسات برنامه های جشنی برپا می شود. نوجوانان در اين جشن ها دور گردنشان شلشله های براق می اندازند و به رخسارشان ماسک حيواناتی چون خرس و شير و روباه را می کشند يا لباس قهرمانان افسانه ای را به تن می کنند و دور کاج سال نوی می خوانند و می رقصند.

طی اين روزها نوشته "سال نو مبارک" را در سراسر کشور می توان ديد و مردم به همديگر سال نو را از پيش شادباش می گويند و آرزو های نيک می کنند.

شبکه های تلويزيونی نيز در اين موسم پر از برنامه های ويژه سال نوی است. قيمت ها در بازار ها و فروشگاه ها پايين تر از روزهای معمولی سال است و تعداد خريداران هم بيشتر از پيش است. برای تجليل از سال نو ميلادی تاجيک ها تلاش می کنند خوان های پرناز و نعمت بگسترند تا در جمع اعضای خانواده و دوستان نزديک شب 31 دسامبر را تا بامداد يکم ژانويه بيدار بمانند و به شادی و سرور بگذرانند.

سفره تاجيکی در شب سال نو افزون بر غذاهای معمولی خاوی "حسيب" و لرزانک کله پاچه هم هست که ميان مردم اسلاو هم رايج است. حسيب، نوعی کالباس سنتی دست پخت است که عمدتا از روده و گوشت گاو تهيه می شود. در کنار آن هتما انواع سالات و سبزيجات گذاشته می شود.

با اينکه همه از اصالت جشن سال نو ميلادی آگاه اند و نوروز را سال نو ملی خود می دانند، اکثرا در تجليل از سال نو مسيحی نيز کوتاه نمی آيند، چون تقويم در تاجيکستان ميلادی است و با تحويل سال کهنه تاجيکستان رسما وارد سالی نو می شود. مقمات در آستانه سال نو گزارش های سالانه خود را تدوين می کنند و رهبر کشور در روز سال نو پيام شادباش رسمی پخش می کند.

قبل از 31 دسامبر موسسات و شرکت ها به تعداد فرزندان خردسال کارمندانشان هدايای سال نو توزيع می کنند که غالبا عبارت است از شوکولات و بيسکويت و انواع ديگر شيرينی ها و اسباب بازی. دريافت هدايا سال نو را برای کودکان هيجان انگيز تر و شادی بخش تر می کند. در شهرهای بزرگ کودکان خانواده های ميانه حال معمولا تا نيمه شب روز 31 دسامبر در انتظار ورود بابای برفی (پاپا نوئل) و برفک (نوه پاپا نوئل) بيدار می مانند و می دانند که بابای برفی با کولباری از هدايا خواهد آمد. پدر و مادران برای شادی بيشتر کودکانشان از پيش دو نفر را برای اجرای نقش بابای برفی و برفک اجير می کنند.

طی بيش از هفتاد سال حکومت شوروی که تجليل از سال نو الزامی بود و جشن نوروز مورد بی مهری مقمات قرار داشت، تاجيک ها به برپايی دو جشن سال نو خو گرفتند که يکی علنی و ديگری پنهان بود. و اما با رهايی نوروز از ستم سردمداران وقت در دوره پرسترويکا و با فروپاشی اتحاد شوروی و ايدئولوژی آن، بساط جشن سال نو مسيحی در تاجيکستان برچيده نشد، هرچند برخی از افراد معتقد به مکتب های خاص اسلام تجليل از سال نو مسيحی را ناروا می دانند. ولی تعداد بيشتر مردم سال نو مسيحی را نيز به عنوان بهانه ای برای خوشی و به ياد روزگار گذشته گرامی می دارند و حساب آن را از نوروز جدا می دانند، طوری که هر يک از اين دو جشن سال نو، تدارکات، غذا، آرايش ها و صورت خاص خود را دارد.

بدين گونه، مردم تاجيکستان دو سال نو دارند: يکی در نيمه شب 31 دسامبر آغاز می شود و تا يکم ژانويه ادامه دارد که سال نو رسمی است و ديگری، نوروز است که به عنوان سال نو ملی همه ساله از آن در روز 21 مارس تجليل می شود.
------------------------------------------------------------------------------------------ 

Боз як гаравгонгирии тоҷикҳо дар марз


04.12.2007
Раёсати умури марзбонии Тоҷикистон аз гаравгонгирии ду сокини рустои Ковоки ноҳияи марзии Шӯрообод дар ҷануби кишвар, ки аз сӯи гурӯҳи қочоқбарони афғонистонӣ сурат гирифтааст, иттилоъ дод.
Ба қавли ин манбаъ, 7 мусаллаҳи афғонистонӣ бо роҳнамоии Наим, қумондони собиқи шимоли Афғонистон, шаби 3 декабр марзро ғайриқонунӣ убур намуда ва ду сокини ноҳияи Шӯроободро иҷборӣ ба Афғонистон бурдаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи раёсати  марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, гуфт, дар ҳоли ҳозир масъулони мақомоти қудратии кишвар барои озод ва бозгардонидани ин афрод аз Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале то кунун аз раҳоии сокинони Тоҷикистон иттилоъе пахш нашудааст.

Бархе аз сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон мегӯянд, ду нафаре ки ба гарав бурда шуданд, аз хешовандони афроде ҳастанд, ки бо қочоқбарони он сӯи марз ҳамкорӣ ва муомила мекунанд. Дар сурате, ки ин афрод пули ба истилоҳ ҳероини интиқолдодаро барнамегардонанд, онҳо даст ба чунин амал зада ва наздикони онҳоро то замони таслими маблағ дар асорат нигоҳ медоранд. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 17 ноябри имсол афроди мусаллаҳи номаълум ду шогирди яке аз макотиби деҳаи Порвори ноҳияи Шӯрообод, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба гарав гирифта буданд. Ин мактабачаҳо  ҳудуди ду ҳафта дар асорати афроди мусаллаҳ қарор доштанд ва фақат 30-юми ноябр дар натиҷаи як амалиёти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва қисми марзбонии Шӯрообод озод карда шуданд.

Мақомот мегӯянд, падари бачаҳо Сафар Давлатов, корманди шӯрои ҷамоъати Иоли ноҳияи Шӯрообод, ба қочоқчиёни афғонии маводди мухаддир тақрибан 20 000 доллар қарздор шудааст ва ҷиҳати қасос гирифтан онҳо фарзандони ӯро ба гарав гирифтаанд. Ба қавли Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи артиши марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, озод кардани ин ду мактаббача аз дасти мусаллаҳон кори саҳл набудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёти озоднамоӣ ҳамчунин аз силоҳи оташфишон истифода гардидаанд, ки дар натиҷа яке аз гаравгонгирҳо кушта ва як нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулқайюм Ёдгорӣ, кордори сафорати Афғонистон дар Душанбе, гуфт, то ҳол мақомоти сафорати мазкур дар робита ба бозгардонии сокинони гаравгонони тоҷик аз Афғонистон тадобире наандешидаанд. Мақомот мегӯянд, тӯли ду соли ахир беш аз 15 тан аз минтақаи ҷанубии Тоҷикистон тавассути қочоқбарони афғон асир гирифта шуда ва бештари онҳо бо дахолати сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ватан бозгардонида шудаанд.

Гароншавии гуфтугӯи телефонӣ ва пайомадҳои он


03.12.2007
Беш аз 8 баробар боло рафтани арзиши зангҳои хурӯҷии телефонҳо дар Тоҷикистон барои 60 дарсади аҳолии ин кишвар як мушкили ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари муштариёни ин навъи хидмат дар кишвар дар ҳолати фақр ба сар мебаранд.
Коршиносон мегӯянд, ин амр метавонад хадамоти телефониро барои як бахши қобили мулоҳизаи сокинони Тоҷикистон дастнорас сохта, ва ба коҳиши теъдоди муштариёни шабакаҳои телефонӣ, аз ҷумла телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) сабаб гардад. Ҳамакнун се рӯз мешавад, ки тоҷикистониён аз телефонҳои хонагии худ наметавонанд мустақиман ба телефонҳои ҳамроҳ занг зананд. Ширкати «Тоҷиктелеком» ҳам аз куллия муштариёни худ тақозо кардааст, ки то нимаи моҳи декабр бо муассисаи мазкур қарордоди нав имзо намоянд. Дар акси ҳол, ҳушдор медиҳад ин ширкати мухобиротӣ, аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои мобилӣ занг задан имконнопазир хоҳад шуд.
Аксари муштариёни телефонҳои одӣ ё хонагӣ мегӯянд, ҷиҳати як дақиқаи занги содиршаванда ба телефонҳои ҳамроҳ тавони пардохти 16,5 дирамро надоранд. Якбора боло бурдани қимати гуфтугӯи телефонӣ, ба гуфтаи онҳо, дар ҳолест, ки ҳадди аксари мардум на бештар аз 40 ё 100 сомонӣ маош мегиранд. Аммо, ба иддаои масъулини ширкати «Тоҷиктелеком», ин амр бо тақозои ширкатҳои мухобироти мобилии кишвар сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, феълан арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз телефони хонагӣ ба телефони ҳамсони он ҳамоно 2 дирам боқӣ мемонад.
Вале дар ҳамин ҳол 8 баробар гарон шудани арзиши зангҳои содиротӣ аз телефонҳои одӣ ба телефонҳои ҳамроҳ хашми бештаре аз муштариёнро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 20 сомонӣ ва нафақаҳои одӣ аз 20 то 40 сомонӣ аст, бештарашон имкони пардохти онро надоранд. Аммо иддае дигар аз муштариёнро ин ҳолат ба ташвиш наовардааст, чун онҳо телефонҳои хонагии худро қатъ намуда,танҳо аз хидмати телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.
Дар ҳамин ҳол Хайриннисо Юсуфӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, аз мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати роҳу мухобироти кишвар дархост кардааст, то ин мавзӯъро дигарбора баррасӣ намуда, хулосаҳои ахири худро ба дастгоҳи раиси ҷумҳур равона кунанд. Бархе аз манобеъи наздик ба раиси ҷумҳур ҳам мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба мақомоти дахлдори ин соҳа амр додааст, то нархномаҳоро мувофиқ ба зиндагии воқеъии аҳолӣ ба танзим биёваранд.
Воқиъан, ба гуфтаи коршиносон, мавзӯъи боло бурдани арзиши гуфтугӯи телефонӣ аз 2 ба 16,5 дирам мавзӯи якрӯза ва ё якмоҳа набудааст. Онҳо мегӯянд, ки сари ин мавзӯъ бештар аз якуним сол Вазорати рушди иқтисод ва Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон бо ҷамъи ширкатҳои мухобиротӣ баҳсу мухолифатҳо доштанд. Ҳатто дар ин масъала як мовини вазири иқтисод ва як муовини вазири роҳу мухобироти кившар ба як баҳси додгоҳӣ кашида шуданд, ки натиҷаи он бо ҷуброн шудани Бек Зуҳуров, муовини вазири роҳу мухобирот ва яке аз мухолифони боло бурдани гуфтугӯи телефонӣ, анҷом шуд.

Бек Зуҳуров ҳанӯз 6 моҳи қабл дар яке аз нишастҳои хабарӣ роҷеъ ба оқибатҳои нохуби ин масъала чунин гуфта буд: «Коре, ки онҳо пеш гирифтаанд, барои ҷомиъаи мо бисёр хатарзо аст. Даъвояшон, ки дар Русия як дақиқаи гуфтугӯи телефонӣ 15 дирам аст, ба шароити кунунии аҳолии Тоҷикистон рост намегирад».
Ахиран нашрияи сиёсиву иқтисодии «Факти и комментарии»-и чопи Душанбе дар як пурсишномаи худ андешаи мардум дар робита ба боло бурдани ҳаққи гуфтугӯи телефониро муайян кардааст. Натиҷаи ин пурсиш нишон додааст, ки 91,4 дарсади пурсидашудагон муқобили боло бурдани қимати гуфтугӯи телефонӣ ҳастанд.


Моҷарои созмони Counterpart дар Тоҷикистон

Рамзи созмони «Counterpart International»
Рамзи созмони «Counterpart International»
02.12.2007
Хабари қатъ гардидани фаъолияти созмони «Counterpart International» дар Тоҷикистон аз сӯи сафорати Амрико дар Душанбе таъйид нашуд.
Жаклин Мак Кеннан, сухангӯи сафорати Амрико, гуфт, созмони «Counterpart International» ҳоло ба амалисозии барномаи худ, ки аз расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии зарардидаву бебизоат аст, идома медиҳад. Ва аммо хонум Жаклин афзуд, созмони «Counterpart International» тақрибан рисолати худро дар Тоҷикистон ба анҷом расонидааст ва фаъолияти он то нимаи соли 2008 идома хоҳад дошт.

Вай ҳамчунин дар иртибот ба баста шудани дафтари ин созмон дар шаҳри Кӯлоб, минтақаи ҷанубии Тоҷикистон, чизе ҳам нагуфт, яъне на таъйид кард ва на такзиб. Гузашта аз ин, талоши мо барои дарёфти тасдиқи ин хабар аз сӯи намояндагони ин созмони амрикоӣ бенатиҷа анҷом шуд. Хабари қатъи фаъолияти созмони амрикоии «Counterpart International», ки шурӯъ аз соли 1990 бад-ин сӯ барои мардуми зарардидаву муҳоҷири тоҷикистонӣ кӯмакҳои башардӯстона ироъа мекард, рӯзи 30 ноябр дар расонаҳои хабарии ин кишвар пайдо шуд.

Оҷонси иттилоотии «Азия-плюс», ки манбаъи аслии паҳн шудани ин хабар аст, навиштааст, ки дафтари маҳаллии «Counterpart International» чор моҳ пеш аз анҷоми иҷрои барномаи «Маводди ғизоии бехавф» ва бо интиқоли ҳамзамони дороиҳо ба ду созмони амрикоии «CARE International» ва «Save the children» баста гардид. Дар муроҷиати худ ба рӯзноманигорон Комил Ғуломнабиев, як масъули дафтари маҳаллии «Counterpart International» эълом намудааст, ки қабл аз баставшаии дафтар суратҳисобҳои он аз тарафи созмони USAID қатъ карда шуд.

Вале, дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, масъулияти варшикастагии кор ва имконпазирии ҳуққабозиҳои молӣ дар фаъолияти «Counterpart International» комилан дар ӯҳдаи раҳбари барномаи ин созмон - Ҳю Орозко мебошад. Сомонаи интернетии «Press-uz.info» дар идомаи ин хабар менависад, ки дар соҳати кившарҳои мушатаракулманофеъ ин нахустин чунин ҳодиса нест, ки созмони «Counterpart International» ба моҷарои ҷангҷоломез кашида мешавад. Ба навиштаи ин сомона, дар соли 2001 ба вазорати беҳдошти давлати Молдов лозим омад, то теъдоди зиёди системҳои ғайриқабули истифодаро, ки аз тарафи ин созмон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид шуда буд, баргардонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки натиҷаи тафтишот нишон дод, ки қимати воқеъии маводди аз тарафи созмони «Counterpart International» ба Молдов воридшуда якчанд маротиба зиёд нишон дода шудаанд. Моҳи ноябри соли 2004 барои анҷоми фаъолиятҳои муғойир бо аҳдофи дар ойинномаи ин созмон сабтшуда ҳукумати ҷумҳурии Беларус шаҳодатномаи фаъолияти намояндагии созмони «Counterpart International»-ро дар қаламрави кишвараш бекор кардааст. Дар навбати худ, дар Узбакистон моҳи июли соли 2006 ҳангоми амалисозии назорати радиометрӣ дар бори аз тарафи «Counterpart International» воридшаванда фони баланди радиоактивӣ ба қайд гирифта шудааст. Баъдан маълум мешавад, ки чанд шаҳрванди маҳаллӣ, аз ҳисоби дарёфткунандагони ин бори башардӯстона ҳатто ба додгоҳҳо бо талаби ба муҷозот кашидани гунаҳкорон ва ҷуброни зарари ба саломатияшон расонидашуда муроҷиат кардаанд.

Бархеҳо бар ин боваранд, ки ҳамакнун созмони «Counterpart International» Тоҷикистонро макони фаъолиятҳои «машкук»-и худ қарор додааст. Аммо гуфта мешавад, ки дар соли 2003, вақте «Counterpart International» барномаи «Фарогирии ҷомеъаҳо»-ро натавонист барои худ ҳимоят бикунад, онро феълан дар Тоҷикстону Узбакистон созмони дигари амрикоии IREX анҷом медиҳад.

Ҳамин ҳоло дар дасти «Counterpart International» як барномаи «Маводди ғизоии бехавф» боқӣ мондааст, ки се ноҳияи вилоят Хатлон, аз қабили Балҷувон, Ховалинг ва Мӯъминободро фаро мегирад. Аз ин рӯ, ягона дафтари ин созмон дар Кӯлоб ҷой гирифтааст. «Counterpart International» як созмони ғайритиҷории амрикоист, ки ҳадафаш ироъаи кӯмак ба ҳолии ҷангзада ва офатдидаи кишварҳои дунёст. Он дар соли 1965 бунёд ёфта, дар беш аз 65 давлати дунё, аз ҷумлаи кившарҳои пасошӯравӣ намояндагии худро доштааст.


Буҳрони бензин дар Тоҷикистон

Қимати афзояндаи бензин дар Тоҷикистон ҳанӯз собит нашудааст
28.11.2007
Ахиран дар Тоҷикистон нархи бензин ва дигар маводи сӯхт ба гунаи бесобиқа боло рафта, дар ҳоли ҳозир ба 4 - 4,5 сомонӣ расидааст.
Мақомоти масъули Тоҷикистон имкони танзими нархи бензин ва назорати вазъи мавҷуд дар робита ба маводи сӯхт дар кишварро надоштаанд. Дар ширкати «Нафтрасон» мегӯянд, болову поин рафтани қимати маводи сӯхт дар идораи ин муассиса қарор надорад, зеро дар Тоҷикистон маводи сӯхт истеҳсол намешавад ва аслан аз хориҷ ворид мегардад.
Ҳангоми ба нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти пойтахт омадан мо қатори мошинҳо ва гурӯҳи ронандаҳои безобитаро медидем, ки ноилоҷ бо нархи аз 4 то 4,5 сомонӣ (муодили тақрибан якуним доллар) бензин мехариданд. Ба қавли бархе ронандаҳои нақлиёти мусофирбари давлатӣ ва афроди алоҳида, аксари истгоҳҳои сӯхтгирии Душанбе ба далели камбуди бензин ахиран фурӯши онро мутаваққиф кардаанд.
Масъулони ширкати «Нафтрасон» гуфтанд, ки асли қазия аз боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамзамон эҷоди маҳдудият барои содироти ин навъи маводи сӯхт аз Русия ва Қазоқистон сар мезанад. Ба гуфтаи онҳо, феълан Русия ва Қазоқистон аз муҳимтарин содиркунандаи маводи сӯхт барои давлати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Коршиносон мегӯянд, баҳонаи эҷоди маҳдудият барои содироти бензин аз ин ду кишвар тақдири минбаъда, вале норавшани баҳои доллар дар нисбати евро ва рубли русӣ будааст. Онҳо мегӯянд, аз ҳоло пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки оё арзиши бензин дар кишвар боз ҳам боло хоҳад рафт ё поён. Шояд, мегӯянд онҳо, то хатми маъракаи интихоботи раиси ҷумҳури Русия ин мушкил ҳалношуда боқӣ монад, зеро ҳанӯз Русия муқаpрар накардааст, ки маводи сӯхтро бо доллар ба савдо гузорад, ё бо рубли русӣ. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин кишвар баҳои доллар рӯз то рӯз поён меравад.


Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, қимати бензин дар Тоҷикистон бояд ҳанӯз дар се моҳи пеш – баробари аз 70 то 96 доллари амрикоӣ афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ –  гарон мешуд. Аммо ширкати «Газпром»-и Русия, ки барои ҳар моҳ тақрибан 6 ҳазор тонна маводди сӯхт, аз қабили бензинро ба Тоҷикистон ворид мекардааст, нархи бензинро ҳамоно дар як сатҳ қарор дошта, аммо ба маврид боло мебурдааст. Ба иддаои масъулони «Нафтрасон», ширкати русии «Газпром», воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон, ҳоло интиқоли бензин ба ин кишварро кам кардааст, ки дар натиҷа сатҳи воридоти бензин ба Тоҷикистон поин рафта, баҳонаи асосии болоравии қимати бензин шудааст.
Ҳарчанд то кунун мақомоти расмии давлати Тоҷикистон ва расонаҳои ҳукуматӣ перомуни болоравии бесобиқаи баҳои бензин ташреҳу тафсире ҳам надодаанд, аммо манобеъи наздик ба онҳо, афзудани қимати бензин дар Тоҷикистонро ба афзудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми ноябр қимати як баррел ё бушки нафт дар бозори ҷаҳонӣ аз 96 доллари амрикоӣ ба 94 доллар поён рафт, вале қимати бензин дар истгоҳҳои сӯхтгирии Душанбе аз 4,1 сомонӣ то ба 4,5 сомонӣ расид.
Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, баҳонаи боло рафтани нархи бензин дар кишвар ба ишколҳои гумрукӣ низ вобаста аст. Ба гуфтаи вай, ахиран ин вазорат як кумисюни вижа таъсис додааст, то қимати бензинро дар ҳудуди Тоҷикистон танзим бикунад.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, то шурӯъи моҳи ноябр аз Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон ба кишвар 199 000 тонна бензин ворид шудааст, ки 82 000 тоннаи он ба соҳибкорон тааллуқ мегирад.
Як сӯхтфурӯшӣ дар Душанбе
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳамасола аз кишварҳои хориҷӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои худ ҳудуди 400 000 тонна маводи сӯхт ворид месохтааст, ва интизор меравад, ки дар соли 2008 ин талабот ба 600 000 тонна хоҳад расид.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғди Тоҷикистон феълан як литр бензин 3,3 сомонӣ арзиш доштааст. Ба гуфтаи коршиносон, имконпазирии чунин вазъ он аст, ки дар ин минтақа аксари мошинҳо бо газ ҳаракат мекунанд. Дар минтақаи шарқу ҷанубии кишвар бошад вазъ дигаргуна аст ва як литр бензин дар инҷо ба 4 сомонӣ фурӯхта мешавад.


Таъсири манфии мухаддирот ба соҳоти ҷомиъа


27.11.2007
Cуҳбати мо бо Филиппо де Даниели, ки яке аз нахустин пажӯҳишгарони вазъи қочоқи маводди мухаддир дониста мешавад, чандон тӯлонӣ набуд. Аммо дар гуфтугӯ бо оқои Филиппо равшан шуд, ки ӯ тӯли 8 моҳи ахир ба таҳқиқи вазъи қочоқи мухаддирот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, машғул будааст.
Филиппо де Даниели унвонҷӯи яке аз донишгоҳҳои Лондон аст ва «Қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа» рисолаи илмии ӯ барои дифоъи номзадияш мебошад.

Нахуст мо аз ӯ пурсидем, ки ҳадаф аз пажӯҳиши ин риштаи ба қавле «ҷиноӣ» чи буд?

– Ҳадафи аслӣ аз ин пажӯҳиш пайдо кардани равобити миёни қочоқи маводди мухаддир ва иқтисоду иҷтимоъ буд. Аз ин рӯ, тӯли 8 моҳ аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорам ва бо гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумлаи ҷомеаи маданӣ, афроди давлатӣ ва дигарҳо дар ин замина суҳбатҳо кардам. Ҳоло мушкил ин будааст, ки гурӯҳҳои қочоқгар саъй намудаанд, то вориди дастгоҳҳои ҳукуматӣ бишаванд. Албатта, ҷилавгирӣ аз ин амал сахту сангин хоҳад буд. Зеро қабл аз шурӯъи ин кор хуб медонанд, ки дар сурати боздошташон мақомоти интизомӣ бо онҳо чи хоҳанд кард. Ба фикри ман, алайҳи гурӯҳҳои машғул ба қочоқи маводди мухаддир маҳкам истодан кори саҳл нест ва ин мушкил – мушкили шумораи аввали Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Вақти зиёде зарур аст, то ин масъала ҳалли мусбати худро дарёфт бикунад: дар як рӯзу як моҳ ва ё як сол рафъ кардани ин мушкил имконнопазир аст. Натиҷаи пажӯҳиши ҳаштмоҳаи банда ин аст, ки мубориза алайҳи гурӯҳҳои қочоқи маводди мухаддир бояд аз сӯи ҷомеа сар бизанад, вагарна ин гурӯҳҳои қочоқгар рӯи ҷомеаи ҳамсояҳо ва ҷаҳон қудрату таъсири зиёде доранд.

-Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ба қочоқи маводди муахддир ҳато баъзе намояндагони давлатӣ ҳам даст доранд. Оё бо ин ҳол мубориза алайҳи қочоқи маводди мухаддир муваффақ анҷом меёбад, ё хайр?
«Аввалан, қочоқи маводди мухаддир бояд ба унвони як мушкили миллӣ ва ба унвони мушкиле, ки ба амнияти дохилии кишвар таҳдид мекунад, дониста шавад. Барои ҳамин, маълумоти мардум роҷеъ ба ин соҳаро бештар кардан зарур аст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон роҷеъ ба маводди мухаддиру нашъамандӣ ва зарарҳои он камубеш маълумоте доранд, ки дар мавриди мубориза бо гурӯҳҳои қочоқи маводди мухаддир чизеро ҳам намедонанд. Сатҳи саводашон, ки дар зинаи поёнӣ қарор дорад, эшон ба дурустӣ наметавонанд афроди мафиозро аз афроди одӣ ҷудо бикунанд. Баҳонаи тавсеаи қочоқи маводди мухаддир дар Тоҷикистон оғози бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар пас аз азҳампошии собиқ Шӯравӣ мебошад.. Имкон дорад, ки бархе аз гурӯҳҳо аз қочоқи маводди мухаддир истифода мекарданд, то буҷаи ҳаракати худашонро бой гардонанд. Аз ин назар, ҷанги шаҳрвандӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз ҳам бегона нестанд. Бояд бигӯям, ки қочоқгарони маводди мухаддири Тоҷикистон тнаҳо нестанд. Ҳамкорӣ ва додугирифти онҳо бо мафияҳои наркотраффики қирғизӣ, русӣ ва чечнӣ барои бисёриҳо равшан аст ва онро низ мо ба хубӣ медонем».

– UNAFEI, як институти Созмони милал роҷеъ ба огоҳӣ аз ҷиноят дар  кишварҳои Осиё, ахиран гуфтааст, ки мехоҳад намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳам таъсис бидиҳад. Ин то чи андоза ба сӯди Тоҷикистон ва ё баръакси он хоҳад буд?
 Метавон гуфт, ки будани намояндагии як созмони хориҷии байнулмилалӣ алайҳи маводди мухаддир дар Тоҷикистон як фоли нек аст. Вале бояд гуфт, ки чунин намояндагиҳо аллакай дар кишвар мавҷуд ҳастанд ва ба Оҷонси давлатии мубориза бо қочоқи маводди мухаддир низ як навъ кумак мекунанд. Аммо мушкил ин аст, ки ҳамкорӣ миёни чунин созмонҳои хориҷии байнулмилалӣ бо давлати Тоҷикистон ба андозаи кофӣ нест. Адами ҳамкорӣ ва ё ҳамкории ками миёни созмонҳои хориҷӣ ва давлат, албатта, дар самти мубориза бо қочоқи маводди мухаддир кумаки муассир намегузоранд.

-Оқои Филиппо, оё бо ҳамин пажӯҳиши Шумо роҷеъ ба қочоқи мухаддирот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, поён хоҳад ёфт?
 Фикр мекунам, ба андозаи кофӣ роҷеъ ба ин масъала мониторинг ё таҳқиқи мушаххасе анҷом нашудааст ва ман яке аз афроди маҳдуде ҳастам, ки роҷеъ ба ин мушкил пажӯҳиш кардам. Умед дорам, дар оянда муҳаққиқон ва афроди дигаре ҳам барои пажӯҳиши ин масъалаи байнулмилалии минтақа ба Тоҷикистон, ки ҳамсоякишвари макони маводди мухаддир – Афғонистон – аст, хоҳанд омад. Ва дар охир метавонам бигӯям, ки қочоқи маводди мухаддир таъсири бузурге рӯи тамоми соҳоти ҷомиъа, аз ҷумлаи сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъ дорад...


21.11.2007
Тарҳи қонуни озодии виҷдон, ки аз сӯи мақомоти расмии Тоҷикистон таҳия шудааст, мавриди баррасии созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои мазҳабии маҳаллӣ қарор гирифт.
Аксарияти намояндагони созмонҳои мазҳабии кишвар қонуни ҷории «Дин ва Иттиҳодияҳои динӣ»-ро дар қиёс бо тарҳи ҷадиди он, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, нисбатан демократитар арзёбӣ карданд. Ба ишораи онҳо, қонуни ҷории дин, ки дар соли 1999 ба он ислоҳ ворид гардидааст, дар муносибат бо ақаллиятҳои мазҳабӣ «нарм» мебошад.

Игор Самиев, раҳбари Иттиҳоди насрониҳои инҷилгаро дар Душанбе, тарҳи қонуни динро барои фирқаҳои мазҳабии ғайриисломӣ «садди бузург» унвон кард ва онро як навъ нақзи озодиҳои мазҳабӣ донист. Ба қавли ӯ, дар сурати тасвиб шудани ин тарҳи қонун бо шакли кунунияш, ки нусхаи ниҳоӣ дониста мешавад, шояд фаъолияти бештари созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон номумкин гардад.

Вай гуфт, ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон аксаран аз 10 то 40 ё аз 50 то 100 нафар пайрав доранд. Нусхаи қаблии лоиҳаи қонуни дин, ки барои сабтиноми як созмони мазҳабӣ имзои беш аз 400 нафарро тақозо мекард, албатта, мавҷудияти бештари созмонҳои динии ғайриисломиро зери суол мебурд. Игор Самиев афзуд, аммо дар нусхаи ниҳоии ин тарҳи қонун дарёфтем, ки банди мазкур ҳазф шудааст, вале маҳдудиятҳои сангине дар роҳи сабтиноми созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ пешбинӣ шудааст, ки боз ҳам моро дар ташвиш мегузорад. Зеро дар ин тарҳи қонун омадааст, фақат созмонҳои диние сабтином мешаванд, ки беш аз 10 сол дар Тоҷикистон ҳузур дошта бошанд. Пас, ҷараёнҳои нави мазҳабие, ки тоза зуҳур мекунанд, имкони дар Тоҷикистон сабтином шуданро пайдо нахоҳанд кард.

Агарчи Сайидбек Маҳмадуллоев, мудири бахши диншиносии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, низ ин даъвои созмонҳои мазҳабии ғайриисломиро рад намекунад, аммо мегӯяд, ки бархе аз бандҳои қонуни дин ба ислоҳи ҷиддӣ  ниёз доранд. Ба таъкиди ӯ, ин лоиҳаи қонун, ки як сол бад-ин сӯ мавриди муҳокимаи маҳофили мазҳабии Тоҷикистон қарор дораду намояндагони созмонҳои динии ғайриисломиро нигарон кардааст, ҷалби сокинони кишварро ба   мазоҳибу ҷараёнҳои мухталиф иҷоза намедиҳад. Вай таъкид кард, ки дар пешнависи қонуни дин ба намояндагони адёни мухталиф дар Тоҷикистон шароити баробари фаъолият фароҳам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти расмии Тоҷикистон барои севвумин бор аст, ки ин лоиҳаи қонуни динро ислоҳ ва барои муҳокимаи созмонҳои байнулмилалӣ ва маҳаллӣ пешниҳод мекунад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки боз ҳам лоиҳаи таҳиякардаи ҳукумат ва аммо бо андаке сабукиҳо барои диндорон қабул хоҳад шуд. Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси умури дин ва сиёсат, ҳарчанд баъзе аз нуктаҳои ин лоиҳаи қонунро барои мусулмонҳои Тоҷикистон ғайриқобили қабул мешуморад, аммо онро намунаи беҳтари муносибати давлат бо дин арзёбӣ мекунад.

Шӯрои машваратии Созмони амният ва ҳамкории Урупо оид ба озодии эътиқод низ як соли қабл дар гузориши худ лоиҳаи қонуни “Озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ”-и Тоҷикистонро ноқис хонда, ва 18 далели ихтилофангези ин лоиҳа бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро номбар карда буд. Бо ин ҳама, Владимир Пряхин, сафири Созмони амният ва ҳамкории Урупо дар Душанбе, умедвор аст, ки ин лоиҳаи қонун бидуни татбиқи пешниҳодоти созмонҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои мазҳабии маҳаллӣ барои муҳокима ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод нахоҳад шуд, зеро ин тарҳи қонун, ба гуфтаи ӯ, саропо баҳсбарангез аст.

В. Пряхин афзуд, нақши аслии созмони мо ин аст, ки намояндагони давлат ва намояндагони созмонҳои мазҳабиро ба як ҷо ҷамъ оварем ва тарҳи қонунро баррасӣ намоем. Аммо аз муҳокимаи чандинкаратаи ин лоиҳаи қонун бармеояд, ки аксарият бо чунин шакл тасвиб шудани онро қабул надоранд. Ва мо ҳам гуфта метавонем, ки дар лоиҳаи ҷадиди қонуни озодии эътиқод мудохилаи ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти созмонҳои мазҳабӣ бештар шудааст.  Аммо ҳалли ин масъала чандон саҳл нест ва албатта, вақти зиёд тақозо мекунад, гуфт ӯ.

Қарор буд дар ин ҳамоиш масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ лоиҳаи алтернативии қонун дар бораи “Озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро муаррифӣ бикунанд. Аммо ба далели ширкат надоштани Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб ва ҳамзамон вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҳамоиш ин муаррифӣ мавқуф гузошта шуд. Интизор меравад, ин тарҳи алтернативии қонуни дин низ барои муҳокима ба Порлумони кишвар ироъа шавад.


М. Ҳараштӣ: Матбуот бояд худнигар низ бошад

Миклош Ҳарашти, намояндаи САҲА дар бахши озодии матбуот
Миклош Ҳарашти, намояндаи САҲА дар бахши озодии матбуот
02.11.2007
Гуфтугӯи ихтисосӣ бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуот Миклош Ҳараштӣ.

Оқои Ҳараштӣ, сабаби ба миён гузоштани масъалаи таъсиси як Шӯрои матбуотӣ чӣ буд ва тавассути он вазъи матбуот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон то чи андоза беҳ мешавад?
Таъсиси Шӯрои матбуот барои расонаҳои гурӯҳии Осиёи Марказӣаз ҷумлаТоҷикистоназ он лиҳоз муҳим астки бад-ин васила онҳо метавонанд фаъолиятихудро танзим намояндХудтанзимкунӣ корестки дар Ғарб ихтироъ гардида ва хелехуб ба роҳ монда шудаастВа он нусхаи чизе нест, ки бархе аз ҳукуматҳо мехоҳанд барои танзими расонаҳо ҷорӣ кунанд. Баракс, ин ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва ҷомеа аст. Худтанзимкуниро барои он ихтироъ кардаанд, ки эътимоди ҷомеа ба расонаҳоро ба даст оранд ва он, албатта, худсонсурӣ ё сонсури давлатӣ намебошад. Расонаҳо дар ҳама ҳолат бояд озодии комили худро нигаҳ доранд, дар мавриди он ки роҷеъ ба чи гузориш менависанд, чи гуна гузориш менависанд ва назари киро мегиранд. Дар маҷмӯъ, худтанзимкунӣ ин аст, ки барои мисол рафту агар журналисте ягон иштибоҳе кард, дар ин бора бояд ҳамкорони ӯ ҳарф зананд, онро ислоҳ намоянд ва кор то ба додгоҳу додрасҳо нарасад.

Шумо дар мавриди вазъи кунунии матбуот ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред? 
Дар ин бора мухтасар ҳарф мезанамзеро ягон бор сафари вижае бо ҳадафиомӯзиши вазъи матбуот дар Тоҷикистонро надоштемМехоҳем, ки чунин як сафаре ба анҷом бирасад, то имкон дошта бошем, ки баҳои пурра ва возеҳи худро бигӯем. Аммо медонам, ки дар Тоҷикистон андаке плюрализм ё чандандешӣ вуҷуд дорад ва он ҳам бештар дар расонаҳои чопӣ. Плюрализм метавонист дар радиову телевизиони ин кишвар низ бештар бошад. Вале дар радиову телевизион назарҳо на ба андозае мухталифанд, ки ба эҳтимоли қавӣ дар ҷомеа ҳастанд. Расонаҳои чопӣ аксаран мустақиланд, аммо вазъ ҳамоно сард аст ва он дорои иллатҳои иқтисодӣ ва маъмурист. Бубинед, расонаҳои чопӣ ҳанӯз дар мавриди интишор мушкил доранд, дар мавриди обуна мушкил доранд ва ғайра. Аммо дар охир мутманиам, ки ҳамаи 56 кишвари узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бандҳои марбут ба ҷазо барои бархе аз иштибоҳоти журналистӣ, аз ҷумла маълумоти ғалат ва ё нодурустро паҳн кардан, ки дар Кодекси ҷиноӣ аст, ба Кодекси шаҳрвандӣ гузаронанд, то баррасии онҳо на дар додгоҳҳои ҷиноӣ, балки дар догоҳҳои шаҳрвандӣ сурат бигирад.

- Оқои Ҳараштӣ, ба фикри Шумо, матбуоти Тоҷикистон пойбанди кадом мушкилиҳои умда аст ва оё роҳҳали он вуҷуд дорад?
- Маъмулан дар расонаҳое, ки бештари мардум аз он иттилоъ мегиранд, чандандешӣ кам дида мешавад. Ин на танҳо хоси давлати Тоҷикистон, балки хоси кишварҳои минтақа низ мебошад. Вазъи матуботи мустақил ба қадри кофӣ заъиф аст, аз нигоҳи иқтисодӣ ва маъмурӣ. Дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоно матбуоти давлатӣ вуҷуд дорад. Дар давлатҳои демукросӣ ниёз ба матбуоти давлатӣ нест ва набояд матбуоти давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Як мушкили ҳамешагии дигар ин сабтиноми расонаҳост. Фикр мекунем, ки расонаҳои чопӣ бояд мақомотро танҳо аз мавҷудияти худ ва рӯи кор омаданашон огоҳ кунанду халос, на ин ки иҷозаи расмӣ бипурсанд. Низоми сабти ном бояд осон карда шавад, яъне он фақат дар заминаи огоҳ кардан, на иҷозат пурсидан, сурат бигирад. Ва як мушкили дигаре, ки мо дорем ин аст, ки мақомот талош мекунанд интернетро ба танзим оранд. Ҳол он ки ба фикри мо интернет саросарӣ аст ва танзими он имконнопазир мебошад. Ин аст, ки интернет нисбат ба талошҳои танзим сареътар рушд мекунад. 


Шӯрои умумии уламои исломӣ алайҳи терроризм


30.10.2007
Марказҳои исломии Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва гурӯҳҳои тундгаро дар як Шӯрои машваратӣ муттаҳид шуданд.
Онҳо мегӯянд, бо таъсиси ин Шӯро моҳе як бор ҷамъ хоҳанд омад ва масоили марбут ба дини Ислом дар Осиёи Марказиро баррасӣ хоҳанд намуд. Унгар Каҷӣ, сухангӯи идораи муфтиёти Қазоқистон, гуфт, раҳбари мусулмонҳои ин кишвар Ҳоҷӣ Абдусаттор Дербисали ҳамчун раиси нахустини ин Шӯрои машваратӣ барои 3 соли оянда пазируфта шуд. Вай афзуд, ин шӯро барномаҳоеро рӯйи даст дорад, ки асосан роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ ва ҷараёнҳои нави мазҳабиро, ки ахиран арзи вуҷуд намудаанд, баррасӣ ва амалкарди муштаракро баномарезӣ хоҳад кард.

Сухангӯи идораи муфтиёти Қазоқистон афзуд, ҳайъати ин шӯрои машваратӣ ҳадафи ягона, яъне рушди минбаъдаи дини Ислом, ҳимоят аз китоби Қуръон ва таъмини ақоиди воҳиди мусулмонҳои минтақаи Осиёи Марказиро доранд. Ба гуфтаи ӯ,ҳамагуна масоили марбут ба дини Ислом ва гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақа бо машварат ва кӯмаки ҳамдигар рафъ карда хоҳад шуд.

Раҳбари Маркази исломии Тоҷикистон дар нишасти нахустини ин шӯрои машваратии минтақаӣ натавонистааст ширкат кунад. Вале диндорони Тоҷикистон таъсиси ин шӯроро дар амри огоҳӣ аз вазъи кишварҳои ҳамсоя дар бахши мазҳабҳо ва динҳо дуруст мешуморанд.

Гуфта мешавад, то соли 1991 дар Тошканд чунин як Шӯрои мусулмонҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ мавҷуд будааст. Аммо исломшинос, узви Маҷлиси Миллӣ ва собиқ раиси Идораи қозиёти Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки мушкилиҳои пешомадаи марбут ба дини Ислом дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар аз сӯи ҳукуматҳо рӯ мезанад ва аз ин рӯ дар роҳи ҳалли он масоил ва тасмимгириҳо Шӯрои машваратӣ боз ҳам дасткӯтоҳ хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, ҳукуматдорони минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дунболи кишварҳои ғарбӣ мераванд, нисбат ба пайравони Ислом ва ҳатто ба масҷидҳо назари шубҳа доранд ва доим эҳсоси хатар мекунанд. Онҳо бисёр мекӯшанд, ки фишору таъқибҳо ва маҳдудиятҳо болои муассисаҳои исломӣ зиёд шавад, мегуяд ӯ.  
Ахиран раҳбари мусулмонҳои Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода аз мардуми мусулмони ин кишвар, аз ҷумла ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба гурӯҳ ва шохаҳои навпайдои исломӣ напайванданд ва дар эътиқоди худ қавӣ бошанд.


Манъи фаъолияти Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон

United States -  People listening and watchining President-elect Barack Obama's victory speech at a rally in Grant Park, Chicago, 05Nov2008, MUST CREDIT: David Katz/Obama for America

22.10.2007
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво»-ро бо иттиҳоми қонуншиканӣ мамнӯъ эълон кард.
Сайидбек Муҳаммадалиев, сардори шӯъбаи ташхиси дини сарраёсати умури дин дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, ин тасмим бо дастури додситонии кулл баъд аз таблиғи рӯирост барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Артиши кишвар ва фаъолияти  ғайриқонунии созмони «Шоҳидони Яҳво» гирифта шуд.

Вай афзуд, қаблан Кумитаи дини назди раёсати ҷумҳурӣ фаъолияти созмони «Шоҳидони Яҳво»-ро барои 3 моҳ мутавақиф карда буд, то фаъолияти худро танзим намояд, аммо, ба гуфтаи ӯ, ин созмон то кунун тақозои кумитаро нодида гирифтааст. С. Муҳаммадалиев гуфт, раёсати ин созмони мазҳабӣ теъдоди дақиқи пайравони худро пинҳон нигоҳ медоранд. Вале, гуфта мешавад, феълан беш аз 1 000 сокини Тоҷикистон, ки намояндагони миллатҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикон ҳастанд, аъзои «Шоҳидони Яҳво» мебошанд.

Бархе аз пайравони ин созмони мазҳабӣ мегӯянд, таблиғи мазҳабии худро тибқи низомнома ва дар чаҳорчӯби қонуни Озодии эътиқод анҷом додаанд, на бештар аз он. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки доир ба қарори вазорати фарҳанг ба раисҷумҳури Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.

Сомонаи интернетии «Шоҳидони Яҳво» ҳарчанд роҷеъ ба манъи фаъолияти худ дар Тоҷикистон матлабе нашр накардааст, аммо менависад, ки таърихи ин созмони мазҳабӣ аз соли 1870 оғоз меёбад. Нахуст онҳо “Пажӯҳишгарони навиштаҳои Муқаддас” ном доштаанд, аммо дар соли 1931 ин пажӯҳишгарон ба худ номи «Шоҳидони Яҳво»-ро гирифтаанд.

Бино бар иттилоъи саҳфаи интернетии марбут ба «Шоҳидони Яҳво», ин созмон миллионҳо пайрав дорад, ки аз тамоми кишварҳои дунё мебошанд. Дар ин сафҳаи интернетӣ оварда шудааст, ки идораи марказии созмон дар шаҳри Нию-Йорки Амрико воқеъ аст. Дар ҳамин ҳол, таълими «Шоҳидони Яҳво»-ро, ки аз номи Исои Масеҳ ва аз номи китоби муқаддаси ӯ - «Инҷил» таркиб меёбад, раҳбари созмони миссионерии «Надежда»-и марбут ба инҷилгароёни Тоҷикистон нодуруст ва ғайривоқеъӣ медонад.

Ин дар ҳолест, ки сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, фаъолияти боз ду созмони мазҳабии «Ҳаёти фаровон», марбут ба Иттиҳоди инҷилгароҳои баптистӣ, ва созмони масеҳии «Эҳё»-ро барои се моҳ мутафаққиф карда, огоҳинома додааст. «Ҳаёти фаровон», созмони мазҳабии инҷилгароёни баптистӣ, дар рӯбарӯи Қасри раисҷумҳури Тоҷикистон фурӯшгоҳи бузурги китобҳо дорад, ки аз китобҳои масеҳӣ иборат аст. Ҳоло бо хат задани номи «Шоҳидони Яҳво» аз номгӯйи созмонҳои динии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон шумораи онҳо ба 85 адад расид.


Порлумон дар хидмати кист?


18.10.2007
Бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби мухолифи Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр дар нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти порлумони кишварро камранг ва ба сурати умум порлумонро як органи ғайримустақил ва тобеъ ба ҳукумат арзёбӣ карданд.
Онҳо тақозо намуданд, то нақши ночизи порлумон дар роҳи татбиқу амалисозииқонунҳо ҷоннок гардад. Аз ҷумла, раиси Ҳизби сотсиал-демократи ТоҷикистонРаҳматилло Зоиров гуфт, аксар лоиҳаҳои қонун аз сӯйи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣпешниҳод ва бидуни баҳсу баррасии он дар муқоиса бо лоиҳаи қонунҳои алтернативӣқабул мешавад.

Оқои Зоиров афзуд, ин қонунҳо, ки аксаран аз ҳуқуқи мансабдорон ҳимоят мекунад,ба нафъи мардуми оддӣ нахоҳад буд. Раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистонҳамзамон таъсиргузории ҳукумат дар кори порлумонро назаррас ва ба ин далел инниҳоди қонунгузорро дигарбора ғайримустақил хонд.
Вале Убайдулло Давлатов, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон,ҳамоно аз мавқеи ҳозираи Маҷилси намояндагон дифоъ намуда, таъкид кард, киназорат аз рӯи иҷроиши қонунҳо на масъулияти порлумон, балки бар ӯҳдаидодситонӣ аст. 

Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ мегӯяд, намояндаҳои мардумӣ вобаста ба завқи мардум ва ба нафъи мардум қонунҳоро таҳия мекунанд, зеро нав дарк намудаанд, ки раъйдиҳандагон низ фаъолияти онҳоро назорат мекунанд.
Аммо оқои Кабирӣ афзуд, тӯли тақрибан ду соли фаъолияташ дар порлумонтелевизионҳои давлатӣ аз пахши суханрониҳои ӯ дар парлумон худдорӣ варзидаанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки намояндаҳои мардумии Тоҷикистон фурсати ками дидорбинӣва мулоқот бо мардумро доранд ва ин имкон намедиҳад, то даъвою пешниҳодоти онҳониз дар ҷараёни таҳияи қонунҳо таъсиргузор бошадИн дар ҳолест, ки ба гуфтаираҳбари созмони ғайриҳукуматии «Ҷомеъа ва ҳуқуқ» Муаттар Ҳайдарова, порлумонзоҳиран кореро анҷом медиҳад, ки бар ӯҳда дорад. Аммо дар асл, ба гуфтаи ӯ, иртиботи ҳайъати порлумон бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ сарду хушк аст, ки андешаҳои алтернативиро сарфи назар мекунад.
Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, аз 63 курсии порлумон 46 курсӣ марбут ба аъзои ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон аст, ки ҳангоми раъй додан аз мавқеи ҳукумат ва аслан аз мавқеи шахси президент дифоъ карда мешавад.

Оппозиция возлагает большие надежды на нового главу Ингушетии

14.10.2007
Қиссаи коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов ба яке аз китобҳои пурфурӯши Фаронса табдил ёфт. Нашриёти "Зулма"-и Порис ба нашри дуввуми ин китоб камар бастааст.
Нашри аввали "Нидо", қиссаиҳунарманди тоҷик Барзу Абдураззоқовдар Фаронса дар кӯтоҳтароин фурсат ба фурӯш рафта, ҳоло ноширон нашри дуввумро омода мекунанд. Бархе аз мунаққидони фаронсавӣ гуфтаанд, китоби Барзу пас аз "Ёддоштҳо"-и Садриддини Айнӣ дуввумин китоби тоҷикие гардид, ки ба фаронсавиҳо бениҳоят хуш омад.

Стефан Дюдяден, ки ин асарро аз русӣ ба фаронсавӣ тарҷума кардааст, мегӯяд, китоби Барзуро дар Фаронса на танҳо мехонанд, балки дӯст медоранд, зеро он бо сабки вижава баррасии ғайриодии мушкили иҷтимоии занон дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳифаронсавиҳоро ба худ ҷалб кардааст. Дюдяден дар сӯҳбати бо ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" ёдовар шудааст, аввалин бор чанд сол пеш намоиши "Нидо"-и Барзуро дар саҳнаи театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд дида, ҳанӯз он вақтазм карда буд, асарро ба фаронсавӣ баргардонад. Стефан Дядяден мегӯяд, дар таърихи Фаронса кам воқеъ шудааст, ки хонандаҳо китоби нависандаи хориҷиеро дар чунин фурсати кӯтоҳ харидорӣ карда бошанд.

Худи Барзу Абдураззоқов дар бораи китоби хеш мегӯяд: "Ин асар монологи ҳашт зан аст. Монологи занҳое, ки яке корманди давлатӣ, дигаре фоҳиша, талбанда, муаллима вағайра мебошанд. Ҳар як зан ба саҳна баромада, тақдири худро якбаяк ба тамошобин нақл менамояд ва як андоза ҳам бошад, дарди дили худро холӣ месозад. Ин ҷо диолог нест, ин ҷо монолог аст. Ҳама вақт донистан мехостам, ки занҳоро чи маҷбур мекунад то ба дасти худ қалам гиранду дод гӯянд, чунин садо баланд кунанд: 

"Касе ҳаст, ки маро, зебоии маро бубинад ва ё як дона гул тӯҳфа кунад ё ақаллан ҳамроҳи ман бошад?" Ин "Эй вой"-и ботинии зан буд ва ман кӯшиш кардам, ки ин "Эй вой"-и занро аз забони чанд зан ба тамошобинону хонандаҳо бирасонам». 

Дар идомаи сӯҳбати худ Барзу хабар дод, ки фаронсавиҳо ба қарибӣ асари дигари ӯро бо номи «Салом модар, ин манам» тарҷума хоҳанд кард. Вай гуфт, китоби "Нидо"-и ӯ, бо вуҷуди муваффақият дар Фаронса, дар худи Тоҷикистон вокунише дар пай надоштааст.


Таҷлил аз иди Фитр дар Тоҷикистон


13.10.2007
Пас аз як моҳи тоату ибодат мусулмонони Тоҷикистон аз иди Фитр ё Рамазон таҷлил карданд. Хурсандии бештар дар ин ҷашн моли кӯдакон буд.
Дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар намози иди Фитр бо ширкати ҳарчи бештари намозгузорон дар қиёс бо солҳои қаблӣ баргузор шуд. Имомхатибони масоҷид ба ҳангоми ироъаи мавъизаҳои худ аз таҷаммӯъи намозгузорон даъват ба амал оварданд, ки аз мазҳаби Ҳанафия, мазҳаби суннатии мусулмонҳои Тоҷикистон, пуштибонӣ ва аз гароиш ба фирқаҳои дигар худдорӣ варзанд. Мисли ҳамеша теъдоди зиёди кормандони ниҳодҳои амниятӣ низ дар дохил ва атрофи масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе ҳузур доштанд ва ба қавле, тартибу низомро назорат мекарданд.

Бо ин ҳама, эҳсос мешуд, ки мардум рӯҳияи идона доранд ва идро ба ҳамдигар шодбош мегӯянд. Маъмулан нахустин табрики Фитр дар пойтахти Тоҷикистон субҳизуд бо садои кӯдаконе оғоз мешавад, ки дари кошонаҳоро мекӯбанд ва дар ивази муборакбодӣ аз бузургсолон идона мегиранд. Як роҳгузари Душанбе, ки сарулибоси идона дорад, мегӯяд, имрӯз ба дидори хешу ақрабо ва сипас барои дуову фотеҳа саримазори гузаштагони худ рафтааст.

Ду рӯз қабл аз ид раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишварпаёми идона дод ва аз тавонмандон даъват кард, то чунин рӯз ба афроди фақиру бепарастор кӯмак кунанд. Вай ба ин нукта ҳам ишора кард, ки масҷид барои мусулмонон макони муқаддаси ибодату ниёиш аст, на минбари таблиғи ақоиди бегона ва ифротиву тунд. Коршиносон мегӯянд, бо ин паём раиси ҷумҳур мехост,амалкардҳои ахири давлат дар бастану тахриби масҷидҳои гӯё сабтнашударо ҷилавгирӣ аз тундгароии мазҳабӣ унвон кунад.
Иди Рамазон дар яке аз хонаводаҳои тоҷик дар шаҳри Душанбеб 13 октябри соли 2007.
Ҳамдиллоҳи Раҳимзода, сархатиби масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе, мегӯяд, бо ин вуҷуд сафи намозгузорон дар рӯзи иди Фитр зиёдтар шудааст. Оқои Раҳимзода гуфт, ки субҳи шанбе дар масҷиди марказии пойтахт на камтар аз шаш ҳазор нафар намоз гузоштанд. Ваймеафзояд, эътиқоди мардум ба Ислом қавитар ва сафи рӯзадорону намозгузорон бештар мешавад.

Аммо ба назари Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, иди Фитр замоне фаро расид, ки мақомот барои бастану тахриб кардани масоҷиди панҷвақта дар Душанбе иҷозаи расмӣ дода, аз ширкати ҳиҷобдорон дар макотиб ва аз ҳузуринаврасон дар масоҷид ҷилавгирӣ кардаанд. Вай пайомадҳои чунин бархӯрдро барои оромию суботи ҷомеа манфӣ номид.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон иди Фитр дар кишвар рӯзи таътили аст. Ва чун имсол идба рӯзи шанбе рост омад, ҳукумат рӯзи душанбеи ояндаро низ барои сокинони ин кишвар истироҳат эълон кард.


Оғози таҳқиқи ҳалокати 4 сарбози тоҷик

Аскарбачаҳои тоҷик саф бастаанд (Бойгонӣ)
Аскарбачаҳои тоҷик саф бастаанд (Бойгонӣ)
12.10.2007
Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи марги 4 сарбози тоҷикро оғоз кардааст, ки онҳо пас аз ду соли хидмат дар сафи артиши кишвар ҳангоми бозгашт ба назди волидони худ бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.
Алихон Ҳувайдуллоев, муовини додситони низомии Тоҷикистон, изҳор дошт, ҳанӯз доир ба ин қазия, ки артишу Вазорати дифоъи Тоҷикистонро шармсор кард, чизе гуфтан зуд аст, вале дар сурати собит гардидани гуноҳи масъулин, ба онҳо 12 соли зиндон таҳдид мекунад: «Тафтиш тоза шурӯъ шуд. Ҷасади сарбозони ҳалокшударо волидонашон диданд. Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз мегардад. Агар гуноҳ исбот шавад, барои гурӯҳи ашхосро аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум кардан, албатта, тибқи қавонини кишвар на бештар аз 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст».

Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, қазияи сарбозони кушташуда як ҳодисаи нохуш аст, на бештар аз он. Аммо ба назари ӯ, қисми низомие, ки сарбозон дар онҷо хидмати худро адо кардаанд, муваззаф буд онҳоро бо роҳкиро ва пӯшоки тоза таъмин ва гусел намояд: «Вақте сарбоз ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад, масъулони кумисориёи ҳарбӣ вазифадоранд, ки онҳоро то қисмҳои низомӣ бирасонанд. Пас, вақте сарбозон хизматро ба анҷом мерасонанд, онҳо аз ҷониби масъулони қисмҳои низомӣ ҳатман то минтақаи зисташон гусел карда мешаванд. Рости гап, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин ҳодиса мушоҳида намешуд».

Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, вақте бародарзодааш аз хидмати ҳарбӣ озод шудааст, роҳкирои ӯ аз Душанбе то Истаравшанро на қисми ҳарбӣ, балки худи ӯ пардохтааст. 

Аммо ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов мегӯяд, аслан, қисмҳои низомӣ бар заминаи қавонини ҷории Тоҷикистон уҳдадориҳои хос надоранд, ки сарбозони адои хидматкардаро то манзили зисташон бирасонанд. Вале, мегӯяд ӯ, то замони ба назди волидони худ саломат расидани онҳо масъулони қисмҳои низомӣ кафили амну бехатарии сарбозони худ боқӣ мемонанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобгар низ хоҳанд буд.

Дар ҳоле ки ин фоҷиъа рух дод, васоити ахбори Тоҷикистон доир ба он мегуфт, ки чи гуна ҷавонони тоҷик бо майлу хоҳиши худ ба сафи артиш мераванд. Телевизиюнҳои давлатӣ, ки аз вуқӯъи ин фоҷиъа иттилоъ надоданд, маъракаи сафарбарии ҷавононро нишон доданд, ки пеш аз ба хидмати ҳарбӣ рафтан мерақсиданд, агарчи дар чашмони волидони онҳо тарс дида мешуд, на нишони хурсандӣ.

Ба ин тартиб, бештари таҳлилгарон мегӯянд, қазияи марги чаҳор сарбози вазорати дифоъ ва ҷароҳати сангин бардоштани 10 сарбоз  ва 2 афсари дигар саҳлангории ниҳодҳои қудратии кишвар дар амри эҳтиром гузоштан ба хидмати ҳарбиро нишон медиҳад ва дигарбора эътимоди падарону модаронро дар роҳи гусел ба сафи артиш кам мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 4 сарбози нерӯи низомии Тоҷикистон рӯзи 11 –уми октябр дар роҳи Рашт – Душанбе  ба ҳалокат расида, 12 нафари ҳамхидматони он захми шадиди ҷисмонӣ бардошта буданд.


Масоили ҳукми эъдом ва ҳабси абад дар Тоҷикистон


11.10.2007
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар қонуни кайфарии cобиқ Тоҷикистони Шӯравӣ нахуст ҳукми эъдом ё ҳукми қатл дар 44 банд пешбинӣ мегардид, вале пас аз ислоҳи он дар соли 1998 бандҳои ин қонун то 16 модда коҳиш ёфт.
Вакилони порлумони Тоҷикистон иҷрои ҳукми эъдомро дар соли 2005 ба ҷазои ҳабси абад ё 25 соли зиндон иваз карданд. Ҳамакнун, тибқи қонуни ҷазоии кишвар, афроде, ки ба куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, наслкушӣ ва харобсозии муҳити зист гунаҳкор дониста мешаванд, ба ҷои ҳукми қатл бояд 25 солро пушти панҷара паси сар кунанд.
Абдуқаюм Юсуфов, як вакили мудофеъ, ба ин нукта ишора мекунад, ки то замони ба таъвиқ афтодани ҳукми эъдом аз ҷониби порлумони Тоҷикистон дар амалисозии ин навъи ҷазо аз силоҳи оташфишон истифода мешуд ва аҷсоди эъдомшудагон ба пайвандонашон дода намешуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Созмони милали муттаҳид борҳо аз Тоҷикистон хоста буд, то аз ин таҷриба даст бардорад ва ҷасади қатлшудагонро ба пайвандони ӯ баргардонад ва ё ҷои дафнашонро барояшон муайян кунад. А. Юсуфов мегӯяд, аммо дақиқ нест, ки ҳоло бо ҷасади афроди ба ҳукми абад маҳкумшуда дар зиндонҳо чи кор мекарда бошанд: «Дар Шӯравии собиқ ин амал чунин сурат мегтртфт: дар бораи иҷрои қатл ба хешу табори муттаҳам маълумотнома ирсол мегардид. Аммо дар ҳамин ҳол қонунгузорӣ иҷоза намедод, ки баъди ин ҷасад ба хешовандони мақтул баргардонида шавад. Вале дар мавриди тақдири минбаъдаи зиндониёни маҳкумшуда ба ҳабси абад маълумоти дақиқе вуҷуд надорад. Ман танҳо гуфта метавонам, ки феълан, агар дар маҳбас касе сабабе вафот кунад, ҷасади ӯ ба пайвандонаш дода мешавад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ҳарчанд мақомот дар ин бора намехоҳанд суҳбат кунанд, вале ҳамоно дар Тоҷикистон барои ба ҳабси абадӣ маҳкумшудагон мавҷуд набудани зиндони вижаро тасдиқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, мавзӯъи боқӣ мондан ё лағви муҷозоти ҳукми эъдом аз қонунгузории Тоҷикистон бештари коршиносонро нигарон кардааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раъиси созмони ғайридавлатии «Перспектива+», мегӯяд, беш аз ду сол мешавад, ки порлумон дар нисбати ҷазои ҳукми эъдом моротория ё таҳрим эълом кардааст ва ҳоло фурсати хубест, ки мақоми қонунгузор ва давлати Тоҷикистон ҳукми эъдомро куллан лағв намоянд: «Қадами аввал – моротория буд ва акнун бояд қадами дувумро гузорем. Маълум аст, ки Туркманистон ҳукми қатлро пурра бекор кард ва Узбакистон ҳам қарор кардааст дар моҳи январи соли 2008 ин ҳукмро лағв кунад. Вақте ҳукми қатлро дар Тоҷикистон манъ карданд, таҳлилҳои баъдӣ нишон доданд, ки ҷиноёти вазнин зиёд нашудааст. Аз ин рӯ, ҳукми эъдомро бояд комилан лағв бикунанд, на ин ки таҳрим. Чаро таҳрим ва то кай?»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон замони лағви ҳукми эъдом аз қонуни кайфарии кишварро дер намедонанд.

Бар асоси гузориши созмони «Amnesty International» («Афви байнулмилал»), дар ҳоле ки дар тӯли солҳои 1998 – 2003 дар Тоҷикистон беш аз 162 ҷинояткор ба эъдом маҳкум гардид, ки аз ин миён танҳо 10 нафар аз ҷониби раиси ҷумҳур афв шуданд.

Бо ин ҳама, Паёми Фурӯғӣ, масъули ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, ба таъвиқ афтодани ҳукми эъдомро як гоми давлати Тоҷикистон дар роҳи рушди демукросӣ арзёбӣ мекунад. Вале оқои Фурӯғӣ мегӯяд, ки бо ин ҳама эшон имкони дидорбинӣ бо маҳбусони якумраро надоштаанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, лағви ҷазои эъдом барои риояти ҳуқуқ ватаъмини озодиҳои шаҳрвандӣ ва мувофиқ кардани муқарарроти қонуни кайфарии кишвар ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар сурат гирифтааст.


Путин: "Русия кафили истиқлоли Тоҷикистон аст"


08.10.2007
«Русия барои рушди Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мустақил ва дунявӣ алоқаманд аст, ки ба манофеъи миллии кишвари мо низ рост меояд. Русия ҳамеша кафили соҳибистиқлолии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад. Тасодуф ҳам нест, ки Русия яке аз пойгоҳи азими бурунмарзии низомии худро дар Тоҷикистон мустақар кардааст ва он аз муваффақтарин пойгоҳи низомии Русия ба ҳисоб меравад. Ин ҳам баёнгари афзоиши эътимод миёни Русия ва Тоҷикистон аст».
Ин ҳарфҳоро раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар саммити Душанбе баён кард. Ҳоло дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро ба гунаи мухталиф шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ бештар мутеъ ё таҳти шуъои Маскав қарор дорад. Баъзеи дигар ин ҳарфҳои оқои Путинро дуруст мешуморанд, зеро адами ҳузури Русия аз ҳар лиҳоз, ба назари эшон, Тоҷикистонро дучори таҳдиди кишварҳои абарқудрат хоҳад кард.  

Ба ҳар ҳол, вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳарфи Владимир Путин хеле мулоим ва оддӣ аст.
Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, изҳороти президент Путин хислати сиёсӣ надорад ва мустақилияту амнияти Тоҷикистонро низ зери суол намебарад.

Аммо Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори муқими шаҳри Маскав ва яке аз мухолифони ҳукумати президент Раҳмон, мегӯяд, равшан мешавад, ки пуштибони аслии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати Русия аст ва ба таъкиди оқои Путин ҳеч қудрати дигаре наметавонад ба ҳукуматдории ӯ халале ворид кунад. Ба бовари вай, чунин ба назар мерасад, ки манзури Путин на Тоҷикистон, балки вуҷуд доштан ва мустақилияти шахси Э. Раҳмон дар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст.

Ба қавли Д. Атовуллоҳ, хоҳиши ягонаи Маскав ин аст, ки барои ҳамеша Душанберо таҳти контроли худ қарор дода бошад.

Вале ба назари бархе аз таҳлилгарон, ин баёнияи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, замоне садо медиҳад, ки Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба саҳнаи муборизаи кишварҳое назири Чин, Ирон, Туркия, Амрико ва баъзе аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо табдил ёфтааст.


Ҷинояткор ба ҳабси абад маҳкум шуд

30.08.2007
Додгоҳи олии Тоҷикистон як шаҳрванди Узбакистонро, ки дар қатли чаҳор духтари ноболиғ ва ҷиноятҳои дигар айбдор дониста мешуд, ба ҳабси абад маҳкум кард. 

Додрас Юсуфҷон Салимов ба ҳангоми ироъаи ҳукми шаҳрванди Узбакистон Шералӣ Эргашев ба ҷуз куштори 4 духтари наврас, ӯро боз дар ҷиноятҳои дигар, аз қабили таҷовуз ба номус, роҳзанӣ, убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва дуздии молу мулк, низ гунаҳгор эълом кард. Оқои Салимов ҷиноёти содиркардаи Ш. Эргашевро вазнин ва хавфнок арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт: 
«Додгоҳ қаблан барои ҷиноят ҷазо гирифтану (дар Узбакистон барои қатли духтари моиндари худ муҷозот гардида буд) аз ин ибрат нагирифтан ва ба болои ин боз ғайриқонуниву ба нияти ғаразнок ба Тоҷикистон омадану даст ба ҷиноятҳои вазнин задани шаҳрванди Узбакистон Шералӣ Эргашевро исбот карда, мувофиқи мақсад донист, ки ба ӯ ҷазои ҳабси якумраро муқаррар кунад»

Додрас Ю. Салимов афзуд, ки ин ҷинояткор пас аз раҳоӣ аз зиндони вилояти Қаршии Узбакистон, ба Душанбе фирор намуда, бидуни қайди расмӣ тайи ду соли ахир дар пойтахти Тоҷикистон иқомат кардааст. 

Гуфта мешавад, Шералӣ Эргашев куллия ҷиноёти содикардаи худро дар давоми солҳои 2005 - 2007 анҷом дода, 12-уми феврали соли 2007 аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт мегардад.

Каюмарси Ато, Душанбе.


Афзоиши фишор ба журналистони тоҷик

25.05.2007
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар гузориши тозанашри худ аз афзоиши нақзи ҳуқуқи журналистони кишвар иттилоъ додааст. 

Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ ё мониторинги Анҷумани расонаҳои мустақил (НАНСМИТ , гуфт, дар моҳи апрел чордаҳ ҳодисаи тавҳин ва нақзи ҳуқуқи журналистон аз сӯи мансабдорони давлатӣ ба қайд гирифта шудааст. 

Вай аз гуфтаҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ёдовар шуд, ки дар як нишасти хабарӣ таҳдид кардааст, нашрияи «Миллат» ва сардабири он Адолати Мирзоро ба додгоҳ хоҳад кашид. Абдуфаттоҳ Воҳидов афзуд, дар баробари нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дастрасии онҳо ба иттилоъот ҳамчунон маҳдуд аст ва он аз мушкили умдаи журналистони тоҷик боқӣ мемонад: 
«Чун моҳҳои гузашта масъалаи дастрасӣ ба сарчашмаи ахбор аз масъалаи асосии рӯзноманигорони тоҷик мебошад. Мансабдорони давлатӣ дар мавриди ҳифзи шаъну шарафи худ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ танқиди журналистон ба онҳо маъқул намешавад». 

Ин дар ҳолест, ки Қурбон Мадалиев, хабарнигори рӯзномаи давлатии «Ҷумҳурият», мегӯяд, ӯ ва ҳамкоронаш дар роҳи ба даст овардани иттилоъ аз вазорату идораҳои давлатӣ монеъаеро эҳсос намекунанд. Вай аз ҷумла гуфт: 
«Барои хабарнигорони мо дари ҳамаи вазорату кумитаҳои давлатӣ боз аст. Монеъа нест, мушкил нест». 

Аммо Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи мустақили «Вечерний Душанбе», мегӯяд, хабарнигори нашрияи онҳо Ҷамила Ҳусейнова барои навиштани як матлаб дар бораи Нерӯгоҳи барқи обии Норак аз сӯи кормандони мақомоти қудратии шаҳри Норак мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Вай ҳамчунин афзуд, масъулони идораҳои давлатӣ ҳанӯз бо рӯзноманигорон муносибати хуб надоранд: 
«Ҳар моҳ бо ҳодисаҳои дағалгуфтории мансабдорони давлатӣ рӯбарӯ мешавем. Онҳо иттилоъи дурустро барои журналистон пешниҳод намесозанд. Журналистонро писанд намекунанд. Ин, албатта, бар зарари ҷомиъа аст, ки аз иттилоъи зарурӣ наметавонад огоҳ шавад». 

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, афзоиши нақзи ҳуқуқи журналистон, агар, аз як сӯ, озодии баёну матбуотро дар кишвар халалдор созад, аз сӯи дигар, обрӯи ҳукумати кишварро дар назди ҷомиъаи байнулмилалӣ коҳиш хоҳад дод.
Каюмарси Ато, Душанбе


Намоишгоҳи колоҳои Эрон дар Душанбе

19.05.2007
Рӯзи дувум аст, ки дар кохи «Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳ ва фурӯши коло ва маводи тавлидотии Ҷумҳурии исломии Эрон идомадорад. То кунун мардуми зиёде аз он дидор карда, қисме ҳам аз колои писандкардаашонро харидорӣ карданд.

Намоишгоҳи колоҳои Эрон дар Душанбе дирӯз, 18 май оғоз ёфт ва қарор аст, то 22 май идома кунад.
«Мехоҳем ба давлат ва мардуми Тоҷикистон кумак бикунем. Корхонаҷоти санъатиро ба роҳ бимонем, ҳам ба сурати шарокат ва ҳам ба сурати хос...»

Муҳаммадҳошими Кошонӣ, яке аз масъулони намоишгоҳи коло ва маводи тавлидотии Эрон дар Душанбе буд, ки аз омодагии ширкаташ барои ҳамкорӣ бо давлат ва мардуми Тоҷикистон дарак медод. Оқои Кошонӣ ба ҳамчунин гуфт, аз ҳоло баъзе ширкатҳои тиҷоратӣ ва санъатии Тоҷикистон бо ӯ гуфтушуниде ҳам анҷом додаанд: 
«Аз «Барқи тоҷик», вазорати саноат ва дигар ширкатҳои алоҳида омаданд ва ва дар мавриди ҳамкорӣ бо мо гуфтугӯ карданд».

Дар ин намоишгоҳ, ба қавли масъулонаш, ҳудуди чиҳил корхонаи саноатии Эрон ширкат доранд ва ҳадаф аз баргузории он густариши ҳарчи бештари ҳамкорӣ ва равобити тиҷоратии миёни ду кишвар будааст.

Фарҳод Маъруфӣ, намояндаи ширкати қолинбофии Эрон дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд баҳои қолини онҳо нисбат ба қолини бозорҳои маҳаллии Тоҷикистон арзон аст, аммо ҳанӯз харидорони худро пайдо накардааст: 
«Мардум истиқбол мекунанд, вале қудрати харидорӣ надоранд. Бисёриҳо андозаи қолинҳо ва арзиши онҳоро мепурсанд, аммо намехаранд...»

Чанде аз сокинони Душанбе, ки аз ин намоишгоҳ дидор кардаанд, чунин мегӯянд: 
«Сифати колоҳои эронӣ аз сифати колои бозорҳои мо, ки аксаран чиноиву туркиянд, хеле беҳтаранд».
«Нархҳо гаронанд. Масалан, равған дар бозори «Корвон» се сомонӣ аст, дар ин намоишгоҳ ҳам...» 

Ин шашумин намоишгоҳи колоҳои Эрон дар Тоҷикистон аст. 
Каюмарси Ато, Душанбе


Камобӣ ва зарарҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон

14.05.2007
Каюмарси Ато

Мақомоти кишоварзӣ ва муҳитзистии Тоҷикистон аз нарасидани об барои обёрии зироат шадидан изҳори ташвиш мекунанд.
Мақсадулло Исмоилов, сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми санҷиш рӯшан шуд, ки аз ҳоло заминҳои калонтарини пунбапарварии Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафурови устони Суғд дар вазъи камобӣ қарор доранд. 

Оқои Исмоилов гуфт, хоҷагиҳои пунбапарвари ин навоҳӣ аз ӯҳдаи рӯёнидани ҳосили солонаи пахта баромада наметавонанд. Тибқи иттилои расмӣ, имсол хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба ҳисоби беш аз шашсад ҳазор тонна пахта рӯёнанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки муддати ду соли ахир ин хоҷагиҳо нақшаи солонаи худро иҷро карда наметавонанд. 

Имсол, тибқи маълумоти қаблии Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон тобистон нисбатан гарм омада, бориш камтар мешавад. Ҳамин тариқ, ба қавли ин манбаъ, сатҳи оби Тоҷикистон имсол тақрибан ҳаждаҳ фисад поёнтар хоҳад рафт. 

Идораи хоҷагии оби устони Суғд мегӯяд, камии боришот ва паст рафтани сатҳи об дар рӯдхонаи Сир дар пасманзари тақсими захории обии минтақа дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кишоварзони суғдро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Ҳалим Ҳоҷиев, муовини сардори раёсати хоҷагии оби Суғд гуфт, иллати танқисии имсолаи об кишварҳои Осиёи Марказии канори рӯдхонаи Сир, аз ҷумла Тоҷикистонро водор кард ба хотири захира ва сарфаи об аз захоири обии рӯдхонаи Сир истифодаи поздаҳ дар сади кам аз меъёри ҳарсоларо ба роҳ монанд. Дар пайи ин иқдом киштзорҳои хоҷагиҳои кишоварзии бархе аз манотиқи Суғд: Мастчоҳу Зафаробод, Ашту Конибодом ва Ҷаббор Расулов, ба шумули киштҳои пахтаву биринҷ, ба камбуди сахти об дучор омадааст. Ӯ афзуд : 
«Вазъи кишоварзон мушкил шуда буд, инро ба назар гирифта, мақомоти дахлдори ҳукумати Суғд ва марказӣ иҷоза доданд ба ҷои пешина 260 мукааб 360 мукааб об дар як сония, яъне сад мукааб зиёдтар барои обёрӣ аз рӯди Сир об бигирем.» 

Ба ҳамин тариқ, тақсими захоири обии минтақа дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ кишоварзони Суғдро водор кардааст ба хотири аз беобӣ нобуд нашудани кишти кишоварзони кишварҳои дигари канори рӯдхонаи Сир - Узбакистон ва Қазоқистон аз оби рӯдхонаи Сир аз рӯи меъёри шадид истифода ва ба танзими он риоят кунанд. 
Минтақаи шимолии Тоҷикистон дорои 250 ҳазор гектар заминҳои қобили кишт аст, ки ҳафтоду панҷ дар сади он тавассути насосҳои обкашӣ умдатан аз рӯди Сир ва зохоири обии зеризаминӣ обёрӣ мешавад.

Як соҳибкор аз ноҳияи Ашт- Рӯзибой Махсумов мегӯяд, вай се гектар замини кишти шахсӣ барои истифодаи якумра дорад. Вай маблағи истифодаи барқ ва обро пешпардохт кардааст. Аз ин рӯ киштзораш дар ҳоли ҳозир бо об таъмин аст. Аммо вай меафзояд, ки аз тақдири ояндаи замини кишти худ дар фасли гармо хотирҷамъ нест: 
«Дар ҳар мавсим ҳодисаҳое ҳам мешавад, ки масъулини идораи барқ ва ё об бе ҳеҷ огоҳӣ, бо баҳонаҳои набуди об ва ё таъмир интиқоли қувваи барқро қатъ мекунанд. Масалан, дар тобистони соли гузашта даҳҳо гектар хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Калинин дар ноҳияи Ашт ба сабаби надодани барқ ба дастгоҳи обкашӣ хушк шуда рафт. Ин гуна ҳодисаҳо дар бархе аз хоҷагиҳои ноҳияҳои дигар ҳам ба амал омадаанд.»

Аммо кишоварзони Суғд мегӯянд, қисмате аз хоҷагиҳои кишоварзии Суғд дар пайи касодии молӣ ва қашшоқӣ тавони пешпардохт ва ё умуман пардохти маблағи истифодаи обро надоранд. Оберо, ки тавассути насосҳои обкашӣ бо нирӯи барқ аз рӯди Сир ба киштзорҳо дода мешавад. Идораи барқи Суғд мегӯяд, хоҷагиҳои кишоварзии Суғд дар назди ин идора барои истифодаи барқ бист миллион сомонӣ, баробари беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ, вом бар дӯш доранд. Идораи хоҷагии оби Суғд меафзояд, хоҷагиҳои кишоварзии Суғд барои истифодаи об низ 28 миллион сомонӣ, муодили беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ қарз доранд. 

Дар ҳамин ҳол, Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, камшавии об ба иқтисоди кишвар бетаъсир нахоҳад монд. Вай гуфт, дар натиҷаи камшавии об ҳосили пахта, ки боигарии Тоҷикистон унвон мешавад, кам ва хушкшавии заминҳои шоликор боиси боз ҳам гарон шудани баҳои биринҷ дар бозорҳои кишвар мешавад. 

Коршиносон мегӯянд, чунин камшавии об тақрибан дар шаш ё ҳафт соле як маротиба такрор мешавад. Ба гуфтаи онҳо, соли 2000 низ чунин камшавии об ва хушк шудани заминҳои пахтакору шолизор мушоҳида шуда будааст.


Нишасти вазирони маорифи кишварҳои ИДМ дар Душанбе

04.05.2007
Дар ҳамоиши вазирони омӯзишу парвариши кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Душанбе таъкид шуд, ки дипломҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон марбут ба солҳои 1990 то 2007 ҷавобгӯйи меъёри байналмилалӣ,аз ҷумла кишвари Русия намебошанд.

Андрей Фурсенко, вазири омӯзишу парвариши Русия ин нуктаро таъйид намуд ва афзуд, ки эҷоди фазои ягонаи таълиму парвариш ва эътирофи мадорики донишгоҳҳову муассисоти илмии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил имкон медиҳад, ки садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бар ивази мардикорӣ дар Русия, соҳиби ҷойи кори муносибтаре шаванд: «Мо ҳадаф надорем, ки як шаҳодатномаи умумии таълимиро миёни кишварҳои мустақили ҳамсуд таҳия кунем. Мо танҳо мехоҳем ба мутахассисони ҷавон имкон диҳем, ки берун аз кишвари худ таҳсил ва ё кор кунанд. Ин маънои онро дорад, ки бояд як меъёри муайяни омӯзишӣ миёни ин давлатҳо муқаррар гардад».

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ба ин ишора кард, ки имрӯз омӯзишу парвариши Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ аст, ки танҳо бо кӯмаки кишварҳои ҳамсуд мешавад онро рафъ кард: «Ҳамтоёни мо гуфтанд, ки барои кӯмак дар ҳалли масъалаҳои маорифи Тоҷикистон омода ҳастанд. Онҳо омодаанд, ки дар тарбияи мутахассисони кордон ва табодули илмии донишомӯзон ва пажӯҳишгарон ба мо ёрӣ расонанд».

Ва аммо ба назари таҳлилгари мустақили тоҷик Абдураҳмон Хонов, ҳамоиши мазкур натиҷаеро дар пай нахоҳад дошт. Вай гуфт, ин масъала бояд дар сатҳи мақомоти баландпояи кишварҳои мустақили ҳамсуд мавриди баррасӣ қарор мегирифта, то натиҷаи бештаре ба бор меовард. Нишасти вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар умури омӯзишу парвариш дар пойтахти Тоҷикистон фардо низ идома мекунад, ки дар он мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ миёни кишварҳои узв мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт. 
Каюмарси Ато, Душанбе


Нашри гузориши нави НАНСМИТ

26.04.2007
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши навбатии худро дар мавриди ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон нашр кард. Дар ин гузориш аз нӯҳ мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон ёдоварӣ мешавад. 

Ҳарчанд ин гузориш баёнгари мавориди зиёди риоят нашудани ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудсозии фаъолияти онҳост, аммо тибқи навиштаи Анҷуман, мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар қиёс бо моҳи феврали ҳамин сол нисбатан поён рафтааст. Тибқи гузориши мазкур, моҳи март бештари мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудияти онҳо барои дастрасӣ ба манобеъ дар минтақаҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудаанд. 

Ҳамчунин, дар гузориш ба касбияти рӯзноманигорон баҳо дода шуда таъкид мешавад, ки ҳанӯз ҳам аз лиҳози ҳирфаӣ хабарнигорони тоҷик дар сатҳи пас қарор доранд. Умед Бобохонов, раиси оҷонсии «Азия-плюс» гуфтааст, ки «касбияти пасти рӯзноманигорони мо ба рушди расонаҳои хабарӣ дар кишвар монеа эҷод мекунад». 

Масъалаи танқидҳои ҳукумат аз риоя нашудани забони давлатии кишвар дар расонаҳо дигар мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар моҳи март шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо, нашрияҳое, ки ба забони давлатӣ чоп мешавад, ҳанӯз ҳам аз лиҳози баён ва тасаллути забонӣ мушкилоти зиёд доранд. 

Каюмарси Ато, Душанбе


 

Таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон

21.03.2007
Сар аз имрӯз, 21 март, дар Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯз - ҷашни баҳор ва фарорасии соли нав шурӯъ шуд. 

Наврӯзи имсола рӯзи 22-юми март дар ноҳияи Турсунзода, сӣ километрии пойтахти кишвар бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифта мешаванд.

Ва аммо дар пойтахти Тоҷикистон, тибқи иттилоъи сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, имрӯз сайругашти оммавӣ дар майдонҳои «Дӯстӣ», «800-солагии Маскав» ва Боғи марказии пойтахт, мусобиқоти варзишӣ, аз ҷумлаи дастхобонӣ, гӯштини миллӣ дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд. Интизор меравад, бо қарори шаҳрдории Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо арзиши поёнтар аз бозорҳои маҳаллӣ ташкил шаванд. 

Имрӯз, ҳамчунин, мардуми шаҳри Хуҷанд, маркази устони Суғд иди Наврӯзро дар варзишгоҳи асосии ин шаҳр таҷлил мекунанд. Ин варзишгоҳ тақрибан даҳ ҳазор ҷои нишаст дорад ва дар он ҷо ҳунарнамоиву консертҳои идона бо ширкати ситораҳои ҳунарӣ ва варзишгарони устон, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ баргузор мегардад. 

Наврӯз дар саросари Тоҷикистон чаҳор рӯз, аз рӯзи сешанбеи 21 - уми март то рӯзи шанбеи 24 - уми март, бо баргузории намоишу ҳунарнамоиву консертҳо, мусобиқаҳои варзиши миллӣ ва мусобиқаҳои аспдавониву бузкашӣ сурат мегирад. 

Каюмарси Ато, Душанбе


Шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо "ал-Қоида" зиндонӣ шуд

06.03.2007
Додгоҳи вилояти Хатлон Иброҳим Насриддинов, сокини 31-солаи ноҳияи Колхозободро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. 

Иброҳим Насриддинов, собиқ маҳбуси зиндони муваққати Гуантанамои ҷазираи Куба дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии «Ал-қоида» ва ҳаракати «Толибон» муттаҳам дониста мешавад. Тавре додгоҳи Хатлон иттилоъ додааст, маҳкумшуда бо нишондоди панҷ моддаи Қонуни ҷазоии кишвар, аз ҷумла, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи ҷангӣ, омода кардани ғайриқонунии аслиҳа ва куштор дар зиндони шароиташ шадид ба сар хоҳад бурд. 

Одил Ёрбеков, вакили дифоъи Иброҳим Насриддинов гуфтааст, дар ҷараёни тафтиш нафари зерҳимояи ӯ ҷурми худро пурра ба дӯш гирифтааст. Ба қавли ӯ, Иброҳим Насриддинов муддати чандин сол дар Афғонистону Покистон омодагии ҷангӣ омӯхтааст. Соли 2006 дар вилояти Қундуз аз сӯйи хадамоти махсуси Амрико боздошт ва ба Гуантанамо фиристода мешавад. 

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон аз шумори дақиқи тоҷиконе, ки дар маҳбаси муваққати Гуантанамо қарор доранд, изҳори бехабарӣ мекунанд. 

Каюмарси Ато


Дар Душанбе қиморхонаҳоро мебанданд

06.03.2007
Шаҳрдории Душанбе гуфтааст фаъолияти қиморхона (казино)- ҳову тарабхонаҳои пойтахтро комиссиюни вижаи шаҳрдорӣ шадидан назорат хоҳад кард.

Шавкат Сайидов сухангӯи шаҳрдорӣ иттилоъ додааст чунин амр бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз афзоиши майли наврасон ба қиморбозӣ ва пастравии сатҳи ахлоқи мардум гирифта мешавад. Бо гуфтаи оқои Сайидов бо амри шаҳрдори Душанбе як гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва намояндаҳои сохтори давлатӣ кори қиморхонаҳо, шумори воқеъии онон ва соати фаъолияти онҳоро мавриди санҷишу тафтиш қарор хоҳад дод. Шаҳрдорӣ бо истинод ба дастури соли 2000- уми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қаламрави пойтахт фаъолияти қиморхонаҳо иҷозат дода намешавад. 

Қаблан, дар пойтахти Тоҷикистон фаъолияти қиморхонаи мавсум ба «Ҷоми Ҷамшед», ки ба генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев тааллуқ дошт,манъ шуда буд. Вале ҳоло шумори дақиқи қиморхонаву толорҳои хурди бозиҳои автоматӣ рӯшан нест. Ба ҳар навъ соҳибназарон мегӯянд, ин маконҳо ҷойи сердаромад ҳисоб меёбанд ва на ҳар кас қудрати соҳибӣ кардани онҳоро дорад. 

Дар қаламрави собиқ Шӯравӣ тасмими шабеҳро нисбат ба манъи кори қиморхонаҳо шаҳрдориҳои Маскаву Алмаато қабул карда буданд. Масъулини ин шаҳрҳо берун аз пойтахту шаҳрҳои бузург ба маконҳои вижа кӯч додани қиморхонаҳоро иқдоми дуруст дар самти боло бурдани ахлоқи мардуми маҳаллӣ арзёбӣ мекунанд. 
Ҳамзамон қарор аст, муассисаҳое, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ба истиснои истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ, дорухонаву беморхонаҳо тибқи мувофиқатномаи комиссиюни ҳукумати шаҳри Душанбе бояд аз соати 6- и субҳ то соати 12-и шаб кор кунанд. 
Каюмарси Ато, Душанбе



Ван дер Меер: "Калиди ояндаи нек дар низоми идории давлат аст"

16.02.2007
Мусоҳибаи Каюмарси Ато бо Адриан Ван дер Меер, 
намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

-Ҷаноби Адриан Ван дер Меер, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон. Созмони Шумо дар Тоҷикистон тарҳи навбатиро оид ба ислоҳоти хадамоти давлатӣ ба анҷом расонид. Метавонед, аҳдофи аслии ин иқдомро барои шунавандагони мо тавзеҳ диҳед?
-Ахиран ба чунин натиҷа расидем, ки идораи одилона ва оқилонаи давлат масъалаи муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва он як калиде ба сӯйи ояндаи хуб аст. Албатта, амалӣ кардани он на танҳо аз ҳукумат, раҳбарият ва вазоратхонаҳо, балки аз низоми идораи давлат ва ходимони давлатӣ низ бастагӣ дорад. Ҳоло дар минтақа, махсусан дар Қазоқистон ва Тоҷикистон мехоҳем маҳорати касбии ходимони давлатиро беҳтар кунем. Ҳадафи мо ин аст, ходимони давлатӣ ба дарки масъулияте, ки доранд бирасанд, яъне онҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон хидмат кунанд, на барои худу наздикони худ. 
-Оё мешавад мушахастар сӯҳбат кунем. Ин тарҳ дар роҳи беҳбуд бахшидани фаъолияти хадамоти давлатӣ ва идораҳои давлатӣ то чӣ андоза мусоидат мекунад?
-Аслан, ҳаққи шарҳи ҷавоби ин суолро надорам. Аммо мебинем, ки ҳукумат кӯшиш мекунад, баъзе аз иштибоҳҳои худро ислоҳ кунад. Масалан, дафъаҳои ахир ислоҳоти маъмурӣ мегузаронад ва қисман сафи кормандони расмиро дар ҳукумат ихтисор мекунад. Акнун бояд маоши ходимони давлатиро боло бардорад. Зеро ин роҳи раҳоӣ аз ришвату фасодзадагӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад. 
Мо чӣ кор карда метавонем? Танҳо имкон дорем, таҷрибаи ҷаҳониро барои ходимони давлатӣ ва ҳукумат пешниҳод кунем. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ, барои ходимони давлатӣ тамринҳо ва давраҳои омӯзишӣ баргузор шуд. Ба онҳо имкони сафар ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, мушаххасан ба Эстония ва Бритониёи Кабир фароҳам оварда шуд. Ҳоло марҳилаи дуввуми лоиҳа оғоз меёбад ва дар ин марҳила ният дорем, ходимони давлатиро бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва баҳогузории ин фаъолият шинос намоем. Бояд гуфт, ки барои Донишкадаи такмили ихтисоси назди Раёсати хадамоти давлатии ҷумҳурӣ таҷҳизоти фаннӣ супорида шуд. Қарор аст, як сомонае дар бораи хадамоти давлатии Тоҷикистон боз шавад. 
-Ташаккур, оқои Ван Дер Меер оё ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо ин тарҳи Шумо ошноӣ дошт ва чӣ вокунише аз худ нишон дод?
-Тавре мо фаҳмидем, ҳукумати Тоҷикистон аз ислоҳоте, ки дар асоси ин тарҳ амалӣ мешавад, қаноатманд аст. Вақте мо лоиҳаи аввалиро ба анҷом расонидем, назарсанҷии мустақил гузаронидем ва маълум шуд, ки кӯшишҳои мо натиҷаи хуб ба бор овардааст. Ягона чизе, ки мо метавонем бигӯем натиҷаи хуби кори лоиҳа аст, ин ислоҳоти нави хадамоти давлатӣ ва тарҳи нави Қонун дар бораи хадамоти давлатӣ мебошад. Ба фикри ман, хадамоти давлатии Тоҷикистон нисбатан беҳтар мешавад. Ман бояд бигӯям, ки дар ин росто ҳанӯз корҳои зиёде ба анҷом нарасидаанд. Инро ҳатто ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунад. Кумиссиюни аврупоӣ танҳо барои лоиҳаи мусоидат дар ислоҳоти хадамоти давлатӣ 1 миллиону 300 ҳазор евро ҷудо кардааст. Ҳамчунин, барои харидани дастгоҳу таҷҳизоти фаннӣ 130 ҳазор евро сарф карда шуд, ки ҳамаи он қарзи бебозгаштанд. Барои таълиму машварат бошад, мо аз Аврупо коршиносонро даъват кардем, то ба ходимони давлатии Тоҷикистон кӯмак кунанд. 
Ман метавонам бигӯям, то замоне ки ислоҳоти хадамоти давлатӣ ҳамчун масъалаи муҳим дар минтақа боқӣ мемонад, мо аз мусоидат кардан даст намекашем. Кумиссиюни аврупоӣ, ки пас аз татбиқи лоиҳаи аввал натиҷаҳои хуб ба даст овард, қаноатманд аст ва кори худро дар Тоҷикистон идома хоҳад дод.


Анҷоми марҳалаи аввали лоиҳаи ислоҳоти хадамоти давлатӣ

15.02.2007
Марҳилаи аввали лоиҳаи дуввуми ислоҳоти хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон, ки бо кӯмаки намояндагии Кумиссиюни аврупоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ татбиқ мешавад, ба анҷом расид. Адриаан Ван Дер Меер, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар минтақа ба радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат бояд теъдоди хизматчиёни давлатиро дар ҷумҳурӣ ба маротиб коҳиш диҳад, ки роҳи раҳоӣ аз ришвату фасодзадагӣ дар хадамоти давлатӣ мебошад. 

Ӯ гуфт, лоиҳаи мазкур аз созмон додани сомонаҳои интернетӣ ва коркарди сохтори наву баҳогузории хадамоти давлатӣ иборат аст. Вай мегӯяд, хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон барои боло бурдани дониши саводи компутар ва интернет ниёз доранд. Чунин лоиҳа қаблан дар Қазоқистон ва ҳоло Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. 

Дар ҳамин ҳол, Мунира Иноятова, раиси Донишкадаи такмили ихтисоси хадамоти давлатӣ, ки бештари кӯмаки Кумиссиюни аврупоӣ ба он равона шудааст, гуфт, ният доранд имсол беш аз 1000 хизматчии давлатиро омӯзиши илмҳои муосир диҳанд. 

Ба ин тартиб, шурӯъ аз моҳи феврали соли 2005 Кумиссиюни аврупоӣ барои амалисозии лоиҳаи ислоҳоти хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон 1,3 миллион евро ва илова ба ин барои харидории дастгоҳҳои лозимӣ 130.000 евро ҷудо кардааст.

Каюмарси Ато, Душанбе


Боздошти нафари муттаҳам ба қатли чаҳор духтари ноболиғ

13.02.2007
Қамар Мирмамадов, сардори шӯъбаи корҳои ҷустуҷӯии раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи як амалиёт нафаре бо номи Ш. Э.боздошт шудааст, ки дар қатли чор духтари ноболиғ гумонбар дониста мешавад. Оқои Мирмамадов меафзояд: «Расмҳои дар дастдоштааш гувоҳи онанд, ки зану фарзандонаш дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд. Аз хонаҳое, ки қотил ҷавондухтаронро ба қатл расондааст, боз баъзе молҳои талаботи рӯзгорро ба яғмо бурдааст. Дар назди қонун мувофиқи қонунҳои ҷазоии Тоҷикистон ҷавоб медиҳад».

Ба қавли Қамар Мирмамадов, нафари боздоштгардида шаҳрванди Ӯзбекистон буда, дар устони Қаршии ҷумҳурии Ӯзбекистон нахуст духтари модарандари худро ба қатл мерасонад ва ба бисту се соли зиндон маҳкум мешавад. Аммо пас аз се сол шартан ба озодӣ баромада бо истифода аз фурсат бо роҳи пинҳонӣ ба Душанбе меояд. Вай бидуни қайди расмӣ тайи 2 соли ахир дар пойтахти ҷумҳурӣ ба сар мебарад. 

Дар ҳамин ҳол, Д. С., модари М.С.-и ҳаждаҳсола, ки тибқи тафтишоти пешакӣ рӯзи ҳаштуми феврал дар манзили худ ба қатл расидааст, мегӯяд, қотил бар иловаи куштори ваҳшиёна аз хонаи онҳо як ангуштари тилло ва маблағу DVD-ро бо худ бурдааст. 

Тибқи иттилоъи Раёсати умури дохилаи Душанбе ҳоло парвандаи тафтишотии шахси боздоштшуда идома дорад. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти дохилаи Ӯзбекистон бо ирсоли як нома хостааст, то дар муайян кардани ҳуввияти нафари боздоштшуда мусоидат намоянд. 

Каюмарси Ато, Душанбе


Афзоиши мавориди сарпечӣ аз супурдани андоз

29.01.2007
Кумитаи андози Тоҷикистон дар садади ташкили ниҳодест,ки вазифаи аслии он расидагӣ бо мавориди саркашӣ аз супурдани андоз дар кишвар муаррифӣ шудааст. 

Нусратулло Давлатов, муовини аввали райиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як нишасти хабарӣ бо эъломи ин хабар гуфт, ниҳоди мавриди назар қарор аст бо афрод ва хоҷагиҳое кор бигирад,ки аз супоридани андоз сарпечӣ мекунанд.

Ба иттилоъи вай мақомоти андози кишвар дар соли 2006 аз рӯйи иҷрои нақшаи андози ягона ба ҷойи 61 миллион сомонӣ ҳамагӣ тавонистаанд 48 миллион сомонӣ маблағро ба буҷа ворид кунанд. Ба гуфтаи оқои Давлатов бинобар мушкилоти молӣ хоҷагиҳои пахтакор ва сарпечии соийир ниҳодҳо дар пардохти молиёт ҳудуди 20 дарсади нақшаи андози ягона дар кишвар иҷро нагардидаааст: 
«Сабабҳои дигари иҷро нашудани нақша аз рӯйи андози ягона ин табақабандӣ нашудани меъёрҳо аз рӯи навъи заминҳо мебошад. Моро ҳоло вазифадор кардаанд, ки нақшаи буҷаи соли 2007-ро ба маротиб зиёдтар иҷро кунем».

Бино ба иттилоъи Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз чаҳор ҳазор ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ба тахаллуфи муқаррароти марбут ба андозу молиёт даст задаанд. Гуфта мешавад маблағи умумии ҷаримае, ки дар ин робита руёнида шудааст, панҷ миллион сомониро ташкил додааст.
Каюмарси Ато, Душанбе



Рафъи нофаҳмӣ дар қазияи боздошти ҳокими қирғиз

19.01.2007
Шӯрои амнияти Тоҷикистон гунаҳкор будани марзбонони тоҷик дар қазияи боздошти ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистонро рад кард. Ин дар ҳолест,ки бархе аз хабаргузориҳо бо ишора ба ин қазия навишта буданд,ки марзбонони тоҷик ба гуноҳи худ дар ин қазия эътироф кардаанд. 


Акрам Амонов, намояндаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, дар мулоқоти ахири Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти ин кишвар ва ҳамтои қирғизи вай Усмоналӣ Гуронов қазияи Султон Ойҷигитов, ҳокими вилояти Ботканд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Мақоми Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт дар пайи ин мулоқот тарафҳо ба ин хулоса омаданд,ки қазияи пеш омада бар асари адами ҳусни тафоҳум иттифоқ афтодааст. Оқои Амонов гуфт, дар ин қазия тарафҳо якдигарро гунаҳкор надонистаанд ва гузашта аз ин узрхоҳӣ накардаанд: 
«Аллакай вохӯрӣ карданд. Масъала ҳал шудагӣ. Дар ин ҷо камтар нофаҳмӣ сар задааст, тамом. Аллакай ба муросо омаданд. Ҳеҷ гапи дигаре нест».Аммо Юсуф Раҳмонов, раиси додситони низомии Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарии худ аз Султон Ойҷигитов ба унвони гунаҳкори қазия ном бурда буд. 

Султон Ойҷигитов, ҳокими Ботканди Қирғизистон рӯзи сешанбеи 9-уми январ, бо мақсади боздид аз ноҳияи Лайлак, ки дар пайи заминларзаи шаби 8 ба 9 январ осеб дидааст, ба ин ноҳия сафар мекунад. Вале дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби чаҳор марзбони тоҷик нигоҳ дошта мешавад. Қаблан мақомоти марзбонии Қирғизистон ба унвони Раёсати марзбонии Вазорати амнияти Тоҷикистон як номаи расмӣ фиристода, пажӯҳиши ин ҳодисаро тақозо карда буданд.
Каюмарси Ато, Душанбе


Эътирози нобиноён дар назди қасри раиси ҷумҳур

15.01.2007
Субҳи рӯзи душанбе, 15 январ ҳудуди 30 нафар нобиноён дар назди бинои қасри раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нишони эътироз ва шикоят аз мушкилоти худ гирд омаданд. 

Ин афрод, ки аъзои ҷамъияти нобиноёни ноҳияи Ҳисор будаанд, гуфтанд, ки онҳо назди қасри раиси ҷумҳур ҷиҳати эътироз ва шикоят аз мушкилоти иҷтимоии худ, набуди барқ ва беобӣ, бекорӣ ҷамъ омадаанд. 

Бино бар ҳарфи онҳо, дар як шабонарӯз танҳо ду соат барқ доштаанд, ки дар пайи сардӣ ба бемориҳо гирифтор шудаанд. Онҳо гуфтанд, чанде пеш ду нафарашон фавтидааст ва ҳатто барои шустани ҷасадҳо об наёфтаанд.

Афроди гирдомада гуфтанд, дар қасри раиси ҷумҳур ба онҳо гуфтаанд, ки дар рӯзҳои наздик як кумиссиюни вижа таъсис меёбад ва дар пайи ҳалли мушкилоти онҳо хоҳад шуд. 

Каюмарси Ато, Душанбе


"Фарзанди президент будан хубай"

31.10.2006
Каюмарси Ато: Душанбе

Кӣ намехоҳад, падари ӯ райиси ҷумҳури кишваре бошад, ки ҳафт миллион аҳолӣ дорад? Ва кӣ ҷонибдори он нест, ки ҳамешагӣ бо муҳофиз, мошинҳои хориҷӣ гардад ва донишҷӯйи шояд яке аз донишгоҳҳои бонуфузи дунё бошад? Шояд бисёриҳо инро мехоҳанд ва орзу ҳам мекунанд.

Аммо агар аз дунёи орзуҳо бигзарем ва дурусттар бингарем на ҳамаи падарон имкони райиси ҷумҳур шуданро доранд. Вале агар раиси ҷумҳур шаванд, чӣ гуна эҳсос хоҳем дошт, ифтихор хоҳем кард ё чизи дигар. 

Хонум Сафина Ғаффорова - духтари Абдуҳалим Ғаффоров, номзад ба мақоми райиси ҷумҳур мегӯяд, ӯ ҳанӯз духтари президент нест, аммо мехоҳад пас аз пирӯзии падари худ мардуми вомонда ва ҷавононро дастгирӣ кунад: 
"Ман ҳоли духтари президент нашудаам, ин ҳиссиётро надорам ва чизе гуфта наметавонам. Он вақт агар шароити зиндагиам беҳтар шавад, мехоҳам ба ҷавонон ва афроди калонсол кӯмак расонам ва дарди дили ватанам, дарди дили тоҷиконро фаҳмам. Ва кӯшиш кунем, ки кишварамон гулгулшукуфон шавад. Ин тавр не ки падарам президент шаваду мо ба дигар кишварҳо барои таҳсил ва зиндагӣ равем."

Сафина Ғаффорова меафзояд, онҳо дар хонаводаашон ҳафт фарзанд мебошанд. Худи ӯ донишҷӯйи соли чоруми донишкадаи давлатии забонҳо, як бародараш донишҷӯйи донишгоҳи Санкт-Петербурги Русия мебошанд. Сафина мегӯяд, агар падараш раиси ҷумҳур интихоб шавад, эшон ҳамчун фарзандони президент Абдуҳалим Ғаффоров ҳаргиз аз мардум ва ҷомиаи ҷавонон худро канор нахоҳанд гирифт.


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистон нӯҳ фарзанд дорад. Агарчӣ доир ба таҳсилу вазъи зиндагии онҳо сару садоҳо зиёд аст, аммо онҳоро дар ҷамъомадҳо ва хиёбонҳои Душанбе ба сахтӣ метавон дид.

Баъди анҷоми мусоҳиба бо Сафина Ғаффорова дар роҳ аз чанд ҷавони тоҷик суол кардам, ки оё мехоҳанд, фарзанди президент бошанд ва агар мебуданд, чӣ гуна рафтор мекарданд. Бештари ҳамсӯҳбатонам гуфтанд, агар падари онҳо президент мешуд, онҳо дар кишварҳои мутараққии дунё таҳсил мекардаанд.

Яке аз онҳо гуфт: 
"Ман мехоҳам, ки падарам президент бошад, вале ман мехоҳам, ки дар замони президент будани вай бисёртар хонам, чунки ҳозир ягон чиз бепул намешавад. Барои хондан ва рафтан маблағ лозим аст ва агар ин маблағ мешуд, мо барои хондан ба Русия ва Амрико мерафтем, то донишамонро зиёдтар мекардем."

Аксари мусоҳибони ҷавонам ба ин суол, ки писари раиси ҷумҳур будан мехоҳед, бо хушҳолӣ посух медоданд ва посухашон мусбат буд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо нагуфт, ки писари президент будан намехоҳад, балки мехоҳад, ҷавони муборизе бошад, ки битавонад бо саъйи худ, раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон шавад.


Раҳмонов барои ҷавонон чӣ кор карда метавонад?

09.11.2006
Ҳафт соли гузашта ва ҳафт соли оянда. Эмомалӣ Раҳмонов барои ҷавонон чӣ кард ва чӣ метавонад кунад?

КАЮМАРСИ АТО

Эмомалӣ Раҳмонов бо касби ҳудудан 80 дарсади раъйи мардум барои сеюмин бор раиси ҷумҳури кишвар интихоб шуд. Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки Раҳмонов дар ҳафт соли гузаштаи давраи раиси ҷумҳур будани худ барои ҷавонон чӣ коре кардааст ва дар ин ҳафт соли оянда чӣ кореро бояд ба анҷом расонад? 

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши ҷавонони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мушкили аслии ҷавонон дар давраи ҳукмронии Раҳмонов ин будааст, ки ҷавонон ба мансабҳои баланди давлатӣ роҳ наёфтаанд ва мушкили дигар аз назари ӯ заъфи низоми таълиму тарбия дар макотиб ҳисоб меёфтааст. Афзалӣ чунин мегӯяд: 
«Фикри ҷадид ҳам дар сари ҷавонон аст. Аз ин рӯ, мегӯям, барои ҷавонон роҳро зиёдтар кушоянд, то онҳо на фақат дар парлумон, балки дар тамоми вазоратҳо ба таври конкурсӣ рафта кор кунанд».

Дар ҳамин ҳол, ба бовари намояндагони давлат, Эмомалӣ Раҳмонов дар солҳои гузашта барои ҳалли мушкилоти ҷавонони кишвар кори каме накардааст. Масалан, барои таҳсили духтарони деҳот дар мактабҳои олӣ квота ва ё имтиёз ҷорӣ кард ва бархе аз созмонҳои ҷавононро бо кӯмакпулиҳо низ пуштибонӣ намудааст. Аммо Ҳарамгули Қодир, як ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, раиси ҷумҳур ва ҳукумат аксаран чунин имконотро бештар барои ҳаммаҳалҳои худ фароҳам овардаанд: 
«Дар тӯли ҳафт соли гузашта мушоҳида кардем, ки ҷавононро дастгирӣ мекарданд, лекин вобаста ба маҳал. Ин воқеият аст. Сарфи назар аз ин, боз ҳам ҷавонон ба оянда ва сиёсати Раҳмонов бовар карданд. Дар ҳафт соли оянда агар Раҳмонов ба худи ҷавонон такя кунад, хубтар мебуд. Аммо агар идомаи мантиқии сиёсати ҳафт сол пешро боз пеш гирад, ба фикрам ин дастоварде, ки Эмомалӣ Раҳмонов соҳиб шуд, шояд дигарбора насиб нашавад». 

Назир, як ҷавони дигари тоҷик эътимод дорад, ки Раҳмонов наметавонад баъзе аз мушкили ҷавонон, бахусус муҳоҷирати меҳнатии онҳоро ба кишвари Русия ҳал кунад, чун ин мушкил дар чанд соли пеш низ ҳалли худро наёфта буд: 
«Он коре, ки Раҳмонов бояд мекард, натавонист иҷро кунад. Яке аз муҳимтарин масъалаи ҷавононе, ки бояд ҳал мешуд, ҳиҷрати маҷбурӣ ё муҳоҷирати меҳнатии онҳо ба кишварҳои хориҷ буд. Агар ҳамин тавр давом кардан гирад, ягон кор карда наметавонад. Метавонист заминаша барои ҳафт соли оянда мегузошт, ягон кор кардан мумкин буд...» 

Аммо дар ин мавзӯъ назарҳои мусбат ҳам ҳастанд. Муҳиддин Асозода, ҷавоне, ки нав донишгоҳро хатм кардааст, мегӯяд, Раҳмонов дар давраи ҳукуматдории худ тавонистааст, ки мизони ришвахориро дар донишгоҳҳои олии кишвар ба маротиб коҳиш диҳад: 
«Ҷаноби Раҳмонов дар ҳафт соли пеш нисбат ба ҳалли мушкили ҷавонон кӯшишҳои зиёде кардааст. Бахусус, ришваситонии баъзе устодон дар донишгоҳҳои олиро дар суханрониҳои худ ва ҳангоми сӯҳбаташ бо ҷавонон ёдрас шуд. Уме даст, ки ин дард дар ҳафт соли оянда шифои худро меёбад».

Тақрибан ҷавононеро дарёфтан мушкил аст, ки мушкиле надошта бошанд. Аммо аксари онҳо мегӯянд, намедонанд, дар оянда мушкили онҳоро кӣ бояд ҳал кунад: мақомот, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва ё худи онҳо?


Дар Душанбе барфи аввал борид

21.11.2006
Субҳи имрӯз (21 ноябр) дар Душанбе якбора ҳаво сард шуда барфи нахустини зимистони имсола борид. 

Масъулини оҷонсии обу ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтанд, дар натиҷаи ворид шудани ҳавои сард аз ҳудуди Русия ва Сибир дар минтақаҳое, ки 1.000 метр баландтар аз баҳр қарор гирифтаанд, борон ба барф табдил ёфтааст.

Ҷамила Убайдуллоева, масъули обу ҳавосанҷии кишвар ба радиои «Озодӣ» гуфт, то рӯзи 22-юм ҳавои сарди тағйирнаёбанда дар назар будааст. 

Ва аммо бино бар пешгӯии обу ҳавосанҷони тоҷик, имрӯз ҳаво абрнок буда барф меборад ва ҳарорати ҳаво дар ҷануби Тоҷикистон то 2 дараҷа гарм ва дар шимоли он на болотар аз 0 дараҷа хоҳад буд. 

Каюмарси Ато, Душанбе


Ҷопон ба Тоҷикистон экскватор медиҳад

21.11.2006
Сафорати Ҷопон дар Душанбе даҳ қарордоди кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурди ин кишварро ба тасвиб расонид. 

Бино бар иттилоъи сафорати Ҷопон, ҳукумати ин кишвар аз соли 1996 инҷониб ба мардуми Тоҷикистон ба ҳисоби 11 миллиону 778 ҳазору 458 доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт кардааст. 

Инчунин, дар рӯзи имзои ин қарордодҳо ният дорад, бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳукумати Ҷопон ба даҳ шаҳру навоҳии ин кишвар ба маблағи умумии 899 ҳазор 770 доллари амрикоӣ васоити роҳтозакунӣ, аз ҷумлаи булдозер ва экскватор дастрас намояд. 

Каюмарси Ато, Душанбе


Дархости Тоҷикистон барои ёрӣ дар бунёди 71 нерӯгоҳи хурд

22.11.2006
Ҳукумати Тоҷикистон аз созмон ва кишварҳои сармоягузор даъват кард, ки барои бунёди 71 нерӯгоҳи хурд дар минтақаҳои кӯҳии кишвар кӯмаки молӣ расонанд. 

Абдулло Ёров, вазири энерҷии Тоҷикистон аз номи ҳукумати ин кишвар дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ин нуктаро баён дошт. Ӯ ҳамчунин гуфт, камбуди нерӯгоҳҳои хурд водор ба он кардааст, ки тақсими нерӯи барқ дар манотиқи кӯҳистонро боз ҳам маҳдудтар кунанд. Вазири энерҷии Тоҷикистон гуфт, сохтмони нерӯгоҳҳои хурд имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ дар як сол 500 миллион соат киловатт нерӯи барқ истеҳсол кунад. Ба эътимоди ӯ, бо ин нишондод мешавад, кӯҳистони Тоҷикистонро аз бунбасти энерҷӣ раҳо кард. 

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, сармутахассиси Оҷонсии «Тоҷикстандарт» ин кӯшиши Вазорати энерҷиро бепоя хонд. Ба қавли ӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон мехост бо ин роҳ нерӯи барқро зиёда кунад, нерӯгоҳҳои хурди барқие, ки дар вилояти Бадахшон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва навоҳии Рашту Ваҳдат дар ҷануби ҷумҳурӣ фаъоланд, метавонистанд, ин манотиқро аз мушкилӣ раҳо кунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 22-юми ноябр намояндагони ташкилоту созмонҳои байнулмилалӣ ва Дафтари швейтсариёӣ барои ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар конфронси «Усули истифодабарии захираҳои барқӣ барои деҳот» гуфтаанд, ки мувофиқи имконоти худ дар бунёди ин нерӯгоҳҳои хурд саҳмгузор хоҳанд буд.

Каюмарси Ато


Талошҳое барои раҳоии Тоҷикистон аз панҷаи вараҷа

23.11.2006
Бунёди глобалӣ барои панҷ соли оянда дар роҳи мубориза ба бемории сироятшавандаи вараҷа дар Тоҷикистон 5 миллион $ кӯмак кардааст. 

Зиёвуддин Афғонов, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, тӯли нӯҳ моҳи ахир дар кишвар 1090 гирифтори ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Оқои Афғонов афзуд, ки агарчӣ кам шудани теъдоди гирифторони ин беморӣ мушоҳида мешавад, аммо онҳо аз мубориза бо ин беморӣ даст нахоҳанд кашид. 

Мувофиқи омори расмӣ, соли 1997 шумори гирифторони бемории вараҷа 30.000 нафар будааст. Сайфиддин Каримов, раҳбари маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, баробари бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон дар соли 1997 ва баъд аз он теъдоди сироятшудагон афзуда буд, бештари онҳо дар минтақаи наздимарзии вилояти Хатлон ба сар мебурданд.

Ҳамчунин, дар як конфронси серӯзаи «Аз мубориза ба нест кардани вараҷа», ки бо ибтикори Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ сурат гирифт, таъкид шуд, Афғонистон кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон нуқтаи аслии барангезандаи ин беморӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст. Гуфта шуд, ки ҳоло дар Афғонистон беш аз 150 ҳазор гирифторони бемории вараҷа ба сар мебаранд.

Каюмарси Ато, Душанбе


Монеаи асосӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон кадом аст?

28.11.2006
Каюмарси Ато

Райнер Мюллер, сафири Олмон дар Тоҷикистон гуфтааст, ислоҳоти низоми адлия метавонад заминаи амалии таваҷҷӯҳи бештари сармоягузорон ба ҷумҳурӣ бошад.
Волфрам Эберҳард, коршиноси Созмони олмонии ҳамкории техникӣ (GTZ) дар сӯҳбат ба радиёи «Озодӣ» гуфт, барои рушди иқтисоди миллӣ ва сармояи хориҷӣ на танҳо оромии сиёсӣ, балки асоси ҳуқуқӣ низ зарур аст. Ба қавли Эберхард дар ҷумҳурӣ ниҳоди боэътимод барои дифои ҳуқуқи сармоягузорон мавҷуд нест ва ин чиз монеаи асосӣ барои инкишофи сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон мешавад: "Мутаассифона, бояд бигӯям, ки мушкилиҳо дар роҳи сармоягузорӣ хеле зиёданд. Вақте сармоягузор ба кишвари Шумо омаданӣ мешавад, аввалан мехоҳад, ки аз ҷониби ягон созмон пуштибонӣ ёбад. Агар чунин кафолат набошад, сармоягузор умуман кор кардан намехоҳад. Инчунин судяҳо бояд таълими ҳуқуқӣ ва маоши хубе гиранд, ки мустақил бошанд. Фақат инҳо метавонанд то андозае боварии сармоягузонро дар Тоҷикистон ба вуҷуд оваранд»

Аммо дар ҳамин ҳол, Лола Хоҷаева - корманди додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз додгоҳҳои Тоҷикистон мустақиланд ва қонунҳои кишвар имкон медиҳанд, ки сармоягузорони хориҷӣ тиҷорати худро пеш бибаранд. Хонуми Хоҷаева мегӯяд, имрӯз сармоягузорони иронӣ, чинӣ ва туркӣ ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва сармоягузорони куриёӣ ба бунёди корхонаҳои муштарак оғоз кардаанд. Ҳамаи ин далели он мебошад, ки шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар кишвари мо муҳайё аст. 

Лола Хоҷаева: 
«Қонунгузориҳои мо иҷозат медиҳанд, ки тоҷирон ё созмонҳои бузурги молии хориҷӣ дар кишвар сармоягузорӣ кунанд. Онҳо бояд дилпур бошанд, ки масоили баҳсбарангезро додгоҳҳои мустақили Тоҷикистон баррасӣ ва ҳал менамоянд».

Эндо Виал, коршиноси дигари Созмони ҳамкории техникии Олмон гуфт, дар Тоҷикстон қонуни додрасии шаҳрвандӣ - маданӣ мувофиқ ба меъёри ҷаҳонӣ мавҷуд нест. Аз ин рӯ, ба Порлумони Тоҷикистон тарҳи нави кодекси додрасии шаҳрвандӣ - маданӣ пешниҳод шудааст. Маҳмад Раҳимов, вакили Маҷлиси намояндагони кишвар мегӯяд, қабули чунин як қонун қадаме дар роҳи рушди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Гуфта мешавад, набуди асоси ҳуқуқӣ ва кодекси нави додрасии шаҳрвандӣ монеаи охирин барои сармоягузорони хориҷӣ набудааст. Маҳдудиятҳои дигар ба монанди дарёфти имзоҳо аз сӯйи идораҳои зидахл, бюрократия ва ва бақайдгирии соҳибкорони хориҷӣ аз проблемҳои дигари сармоягузорӣ будаанд.Шодибек Қодиров, иқтисоддони тоҷик ҳоло мушкили дигари сармоягузоронро чунин баён мекунад: 
«Дигар монеа, бешубҳа, низоми бавуҷудомадаи ришвахорӣ аст, ки метавонад дар роҳи инкишофи бизнеси хурд ва миёнаи сармоягузорон монеа шавад».

Ба қавли коршиносон ва таҳлилгарони масоили иқтисодӣ яке аз сабабҳои аслии мутавақиф шудани корҳо дар сохтмони муҳими барқи обии Роғун пайдо нашудани сармоя ва бетаваҷҷӯҳии сармоягузорон ҷиҳати рӯйи даст гирифтани ин барнома будааст.Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бо маблағҳои худӣ ин сохтмони азимро бисозад, дар ҳоле ки буҷаи ин кишвар дучори каср ва ҳудуди 64 дар сади мардуми он дар фақр ба сар мебаранд.

30.11.2006
Додситонии шаҳри Исфараи вилояти Суғд тафтиши парвандаи ҷиноии гаравгонгирони қирғизро барои муҳокима ба додгоҳи ин шаҳр равона кардааст. 

Хушнуд Раҳматуллоев, раҳбари маркази матбуотии Кумитаи марзбонӣ мегӯяд, Авазбек Қаратов ва Ҷаннат Исматов, шаҳрвандони Қирғизистон ду сокини ноҳияи Айнии шимоли Тоҷикистонро, ки аз Русия тавассути Бишкек бармегаштанд, гаравгон мегиранд ва куллияи маблағи онҳоро аз худ мекунанд. Ҳамчунин гаравгонгирон аз шаҳрвандони тоҷик иловатан 500 доллари амрикоӣ талаб кардаанд. 

Онҳо барои маблағҳои гирифтаи худ танҳо як гаравгонро озод намуда хостаанд, гаравгони дигариро ба Ботканд бибаранд. Аммо дар сарҳади Тоҷикистон 31 октябри имсол, вақте гаравгони дуввум худро ба марзбонони тоҷик таслим мекунад, афроди гаравгонгир аз тарафи марзбонон боздошт мешаванд.

Каюмарси Ато, Душанбе