! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

Шеърҳо




ЛОИҚ ШЕРАЛӢ -- Ҷ О М И Х А Й Ё М 
Р у б о и ё т


Онон, ки забонӣ офаринам хонанд,
Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд,
Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд,
Чун даргузарам, ба гӯри ман гул монанд.


Ду панҷаи ман ба мӯи ту шона нашуд,
Девонагиям дар ишқ афсона нашуд.
Ду хонаи чашми ман фурӯ рафт ба об,
Ҳайҳот, ки чашми ту ба ман хона нашуд.


Афсӯс ҷавониям, ки бигзашту бирафт,
Чун мурғ ба рӯи бом биншасту бирафт,
Дар ҷӯяи хушкидаи ожанги рухам
Тухми аламу ҳасрату ғам кишту бирафт.


Имшаб, ки ситора з-осмон мерезад,
Истораи бахти дӯстон мерезад.
Ё ин ки зи чашми ошиқ истораи ашк
Бар домани ёри дилситон мерезад.


Хушбахт туӣ, ки дари дил бикшоӣ
Бар дӯсти ҷонбаҷону беҳамтое.
Бадбахт манам, ки нест дар роҳ маро
Як душмани арзандаеву доное...



Онҳо, ки ба ҷоҳу мансабе мағруранд,
Аз илму адаб ҳазор фарсах дуранд.
Мо чашми замонаем гӯянд, вале
Чун нек назар кунем, баъзе кӯранд.


Бо айби гунаҳ савоб сӯзад бешак,
Дар оташи ҷаҳл об сӯзад бешак.
Ин сон, ки пур аст оташи манқалдон
Ҳам сих ва ҳам кабоб сӯзад бешак.

Эрон, ману ту чу пораи об ҷудо,
Монандаи офтобу маҳтоб ҷудо.
Ҳар сӯ ба талоши зиндагӣ ҷорӣ шудем,
Сарчашма як асту мо чу шохоб ҷудо.

Чун узви замин ба ӯ даромехтаам,
Чун мева ба пои нахли худ рехтаам.
Бо шишаи дил шикаста садҳо сандон,
Бо риштаи дил каманд бигсехтаам.

Бечорааму ҳазору як чора кунам,
Дилро паи дилшиносӣ овора кунам,
З-он чӯб, ки аблаҳе тарошад тобут,
Болор ба хона ё ки гаҳвора кунам.

Эй ёр, ғами ту мегудозад ҷонам,
Чун шаршараҳо гиря кунад чашмонам.
З-он пеш, ки зиндагонӣ аз сар монад,
Бигзор, ба рӯи синаат сар монам.

Чун даргузарам, ба мотамам сур кунед,
Аз хотираам машъалаи нур кунед.
Монандаи аскарони қурбонии ҷанг
Дар гӯри умумие маро гӯр кунед.

Ҳар ҷо ки ҳасуд, кинаҷӯи бадхоҳ
Гардад зи дарунсиёҳии худ огоҳ,
Чун дег ба деги дигаре мегӯяд:
Эй дудзада, тамомии рӯт сиёҳ...

Ман қадди туро бо қадам андоза кунам,
Лабҳои туро ба бӯса шероза кунам.
Овози дилам агар ба гӯшат нарасад,
Бо шеъру суруд ишқат овоза кунам.

Ман рӯи туро ба бӯса гулдӯзӣ кунам,
Дар шоми висоли ту худафрӯзӣ кунам.
Як бор агар лаби ту ояд ба лабам,
Сад сол варо насибаву рӯзӣ кунам.

Эй ёр, маро ба дарди танҳоӣ задӣ,
Дар хоб маро бо васли рӯъёӣ задӣ.
Тире ки задӣ бар дили ман, хуш омад,
Баҳ, баҳ! Ту маро ба тири тиллоӣ задӣ!

Эй ёр, махоҳ, то ки ман хор шавам,
Ҳар рӯзу шаби худо ба ту зор шавам.
Боз о, ки фидои ту шавам, то шояд
Дар чорраҳа ҳайкали подор шавам!

Эй дӯст, ба ҳам дил накушудем, дареғ!
Мастона суруде насурудем, дареғ!
Ҳамсояи дар ба дар агарчи будем,
Ҳамсояи дил ба дил набудем, дареғ!

Анбоне зи Рӯдакӣ ба дӯшам дорам,
Таҳҷуръаи Хайём ба сар бардорам.
Чун пайраҳаҳои камбари зодгаҳам
Сар бурда ба пои шоҳраҳ бигзорам.

Аз пайраҳа сӯи шоҳраҳ омадаам,
Аз заҳмати чаҳ ба мулки маҳ омадаам.
Чандон ба ман ихлос ба покӣ мабаред,
Бар мулки савоб аз гунаҳ омадаам.

Имрӯз, ки зиндаам, ҷаҳон моли ман аст,
Ин хок ба зери пой помоли ман аст,
Чун даргузарам, чу ҷои ман холӣ шавад,
Як хол замин сурати аҳволи ман аст.

Аз оташи чӯби хушк тар месӯзад,
Аз оташи ақли тунд сар месӯзад.
Эй ишқ, ту оташе, ки дудат нур аст,
Нурест, к-аз он ҷону ҷигар месӯзад.

Ин умр, ки чун оби равон мегузарад,
Аз раҳгузараш пиру ҷавон мегузарад.
Ҳарчанд ту оҳиста варо сарфа кунӣ,
Пинҳону аёну барқсон мегузарад.

Бар ошиқ агар зи ёр ҷабре ояд,
Аз толеи хеш шикваҳо бинмояд.
Шоир чу ба ихлоси халоиқ насазад,
Аз хомаи хештан биранҷад бояд.

Як умр зи бедоди ҷаҳон дод задам.
То беғаму дард як дами шод задам.
То хуб расам ба орзуи дили хеш
Ҳар орзуе, ки буд, барбод задам.

Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё,
Аз дидаи хуршед шавам нопайдо.
Бо пирии худ ҷаҳон ҷавон хоҳад монд,
Бе будани ман хушк нагардад дарё.

Гар ёд кунад маро дили шайдое,
Гӯед, нишаста гар лаби дарёе,
Бар оби равон бингараду дарёбад,
Ҷорӣ шудани зиндагии дунёӣ.

Дар оташи ишқ хомсӯзам кардӣ,
Монанди қабои хомдӯзам кардӣ.
Бо шаҳдзабонӣ талх кардӣ комам,
Бо чашми сияҳ сиёҳрӯзам кардӣ.

Имрӯз туро пиру ҷавон медонад
Гардун ба сарат ситора меафшонад.
Чун даргузарӣ аз ин ҷаҳон, дасти замон
Девони туро саҳифа мегардонад.

Якумр миёни оташу обам ман,
Аз тобиши ранги умр бетобам ман.
Ноёфтаам накӯтар аз ёфтаҳост,
Хуршедмисол аз паи маҳтобам ман.

Монанди ситора з-осмон бигзаштем,
Аз баҳри ҳама суду зиён бигзаштем.
Ҳар рӯз барои зиндагонӣ мурдем,
Боис шуд аҷал, аз ин ҷаҳон бигзаштем.

Якчанд таронаҳо тараннум кардем,
Бар ҷониби хуршед табассум кардем,
Ҳар қадр сафои умр ҷустем зи даҳр,
Он қадр бақои умрро гум кардем.

Онҳо, ки зи мансаби ду-серӯза хушанд,
Оташ ҳама рӯи кулчаи худ бикашанд.
Ҳарчанд падарвор ҳама ғамхоранд,
Чун хирс ба шӯхӣ баччаи худ бикушанд.

Мо сӯхтагони оташи бедудем,
Аз будани хештан ҳама нобудем.
Фирдавсӣ наем, лек дар аҳди дигар
Озурда зи носипосии Маҳмудем.

Пирони хирад ба ҳар замоне буданд,
Бар миллати хеш тарҷумоне буданд.
Гар ҳикмати халқ ганҷи бесоҳиб буд,
Онҳо ба мисоли посбоне буданд.

Ёрон, ҳазаре зи мастию пастиям,
Аз шахсарию зуъмию бадмастиям.
Он қадр зи бода айши пур ҷустам ман,
То чун хуми май холӣ шуда ҳастиям.

Бе ту дили ман барои ман зиндон аст,
Бе ту сари ман чун ду ҷави арзон аст.
Ман зинда ҳанӯз, лек бе будани ту
Ин хонаи холӣ ҳамчу гӯристон аст.

Бе Рӯдакӣ шеъри мо бурун аз дар шуд,
Даврони ҳадиси форсӣ дигар шуд.
Айнӣ чу гузашт, ҷумла айнӣ карданд,
Ҳайҳот, бубин, ки наългар заргар шуд.

Онҳо, ки асоси қасри олам буданд
Гулдаст, вале ба чашми пурнам буданд.
Афрохта бас манораву кунгураҳо,
Худ содаю хоксору сархам буданд.

Онҳо, ки ба мо дарси шараф ёд диҳанд,
То ваъда ба мо ҷаҳони обод диҳанд.
Хоҳанд зи мо шикастанафсӣ имрӯз,
Чун даргузарем, пас мукофот диҳанд.

Эй дида ҷаҳон, ҷаҳон надидаст туро,
Гул чидӣ, вале гуле начидаст туро.
Ин қадр ба шуҳрати хато шод мабош,
Наққоши замон хато кашидаст туро.

Он, к-ӯ шикам аз музди сухан сер кунад,
Дар гуфтани шеъри вақт таъхир кунад.
Аз баъди қарори маҷлису кунгураҳо
Пайваста ду-се калимаро, шеър кунад.

Дар хилвати рози ошиқон будам ман,
Ҷомеву лабеву комрон будам ман.
Ҳарчанд хамӯшу ноаён будам ман,
Монанди шумо дар ин ҷаҳон будам ман.

Подоши муҳаббатат маломат бошад,
Подоши садоқатат хиёнат бошад.
Мобайни садоқату хиёнат ҷоест –
Он ҷой гузин, дар он саодат бошад.

Чун аз сари нав ҷавони зебо нашавам,
Бефарқ бувад: пир шавам ё нашавам.
Пайдоиши ман барои нопайдоист,
Пайдост дубора ҳеҷ пайдо нашавам.

Якумр ғуломи чокари дил будам,
Дил буд чу рӯду ман чу соҳил будам.
Он қадр ба ҳукми дил чашидам талхӣ
К-аз айшу нишоти умр ғофил будам.

Ин хона барои мову ту сохтаанд,
Бо хуни ҷигар накӯш пардохтаанд.
То мову ту сарфароз бошем зи умр,
Садҳо сари нозанин ҳама бохтаанд.

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ,
Обод кунам, ту боз вайрон созӣ.
Бо ин ҳама бозию фиребу найранг,
Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?

Зар низ чу санг гар фаровон будӣ,
Пас, қимати ӯ зи санг арзон будӣ,
Афзун чу бадон агар накӯён будӣ,
Некиву бадӣ ба қадр яксон будӣ.

Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад,
Аз байни ду соҳили замон мегузарад.
Дарёи ту гар ба сӯи баҳре биравад,
Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад.

Инҳо ҳама аз мансаби худ масруранд,
Дар минбару саҳна – ҳар куҷо манзуранд.
Гар муҳрбадасту ҳокиму пурзӯранд,
Дар пеши ҳақиқат ҳамагон маъзуранд.

Бигзор, ҳама бодапарастам хонанд,
Айёши ҷаҳонфурӯшу мастам хонанд.
Гар бода хурам, зи ман касе боло нест,
Ин кӯрдилон гузор, пастам хонанд.
Онҳо, ки ба нақди шеъри мо пардозанд,
Монанди тапончаҳои беовозанд.
Нашнохта олами дили шоирро,
Аз дур ба шеърҳош тир андозанд.
Чун ганҷ ба зери хок хомӯшам ман,
Аз хотири дӯстон фаромӯшам ман.
Онҳо ҳама дар фаҳм сабукборонанд,
Лекин чу замини борбардӯшам ман.
Ҳамроҳ биҷӯӣ, раҳгузар меёбӣ,
Ҳамдард биҷӯӣ, дарди сар меёбӣ.
Хуш гуфт шабе пири ҷаҳонсанҷида –
Ҳар қадр ки беҳ ҷӯӣ, батар меёбӣ.
Ёрон, ба сари гӯри ман овоз кунед,
Ҷисмам ба замини пок анбоз кунед.
Аз ҷумла хатои ман сабақ омӯзед,
Аз бандагиям зиндагӣ оғоз кунед.
442 Л оиқ Шералӣ
Андӯҳ чу селу шодӣ чун чашмаи нам,
Аз шодӣ намурд кас, вале мурд аз ғам.
Зинҳор ба пои худ наояд шодӣ,
Андӯҳ ба пои хеш ояд ҳар дам.
Онҳо ки зи даҳр суди худ ҷӯёянд,
Шодоб чу беди соҳили дарёянд.
Аммо чу баҳор обҳо мастона
Туғён бикунанд, решакан бинмоянд.
Эй дӯст, ба ёди дӯстон бояд буд,
Қурбони қудуми меҳмон бояд буд.
Чун дастагуле ба пешвози ёрон
Барбаста, ҷудо зи бӯстон бояд буд.
Умр аст дарахту мева шодию ғамаш,
Эй сода, чӣ парво кунӣ бар бешу камаш?
Он сон ки бихоҳӣ, ончунон зиндагӣ кун,
Бар дил набарӣ то ҳама доғу аламаш.
Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад,
Зебо набувад, ҳар он ки марҷон дорад.
Ошиқ набувад, ҳар он ки дар хилвати шаб
Паймонаи май ба ҷои паймон дорад.
Оини ту хештанфурӯзӣ бошад,
Дар оташи ишқ поксӯзӣ бошад.
Хайём, чу абёти ту, эй кош, умрам
Кам бошаду пур зи созу сӯзе бошад.
Он гаҳ ки ба сина шӯришу туғён аст,
Аз шодӣ хурам бода, ки он дармон аст.
Ҷоме, ки ба ёди дӯстон бардорам,
Ширин ба мисоли чеҳраи онон аст.
Дар сабзаи навбаҳор хобам бурдаст,
Савдои гуле сари ҳисобам бурдаст.
Савдои гуле сари ҳисобам чӣ кунад?
Дороию давлати шабобам бурдаст.
Хайём, дилат аз дили мо огоҳ аст,
Ҳар як суханат суруди дарду оҳ аст,
Байти ту дарест боз бар каъбаи дил,
Шеъри ту чу умри одамӣ кӯтоҳ аст.
Хайём, суханҳои ту нотакрор аст,
Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст.
Ҳар кас, ки нахурд ҷоми ту, мастӣ кард,
Ҳар кас, ки бихурд, оқилу ҳушёр аст.
Ҷомеву бутеву ошиқӣ – хуш ҳолест,
Соле, ки гузашт бо хушӣ, хуш солест.
Хайём, ба ҳар замона дар базми хирад
Ҷоми ту пур аст, лек ҷоят холист.
Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст,
Ин ханда нишони дидаи гирён аст.
Ҳар чизи наве, ки ҳозирон ёфтаем,
Гумкардаи рафтагони пурармон аст.
Мо ҳалқаи байни аввалу анҷомем,
Парвардаи асри бисту шири хомем.
Хайём, кӣ гуфт, буда безурёте,
Модом ки мо шаҳписари Хайёмем?!
Эй хок, туро ба ашки худ нам кардем,
То бар сари ту мотами нав кам кардем.
Мо доғи туро ба хуни дилҳо шустем,
То санги туро ҳайкали одам кардем.
Ҳайф аст, агар умр шикоре бошад,
Озод зи дарду доғу оре бошад.
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо
Айб аст, агар қадамшуморӣ бошад.
Чун барқ яке дурахш андар афлок
Бо дидаи оташину андешаи пок.
Монанди уқоб дар само бояд мурд,
Ҳарчанд ки оқибат фурӯ оӣ ба хок.
Ӯ кист ҷавон асту ҷавонӣ накунад?
Бо ҳусни ҷавонӣ дилситонӣ накунад?
Ҳар кӣ зи хушиҳои ҷавонӣ дур аст,
Беҳтар бувадо, ки зиндагонӣ накунад.
Борон чу гирист, гиря бунёд бикун,
Тундар чу фиғон кашид, фарёд бикун.
Ҳар гоҳ ситорае фитад аз гардун,
Эй ёр, ситораи маро ёд бикун.
Дарёст равону соҳилаш бепарвост,
Дарёст барошуфтаю соҳил барҷост.
Дарё чу бихушкид, бимонад соҳил
Ҳамчун ду лабе, ки аз лаби ёр ҷудост.
Ворафта1 дилам, суруди ногуфта дилам,
Шӯридаву жӯлидаву ошуфта дилам.
Дар ҳотаи тирамаҳ шукуфтан хоҳӣ,
Дар адли баҳори хеш нашкуфта дилам.
1. Ворафта – танбал, коҳил.
Куллиёти ашъор 443
Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман.
Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.
Ёрон, чу сари қадаҳ ба ишрат оед,
Ёде зи мани сӯхтадил бинмоед.
Ман ток наям, ки тирамаҳ гӯр кунед,
Чун фасли баҳор даррасад, бикшоед.
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.
Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.
Зангӯлаи гоҳвораю гиряи тифл
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ?
Вақт аст, сари минбари озоди сухан
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ!
Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест,
Ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
Ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,
Ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.
Ҳар қадр шавад пир, ҷавон аст одам,
Як боркаше баҳри замон аст одам.
Ӯ рӯи замину рӯи ӯ гардунҳост,
Гӯё ки замину осмон аст одам.
Ин хок мисоли модарон мегиряд,
Дар мотами хокхуфтагон мегиряд,
Ҳар роҳ, ки нақши бад гузоранд бар ӯ,
Дар зери қудуми нокасон мегиряд.
То ҷоми диле ба дасти ёре нашикаст,
Армони диле зи дӯстдорӣ нашикаст.
Ҳарчанд ки зиндагӣ гулоби талх аст,
Бисёр чашидему хуморе нашикаст.
Дилро ба қумоши ишқ савдо кардам,
Дар синаи гарми шавқ маъво кардам,
То он ки дар ин ҷаҳон биёбам ҷое,
Худро зи ҷаҳони хеш пайдо кардам.
Онҳо, ки ба қасди моҳ шабтоб шуданд,
Маҳтоб чу рух намуд, ноёб шуданд.
Як лаҳза ба саҳни зиндагӣ дод зада,
Чун одами барфӣ дарзамон об шуданд.
Он кас, ки диле наҷуст, кай дил шиканад?
Бадбӯй гуле касе зи гулбун наканад.
Дар роҳ намонад он, ки худ роҳӣ набуд,
Он кас, ки раҳе наҷуст, раҳгум назанад.
Онон, ки ниҳоди поку имон доранд,
Чун шуъла забони оташафшон доранд,
Аз одами шабкӯр надоранд гила,
Аммо гилаҳо зи рӯзкӯрон доранд.
Май рез, ки ҳолиён суруд андозанд,
Аз пастии мастӣ сар ба арш афрозанд.
Ту ҷом наӣ, ки андар ин базми ҳаёт
Чун холӣ шавӣ, зи нав лаболаб созанд.
То тоза шавему тозабунёд шавем,
Бо оташи ишқи пок ҳамзод шавем.
То он ки шавем аз ғуломӣ озод,
Бояд зи ғуломии худ озод шавем.
Он лаб, ки зи чашмони сиёҳат бӯсид,
Аз бӯсагаҳи рӯи чу моҳат бӯсид,
Баъди ту нахоҳад аз ҷаҳон рӯю лабе,
Бе рӯю лаби ту хок хоҳад бӯсид.
Онҳо, ки ба мисли чӯби зарандуданд,
Берун чу тилою аз дарун беҳуданд.
Аз баҳри фиреби чашм рахшанд даме,
Оташ бинамоянд, валекин дуданд.
Гирдоби ҳаёт гирудорам дорад,
Саргаштагиҳои бешуморам дорад.
Гоҳе ба мисоли қарзхоҳони хасис
Аз гардани ман чу қарздорам дорад.
Ҳамқисмати ҳар суру азо бояд буд,
Дар ғамкадаҳо тарабфизо бояд буд.
Берун зи ғазою беҷазо будан чист?
Он беҳ, ки ҳамеша дар ғазо бояд буд!
Онҳо, ки барои нафси худ бехобанд,
Маҳтобшабон чу кирмаки шабтобанд.
Ғофил зи хурӯшу шӯриши дарёҳо
Дар соҳили рӯд чоҳи обе кобанд.
444 Л оиқ Шералӣ
Хушбахт касе, ки ном бар ном орад,
Дар иди Ватан ҷону дил инъом орад.
Монандаи кӯлвори қосид ҳар субҳ
Холӣ шаваду ба халқ пайғом орад.
Дар чархи куҳан бахти нав эҷод кунед,
Ин хоки куҳанро ба навӣ шод кунед.
Номе ба харита нест аз деҳаи ман,
Ёрон, зи суруди ман варо ёд кунед.
То чархи фалак хаёли мо афзун рафт,
Бисёр зи дида ашку аз дил хун рафт.
Нашкаста пари Дедалу Икар зинҳор
Варна ба суи фалак Гагарин чун рафт?!
Фархунда касе, ки пардаи дил бидарад,
Бар пардаи чашми гулнигоҳе нигарад.
Пешобағали дамида чун субҳеро
Ҳар кас ки надид, хоби маргаш бибарад.
Чун коғази солхурда афсурда шудем,
Бишкуфта ба бахти халқ, пажмурда шудем.
Якчанд чу санги осиё чарх задем,
То мардумӣ нон хуранд, мо хурда шудем.
Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман,
Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман.
Сар пои сутуни ростӣ буда маро,
Созед сутуни хонае хомаи ман!
Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ,
Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ.
Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз,
Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.
Дардову шигифто, аҷали масхарабоз
Фарқияти мурдагон намебинад соз,
Сад зиндадиле бимираду хок шавад,
Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.
Имрӯз, ки зиндагонӣ дар хидмати мост,
Бар гардани мост, ҳар чӣ неку бади мост.
Нӯшед ба базми косагардонии умр
Имрӯз, ки коса косаи навбати мост.
Ин умр, ки дар паноҳи худ мегузарад,
Бо айби худу гуноҳи худ мегузарад.
Аз бом фитад яке, яке аз гардун,
Ҳар кас зи ҷаҳон ба роҳи худ мегузарад.
Ман соҳиламу роҳбари дарёям,
Хомӯш, вале шоҳиди тӯфонҳоям.
Аз он ки ба ман рӯд диҳад бӯсаи сард,
Шодоб, валек ташнаю танҳоям.
Ҳар гул, ки шукуфад, лаби хандидаи мост,
Ҳар чашма, ки ҷӯшад, дили болидаи мост.
Ҳар барги хазон, ки тирамаҳ мерезад,
Аз камҳавасиҳо гули ночидаи мост.
Барвақтӣ будем ё ки дерӣ будем,
Дар базми ҳаёт чашмсере будем.
Аз хурдани шири хом пухтем чунон,
К-аз боми фалак ситорагире будем.
То зинда будем, зиндагонӣ кардем,
Бар қасди аҷал ҳама ҷавонӣ кардем.
З-он пеш, ки аз давраи даврон биравем,
Як давр задему даврронӣ кардем.
Дар вақти ҷавониям ҷавонӣ кардам,
Бар домани ёр дилфишонӣ кардам.
Афтодам агар, фитодам аз дори баланд,
Бо номи баланд зиндагонӣ кардам.
Гар дард барад, дарди замонат бибарад,
Гар об барад, оби калонат бибарад,
Дар ҳавзаи хушкида чӣ заврақ ронӣ,
Бигзор, ки тӯфони ҷаҳонат бибарад.
Дар синаи ман мақбараи ҷовидон,
Дар дафтари ман лавҳи мазорест ниҳон:
Бар хотираи ҳама ҷавонмардоне
Ҷӯ кандаю худ нахурда як қатра аз он.
Дунё ба мисоли бори ноҳанҷор аст,
Вазнаш ҳама бар дӯши каси пурбор аст.
Аз калла манорасозӣ осон дар он,
Аз ақл манора сохтан душвор аст.
Мероси азизи мурдагонем ҳама,
Аз умр ба умр нардбонем ҳама.
Дар хони замин барои нони хуршед
Ёрони азиз, меҳмонем ҳама.
То чашм задем, офтоб омаду рафт,
Як рӯзи ҳаёт мисли хоб омаду рафт.
Шогирд ба дарси устодаш гӯӣ
Бедафтару хомаю китоб омаду рафт.
Куллиёти ашъор 445
Ёдат зи дилам дар ин шаби тор гузашт,
Ҷонам ба хаёлат аз таҳи дор гузашт.
Аммо чӣ кунам, зи ишқ ношукрии мо
Бисёр гузашту кор аз кор гузашт.
Беқадр бувад, ҳар он чӣ доим пайдост,
Боқадр намояд, он чӣ тухми анқост.
Бадрӯй намояд, он ки бо мост мудом,
Хушрӯй намояд, он ки дур аз бари мост.
Гарде ҳама аз гардиши гардун хурдем,
Дар ишқ ғами Лайлию Маҷнун хурдем.
Аз синаи модарон ҳама шири сафед,
Аз синаи таърих ҳама хун хурдем.
Як пораи санг бас шарарҳо зояд,
Як зарра худ инқилоби дунё зояд.
Таърих, зи баҳри он, ки раҳгум назанад,
Чун модари кӯр тифли бино зояд.
Чандон нахурам бода, ки гардам беёд,
Наъра накашам, ки зиндагӣ доду надод.
Нанг аст ба мастӣ шуҳра гаштан, аммо
Ҳар кас, ки чу Хайём хурад, нӯшаш бод!
Бо оби ҷабин кунем таъмири замин,
Бо ақл раво кунем тадбири замин.
Дар рӯи замин пой ниҳодан саҳл аст,
Ё тири замин шавем, ё зери замин!
Рӯзу шаби рӯзгори пуршӯр гузашт,
Аз пеши назар гузашт, аз дур гузашт.
Бисёр давидам аз паяш чун ошиқ,
Ӯ лек чу як духтари мағрур гузашт.
Хиште нашудам, ки қаср бунёд кунанд,
Рӯде нашудам, ки боғ обод кунанд.
Як байт шудам, ки вақти мастӣ хонанд,
Аз мастии шоиронаам ёд кунанд.
Дар ҷодаи умр тӯшаи роҳгузар
Бошад ба кафи ду даст ҷону дилу сар.
Гар кӯр ба раҳ фитод, бархезад боз,
Бино чу фитод, барнахезад дигар.
Имрӯз, ки ҳастем, диле вола кунем,
Дил ҳадя ба ёри шонздаҳсола кунем.
Чун оқибати кор бимирад хуршед,
Аз мурдани хештан чаро нола кунем?!
Гаҳвораи хок, нуҳ фалак зодаи туст,
Кайҳонсипарӣ маърифати додаи туст.
Ҳар марди фалакситону ахтаргире
Омӯхта раҳсипорӣ дар ҷодаи туст.
Дар пайраҳи покӯфтае раҳ сипарӣ,
Ҳам об зи ҷӯи кандаи мо бихурӣ.
Ин сон, ки туӣ шоири хушкидадимоғ,
Як барг зи «Бӯстон»-и Саъдӣ набарӣ...
Дар чеҳраи мо доғи ҷунун меафтад,
Дар пардаи поки чашм хун меафтад.
Истораи мо дар осмон доим нест,
Як рӯз ба хок сарнагун меафтад.
Аз роҳи замин роҳи фалакҳо кобем,
Аз пастии хок арши аъло ёбем.
Дигар натавон нишаст побанди замин,
Шаҳрем, ки дар харитаи Маҳтобем.
Магзор замин ба одамӣ гӯр шавад,
Лабҳои баҳамрасидагон дур шавад.
Дар оташи ҷанг гармие нест, вале
Чашмони ҳама зи дуди он кӯр шавад.
Рафтию ғами ту мегудозад охир,
Дунё чу мане намешиносад охир.
Хоҳам, ки суруд хонам, овозам нест,
Якдаста рубоб чун навозад охир?!
Оне, ки ба қатли мо паи кин бошад,
Якумр таҳи жолаи нафрин бошад.
Онҳо, ки ба батни модарон мемиранд,
Аз ҷаҳлу ҷаҳолати кадомин бошад?!
Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст,
Ин бофтаи сарони бефарҳанг аст.
Дунё зи барои дӯстиҳост фарох,
Аммо зи барои душманиҳо танг аст.
Кори ҳама кас баробари ҳиммати ӯст,
Умри ҳама кас нишонаи қимати ӯст.
Даҳчанди қад аст ҳайкалу мақбара, лек
Қабри ҳама кас баробари қомати ӯст.
Чун рӯд барои хеш раҳ бикшоям,
Чун роҳ ба пои раҳравон сар соям.
Чун дашт ба рӯи каф гузорам дили хеш,
Чун хок гуноҳи ҳамаро бахшоям.
446 Л оиқ Шералӣ
Ҳар кӯҳ ба мисли ҳайкали подорест,
Куҳсори диёр ҳамчу ҳайкалзорест
Ҳар санги навиштааст як лавҳи мазор,
Ҳар қулла ба ҳайкале чу подеворест.
Дар қасри ҳаёт санги бунёдам ман,
Як кӯдаки хушноми ҷаҳонзодам ман.
Таърих ба пуштораи ман сарборӣ,
Фарзанди тамоми одамизодам ман!
Омӯхта ҳам лағжаду н-омӯхта ҳам,
Андӯхта ҳам ноладу н-андӯхта ҳам.
Ин зиндагӣ сар ба сар чу сӯзишгоҳест,
Дилсӯхта ҳам ноладу пулсӯхта ҳам.
Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,
Сӯзед, ки олам бишавад нуронӣ.
Бар як худи хуршед гарон аст охир,
Бар олами беканор нурафшонӣ...
Ҳар гоҳ, ки дар роҳ қадам бишморӣ,
Мекӯш ба рӯи роҳ дил бигзорӣ.
Хушбахтии одамӣ на оби дарёст,
То кӯза ба сар равӣ, зи дарё орӣ.
Дар базми хаёл сар ба дастам то субҳ,
Шаббони ҷаҳони хуфта ҳастам то субҳ.
Рӯ ҷониби роҳи бозгашти хуршед
Ҳамчун гули хуршедпарастам то субҳ...
Хоҳам ба ҳама роҳравон роҳи сафед,
Хоҳам ба ҳама шомравон субҳи умед.
Хоҳам, ки ҳама барои дунё бошанд
Чун сабза миёнҷии замину хуршед.
Эй рӯд, лаби ту чун лаби ёр, эй рӯд,
Шодоб, вале ташнаи дидор, эй рӯд.
Он оби гузашта боз н-ояд, ки диҳад
Як бӯсаи обдори такрор, эй рӯд.
Оваҳ, чи шабе, шаби баҳорон имшаб,
Болои сарам ситоразорон имшаб.
Бар чеҳраи гул, то нарасад озоре
Нармак резад гулнами борон имшаб.
Варзоб хушу ҳавои Варзоб хуш аст,
Ҳар дил зи дили дигар хурад об, хуш аст.
Варзоб, ки ҳар гияҳ дар он варзад ишқ,
Бо бодаи нобу ёри ноёб хуш аст.
Имшаб чӣ шабе, шаби ҳинобандон аст,
Лабҳои ақиқи ӯ таҳи дандон аст.
Ҳайратзадаи таомули аҷдодӣ,
Гирён дилакаш, вале лабаш хандон аст.
Имрӯз ба мисли меҳмон зуд бирафт,
Аз умри абад даре набикшуд, бирафт.
Дар коми уфуқ бирафт хуршед фурӯ,
Ин оташи пуршарор чун дуд бирафт.
Куҳҳо ба мисоли одамони боор
Дар посгаҳи замин ҳамеша бедор.
Гарданшаху собитқадаму сар ба фалак,
Гӯӣ ки ситодаанд андар таҳи дор...
Эй дӯст, ману ту бастаи дарди худем,
З-омад-шудани ҳамдигар огаҳ нашудем.
Ҳамсоядилӣ куҷову ҳамсоядарӣ?
Ҳамсоя будему лек бесоя будем.
Ин субҳи баҳор чун дили болида,
Хуршед ба мисли чеҳраи хандида.
Ҳар сабза – хати сабзи ҷавони ошиқ,
Ҳар ғунча – лаби ҳанӯз нобӯсида.
Эй чашма, ту аз дили замин меоӣ,
Бар ҳоҷати ташнагон яқин меоӣ.
Ин сон ки туӣ чу ашки мо полуда,
Ё аз дили марди раҳмгин меоӣ?
Ман тоҷи ҷаҳонаму вале бетоҷам,
Дарёдиламу ба чашмаҳо муҳтоҷам.
Умрам ба шитоб ҳамчу дарё ҷорист,
Ман соҳиламу силихури амвоҷам.
Фархунда касе, ки ёр бо ёр шавад,
Аз хоби саҳар ба бӯса бедор шавад.
Овезад агар, ба зулфи ёр овезад,
Гар ҳалқаи зулф ҳалқаи дор шавад.
Ин одамиён агарчи аз ҳам дуранд,
Дар расму адаб ба ҳамдигар ноҷӯранд,
Ноне бихуранд ҷумла аз як гандум,
Сармаст ҳама зи оби як ангуранд.
Ман кӯи муроди ҷумла раҳдуронам.
Дар кӯрараҳон асокаши кӯронам.
Ҳар гоҳ ба хок мурдае биспоранд,
Ман дар дили хештан варо гӯронам.
Куллиёти ашъор 447
Уммеди беҳӣ зи умр дорам ҳама умр,
Ман ҳосили неку бад шуморам ҳама умр.
Дар роҳи арӯси орзу чун домод
Гулдаста ба даст интизорам ҳама умр.
Бар пирии навҷавон биё, гиря кунем,
Бар кӯрии ошиқон биё, гиря кунем.
Бар мотами мурдагон чӣ суд аз гиря?
Бар ғуссаи зиндагон биё, гиря кунем.
Ободгари ҷаҳони вайрон моем.
Дунёӣ1 чӣ лозим аст, худ дунёем!
Бегона наем, гарчи дурем ба дил,
Фарзанди ҳамон як Одаму Ҳаввоем.
Баъд аз сари ман ҷаҳон чӣ сон хоҳад буд?
Баъд аз сари ман ҷаҳон ҳамон хоҳад буд.
Чашмони ҳазини ман зи ҳар мисраи ман
Бар чашми накӯён нигарон хоҳад буд.
Ман бода хурам, пеши рухи сода хурам,
Бо дилбари симсоқи озода хурам.
Чун зиндагӣ сар ба сар фиреб асту ғиром,
Ман ҷои фиреби зиндагӣ бода хурам.
Дарёдиламу ташналабе пайдо нест,
Шуд об дилам, зи соҳиле парво нест.
Эй ёр, наоӣ кӯза дар сар бари об,
Як рӯз биёӣ, ки дигар дарё нест.
Дарё, дарё! Чу ман шитобон дарё,
Ҳамчун дили ман ҷамъу парешон дарё.
Чун ошиқи гапношунави савдоӣ
Аз хонаи хештан гурезон дарё...
Эй Шарқ, ту ибтидои хатту қаламӣ,
Дарвозаи офтоби зарриналамӣ.
Албурз! Ту ё қойимаи Фирдавсӣ,
Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ.
Эй кӯҳ, барои санги ту ҷон додем,
Садҳо сари нозанин ба қурбон додем.
Аз баҳри ту, эй замини меросии Шарқ,
Мо умри азизи худ гаравгон додем.
Таърих ба ҷустуҷӯй то раҳ омӯхт,
Сад нахли қаде буриду гулхан афрӯхт.
Дар оташи кӯрдуди соли сиюҳафт
Донед магар, китоби Айнӣ ҳам сӯхт?!
1. Дунёӣ – дороӣ, ганҷ.
Дарё, дарё! Ту мисли моӣ, дарё!
Бо модари хеш бевафоӣ, дарё!
Худ зодаи чашмаю гурезон аз ӯ,
Худ зодаи кӯҳу з-ӯ ҷудоӣ, дарё!
Бар кӯи мурод чун барам роҳамро,
Бори дилу сарбории ҳамроҳамро?
Охир ба чӣ ҷодуӣ баробар созам
Ғамҳои дарозу умри кӯтоҳамро?!
Ҳар субҳ зи нав ман ба ҷаҳон меоям,
Навошиқу навхату ҷавон меоям.
Ҳар шаб зи ҷаҳон чу одаме даргузарад,
Ман субҳ чу ҷойгири он меоям.
Он қадр шитоб мекунад ин дили ман,
Гӯӣ ки ҳама ҷаҳон бувад маътали ман.
Он қадр чу бод беқарорӣ дорад,
Гӯӣ ки ба бод меравад ҳосили ман.
Ман боз ба роҳ мебароям имрӯз,
Дарвозаи субҳ мекушоям имрӯз.
Аз баҳри ҳазор соли баъди сари худ
Қутби раҳи умр менамоям имрӯз.
Ҳар кас, ки ба нисбате забардаст шавад,
Аз шуҳрати мо шуҳрати ӯ ҳаст шавад.
Ҳар қадр баландтар барояд хуршед,
Он қадр аз ӯ сояи мо паст шавад.
Дарё маталаб, ки оби дарё шӯр аст,
Ошиқ маталаб, ки чашми ошиқ кӯр аст.
Шамъе, ки турост, беҳтар аз сад хуршед,
В-он ёри хунукрӯй беҳ аз сад ҳур аст.
Маъюс машав, баҳор меояд боз,
Бар шохаи гул ҳазор меояд боз.
Гар умри гузашта бори дигар н-ояд,
З-ӯ ёди висоли ёр меояд боз.
Андар кафи дастам осмон мегунҷад,
Дар синаи ман баҳри дамон мегунҷад.
Аммо зи ҷаҳон сер наям ман, ҳарчанд
Дар косаи чашми ман ҷаҳон мегунҷад.
Ҳарчанд ҷаҳонгиру батадбирам ман,
Дар гӯр ба худ чизе намегирам ман.
Ҳарчанд ки сечаҳори дунё об аст,
Рӯзе ба азоб ташна мемирам ман.
448 Л оиқ Шералӣ
Девори ҷаҳон аз дили одам будаст,
Фарбеҳшуда хок аз гили одам будаст.
Ҳар ҷой, ки раҳ ба сӯи қабристон аст,
Як вақт раҳи манзили одам будаст.
Майдони ҳаёт саҳнаи бозӣ нест,
Ҷовид аз ӯ каси сарафрозе нест.
Фирдавсӣ агарчи зиндаи ҷовид аст,
Он қадр зи «Шоҳнома»-аш розӣ нест.
Донам, ки ҷаҳон номи маро кам ҷӯяд,
Нақши қадамам зи рӯи раҳҳо шӯяд.
Аммо зи қалам қаламчае хоҳам сохт,
То бар сари гӯри ман дарахте рӯяд.
Гар мурдани мо оқибати тақдир аст,
Барбастани рахт аз ин ҷаҳони пир аст.
Гар сер надида зиндагиро, биравем,
Шодем, ки зиндагонӣ аз мо сер аст.
Бас рӯз гузашту рӯзгорам бигузашт,
Бас шом гузашту қадри ёрам бигузашт.
Гуфтам, ки дилам ҳаме ҷавон хоҳад буд,
То мижжа ба ҳам задам, баҳорам бигузашт.
Якчанд дар ин ҷаҳон ҷавон бояд буд,
Як байт суруди ҷовидон бояд буд.
Як умр агар ҷаҳон ҷавонӣ надиҳад,
Як умр ҷавонии ҷаҳон бояд буд.
Дар зиндагӣ сӯхтан – нишони ман буд,
Урдугаҳи шоирӣ – ҷаҳони ман буд.
Ҳар чиз, ки ёфтам, рабуданд аз ман,
Ҳар чиз наёфтам, аз они ман буд.
Девонаву мастиву хуморӣ, эй дил,
Осуда маро намегузорӣ, эй дил.
Кӯбӣ дари синаро чу дасти ёре,
Ё соати умри ман шуморӣ, эй дил!?
Фарёд, авони файзу нурам рафтаст,
Айёми ҷавонию ғурурам рафтаст.
Шуд чоштгаҳу ғуруб дорад дар пай,
Хуршеди сабоҳи носабурам рафтаст.
Тақдири бадам зи толеи равшани туст,
Гар рӯз надидаам, зи нодидани туст.
Поям ба лаби гӯр расад ҳам рӯзе,
Дасти мани дилкашол бар домани туст.
Дарёи равони кӯҳсорам, эй гул,
Аз кӯҳ ба дашт раҳсипорам, эй гул,
Ҳоло, ки маро канори серобе ҳаст,
Як бор бирӯй дар канорам, эй гул.
Парвози баланд шоҳпар мехоҳад,
Ҷавлонгаҳи шоирӣ ҳунар мехоҳад.
Лайлии сухан на ёфаву лофу газоф,
Маҷнундиливу шӯру шарар мехоҳад.
То мулки сухан вақти расидан дер аст,
Каҷкӯли гадост табъи ман, носер аст.
Он рӯз, ки байте нанигорад дастам,
Чун шохи шикастаи дарахти пир аст.
Роҳе, ки маро ба кӯи мақсуд барад,
Аз байни ҳазор оташу дуд барад,
Ишқе, ки марост, ё расонад ба мурод,
Ё колбадам ба рӯи тобут барад.
Эй кӯҳи баланд – қомати кишвари ман,
Дилзиндаю сарсафед чун модари ман.
Ман мегузарам, ту ҷовидон хоҳӣ буд,
Ояд ба сарат чӣ рӯз баъди сари ман?!
Дар фасли хазон қадри баҳорон гузарад,
Аз баъди вафот қадри ёрон гузарад.
Рӯзе, ки ба ёри номувофиқ бирасем,
Қадри ҳама ҷабри дӯстдорон гузарад.
З-ин дашти дароз корвон мегузарад,
Бар дӯш ҳама суду зиён мегузарад,
Ҳарчанд ҳама аз ин ҷаҳон мегузарад,
Бадбахт касе, ки бенишон мегузарад.
Дар кӯраи пургудоз хомӣ, эй дил,
Сарчашмаи назму бенизомӣ, эй дил,
Аз карда пушаймону зи нокарда малул,
Якумр тамоми нотамомӣ, эй дил.
З-ин роҳи нишеб то куҷо хоҳам рафт?
Як рӯз зи даҳр норизо хоҳам рафт.
Ҳарчанд ба нисбате расидам ба мурод,
Аз кӯи мурод норасо хоҳам рафт.
Ҳоло ки баҳорам нагузаштаст, биё,
Ҳоло ки хуморам нашикастаст, биё.
Ҳоло ки ба ёди рӯи хуршедвашат
Хуршеди ҳаётам нанишастаст, биё!
Куллиёти ашъор 449
Боғе, ки нахурда об, монад бебар,
Чӯбе, ки насӯхт, худ нагардад ахгар,
Шеъре, ки зи сӯзу шарари дил холист,
Тифлест, ки мурда зода бошад модар.
Гумроҳ чу раҳ ёфту шуд худ сарвар,
Ёде накунад зи панди раҳбар ба сафар.
Хуршедпараст чун пазад, бар хуршед
Рӯ н-овараду саҷда насозад дигар.
Гумкардаи кӯр ёфти биноест,
Бероҳии гумроҳ раҳи доноест.
Бинӣ чу дурусттар, ба ҳар давру замон
Дар нисбати дигарон яке мавлоест.
Чун даргузарам, рӯҳи маро шод бикун,
Номам ба забон биёру фарёд бикун.
Ҳар гоҳ, ки ҷоми май фитод аз дастат,
Аз ҷоми шикастаи дилам ёд бикун.
Дардо, аламо, ки оқибат мемирам,
Беҳуда бувад пеши аҷал тадбирам,
Доруи намурдан аст мурдан хушном,
Ман қасди аҷалро зи амал мегирам!
Имрӯз туро қасри забарҷад созанд,
Таъриф кунанд, аз ту Муҳаммад созанд.
Чун даргузарему гӯрҳамсоя шавем,
Қабри ману ту баробари қад созанд.
З-ин олами рафтуо паиҳам биравем,
Аз шодӣ гаҳеву гоҳ аз ғам биравем.
Пеш ор шароби арғувон, то аввал
Аз худ биравем, пас зи олам биравем!
То чанд ту ганҷи бостон меҷӯӣ?
Истораи нав аз осмон меҷӯӣ?
Ман ахтари тобонаму ту бебасарӣ
Чун даргузарам, маро чӣ сон меҷӯӣ?
Онҳо, ки надоранд сару мағзи тамом,
Гиранд ҳама ҳалоли моро ба ҳаром.
Онҳо, ки ба кори нек кӯтаҳдастанд,
Бар туҳмати мо забондарозанд мудом.
Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман,
Аз зиндагӣ қасди хеш мегирам ман.
Ҳар чиз ки дорам, ҳама афканда бар об,
Чун об ба ҳоли хеш мегирям ман.
Якчанд дар ин ҷаҳон зи худ пайдо шав,
Бар ҳусну ҷамоли зиндагӣ шайдо шав.
Сино нашавӣ, ҳиммати синоӣ кун,
Маҷнун нашавӣ, дилшудаи Лайло шав.
Дар даҳр яке моҳу яке чоҳ шавад,
Гумроҳ якеву дигаре роҳ шавад.
Ҳар фард дар ин ҷаҳон мақоме дорад,
Якчашма ба шаҳри кӯрҳо шоҳ шавад.
То дил нашикаст, орзуе нашикаст,
То холӣ зи май нашуд, сабӯе нашикаст,
То об нахурд ташна аз рӯди равон,
Лабташнагияш зи оби рӯе нашикаст.
Ҳар кас ба ҷаҳон вазифадор омадааст,
Ё баҳри вазифа интизор омадааст.
Гӯё ҳамаро ба рӯи раҳ модар зод,
Зеро ҳама кас ба чашми чор омадааст.
Имрӯз туӣ ба табъи айём писанд,
Гӯӣ ту савораю замон аспи саманд.
Хони ту зи нону хони ман пур аз ҷон,
Ту боми баланд дорӣ, ман номи баланд.
Афсонаи ман ба кӯю бозоре нест,
Парвонаи ман ба шамъи рухсоре нест.
Як ёр маро ба ғайри ман дӯст надошт,
Ҷуз ман зи барои ман вафодоре нест.
Ҷуз модари ман ба ман касе ном надод,
Ҷуз меҳнати ман ба ман касе ком надод.
Оромии ман ҳама зи беоромист,
Оромӣ ба ман як нафас ором надод.
Бар ростравон низ хатар меояд,
Бар нафърасон низ зарар меояд.
Гаҳ-гоҳ ба некӣ носипос аст ҳаёт,
Бар гардани хам низ табар меояд.
Гар бори дигар ҷавонӣ оғоз кунам,
Пинҳон биравам ба кӯят, овоз кунам.
Ёбам дили ту аз дили шаб то сари субҳ,
Чашми саҳаре зи чашми ту боз кунам.
Онҳо ки ба макри ишқ ёрат шумаранд,
Махмур ба чашми пурхуморат нигаранд,
Мағрур машав, ки меҳрубонони дурушт
Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд.
450 Л оиқ Шералӣ
Дар олами савту шеъру пандам зоданд,
Монанди манора сарбаландам зоданд.
Аммо ба ҳама шахсарию лоқайдӣ
Чун кӯҳ ба хок пойбандам зоданд.
Бигзор ҷаҳон ҷои далерон бошад,
Хони ҳама одамон пур аз нон бошад.
Дар ишқ бигӯ, ки дарди ҳиҷрон бошад,
Дар шеър бигӯ, ки шӯру исён бошад!
Онҳо, ки ба худбаҳоӣ афсона шуданд,
Девон нанавишта, зуд девона шуданд.
Аввал зи ҳавас азми раҳи маҳ карданд,
Охир ба чароғи мурда парвона шуданд.
Обат бидиҳанд, то ки обат бибаранд,
Шабхуш бикунанд, лек хобат бибаранд.
Он қадр гаҳе роҳнамоят бошанд,
То аз сари об бар саробат бибаранд.
Мардум ҳама аз гумони худ метарсанд,
Аз душмани ноаёни худ метарсанд.
Гӯянд ба бехи гӯш: каҷ дору марез,
Пайдост ҳама зи ҷони худ метарсанд.
Дар дафтари ман хуни дилам хоҳад монд,
Дар хоки Ватан мушти гилам хоҳад монд.
Дар чашми ҳама аҳли назар сурати ман,
Дар чашми ман акси қотилам хоҳад монд.
Шӯрида дилам талошгаҳ мехоҳад,
Пои ҳунарам азоби раҳ мехоҳад.
Дастам гули хуршед биҷӯяд аз хок,
Парвонаи ман чароғи Маҳ мехоҳад.
Кӯрӣ ту ба айби хешу бинои касӣ,
Гул баҳри худӣ, барои кас хору хасӣ.
З-одам шудаӣ, валек одам нашавӣ,
З-одам шудаӣ, вале ба одам нарасӣ.
Эй ёр, биёву хонаободам кун,
Чун мисраи шеъри Рӯдакӣ ёдам кун.
Имрӯз зи баски охирин суғдиям,
Пайванд ба даҳр силки аҷдодам кун.
Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,
Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон!
Ман мисли китоби куҳнаву фарсуда,
Гӯёи хамӯшу будаи нобуда,
Ҳар кас, ки бихонд, ҷилди ман нав созад,
Ҳар кас, ки нахонд, хонадам беҳуда.
Ёрон, ёрон, маро агар медонед,
Аз дур фақат ба як назар медонед.
Донисти шумо ҳама гумон асту хато,
Зеро ки маро чу раҳгузар медонед.
Фарёди туро ба гӯш мегирам ман,
Бар қисмати ту хамӯш мегирям ман.
Чун будаам асбоби сияҳбахтии ту,
Бори гунаҳам ба дӯш мемирам ман.
Дар лаҳзаи талх ид мебояд кард,
Шодию фараҳ падид мебояд кард.
Бо бахти сафед то ки ҳамранг шавӣ,
Бас мӯи сияҳ сафед мебояд кард.
Эй ашк, ту сарчашмаи мақсудам шав,
Эй нола, паёми рӯзи беҳбудам шав,
Эй хома, асои фасли пириям бош,
Эй шеър, ту зангӯлаи тобутам шав!
Якпаҳлуяму худсараму бебокам,
Густохаму бериёяму шаккокам.
Чун тахти баланди кӯҳ бетахтам ман,
Бемансабу бениёз мисли хокам.
Аз об баромадӣ, танат ларзон аст,
Ҳар қатраи об дар танат марҷон аст.
Он пайкари туст, ё паи таъбире
Хобе, ки ба об гуфта бошам, он аст?
Он фасл чи фасли шӯру исёне буд,
Дил ҳамчу танӯри оташафшоне буд.
Ҷуз бӯсаи фасли шонздаҳсолагият,
Дигар ҳама ҳар чӣ буд, нодонӣ буд.
То чанд фиғон кашидаву оҳ кунем?
Гоҳе гила аз пою гаҳ аз роҳ кунем?
Ин умр, ки худ ба таври худ кӯтоҳ аст,
Аз кӯтаҳие чарош кӯтоҳ кунем?
Шӯрида дилам майли сарафрозӣ кард,
Азме қаламам ба шеърпардозӣ кард.
Аммо чӣ қадар ки ман забон омухтам,
Он қадр забон бо сари ман бозӣ кард.
Куллиёти ашъор 451
Ноҷӯрии оламе зи ноҷӯрии мост,
Ҳар роҳ ки дур бошад, аз дурии мост.
Ҳар ганҷ ки дар кӯҳ ниҳон аст ҳанӯз,
Аз кӯҳ маҷӯ айб, ки аз кӯрии мост.
Моем на аз қабилаи раҳгузарон,
Моем на аз тоифаи беҳунарон.
Дар навбати худ қалам ба даст омадаем,
Тасҳеҳ кунем то хатои падарон.
Умри гузарон хоҳӣ-нахоҳӣ, гузарад,
Магзор варо, ба рӯсиёҳӣ гузарад.
Бар подшаҳон ҳасад мабар, эй сода,
То ҳар нафасат ба подшоҳӣ гузарад.
Бе мову ту даҳр номукаммал будаст,
Муҳтоҷ ба мо ҷаҳони маътал будаст.
Ҳар кас зи хатои умр тарсад, ӯро
Худ зода шудан хатои аввал будаст.
Ёрон, ба сари мазори ман нола кунед,
Бар мотами рӯзгори ман нола кунед.
Бар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд?
Бар мурдани ёдгори ман нола кунед.
Ҳар кас паи нафси хештан кор кунад,
Боз ор басе гӯяду бозор кунад.
Дар даҳр касе наёфтам, к-аз раҳи ақл
Аз беҳунарии хеш иқрор кунад.
Моро зи барои бахти олам зоданд,
Бар захми замона мисли марҳам зоданд.
Аввал зи барои меҳнату ғам зоданд,
Охир зи барои айши як дам зоданд.
Ин модари даҳр оқилон кам зояд,
Ҳар лаҳза шумори нокасон афзояд.
Аз ҷумлаи Фирдавсӣ кам ояд ба ҷаҳон,
Аз ҷумлаи Маҳмуд ҳазорон ояд.
Ошиқ ҳама кас, валек Маҷнун яктост,
Олам ҳама сангзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми баҳру қулзум шӯр аст,
Як чашмаи кӯҳсори мо беҳ з-онҳост.
Шеъре, ки зи мағзи дилу ҷон мегӯям,
Оё паи умри ҷовидон мегӯям?
Деҳқон на паи умри абад кишт кунад,
Ман ҳам сухане чу деҳқон мегӯям.
Афзун бувад аз савоби ман тақсирам,
Ҳам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Ҳарчанд ки майли ман ҳама бар некист,
Дар байни гуноҳҳо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроҳа,
Хушбахтам аз он ки будаам ҳодии хеш.
Бас дурру гуҳар дар дили дарёи ман аст,
Бас нури саҳар дар дили шабҳои ман аст.
То ҳар сухани ман аз паи дилёбист,
Ҷамъияти дилҳо дили танҳои ман аст.
Аз худ биравед, то ба олам бирасед,
Аз худ гузаред, то ба одам бирасед.
Ҳар хандаи баъди гиря кони садаф аст,
Эй бедардон, ба қимати ғам бирасед.
Аз ор ва ё зи кор мемирам ман,
Бар ҳоҷати рӯзгор мемирам ман.
Чун аскари гумном паи ҳифзи Ватан
Беҳайкалу бемазор мемирам ман.
Ҷоми дили ман зи дасти ёрон бишикаст,
Паймонаи ман дар раҳи паймон бишикаст,
Бар дӯстиҳои дӯстон бовари ман
Душвор ба даст омаду осон бишикаст.
Аз ёр ҷудо шудему танҳо мурдем,
Савдозада гаштему зи савдо мурдем.
Чун кӯзаи мо зи санги соҳил бишикаст,
Мо ташнаҷигар дар лаби дарё мурдем.
Моем гаҳе муборизи майхона,
Паймон бикунем дар сари паймона.
Чун хамри шабона бигзарад аз сари мо,
Фардо нигарӣ, ҳама зи ҳам бегона.
Дар фасли баҳор ё зимистон мурдем,
Ё вақти хазони тирамоҳон мурдем.
Ё баҳри ҳаёт ҳар нафас чун ошиқ
Ҷон додаву ҷон додаву беҷон мурдем.
Аз хок шудему хоксорӣ кардем,
Аз санг шудему бурдборӣ кардем.
Аз шеъри Аҷам шудем номӣ ба ҷаҳон,
Бо пири Аҷам бодагусорӣ кардем.
452 Л оиқ Шералӣ
Онҳо, ки зи умр нони осон хурданд,
Дар лаҳзаи вопасин пушаймон мурданд.
То низ ба зери хок доро бошанд,
Симу зари худ ба хок пинҳон карданд.
Бедордилам зи толеъи хуфтаи хеш,
Хурсандтарам зи шеъри ногуфтаи хеш,
Гар фош шавад касе зи бикшодани роз,
Ман фош шавам зи рози бинҳуфтаи хеш.
Аз бозии кӯдакон хушам меояд,
Аз хандаи беғамон хушам меояд.
Чун ҷуфти кабӯтаре бубинам дар бом
Ҳамлонаю ҳамзабон, хушам меояд.
Гар ёр ба мо назар надорад, чӣ кунем?
Хокистари мо шарар надорад, чӣ кунем?
Мо бандаи ёру ӯ ба мо сардор аст,
Сардор валек сар надорад, чӣ кунем?
Дарёи равонаму наям сарвари хеш,
Аз санг ба санг мезанам ман сари хеш.
То боз расам ба қадри роҳомӯзон,
То ёд кунам зи силии модари хеш.
Мо хасми амониву сафоро бикушем,
Бадхоҳи таронаву наворо бикушем.
Моем бар он, ки мурдаро зинда кунем,
Аммо на бар он, ки зиндаҳоро бикушем.
Бунёди ҷаҳон ҳама зи бунёди ман аст,
Ободии даҳр аз тани ободи ман аст.
Ҳар гоҳ, ки шеъри оташин ғамро сӯхт,
Донед, навиштаҳои аҷдоди ман аст.
Дар синаи ман диле ҳақиқатхоҳ аст,
Аз дарди тамоми мурдагон огоҳ аст.
Андар дили ман гузаштагон зинда шаванд,
Саҳни дили ман ту гӯӣ маҳшаргоҳ аст
Монанди замин шебу фарозе дорам,
Аз пастии хеш сарфарозӣ дорам.
Аз коғази нонавиштаи пок чу дил
Оинаи хештанбисозе дорам.
Эй бехабар аз шукӯҳи доғи дили мо
Наздик биё даври чароғи дили мо.
То талхии зиндагӣ гуворо ёбӣ,
Як ҷуръа бинӯш аз аёғи дили мо.
Ёрони ҷавониям, куҷоед, куҷо?
Ин қадр зи ҳам дур чароед, чаро?
Аввал ҳама ҷамъ мисли дарё будем,
Имрӯз чу шохоба ҷудоед, ҷудо.
Ҳамбистари ёру ёри дигар дорем,
Аз бӯи дигар димоғ хуштар дорем.
Аз дарди фишори умр дар синаи мо
Дил нест, вале умеди дилбар дорем.
Имрӯз ба хок мурдае биспурдем,
Гӯӣ ки дар он дақиқа мо ҳам мурдем.
Як санг ниҳода бар сари марқади ӯ,
Некиву бадии хешро бишмурдем.
Гӯянд агар, суханфурӯшӣ гӯем,
Сим аст сухан, тило – хамӯшӣ гӯем,
Аммо сухане, ки бояд аз минбар гуфт,
Дар ҳолати мастӣ бехгӯшӣ гӯем.
Ҳар кас, ки на хештаншиносе бошад,
Бо модари хеш носипосе бошад.
Имрӯзаи мост зодаи дирӯза,
Субҳонаи мо зи нони посӣ бошад.
Дунё ба мисоли ёри бадпаймон аст,
Дилдода зи доғи ҳаҷри ӯ бирён аст.
Доғе, ки ба рӯи Моҳ мебинӣ, чист?
Маҷмӯаи доғи синаи мардон аст.
Дарёи дилам бурун зи соҳил рафтаст,
Ёре, ки зи дида рафт, аз дил рафтаст,
Умре, ки бирафт дар суроғи раҳи умр,
Оё ба кадом роҳу манзил рафтаст?!
Умрам ба ҳазор кӯю барзан бигузашт,
Бо тирашабону рӯзи равшан бигузашт.
Аз дасти дилам умри сарам кӯтаҳ шуд,
Аз ман бигузашт, ҳар чӣ бар ман бигузашт.
Домоду арӯс ҷон ба ҷонанд имшаб,
Дар даҳр фақат ду кас ҷавонанд имшаб.
Гар зиндагӣ қасди дурии онҳо дошт,
Аз зиндагӣ қасди худ ситонанд имшаб.
Ҳар роҳ барои дидани дунёест,
Ҳар чашм даре ба олами зебоест.
Ҳар субҳи нав аст рӯнамои хуршед,
Ҳар рӯз дари кушодаи фардоест.
Куллиёти ашъор 453
Дунё, ки ҳазор ҳилаву сӯз кунад,
Моро ба фиреб дастомӯз кунад.
Гар кӯзаи пуштро кунад гӯр дуруст,
Ӯ қомати сарви ҳамаро кӯз кунад.
Гар марди ҳунар писанди даврон гардад,
Омоҷи ҳасуду кинадорон гардад.
Шохе ки пур аз бор бувад, ё шиканад,
Ё хомталоши раҳгузорон гардад.
Онҳо, ки фақат гирди сари хум гаштанд,
Жӯлида ба хок, радди мардум гаштанд.
Он умр, ки гум шудаст дар мастиҳо,
Он қадр биҷустанд, ки худ гум гаштанд.
Ман омадаам паи ҷаҳонафрӯзӣ,
Аммо накунад ҷаҳон ба ман дилсӯзӣ.
Ман сабзаи парвардаи хуршедам, лек
Хуршед маро боз бисӯзад рӯзе.
Ин дам, ки насиби мост, дар фардо нест,
Ин дам гузарон, валек фардо шуданист.
Чун об ба ҳар ҷӯй набояд рафтан,
Боре ба муроди хештан бояд зист!
Ман дар дили дӯстон баҳор овардам,
Ман дар дили ошиқон хумор овардам.
Аз гумшудагони ишқ дар дашти фироқ
Пайғому дуруду ёдгор овардам.
Аз кӯчаи мо арӯсу домод гузашт,
Ду ошиқи дар ҳаёт навшод гузашт.
Дар оина ожанги ҷабин бишмурдам,
Айёми ҷавонии ман аз ёд гузашт.
Сабзинанигор, хотамат хоҳам буд,
Ҳамқисмати ҳар бешу камат хоҳам буд.
Донам, ки ҳамеша дӯстам хоҳӣ дошт,
Як боркаши бори ғамат хоҳам буд.
Ман шебу фарози роҳҳоро чӣ кунам?
Бе дарди ту солу моҳҳоро чӣ кунам?
Бе дарди ту шеърҳои ман бедарданд,
Бе сӯзу гудоз оҳҳоро чӣ кунам?
Бар дарди дилам дарди диле дармон аст,
Ҳар мушкили ман зи мушкиле осон аст.
Ҳар кас зи ҳаёт умри осон хоҳад,
Ҳам зиндаю ҳам мурдаи ӯ яксон аст.
Ёрони ҷавониям ҳама пир шуданд,
Аз дорумадори зиндагӣ сер шуданд.
Дил бохта, дарди дил гирифтанд зи умр,
Аз ҷумла хатои худ батадбир шуданд.
То гум нашавӣ, касе наҷӯяд номат,
То дур набошӣ, нарасад пайғомат.
Таърих ҳамеша пухтакор аст чунон,
К-оғози туро биҷӯяд аз анҷомат.
Дарёи пуроб шӯру тӯфон дорад,
Ҳар марди пурифтихор исён дорад.
Ҷоҳил зи ҳасад даруни худро бихурад,
Оқил зи хирад фарохмайдон дорад.
Аз баҳри ниёзу дард зоданд маро,
Дар рӯи ғубору гард зоданд маро.
Бадбахтам аз он, ки нестам фарзона,
Хушбахтам аз он, ки мард зоданд маро.
То ҷони ман аз муҳаббатат осояд,
Умри дигару ҷони дигар мебояд.
Ман домани ту ба даст орам рӯзе,
Гар домани осмон ба дастам ояд.
Умрам ба алам зи остони ту гузашт,
Чун мурғ зи боми ошёни ту гузашт,
Гӯянд агар, гузашт Лоиқ зи ҷаҳон,
Мапсанду бидон, ки аз ҷаҳони ту гузашт.
З-ин хок, ки шоирон сар афроштаанд,
Дар мазрааҳо тухми сухан коштаанд.
Ман коми дили хеш ситонам аз шеър,
Чун коми маро ба шеър бардоштаанд.
Ёди ту кунам, хазони ман сабз шавад
Бому дари ошёни ман сабз шавад.
Чун нахли қади ту аз хаёлам гузарад,
Сад нахли умеди ҷони ман сабз шавад.
Он рӯз мабод, шоире пир шавад,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шавад.
Ҷӯед чу маъдан аз дили ӯ сухане,
Рӯзе бирасад, ки ҷустанаш дер шавад.
Ҳарчанд зи дард рӯзу шаб месӯзӣ,
Аз шуълаи оҳ сина меафрӯзӣ,
Аз ҷумлаи рафтагону бозомадагон
Хушрӯзтарӣ, ошиқи меҳнатрӯзӣ!
454 Л оиқ Шералӣ
Эй рӯд, асири соҳилу маҷроӣ,
Занҷир гусаста, роҳ мепаймоӣ.
Ҳарчанд ҳазор чашма оғози туанд,
Дар рӯи замин мусофири танҳоӣ.
То чанд баланд мепарӣ, эй нокас,
Ҷурми ҳамагон мешумарӣ, эй нокас.
Худро бифурӯхтӣ, харидор намонд,
Моро чу фурӯшӣ, чӣ харӣ, эй нокас?
Ҳар ғам, ки куҳан шудаст, мо нав кардем,
Бар лахчаи мурда тоза партав кардем.
Дил аз паси ту давиду мо аз паси дил,
Якумр пасопеш даводав кардем.
Хандида чу навбаҳор мебояд мурд,
Гирйиста чу обшор мебояд мурд.
Ҳам бо ғами рӯзгор мебояд зист,
Ҳам бо ғами рӯзгор мебояд мурд.
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Якчанд ҷавони шӯху саркаш бошем,
Савдозадаи ишқи париваш бошем.
Гӯянд, ки мушти хок монад з-оташ,
То хок шавем, бояд оташ бошем!
Дилро ба ғами ту накушодам, афсӯс,
Ҷонро ба кафи ту наниҳодам, афсӯс.
Чун умр яке ба дасти ман омадӣ, лек
Чун умр туро зи даст додам, афсӯс.
Наврӯз расид, ёри дирӯзии ман,
Як бор биё барои дилсӯзии ман.
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман.
Бо бонги сагон, шукр, қаландар нашудем,
Ҳангоси харон шунидаву хар нашудем.
Будем зи баски ғарқа дар хуни ҷигар,
Об аз сари мо гузашту мо тар нашудем.
Ман маст шудам, маст шудам, маст шудам,
Дар дасти касе набуда аз даст шудам.
Будам зи ҳазор қуллаи кӯҳ баланд,
Аз қулла яке фитодаму паст шудам.
Модар, модар, чаро чунин зодӣ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додӣ маро.
Аз синаи гарми хеш берун кардӣ,
Дар синаи сарди хок бинҳодӣ маро.
То чашми ту дилфиреб бошад, бошам.
То ҳусни туам насиб бошад, бошам.
Дар арсаи даъвои талабгоронат
Лак дар лак агар рақиб бошад, бошам.
Онро, ки қазо расид, гармо бикушад,
Онро, ки аҷал кашид, сармо бикушад.
Аз ишқи ту ҳар кӣ мурд, монад ҷовид,
Он кист, ки бо ишқи ту моро бикушад?
То мижжа ба ҳам задам, ҷавонӣ бигузашт,
Фасли гулу бори зиндагонӣ бигузашт.
Гуфтам бикашам бори ҷаҳонро, афсӯс,
Умрам паи тобуткашонӣ бигузашт.
Эй он, ки маро ба кӯю барзан бинӣ,
Айбу гунаҳам ҳазор хирман бинӣ.
Бо дидаи таҳқиқ ба худ ҳам бинигар,
Дар худ бинӣ, ҳар он чӣ дар ман бинӣ.
Ҳар сӯ нигарам, кӯҳ бувад анбозам,
Ҳар ҷо биравам, кӯҳ бувад дамсозам.
Аз пой дарандохтанам гар хоҳанд,
Бар гардани кӯҳ даст меандозам.
Дар мурдани одамӣ ҳазорон сабаб аст:
Гаҳ сактаи қалбу гоҳ ранҷу тааб аст.
Аммо зи барои соҳиби чашмаву рӯд
Дар саргаҳи об ташна мурдан аҷаб аст...
Аз хоки Нишопур садо ояд боз,
Фарёди дил аз ҳар ду саро ояд боз;
Эй хаймаи осмон, дусадпора шавӣ!
Хайём ба хаймааш куҷо ояд боз?
Бартар бувад аз ҷаҳон ҷаҳони Хайём,
Мофавқи замон бувад замони Хайём.
Ин хайманишинони ҷаҳони хокӣ
Як хайма надӯзанд ба сони Хайём.
Аз гардиши айём ба каф ҷом бимир,
Ором намир, бо дилором бимир.
Хоҳӣ, ки ба гӯри ту нишинад хуршед,
Дар партави офтоби Хайём бимир.
Куллиёти ашъор 455
Бар Хайраи Хайём гузар кардам боз,
Бар чеҳраи айём назар кардам боз.
Дидам, ки ҷаҳон шикастатар аз дӯш аст,
Сад тавба шикаста, бода сар кардам боз.
Шаҳре, ки дар ӯст ҳайкали Фирдавсӣ1
Ку Рустами Зол – он яли Фирдавсӣ?
Дар синаи аҳли бепулу бенонаш
Афсӯс, ки мурда машъали Фирдавсӣ.
Имсол чи хушксоли фарҳанг омад,
Ожанг ба рӯи аҳли аржанг омад.
Мову қаламу дафтари мо хуни дилем,
Аз аҳли қалам буданамон нанг омад.
Аз хонаи мо ҷалоли моро бурданд,
Аз шонаи мо маҷоли моро бурданд.
Дигар ба умеди бори фардо чӣ шавем?
Аз конаи2 мо ниҳоли моро бурданд.
Додем ҳазорсолаҳо қурбонӣ
Ҷонҳо зи барои Ватани армонӣ.
Дарё-дарё бирехт хуни тоҷик,
Эй чарх, магар зи хуни мо гардонӣ?
Ин зодаи кӯҳҳо куҷо якдилаанд?
Ҳар як ба сари хеш ҷудо як галаанд.
Сурат нигаред, ҳамчу як пораи кӯҳ,
Сират нигаред, куҳбуди куҳбалаанд...
Ман мондаму остони наздики аҷал,
Ман мондаму достони поёни амал.
Бидруд, ҷаҳони пур зи дастону ҳиял,
Бидруд, ҷаҳони пур зи ҷанҷолу мағал!
Мо аз табу тоби дил рубоб овардем,
Аз синаи сӯхта кабоб овардем.
Ту хурдӣ шаробу кардӣ сад хона хароб,
Мо аз маи ноб байти ноб овардем.
Мо аз хати ожанг шабоб овардем,
Мо аз хати панҷа фатҳи боб овардем.
Ту панҷа ба пешонӣ задию мурдӣ,
Мо аз хати пешонӣ китоб овардем.
1. Манзур муҷассамаи Фирдавсӣ дар Душанбе аст.
2. Кона – чолае, ки дар он ниҳол менишонанд. Аз китоби
дуктур Ҳусайни Ваҳидӣ «Аспи сафеди Хуршед».
Эй дӯст, биё, то ба фалак дод занем,
Аз дод чӣ ҳаз, сари харонро шиканем.
Дӣ дузд ба дузди дигаре гуфт: биё,
Кишвар бизанему кишвар обод кунем...
Чашмат ҳама шаб ба ёди мансаб нағунуд,
Дасти ту ба ғайр аз дари мансаб накушуд.
Рӯзе ки бимирӣ ба чунин ҳирс, яқин
Дар гӯр раиси гӯрҳо хоҳӣ буд...
Гаҳ бода, гаҳе чакида, гаҳ банг задӣ,
Дар рӯи замин ба осмон ҳанг задӣ.
То ҳарзагии туро набинад аҳаде,
Бар шишаи чашми ахтарон санг задӣ.
Моле ки ту дорӣ, пеши раҳзан чӣ бувад?
Фанне ки ту дорӣ, пеши пурфан чӣ бувад?
Он ҷой ки хонаи худоро бизананд,
Дуздидани хонаи тую ман чӣ бувад?
Дар хеш бимурдаам, магӯ пир шудам,
Дилдорӣ мадеҳ, зи хеш дилгир шудам.
Ҳар рӯзи худо оши худоӣ? Эй халқ,
Аз оши худоӣ, бахудо, сер шудам!
Эй хокшинос, хоки моро бишинос,
Ё синаи чок-чоки моро бишинос.
Ҳар гоҳ бигирӣ мушти хоке аз хок,
Як оҳ кашу ҳалоки моро бишинос.
Ҳарчанд зиёда ҷонфидоӣ кардем,
Дар чанги замона ҳамсадоӣ кардем,
Бар маскани зиндагию бар мадфани тан
Дар кишвари худ замингадоӣ кардем.
Ин сон, ки туӣ шикаставу хору зарир,
Гар хода шавад вазир, ҳукмаш бипазир.
Дар кишвари пур зи кӯр гумраҳ бигузар,
Дар кишвари офтоб яхбаста бимир.
Бар олами хориҷат раҳе ку, ғофил?
Роҳи дигарат ку ба ҷаҳони дохил?
Ҳам роҳи рафоҳ байни тоҷикон нест,
Ҳам роҳи фарох нест мобайни ду дил.
Ин умр ғанимат нашумурдӣ, рафтӣ,
Пур хурдӣ ва ё ҳеҷ нахурдӣ, рафтӣ.
Дар матни замона ҳеҷ ҷоят ки набуд,
Дар ҳошияи замона мурдӣ, рафтӣ.
456 Л оиқ Шералӣ
Фахридани мо зи ҳиммати хеш хуш аст,
Нозидани мо зи давлати хеш хуш аст.
Худсӯзӣ барои иллати хеш хатост,
Ҷонбозӣ барои миллати хеш хуш аст.
Ман омадаам, ки хешро оғозам,
Гаҳ сӯзаму гаҳ созаму гаҳ бигдозам.
Ман омадаам, ки ҷони бечораи хеш
Дар бозии маргу зиндагӣ дарбозам.
Ман масту гаронҷонаму з-ин боке нест,
Чун ҳастии ман қобили идроке нест.
Нопокии ман пок нагардад, зеро
Дар домани хок домани поке нест.
Хомӯш набудаам, агар хомӯшам,
Фарёди ҳама халқ расад бар гӯшам.
Он деги ғамам, ки худ ба худ меҷӯшам,
Хуни дили худ ба ҷои май менӯшам.
Як рӯз зи дасти ғам сияҳпӯшам ман,
Рӯзи дигар аз шодӣ қадаҳнӯшам ман.
Рӯзе ки на ғам монаду на шодии умр,
Аз хотири ду ҷаҳон фаромӯшам ман.
Ман бандаи он дамам, ки ҳолам ҳолест,
Пеши сари ман сари ҷаҳон мисқолест.
Пур буд ҷаҳон, то дили ман ҳам пур буд,
Холист ҷаҳон, чун дили ман ҳам холист.
Ман омадаам, табли зафар бинвозам,
Бар кӯру карон шӯр диҳад овозам.
Ту омадаӣ, коҳи куҳан бод кунӣ,
Ман омадаам, кохи сухан афрозам.
Дар олами фонӣ алами худ дидам,
Аз бешу камаш бешу ками худ дидам,
Гардидаму гардидаму гардидам, лек
Дар ҳар қадами худ адами худ дидам.
Онон, ки дам аз муҳаббати пок заданд,
Чоки дигарам бар дили садчок заданд.
То пур шавад аз хок ду чашми сари ман,
Дар зиндагӣ пур ба чашми ман хок заданд.
Ман қудрати дардро намедонистам,
Поёни набардро намедонистам,
Аз сӯзиши ишқ то дилам об нашуд,
Гирйистани мардро намедонистам.
Эй чарх, ба сони худ сарам чархондӣ,
Ҳар вом, ки додӣ, оқибат бистондӣ.
Аввал ту маро тоҷи сари худ хондӣ,
Охир ту маро ба хоки тар биншондӣ.
Рӯзе ки туро аз ин ҷаҳон бирбоянд,
Дар зери замин туро даре бикшоянд.
Ҳарчанд ки даъвои ту беш аз ман буд,
Аз умри ту як рӯз ба ман н-афзоянд.
Ман бо ту ҳама тӯшаи раҳ паймудам,
Ман бо ту бисоти ҷону дил фарсудам.
Донӣ, ки чӣ рӯз шод будам аз хеш?
Рӯзе, ки ғами ту хурда, шодон будам!1
Эй рӯи ту рӯи ишқ, бар ман рӯ кун,
Оҳунигаҳо, маро ту беоҳу2 кун.
То хонаи гӯр рафтанам, бар хона-т
Як бори дигар ишорати абрӯ кун.
Эй ёр, биё, ки хона холӣ бе туст,
Тақдири дилам заифнолӣ бе туст.
Ҳарчанд ки паршикастаат хондам гоҳ,
Боз о, ки маро бепаруболӣ бе туст.
Шаҳболи ту боли хастаи мо чӣ кунад?
Гулзори ту хордастаи мо чӣ кунад?
Бо ҳафт қалам чу хешро ороӣ,
Ин як қалами шикастаи мо чӣ кунад?
Моем, ки аз замона дилгир шудем,
Тақдир чунон кард, ки тасхир шудем.
Кардем такодави замонгирӣ, лек
Бо ақли замонгир замингир шудем.
Ман мондаму як дили пур аз дарду алам,
Ман мондаму як коғазу як неши қалам.
Ман бо қаламу қалам ба ман мегӯем:
Эй вой танам, вой сарам, вой дилам!
Боло биталаб, бирав зи худ болотар,
Мавло бошӣ, боз бишав мавлотар.
Гар обшарику ноншарикем, хуш аст,
Номусшарик агар бувем, авлотар!
1. Гумон мекунам ин мисраъ таворуд аз пешиниён аст,
аммо ёдам нест, ки аз кист. (Гӯянда).
2. Оҳу – гуноҳ, беоҳу – бегуноҳ.
Куллиёти ашъор 457
Фарде чу ба қайди дарду иллат бошад,
Ташхису муояна чӣ заҳмат бошад?
Аммо чӣ тавон кард дар ин фоҷиагоҳ
Бемор агар тамоми миллат бошад?
Ин моми ҷаҳон қобилаи марги ман аст,
Ҳар фасл яқин фосилаи марги ман аст.
Ҳар ҳолаи маҳ ҳоли табоҳам бошад,
Ҳар зилзилае силсилаи марги ман аст.
Бо абри гузар ҳамеша ёд ор маро,
Бо марги шарар ҳамеша ёд ор маро.
З-он пас, ки маро ба хоки тар бигзоранд,
Бо дидаи тар ҳамеша ёд ор маро.
Имрӯз, ки аз бодапарастон бошам,
Дилбохтаи қадаҳбадастон бошам.
Безор зи ҳушёрияму мехоҳам
Дар гӯр ҳам андар бари мастон бошам.
Рӯзе, ки кунанд аз ҷаҳон нобудам,
Ҷунбон-ҷунбон баранд дар тобутам,
Тобут чу гунг асту насоям1 бикашад,
Боре ту бигӯ, ки як замон ман будам!
Бар хоки сияҳ задӣ ҳама ваҳми маро,
Кардӣ ту адо дили адофаҳми маро.
Ман роҳ намудамат, ту раҳзан гаштӣ,
Ман раҳми туро хурдаму ту саҳми маро.
Дидӣ ҳамарову бебасар хоҳӣ рафт,
Бас сӯхтаиву бешарар хоҳӣ рафт,
Дар рӯи замин бод ба даст омадаӣ,
Аз рӯи замин хок ба сар хоҳӣ рафт.
Бо ним рамақ умри абад натвон кард,
Бо ҳеҷ ҳисоби беадад натвон кард.
Ҷону дилу дину нангу номуси халқ
Дар давлати бемор садад2 натвон кард.
Аз даҳр ба дил малол рафтем, афсӯс,
Бо дарду ғами муҳол рафтем, афсӯс.
Дил бурдаву дил хурдаву хунинҷигарон
Дилмондаву дилкашол рафтем афсӯс.
Онҳо, ки гирифтори маю ҷом шуданд,
Коми дили хеш ҷуста, ноком шуданд.
Аз бодаи хом ҳеҷ кас пухта нашуд,
Аз бодаи хом пухтагон хом шуданд.
1. Насо – наъш, колбад.
2. Садад – росту дуруст (бо ҳарфи син).
Аз ҳанги ту оҳанги сухан авлотар,
Аз ранги ту авранги сухан авлотар.
Ин бетарафии мо миёни ду ҷиноҳ
Аз бешарафии чанд тан авлотар.
Ғам дар дили ман қофила дар қофила аст,
Тӯфон ҷое, ҷои дигар зилзила аст.
Бар хонаи хештан чу натвонам рафт,
Аз хонаи дигарон чӣ ҷои гила аст?
Имрӯз забони мо забун афтодаст,
Гулдаста ба дасти марди дун афтодаст.
Сад қарн агар манора то гардун буд,
Жӯлида ба хок сарнагун афтодаст.
Ҳарчанд ки то фалак сар афрохтаем,
Дар рӯи замин бод ба каф тохтаем.
Фарҳангу тамаддуни қадими худро
Нашнохтаем ё ки дарбохтаем.
Дар аввали умр коғази пок будем,
Дар охири умр гарчи ғамнок будем,
Дар рӯи замин барои сарсабзии ӯ
То хок шудем, берун аз хок будем.
Андар назарам шеъру сухан мемирад,
Аҳли дилу дида бекафан мемирад.
Фарёди ман аз мурдани ину он нест,
Фарёд, ки фардои Ватан мемирад.
Дардо, аламо, ки хилқатамро куштанд,
Аслам, насабам, ҷибиллатамро куштанд.
Фарёд на з-он, ки мову ту кушта шудем,
Фарёд аз он, ки миллатамро куштанд.
Гӯӣ ҳамагон оқилу донишмандем,
Некӯ нигарӣ, бекасу бепайвандем.
Мурғони ҳаво ба ҳоли мо мегирянд,
Мо лек ба ҳоли ҳамдигар механдем.
Мехост дилам суруди миллат созам,
Огоҳ варо зи рози хилқат созам,
Аммо чӣ кунам, ки орифи вақтам гуфт:
Дар миллати худ ягона хислат созам...
Мо фарри каён наҷуста фартут шудем,
Аз хонаи гаҳвора ба тобут шудем.
Бар олами лоҳут набурдем раҳе,
Нобуд дар ин олами носут шудем.
458 Л оиқ Шералӣ
Дирӯз миёни халқ манзур шудем,
Имрӯз зи ҷамъи зиндагон дур шудем.
Дирӯз муқими хонаи нур будем,
Имрӯз муқими хонаи гӯр шудем.
Якчанд зи бода масту махмур шудем,
То як нафас аз ғами ҷаҳон дур шудем.
Мо хотири як мӯр намеранҷондем,
Фарҷом бубин, ки туъмаи мӯр шудем.
Қандили баланд буда, бенур шудем,
Аз ҳалқаи базми хосагон дур шудем.
Буданд сагон маст ҳама аз қайи мо,
Муҳтоҷ ба хӯшаи сагангур шудем.
Аз чашми ту ман хумори дил мехоҳам,
Аз хандаи ту шарори дил мехоҳам.
Бигзашта баҳори ошиқиям, аммо
Аз чеҳраи ту баҳори дил мехоҳам.
Овози туро зи сад ҷаҳон мешунавам,
Бо гӯши дилу ба гӯши ҷон мешунавам.
Овози ту гар зи боғи гулҳо ояд,
Аз байни садои булбулон мешунавам.
Сарви ту ба ноз омадан мегирад,
Умри сари ман саромадан мегирад.
Пироҳани таннамо чу бар тан пӯшӣ,
Ҷон аз тани ман баромадан мегирад...
Аз созу наво хандаи дилдор бас аст,
Аз нақди ҳаёт ваъдаи ёр бас аст.
Аз мисли ту «ҷондор», ки лак-лак шудаед,
Ҷондор маро каломи ҷондор бас аст!
То чанд барои ҳамдигар гӯр шавед,
Ёрону бародарон, ба ҳам ҷӯр шавед.
Гар қадри бародарӣ надонед, яқин
Нону намаки халқ занад, кӯр шавед...
Моро, моро, худо бубахшад моро –
Ин миллати бесоҳибу бепарворо.
Як қатра гирифта, дода сад дарёро,
Як зарра гирифта, дода сад дунёро...
Боз омаданат зи ғамгусорӣ набувад,
Изҳори вафову ҷонсупорӣ набувад,
Дар гулшани тирамоҳ бишкуфтаӣ ту:
Афсӯс, туро бӯи баҳорӣ набувад.
Ошиқ ба нигори хеш оина нашуд,
То дилбараш оинаи рухро нанамуд.
Зеро ки ба ду чашми ҷаҳонбин одам
Бе оинае надид пушти сари худ.
Бо ваъда сари маро наяфрозӣ нигор,
Аз дур дили маро ту нанвозӣ, нигор,
То дар ҳама ҷилваи ҳаётам бо ман
Қисмат накунӣ, маро набишносӣ, нигор.
Як шикваи ту нишони ёрӣ набувад,
Як буттаи гул ҳусни баҳорӣ набувад.
Он завқ, ки аз дидани аввал пайдост,
Оғоз ба ишқи пойдоре набувад.
Имрӯз, ки бо ту ҳаст фарёдрасе,
Сармасти ғуруру айшу нӯшу ҳавасӣ,
Бар қадри тамоми чизи хурдеву бузург
Он гаҳ ки зарур асту наёбӣ, бирасӣ.
Олам чу сафар ба сӯи фардо дорад,
Роҳе ба мароми кишвари мо дорад.
Бадхоҳ куҷо шавад варо садди раҳе,
Ин хас натавонад раҳи дарё дорад.
Ҳуснат зи шараф камол мегирад, ёр,
Рӯят зи дилат ҷамол мегирад, ёр,
Ошиқ зи дили чу ашки кӯдак софат
Хушбахтии безавол мегирад, ёр.
Ӯ рӯд набуду лек туғён мекард,
Хуршед набуду нур эҳсон мекард.
Як бину бисӯз гуфта, беҳарфу садо
Баргашта назар фиканда, ҷавлон мекард.
Моем паи ҳар касу нокас рафта,
Аз боғи ҷаҳон меваи норас рафта.
Ҷустанд ҳазорсола пешӣ дигарон,
Моем ҳазорсола вопас рафта.
Имрӯз ки ҳоли мост аз дӣ батаре,
Аз шаш ҷиҳат ояд ба сари мо хатаре,
Ин ҷо ту магӯй дӯст, ҳам дӯст маҷӯй,
Ин ҷо ту биҷӯй душмани мардтаре...
Ин сӯ нигарам: душмани қаттоле ҳаст,
Он сӯ нигарам: каҷдили баттоле ҳаст,
Боло нигарам: худо хамӯш асту хамӯш,
Пойин нигарам: коми сияҳчоле ҳаст.
Куллиёти ашъор 459
Садроҳадилон, маҳалгароем чаро?
Дар фикри маҳал ватанҷудоем чаро?
Жӯлида ба ҷангу моҷароем чаро?
Ин қадр шутуркина чароем, чаро?
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.
Рафтем чу кӯр аз қафои бадавӣ,
Маҷзуби шуури норасои бадавӣ.
Таърихи ҳазорсолаи худкуширо
Мо зистаем дар ҳавои бадавӣ.
Ман хушк шудам, ту хуб шодоб шудӣ,
Бо ман битапидиву суханёб шудӣ.
Дарё-дарё гиристам аз ғами ту,
Хуни дили ман хурда, маи ноб шудӣ.
Шохобаи мо ба коми дарё будаст,
Тарсуии мо ба суди тарсо будаст.
Эй Ғарб, чунон ёфтамат дар ин роҳ,
К-ободият аз харобии мо будаст.
Эй рост, чи каҷҳисобӣ кардӣ ҳазмон,1
Эй чап, зи ту рост зад ба мо тири замон.
Эй сурх, ту рӯсурхии моро бурдӣ,
Эй сабз, бисӯхт аз ту сарсабзимон.
Эй нафс, чи оташам ба хирман кардӣ,
Душмангарие батар зи душман кардӣ.
Ман роҳнамои абадият будам,
Эй ман, чи халалгорие бо ман кардӣ?
На бо тани ғамфасурдаам мемирам,
На бо сари ғуссахурдаам мемирам.
Дар мурдани ман ҳоҷати Азроил нест,
Ман аз ғами ишқи мурдаам мемирам.
Ин зиндагиву оташу хокистари ӯ
Санҷидаам, эй хоки ҷаҳон бар сари ӯ!
Ӯ аз дари ман гузашту ман аз дари ӯ,
Ӯ аз бари ман гузашту ман аз бари ӯ.
Пур хондиву пур шунидамат, эй дунё,
Аммо ба куҷо расидамат, эй дунё?
Дар ман будиву дар ту будам, сад ҳайф,
Ҳам дидаму ҳам надидамат, эй дунё!
1. Ҳазмон – мухаффафи «ҳар замон».
Дидӣ, ки гусастанд ҳама силсилаҳо?
Дидӣ, ки бимурданд ҳама машъалаҳо?
Дунё-дунё азобу муште сутхон –
Дидӣ, ки чӣ боқӣ монд з-он валвалаҳо?
Монанди ту мардона намурдаст касе,
Ҷонро бари мардум насупурдаст касе.
Ғамҳои ниҳоние барои миллат
Чандон ки ту хурдаӣ, нахурдаст касе.
Эй зиндагӣ, сӯхтангаҳиву тонӣ
Ҳар лаҳза маро дар оташе сӯзонӣ.
Аз ман, ки намонда ҷуз кафи хокистар,
Аз оташи дӯзахам чаро тарсонӣ?
Ман рост бигӯямат: гар ин гову харист,
Ояндаи халқ партгоҳ асту ҷарист.
Мақсуд зи имрӯз ба суди миллат
Вопаснигарист ё ки фардонигарист?
Дарёб маро, ки дерёбам, ёро,
Бишмор маро, ки беҳисобам, ёро.
Обод бикун, ки ман харобам, ёро,
Дилшод бикун, ҷигаркабобам, ёро.
Имсол баҳор бебару бор омад,
Имсол сари сол нагунсор омад.
Бар мотами гул навҳа чаро сар надиҳем,
К-ӯ бо кафани хеш ба гулзор омад.
Во фарёдо, ҳазор во фарёдо,
Куштем абас ҳазор истеъдодо.
Коре, ки харидем ба худ лаънати халқ,
Ҳаргиз накунад ҳазор истибдодо.
Ҳастӣ ҳама ҷову ноаён, ё Аллоҳ,
Дар хонаи хеш ломакон, ё Аллоҳ.
Гар аҳли дурӯғанд туро душман, пас,
Як дӯст надорӣ ба ҷаҳон, ё Аллоҳ.
Аз ҷабри гуноҳи хештан нагрезам,
З-он по, ки фитодаам, зи нав бархезам,
Ҳаргиз набарам ба нокасе рӯи ниёз,
Дастам шиканад, ба гарданам овезам.
Як барги хазон ба чанги боди гузарон
Дар байни замину осмон шуд сарсон.
Ин бозии бод буд, лекин он барг
Мегуфт: Маро ба шохсорам бирасон!
460 Л оиқ Шералӣ
Дидем ба ҳар чиз, ки дар имкон аст,
Ҳам манфиатеву ҳам зиён пинҳон аст.
Ангишт, ки оташ шаваду гармӣ диҳад,
Дудаш гаҳи ғофилӣ балои ҷон аст.
Хоҳам, ки ба хотири замонам бошам,
Дар суҳбати гарми дӯстонам бошам.
Дигар зи ҷаҳон нахоҳам иқбол, агар
Дар пирӣ асои зодагонам бошам.
Инсон! Ту аҷаб вуҷуди беҳамтоӣ!
Андар паи номи нек худфарсоӣ.
Дар кашмакашу бозию найранги ҳаёт
Гаҳ кӯдаки хокбозу гаҳ Синоӣ.
Инсон ба назар дили мусаффо дорад,
Дар як дили худ ҳазор дунё дорад.
То нест забони ӯ забони дили ӯ,
Ҳар як нигаҳаш дусад муаммо дорад.
Гар яккасавори ҳунарӣ, гар шоҳӣ,
Гар аз ҳама асрори ниҳон огоҳӣ,
Дар танграҳи муносибат бар мардум
То раҳ надиҳӣ, ба худ наёбӣ роҳе.
Сармаст зи бодаи ҳавову ҳавасем,
Маҳруми якеву бо дигар ҳамнафасем.
Имрӯз гузашту мо напурсем чӣ буд,
Бар қадри ҷавонӣ вақти пирӣ бирасем.
Худ қатра, ба баҳри бекарон дил бастам.
Худ зарра, ба хуршеди ҷаҳон дил бастам.
Ақлам ба фалак расиду кӯтоҳам худ,
Худ хокияму ба осмон дил бастам.
Оина шикасту неш дар поям шуд,
Ҷонона бирафту дардафзоям шуд,
Аммо қаламе, ки рози дил кард иншо,
Гардид каму нишони дунёям шуд.
Меҳрат чу кушоди банд омад, шодам,
Қавлат чу нидои панд омад, шодам,
То омаданат шикастае будам ман,
Ишқат чу шикастабанд омад, шодам.
Инон, ки ба чашми ману ту Ҳурмузданд,
Дидем, ҳама паи маошу музданд.
Дандони тило қатору берун зи қатор,
Бо номи баланду сагдаҳону дузданд.
Дар хоб бидидам, ки маро кушт касе,
Бедор шудам кашидам аз нав нафасе.
Дар хоб бидидам, ки биёмад ҷонон,
Бедор шудам, ки дар рухам ашк басе.
Гар ақли ҷавон хато кунад, айб мадон,
Бо як суханаш варо ту беақл махон,
Дидӣ, ту ки гулбуттае дар сояи кӯҳ
Рустаст, биёру дар гулистон бинишон.
Бо он ки зи аҳди хеш баргаштӣ, нигор,
Рафтию ба дигаре ту дил бастӣ, нигор.
Шодам, ки ба рӯи раҳ сари сояи ман
Дар зери қадам ниҳода, бигзаштӣ нигор.
Ҷонона, карашмаҳои ту мегузарад,
Ҳусну шафақу ҷилои ту мегузарад.
Аммо дили ман ба сӯзи худ аз олам
Дар ёди тую вафои ту мегузарад.
Гар шод наӣ, зи иди Наврӯз чӣ суд?
Аз сӯҳбати тори пандомӯз чӣ суд?
Гар нест ба хонаат нишон аз оташ,
Аз гармии меҳри оламафрӯз чӣ суд?
Хуршед ҳамону моҳ ҳам боз ҳамон,
Дунёи мураккабу даву тоз ҳамон.
Дирӯз ки буд орзуи рӯзи сафед,
Имрӯз барои одамӣ роз ҳамон.
Эй шӯх, сафои хонадонат нашудам,
Тақдир набуд, соябонат нашудам.
Ҳамбазм шудам бо ту, қадаҳ паймудам,
Сад ҳайф, ки хоки остонат нашудам.
Эй гул, ту замоне зеби кокул будӣ,
Ҳусни дигаре ба ҳусн меафзудӣ,
Пажмурда шудӣ, фитодӣ аз кокул, лек
Як умр ба ёди ошиқи масъудӣ.
Гаҳ-гоҳ шавам ба кори мардум ҳайрон,
Пурсам зи ҳама: куҷо ҳақиқат, ёрон?
Аз чор тараф садо биёяд: Ҳақро
Аввал зи худат биёб, пас аз дигарон.
То чанд бигӯӣ: Кош ин бошаму он,
Хуршедмисол бошаму моҳнишон.
Аз хеш чӣ ҷӯӣ он чӣ дар ту набувад,
Он ҷӯй зи худ, ки мебарояд осон.
Куллиёти ашъор 461
Сӯзӣ ҳам агар ки хокбодам накунӣ,
Сад фитна ба бунёди ниҳодам накунӣ.
Бо ёди ту меравам зи дунёю зи ту
Дорам талабе, ки зишт ёдам накунӣ.
Мастам, ба хаёли хеш мастам доим,
Дилдодаи пиндорпарастам доим.
Аз он ки хаёл бо ҳақиқат як нест,
Бозичаи офату шикастам доим.
Оростану зи нав фикандан боқист,
Бархостану зи нав нишастан боқист.
Дунё ба фусуни худ таманно дорад,
Сад ҷома дариду лек ин тан боқист.
Як лаҳзаи ғам азоби мотам нашавад,
Уммеди дилам зи офате кам нашавад.
Гаҳ навдаи хурд аз шикасте шиканад,
Он нахл вале зи пой барҳам нашавад.
Аз рафтани ман ҷаҳон нагардад холӣ,
Бе будани ман сияҳ нагардад фоле.
Бо пои худ омадам, равам дар охир
Бо пои дигар касон, аҷоиб ҳоле!
Сӯзам ҳама дам чу ошиқони шайдо
Аз баҳри сурури дӯстони якто.
Монанди замин баланду пастам, эй дӯст,
Аммо на чу вай ба неку бад бепарво.
Онон, ки нахондед суруди тоҷик
Ғафлатзадаед аз вуҷуди тоҷик.
Бунёди забони тоҷикӣ худ бошад
Бунёди ҳама буду набуди тоҷик.
Бар шаст даромадам, ба шаст афтодам,
Аз қуллаи ормон ба паст афтодам.
Ман сайди рамидаи тапишҳо будам,
Бо пои худ омада, ба даст афтодам.
Афсӯс, ки зиндагонӣ бас зуд гузашт,
Бас зуд гузашту низ бесуд гузашт.
Аз хирмани умр донае нест ба каф,
Беоташу бешарар чу каҳдуд гузашт.
Хобе дидам, ки бар дилам тир расид,
Бедор шудам, бар дари ман пир расид.
Пирам ба дуо даст кушоду гуфто:
Дарёб: туро зи пир тадбир расид...
Афсӯс, ҷавон набудаву пир шудем,
Дилбанди касе набуда дилгир шудем.
Дар шебу фарози қисмати буқаламун
Ҷустем фарозу оқибат зер шудем.
Ҳар кас сари ин нукта саре афшонад:
«Некиву бадӣ ҷудо-ҷудо мемонад».
Аз содагӣ даъвои бузургӣ накунем,
Мо содабузургем, худо медонад.
462 Л оиқ Шералӣ
Р Е З А Б О Р О Н
Д у б а й т и ҳ о
Илоҳӣ байни мо ҳоил набошад,
Ба қасди мо касе моил набошад.
Дар он соат, ки ду бедил нишинем,
Миёни мо ба ғайри дил набошад.
Ғами ишқат ба баҳру бар нагунҷад,
Шару шӯрат ба сад маҳшар нагунҷад.
Ғазалҳое, ки аз ҳаҷри ту гуфтам,
Ба сад девон, ба сад дафтар нагунҷад.
Хаёле нест дигар дар сари ман,
Шароре нест дар хокистари ман.
Зи ҳусни ту ба ҷуз ҳузне намонда
Даруни синаи хушбовари ман.
Яке аз дасти пулдорон бимирад,
Яке дар зери пулборон бимирад.
Вале ман ошиқам бар он азизе,
Ки зери бори гулборон бимирад.
Диламро бурдиву тасхир кардӣ,
Вале дар кори дил таъхир кардӣ,
Агарчанде ки будӣ ҷони ширин,
Маро аз ҷони ширин сер кардӣ.
Бародарҷон, ба рӯ обат намонда,
Ба ҷону дил табу тобат намонда.
Чунон дар чордеворе асирӣ,
Ки завқи сайри Варзобат намонда...
Агар мирам, паёми ман бимонад,
Тиҳӣ аз бода ҷоми ман бимонад.
Танат бо дигаре фарсуда гардад,
Вале ишқат ба номи ман бимонад.
Ниёзе мар маро бар тарҷумон нест,
Аёнро ҳоҷате андар баён нест.
Агар ман ҳамзабони ин ҷаҳонам,
Зи ман беҳ тарҷумоне дар ҷаҳон нест!
Саҳар дар барги гул шабнам нишаста,
Лаби ҷӯ духтари сархам нишаста.
Лабони ҷӯ тару лабҳои ӯ хушк,
Вале бо дидаи пурнам нишаста.
Ту, эй дунё, ки як ёрам набошад,
Ба ҷуз тимору озорам набошад.
Куҷое меравам, гар кори ту нест,
Куҷое меравӣ, корам набошад.
Ба қурбони ду чашмони хуморат,
Ба қурбони ду себу ду анорат.
Маро гар мебарӣ, бар хонаат бар,
Маро гар мекушӣ, куш дар канорат!
Дило, хун шав, ки ёр аз дасти ман рафт,
Зимоми рӯзгор аз дасти ман рафт.
Нагӯям тирамаҳ буду хазон рехт,
Баҳоре дар баҳор аз дасти ман рафт.
Биё, дар ин ҷаҳон бо ҳам бигардем,
Ғаме ҷӯем, то беғам бигардем,
Ҷаҳон бас аз сари одам гузаштаст,
Биё, гирди сари одам бигардем.
Замин зери само бояд бимонад,
Замона бебало бояд бимонад.
Ҷавонӣ бигзарад охир, валекин
Ҷавонмардии мо бояд бимонад.
Ҷаҳони ишқ рӯзу шаб надорад,
Ба ғайри бехудӣ машраб надорад.
Чу шӯрад баҳр, дар соҳил нагунҷад,
Бузургӣ, дӯстам, қолаб надорад.
Сазовори лиқои ту касе нест,
Адофаҳми адои ту касе нест.
Дар ин дунё, ки аслаш бевафоист,
Ҳамоварди вафои ту касе нест.
Куллиёти ашъор 463
Туро аз атри гулшан офариданд,
Туро аз нури гулхан офариданд.
Дили ман дар суроғи ёри дил буд,
Туро баҳри дили ман офариданд.
Бузурго, қатрасон осон намирӣ,
Зи бас дарёдилу тӯфонзамирӣ.
Туӣ он хурдакори корхурда,
Ки бидҳӣ нон ба милён хурдагирӣ.
Туӣ пушту паноҳу ёвари ман,
Парастори сари бесарвари ман.
Ҳама шеъри ман аз рӯи ту ояд,
Ки рӯи туст рӯи дафтари ман.
Баҳори ошиқон дорад хазонҳо,
Вафои дилбарон дорад гумонҳо.
Сари вақт аз сари дилбар бигардед,
Ҷавонҳо, эй ҷавонҳо, эй ҷавонҳо!
Дар оғӯшам биё, эй дилбари ман,
Навозиш кун дили ғампарвари ман.
Вагарна дар суроғи ишқи шоир
Пушаймон мешавӣ баъди сари ман.
Ба дастам домани ҷонони Варзоб,
Шабе хуспам бари домони Варзоб.
Башар гар ҷумла меҳмони ҷаҳон аст,
Манам таҳҷоиву меҳмони Варзоб.
Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,
Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.
Намурдам аз ҳазорон қасду буҳтон,
Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.
Ду чашми сурмасоятро бибӯсам,
Баёзи синаҳоятро бибӯсам.
Замоне чун расад умрам ба поён,
Расад гар даст, поятро бибӯсам.
Надонам, ту чӣ дорӣ ё надорӣ,
Ҳамин донам, ки бо ман созгорӣ.
Гули рӯят гули гулҳои дунёст,
Баҳор андар баҳор андар баҳорӣ.
Маро вирди забон кардӣ, ту кардӣ,
Ҷавони комрон кардӣ, ту кардӣ.
Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳи дидор
Ба ҳукми ҷовидон кардӣ, ту кардӣ.
Диёрам, аз ту соҳибдил шудам ман,
Туро дарёфтам, комил шудам ман,
Валекин дар баҳорон гоҳу бегоҳ
Зи сели кӯҳсорат сил шудам ман.
Маро гар дурӣ аз Варзоб мешад,
Вуҷудам хастаю нотоб мешад.
Ба мулки дигаре бошам мусофир,
Дилам дар ёди обаш об мешад.
Чи ҷоне ҳадя карда бебаҳое,
Чи ҷоме, мисли ҳуснат босахое.
Ҳар он гоҳе, ки бе ту бода нӯшам,
Туро бинам дар он ҷоми тилоӣ.
Гули наврӯзи ман, наврӯзи ман бош,
Ба нури ишқ шомафрӯзи ман бош.
Гар аз ман шеъри пурсӯзе бихоҳӣ,
Ту ҳам ҷонсӯзу ҳам дилсӯзи ман бош!
Биё, ҷоно, ки ҷони ман туро бод,
Дили соҳибқирони ман туро бод.
Баҳори ман, хазони ман ту будӣ,
Баҳори ман, хазони ман туро бод!
Ғами ҷони ман аз ҷонона пурсед,
Табу сӯзи ман аз парвона пурсед.
Ҳар он розе, ки ман ногуфта рафтам,
Пас аз ман аз лаби паймона пурсед.
Аҷаб борони маҳшар буд имшаб,
Тамоми баҳру бар тар буд имшаб.
Замину осмон дар дасти борон,
Дилам дар дасти дилбар буд имшаб.
Барои ҳар саре сарбоз дорам,
Барои ҳар паре парвоз дорам.
Наметарсам зи оташбозии ишқ
Ки ман худ табъи оташбоз дорам.
Як оҳ аз сад талоши мову ман беҳ,
Гила з-аҳли Ватан андар Ватан беҳ.
Худои хешро дар хеш дарёб,
Ки аз сад бутшикан як худшикан беҳ.
Биё то ҷон ба ҷон бошему бошем,
Нишони бенишон бошему бошем.
Ҷаҳон бо мо сару коре надорад,
Барои ҳам ҷаҳон бошему бошем.
464 Л оиқ Шералӣ
Биё бо ҳам ҷавон бошему бошем,
Ду дил ҳамошён бошему бошем.
Барои дигарон беқадру арзон,
Барои ҳам гарон бошему бошем.
Маро аз даҳшати хобе матарсон,
Маро аз хурдани тобе матарсон.
Чу тӯфонзодаи дарёи дардам,
Маро аз мавҷи мурдобе матарсон.
Биё, тарки тағофул кун, гули ман,
Даме тақлиди булбул кун, гули ман.
Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,
Ту ҳам гул кун, ту ҳам гул кун, гули ман.
Зи ишқи ту қасам хурдему рафтем,
Фиреби дамбадам хурдему рафтем.
Ба уммеде, ки боре шод бошем,
Ҳазорон бор ғам хурдему рафтем.
Танамро пирӣ афсурдаст, афсӯс,
Диламро зиндагӣ хурдаст, афсӯс.
Замоне месурудам рӯзу шабҳо,
Кунун мурғи дилам мурдаст, афсӯс.
Дилам шуд косаи зардоб аз ишқ,
Сарам шуд чархаи гирдоб аз ишқ.
Валекин боз мегӯянд мардум:
Илоҷи худ, бирав дарёб аз ишқ!
Сарам чархи барин аст, эй гули ман,
Раҳам рӯи замин аст, эй гули ман,
Зи сангистонаму лекин бари ту
Дилам абрешимин аст, эй гули ман.
Намегӯям маро дур аз гунаҳ дор,
Ва ё ҷони маро дур аз қадаҳ дор.
Маро аз душманон боке набошад,
Худовандо, маро аз ман нигаҳ дор!
Биё, гулғунчаи мижгонхамида,
Биё, гулчеҳраи кокулбурида.
На танҳо ман дар ин дунёи равшан,
Худо ҳам чун ту зебое надида.
Хушо базми дилу ҳам дилситонӣ,
Хушо базми гулу ҳам гулфишонӣ.
Надонистем қадратрову рафтӣ,
Ҷавонӣ, эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ.
Гаҳ аз пириву гоҳе аз ҷавонӣ,
Гаҳ аз андӯҳу гоҳ аз шодмонӣ,
Ғазалро сода гуфтам, лек аслан
Мураккаб сохтам аз зиндагонӣ.
Забоно, эй забоно, эй забоно,
Тавоноӣ, вале ҳам нотавоно.
Сухан гӯяд касе гар пӯстканда,
Канандаш пӯст аз тан дарзамоно.
Дили мову шумо ҳамроз буданд,
Зи ҳам ҷӯяндаи эъҷоз буданд.
Дили мову шумо – ду мурғи озод
Замоне ҷуфти ҳампарвоз буданд.
Фалак, боре ба мо моро нишон деҳ,
Замон деҳ ё замин ё осмон деҳ.
Чӣ суд аз гунбади ҳафтошёнат,
Миёни синаи ёр ошён деҳ.
Туро чун давлати дил мекунам ёд,
Туро чун қисмати дил мекунам ёд.
Чу оғӯшат ибодатгоҳи ман буд,
Туро дар тоати дил мекунам ёд.
Зи ишқат дилфигору синачокам,
Зи ҳаҷрат хастаҷону дарднокам.
Ба рӯи хок ёди ман накардӣ,
Кунӣ ёдам, чу андар зери хокам.
Канори атрогинат куҷо шуд?
Баҳори рӯи бечинат куҷо шуд?
Фиғон аз талху шӯриҳои қисмат
Муҳаббатҳои ширинат куҷо шуд?
Худоё, эй худоё, эй худоё,
Макун ёри маро аз ман ҷудоё.
Сурудам дар гулӯ чун мор печад,
Агар ёре набошад ҳамсадоё.
Бидидам ман ҳама савдои дунё,
Ҳама вазъу ҳама ақсои дунё.
Ба ҷуз кӯи муҳаббат дилнишин нест
Ягон кӯе дар ин паҳнои дунё.
Маро дилдода кардӣ, оҳу афсӯс,
Ҳам ошиқбода кардӣ, оҳу афсӯс.
Ба гулханди лаби беҷодарангат
Маро беҷода кардӣ, оҳу афсӯс.
Куллиёти ашъор 465
Миёни мо чӣ фарсахҳост, эй дод!
Миёни мо чӣ барзахҳост, эй дод!
Биҳиште доштем он соат, акнун
Миёни мо чӣ дӯзахҳост, эй дод!
Зи ҳар ҷониб хабар меояд имрӯз,
Ба ҷони ман шарар меояд имрӯз.
Шумо, эй кӯчаҳои шаҳр, донед,
Ки ёрам аз сафар меояд имрӯз.
Дилам гум мезанад шабҳо, худоё,
Ба ёди он руху лабҳо, худоё.
Агар он моҳрӯ бо ман насозад,
Чи суд аз моҳу кавкабҳо, худоё.
Ҷавони бемуҳаббатро чӣ гӯям?
Арӯси беназофатро чӣ гӯям?
Хазон ҳам пеши худ дорад тароват,
Баҳори бетароватро чӣ гӯям?
Биё, то ман дар оғӯшат бимирам,
Гунаҳкори гунаҳпӯшат бимирам.
Дар ин даврон, ки оҷизӣ шиор аст,
Ғуломи ҳалқабаргӯшат бимирам!
Дилам ҷуз васли ту коме надорад,
Агарчи аз ту пайғоме надорад.
Дилором аст номи ту, валекин
Дилам аз ишқат ороме надорад.
Канорат беканор аст, эй сабуксанг,
Ғамат беғамгусор аст, эй сабуксанг.
Хазонатро намедонам, валекин
Баҳорат бебаҳор аст, эй сабуксанг.
Биё, дар раҳгузори ту бимирам,
Чу рӯзи рӯзгори ту бимирам.
Дар ин дарёи нопайдоканора
Биё, то дар канори ту бимирам.
Фиғоно, боз ишқе дар дилам мурд,
Чи осон қиссаҳои мушкилам мурд.
Зи кишти дил дигар ҳосил нарӯяд,
Ки фарёдо, замини қобилам мурд.
Яке май, дигаре майдон парастад,
Яке ваҷду дигар виҷдон парастад.
Надидам ҳеҷ инсоне, дареғо,
Ки чун Мавлои Балх инсон парастад.
Ман инсону ту хосон меписандӣ,
Ман исёну ту осон меписандӣ.
Миёни ҷони мо қурбат чӣ ҷӯӣ,
Ки ман ҷону ту марҷон меписандӣ.
Ту бепарвоӣ парвардӣ, гули ман,
Сипоси дил наёвардӣ, гули ман.
Маро гум кардию з-он баъд кам-кам
Ту худро низ гум кардӣ, гули ман.
Дилам то метапад, таппиш бимонад,
Зи коҳи Каҳкашон коҳиш бимонад.
Бимонад чархи гардун ҳам зи гардиш,
Сарам гар як дам аз гардиш бимонад.
Ман аз ин ишқи бесомон бимирам,
Ман аз ин шавқи нофармон бимирам.
Зи хоки гӯри ман оташ бирӯяд,
Чу рӯзе бо дили сӯзон бимирам.
Зи саҳро бигзарам: гул сархамида.
Ба дарё бингарам: мавҷи рамида.
Биандешам чаро охир, чаро ман
Дар ин дунёяму дунё надида?
Маро дар рӯи дунё манзиле буд,
Маро аз кишти дунё ҳосиле буд.
Ба дарё мезанам дил, то бидонад,
Ки андар соҳилаш дарёдиле буд.
Ду дӯшиза сафои рӯҳи ман буд,
Ду дӯшиза балои ҷону тан буд;
Яке дӯшизаи ширинсухан буд,
Яке дӯшизаи шеъру сухан буд.
Аҷал сад бор бигрифт аз гулӯям,
Вале ман боз ҳам ёри сабӯям,
Надидӣ нуҳ фалакро дар дили ман,
Чӣ гӯям, эй фалак, бо ту чӣ гӯям?!!
Дигар он шӯру шавқи рағбатам нест,
Дигар он қомату он қиматам нест.
Чи кардӣ, эй фалак, бо ман чӣ кардӣ,
Ки баҳри ҷуръа хурдан ҷуръатам нест?
Ба дил сад созу сӯзе боядам рафт,
Ба доғи дилфурӯзе боядам рафт.
Дилам метаркад аз андӯҳи сангин,
Чу андешам, ки рӯзе боядам рафт.
466 Л оиқ Шералӣ
Дили ман шиква аз даврон надорад,
Гила аз чархи саргардон надорад.
Раҳи ман ним шуд, аммо хушам ман
Ки поёни раҳам поён надорад.
Муҳаббат! Ё маро, ғарқи гунаҳ дор
Ва ё аз макри номардон панаҳ дор!
Агар хоҳӣ чу инсон зинда бошам,
Маро чун шоири ошиқ нигаҳ дор!
Мабодо соати дил кандани ёр,
Мабодо дил ба санг афкандани ёр.
Муҳаммад кард агар меъроҷи гардун,
Бувад меъроҷи ман то гардани ёр.
Туро озурдаму дилрешам имрӯз,
Туро гум кардаму бехешам имрӯз.
Ба олам дар ба дар чун шоҳи Эрон
Гадоям, муфлисам, дарвешам имрӯз.
Баҳоре, дар ҷаҳони рангу бӯе
Шавӣ сармаст беҷому сабӯе,
Чи нақши сабзу бахти сабз бошад
Ба рӯи сабза бо сабзинарӯе.
Ба қасди ин ҳама осонгузорон
Туӣ бар ман барои сабза борон.
Сари сабзам фидои ҳусни сабзат,
Ало, сар то қадам асли баҳорон!
Бидеҳ ҷоме, ки месӯзад замирам,
Бидеҳ ҷоме, ки то ман дарнагирам.
Зи дасти марг бигрезам шабу рӯз,
Ба уммеде, ки аз дасти ту мирам!
Чаро аз ман рамидӣ, эй гули ман,
Зи кӯям по кашидӣ, эй гули ман.
Дар ин дунё, ки гул паҳлӯи хор аст,
Гуле бо ман начидӣ, эй гули ман.
Биё, эй дилбари дирӯзаи ман,
Биё, эй мӯнису дилсӯзаи ман.
Ҳама ганҷи дили ман рафт бар бод,
Биё, эй лаъли ман, фирӯзаи ман.
Аз ин фарзонагӣ девонагӣ беҳ,
Аз ин ҳамбастагӣ бегонагӣ беҳ.
Даруни хонае аз ҳам ҷудоем,
Аз ин ҳамхонагӣ бехонагӣ беҳ.
Фалак, то ҳастӣ ту, нолиш бимонад,
Барои ганҷи ту ранҷиш бимонад.
Сарамро чарх мегардонӣ ҳар дам,
Илоҳӣ, чархат аз гардиш бимонад.
Дили бемори ман ёди ту дорад,
Дару девори ман ёди ту дорад.
Агар бо чашми дил хонӣ, бубинӣ,
Ҳама ашъори ман ёди ту дорад.
Ба даргоҳи ту оҳ оварда будам,
Дили гумкардароҳ оварда будам.
Ба пеши ту гуноҳи ман ҳамин буд,
Ки ишқи бегуноҳ оварда будам.
Хазон мерезад, эй ёрон, куҷоед?
Ба рағми ин хазонборон куҷоед?
Хазони бӯстони дил расида,
Шумо, дилсӯзу дилдорон, куҷоед?
Баҳор омад, ҳама дунём ишқ аст,
Дилу ҷонам, сару савдом ишқ аст.
Дар ин дунё ки сар то сар дурангист,
Зи сар то по, зи сар то пом ишқ аст.
Биё, эй гул, дилам аз ғам раҳо кун,
Барои хотири ишқам дуо кун.
Агар гаҳвораи ишқам набудӣ,
Сари гаҳворасангам гиряҳо кун.
Биё, ки ҷони ҷонат будаам ман,
Баҳоре дар хазонат будаам ман.
Ту аз ман рух магардон, ки замоне
Рухи бахти ҷавонат будаам ман.
Сабӯеро ба бӯе мефурӯшанд,
Нумӯеро ба мӯе мефурӯшанд.
Чӣ гӯям як гурӯҳи бенасабро,
Ки дарёро ба ҷӯе мефурӯшанд.
Чаро аз ваъдаи худ дер кардӣ?
Ҳавасҳои диламро пир кардӣ.
Басо бигзашт бар ман ҷаври тақдир,
Ту ҷаври бадтар аз тақдир кардӣ.
Ту он шаб он қадар болида будӣ,
Ки бо ман тан ба тан печида будӣ.
Сафеду покрӯ дидам туро субҳ,
Ки ҳамчун барфи навборида будӣ.
Куллиёти ашъор 467
Манам дарёдилу чашми ту дарёст,
Манам фардоталаб, ишқи ту фардост,
Ман аз худ рафтаму аз ту нарафтам,
Ки аз ту рафтанам рафтан зи дунёст.
Чу барги гул касе шоир набошад,
Чу дарди май касе соҳир набошад.
Лаби паймона гӯяд розҳое,
Ки лак-лак орифе қодир набошад.
Худовандо, дили деринаам ку?
Талоши ҷон, шарори синаам ку?
Зи боғи дил хазон мерезад имрӯз
Нигори хушгили сабзинаам ку?
Тароватҳои мӯят ёдам омад,
Назокатҳои рӯят ёдам омад.
Дар ин соат, ки гунгу лолам аз дард,
Садои гуфтугӯят ёдам омад.
Алам будам шабе дар олами ту,
Бихӯрдам ҷоми лабрез аз ғами ту.
Туро аз бешу кам кардам хабардор,
Ки будам ғофил аз бешу ками ту.
Биё, гулро ба гул пайванд созем,
Биё, дилро зи дил хурсанд созем.
Дар ин дунё, ки худ фанду фиреб аст,
Чаро мо ҳамдигарро фанд созем?
Дуоям кун, ки дар кӯи ту мурдам,
Ду чашми чор бар сӯи ту мурдам.
Зи ту бӯи вафое ҳам наёмад,
Дареғи ман, ки бо бӯи ту мурдам.
Дили ман хонаи деринаи туст,
Ба сад чангу ғубор оинаи туст.
Дарахти шеъри ман гар сабз монда,
Зи тоби чеҳраи сабзинаи туст.
Ба сар эй бас баҳорам гул фишонда,
Ба дил эй бас нигорам ғам кашонда.
Басо ишқо, ки мурд андар дили ман,
Ба ҷуз ишқи ту, ки сӯзанда монда.
Баҳои як хасе ганҷи гарон нест,
Баҳори ман баҳои як хазон нест.
Зи ман хоҳӣ, ки қурбони ту бошам,
Ҷаве арзандаи умри ҷавон нест!
Хушо ишқо, сафои манзили ман,
Матои асли ман, обу гили ман.
Сад уқёнус агар обаш бирезанд,
Намирад оташи ишқи дили ман.
Биё, дарё равем, эй чашми дарё,
Биё, якто шавем, эй ҳусни якто.
Аз ин пастӣ, ки ҷои пастакон аст,
Биё, боло равем, эй қадди боло!
Паси дунё давидему давидем,
Ғами дунё кашидему кашидем.
Ба поёни раҳи сарманзили умр
Ба гӯристон расидему расидем.
Биё, эй дарди ишқ, эй дарди олӣ,
Ки мебошӣ сазои марди олӣ.
Ту он дарёи нопайдоканорӣ,
Ки мепаймод дарёгарди олӣ.
Зи худ бехуд шудам, ёди ту кардам,
Ба худ боз омадам, ёди ту кардам.
Ба хокистони дунё ҳар чӣ хокест,
Ҳама бар сар задам, ёди ту кардам.
Ба савдое чаро виҷдон фурӯшӣ?
Ба як паймона май паймон фурӯшӣ?
Чаро ҳусне, ки нархи сад ҷаҳон аст,
Ба дони арзане арзон фурӯшӣ.
Агар бо ман бихоҳӣ сӯзу созе,
Агар дорӣ ба ман нозу ниёзе,
Бибояд бошӣ ҳамчун оҳани хом
Миёни кӯраи оҳангудозӣ.
Зи дурди дардҳои рӯзгорон,
Зи доғи дурии дидори ёрон
Чу ҳар боре дилам гиряд зи андӯҳ,
Ба рӯи сафҳа резад резаборон.
Даме бо худ қаринам кардӣ, эй гул,
Вале охир ғаминам кардӣ, эй гул.
Туро то осмон афроштам ман,
Ту яксони заминам кардӣ, эй гул.
Зи ман бемуддао будию рафтӣ,
Забону дил ҷудо будию рафтӣ.
Худо гуфтам, худо гуфтам, ки баргард,
Ту аммо бехудо будию рафтӣ.
468 Л оиқ Шералӣ
Дилафрӯзи ту будам, эй дилафрӯз,
Ту расми сӯхтан аз ман биёмӯз.
Ба ҳаққи сӯхтанҳои баландам
Чароғе дар сари гӯрам бияфрӯз.
Гули ман, гулпарастатро маёзор,
Дили ман – нақди дастатро маёзор.
Ҳазорон ҳамнишасти беғамат ҳаст,
Ғами ман – ҳамнишастатро маёзор.
Ба ҷони ман ғаме ҳар нокас овард,
Ба ҳаққи гулпарастиям хас овард.
Расида буд поям бар лаби гӯр,
Лаби ту аз лаби гӯрам пас овард.
Чу мушти обу гил ёдам кунӣ, бас.
Чу ишқат ҷонгусил ёдам кунӣ, бас.
Ба сад дил дӯстат медоштам ман,
Агар бо ними дил ёдам кунӣ, бас.
Басо пешу паси дунё навардид,
Басо гирди сари дунё бичархид.
Зи сад дарё баромад хушк Лоиқ,
Ба дарёи дили ту ғарқ гардид.
Касе бо зиндагӣ ҳамроҳ будаст,
Ки аз ишқу ҷунун огоҳ будаст.
Касе, ки умри кӯтаҳ дошт, эй дӯст.
Бидон, ишқи дилаш кӯтоҳ будаст.
Бақоро бебақо созад ҷудоӣ,
Худоро бехудо созад ҷудоӣ.
Мабод он дам, мабод он дам, ки як дам
Туро аз ман ҷудо созад ҷудоӣ.
Ба имое ту имонам гирифтӣ,
Гуле додӣ, гулистонам гирифтӣ.
Бисӯзад решаи ҷони ҷавонат,
Ки «ҷонам» гуфтию ҷонам гирифтӣ.
Ту аввал қиссаи ногуфта будӣ,
Вале пас қиссаи ошуфта будӣ.
Худоро шукри он соат кун, эй гул,
Ки вақте бо ман аз худ рафта будӣ.
Ғаму андӯҳи ман бӯи ту дорад,
Дили ман мӯя аз мӯи ту дорад.
Ғами худ афканам бар мавҷи дарё,
Ки дарё мавҷи гесӯи ту дорад.
Ҳар он чӣ ишқ донад, мо надонем,
Ғаме ҳам гар диҳад, мо шодмонем.
Паямбарро кушад чашмони нилӣ,
Чи ҷои мо, ки як озурдаҷонем.
Хабар омад, ки бемор астӣ, эй гул,
Ба чанги дарду тимор астӣ, эй гул.
Дилам месӯзад, аммо беилоҷам,
Зи бас ҳамсуҳбати хор астӣ, эй гул.
Туро дарё ба дарё бурдаам ман,
Туро дунё ба дунё бурдаам ман.
Ба зоҳир фарди бефардостам, лек
Туро то мулки фардо бурдаам ман.
Гурӯҳеро ба ҷоме мешиносанд,
Гурӯҳеро ба боме мешиносанд,
Гурӯҳеро ба доме мешиносанд,
Гурӯҳеро ба номе мешиносанд.
Дили ту бо дили ман сӯхтан дошт,
Русуми ошиқӣ омӯхтан дошт.
Даруни зулмати қисмат ба ҳар ранг
Дили ту бо дилам афрӯхтан дошт.
Ниҳоли ошиқон пайванди ишқ аст,
Камоли ошиқон савганди ишқ аст.
Заволи ошиқон ҳаргиз аҷал нест,
Заволи ошиқон аз фанди ишқ аст.
Хурам аз ишқи ту, то зиндагӣ ҳаст
Ғами пайваста, эй абрӯи пайваст.
Диламро, эй басо бишкастӣ, аммо
Хуморат дар дили бишкаста нашкаст.
Сари зулфат сари улфат надорад,
Хами зулфат ба ҷуз кулфат надорад.
Ман аз он ёри ҳарҷоӣ гурезам,
Ки исме дораду исмат надорад.
Зи ишқат гар сафо ояд, чи хубе.
Муроди ҷони мо ояд, чи хубе.
Зи гесӯят ба ҷуз атри фарангӣ
Агар бӯи вафо ояд, чи хубе.
Касе, ки нанги миллат дорад, эй дӯст,
Ба сина доғи зиллат дорад, эй дӯст.
Ту баҳри давлат аз миллат машӯ даст,
Ки давлат баъди дав лат дорад, эй дӯст.
Куллиёти ашъор 469
Биё, ки руй дар рӯят бимирам,
Ба даври чашми оҳуят бимирам.
Биё, гар дар сари кӯят набудам,
Ақаллан дар сари кӯят бимирам.
Ман он як ошиқи кӯрам, дареғо,
Ки дар ишқи ту маъзурам, дареғо.
Замин бо осмон наздик шуд, лек
Ман аз ту боз ҳам дурам, дареғо.
Чи шабҳо, ки ба ёдат гиря кардам,
Чи шабҳо, ки ба ёдат бода хурдам.
Чи шабҳое, ки андар интизорат
Ҳамебоист мурдан, ман намурдам!?
Диламро дар кафат додам, надидӣ,
Гулистон ҳадяат кардам, начидӣ.
Пас аз он, ки баҳори ман хазон шуд,
Чу бод андар хазони ман вазидӣ.
Ҷаҳони рангу бӯ сират надорад,
Ки ҳим-ҳим дораду ҳиммат надорад.
Аз он дилбар дили худ воситонед,
Ки қомат дораду қимат надорад.
Биё, мотам кунем, он ишқи мо мурд.
Ҳама тобу табу сӯзу наво мурд.
Зи умри бевафо ҷурме набошад
Ки худ дар пеши чашми мо вафо мурд.
Ҳама дар неъмату носери дунё,
Ҳама дар маснаду машғули савдо.
Агар ғарқидаро гӯё кунад марг,
Бигӯяд: ташна мурдам зери дарё!..
Замоне шеъри тар будему рафтем,
Зи сар то по шарар будему рафтем.
Касеро на зафар буд, на хатар буд,
Зафар андар хатар будему рафтем.
Гаҳе ман масти шавқи ҷустуҷӯям,
Гаҳе масти маю ҷому сабӯям.
Ҳама он май, ки хурдам, ман нахурдам,
Ғами дил хурду ман бадноми ӯям.
Ту бардорӣ аламро, ман аламро,
Ту бишморӣ рақамро, банда ғамро.
Маро гар сад қалам созӣ ба сад макр,
Нагирӣ ҳаргиз аз дастам қаламро.
Гурӯҳе пухта бинмоянду хоманд,
Гурӯҳе рангбози нангу номанд.
Чу ман з-он зумраам, донам, ки алҳақ
Ҳама ширинкаломон талхкоманд.
Маро гаҳ масту расво мешиносанд,
Сабукрою сабукпо мешиносанд.
Агарчи пой то сар шоирам ман,
Маро гаҳ бесарупо мешиносанд.
Ду чашма як шавад, дарё бисозад,
Ду дил қоим шавад, дунё бисозад.
Агар имрӯз аз дирӯз хуб аст,
Ҷаҳони равшани фардо бисозад.
Ту чун ман пуралам ҳаргиз набудӣ,
Ки аз аҳли қалам ҳаргиз набудӣ.
Ту бо ман ҳамқадаҳ будӣ даме чанд,
Валекин ҳамқадам ҳаргиз набудӣ.
Шитобон омадам, рафтам шитобон,
Надонистанд қадрам ҳамрикобон.
Надонистанд, ман будам замоне
Шарики ҷонхаробон, дилкабобон...
Гаҳе дар маҷлиси даъво хамӯшам.
Гаҳе бо хештан танҳо биҷӯшам.
Ҳаромам бод шири поки модар,
Ки мардиро ба номардӣ фурӯшам!
Агар ман мурдаам, савдо намурдаст,
Танам мурда, дили шайдо намурдаст.
Ба ёди он ҳама дарёдилиям
Лаби дарё биё, дарё намурдаст.
Диламро мехурад ҳар дам ғами ишқ,
Даме беҳамдамам созад дами ишқ.
Намедонист олам аз вуҷудам
Намебудам агар дар олами ишқ...
Чӣ гӯям, дафтарам холист имшаб,
Ҳама бому дарам холист имшаб.
Дилам холӣ, сарам холист имшаб,
Ки ҷои дилбарам холист имшаб.
Басе бигзаштаам баҳру бари дил,
Гаравгон дода сар баҳри сари дил.
Вале бо ин ҳама дородилиям
Гадоӣ кардаам пушти дари дил.
470 Л оиқ Шералӣ
Зи ҳусни туст ҳусни орзуям,
Ба кӯи туст роҳи ҷустуҷӯям.
Агар пурсандаҳо фардо бипурсанд
Ба ҷои номи худ номи ту гӯям.
Зи ишқи хонуме бехонумонам,
Агарчи дар замонам, безамонам.
Замину осмонам буд вақте,
Дареғо, безамину осмонам.
Маро як ишқ сад дунё бубахшад,
Маро як ҷом сад дарё бубахшад.
Зи сар то по гунаҳкорам гар имрӯз,
Гунаҳҳои маро фардо бубахшад.
Гаҳе дар худ кабирам, гаҳ сағирам,
Гаҳе худро амирам, гаҳ асирам.
Маро то он ки аз дунё барад марг,
Ман андар худ, ман андар худ бимирам.
Ту будӣ як замон дар синаи ман,
Зи кулли насяҳо нақдинаи ман.
Шиносам то дили худрову худро
Ту будӣ рӯ ба рӯ оинаи ман.
Агар бе ман даме шодӣ, хушат бод,
Дар он вайрона ободӣ, хушат бод.
Зи ман озод гаштӣ хуб кардӣ,
Агар аз хеш озодӣ, хушат бод!
Дилам оҳанги мастӣ дорад имшаб,
Ки нақди ганҷи ҳастӣ дорад имшаб.
Дилам аз сина берун мегурезад,
Ки қасди дилпарастӣ дорад имшаб.
Туро дидам ба раҳ, роҳам хато шуд,
Дилам дар кӯчаи ишқат гадо шуд.
Ба ёди бӯсаҳои насяи ту
Тамоми нақди умр аз каф раҳо шуд.
Ту, эй шеъри равони ман, куҷоӣ?
Ту, эй тобу тавони ман, куҷоӣ?
Маро пирӣ ба чанги худ гирифтаст,
Ту, эй ёри ҷавони ман, куҷоӣ?
Ду чашмаш чун шафақ сӯям нигаҳ кард,
Мани беҷурмро ғарқи гунаҳ кард.
Наменолам ман аз чархи сияҳкор,
Сафедандомаке рӯзам сияҳ кард.
Дил андар синаам ҳар дам шукуфад,
Гаҳ аз шодӣ, гаҳе аз ғам шукуфад.
Дилам ҳамнавъи гулҳои пиёда-ст,
Ки помоли саворон ҳам шукуфад.
Ту пайдо гаштиву гум шуд дили ман,
Сари зулфи ту шуд сарманзили ман.
Чу дарё ишқи ту шӯриду тӯфид,
Ба дарё рафт кишту ҳосили ман.
Дуоят мекунам: фархунда бошӣ,
Ҳамеша бо лаби пурханда бошӣ.
Ба он ҳусни паямбарофаринат
Маро куштӣ, илоҳӣ зинда бошӣ!
Зи шармат шармсорам кардӣ, эй гул,
Ба як гул бебаҳорам кардӣ, эй гул.
Пас аз як шаб, ки будам ҳамканорат,
Ба ғамҳо ҳамканорам кардӣ, эй гул.
Намехоҳам, ки аз кулфат бимирам,
Ва ё аз роҳати улфат бимирам.
Чу аз хуршеди рӯят сӯхтам ман,
Биё, дар сояи зулфат бимирам.
Нагӯед ӯ ҷавон буду ҷавон мурд,
Ва ё аз ҷаври чархи осмон мурд.
Ба санги гӯри ман, ёрон, нависед,
Ки Лоиқ лоиқи шеъри замон мурд.
Сипардӣ ту Хуросони суханро,
Бадахшону Сиистони суханро.
Аё шоир, басо ҷон кандӣ, аммо
Накандӣ риштаи ҷони суханро.
Умеди зиндагӣ уммеди ишқ аст.
Ҷаҳон як нусхаи тақлиди ишқ аст.
Ту хуршеде ки мебинӣ ба гардун,
Фақат як шуълаи хуршеди ишқ аст.
Талошу норизоӣ боз ҳам ҳаст,
Ситезу ҷонфидоӣ боз ҳам ҳаст.
Шаҳонро сарнагун карданд, аммо
Фақириву гадоӣ боз ҳам ҳаст.
Чи дарди бедавое – худситоӣ,
Пашизеро талоши бебаҳоӣ.
Худоро мекунанд инкор, аммо
Басе доранд даъвои худоӣ.
Куллиёти ашъор 471
Куҷоӣ, ёри аввал дидаи ман,
Дар охир аз хато ранҷидаи ман.
Ба чашмам мехалад имрӯз чун хор
Ҳама гулҳои бе ту чидаи ман.
Фалак пири балокаш буду бошад,
Замин саҳни кашокаш буду бошад,
Ҷаҳонро кӯри модарзод пиндор,
Ки Инсонаш асокаш буду бошад.
Фалак аз бурдборӣ бекарон аст,
Замин аз хоксорӣ ҷовидон аст.
Мукофоте надорад хоксорӣ,
Намедонам, ки расми чӣ замон аст?
Басо дидам, ки дар доме фитоданд,
Ба ҷурми ком ном аз даст доданд.
Гадое нест дар мулки ман, аммо
Гадотабъу гадочашмон зиёданд.
Ба ҳар кас пухта додам, хом бурдам,
Маи нобам бихурду дод дурдам.
Зи боғи ин ҷаҳон таклифам ин аст,
Ки беосеб як себе нахурдам.
Ба қасди ман агар дорӣ фақат мушт,
Туро лаънат кунад ҳафтоду як пушт,
Маро ту мекушӣ бо макру туҳмат,
Валекин рӯҳи ман хоҳад туро кушт.
Ҳар он чӣ сохтам ман, сӯхтӣ ту.
Ба ҷои моҳ шамъ афрӯхтӣ ту.
Аз он арзонбаҳо мондӣ, чӣ арзон
Харидорони худ бифрӯхтӣ ту.
Ту будиву ману эй вой бар ман –
Гули наврустае бо абри баҳман.
Шабе андар канорат будаму баъд
Надорам дар ҷаҳон як рӯзи равшан...
Ниҳонамро аён кардӣ, ту кардӣ,
Забонамро забон кардӣ, ту кардӣ.
На танҳо поям, эй модар, ба ишрат,
Ки шеърамро равон кардӣ, ту кардӣ.
Яке дидам турову дил гадо шуд,
Дурустиҳои умри ман хато шуд.
Ту яктои ҷаҳон будӣ, аз он аст,
Ки аз бори ғамат пуштам дуто шуд.
Набояд ҳофизи ҳар ину он буд,
Набояд посбони нокасон буд.
Ба ҷои моли анбору мағоза
Бузургонро бибояд посбон буд.
Ҳар он розе ту донӣ, ман надонам,
Ҳар он созе ту хонӣ, ман нахонам.
Зи ҳуснат он қадар қарзам зиёд аст,
Ки сад ҷон ҳам канам, кандан натонам.
Басо бишнида гуфтори ҳавоӣ,
Надидам роҳу расми ошноӣ.
Агар ман бевафо будам, дуруст аст,
Ки дунё дошт бо ман бевафоӣ.
Аз он лабҳо, ки лабрези сафоянд,
Аз он чашмон, ки дилро мекушоянд,
Ҳама дуздон зи дуздӣ даст шӯянд,
Чу мо гар бӯсаи дуздӣ рабоянд.
Даме дастат ба дастам кардӣ, эй гул,
Набудам, боз ҳастам кардӣ, эй гул.
Ба ман як соғари май додиву лек
Ҳазорон сол мастам кардӣ, эй гул.
Хазонрезу хазонрезу хазонрез,
Чаро умри ҷавонӣ бигзарад тез?
Чаро одам надонад қимати умр?
Чаро ночиз гардад аз паи чиз?
Зи ҳар осори мо дар дил асар нест,
Ниҳоли умр доим пурсамар нест.
Раҳи кайҳон шавад наздик, аммо
Раҳе аз роҳи дилҳо дуртар нест.
Ҷавонему ҷавонему ҷавонем,
Беҳин меросдорони замонем.
Замин паст, осмон аз бас баланд аст,
Миёнҷии замину осмонем.
Агар мардони раҳ дар раҳ бимонанд,
Магӯ, онҳо касони нотавонанд.
Агар худ ноумеди нимароҳанд,
Умедеро ба манзил мерасонанд.
Ҷаҳонеро ба мо мерос доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд.
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.
472 Л оиқ Шералӣ
Дили мо мазҳари оянда бошад,
Туфайли мо ҷаҳон поянда бошад.
Ҳазорон зиндагон мурданду рафтанд,
Замини мурдае то зинда бошад.
Туро ҷуз марди бопаймон наёбад,
Туро ҷуз ғолиби майдон наёбад.
Ту он кони тилоӣ, духтари кӯҳ,
Ки ҳар як кӯрдил осон наёбад.
Ҷаҳону зиндагонӣ бо ту зебад,
Суруру шодмонӣ бо ту зебад.
Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ки имрӯз
Хушиҳои ҷавонӣ бо ту зебад.
Ҷудо аз ту парешонӣ маро кушт,
Ҷудо аз ту пушаймонӣ маро кушт.
Ҷудо аз ту пушаймонӣ чӣ бошад,
Ки вовайлои пинҳонӣ маро кушт.
Хатои ту ҳама зебост, эй дил,
Ниҳони ту ҳама пайдост, эй дил.
Ҳар он неку баде, ки аз ту ояд,
Бақои мо, фанои мост, эй дил.
Барои дилкушодон даҳр танг аст,
Барои шишадилҳо даҳр санг аст.
Барои чашмтангон умр мол аст,
Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст.
Худафрӯзӣ – шиори шоирон аст,
Худомӯзӣ – китоби оқилон аст.
Агар мо як дам аз худ розӣ бошем,
Зи мо норозӣ фардои ҷаҳон аст.
Ба ёди рафтагон овоз кардам,
Ба роҳи рӯҳашон парвоз кардам.
Ман анҷоми ҳаёти мурдагонро
Зи субҳи умри худ оғоз кардам.
Лаби ҷому лаби ҷононаам ку?
Лаби бому кабӯтархонаам ку?
Кабӯтарҳо ҳама ҳар сӯ париданд
Сабабгори дили девонаам ку?
Маро ё зуд ё дер офариданд,
Маро ҷавшан ва ё тир офариданд.
Ба дарду бар ҷароҳатҳои дунё
Паи дармону тадбир офариданд.
Диле дорам, ки лабрези суруд аст,
Саропо ларзаи амвоҷи рӯд аст.
Ниёзу нози ӯ бар дӯши умрам,
Ба ҳар роҳе равам, ноозмуд аст.
Ниҳоли умр пайванде нагирад,
Аҷалро ақл дар банде нагирад.
Ғанимат, эй ҷавонон, панди пирон,
Ки аз пирон аҷал панде нагирад.
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем,
Ки ҳоло навхату шӯху ҷавонем.
Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад,
Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.
Яке андешаманду худгаре буд,
Дигар инсони инсонпарваре буд.
Яке баъд аз вафоташ пайкаре ёфт,
Дигар дар зиндагонӣ пайкаре буд.
Саҳар дарё чу тифли тозарӯй аст,
Чу шеъри тар бубинӣ оби ҷӯй аст,
Барои дидани дидори хуршед
Миёни баргҳо хуш гуфтугӯй аст.
Дар ин дунё агар дунё надорӣ,
Сари пуршӯру пурсавдо надорӣ,
Аз ин як рӯзи кӯтоҳат чӣ ҳосил,
Дар имрӯзат агар фардо надорӣ?!
Зи оҳан одами оқил насозанд,
Зи фӯлод одами комил насозанд.
Бисозанд офтобу моҳи маснӯъ,
Чу мо инсони соҳибдил насозанд.
Лаби дарё сафои рӯҳу ҷон аст,
Дили дарё ҷаҳони бекарон аст.
Хурад мавҷе сари мавҷи дигарро,
Вале дарё равон асту равон аст...
Касоне, ки ғами дунё надоранд,
Ба сар андешаи фардо надоранд,
Ҳама доранд аз моли ҷаҳон, лек
Дар ин дунёи равшан ҷо надоранд.
Ҷаҳон майдони исёну набард аст,
Дар ӯ тавъам ҳама дармону дард аст.
Биёбонгардро гоҳе барад об,
Ба хушкӣ ғарқ гаҳ дарёнавард аст.
Куллиёти ашъор 473
Тулӯи бахти мо аз синаи мост,
Умеду орзу ганҷинаи мост.
Нумӯи кишти фардои ҷаҳонҳо
Зи тухми киштаи деринаи мост.
Гурӯҳе аз барои нуқраву зар,
Гурӯҳе аз барои шавкату фар
Заминро он қадар тақсим карданд,
Ки охир зери он хуфтанд яксар.
Замину осмони ман – дили ман,
Баҳори ман, хазони ман – дили ман.
Туро ҳам донаму ҳам менадонам,
Аёну ноаёни ман – дили ман.
Тамоми бешаҳо месӯзад имшаб,
Ситора дар само месӯзад имшаб.
Ситора дар само сӯзад, бисӯзад,
Дилам баҳри шумо месӯзад имшаб.
Зиёда кишвари мо кӯҳсор аст,
Зи тоҷи қуллаҳояш тоҷдор аст.
Агар баҳре надорад кишвари мо,
Дили мо баҳрҳои беканор аст.
Саводи шоирӣ мактаб надорад,
Қалам парвои рӯзу шаб надорад.
Бувад шоир фидоии замона,
Ҷаҳони шоирӣ мансаб надорад.
Бидонад дарди ҳар як дилшикаста,
Бидонад ранҷи теша, ранҷи даста.
Бувад хунёгари мумтоз шоир,
Ки донад нағмаи тори гусаста.
Набошӣ як нафас осуда, эй дил,
Нахоҳӣ як дами беҳуда, эй дил.
Ҳар он роҳе, ки нопаймудаам ман,
Ту онро сар ба сар паймуда, эй дил.
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод,
Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод!
Валекин аз хиёнатҳои ёрон
Диле чун бишканад, фарёду фарёд!
Баҳори гулфишон омад, гули ман,
Ба ҷӯ оби равон омад, гули ман.
Дили ман ҳам чу мурғони фирорӣ
Зи нав бар ошён омад, гули ман.
Чи хуш мегуфт борон дар биёбон:
Шитобон омадам, рафтам шитобон.
Зи шаб то субҳдам хондам тарона,
Вале нашнид гӯши сахтхобон.
Гули ҳасрат паёми навбаҳор аст,
Валекин қисматаш носозгор аст.
Паёми фасли гул дар лаб бимирад,
Чи ҳасратҳо, ки дар ин рӯзгор аст...
Баҳорон гул ба домон омаду рафт,
Ба кӯи мо чу меҳмон омаду рафт.
Тиҳӣ шуд доманаш аз сабзаву гул,
Ба мисли мо пурармон омаду рафт.
Ҷаҳон равшан, ҷаҳон торик бошад,
Дар ӯ гаҳ зишт, гоҳе нек бошад.
Раҳи дуре набошад ҳеҷ мушкил,
Чу бо ту дӯсте наздик бошад.
Сари сабзат ҳамеша дар амон бод,
Дилат дар зиндагонӣ комрон бод.
Насиби ту ҳама шодии дунё,
Ғами олам насиби душманон бод.
Гул аз гул рангу бӯи нав бигирад,
Ҳам аз хуршед маҳ партав бигирад.
Гаҳ устод ақл омӯзад зи шогирд,
Гаҳе раҳбар паи пайрав бигирад.
Касоне, ки ҳамора бехурӯшанд,
На беақланд, на боақлу ҳушанд.
На бо туғён, на бо селанд ҳамрой,
Чу санги соҳили дарё хамӯшанд.
Шамоли тунди фасли тирамоҳон
Фурӯ резонд барги шохсорон,
Ту гӯӣ, баргҳо дар рӯи дунё
Парешонанд монанди ғарибон...
Ба рӯи роҳҳо барги хазон рехт,
Ки гӯӣ обрӯи бӯстон рехт,
Табиат пир шуд дар тирамоҳон,
Хазони умр як-як бенишон рехт!
Туро аз толеи худ кофтам ман,
Зи худ рафтам, туро то ёфтам ман.
Зи байти абруят тақлид кардам,
Суханро ҳамчу мӯят бофтам ман.
474 Л оиқ Шералӣ
Баҳор асту бирезад резаборон,
Нишоне хоҳад аз ман рӯзгорон.
Ҳар он нахле, ки биншондам, шавад кош
Сутуни хонаи навхонадорон.
Саҳар хуршед бикшояд дари ман,
Нишинад ҳамчу ёре дар бари ман.
Кушояд чашми рӯзи дигарамро,
Бипурсад, то чӣ бигзашт аз сари ман...
Ту бо ман сӯхтиву сохтӣ, ёр,
Диламро бехато бишнохтӣ, ёр.
Сари савдоии бесарварамро
Навозиш кардию афрохтӣ, ёр.
Ба ҳар паҳно биҷӯ паҳнои худро,
Аз ин дунё ситон дунёи худро.
Зи камобии дарё тирамоҳон
Бубин ҳоли дили дарёи худро.
Чу мирад шоире, ҳайкал гузоранд,
Ҳисоби байтҳояшро шуморанд.
Вале аз шеърҳои мурдаи ӯ
Ба дилҳо заррае парво надоранд.
Чу ҳуснат шеъри виҷдонӣ надидам,
Чу мӯят риштаи ҷоне надидам.
Ба байти абруят дар шеъри тоҷик
Ягон шаҳбайти ҳамсоне надидам.
Гаҳе на ёди хурду хоб кардем,
Ки то рози диле дарёб кардем.
Барои ташнагони зиндагонӣ
Дили худро шабу рӯз об кардем.
Дар ин дунё бубояд қаҳрамон буд,
Паи ҳифзи амонӣ беамон буд.
Ба дилнармӣ наёрӣ тоби сахтӣ,
Бибояд сахтрӯю сахтҷон буд.
Чаро таънам занӣ, беақли сода,
Ки ту чобуксавору ман пиёда?
Ба ҷое, ки саворон мешитобанд,
Расад оқил ба як ҷо истода...
Бадо шаҳре, ки он ҷо оқиле не,
Барои фахри мардум фозиле не.
Чи бадбахт аст он мулку маконе,
Ки дарё дораду дарёдиле не.
Диле дорӣ, дилозоре надорӣ,
Ғаме дорию ғамхоре надорӣ.
Чи ношукрӣ, чӣ бадбахтӣ, чи зуфтӣ,
Ки бадхоҳи сазоворе надорӣ.
На боандешаву на хушзабонӣ,
Чунон дорӣ нишон, ки бенишонӣ.
Ту кӯриву туро ҳайронам, эй дӯст,
Чаро хонанд чашмикордонӣ?
Аламбардори номи ман ту бошӣ,
Давоми ман, паёми ман ту бошӣ.
Бимирам сарбаланд, эй тифли фардо,
Агар қоиммақоми ман ту бошӣ.
Макони ман замини суру шод аст,
Ҷаҳони ман фазои бокушод аст.
Дилам мурғест, к-андар роҳи парвоз
Сурудам чун паре аз ӯ фитодаст.
Сухан аз пеши худ кай бофтам ман,
Варо аз рози дилҳо кофтам ман,
Дарозу кӯтаҳии сатрҳоро
Зи ожанги ҷабинҳо ёфтам ман.
Якеро қасру боғу маҳмиле ҳаст,
Чароғи ақл неву манзиле ҳаст.
Якеро махзани пур аз тилое,
Маро дар махзани сина диле ҳаст!
Напурсида зи мо, зоданд моро,
Насиби зиндагӣ доданд моро.
Барои хеш то роҳе биҷӯем,
Сари дуроҳа бинҳоданд моро.
Дилам дарёст, соҳилҳо, куҷоед?
Дилам раҳҷӯст, манзилҳо, куҷоед?
Русуми дилбарӣ омӯхтам ман,
Шуморо ҷӯям, эй дилҳо, куҷоед?
Замину осмон бо ҳам наояд,
Ба дунё одами беғам наояд.
Шабе аз гиряи борон шунидам,
Ки ҳаргиз дидае бенам наояд.
Гуноҳи шоирон беҳ аз савоб аст,
Сиришки талхашон беҳ аз шароб аст.
Ба базми синаи онон шитобед,
Ки дуди оҳашон беҳ аз кабоб аст.
Куллиёти ашъор 475
Ғами дунё ҳама ғамхори мо шуд,
Ками дунё ғами бисёри мо шуд.
Сабукборон ҳама рафтанд осон,
Набурда борашон сарбори мо шуд.
Гаҳе чун шуълаи оташ дамидам,
Гаҳе дар фикри бешу кам тапидам.
Маро ҳарчанд модар зод аввал,
Худамро боз сад бор офаридам.
Чӣ суд аз шӯҳрати барвақту осон?
Чӣ суд аз нашри чанде шеъру дастон?
Дили шоир ба монанди замин аст,
Ки бояд кард ҳар дам киштгардон.
Намонад кишти деҳқон нодуруда,
Намонад шеъри шоир носуруда.
Дар ин дунёи бурду бохт, эй кош,
Намонад коми ошиқ норабуда!
Чӣ бошад дил, агар дилбар набошад?
Сари коре агар дар сар набошад?
Ҳама ғамро бувад хурсандӣ дар пай,
Ғаме аз беғамӣ бадтар набошад.
Касе, ки ғам нахурд, одам нагардад,
Касе, ки дил наҷуст, олам нагардад.
Хурад ғам одамӣ аз рӯзи мисоқ,
Ғами олам ба хурдан кам нагардад.
Маро дар оташ андоз, эй гули ман,
Маро бигдозу бигдоз, эй гули ман.
Бад-ин хомӣ нахоҳам зиндагонӣ,
Маро ё сӯз, ё соз, эй гули ман.
Ба болои сарам маҳтоб доим,
Ду чашмони сарам бехоб доим.
Ҷудо гардад лаби ман аз лаби ту,
Лаби ҷӯро бибӯсад об доим.
Баҳори рафтаам дигар наояд,
Нигори рафтаам дигар наояд.
Дареғ аз тирҳои хокхурда,
Шикори рафтаам дигар наояд.
Зи ҳар як кӯҳ кони зар наёбӣ,
Зи ҳар баҳри дамон гавҳар наёбӣ.
Чу аз ёри нават гардӣ пушаймон,
Ту ёри куҳнаро дигар наёбӣ.
Ду чашмат чашмаи барқу шарар буд,
Назаргоҳи ҳама аҳли назар буд.
Ҷавон будӣ, вале фасли ҷавонӣ
Ба мисли ошиқонат раҳгузар буд.
Умедат дар дилам қасри тило кард,
Ғамат бо шодиям маҳшар бапо кард.
Агар кори хато бошад муҳаббат,
На ҳар оқил тавонад ин хато кард!
Сари кӯҳи баланд истода бошӣ,
Ба ёри қадрасе дилдода бошӣ,
Шавӣ ҳамдостони обшорон,
Чу домони саҳар озода бошӣ.
Суруди ишқ хондан навбати кист?
Канори чун биҳиштат қисмати кист?
Биёбӣ ҳамқаду ҳамдил наёбӣ,
Қади сарват радифи қомати кист?
Раҳи умрам раҳи кӯи ту бошад,
Ду чашми чори ман сӯи ту бошад.
Манам марди мусофир, тӯшаи раҳ
Ҳамон ду кулчаи рӯи ту бошад.
Фидои ҳалқаи чашмони мастат,
Адои ҷилваҳои қадду бастат.
Ба дарёи дили ман шаст андоз,
Ки моҳии тило афтад ба шастат.
Дилам аз ишқи ту ранҷур гашта,
Сарам савдоии машҳур гашта.
Ҳар он рӯзе, ки чашматро набинам,
Бидон, ки чашми рӯзам кӯр гашта.
Маро гум кардию дигар наёбӣ,
Хатамро дар ягон дафтар наёбӣ.
Биҷӯӣ сарҳисоби зиндагонӣ,
Валекин зиндагӣ аз сар наёбӣ.
Замоне дар дилам ишқу ҳавас буд,
Ситора аз бароям дастрас буд.
Агар ман рӯи дунёро надидам,
Насиби дидани рӯи ту бас буд.
Ало, эй нозанини моҳпайкар,
Лаби дарё биёӣ кӯза бар сар.
Лаби дарё биёӣ, об агар нест,
Зи дарёи дили ман ёд овар.
476 Л оиқ Шералӣ
Хаёли васли ту мисли сароб аст.
Парии бахти ман зери ниқоб аст.
Чу нанвиштӣ ҷавоби номаҳоям,
Тамоми рӯзгорам беҷавоб аст.
Зи базми мо шикаста ҷом монад,
Зи саранҷоми мо анҷом монад.
Дили мо гарчи якумрӣ бисӯзад,
Миёни оташ ишқаш хом монад.
Чароғи мурдаро аз нав фурӯзанд,
Либоси куҳнаро дарбеҳ бидӯзанд.
Тамоми умр сӯзад одамизод,
Дубораш баъди мурдан ҳам бисӯзанд.
Ду-се рӯзе дар ин дунёстам ман,
На бедарду на бепарвостам ман.
Бишуд ҳар сол соле умрам афзун
Надонистам, ки худро костам ман.
Замину осмон дур аст, эй гул,
Чу чашми бахти мо кӯр аст, эй гул.
Агар бо ҳам наояд қисмати мо,
Ҳама офоқ маъзур аст, эй гул.
Дили мо ҳамчу кони нокушода,
Сари мо дар раҳи савдо фитода.
Тани моро талоши зиндагонӣ
Миёни кӯраи оташ ниҳода.
Диле гар ҳаст, умеди дилбаре ҳаст,
Саре гар ҳаст, умеди сарваре ҳаст.
Гузашт имрӯзу парвое надорем,
Дили мо пур, ки рӯзи дигаре ҳаст.
Зи кибру мастиву майхонашинӣ
Заминро гоҳ зери по набинӣ.
Замин гоҳо аз он ларзад, ки гӯяд:
Ғанимат дон, ки дар рӯи заминӣ...
Ту боре дар дилат исён надида,
Талотумҳои рӯҳу ҷон надида.
Ба рӯи санг рустам ман, вале ту
Гули гулдонию борон надида.
Ту кӯрӣ, аҳвалӣ, биностам ман,
Касифу каҷдилӣ, шайдостам ман.
Ту худхоҳию ман ҷонкоҳу ҷонсӯз,
Ту санги соҳилӣ, дарёстам ман!
Дар ин даҳри палиди пурзабола,
Ки дар ҳар гом дорад чоҳу чола.
Басо гургони борондида дидам,
Ки дилкаф мешаванд аз барфу жола...
Яке берӯю дар чархи барин аст,
Дигар рӯсурх дар зери замин аст.
Чу рӯзе баркашӣ суду зиёнро,
Басо болонишин поиннишин аст.
Яке гӯру дигар кон меканад боз,
Яке девори зиндон меканад боз.
Яке дил меканад аз ишқи ёре,
Яке чаҳ, дигаре ҷон меканад боз.
Ба ҳар роҳе, ки рафтам санг дидам,
Ба рӯи ҳар касе ожанг дидам.
Дар абрӯи касе, ки раҳнавард аст,
Нишони раҳ – ғубору чанг дидам.
Ало, дилошною дилбари ман,
Ду-се рӯзе парастори сари ман,
Чунон дар ишқи ту сӯзам, ки бошад
Аз оташ гармтар хокистари ман.
Муҳаббат масдари рушду камол аст,
Раҳи паймон на роҳи қилуқол аст.
Агар дар ишқ банди дил насӯзад,
Кушоди банди мушкилҳо муҳол аст.
Фитад аз осмон ахтар, наёбӣ,
Ҷавонӣ бигзарад, дигар наёбӣ.
Бинеҳ сар бар сари зонуи ёре,
Ки умрат чун басар шуд, сар наёбӣ.
Дареғу дод аз дасти ҷудоӣ!
Дареғи дигаре аз норасоӣ!
Дили ман ногаҳон афтоду гум шуд
Зи гесӯе чу санчоқи тилоӣ.
Дили ошиқ зи ҳаҷри маҳваше сӯхт,
Дили шоир паи байти хуше сӯхт.
Ҳама сӯзанд андар оташе, лек
Дили ман дар ғами беоташӣ сӯхт.
Хуш аст он к-ӯ ками худро физояд,
Ғамеро бо ғами дигар зудояд.
Сано бодо ба он марде, ки ҳар рӯз
Худ аз худ дар дилаш дунё кушояд.
Куллиёти ашъор 477
Шабу рӯзони бисёре гузашта,
Басо обе зи ҷӯборе гузашта.
Ба мастиҳо нафаҳмидем, афсӯс,
Ки қадри хубии ёре гузашта...
Биё, то хирмани мӯят бубинам,
Биё, пайванди абрӯят бубинам.
Ду-се рӯзе биё, то зиндаам ман,
Ки дар рӯи замин рӯят бубинам.
Туӣ ганҷинаи умри ман, эй ёр,
Туӣ нақдинаи умри ман, эй ёр.
Ба монанди диле ғамгину шодон
Туӣ дар синаи умри ман, эй ёр.
Бидонад ҳар касе хушрӯзгор аст,
Ки нури зиндагӣ аз чашми ёр аст.
Ниҳоли умри ошиқ сабзу хуррам
Ҳаме аз бӯсаҳои обдор аст.
Ҳама дунё фидои номи ёрам,
Фидои як сухан пайғоми ёрам.
Барафрӯзам даруни сина оташ,
Пазад то ваъдаҳои хоми ёрам.
Муҳаббат ҳолию фардои умр аст,
Муҳаббат шӯриши дарёи умр аст.
На ҳар савдогар ин ҷо суд ёбад,
Муҳаббат, ҷони ман, савдои умр аст.
Зи ишқи ту куҷо ҷои гурез аст,
Маро ҳар як нафас бо ту азиз аст.
Ба ман бозии абрӯи каҷат гуфт,
Ки дунё расми каҷдорумарез аст.
Кушоду басти мушкилҳо ту бошӣ,
Сафои дидаву дилҳо ту бошӣ,
Валекин дар ҳама айём, эй ишқ,
Ҷазои ҷумла оқилҳо ту бошӣ.
Туро меҷӯям аз ҳар боғу гулшан,
Туро меҷӯям аз дунёи равшан.
Туро меёбаму гум мекунам боз,
Аҷаб беҳудакорам, вой бар ман!
Ба кӯят боз роҳ орам, гули ман,
Дили пурдарду оҳ орам, гули ман.
Зи кулли гирудори нафси одам
Дар оғӯшат паноҳ орам, гули ман.
Биё, то ҳусни ту пайдо кунад дил,
Биё, то ишқи нав иншо кунад дил.
Ба бедардӣ чӣ фарқи одаму санг?
Биё, то дарди дил пайдо кунад дил!
Сарам бо туст, кай гӯям, ки сар деҳ,
Варо ҳар лаҳза савдои дигар деҳ.
Агар бо ман ниёзе дар дилат нест,
Дилам бо туст, гоҳ аз ӯ хабар деҳ!
Дилам ҳамошёни булбулон буд
Ба саҳни бӯстонҳо нағмахон буд.
Баҳорон буду булбул буду гул буд,
Ҷавонӣ буду ёри ман ҷавон буд.
Дили ман, эй дили овораи ман,
Ту гум кардӣ ба ҳар ҷо чораи ман.
Агар аз дасти ту гирям шабу рӯз,
Наҷунбонад касе гаҳвораи ман.
Дили зебопарастам худфиреб аст,
Раҳаш гоҳе фарозу гаҳ нишеб аст.
Шаҳиди ҳусну рашку бевафоӣ,
Даруни синаам мисли ғариб аст.
Дили пур беҳтар аз паймонае пур,
Сари пурмағз аз сад хонае пур.
Чӣ ҷӯӣ ҳашмат аз ин чордевор,
Ки вай аз қиссаю афсонае пур.
Туро дар орзуям сохтам ман,
Ҷавониро ба ишқат бохтам ман.
Чу ту нашнохтӣ қадри диламро,
Накӯтар хешро бишнохтам ман.
Баҳоро, қосиди меҳри дили ман,
Баҳоро, муждаи фасли гули ман,
Чу баъди ман шавӣ такрор ҳар сол,
Бирӯён сабза аз хоку гили ман.
Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд.
Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд,
Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд
Замоне дар замин як Лоиқе буд...
Табиби ман ба ғайри ман касе нест,
Ҳабиби ман ба ғайри ман касе нест.
Ман аз ин умрфарсоӣ бидонам;
Рақиби ман ба ғайри ман касе нест.
478 Л оиқ Шералӣ
Қарори ман ҳама аз беқарорист,
Барори ман ҳама аз бебарорист.
Ба худ андаррасам дар бехудиҳо,
Бақои ҷони ман аз ҷоннисорист.
Даруни сина исён мекунам ман,
Ба гӯши хеш афғон мекунам ман.
Сари савдопарасти хештанро
Ба ҷайби хеш пинҳон мекунам ман.
Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд,
Хатои мо пас аз мурдан бигӯянд.
Чи гулҳо, ки надидему начидем,
Пас аз мурдан зи хоки мо бирӯянд.
Дили беишқ ҳам озурда гардад,
Тани бедард ҳам фарсуда гардад,
Хазон гардад дарахти бесамар ҳам,
Гули бебӯй ҳам пажмурда гардад.
Фиреби зиндагӣ бар ҷои панд аст,
Тамоми фанди ӯ бар ҷои қанд аст.
Замин паст, осмон дуру баланд аст,
Ғанимат ҳар писанду нописанд аст.
Муҳаббат кори бедардон набошад,
Вафо бори сабукборон набошад.
«Касе, ки ошиқ аст, аз ҷон натарсад»
Агар маъшуқа сер аз ҷон набошад...
Гуноҳи мо ба ҷои ёдгор аст,
Хатои мо ба ҷои шоҳкор аст.
Хазони мо нишони тирамаҳ нест,
Хазони мо ғизои сад баҳор аст.
Дили ман, эй дили ман, эй дили ман,
Раҳи ман, раҳбари ман, манзили ман.
Маро куштӣ ту дар роҳи ҳавасҳо,
Бади ман, душмани ман, қотили ман.
Дареғо, аспи қисмат зин надорад,
Сари савдоиён болин надорад.
Ҳама хоҳанд вазни худ бидонанд,
Тарозуи касе шоҳин надорад.
Агар, эй дӯстон, аҳли сафоед,
Ба дарди шоирон гар ошноед,
Аҷал чун чашми шоирро бипӯшад,
Шумо девони шеърашро кушоед.
Тую ман ҳам ҷавон будем вақте,
Фидоии замон будем вақте.
Нишони мо пас аз мурдан кӣ бошад?
Нишони мурдагон будем вақте...
Яке афсӯсу дигар ҷом хурда,
Ҳама хомему шири хомхурда.
Чу ояд офтоби мо лаби бом,
Наёбад моҳи моро шомхурда.
Фиреби ошноёнро чӣ гӯям?
Ғироми дӯстдоронро чӣ гӯям?
Занон мардона гоҳо ишқ варзанд,
Заифиҳои мардонро чӣ гӯям?!!
Дареғ аз ишқи пинҳони ману ту,
Дареғ аз аҳду паймони ману ту.
Ҷавонӣ буду давроневу бигзашт,
Дареғ аз давру даврони ману ту.
Чӣ мегӯӣ, баҳори мо гузашта,
Замони беғубори мо гузашта.
Канори ҳамдигар як шаб нахуфтем,
Ҷавонӣ аз канори мо гузашта...
Ду чашмат чашмаи илҳоми ман буд,
Сари зулфи ту саранҷоми ман буд.
Насиби ман нашуд қадди расоят,
Дареғо, айби ишқи хоми ман буд.
Чу ман дигар гирифторе наёбӣ,
Ба ғайри ман сазоворе наёбӣ.
Дар ин саҳрою дашти селроҳа
Басо гул ҷӯиву хоре наёбӣ.
Дило, фарёди ту гар гӯшрас нест,
Чунин ёбам: дар олам ҳеҷ кас нест.
Гули тарро ба сарвақт ар набӯӣ,
Замину осмон ҷуз хору хас нест.
Равонам ҷониби фардои қисмат,
Зи дасти бераҳу саҳрои қисмат.
Дар ин дунёи нопайдоканора
Занам пай, то кунам пайдои қисмат.
Ҷаҳони хеш аз дунё биёбам,
Мақоми хеш дар дилҳо биёбам.
Валекин рӯзҳои рафтаамро
Бувад оё ки аз фардо биёбам?!
Куллиёти ашъор 479
Ба гардун моҳ ҳар мавсим набошад,
Вафои ошиқон доим набошад.
Вафо пироҳани танг асту кӯтоҳ,
Ба қадди ҳеҷ кас қоим набошад.
Ҳама нозат ғанимат бошад, эй гул,
Саропои ту давлат бошад, эй гул,
Туро баҳри муҳаббат офариданд,
Мададгорат муҳаббат бошад, эй гул.
Ду чашми толеъамро хоб бурдаст,
Сарамро гардиши гирдоб бурдаст,
Чу некӣ карда, афкандам ба дарё,
Тамоми некиямро об бурдаст...
Дарахти арғувоне будаӣ ту,
Дурӯза гулфишоне будаӣ ту.
Дареғо, эй ҷавонӣ, эй ҷавонӣ,
Чи кӯтаҳзиндагонӣ будаӣ ту.
Ҷавонию ҷавонию ҷавонӣ,
Фарозу шеби дунёро надонӣ.
Дилатро хун кунӣ, чун дил шавад пир,
Биёмӯзӣ тариқи дилситонӣ.
Замоне роҳу манзил доштам ман,
Ба мисли рӯд соҳил доштам ман.
Дили ман об шуд байни ду соҳил
Дареғо, як замон дил доштам ман.
Бисӯзам, то ки нурамро бубинанд,
Равам, то роҳи дурамро бубинанд.
Бимирам ончунон мушкил, ки мардум
Ба ҳайрат хоки гӯрамро бубинанд.
Гирифтори туам, бинмой тадбир,
Сазовори туам, манмой таъхир.
Лаби дарё биё, бӯсам лабатро,
Ки дарёи дилам мехушкад охир.
Туро аз бахт пайдо мекунам ман,
Ҷамолатро тамошо мекунам ман.
Туро то як нафас бо ман гузоранд,
Худоёнро тавалло мекунам ман.
Агар мо давлати дунё надорем,
Агар мо неъмати дунё надорем,
Сару савдои мо савдогарӣ нест,
Ҷавонию дили девона дорем.
Ду чашми равшанам оинаи туст,
Китоби шеъри ман ганҷинаи туст.
Фаромӯшам макун, то зинда бошӣ,
Ки Лоиқ ошиқи деринаи туст.
Дили мо доимо байни ду санг аст,
Дили мо доимо бо мо ба ҷанг аст.
Даруни сина муште бештар нест,
Агар шӯрад, ҳама дунёш танг аст.
Ба зери осмон фардем, эй дӯст,
Ҳама аҳли ғаму дардем, эй дӯст.
Барои он ки беҳуда намирем,
Чи мушкил зиндагӣ кардем, эй дӯст.
Ҳама фарзанди мо қобил наояд,
Ҳама раҳҷӯй бар манзил наояд.
Ба ҳар як тир як сайде наафтад,
Зи ҳар як шеър бӯи дил наояд.
Чу санги кӯҳҳо носуфтаам ман,
Чу ганҷи кӯҳҳо бинҳуфтаам ман.
Ҳама донанд шарҳи ҳоламу лек
Дареғо, қиссаи ногуфтаам ман.
Гаҳе ёру гаҳе бор аст дунё,
Гаҳе тору гаҳе дор аст дунё.
Надонад қимати мардон, агарчанд
Харидор асту бозор аст дунё.
Ту бо ман бош қоим, эй маҳи ман,
Ту бо ман бош доим, эй маҳи ман,
Ки бар мӯи дарозат баста бошад
Ҳама савдои умри кӯтаҳи ман.
Якеро бемаҳал сарсахт зоданд,
Дигарро бармаҳал бар тахт зоданд.
Якеро аз барои бахти нася,
Дигарро баҳри нақди бахт зоданд.
Касе аз дарди мо парво надорад,
Ки мисли мо дили шайдо надорад.
Зи шӯри мавҷу аз гирдоб тарсад,
Касе чун мо дили дарё надорад.
Ҳама бечораю безарфу танҳост,
Тани танҳо ба зидди ҷумла дунёст,
Тамоми умр бо дунё ситезем,
Миёну мову дунё душманиҳост.
480 Л оиқ Шералӣ
Яке ёду дигар фарёд дорад,
Яке доду дигар бедод дорад.
Касе, к-аз ақлу дониш дур бошад,
Ба буҳтонбофӣ истеъдод дорад.
Зи шеъри мо дили моро шиносанд,
Зи феъли мо гили моро шиносанд.
Зи ранги рӯи мо дар гардиши вақт
Бисоти манзили моро шиносанд.
Чӣ суд андешаи имрӯзу фардо,
Лаби дарё мабош аз хушклабҳо.
Лаби дарё бинеҳ лаб бар лаби ёр,
Ки осон бигзарӣ аз баҳри дунё.
Дили моро дигар дилбар намонда,
Дигар шӯру шарар дар сар намонда.
Зи оташҳо, ки дардодем дар ишқ,
Нишоне ғайри хокистар намонда.
Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур,
Маро аз ту ҷудо карданд маҷбур.
Дили моро надиданду нахонданд,
Илоҳо, чашми биношон шавад кӯр!
Машав аз ину он мағрур, эй дил,
Сабуксорӣ набошад кори оқил.
Зи таърифи зиёд аз ҳад наболӣ,
Ки он ҳам мекушад чун заҳри қотил.
Аз ин дунё, аз ин дунёи зебо
Басо рафтанд беному нишонҳо.
Ситора ҷуставу мурданд бешамъ,
Худо ҷустанду гум карданд худро...
Дареғ аз сӯхтанҳои ниҳонӣ,
Дареғ аз лаҳзаҳои достонӣ.
Туро ҳамбахти лоиқ хонда будам,
Дареғ аз орзуҳои ҷавонӣ!
Агар шеъре шунидӣ, ёди ман кун,
Агар оҳе кашидӣ, ёди ман кун.
Агар тундар дурахшиду ту аз тарс
Зи ҷо як қад паридӣ, ёди ман кун.
Биё, то гӯямат шарҳи ғами дил,
Сухан бикшоям аз бешу ками дил.
Чӣ мебинӣ зи сайри рӯи олам,
Биё, сайре бикун дар олами дил.
Туро бар сар кашам, эй ҷоми кошӣ,
Ки дил ояд ба туғёну талоше.
Туро лабрез созад соқие боз,
Вале тарсам насиби ман набошӣ.
Мабодо дар ягон саҳро бимирам,
Мабодо бекасу танҳо бимирам.
Чу ман дарёдилам дар зиндагонӣ,
Бибояд дар дили дарё бимирам.
Бузургоне, ки худро мешиносанд,
Ҳамеша бениёзу беқиёсанд.
Ҳамеша дар азоб аз шуҳрати худ,
Ҳама аз доди қисмат дар сипосанд.
Дарахти пирро дар тирамаҳ бин,
Чу пири қадхамида зору мискин.
Бинолад реша аз тан, тан зи реша:
Фиғон аз талхиҳои умри ширин...
Ҳама монанди мо шайдо наоянд,
Баҳору тирамаҳ якҷо наоянд.
Агар дарёдилеро бурд дарё,
Дигар мардум лаби дарё наоянд.
Басо ишқе, ки андар дил бимирад,
Басо шавқе, ки по дар гил бимирад.
Басо лабташнае дарё биҷӯяд,
Нахурда об, дар соҳил бимирад.
Замон гаҳ қаср, гоҳе гӯр созад,
Ки то вайронае маъмур созад.
Касе бигрезад аз чашми замона,
Замона чашми ӯро кӯр созад.
Надидам дил, ки доғи дилбаре нест,
Надидам сар, ки бедарди саре ҳаст.
Надидам кас аз он мушкилкушоён,
Ки худ дармондаи пеши даре нест.
Агар бедонишон унвон наёбанд,
Барои фитнаҷӯӣ шаб нахобанд.
Пазад то хомашон пинҳон зи мардум,
Ба дасти дигарон оташ бикобанд.
Ҷавонӣ аз барам доманкашон рафт,
Гаҳе бехуд, гаҳе аз худ нишон рафт,
Маро гӯянд: аз худ рафтаӣ ту,
Зи худ рафта, куҷо ҳам метавон рафт?!
Куллиёти ашъор 481
Бад аз хоранд бас ғамхор хоҳанд,
Чи ноёранд ёри кор хоҳанд.
Зи бешармии онон шармам ояд
Ба як мисқол сад хирвор хоҳанд.
Ҳама ҷон додаву ҷонон нагирад,
Ҳама гул ҷой дар гулдон нагирад.
Ҳама чашма наёмезад ба дарё,
Ҳама уммедҳо сомон нагирад.
Вафоро ёфтанд аз бевафоӣ,
Расоиро зи кулли норасоӣ.
Ҳақиқат офариданд аз гумонҳо,
Ҷаҳонро сохтанд аз норизоӣ.
Ҷаҳон як лаҳза сарафрозӣ бошад,
Сарафрозию пас сарбозӣ бошад.
Бисанҷидам саропо зиндагиро –
Ҳама худсӯзию худсозӣ бошад.
Бузургон ҳар куҷо овора миранд,
Батадбиранду худ бечора миранд.
Ҷавонмарганд мардони ҳунарманд,
Валекин нокасон садсола миранд.
Мақоми хеш то бишнохтам ман,
Басо сар бохтам, дил бохтам ман.
Бисозам то бинои бахти худро,
Басо бо зиндагонӣ сохтам ман.
Ҷаҳон дорем, аммо норизоем,
Вафо хоҳем, аммо бевафоем.
Даво ҷӯему худ кони маризем,
Шигифто, мо чӣ дарди бедавоем!
Илоҳию илоҳию илоҳӣ,
Намонад ҳеҷ кас дар нимароҳе.
Намирад бенишон фарзанди одам,
Намонад дар ватан бесарпаноҳе.
Дареғ аз шеърҳои носуруда,
Дареғ аз уқдаҳои нокушуда.
Намегӯям дареғи насяи бахт,
Дареғ аз нақдҳои норабуда...
Бузургон бо ҳунар дилҷӯӣ карданд,
Зи реги рӯдҳо заршӯӣ карданд.
Басо дидам, валекин хубрӯён,
Ки дар рӯи замин берӯӣ карданд.
Зи ман дар ишқи ту бас оҳу бигзашт,
Ҷавониям бишуд гумроҳу бигзашт.
Ба ёди чашми оҳуи ту будам,
Нагуфтӣ: оҳ кам кун, оҳу бигзашт...
Ду чашмат розҳо дорад, гули ман,
Нигоҳат нозҳо дорад, гули ман.
Ду абрӯят чу ду боли парасту
Аҷаб парвозҳо дорад, гули ман.
Шабе ёди ту кардам, хонаам сӯхт,
Зи тобу таб дили девонаам сӯхт.
Ба ёди чашмҳои оташинат
Ҷаҳони қиссаву афсонаам сӯхт.
Ҷавон будию чун гулдаста будӣ,
Ту бо ман аҳди ёрӣ баста будӣ.
Дареғ аз рӯзҳои офтобӣ,
Ки баҳри ман зи худ вораста будӣ.
Бибӯсам чашми ҷодувонаатро,
Бибӯсам талъати шоҳонаатро.
Чунон мастат кунам аз бӯсаи хеш,
Наёбӣ ҳеҷ роҳи хонаатро.
Агарчи сӯхтам, хоми ту будам,
Кабӯтарбаччаи роми ту будам.
Накӯномии ман коме наёвард,
Хушо вақте ки бадноми ту будам.
Ғанӣ аз базми дарвешон гурезад,
Ғамӣ аз суҳбати мастон гурезад.
Ба дидори ту бигрезам зи хона
Чу зиндонӣ, ки аз зиндон гурезад.
Чу моҳӣ меравам дарё ба дарё,
Чу оҳу меравам саҳро ба саҳро,
Замину осмонро мезанам пай,
Ки боре ёбамат танҳо ба танҳо.
Замоне кӯи ту хуш манзилам буд,
Камоли ишқу бахти комилам буд.
Ду чашмат чашмаи нури илоҳӣ,
Ниҳоли қоматат боғи дилам буд.
Агар нози ту дар дунё нагунҷад,
Агар ишқи ту дар дилҳо нагунҷад,
Биёву дар дили шоир макон гир,
Ки ишқ андар дили девона гунҷад.
482 Л оиқ Шералӣ
Туро бо ман дили фарзонае буд,
Маро бо ту ҳама афсонае буд.
Туро бо ман дили шӯридаи ишқ,
Маро бо ту дили девонае буд.
Ту май мерехтӣ дар ҷоми ошиқ,
Ту фахре доштӣ аз номи ошиқ.
Ҷаҳонро мезадӣ пай бо хаёле
Барои як сухан пайғоми ошиқ.
Ало, эй навниҳоли навбари ман,
Биафкан соя боре бар сари ман.
Биафкан сояву оромишам деҳ,
Ки осояд дили исёнгари ман.
Нигаҳҳои ту таскини дилам буд,
Таманнои ту тамкини дилам буд.
Аҷобат бин, ки бо ин бехудиҳо
Замоне ишқи ту дини дилам буд.
Маро бо ту муҳаббат буду бигзашт,
Ҷавонӣ ҳам чи неъмат буду бигзашт.
Ҳама рӯзам ба ҳукми рӯзгорон
Чу бодоварда давлат буду бигзашт.
Баҳор омад, шитобон бигзарад боз,
Гули ман аз хиёбон бигзарад боз.
Ҳама ишқе, ки андар сина дорам
Чу борон дар биёбон бигзарад боз.
Сари осудаат савдо надида,
Ду чашми обият дарё надида.
Дили ман сӯхт, хокистар шуд, аммо
Дили ту рӯи гармиро надида.
Саҳаргоҳе, ки борон нам-наме дошт,
Дилам аз беғамии ту ғаме дошт.
Надонистам, ки дар ишқу муҳаббат
Дили пурорзуям чӣ камӣ дошт?!
Чу мо бар мо касе фарёдрас нест,
Чу мо ҳамдостону ҳамнафас нест.
Ҳар он гаҳ бо ту бошам, дар хаёлам
Ба ғайри мо ба олам ҳеҷ кас нест.
Биё, дил дар табу тоб аст, эй ёр,
Биё, ин лаҳза ноёб аст, эй ёр.
Биёю вонамо моҳи рухатро,
Ки имшаб кӯрмаҳтоб аст, эй ёр.
Шабошаб рӯ ба дидори ту орам,
Дили шайдо ба исори ту орам.
Баёзи гарданат дори баланд аст,
Сари худро сари дори ту орам.
Хиёбон зери барф афтода, эй гул,
Замину осмон озода, эй гул,
Касе ҷуфти муносиб бо ту бошад,
Ҳанӯз аз модараш нозода, эй гул.
Гарам он ёр дар паҳлӯ нишинад,
Ба пешам якдилу якрӯ нишинад,
Ниҳам сар бар сари зонуш, то кош
Сари гӯрам сари зону нишинад.
Ба дастам дасти ёре буд вақте,
Маро бо ёр коре буд вақте.
Забони баргҳои зард гӯяд,
Ки моро ҳам баҳоре буд вақте...
Чу май хурдан тавонем, эй дилафрӯз,
Чаро бояд хурем афсӯсу афсӯс?
Ба ҳоли он касе хоҳам бигирям,
Ки шабро шаб нагуфту рӯзро рӯз.
Ту бо ман комронӣ кардӣ, эй гул,
Ҷавон будӣ, ҷавонӣ кардӣ, эй гул.
Ҳама тобу ҷилои ҳусни худро
Фидои зиндагонӣ кардӣ, эй гул.
Ман аз дасти ту ҷоми бода хурдам,
Ки дидори туро фурсат шумурдам.
Туро чун луъбати зебою гӯё
Дар оғӯши таболудам фишурдам.
Навои ишқи мо ноҷӯр монад,
Чароғи бахти мо бенур монад.
Надонистем қадри якдигарро,
Ду дасти мо бурун аз гӯр монад.
Дилам парвардаи ғамҳои ишқ аст,
Нигоҳам оҳуи саҳрои ишқ аст,
Вале бо ин ҳама ишқошноӣ
Намедонам куҷо маъвои ишқ аст...
Дилам дар байни абрӯи ту монда,
Хаёлам бастаи мӯи ту монда.
Чунон аз худ фаромӯшам, ки гӯӣ
Сарам андар сари кӯи ту монда...
Куллиёти ашъор 483
Сарам як лаҳза бесавдо набуда,
Дилам як лаҳза бепарво набуда.
Муродам аз баландиҳои дунё
Ба ғайр аз қомати боло набуда.
Туро ҷустам зи ҳусни навбаҳорон,
Туро ҷустам зи даври рӯзгорон.
Надонистам, ки бошад ёри зебо
Насиби як касу доғи ҳазорон.
Зи ишқат синаро афрӯхтам ман,
Туро ҳамчун китоб омӯхтам ман.
Дилат бо ман, сарат бо дигаре буд,
Аз ин носозгорӣ сӯхтам ман.
Миёну гарданат – тангоби дарё,
Ба ду соҳил нишаста ташналабҳо.
Агар пул доштам, месохтам пул,
Ки осон бигзарад коми дили мо.
Парид аз оташу гум шуд шарора,
Куҷо ҷӯям туро, дилбар, дубора.
Ситора аз фалак афтоду гум шуд,
Фалак аммо намонда беситора.
Ту дасти заргарӣ, ман зар надорам,
Ту ақли сарварӣ, ман сар надорам,
Ту ҳусни дилбарӣ, ман дилшикаста.
Ту майрезию ман соғар надорам.
Дили ман мурғи дастомӯзи ӯ буд,
Шарори синаам аз сӯзи ӯ буд.
Хушиҳое, ки дар дил доштам ман,
Ҳама аз ишқи ҷонафрӯзи ӯ буд.
Миёни боғ себам додӣ, эй гул.
Ба сад ваъда фиребам додӣ, эй гул.
Дили ман рост буду роҳи ман рост,
Нишон роҳи нишебам додӣ, эй гул.
Ба ошиқ меҳрубонӣ кун, гули ман,
Зи ёрон дилситонӣ кун, гули ман,
Зи қабристон гузар созӣ чу ҳар бор,
Даме шукри ҷавонӣ кун, гули ман.
Дарахти пир чӯби гӯр гардад,
Касе қадрат надонад, кӯр гардад.
Туро ҳар кас набинад рӯзи равшан,
Аз ин дунёи равшан дур гардад.
Ҷавон будӣ, ба қадрат мерасиданд,
Зи ту қавли муҳаббат мешуниданд.
Ба ҷои ду лаби нӯшинаи ту
Ҳама ангушти ҳайрат мегазиданд.
Лаби дарё насими тоза дорад,
Муҳаббат ҳам дару дарвоза дорад.
Кушояд ҳар касе дарвозаашро,
Ки ному шуҳрату овоза дорад.
Туро нашнохтам, тақсири ман буд,
Наҷустам ман туро, таъхири ман буд.
Пушаймонии ман, ношукрии ту
Ба хоки мурда кишти дери ман буд.
Чӣ хонӣ худписандам, эй бародар,
Занӣ чӣ нешхандам, эй бародар.
Ту аз саҳрои хушку бегиёҳӣ,
Ман аз кӯҳи баландам, эй бародар.
Хазони мо баҳори дигарон буд,
Шикасти мо барори дигарон буд.
Ҳар он сайде, ки шуд нимбисмил аз мо,
Чи бас осон шикори дигарон буд.
Гурӯҳе аз тамомӣ нотамоманд,
Агарчи пухта мегӯянд, хоманд.
Аҷаб дорам ман аз тақдири онон,
Ки доранд обрӯю ташнакоманд.
Ту будӣ, эй падар, овораи ман,
Хатою саҳви ту шуд чораи ман.
Фидо гаштӣ, фидо гаштӣ ту он сон,
Ки тобути ту шуд гаҳвораи ман.
Шаби торику бимафкан бимирам,
Ва ё рӯзи хушу равшан бимирам.
Чӣ фарқи рӯзу шаб? Ҳайф аст, ҳайф аст,
Ки мирад оламе, чун ман бимирам...
Ту медонӣ, ки худ ин чархи даввор
Бувад бар нохуни мо зор ҳар бор.
Дамад ҳар субҳи содиқ аз дили пок,
Барояд офтоб аз чашми бедор.
Яке барвақту дигар дер бошем,
Яке сарсабзу дигар пир бошем.
Напаймоем то охир раҳеро
Ҳама аз зиндагӣ носер бошем.
484 Л оиқ Шералӣ
Бузургон гар сағиранду кабиранд,
Ба ҳар зулматсаро равшанзамиранд.
Басо безарфи дун шодоб бошад,
Вале дарёдилон лабташна миранд.
Замоне бигзарад исёну шӯрат,
Ҳама андешаҳои роҳи дурат.
Ҳазорон боғ сабзонӣ ба уммед,
Бирӯяд то дарахте рӯи гӯрат.
Зи ношодии мо шоданд чанде,
Зи бедардӣ танободанд чанде,
Зи сайди зинда метарсанд аз дур,
Ба сайди мурда сайёданд чанде.
Ду-се рӯзе, ки меҳмони заминам,
Ду-се рӯзе, ки бо дунё қаринам,
Мисоли гулпаракҳо дар баҳорон
Зи як гул бар гули дигар нишинам.
Шабе мастона мехондам тарона,
Ки ту, эй гул, насибам бошӣ ё на.
Чунон масти таманнои ту будам,
Надонистам, ки мегуфтам фасона.
Туро охир зи ту бирбудам, эй гул,
Ба ту дунёи нав бикшудам, эй гул.
Ту гӯӣ зодгоҳам буда бошад,
Ҳар он ҷое, ки бо ту будам, эй гул.
Ситора чашми бедори ту бошад,
Дили поки ман исори ту бошад.
Бупечад дар балову зор мирад,
Касе дар қасди озори ту бошад.
Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,
Чу хубон уқдаи кокул кушоданд.
Ҳама озодаву озод, гӯӣ
Ки аз пои асирон ғул кушоданд.
Маро гаҳ ону гаҳ чунон гуморанд,
Гаҳе неку бадамро як шуморанд.
Беҳ аз он ишрате дар зиндагӣ нест,
Агар як дам маро бо ман гузоранд.
Гар ишқе дар дили инсон набудӣ,
Дар олам мушкиле осон набудӣ.
Ҳамехушкидӣ оби ҷумла дарё
Дар ӯ гар шӯришу тӯфон набудӣ.
Шикори бахт доим бебарор аст,
Шумори вақт доим бешумор аст.
Канори рӯд як каф об хурдем,
Надонистем, к-он ҳам раҳгузор аст...
Бибояд шодмону комрон зист,
Ғанӣ андар канори дилбарон зист.
Чу рӯзат пур шавад аз бахши қисмат
Ба рӯзи дигарон кай метавон зист!?
Гули ман, бе ту дил ғамнок гардад,
Ба чашмам танг ин афлок гардад.
Ту бошӣ, хок гирам, зар шавад, лек
Набошӣ, зар бигирам, хок гардад.
Зи ҳаҷрат пайкарам месӯзад, эй ёр,
Ба гардун ахтарам месӯзад, эй ёр.
Дари дилро кушо бо ман, ки дигар
Ҳама бому дарам месӯзад, эй ёр.
Ман он як раҳгузар будам, ки рафтам,
Ман он марди сафар будам, ки рафтам.
Зи дунёи дили пурорзуят
Ман он як бехабар будам, ки рафтам.
Хуш он рӯзе, ки ҳамҷоми ту бошам,
Хумори чашми бодоми ту бошам.
Нахоҳам номи ҷовидон зи дунё,
Агар гумном аз номи ту бошам.
Қадат ҳамқомати ман буд, эй гул,
Висолат қисмати ман буд, эй гул.
Бирафтанд ошиқону ишқбозӣ
Замоне навбати ман буд, эй гул.
Чаро ангуштарият бенигин аст?
Чаро чашмони хандонат ҳазин аст?
Магар ишқи дилатро хок хурдаст,
Ки доим чашми ту сӯи замин аст?
Маро бар рағми душман офариданд,
На баҳри сайри гулшан офариданд.
Ту донӣ, мушти хокам баҳри киштан,
На баҳри бод кардан офариданд.
Гирифти маҳ – гирифти хотири ман,
Шикасти роҳ – садди манзили ман.
Агар дар мисрае як сакта бинам,
Ҳазорон сакта афтад дар дили ман.
Куллиёти ашъор 485
Зи оби чашми мо киште нарӯяд,
Зи роҳи шеъри мо кас раҳ напӯяд.
Зи оби рӯ гаҳ оби ҷӯй беҳтар,
Ки ташна ҳам хурад, ҳам рӯй шӯяд.
Азизон, аз бароям май бирезед,
Ба ҷомам бода пайдарпай бирезед,
Ман он исёнгари ҳадношиносам,
Маро аз нав ба қолаб кай бирезед?!
Дили бедоғ дар дунё наёбӣ,
Сари бедарду бесавдо наёбӣ.
Биёву гавҳари чашми маро бин,
Ки ин гавҳар ту аз дарё наёбӣ.
Шабе дар хоби ман пайдо шав, эй гул,
Дар оғӯшам биёю во шав, эй гул.
Мақоми сармад аз дунё чӣ ҷӯӣ,
Биёву дар дили ман ҷо шав, эй гул.
Раҳи кӯят раҳи тақдири ман буд,
Нигоҳат шуълаи даргири ман буд.
Назар кардам ба рӯи кулчаи ту
Тамоми умр чашми сери ман буд.
Надонам ишқ ин ё макру бозист?
Надонам ё ситам, ё фанд, ё чист?
Бигӯяд: «Бе ту бар ман зиндагӣ нест».
Вале бинӣ, ки бе ту хубтар зист...
Гуле ёбӣ, кунӣ бустон фаромӯш,
Ба нафъи ҷон кунӣ ҷонон фаромӯш.
Чу шамъе ёбӣ, эй ношукр, боре,
Ту созӣ аз маҳи тобон фаромӯш.
Баҳорон баргро ранги ҷавонист,
Ба фасли тирамаҳ ранги хазонист.
Мазан сангам ба ҳаққи пургуноҳӣ,
Гуноҳи ман гуноҳи зиндагонист.
Шаби ҷашнат дили зорам ғамин буд,
Гиреҳҳои дилам андар ҷабин буд.
Гунаҳпӯши ту – сарбанди гулобӣ,
Гунаҳбардори ман танҳо замин буд.
Маро дигар дар ин манзил наёбӣ,
Дигар он ошиқи бедил наёбӣ.
Ту он соҳилнишини бехурӯшӣ,
Дили дарёям аз соҳил наёбӣ.
Сафедори баланди соягустар,
Ту вақте бо қадам будӣ баробар.
Ту чӯби гӯр ё болор гаштӣ,
Наям ман ҳам дигар он шӯху бесар...
На доғе дар рухи сабзинаат буд.
На андӯҳу ғами деринаат буд.
Чӣ давлат доштӣ вақти ҷавонӣ
Сари Лоиқ ба рӯи синаат буд.
Ба аҳли завқ завқи як нафас чист?
Мурод аз шоирӣ хуш зистан нест.
Ба кӯи ҳақпарастӣ ҳақ задам, лек
Тамаллуқкор аз ман хубтар зист.
Туро поянда гӯё зода бошанд,
Ба амри ту ҳама омода бошанд.
Чунон оҳистакор астӣ, ки гӯё
Ҳазорон сол умрат дода бошанд.
Кулаҳро каҷ ба ними сар гузоранд,
Ду-се танпарварони бодахоранд.
Ҳазар аз зотҳои обхокӣ,
Ки хушку обро яксон шуморанд.
Намехоҳӣ, ки мо манзур бошем,
Гаҳе хоҳӣ, ки аз худ дур бошем.
Гар аз кӯрии худ чизе набинӣ,
Ҳамехоҳӣ, ки мо ҳам кӯр бошем?
Ало, дилбар, ба ман лутфи ту кам буд,
Ситамҳоят ба ман болои ҳам буд.
Яке сӯям назар кардию рафтӣ,
Ки гӯӣ ишқи ту чун шохнам буд.
Ҳама гулҳо ба дасти хор буданд.
Ҳама соҳибдилон бемор буданд,
Ҳама сарпастҳо осуда мурданд,
Сарафрозон ба зери дор буданд.
Зи рам хурдан куҷо сайд орамидаст?
Зи кам хурдан кӣ бар давлат расидаст?
Махур ғам, то тавонӣ хурд бода,
Зи ғам хурдан касе серӣ надидаст.
Гурӯҳе хомтабъу хомҷӯшанд,
Ба ҷуз бадгӯӣ бар коре накӯшанд.
Аз он дарё, ки натвонанд бигзашт,
Зи бухлу кина обе ҳам нанӯшанд.
486 Л оиқ Шералӣ
Ба қавли ту касе бовар накардаст,
Касеро ҷаҳли ту музтар накардаст.
Зи таҳдиди ту сӯи осмонҳо
Ситора гашти худ дигар накардаст.
Агар худ шамъи маҳфилҳо набошанд,
Намехоҳанд ҳам парвона бошанд.
Рабудан гар набитвонанд бӯса,
Ба нохун рӯи зебо мехарошанд...
Зи хоку санг бас оина созанд,
Зи неши мор бас нӯшина созанд.
Агар бӯзина одам шуд, бубинед
Зи нав аз одамӣ бӯзина созанд.
Ҳама кори ҷаҳон андар ҳисоб аст,
Савол ин ҷосту ҷое ҷавоб аст.
Нахуст аз бозупечи гоҳвора
Бидонистам, насибам печутоб аст.
Биё, то кокулонатро шуморам,
Ҷаҳонро бо ту гирам дар канорам.
Ту бад сангиндилӣ, эй кошу эй кош
Шавад санги дилат санги мазорам...
Дар ин кӯю гузар меҳмонам, эй гул,
Туро аз зиндагӣ ҷӯёнам, эй гул.
Зи донишҳои дунёвии инсон
Фақат номи туро медонам, эй гул.
Даме афсонаи дилро шунидем,
Ба ҳам печидаву бо ҳам тапидем.
Чи рӯзеву чи бахти комиле буд,
Ки мо аз бехудӣ бар худ расидем.
Гули ман, иди наврӯзат муборак,
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.
Маро наврӯз бе ту куҳнарӯз аст,
Чу ман ёри бадомӯзат муборак!
Зи ишқи ту тавонгар мешавад дил,
Латифу тозаву тар мешавад дил.
Агар ишқи ту ҷони тоза бахшад,
Ба сад пирӣ ҷавонтар мешавад дил.
Даме бо ту сурудам, зиндагӣ буд,
Ба ту дилро кушудам, зиндагӣ буд.
Дар ин дунёи ду-се рӯзӣ, эй гул,
Шабе гар бо ту будам, зиндагӣ буд.
Зимистон барфҳо чандон фитоданд,
Қабои хокро оҳор доданд.
Ту гӯӣ биркаҳо чун мӯсафедон
Ба чашми хештан айнак ниҳоданд.
Нишин, эй раҳгузар, баргӯй розе
Зи ёди манзилу роҳи дарозе.
Басо рафтанд аз ин раҳ раҳгузарҳо
Ба дӯши хештан бори ниёзе.
Касе, эй кошкӣ бекас намирад,
Зи ёре ёр дил вопас нагирад.
Бадо бар он, ки рӯзе чашм пӯшад,
Барояш чашми бедоре нагиряд.
Ҳама кас хешро якто бихонад,
Ҳама кас хешро сонӣ бидонад.
Гумон дорем баъди мурдани мо
Ҷаҳон бе буди мо холӣ бимонад...
Гаҳе дуру гаҳе манзурам, эй ёр,
Гаҳе ҳушёру гаҳ махмурам, эй ёр.
На ҳар чӣ дида будам, диданӣ буд,
Гаҳе бинову гоҳе кӯрам, эй ёр.
Чӣ гум кардӣ, чӣ меҷӯӣ, гули ман.
Дигарбора намерӯӣ, гули ман.
Ҳама доғе, ки дар дил дорӣ аз ишқ,
Ба ашк акнун намешӯӣ, гули ман.
Китобамро ба хилват хондаӣ ту,
Диламро дар барат биншондаӣ ту.
Фиғон аз кӯрии чашми муҳаббат,
Чу доғе дар дили ман мондаӣ ту.
Зи густохии мо бо рӯзгорон –
Зи ишқи бемаҳал фарёду афғон.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Дареғ аз он ҳама гул дар баҳорон!
Бадо, ёри бадомӯзе шудӣ ту,
Фидои раҳму дилсӯзӣ шудӣ ту.
Баҳорат ваъда карду тирамаҳ дод,
Фидои ишқи якрӯзӣ шудӣ ту.
Ба тан пироҳани ҷуллу фасурда,
Тамоми меваҳошон чида бурда.
Хазон мерезад аз шохи дарахтон
Чу гунҷишкони ногаҳ тирхурда.
Куллиёти ашъор 487
Яке аз бӯстонат гул бичинад,
Яке бо ту даме беғам нишинад.
Туӣ з-он офаринишҳои зебо,
Ки зебоитро ҳар кас набинад.
Шабе ки то саҳар бо ҳам тапидем,
Тапишҳои дили ҳамро шунидем.
Магар донӣ, ки аз шодии дидор
Ба серӣ рӯи ҳамдигар надидем?
Видоъ, эй номаи наспурдаи ман,
Видоъ, эй пайраҳи наспардаи ман,
Видоъ, эй рӯзи беҳуда гузашта,
Видоъ, эй кӯдакони мурдаи ман!
Бар ҳар вазъе шинос авзои худро,
Аз ин дунё биҷӯ дунёи худро.
Зи камобии дарё тирамоҳон
Бубин ҳоли дили дарёи худро.
Басо расми куҳан бо номи нав зист,
Бисоти куҳна бо андоми нав зист.
Чу бинӣ гӯру тобуте, бидонӣ,
Ки шакли куҳна дар айёми нав зист.
Маро бетобу бетаб н-офариданд,
Хамӯши муҳрбарлаб н-офариданд.
Нахоҳам зиндагии қолабиро,
Маро зеро ба қолаб н-офариданд.
Ман аз роҳи ниҳони худ битарсам,
Ман аз умри ҷавони худ битарсам.
Надорам боки неши теғи нокас,
Ман аз неши забони худ битарсам.
Раҳи осон напаймояд дили ман,
Дар осоиш наёсояд дили ман.
Наҷӯяд хотири афсурдаеро,
Агар худро нафарсояд дили ман.
Қудумат нек бод, эй тифли навзод,
Ба рӯи олами вайрону обод.
Ба гардун ахтарат бошад-набошад,
Ба мардум ахтари бахтат аён бод!
Ҷамолат содаю қаддат расо буд,
Нигоҳат ҳамчу тири бехато буд.
Ба ҳасрат ёд меорӣ, ки вақте
Нигини издивоҷат аз тило буд.
Дили худро ҳимоят кун, ки вақт аст,
Зи пешонӣ шикоят кун, ки вақт аст.
Туро ман дар дили худ куштам, эй ёр,
Биё худро зиёрат кун, ки вақт аст.
Яки мову сади мо бигзарад боз,
Ҳама неку бади мо бигзарад боз.
Замоне ҳаққи навбат буд моро,
Замоне навбати мо бигзарад боз.
Зи ҷоми ҳастӣ май хурдему рафтем,
Диле додему дил бурдему рафтем.
Чу дунё ҷои худёбист, донед,
Ки худро ҷустуҷӯ кардему рафтем.
Яке гӯяд, ки беҳад содаам ман,
Яке гӯяд, ки ошиқбодаам ман.
Намедонанд аммо бадгумонон,
Ки шоирпешаву дилдодаам ман.
Наям як фарди бепарвои айём,
Манам қурбони гардишҳои айём,
Агар савдои ман ҳар ранг будаст,
Бидонаш нусхаи савдои айём.
Ками моро ба ҷои пур бигиред,
Зулоли ашки моро дур бигиред.
Зи ҳар байте, ки бинвиштам ба ҳар ҳол,
Ба ҳоли хештан дархур бигиред.
Дилам шоду дилам ношод бошад,
Дилам аз рукни шеър обод бошад.
Ҳама абёти ман аз умри кӯтаҳ
Шуморо, эй азизон ёд бошад.
Зи хуни гарми мо фаввора созед,
Зи барқи чашми мо истора созед.
Агар мирем, дорем орзуе,
Ки аз тобути мо гаҳвора созед.
Ало, эй ёри нобӯсидаи ман,
Ало, гулдастаи ночидаи ман,
Зи баъди ман гувоҳи зинда бошед
Зи ишқи дери новарзидаи ман.
Барои халқ буд доне, ки киштем,
Барои халқ буд, к-аз худ гузаштем.
Накардем иддаои баркамолӣ,
Сухан аз халқ буду мо навиштем.
488 Л оиқ Шералӣ
Манам дасти ба дастат норасида,
Манам чашме, ки рӯятро надида.
Миёни мову ту якумра роҳ аст,
Манам шому ту субҳи навдамида.
Ба ҳар ҷо ном мондам, ном афтод,
Зи ҳар ҷо пухта ҷустам, хом афтод.
Зи роҳатхонаи дурӯзаи умр
Дареро боз кардам, бом афтод.
Шаби ҷашни ту мотам доштам ман,
Зи оҳу дард ҳамдам доштам ман.
Чу маҷнунбед аз андӯҳи Лайлӣ
Ба хоки раҳ сари хам доштам ман.
Маро номуҳтарам дидӣ, гули ман,
Диламро пуралам дидӣ, гули ман.
Маро бисёр дидӣ пеши роҳат,
Вале бо чашми кам дидӣ, гули ман.
Муҳаббат бар сари мо мотам овард,
Ба ҷони мо ғам оварду ғам овард.
Қади мо навниҳоле буду афсӯс,
Ки аз бори маломатҳо хам овард.
Маро аз ишқи тӯфонӣ матарсон,
Маро аз ҳар чӣ медонӣ, матарсон.
Ман аввал мурдаам аз меҳнати ишқ,
Маро аз мурдани сонӣ матарсон.
Дар ин дунё ягон кас ҷовидон нест,
Сутуни гунбади кавну макон нест.
Ҷаҳон баҳри ҳама бошад, валекин
Ҳама андар ҷаҳон баҳри ҷаҳон нест.
Аёни ман ниҳон хоҳад шуд охир,
Ҷаҳонам аз ҷаҳон хоҳад шуд охир.
Бихонам сафҳаи барги хазонро:
Сари сабзам хазон хоҳад шуд охир.
Ту фардои маро равшан кун, эй гул,
Сари роҳи маро гулшан кун, эй гул.
Ҷаҳон бо мо сару коре надорад,
Ту ҳар коре кунӣ, бо ман кун, эй гул.
Ҳунаршон несту майдон биҷӯянд,
Ба ними ҷонашон ҷонон биҷӯянд.
Ман аз ин норасоён дар шигифтам,
Ки бе дарвозае дарбон биҷӯянд.
Гирифтам як шабе дасташ ба дастам,
Дари зиндони ҳиҷронро шикастам.
Набинад то ки ғайри ман касеро,
Дари чашми варо бо бӯса бастам.
Баҳор омад, баҳори ман наёмад,
Гуле аз гулузори ман наёмад.
На овое, на савғое, на бахше
Зи ишқи бебарори ман наёмад.
Ба мӯят хастаӣ райҳони чинӣ,
Маро дигар бубинӣ ё набинӣ.
Ба ҷои дастагулҳое, ки пажмурд,
Зи хоки гӯри ман гулдаста чинӣ.
Агар ишқи ман озори ту бошад,
Ба роҳи умр сарбори ту бошад,
Муборак бод бо ман бевафоӣ,
Агар ёри нават ёри ту бошад.
Ҳама гӯё ки бахтатро кушоданд,
Ба пеши пои ту яксар фитоданд.
Шаби тӯи арӯсӣ шаҳд хурдӣ,
Вале дар зиндагонӣ заҳр доданд.
Ду чашми ту чу бахти ман сиёҳ аст,
Ба дӯши ишқи мо бори гуноҳ аст.
Пушаймонӣ надорад ҳеҷ суде,
Пушаймонӣ чу дашти бегиёҳ аст.
Аз он дар дасти ман лабрез ҷом аст,
Ки умри бенишон умри ҳаром аст.
Суруди бандагӣ комил ҳамеша,
Суруди зиндагонӣ нотамом аст.
Сарам қурбони меҳри модарон буд,
Дилам подоши васли дилбарон буд,
Сабук будам аз он дар зиндагонӣ,
Ки бори зиндагӣ бар ман гарон буд.
Чу ман мурдам, ду-се ашке фишонед,
Зи хона хонаи хокам кашонед,
Ниҳоле бар сари гӯрам чӣ бошад,
Ниҳоли қомати дилбар нишонед.
Ба рақс о, то ки андӯҳам сарояд,
Ба шӯр о, то ки шӯри дил физояд,
Бидеҳ ҷоми ғаниматро, аҷаб нест,
Ки то ҷоми дигар ҷонам барояд.
Куллиёти ашъор 489
Шигифто, ҷоҳилон оқилтарошанд,
Ки бар чашми ҳақиқат хок пошанд.
Харошиданд бас рӯи Заминро,
Кунун хоҳанд рӯи Маҳ харошанд.
Давоми зиндагӣ будему рафтем,
Паёми зиндагӣ будему рафтем.
Шудем озод гарчи аз ғуломӣ,
Ғуломи зиндагӣ будему рафтем.
Салом, эй гул, салом, эй гулшани ман,
Ҳама бори ғамат бар гардани ман.
Маро нашнохтӣ, то зинда будам,
Шиносӣ хуб баъди мурдани ман.
Шигифто, раҳнамоён кӯри роҳанд,
Зи кина равнақи моро нахоҳанд.
Ба зоҳир дилсафеданду хирадманд
Ба ботин мӯсафеди дилсиёҳанд.
Биё, ки навбати май хӯрдани мост,
Замони зиндагонӣ кардани мост.
Чӣ бок аз гардиши гардун, ки имрӯз
Худ ӯ бечора бори гардани мост.
Яке ғамхору дигар хор гардад,
Яке безору дигар зор гардад.
Баланду пасти ин дунё, бародар,
Чу май хурдӣ, ҳама ҳамвор гардад.
Ҳама умрам, ба ғамҳои ту бигзашт,
Ба савдою аламҳои ту бигзашт.
Туро пайдо накардам, лек умрам
Паёпай бо қадамҳои ту бигзашт.
Чаро ин қадр, мардум, шаклбозед?
Чаро побанди тарсу ҳирсу озед?
Чаро охир, чаро чун хиштқолаб
Ба дарё соҳили маснӯъ созед?
Ҷаҳон моро мудом овора дорад,
Дусад тобут дар гаҳвора дорад.
Мафахр аз ҳар нишони рӯи сина,
Ки ҳар сина дили садпора дорад.
Ҷавонию ҷавонию ҷавонӣ,
Ғаму андӯҳи дунёро надонӣ,
Намояд як ҷавони бистсола,
Ба чашми ту ҷаҳону зиндагонӣ.
Ҷудо аз ман куҷо хуррам нишинӣ,
Сияҳрӯӣ кашӣ, сархам нишинӣ.
Ба ҳаққи як нафас ғам хурдани ман
Бибояд солиён дар ғам нишинӣ.
Ками бадтар зи бисёранд чанде,
Зи беморӣ бад аз моранд чанде.
Аҷаб дорам, ки аз беобрӯӣ
Ба ҷое обрӯ доранд чанде.
Ба ҳар ҷое бади моро бигӯянд,
Ба маҷлисҳову минбарҳо бигӯянд.
Ба ҷои он ҳама буҳтону туҳмат
Чи хуш, гар мисрае чун мо бигӯянд!
Диле дорӣ, валекин дилбаре нест,
Гуле дорӣ, вале гулпарваре нест.
Чи сахт он дам, ки аз заъфи асабҳо
Бихоҳӣ бодаю ҳамсоғаре нест.
Сабуксорӣ мизоҷи мо набудаст,
Сабукборӣ ривоҷи мо набудаст.
Ба ҷуз шеъре, ки дилёб аст чун ишқ,
Ниёзу эҳтиёҷи мо набудаст.
Забонвар қаҳт шуд, алкан биҷӯем,
Табар гум кардаву сӯзан биҷӯем.
Зи садҳо хирмани барбодрафта
Кунун як донаи арзан биҷӯем.
Малулам аз ҳама чуну чароҳо,
Дилам бигрифт аз ин моҷароҳо.
Бигирам гардани хуммеву гирям,
Беҳ аз гардан ниҳодан дар балоҳо.
Чу барқе як дурахшидему рафтем,
Чу гул як субҳ хандидему рафтем.
Тамоми бозиҳои зиндагиро
Ба чашми хештан дидему рафтем.
Ҷабини кӯҳ пур аз нақши чин аст,
Ки гӯӣ мисли мо андӯҳгин аст.
Ва ё монанди мардони хирадманд
Ба ғам дармонда, побанди замин аст.
Басо фарсуда мирад, ҳайфи одам,
Басо олуда мирад, ҳайфи одам.
Биҷӯяд қанду бечора хурад фанд,
Басо беҳуда мирад, ҳайфи одам.
490 Л оиқ Шералӣ
Чу ту ман ҳам замоне вола будам,
Саропо дард будам, нола будам.
Ба монанди ту ошиқ будаму маст,
Ба монанди ту ҳаждаҳсола будам.
Зи ту боқист дар дунё нишонам,
Шавам беқадр, агар қадрат надонам.
Ту рангоранг кардӣ қисматамро,
Ало, ороиши умри ҷавонам!
Азоби шоирӣ осон набошад,
Ки нони шоирӣ арзон набошад.
Ту масти пул, вале масти гулам ман,
Чунин мастии мо яксон набошад.
Дилат аз ошноён ноумед аст,
Ки аз онҳо вафодорӣ надидаст.
Ту месӯзӣ шабу рӯзони бисёр,
Ки аз бахти сияҳ мӯят сафед аст.
Чу пойизи гарон омад, гули ман,
Дарахтонро хазон омад, гули ман.
Маро бо ту мисоли шохаю барг
Ҷудоӣ дар миён омад, гули ман.
Зи чашмони ту чашмам об хурдаст,
Дилам чун милаҳоят тоб хурдаст.
Касе васли туро осон гумон кард,
Шароби бахтро дар хоб хурдаст.
Чароғи мо фурӯзон аст, эй гул,
Баҳори мо шукуфон аст, эй гул.
Чунон пайванди мо бо ҳам қавӣ шуд,
Ки марг аз мо гурезон аст, эй гул.
Парешон меравад дарёи умрам,
Пушаймон меравад дарёи умрам.
Чу ҳар дам мешавад як чашмааш хушк,
Пурармон меравад дарёи умрам.
Касе, ки мункири эъҷоз бошад,
Ба нашри носазо мумтоз бошад.
Накӯмардо, чӣ ҷои шиква аз саг,
Даҳони саг ҳамеша боз бошад.
Дили ман, эй дили бебовари ман,
Сари ман, эй сари бедовари ман,
Чу санги осиё гаштию гаштӣ,
Накардӣ орд бори хотири ман.
Туӣ ҳамхонаю ҳамгӯри ошиқ,
Гули шодоби ҷашну сури ошиқ,
Туро диду надид ӯ сад ҷаҳонро,
Чӣ биноест чашми кӯри ошиқ!
Маҳи кӯр асту абри бурда-бурда,
Кӣ аввал кокулонатро шумурда?
Кӣ бо ту як нафас хандиду бишкуфт?
Кӣ бо ту дода ҷон, аммо намурда?
Кунун аз зиндагӣ ранҷидаам ман,
На он худбовари шӯридаам ман.
Чу аз дил рафт дарди ишқи сӯзон,
Ба кулли дардҳо жӯлидаам ман.
Туӣ сарзиндаю овораи хеш,
Туӣ пурқудрату бечораи хеш.
Бифахрӣ аз нишони рӯи сина,
Бинолӣ аз дили садпораи хеш.
Замоне ишқи ту бахти дилам буд,
Ба вақте кӯи ту рахти дилам буд.
Масӯзон номаҳоямро дар оташ,
Ки ҳар як нома як лахти дилам буд.
Чу мо ҳоло ҷавонем, эй бародар,
Ба сони корвонем, эй бародар.
Зи ғавғои сагони раҳ натарсем,
Ба роҳи худ равонем, эй бародар.
Фалак маҷмӯаи роз аст, эй дӯст.
Аҷузи ҳилапардоз аст, эй дӯст.
Калиди қуфли шодӣ гум шуда, лек
Дари ғам доимо боз аст, эй дӯст.
Лаби дарё нишастам шомгоҳе,
Кашидам аз дили дарёям оҳе.
Аҷобат бин, ки дарёи дили ман
Ба шасте мефитад рӯзе чу моҳӣ.
Раҳат аз кӯи ман дигар шуд, эй гул,
Ниҳоли ишқи мо бебар шуд, эй гул.
Дили санг об шуд аз нолаи ман,
Дили санги ту сангинтар шуд, эй гул.
Биё, ки бишмарам чини ҷабинат,
Кунам ёди ҷамоли нозанинат.
Замоне ҳамнишини Моҳ будӣ,
Ки овард инчунин рӯи заминат?
Куллиёти ашъор 491
Ниҳоли қоматат бустони умр аст,
Хаёли диданат исёни умр аст.
Ман аз он байтсозӣ дӯст дорам,
Ки байти абруят девони умр аст.
Куҷоӣ, ёри деринам, куҷоӣ?
Куҷоӣ, Моҳу Парвинам, куҷоӣ?
Туро гум карда будам рӯзи равшан,
Кунун дар хоб мебинам, куҷоӣ?
Ситора мефитад аз боми гардун,
Дили мо меравад аз сина берун.
Нафаҳмӣ зиндагиро, хуб зебост,
Агар фаҳмӣ, надорад ҳеҷ мазмун...
Яке якумр бопарҳез бошад,
Яке чун санги оташхез бошад.
Яке чун пухтаи полиз ширин,
Яке чун лошаи полиз бошад.
Гурӯҳе мансабу ҳангома доранд,
Талоши рутбаи аллома доранд.
Агарчи худ муваққат, лек бар мо
Зи номи вақт садҳо нома доранд.
Гули гулдони мо пажмурда, эй гул,
Дилам аз ҷабри ту озурда, эй гул.
Маро нашносиву рӯзе биёбӣ
Саропо дил, валекин мурда, эй гул.
Табиат хаставу ноҷӯру нотоб,
Зи ҳар шохе бирезад гӯӣ зардоб.
Тапад барги хазон афтода аз шох
Чу моҳии бурунафтода аз об.
Ҳама олудаи дардем, афсӯс,
Ғуборолуду пурдардем, афсӯс.
Зи кас мардонагӣ хоҳему худмон
На дар ҳар бобате мардем, афсӯс.
Биёву хонаободам кун, эй ёр,
Сурудам ман, ту аз ёдам кун, эй ёр.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар ин мушкил ту имдодам кун, эй ёр!
Туро қисмат ба фоли ман сиришта,
Ва ё баҳри заволи ман сиришта.
Чӣ чашмони хаёлангез дорӣ,
Ки гӯӣ аз хаёли ман сиришта.
Гули рӯят хазонеро набинад,
Ғубори осмонеро набинад.
Нишонат кард агар тири нигоҳе,
Дар ин дунё нишонеро набинад.
Гули ман, номи ман нашниданат беҳ,
Гули ишқи маро ночиданат беҳ.
Ту он сон бегуноҳӣ, ки худоё,
Гунаҳҳои маро нодиданат беҳ.
Лаби рӯду лаби рӯду лаби рӯд,
Ман аз чашму лабат гирам басе суд.
Аз ин будан чӣ ҳосил, гар наболӣ,
Ки вақте ошиқат буд, лоиқат буд.
Нигаҳҳои ғазалворат маро кушт,
Суханҳои асалдорат маро кушт.
Аҷал раҳми маро мехурд, аммо
Ғами ишқи ҷигархорат маро кушт.
Касе нагзашта дарси мактаби дил,
Надонад матлаби дил, мазҳаби дил.
Шабу рӯзи худо бисёр, лекин
Манам қурбони ҳар рӯзу шаби дил.
Дарахти бебаре бодо насибат,
Сарои бедаре бодо насибат.
Сарамро бекулаҳ дидию рафтӣ,
Кулоҳи бесаре бодо насибат.
Ду чашмат ду ҷаҳон дорад, гули ман,
Ҷаҳони пургумон дорад, гули ман.
Яке розӣ, яке норозӣ аз бахт,
Муросои замон дорад, гули ман.
Ғизоли саркаши ошиқгурезам,
Биё, дар пеши поят ҷон бирезам.
Чи хушбахтам агар як байти бӯса
Ба рӯи коғази рӯят нависам.
Ба пои сарви озодат бимирам,
Ба чашмони шарарзодат бимирам.
Худо гар бар мани бехуд диҳад бахт,
Ба он ҳусни худододат бимирам.
Ту фарди хеш ҷустӣ, банда фардо,
Ту ҷустӣ моли дунё, банда дунё.
Зи дунё ҳардумон рафтем, аммо
Ту аз чоҳ об хурдӣ, ман зи дарё...
492 Л оиқ Шералӣ
Дилам хоҳад, ки беҳуда намирӣ,
Дами осуда аз дарё бигирӣ.
Ба доман ашк тӯфон карданат чист?
Бигир аз домани тӯфонзамире.
Бидидам, тирамаҳ дарё ҳазин аст,
Ба лабҳош оҳҳои вопасин аст.
Чу пири варшикаста, паршикаста,
Зи худ навмед дар рӯи замин аст.
Дареғо, иддае кӯтоҳдастанд,
Ки аз таърихи худ тарфе набастанд.
Миёни кӯҳҳои сарбаафлок
Чӣ гӯям, иддае ҳастанду пастанд.
Кӣ ҳастиву чӣ ҳастӣ худ надонӣ,
Надорӣ ҳамзабону ҳамзабонӣ.
Ба дӯши ту агар бори ҷаҳон нест,
Чаро ту бори дӯши ин ҷаҳонӣ?
Фалокат чист, марги бармаҳал чист?
Сари ин муҳлика шӯру мағал чист?
Басо аз қасди одам мирад одам,
Гуноҳу қасду оҳанги аҷал чист?
Ало, эй раҳгузар, хайру саломат!
Ба мо ҳам як нигар, хайру саломат!
Зи мо дар ин раҳи шакку гумонҳо
Гумони бад мабар, хайру саломат!
Ту, ки ҳусни худододи заминӣ,
Ту, ки нирӯи давронофаринӣ,
Ало, эй моҳи хубон, шоҳи хубон,
Чаро бо бадсиголон ҳамнишинӣ?
Зи шинохези пурмағрури дарё
Набинӣ ранҷи роҳи дури дарё.
Касе, ки шӯри дарёӣ надорад,
Намебинад, чӣ дорад шӯри дарё.
Худоё, ҷумла фармони ту гиранд,
Тариқу роҳи имони ту гиранд.
Табибе гар кушад бемори худро,
Ҳама филфавр домони ту гиранд.
Чӣ садде роҳи оҳамро бигирад?
Чӣ дасте санги роҳамро бигирад?
Ту гар сарбори дӯшамро бигирӣ,
Чӣ кас бори гуноҳамро бигирад?
Гумон кардем, ки ӯ маҳзи камол аст,
Ва ё ҳам бартар аз ҳадди хаёл аст.
Чу аз дунболи ӯ рафтем, дидем,
Ки дар дунболи ӯ на дум, на бол аст...
Гули ман, шавқи лабҳои ту дорам,
Умед аз чашми шаҳлои ту дорам.
Саропои ту дунёи таманност,
Таманнои саропои ту дорам.
Маро аз ғайбати мардум чӣ парвост?
Маро аз туҳмати ҳар дун чӣ парвост?
Чу май дар гардиш орам бо азизе,
Маро аз гардиши гардун чӣ парвост?
Ба ҷуз худкомагию хобу хурде
Тапишҳои баландат кай шумурдӣ?
Зи шарёнат басе дарёи хун рафт,
Дили ғофил, ту аммо ташна мурдӣ.
Чу моҳӣ дар сари қуллоб мурдам,
Сарам дар ҳалқаи гирдоб мурдам.
Агарчи меҳр варзидам ба хубон,
Дареғи ман, ки бе меҳроб мурдам.
Яке з-афсонаи зан ҷон бикоҳад,
Яке – девонаи зан ҷон бикоҳад.
Яке дар хонаи зин род мирад,
Яке дар хонаи зан ҷон бикоҳад.
Ҷаҳоне кӯру як бино ту будӣ,
Ҷаҳоне гунгу як гӯё ту будӣ.
Ҳама лабташна буданду дареғо
Надонистанд, ки дарё ту будӣ.
Ман охир меравам аз дори дунё,
Бисозам то сабуктар бори дунё.
Чу санге зиндагиям тард созад
Зи роҳи сахту ноҳамвори дунё.
Бидон, бе машъали ақли дурахшон,
Бидуни офтоби ақлу ирфон
Агар сад Нораку Роғун бисозӣ,
Бимонад Тоҷикистон торикистон...
Ба ёди чизҳо чизе надидӣ,
Зи ганҷи кӯҳҳо резе надидӣ.
Баҳори умр қурбон кардӣ, аммо
Ба ғайр аз гарди пойизе надидӣ.
Куллиёти ашъор 493
Ало афсурдаҷоно, ҷонфизо ку?
Хамидақомато, қадди расо ку?
Асое доштӣ, он ҳам шикастанд,
Дигар дар зиндагонӣ муттако ку?
Маро то умр дар рӯи замин аст,
Насиби диданат, эй нозанин аст.
Чӣ хуш бо ҷони Лоиқ бозӣ кардӣ,
Зи бозиҳои дунё бурдат ин аст.
Ҷамоли ту ҷамоли зиндагонист,
Висоли ту висоли зиндагонист.
Заволи давлати ҳуснат мабодо,
Ки баҳри ман заволи зиндагонист.
Дареғи зиндагию зуду дераш,
Дареғи навҷавону куҳнапираш.
Бимирӣ сер аз ҷон охири кор
Миёни гармсеру сардсераш.
Чӣ сон мардӣ бихоҳӣ аз мани фард,
Ки даврон ҳар замон биброрадам гард?
Зи як тан мард мардӣ чун бихоҳӣ,
Замона чун бувад номарди номард!
Зи «боло» чун сари болот хам шуд,
Ҳама афзуният якбора кам шуд.
Раисат муҳтарам буд, муттаҳам шуд,
Саисат муттаҳам буд, муҳтарам шуд.
Аз ин мастию пастиҳо чӣ ҳосил?
Аз ин кӯтоҳдастиҳо чӣ ҳосил?
Чу ақлат хому армонҳот хоманд,
Аз ин оташпарастиҳо чӣ ҳосил?
Дили ту тоқати исён надорад,
Дили ман тоқати нисён надорад.
Дареғи миллати камтолеи ман,
Пас аз Сомониён сомон надорад.
Мазори ман1, туӣ гаҳвораи ман,
Паноҳи ин дили садпораи ман.
Зи ҳар девору сархорат намояд
Нишони модари бечораи ман.
Худоё, ҳамнишини оқилон кун,
Худоё, ҳамрадифи одилон кун.
Ба қабристон агар рӯзе бихуспам,
Маро ҳамсояи соҳибдилон кун.
1. Зодгоҳи гӯянда.
Агар даъвои бутсозӣ набошад,
Агар оҳанги худнозӣ набошад.
Ба манзил мерасем, алҳамдулиллоҳ,
Агар дарди маҳалбозӣ набошад.
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.
Дили ман, эй дили бечораи ман,
Дили ғампарвару ғамхораи ман.
Туро сад пора хоҳад кард охир
Ғами ин миллати садпораи ман.
Ҷаҳон паҳновар аст, аммо чи танг аст,
Куҷо санге фитад, бар пои ланг аст.
Зи кӯҳистони сангафкан чӣ нолам,
Ки дар пироманам дилҳои санг аст.
Зи нолидан зи худ болидан авлост,
Зи гирйистан зи худ шӯридан авлост.
Зи ғарқидан ба дарёи сиришкат
Ба дарёи диле ғарқидан авлост.
Ҷаҳон бегонабозӣ дӯст дорад,
Ҷаҳон девонабозӣ дӯст дорад.
Ба пиромуни шамъи мурдаи хеш
Ҷаҳон ғамхонасозӣ дӯст дорад.
Ҷаҳон афсонасозӣ меписандад,
Зи худ бегонасозӣ меписандад.
Ману ту қадри шодӣ то бидонем,
Ҷаҳон ғамхонасозӣ меписандад.
Зи ғамхорони беғам сӯхтам ман,
Зи ҳамроҳони беҳам сӯхтам ман.
Надонистанд қадри сӯхтанро,
Чу саҳроҳои бенам сӯхтам ман.
Фалак, фарзонагонро куштанат чист?
Ҳама якдонагонро куштанат чист?
Ту худ девона кардӣ оқилонро,
Пас он девонагонро куштанат чист?
Замини қобили мо коҳиле шуд,
Зи фориғболиву фориғдилӣ шуд.
Замин безор шуд з-он соҳибоне,
К-аз онҳо ҳосилаш беҳосилӣ шуд.
494 Л оиқ Шералӣ
Ба заҳр олуда асли мазҳари хеш,
Ҷудо гаштем мо аз масдари хеш.
Заминро беамон куштем, афсӯс,
Чу ноҷинсе, ки кушта модари хеш.
Замин астарван аст имрӯз, эй вой,
Ки ҷои шеван аст имрӯз, эй вой!
Барои зистан буд аз азал, лек
Барои мурдан аст имрӯз, эй вой!
Ҷаҳони мо бурун аз шарҳу баст аст,
Ки мисли зочае дасте бадаст аст.
Абармардоне онро офариданд,
Вале афсӯс, дунё дунпараст аст.
Чӣ пурсӣ аз дили ғамхораи ман
Ва ё аз меҳнати ҳамвораи ман?
Замин бечора шуд аз ранҷу заҳмат,
Чӣ ҷои як дили бечораи ман?
Ту гуфтӣ: Мо замину осмонем.
Ту гуфтӣ: Соҳиби кавну маконем.
Вале гар мурдагонро ёд н-орем,
Яқин дон мурдатар аз мурдагонем.
Дареғо, тоҷикон аз хеш дуранд,
Барои дидани худ ҷумла кӯранд.
Ба саршон сангборон ҳам биборад,
Ба сони сангҳои худ сабуранд.
Ба зери хок бас аллома хуфта,
Ҳазорон шӯришу ҳангома хуфта.
Агар «Шаҳнома»-и Фирдавсӣ бо мост,
Ба зери хок сад «Шаҳнома» хуфта.
Агар сад покдоман будаӣ ту,
В-агар ҳам чокдоман будаӣ ту,
Дареғи домани умрат, ки охир
Насиби хокдоман будаӣ ту.
Намедонем асли нодири хеш,
Намедонем шеъру шоири хеш.
Гаҳе он қадр бефарҳангу кӯрем,
Ки бошем ошкоро мункири хеш.
Фаромуш карда девору дари худ,
Фаромуш карда номи кишвари худ,
Намедонам чӣ сон як идда бадбахт
Нишинад рӯ ба рӯ бо модари худ.
Касоне, ки ба кас ҳамдам набошанд,
Зи санги селроҳа кам набошанд.
Зи номи одамӣ бас одамоне,
Ки даъво мекунанд, одам набошанд.
Дар ин дунё, ки эҷоди тазод аст,
Ба қавли Рӯдакӣ, абр асту бод аст.
Паи одамгарӣ фурсат надорем,
Паи ноодамӣ фурсат зиёд аст.
Ҷаҳон аз мо батар овора будаст,
Ҳама зӯровараш бечора будаст.
Тамомӣ кай бувад ангораҳоро?
Тамоми зиндагӣ ангора будаст.
Бигӯ, ҷамъу парешон меравам ман,
Бигӯ, хандону гирён меравам ман.
Аз ин дунёи печутоби дилҳо
Чу дарё печпечон меравам ман.
Ба дил гуфтам, ки ёбам ёри дигар,
Кашам бори ғаму тимори дигар.
Тамоми кӯҳҳо пешам давиданд:
– Бикаш моро, сипас куҳсори дигар.
Фаромуш кардӣ суди миллати хеш,
Баровардӣ ту дуди миллати хеш.
Ба табли дигарон арғушт рафтӣ,
Нахондӣ як суруди миллати хеш.
Наво дорад, валекин ҳамнаво нест,
Ҳаво хоҳад хурад, аммо ҳаво нест.
Ба дарди аҳли миллат гар даво ҳаст,
Ба дарду иллати миллат даво нест.
Гусастӣ ту ҳама пайванди миллат,
Шикастӣ ту ҳама савганди миллат,
Ба фарзандони миллат додӣ иллат,
Яке дидам: шудӣ фарзанди миллат...
Худоё, бар ҳама худношиносон
Худогоҳӣ бидеҳ ё марги осон,
Дилам з-он раҳбари коно гирифтаст,
Ки мехонад Хуросонро хурӯсон...
На аз роҳи ягон мактаб гузаштӣ,
На аз қонуни тобу таб гузаштӣ.
Чу андар мазҳабат одамгарӣ нест,
Барои мансаб аз мазҳаб гузаштӣ.
Куллиёти ашъор 495
Агар комилиёрӣ ё ҳаюло,
Наёбӣ посухе бар ин саволо:
Расад ҳар ҳукми боло то ба поин?
Расад кай ҳукми поин то ба боло?
Яке созад ба ман оҷиз нигоҳе,
Яке аз дил кашад фарёду оҳе.
Шигифто! Бепаноҳе чун тавонад,
Шавад пушту паноҳи бепаноҳе.
Чаро менолӣ ҳар дам чун ғарибон?
Намешӯрӣ алорағми рақибон.
Миёни кӯҳҳои сарбагардун
Чароӣ, дӯстам, сар дар гиребон.
Чу истиқлоли роҳи худгарат нест,
Паридан хоҳӣ, аммо шаҳпарат нест.
Ба рӯи сина дорӣ ду ситора,
Вале дар осмон як ахтарат нест.
Ситора медурахшад рӯи сина,
Даруни сина пур аз буғзу кина.
Аҷаб дорам, чӣ сон ин пастфитрат
Ба боло меравад зина ба зина?
Қадам мезад, куҷо собитқадам буд?
Қалам мезад, куҷо соҳибқалам буд?
Аламбардор кардандаш замоне,
Аламбардори бе дарду алам буд.
Яке дидам аз ӯ берӯтаре нест,
Аз ӯ бадкештар, бадхӯтаре нест.
Ба рӯи дил нишони қаҳрамонӣ,
Даруни дил аз ӯ тарсутаре нест.
Ду-се тан завқу идроке надоранд,
Зи марги зоти худ боке надоранд.
Зи хокистар бирӯяд гар самандар
Самандарҳои мо хоке надоранд.
Яке ҷӯяд нишони модарашро,
Дигар бистонад аз модар зарашро.
Чу як шамшерзан сар барфарозад,
Дусад кафгирзан кӯбад сарашро.
Ало, эй ёвари ман, довари ман,
Ало, озодибахши кишвари ман.
Зи худ озод нобуда замоне
Чӣ сон озодӣ орӣ бар сари ман?
Гумон кардам, ки ту соҳибзамирӣ,
Вале дидам: палиди беназирӣ.
Гумон кардам, ки ту марди кабирӣ,
Вале дидам: кавир андар кавирӣ.
Чӣ боқӣ монад аз анбори имрӯз?
Чӣ боқӣ монад аз афкори имрӯз?
Чӣ бояд кард, то дар пеши фардо
Намонад рӯсияҳ сардори имрӯз?
Ало, эй ҳамватан, хоҳам камолат,
Вале аз ин сухан н-ояд малолат:
Зи тундар осмон таркид, аммо
Ту дар хоби гаронӣ, хуш ба ҳолат!
Ало, мардум, шавам қурбони шонат,
Фикан бори ғуломиро зи шона-т.
Диҳӣ бар дасти инон гар инонат
Рабоянд аз даҳон як бурда нонат.
Яке бе ёри дилсӯзе бимирем,
Яке аз қасди кинтузе бимирем.
Вале сарчашмадоримон гар ин аст,
Зи беобӣ ҳама рӯзе бимирем.
Агар аз рӯди худ суде нагирем,
Умеди рӯзи беҳбуде нагирем,
Зи оташ дигарон нуре бигиранд,
Вале мо, тоҷикон, дуде нагирем.
Миёни мову ту ваҳшат набошад,
Гуноҳе мӯҷиби нафрат набошад.
Илоҷи иллати носури миллат
Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад.
Гаҳе дар ҳасрати ваҳдат гиристам,
Гаҳ аз хорию аз зиллат гиристам.
Чу донистам, ки тоҷик нест миллат,
Ба иллатҳои ин миллат гиристам.
Бигӯ, эй миллати ман, ин чӣ дида-ст,
Ки нури худшиносат нопадид аст?
Худовандат чу рӯзе офаридат,
Магар дар ту худовандӣ надидаст?
Ту худнашнохта, худнозият чист?
Сари ҳар бом парчамбозият чист?
Даҳон пуркафк андар роҳи миллат
Чу дар сар ақл не, сарбозият чист?
496 Л оиқ Шералӣ
Чу мо сарсахт эзад н-офарида,
Чу мо ҷонсахт тахрихе надида.
Ба пои ҳар чакоди Тоҷикистон
Ҳазорон сол хуни мо чакида.
Ба дор овехта қомуси тоҷик,
Забонкӯтаҳ шуда ноқуси тоҷик.
Ҳама бонии ними нони хешем,
Надорад боние номуси тоҷик.
Гурӯҳе хуб хурда, хуб хуфтанд,
Ҳиҷое аз ғами миллат нагуфтанд.
Наояд то ки саршон бар сари дор,
Сари худро гирифтанду бирафтанд.
Басо кас завқи ҳамдардӣ надоранд,
Зи роҳи ҷустуҷӯ гарде надоранд.
Аз ин даҳмардагӯён ҳосиле нест,
Ки дар худ заррае мардӣ надоранд.
Ба ақли кӯтаҳат гардан фароз аст,
Дилат холиву ҷонат бениёз аст.
Забони модарӣ гум кардаӣ, лек
Забонат дар забонбозӣ дароз аст.
Ба рӯи хоку дар зери самоем,
Надонем аз куҷое то куҷоем.
Агар сайёрамон гумроҳ бошад
Куҷо мо раҳшиносу раҳнамоем?
Ало, эй ҳеҷкас, мову манат чист?
Ба рӯи моҳи тобон доманат чист?
Ало, эй чашмаи хушкидаоғоз,
Ба дарё шӯр омӯзонданат чист?
Ҳамойин шуд касофат бо шарофат,
Мувозӣ шуд фалокат бо кафолат.
Бинозам «дӯстии халқҳоро»,
Баробар шуд рақобат бо қаробат.
Далолатро адолат ном карданд,
Кароҳатро малоҳат ном карданд.
Чӣ дилкӯрист, ки бархе зи боло
Касолатро асолат ном карданд.
Дусад дарбон, валекин дар надорад,
Дусад фармон, валекин фар надорад,
Аз ин саркори мо дигар чӣ хоҳӣ,
Ки саркор аст, аммо сар надорад...
Гурӯҳе тирарӯ, беаҳду паймон,
Гурӯҳе тирадил, бе нури имон.
Ман аз куффор чун нолам, ки ҳар рӯз
Бирӯяд аз мусалмон номусалмон.
Дилу ҷонат дилу ҷоне набуда,
Агар қурбони ҷононе набуда.
Зи сад сарвар сарат гумраҳ бимонад,
Агар дар роҳи имоне набуда...
Хумори май куҷоят бурд, дидӣ?
Ҳама симу заратро хурд, дидӣ?
Ҳама симу зарат як ҷав наарзад,
Сари шиша саратро хурд, дидӣ?
Ба сомоне наёмад з-осмонам
Таманною умеду ормонам.
Намонад дар замин, балки бимонад
Ба коми зиндагонӣ устухонам.
Зи ту чун Рӯдакӣ гирён бимирам,
Чу Лоҳутӣ зи ту нолон бимирам.
Барои ту диламро об кардам,
Надодӣ об, то осон бимирам.
Дар ин дунё ба сони шабрави кӯр
Туро нодида мурдам, ёри раҳдур.
Суханҳои барат ногуфтаамро
Биёву бишнав аз чоки лаби гӯр.
Намедонам сағирам ё кабирам,
Намедонам амирам ё асирам.
Ҳамин донам, ки дар дунёи фонӣ
Ба ҳасратҳову армонҳо бимирам.
Биё, доғи куҳанро тозаам кун,
Ба ишқи худ баландовозаам кун.
Чу будам ҷоннисори хосаат ман
Агар мурдам, кафан аз хосаам кун.
Ба чашмони хуморинат бимирам,
Ба рухсори нигоринат бимирам.
Ниҳам то сар ба болини қиёмат
Бифармо, то ба болинат бимирам.
Таҳи сарбор мондӣ шонаамро,
Кашондӣ пояи кошонаамро.
Маро афсона кардӣ, лек афсӯс,
Нахондӣ охири афсонаамро.
Куллиёти ашъор 497
Ту дидӣ як назар чӯби қаламро,
Надидӣ шӯру ошӯби қаламро.
Ту дидӣ нақши матлуби қаламро
Надидӣ аҳли саркӯби қаламро.
Виқори ман, ғурури ман куҷо шуд?
Шарори ман, сурури ман куҷо шуд?
Ҳаме наздиктар оям лаби гӯр,
Раҳи армони дури ман куҷо шуд?
Ба сӯи ҷангали Лайлӣ1 нигоҳам,
Ба кӯҳи Осиё2 бошад паноҳам.
Суҷуд орам ба Чилмеҳробат3 аз дур,
Ало, эй зодгоҳам, ёдгоҳам!
Тапидам, бас тапидам, бас тапидаам,
Дамидам, бас дамидам, бас дамидам.
Ба ними қулла рафтам, ё нарафтам,
Хамидам, пас хамидам, пас хамидам.
Кушодам синаро, то раҳ кашидам,
Ҷаҳон дидам, вале худро надидам.
Агар тасхир кардам қуллаи кӯҳ,
Бубин, дар пояи кӯҳ орамидам.
Замоне буд ишқу давлати дил,
Замоне буд қадру қимати дил.
Замоне буду ишқе буду бигзашт,
Биё, ҳасрат кунем, эй Ҳазрати Дил!
Далеро, пурҷигар мардо, куҷоӣ?
Наҷибо, пурҳунар мардо, куҷоӣ?
Табардастони мулки мо зиёданд,
Забардасто, забармардо, куҷоӣ?!
Ғазанфарзодаё, рӯбаҳ чароӣ?
Сикандарзодаё, аблаҳ чароӣ?
Самандарзодаё, хокистарат ку?
Паямбарзодаё, гумраҳ чароӣ?!
Виқору ори мо ранге надорад,
Ба сӯи хеш оҳанге надорад.
Пур аз санг аст хоки мо, валекин,
Ягон фарди гаронсанге надорад.
Чу ҳоли зинда бад аз ҳоли мурда,
Чӣ суд аз номаи аъмоли мурда?
Зи раҳми модар аз бераҳмии давр
Равад бар хок бас атфоли мурда.
1, 2, 3 – Мавзеъҳо дар зодгоҳи гӯянда – Мазори Шариф.
Бани одам, ки эъҷози худоист,
Тамоми тору пудаш навгароист.
Вале бас «одами нав» дидам имрӯз,
Ки бадтар з-одамони ибтидоист.
Намонда бар диле анвори фарҳанг,
Намонда бар саре афкори фарҳанг.
Тиҳидасту тиҳидилҳои миллат
Зи чӣ пур мекунанд анбори фарҳанг?
Саре не, лек афзун сарваре ҳаст,
Фаре не, лек пуркарруфаре ҳаст.
Дареғи Рӯдакӣ! Имрӯз ҳар ҷо
Басо сардафтари бедафтаре ҳаст.
Ҳимоят ку? Шикоят менависӣ.
Ҳамият ку? Зи майдон мегурезӣ.
Ситезӣ, тоҷико, бо тоҷики хеш,
Ба рағми душманон кай меситезӣ?
Зи хокистар шарар пайдо намешад,
Зи хоки тар гуҳар пайдо намешад.
Агар пеши назарҳоро бибанданд,
Дигар аҳли назар пайдо намешад.
Яке роҳи маро бероҳӣ хонда,
Баландии маро кӯтоҳӣ хонда.
Бинозам фикрати «паҳновараш»-ро
Рубоии маро рӯбоҳӣ хонда.
Зи дунёи ғамободи шаҳидон
Расад бар гӯш фарёди шаҳидон.
Ба гӯши нуҳ фалак аз нуҳ туи хок
Расад, эй кошки, доди шаҳидон!
Ту мегуфтӣ, ки «мизи ман гарон аст,
Бисоту молу чизи ман гарон аст».
Чу пушти панҷара рафтӣ, яқин шуд,
Ки аз сими ту миси ман гарон аст...
Фалак, девонаам кардӣ, ту кардӣ,
Зи худ бегонаам кардӣ, ту кардӣ.
Агарчӣ нуҳ қабат худ хона дорӣ,
Чунин бехонаам кардӣ, ту кардӣ!
Агар дар рубъи маскун масканат нест,
Бидон, ки низ дар он мадфанат нест.
Дар ин дунё агар чизе набудӣ,
Ба он дунё кирои рафтанат нест.
498 Л оиқ Шералӣ
Ман аз аввал раҳи боло гирифтам,
Раҳи номаръии дилҳо гирифтам.
Ту аз пушти падар тилло гирифтӣ,
Ман аз пушти падар дунё гирифтам.
Канорат холӣ аз завқи канор аст,
Ҷабинат сард чун санги мазор аст.
Шарар бармеҷаҳад аз ҳар дили санг,
Дили ту лек санги бешарор аст.
Туро, эй чизнодида чӣ гӯям?
Туро, эй кинажӯлида, чӣ гӯям?
Басо рӯдо, ки бо дарё даромехт,
Туро, эй оби гандида, чӣ гӯям?
Туро кай ёди дарди ину он буд?
Туро кай ҳамрикобӣ бо замон буд?
Ҳама бори гарон бар дӯши Айнӣ,
Ба дӯши ту фақат хоби гарон буд...
Ту андар осиё боре надорӣ,
Сари арзандаи доре надорӣ.
Бирав, пешонии худро бишӯ пок,
Агар пешонии коре надорӣ.
Абармарде чаро бебаҳру бар шуд?
Ҳунарманде чаро аз дар ба дар шуд?
Ало, эй зердастони тунукмағз,
Забардасте чаро зеру забар шуд?
Агар юнонӣ бошӣ, бо ту ҳастам,
Агар эронӣ бошӣ, бо ту ҳастам.
Ба ҳар ҷое, ки бошӣ, эй бародар,
Сияҳпешонӣ бошӣ, бо ту ҳастам.
Ба ҳар ҷо даъвии мову манӣ чист?
Ба чашми зиндагӣ сангафканӣ чист?
Ба ҷои рӯшиносӣ – рӯхарошӣ,
Ба ҷои мӯшикофӣ мӯканӣ чист?
Чӣ дунёе, чӣ дунёи балое,
Барад моро зи худ бо худнамоӣ.
Пас аз як моҳи шоҳӣ суфра бар дӯш
Давонад кӯ ба кӯ мисли гадое...
Балокорӣ, бало мегирад охир,
Хатокорӣ, хато мегирад охир.
Ба ботин ҳар чӣ дорӣ ё ба зоҳир,
Худо дода, худо мегирад охир.
Агар аз бенишониҳо нишонам,
Ҷаҳонро баъди худ холӣ намонам.
Ҷаҳон нашносадам, боке набошад,
Агар худро шиносам, сад ҷаҳонам!
Ба дурандешӣ пӯӣ роҳи дуре,
Ба нурандешӣ ҷӯӣ роҳи нуре.
Ҳама об ар зи боло зер ояд,
Ба боло меравад ҳар оби зӯре.
Мақомоте, ки дар поёну болост,
Ҳама печидаи ишколи колост.
Агар донӣ, ки қадратро надонанд,
Чу дарёи Арал хушкидан авлост.
Басо аз зоти миллат гуфтугӯ рафт,
Зи озодию аз рушду нумӯ рафт.
Ба гардун пояи фитрат фаро рафт,
Ба қонун пояи миллат фурӯ рафт.
Зафар андар хатар дидему рафтем,
Хатар андар зафар дидему рафтем.
Басо зеру забар хондем, аммо
Ҷаҳон зеру забар дидему рафтем.
Ҳама бетоб мемирад, чӣ дунёст?
Ба ҳабси қоб мемирад, чӣ дунёст?
Агар моҳӣ бурун аз об мемурд,
Кунун дар об мемирад, чӣ дунёст?
Хасе бар ҳоли хирманҳо бихандад,
Ба ҳоли шери нар хунсо бихандад.
Чӣ дунёе! Надонам. Кӯсаақле
Ба риши мардуми доно бихандад.
Агар зӯроваре дунё бигирад,
Зи хоки паст то боло бигирад.
Бувад гар ҳаққи мо аз ҳақтаоло,
Кӣ ҳақ дорад, ки ҳаққи мо бигирад?
Дуруд, эй миллати озурдаи ман,
Зи таъриху зи худ ғамхурдаи ман.
Нахоҳам гуфт пеш аз мурдани дил:
Видоъ, эй миллати дилмурдаи ман...
Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,
Музахрафро музаффар кардаӣ ту.
Валекин бузрукони нобиғатро
Гадоёни паси дар кардаӣ ту.
Куллиёти ашъор 499
Ало, эй мардуми ғамнок рафта,
Дуои бад туро з-афлок рафта.
Фиғони ман расад рӯзе ба гӯшат,
Ки афғонам ба гӯши хок рафта.
Зи бенангии ту ранге рабуданд,
Зи беҳангии ту ҳанге рабуданд.
Зи қасри кӯҳҳои пурсукутат
Ба қасри хештан санге рабуданд.
Ало, халқи бузурги ман, чӣ хурдӣ,
Зи сарватҳои худ тарфе набурдӣ.
Замони нав туро ҷони наве дод?
Агар бовар кунӣ, медон, ки мурдӣ.
Бинозам ҷумла суннатҳоят, эй халқ!
Бинозам ҷумла ҳикматҳоят эй халқ!
Вале гирям, чу бинам: сарви қаддат
Хамида зери сарватҳоят, эй халқ.
Чаро дар чӯҷаат шаҳпар нарӯяд?
Чаро андар сафат сафдар нарӯяд?
Чаро бо он ҳама карруфару фахр
Зи аскарҳои ту афсар нарӯяд?!
Ало, мардум, сарафшонат муборак!
Талотумҷӯшии ҷонат муборак!
Чароғи иличӣ нураш адо шуд,
Чароғи нури имонат муборак!
Шаҳидони кафангулгуни тоҷик,
Замин ғарқа шуда дар хуни тоҷик.
Магар дар арсаи таърихи золим
Бувад қурбон шудан мазмуни «тоҷик»?!
Куҷо шуд мушкилосони бузургат?
Куҷо шуд рӯҳи инсони бузургат?
Ту саргарм астӣ бо ҷанги хурӯсон,
Чӣ кардӣ бо Хуросони бузургат?
Замони нав, гар ину он шикастӣ,
Барои хештан бунён шикастӣ.
Агар як қалъаи ҳизб офаридӣ,
Ҳазорон қалъаи имон шикастӣ...
Якеро на заифӣ, на далерӣ,
Якеро на асирӣ, на амирӣ.
Ало, инсон, ба ҳар ҳолат бимирӣ,
Яке аз гушнагӣ, дигар зи серӣ.
Касе соҳибдилу софизамир аст,
Ҷаҳида аз ҷаҳони доругир аст.
Чу «Девони Кабир» ояд ба дастат,
Манеҳ аз даст, кайҳони кабир аст.
Агар гаҳ зуду гоҳо дер бошад,
Ҷаҳон гӯри ҷавону пир бошад.
Яке аз нони ширинаш нашуд сер,
Ҳама аз ҷони ширин сер бошад.
Замон бо кас набуда ҳеҷ содиқ,
Замон бо кас бувад ёри мунофиқ.
Ало, эй қарни бисту як, аҷаб нест,
Ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ.
Кунун аҳди сарафрозӣ расида,
Кунун айёми ҷонбозӣ расида.
Замони дӯстинозӣ гузашта,
Замони дӯстисозӣ расида.
Замон гоҳо туро бинвозад, эй дӯст,
Замон гоҳо туро бигдозад, эй дӯст.
Зи дарё гар дури мақсад наҷӯӣ,
Гуми дарё туро гум созад, эй дӯст.
Куҷо аз сангдил аҳли дил ояд?
Зи сангистон чӣ бору ҳосил ояд?
Агар як қобила нокора бошад,
Зи дасташ дастаи ноқобил ояд.
Яке аҳли дилу аҳли ҷунун аст,
Яке аҳли назар, аҳли фунун аст.
Забони шеър мебошад ҳақиқат,
Забони шоирон гарчи фузун аст.
Надонистӣ ту сеҳри дафтари ман,
Наҷустӣ на дари дил, на дари ман.
Ало, оташнигаҳ, рӯзе биёӣ
Тавофи тӯдаи хокистари ман.
Биё, бо ҳам даме танҳо бимонем,
Ки қадри будани худро бидонем.
Ту худ шеъриву аз ман шеър хоҳӣ,
Биё, шеъри туро аввал бихонем.
Биё, ин лаҳза нотакрору зебост,
Насиби мо зи бахшишҳои болост.
Чӣ ҷои бо фалак дасту гиребон,
Биё, дастобагардан будан авлост.
500 Л оиқ Шералӣ
Агар, эй ёр, бе ту зор мирам,
Бад-ин зорӣ маро магзор, мирам.
Чу дарёвор буд ошӯби ҷонам,
Дуоям кун, ки дарёвор мирам.
Бикун ёдам, ғами дерина бигзор,
Тамоми дарду доғи кина бигзор.
Ба рӯи синаат сар монда будам,
Ту ҳам бар хоки гӯрам сина бигзор.
Биё, рақси равонӣ кун, гули ман,
Бинои «Хусравонӣ» кун, гули ман.
Дилам хун гашта дар ёди ҷавонӣ,
Биё, рақси ҷавонӣ кун, гули ман.
Хушо аҳди ҷавониву шарораш,
Хушо ишқу баҳори гулнисораш.
Биҳиштӣ мешавад он кас, ки бошад
Бишитирӯяке андар канораш.
Биё, ҳусни ҷавонат кам нагаштаст,
Хумори мижжагонат кам нагаштаст.
Шакарранҷе миёни мо агар буд,
Шакарханди лабонат кам нагаштаст.
Чӣ ҳусни толеъу фархундафолӣ,
Ки аз дур омадӣ бо дилкашолӣ.
Дилам аз шеър холӣ буд, холӣ,
Зи боло омадӣ, эй шеъри олӣ!
Туро бас дер ҷустам, вой бар ман,
Ғамонатро нашустам, вой бар ман.
Ба ёдат ними умрам рафт бар бод,
Гираҳ бар бод бастам, вой бар ман.
Туро ранҷондаму ранҷам фузун шуд,
Умеду орзуям сарнагун шуд.
Ман аз дарёдилии худ бинолам,
Ки дарёи дилам дарёи хун шуд.
Ало, эй ишқ, эй ганҷури ошиқ,
Туӣ раҳбони роҳи дури ошиқ.
Ман аз он ишқ безорам, ки рӯзе
Висоли ёр бошад гӯри ошиқ...
Куҷоӣ, ошиқи бегонаи ман,
Фаромуш кардӣ роҳи хонаи ман.
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ ҳақиқат,
Намеарзад ба як афсонаи ман.
Ало, рӯди равон, рӯҳу равонӣ,
Чу обат аз барам рафта ҷавонӣ.
Биё, лаб бар лаби сабзат гузорам,
Ки ман мемираму ту ҷовидонӣ.
Ҷаҳони пур зи нурамро ба ман деҳ,
Зуҳурамро, ҳузурамро ба ман деҳ.
Диламро занги ғамҳои ту хурдаст,
Дили поки булӯрамро ба ман деҳ!
Шабе гардам, шаби маҳтоб гардам,
Дилу ҷон нохушу нотоб гардам.
Дар ин дунёи обу гил, гули ман,
Биё, ки дар канорат об гардам...
Даратро кӯфтам, дар во накардӣ,
Ба ҳоли ҷони ман парво накардӣ.
Бихурдӣ з-обреза оби дарё,
Вале шукр аз худи дарё накардӣ.
Туро дидам, дилам аз хонааш рафт,
Ғуруру шӯри бебоконааш рафт.
Магар афсонае будӣ, ки онан
Дили ман аз паи афсонааш рафт.
Дарамро боз кардӣ, боз рафтӣ,
Ба сони шеъри беоғоз рафтӣ.
Яке овоз кардӣ дар дари дил,
Валекин боз беовоз рафтӣ.
Муборак шӯри дарёи ҷавонӣ,
Расишҳою тапишҳои ҷавонӣ.
Дар ин дунёи пири пирафшон
Ҳумоюн бод дунёи ҷавонӣ!
Бипурсидам ман аз пурхораи хок:
Чаро пур мехурӣ дилҳои бебок?
Бигуфто: бе дили бебок хурдан
Чӣ сон тоқат кунам дар зери афлок?
Дареғи он ҳама исёну шӯрат,
Дареғи он ҳам кибру ғурурат.
Чу рӯзе меравӣ бар синаи хок,
Дареғи синаи софу булӯрат.
Агар ту будамандӣ, буданат ку?
Агар судат бувад, осуданат ку?
Ба рӯи чанд берӯ дар кушудӣ,
Ба рӯи хеш дар бикшуданат ку?
Куллиёти ашъор 501
Ало пурзаҳрамардо, заҳраат ку?
Зи баҳри зиндагонӣ баҳраат ку?
Агар шери намодӣ, бениҳодӣ,
Агар шери ҷиҳодӣ, наъраат ку?
Ту кай аз чоҳ моҳе мебарорӣ?
Ту кай аз оҳ шоҳе мебарорӣ?
«Хуш он чоҳе, ки об аз худ барорад»,
Ту кай аз хеш чоҳе мебарорӣ?
Ало, эй халқи ман, гетифурӯзӣ.
Бисӯзӣ, то ки беҳуда насӯзӣ.
Вале аз он ҷигархунам, ки имрӯз
Уқобонат шуда гунҷишкрӯзӣ.
Аз он ганҷу аз он махзан дареғо,
Аз он сарву аз он гулшан дареғо.
Замоне будаӣ гардунсаворе,
Кунун гардуна бар гардан... дареғо.
Аз ин баҳру аз ин соҳил чӣ ҳосил?
Аз ин роҳу аз ин манзил чӣ ҳосил?
Чу бошад ҳосили умр оҳу афсӯс,
Намедонам аз ин ҳосил чӣ ҳосил?
Дареғи он шукӯҳи анҷуманҳо!
Дареғи атри аврангу чаманҳо!
Хасоне решаҳо пайванд карданд,
Вале тоҷик дорад решаканҳо!
Ҷадал ку? Пур мағал кардӣ, чӣ даҳшат!
Ки даъвои маҳал кардӣ, чӣ даҳшат!
Замоне пурғазал кардӣ ҷаҳонро,
Кунун пур аз мағал кардӣ, чӣ даҳшат!
Чӣ меҷӯӣ ту андар ин сабилҳо,
Ки раҳбонанд ҳар ҷо ноасилҳо?
Худовандо, зи даргоҳат ато кун
Дили равшан миёни тирадилҳо.
Тараҳҳум з-осмоне чун тавон ёфт?
Тафоҳум бо фулоне чун тавон ёфт?
Ду тоҷик чун забони ҳам нафаҳманд,
Забоне бо ҷаҳоне чун тавон ёфт?
Раҳе дар шашдари гетӣ чӣ дорӣ?
Саре сартосари гетӣ чӣ дорӣ?
Ба дасти хеш куштӣ модаратро,
Гила аз модари гетӣ чӣ дорӣ?
Нагӯям аз ғами афсурдани дил,
Нагӯям мотами ғам хурдани дил.
Чӣ бок аз мурдани тан, чун аз он пеш
Ҳазорон бор дидам мурдани дил.
Чӣ шуд он покдастиҳо, худоё?
Чӣ шуд он сарпарастиҳо, худоё?
Миёни кӯҳсори осмонсой
Чӣ пастиҳо, чӣ пастиҳо... худоё?!
Чӣ рӯзат омада аз қисмат, эй ҷон?
На май дорӣ ба каф, на раҳ ба майдон.
Қиёмат н-омада андар ҷаҳон, лек
Қиёмаш омада дар Тоҷикистон.
Ало мотамкада, ғамхори ту ку?
Ало зулматсаро, анвори ту ку?
Гирифтам, хирманатро бод карданд,
Агар оринажодӣ, ори ту ку?
Намебинем айбу иллати хеш,
Биафзоем ранҷу зиллати хеш.
Бародар гар хурад хуни бародар,
Кӣ бошад қаҳрамони миллати хеш?
Ало эй халқи ман, дарёканорӣ,
Вале худсозии дарё надорӣ.
Агар як лаҳза худро ҷамъ созӣ,
Ту холи чеҳраи ин рӯзгорӣ.
Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,
Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.
Дареғу ҳайфи истиқлоли тоҷик,
Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.
Чӣ суд аз умру аз сӯзу гудоз аст,
Ки одам судаи ранҷи дароз аст.
Паи балъидани сад мурдаи нав
Даҳони гӯрҳои куҳна боз аст.
Ба роҳат чашми раҳпо доштам ман,
Ба ёдат ҷони шайдо доштам ман.
Ба роҳи ваъдаи имрӯзу фардот
На имрӯзу на фардо доштам ман.
Чӣ сӯзӣ? Ҳамдами бобе наёбӣ,
Табутобе кашӣ, тобе наёбӣ.
Бизан аз оби оташранг хумме,
Ки дар гӯробаат обе наёбӣ.
502 Л оиқ Шералӣ
Фиғону дод аз дасти ғарибӣ,
Ки бо сад маргу Азроил қарибӣ.
Насибат аз Ватан гар канда гардад,
Ба рӯи ганҷи Қорун бенасибӣ.
Дар ин шаҳри шумо дарвозае нест,
Маромею русуми тозае нест.
Чӣ сон парвоз созам сӯи зурва,
Ки дар парвозгаҳ парвозае нест.
Каломи Рӯдакӣ воломақом аст,
Зи номаш халқи мо ҷовидном аст.
Зарафшон то абад гар зар фишонад,
Беҳин кони зараш шеъру калом аст.
Дигар аз ин такопӯят чӣ ҳосил?
Дигар аз килки ҳақгӯят чӣ ҳосил?
Тамоми киштаатро бод карданд,
Зи ҷавву гандуми мӯят чӣ ҳосил?
Шумо то иртиҳоламро бубинед,
Дили афсурдаҳоламро бубинед.
Шумо то қатъи парвози дарозам
Шикастанҳои боламро бубинед.
Бадам, некам, зи аъмолам бипурсед,
Зи гардонандаи ҳолам бипурсед.
Агар ман хом мондам то бад-ин рӯз,
На аз солам, зи салсолам бипурсед.
Зи оғӯшам чӣ айёми хуше рафт,
Зи бурҷи синаам бас маҳваше рафт.
Лаби дарё равам, гӯям видоъе,
Ки ту пур бош, дарёдаркаше рафт.
Аз ин буму бари пурбар дареғо,
Ки буда маснади барбар, дареғо.
Ба бӯи як нафас парвози олӣ
Пару болам шуда пар-пар, дареғо.
Туро аз чор сӯ тасхир карданд,
Туро бепиру бетадбир карданд.
Ба омоҷи бузургат норасида,
Туро омоҷгоҳи тир карданд.
Гурезон будам аз шӯру мағалҳо,
Миёни ин ҳама кӯру качалҳо.
Сарамро бохтам андар сари хум,
Диламро рехтам андар ғазалҳо.
Ман Эронам, ки Ишқ эълом кардам,
Ҷаҳонеро сафо инъом кардам.
Худою анбиё аз ман бинозанд,
Ки ман исломро ислом кардам.
Яке пайваст, дигар ҷумла бигсехт,
Яке хоки ду оламро зи ҳам бехт.
Агар пайғамбарон ҳамрой буданд,
Миёни умматоншон хун намерехт.
Зи ишқ афсонае бишнидиву бас,
Гули тасвирро бӯйидиву бас.
Зи авроқи китоби зиндагонӣ
Чу тифлон аксҳоро дидиву бас.
Ба халқи худ чиҳо кардед, гӯед!
Чӣ бурдеду чӣ овардед, гӯед!
Зи ман мардӣ талаб доред, аммо
Чаро худ ноҷавонмардед, гӯед!
Чӣ бадбахтӣ, ки моро фахри мо нест,
Адӯи мо зи асли мо ҷудо нест.
Дар ин ҷанге, ки байни тоҷикон аст,
Касе пирӯз ҷуз амри худо нест.
Ҳасудо, кам мабин, ман беҳисобам,
Ҳазорон сол дар аҳди шабобам.
Ту аз як козаи пурдуда ҳастӣ,
Ман аз як дудаи пурофтобам!
Магӯӣ норасу нокораҳое,
Магӯӣ тахтасангу хораҳое.
Биҷунбад бо суруди пири Рӯдак
Дар ин куҳпораҳо гаҳвораҳое.
Чӣ сардорон, ки оре ҳам надоранд,
Гуле ҳам неву хоре ҳам надоранд.
Шаҳиди он шаҳидони наҷибам,
Ки мурданду мазоре ҳам надоранд.
Ало рӯбаҳдиле, ки шермастӣ,
Ки нашносӣ русуми ҳақпарастӣ,
Маро гар мекушӣ, дастат бихушкад,
Маро гар даст гирӣ, зӯрдастӣ.
Даҳанмардон даҳанҳо боз карданд,
Ҳама таърифи худ оғоз карданд.
Мағалҳо дар маҳалҳо офариданд,
Куҷо дилро ба дил анбоз карданд?
Куллиёти ашъор 503
Ба чашми Аҳриман сӯям нигаҳ кард,
Саропои маро ғарқи гунаҳ кард.
Сияҳ бодо, сияҳ рӯи сиёсат,
Ки чандин бор рӯямро сияҳ кард.
Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик!
Ба парвози навин шаҳболи тоҷик!
Гар истиқлолаш истиқбол дорад,
Ҳумоюн бод истиқлоли тоҷик!
Навиди роҳату шодӣ муборак!
Умеди хонаободӣ муборак!
Ало, эй тангмайдон миллати ман,
Туро даъвои Озодӣ муборак!
Дилу ҷонам фидои ҷони тоҷик,
Ки пайдо шуд яке паймони тоҷик!
Ба ҷои пайкари Ленин, ало халқ,
Пай афкан пайкари армони тоҷик!
Дилам хун шуд, ки хунрезӣ набошад,
Миёни ҳамгинон тезӣ набошад.
Дилам хоҳад, ки ҷуз тақдири миллат
Касе андар ғами чизе набошад.
Басо даъвост байни ону ине,
Миёни ҳизбу ойиневу дине.
Миёни ин ҳама фарзу яқине
Раҳат испед, фардоофарине!
Надонам дӯзахиям ё биҳиштӣ,
Вале донам, ки сарсонам сириштӣ.
Худовандо, хати пешониямро
Чаро бо ранги ангиштӣ навиштӣ?
Ало соқӣ, паёпай деҳ шаробам,
Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.
Гар аз мастӣ раҳи хона наёбам,
Даруни шишаи холӣ бихобам.
Ало, ёрон, дили ёрон бидонед,
Зи худ шайтони ноёрӣ биронед.
Давоми умри ман дар дасти ман нест,
Давоми «Резаборон»-ро бихонед.
Ман аз имои дастони ту мастам,
Зи атри сунбулистони ту мастам.
Чу модарзода чашмони ту мастанд,
Ман аз чашмони мастони ту мастам.
Маро андар канорат тангтар гир,
Бисӯзону зи ҷони ман шарар гир.
Лаби хушки маро неҳ бӯсаи тар,
Ба ҳаққи бӯсаи тар шеъри тар гир.
Туро озурданам маҳзи вубол аст,
Ки чашмат бегунаҳ – чашми ғизол аст.
Ман аз чашмони шӯхат хондам имрӯз,
Ки бо чашмони ту шӯхӣ муҳол аст.
Нагӯям доғҳои ишқи мурда,
Нагӯям номҳои нангхӯрда,
Чу бинам чор сӯ санг асту санг аст
Ва ҳам дар андарунам санги гурда.
Яке дар ман чи айбу иллате дид,
Яке дар ман чи ранҷу зиллате дид.
Яке дар ман гуноҳи миллате дид,
Яке дар ман паноҳи миллате дид...
На розам хондӣ, на розам кушудӣ,
На ёрӣ кардӣ, на ёрӣ намудӣ.
Басо бахшидамат ҷони гунаҳгор,
Ту бахшоишгарам аммо набудӣ.
Ба ёдат, эй бути гарданфарозам,
Шабу рӯзи худо дил мегудозам.
Расидан ҳеҷ натвонист, афсӯс,
Ба мӯи кӯтаҳат дасти дарозам.
Ҷавонии туро нозад дили ман,
Маро баҳри ту барбозад дили ман.
Ниҳоли қоматат бинам гулафшон,
Ҷавонии нав оғозад дили ман.
Ба сози рақси ту мерақсам, эй гул,
Чу мавҷи кокулат меларзам, эй гул.
Бихоҳам бо ту рақси зиндагиро,
Вале аз зиндагӣ метарсам, эй гул.
Яқин, бесозу баргам мекунӣ ту,
Ба кӯи дард таркам мекунӣ ту.
Зи ашки лалмият дарёфтам ман,
Ки охир ташнамаргам мекунӣ ту.
Зи ман майли дигар кардӣ, амон хоҳ,
Маро хуни ҷигар кардӣ, амон хоҳ.
Дилатро дар ба дар бурдӣ, хушат бод,
Диламро дар ба дар кардӣ, амон хоҳ.
504 Л оиқ Шералӣ
Шабу рӯзу шабу рӯзу шабу рӯз
Диламро мехурад андӯҳи ҷонсӯз –
Диламро мехурад дарде, ки рӯзе
Туро нодида мемирам, дилафрӯз!
Ғамамро, зиндагӣ, сомон накардӣ,
Зи сад мушкил яке осон накардӣ.
Фузудӣ дардҳое бар сари дард,
Ягон дарди маро дармон накардӣ.
Ба сӯи лаб чу соғар мебарӣ ту,
Ҷаҳон ояд чу дилбар дар бари ту.
Бишӯяд тоза як ғамро, валекин
Ҳазорон ғам физояд, бар сари ту.
Агар парвардаи Боми ҷаҳонӣ,
Хаёлат, ёфтӣ номи ҷаҳонӣ?
Агар дар оташи хуршед пухтӣ,
Маранҷ аз ман, ҳамон холи ҷаҳонӣ.
Хушо ишқу маю аҳду шабобат,
Гули рӯеву гулбонги рубобат.
Сари ин нукта боре сар фурӯ кун:
Шароб охир барад сӯи саробат.
Ту яктою дилам як рӯй дорад,
Туро бинад, дили ман тӯй дорад.
Марав аз гулшани ишқи дили ман,
Ки гул дар буттаи худ бӯй дорад.
Раво гар нораво мешуд, чӣ мешуд?
Шаҳаншаҳ гар гадо мешуд, чӣ мешуд?
Агар ҳар аблаҳе мегуфт аналҳақ,
Ҷаҳон пур аз худо мешуд, чӣ мешуд?
Фаромӯш карда девору дари худ,
Фаромӯш карда номи кишвари худ,
Намедонам, чӣ сон як идда бадбахт
Нишинад рӯ ба рӯ бо модари худ?
Агар хеши манӣ ё хеши дарё,
Агар ёдам кунӣ, рав пеши дарё.
Гар аз дарвешии ман шиква дорӣ,
Бубар он шиква бар дарвеши дарё.
Дили шерам зи шамшере натарсад,
Инонам аз инонгире натарсад.
Сарат гардам, сарамро пир кардӣ,
Сари пирам сари тире натарсад.
Ҷаҳон ошуфтаю ошуфтаам ман,
Шукуфта дар назар, нашкуфтаам ман.
Ҷаҳон бас қиссаи ногуфта дорад,
Яке з-он қиссаи ногуфтаам ман.
Биё дар паҳлуям паҳлу зан, эй ёр,
Хумор андар хуморам бишкан, эй ёр.
Ғами ишқат ба рӯям соя афканд,
Куҷоӣ, эй умеди равшан, эй ёр?
Куҷо рафтӣ, куҷо, эй бахти бедор?
Чӣ ҳоле дорӣ дар даргоҳи додор?
Ҷавонии туро дар ёд дорам,
Ҷавонии маро ҳам ёд медор.
Агар афсонаӣ, афсонагӣ кун,
Агар паймонаӣ, паймонагӣ кун.
Ту бо ин хилқати фарзонаи ман
Агар фарзонаӣ, фарзонагӣ кун.
Нахонда сози илҳоми худованд,
Надида рози пайғоми худованд,
Ғаразҳои касифи хештанро
Басо гуфтанд аз номи худованд.
Биё, эй дил, агар дилдорият ҳаст,
Биё, эй ғам, агар ғамхорият ҳаст.
Биё, эй чашми хоболуду махмур,
Агар бо ман сари бедорият ҳаст.
Басо дидам дару дашти фарохе,
Хиёбонҳову гулгашти фарохе.
Зи сад гулгашту дашт авлотар омад
Ба чашми ман дилу дасти фарохе.
Чу бинам обу ранги иди рӯят,
Умедам сабзад аз уммеди рӯят.
Туро дидам, туро дидам, чӣ бахте,
Баромад аз дилам хуршеди рӯят.
Амон аз беамон меҷӯӣ? Қаҳ-қаҳ!
Нишон аз бенишон меҷӯӣ? Қаҳ-қаҳ!
Карон аз бекарон меҷӯӣ? Қаҳ-қаҳ!
Макон аз ломакон меҷӯӣ? Қаҳ-қаҳ!
Сарат аз қасди ҷони ман нагардад,
Дилат аз роҳи Аҳриман нагардад.
Дусад хуршед орам бар замират,
Дили торики ту равшан нагардад.
Куллиёти ашъор 505
Биё, рӯҳи рамони ман туро бод,
Каҳи ман, Каҳкашони ман туро бод.
Ҷаҳоне аз ҷаҳон мехоҳӣ, эй ҷон?
Биё, ҷону ҷаҳони ман туро бод!
Ду-се раҳ роз бикшудему рафтем,
Дил аз дилдор бирбудему рафтем.
Хушо бар ҳолатон, эй ишқбозон,
Ки мо ҳам ошиқе будему рафтем.
Напиндорӣ, ки ман беҷода рафтам
Ва ё қурбони ҷому бода рафтам.
Яке гар кони гил бикшоду ганҷе,
Басо кони диле бикшода рафтам.
Шабу рӯзат шабу рӯзе набуда,
Агар сарфи дилафрӯзӣ набуда.
Зи милён лофи ҷонсӯзӣ чӣ ҳосил,
Агар дар ҷони ту сӯзе набуда?..
Чу борон гум шавам дар коми саҳро,
Равам бар хок ҳамчун оби дарё.
Агар дунё барои ман набудаст,
Бимирам аз барои ҷумла дунё...
Нигоҳи туст сӯи безамонҳо,
Нигоҳи банда сӯи ормонҳо.
Каҳе аз хирмани қисмат наёбӣ,
Агар ёрам наӣ дар Каҳкашонҳо...
Куҷоӣ, ҷони ман, озодаи ман,
Сари илҳоми ман, сарводаи ман?
Зи ҳаҷрат бода хӯрдам, бода хӯрдам,
Ҳама он бода шуд ғамбодаи ман.
Ғами ту хӯрдаму шодӣ гирифтам,
Сари вайрона ободӣ гирифтам.
Агар як дам гирифтори ту будам,
Ба дил уммеди озодӣ гирифтам.
Ба ҷон парвар гарат парварда бошад,
Ғамат дар шодмонӣ хӯрда бошад.
Ба ҷони он касе арзад бисӯзӣ,
Ки баҳрат лоақал таб карда бошад.
Зи чашми бевафои ту дилам монд,
Зи қаҳри норавои ту дилам монд.
Чу коғазбозии Шӯро ба мардум
Зи кулли ваъдаҳои ту дилам монд.
Қалам карда басо ноҷӯрӣ мавзун,
Қаламкаш карда ҷонҳо сеҳру афсун.
Чӣ ҳукме рафта, ки дар ин қаламрав
Қаламкашро қалам карданд афзун..?
Ба номам омадӣ, номам надодӣ,
Ба комам омадӣ, комам надодӣ.
Чӣ шуд, эй ҳиммати Шӯрои Олӣ,
Ба ҷашни Ҷомӣ як ҷомам надодӣ.
Адо кардӣ адофаҳмони худро,
Шикастӣ муҳраи паймони худро.
Шикасти муҳраи паймон чӣ бошад,
Шикастӣ муҳраи ҷонони худро.
Зи туркон сарбурӣ монда ба олам,
Зи тоҷик шоирӣ монда ба олам.
Зи соҳир соҳирӣ монда ба олам,
Зи хубон дилбарӣ монда ба олам.
Зи қисмат шодият қисмат надоданд,
Ба рӯи ту дари ғамҳо кушоданд.
Ҳама рӯз ашк меборӣ зи дида,
Ки гӯӣ рӯзи боронит зоданд.
Туро оинабинӣ гашта ойин,
Ки аз худ меравӣ: гаҳ ону гаҳ ин...
Туро чун ҷони ширин офариданд,
Тараҳҳум кун ба ҷонат, ҷони ширин!
Тамоми устухонам об гашта,
Зи пуртобӣ танам бетоб гашта,
Ҳамеларзам зи шаб то субҳ аз ғам,
Вуҷудам риштаи симоб гашта.
Дили ту бодаҳо аз Ҷоми Ҷам хӯрд,
Дили ман ғуссаву андӯҳу ғам хӯрд.
Зи шодӣ қад алам кардӣ ту, эй пӯк,
Қади ман зери бори дард хам хӯрд.
Ба ҷони ман аминӣ, эй дили ман,
Ғубори ғам набинӣ, эй дили ман.
Зи таъну лаъни мардум пок мондӣ,
Аҷаб боофаринӣ, эй дили ман!
Шумо ҳоло шарифеду азизед,
Калиду қуфли муште молу чизед.
Валекин дар тарозуи адолат
Шумо ночизтар аз як пашизед.
506 Л оиқ Шералӣ
Рухатро бӯсаборон мекунам ман,
Саратро фахри даврон мекунам ман?!
Агар хоҳӣ ҷавонии дубора,
Хазонатро баҳорон мекунам ман.
Агар мардӣ, агар марди далерӣ,
Заифӣ, ё сағирӣ, ё кабирӣ
Даро дар озмун чун марди майдон
Бубинад халқ: рӯбаҳ ё ки шерӣ.
Ту бошӣ, махзани Парвиз дорам,
Ту бошӣ, соғари лабрез дорам.
Агар бар гарданам овезӣ дастат,
Беҳин аз умр дастовез дорам.
Ба шеъру шоирӣ қонунгаре нест,
Дар ин ҷо додхоҳу доваре нест.
Зи ҳар ҷое ба ҳар рое бихоҳӣ
Биё, зеро дар ин манзил даре нст.
Май аз онону ашки ток аз туст,
Зи рӯи бом то афлок аз туст.1
Зарафшонии безар, зинда бошӣ,
Заратро мебаранду хок аз туст.
Ало, эй соқии дилҷӯю тардаст,
Бидеҳ ҷоме, ки сармастам, на сарпаст.
Маро то ҷоми дигар фурсате нест,
Ҷавонии туро бас фурсате ҳаст.
Биё, дар рӯҳу ҷони ман биёмез,
Биё, дар хонумони ман биёмез.
Агар умри абад мехоҳӣ аз ишқ,
Ба ашъори равони ман биёмез.
Агар фармуди он якто намешуд,
Гуноҳ аз Одаму Ҳавво намешуд,
Агар як дин ҷаҳонро пок медошт,
Дигар дин дар ҷаҳон пайдо намешуд.
Биё, эй дил, ба ҳоли ҳам бигирйем,
Ба ҷони бемаҷоли ҳам бигирйем.
Заволи мову ту пушти дар омад,
Биё, пеш аз заволи ҳам бигирйем.
Накардам самти раҳ дар чор сӯ гум,
Маолам сарбаландӣ буд, мардум!
Фақат гаҳ-гоҳ дар поёни мастӣ
Сари хам доштам пеши сари хум.
1. Аз «Тақсими мерос»-и Мушфиқӣ.
Замон вайрона шуд, эй доду бедод!
Хирад девона шуд, эй доду бедод!
Зи дасти душманони хонагимон
Ҳама бехона шуд, эй доду бедод!
Илоҳию илоҳию илоҳӣ
Чаро додӣ кулоғеро кулоҳе?
Зи раҳдоне чаро бистонда додӣ
Таноби роҳ бар гумкардароҳе?
Салоҳи даҳр бетиру камон нест,
Замони бебало андар замон нест.
Дар оғӯши занон як дам биёсой,
Дар оғӯши замон амну амон нест.
Дили бекинаи дарё биҷӯям,
Зулоли синаи дарё биҷӯям.
Дилам ганҷинаи роз аст, з-ин рӯ
Дили ганҷинаи дарё биҷӯям.
Ало, эй навниҳоли навгули ман,
Гулистони дили ман шав, гули ман.
Дар ин дунёи дирӯза ба ошиқ
Яке гӯю яке бишнав, гули ман.
Агар як шаб ба болинат биболам,
Зи шӯриҳои аъмолам нанолам.
Зи рӯи гандумат дар суфраи умр
Агар гирам завола, безаволам.
Худоё, бандагонат хомкешанд,
Туӣ моя, ҳама сармояхешанд.
Мусулмонӣ агар бо риш бошад,
Мусулмонони мо пур хомришанд.
Ба сад ҳомун яке Маҷнун нагунҷад,
Ба сад қолаб яке мазмун нагунҷад.
Намедонанд ин ду қатра сарвар,
Ки уқёнус дар қонун нагунҷад.
Агар фарҳанги рише реша ронад,
Фурӯғи илму фарҳанге намонад,
Гар ин сангиндилию сангрӯист
Зи сангистони мо санге намонад.
Дилам бигрифт аз вахшури дунё,
Ки бино шуд ғуломи кӯри дунё.
Басо кандаст дунё гӯри моро,
Канем оё ману ту гӯри дунё?
Куллиёти ашъор 507
Хушам аз чораи ночории хеш,
Хушам аз бораи бебории хеш.
Чу бадбахтии дороён бидидам,
Тафохур кардам аз нодории хеш.
Камон дар дӯш омад, ҷумларо бурд,
Камон дар даст омад, ҷумларо хурд.
Даҳон пур, киса пур як рӯз дидам,
Зи тири дигаре аз саг батар мурд.
Биё, ки ташнаи дидорам, эй гул,
Туро зору зи ғам безорам, эй гул.
Биҷӯшад лаб ба лаб дарёи бахтам,
Чу бо ту лаб ба лаб бигзорам, эй гул.
Ту, ки озодаю соҳибҷамолӣ,
Дилам хоҳад, ки аз қисмат нанолӣ.
Бигардам гирди кӯят, то мабодо
Нишинад бар рухат гарди малоле.
Дило, донӣ магар бо ту чӣ карданд?
Шикастанду фишурданду фасурданд.
Ту хурдӣ бас ғамони дигаронро,
Ғаматро дигарон боре нахурданд.
Сарат гардам, биё андар бари дил,
Биё, ҳар ду бигардем аз сари дил.
Ки аз ин оташи ишқи ману ту
Намемонад ба ҷуз хокистари дил.
Ба ҳар полезу мазраъ хӯсае ҳаст,
Миёни мардҳо бас кӯсае ҳаст.
Шигифто, хӯсаю кӯса чӣ донанд,
Ки дар дунё шарори бӯсае ҳаст.
Шудам пазмон ду чашми обиятро,
Итоби абруи меҳробиятро.
Биё, дар ин шабони ширмаҳтоб
Бибӯсам синаи маҳтобиятро.
Ба меҳмондорӣ машҳурӣ, ки шояд,
Валекин ҳадди худ бишнохт бояд.
Мабод он рӯз, эй халқи худодод,
Ки меҳмонат шавад хонахудоят.
Замини меҳри мо рӯе надорад,
Гули уммеди мо бӯе надорад.
Ба сӯи ҳамдигар бар хотири ҳеҷ
Такопӯҳои мо сӯе надорад.
Ало миллат, ту аз якдонагонӣ,
Ту аз озодагон, фарзонагонӣ,
Вале бисёр дур афтодӣ аз худ,
Нигини хотами бегонагонӣ.
На коло дар мағоза мефурӯшед,
На ҳам лолою ғоза мефурӯшед.
Яке тоҷикро чун мӯр кушта,
Дигар беғам ҷаноза мефурӯшед.
Яке бар ҳусни ту дил додам, эй вой,
Диламро дар бало бинҳодам, эй вой.
Чу аз боми ду чашмат бӯса кардам,
Зи боми осмон афтодам, эй вой.
Зи ман рафтӣ, куҷо рафтӣ, чӣ дидӣ?
Зи шодӣ бар азо рафтӣ, чӣ дидӣ?
Зи даргоҳи муҳаббат бенасиба,
Ба даргоҳи худо рафтӣ, чӣ дидӣ?
Маро бигзоштӣ бо ман, хушат бод!
Задӣ бар оташам доман, хушат бод!
Ба имое чу каҳ бар бод рафтӣ,
Надидӣ ҳосили хирман, хушат бод!
Чӣ гӯям, рози дил нашнида рафтӣ,
Ба дарди ишқ нопечида рафтӣ.
Тамоми рӯи дунёро бидидӣ,
Сафои рӯи дил нодида рафтӣ.
Ало, сабзинарӯ, сабзӣ набинӣ,
Ба рӯзи мотамам сархам нишинӣ.
Бадо рӯзе, ки аз ҳаҷрат шавам хок,
Ту аз хоки мазорам сабза чинӣ.
Аз ин ҳарзасароён рӯй гардон,
Аз ин ҳикматгадоён рӯй гардон.
Чу дорад зиндагонӣ рӯй вопеш
Аз ин вопасгароён рӯй гардон.
Бидонӣ то ки қадри кудрати хеш,
Бидон аввал тавони фитрати хеш.
Барои ҳурмати ман гар нахоҳӣ,
Зи ҷо бархез баҳри ҳурмати хеш.
Раҷулоне риҷоли қайду банданд,
Ба қалби шарҳа-шарҳа шуҳраманданд.
Чӣ шаҳре метавонад буд шаҳре,
Ки дар он шаҳрвандон шаҳрбанданд?
508 Л оиқ Шералӣ
Бигӯям ростат, гар ростоӣ,
Чунин дурӯяву дудил чароӣ?
Чу зикри пул равад, имон фурӯшӣ,
Ба масҷид лек дар зикри худоӣ.
Чӣ ишқе тозаат афрӯзад, эй гул?
Чӣ ҳусне ошиқат омӯзад, эй гул?
Харобат кардаам, к-обод бошӣ,
Ба ҳоли ту дилам месӯзад, эй гул.
Аз ононе, ки пурсабру хамӯшанд,
Напарҳезед, аҳли тобу тӯшанд.
Аз онон, ки зи майдон мехурӯшанд,
Бипарҳезед, кишвар мефурӯшанд.
Чӣ шире хурдӣ аз пистони модар?
Чӣ нуре бурдӣ аз хуршеди анвар?
Самарқанду Бухоро рафт аз даст,
Душанбе гар равад, эй вои кишвар.
Ғами ту ҷуз ғами коло набудаст,
Муроду мақсади воло набудаст.
Ту аз хоби гарон бедор гаштӣ,
Вале чашми дилат бино набудаст.
Ғурурат, шуҳратат, нангат куҷо шуд?
Шукӯҳат, шавкатат, ҳангат куҷо шуд?
Туфу бар он камони зангхӯрда,
Камоли фарру фарҳангат куҷо шуд?
Дилам дар коҳдуди ғам нишаста,
Шикаста, вошикаста, вошикаста,
Зи дасти чашмбаста раҳнамое,
Зи дасти раҳкушои пойбаста.
Ба сад хориву бо сад норасоӣ
Диҳад бар пешвояш пешпоӣ.
Ба ин миллат, худои ҳар ду олам,
Биёфар раҳнамое, раҳкушое!
Касе гул кошт, бояд гул бичинад,
Касе хун рехт, андар хун нишинад.
Чунин пастӣ, ки дар Боми ҷаҳон буд,
Худоё, душмани тоҷик набинад.
Туро гоҳе мазаммат карда бошам,
Бидон, ки арзи миннат карда бошам.
Гар аз ҳоли харобат ҳарф гуфтам,
Бидон, қасди мараммат карда бошам.
Маро хайле адӯ хондаст, афсӯс,
Ба номам лакка афшондаст, афсӯс.
Зи худ бегонаву бегонапарвар,
Аз ин миллат дилам мондаст, афсӯс.
Аз ин дилномаҳо дилномаат ку?
Зи Ҷоми Ҷам бифахрӣ, ҷомаат ку?
Нишони хомият дидам зи ҳад беш,
Нишони пухтагӣ аз хомаат ку?
Бидон, аз ношиносон нестам ман,
Туфайлихори хосон нестам ман.
Худоро мешиносам, шукри Аллоҳ
Аз он худношиносон нестам ман.
Маро гаҳ маст мебинед, ғам нест,
Шуда аз даст мебинед, ғам нест.
Баландии шуморо мепарастам,
Маро гаҳ паст мебинед, ғам нест.
Туро хуни ҳаром аз ту ҷудо кард,
Худо гуфтӣ, валекин бехудо кард.
Садои Пирро нашнидӣ, афсӯс,
Садои тир маргатро садо кард.
Пушаймонам зи раҳ нанмудани хеш,
Пушаймонам зи раҳ бинмудани хеш.
Чу тоҷик хуни тоҷикро бирезад,
Пушаймонам зи тоҷик будани хеш.
Ҷавонмардони ту бас ноҷавонанд,
Тавонмандони ту бас нотавонанд.
Ало миллат, чи сон ёбӣ раҳи рост,
Ки бархе ҳаҷравонат каҷравонанд.
Куҷо шуд шавқу шӯри беқаринам?
Куҷо шуд байтҳои нозанинам?
Замоне гар саропо будам оташ,
Дареғ, имрӯз хокистарнишинам.
Чӣ гӯям, буғзу кин боло гирифтаст,
Касифе минбари мавло гирифтаст.
Каманди шеър суст омад, сад афсӯс
Каманди тир дунёро гирифтаст.
Дилу ҷонат зи ғам коҳид, афсӯс,
Ҳама об аз сарат шорид, афсӯс.
Ба гардунҳо расид оҳу фиғонат,
Вале ҳамсояат нашнид, афсӯс.
Куллиёти ашъор 509
Зи асли худ пушаймон шуд дили ман,
Зи буди худ гурезон шуд дили ман.
Зи дасти ин ҳама хушкидамағзон
Биёбон дар биёбон шуд дили ман.
Дигар дар Шӯравӣ суре намонда,
Ба қандилаш дигар нуре намонда.
Чӣ ҷӯӣ хонаи ободи мардум,
Гар ӯро маъбаду гӯре намонда.
На расму роҳи ободӣ гирифтем,
На имдоде, на иршоде гирифтем.
Шаҳиди чӣ раҳе буда «шаҳидон»,
Зи «озодӣ» чӣ озодӣ гирифтем?
Хазоно, чеҳраи рангин муборак!
Ба дастат хӯшаи Парвин муборак!
Зи баъди он ҳама талхии ҳиҷрон,
Гули ман, хандаи ширин муборак!
Замоне мо ба ҳам печида будем,
Гули армони дилро чида будем.
Ҳар он чизе худо бахшида будмон,
Барои ҳамдигар бахшида будем.
Агар сад дор дорӣ, мениҳам сар,
Вале ҳоло зи хуни банда бигзар:
Зи худ бегонагиятро ҷаҳон дид,
Ало, миллат, ба ҳоли хеш бингар!
Агар аз машриқи ваҳдат натобӣ,
Бидон ки боз аҳли хурду хобӣ.
Чунин бегонапарвар гар бибошӣ,
Ту асли хешро ҳаргиз наёбӣ.
Надонӣ гавҳари иқбол худ чист,
Фарозу шеби истиқбол худ чист,
Туро доданд истиқлол ногаҳ,
Надонӣ ҳарфи истиқлол худ чист?
Дареғи он ҳама фархундафолӣ!
Дареғи он ҳама фархундаҳолӣ!
Камолатро1 чу берун рондӣ аз дар,
Намебинӣ дигар рӯи камоле!
Ба дасти хештан куштем худро,
Ба хуни хеш оғуштем худро.
Зи дасти тирандозони бадзот
На ҳамдасту на ҳампуштем худро.
1. Манзур Камоли Хуҷандӣ.
Ба худ худро надида мисли мо нест,
Ба мақсад норасида мисли мо нест,
Ҳазорон сол бишнида насиҳат,
Насиҳатношунида мисли мо нест.
Яке гӯяд: зи Хатлонам, туро чӣ?
Дигар: ман аз Бадахшонам, туро чӣ?
Дареғо, нест марде, ки бигӯяд
Ман инсонам, ман инсонам, туро чӣ?
Дареғи фарри деринат, ватандор,
Дареғи тоҷи зарринат, ватандор.
Аҷал меофаринӣ бар худи худ,
Бадо бар дину ойинат, ватандор!
Ягон дунёситон дунё нагирад,
Агар аз домани дилҳо нагирад.
Агар дарёи умри ман бихушкад,
Ягон дарё паи онро нагирад.
Дареғи ҳиммати волои тоҷик!
Дареғи ҳикмати мавлои тоҷик!
Агар сад ҷомаи номус ҳам дӯхт,
Наёмад рост бар болои тоҷик!
Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!
Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик!
Туро дунё чунин озурда кардаст,
Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!
Фурӯғи Аҳриман сӯям нигаҳ кард,
Саропои маро ғарқи гунаҳ кард.
Сияҳ бодо, сияҳ рӯи сиёсат,
Ки чандин бор рӯямро сияҳ кард.
Фурӯғи машъали Ленин адо шуд,
Виқори ҳайкали Ленин адо шуд.
Ба сӯи Шарқу сӯи коммунизм
Нигоҳи маътали Ленин адо шуд.
Бародарҷон, ба ҳарфам гӯш доро!
Бигӯям беибою ошкоро:
Сари бишкастаи Ленин қариб аст
Хурад ноҳақ сари Мақсуди моро.
Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,
Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.
Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллаҳ,
Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.
510 Л оиқ Шералӣ
Шаб омад, боз чодар бар сарам зад,
Сиёҳӣ мӯҳр бар чашми тарам зад.
Маро бигзошт андар хона озод,
Вале қуфли гароне бар дарам зад.
Ман аз дур омадам, марди ғарибам,
Ғарибонро даво кун, эй табибам.
Фикан бар кӯлворам ёди худро,
Ки ман бас носабурам, ношикебам.
Ба ин базм омадам аз манзили дур,
Чу деворам, на ғамгинам, на масрур.
Ман ин ҷо дилкашолие надорам,
Ду дасти ман намонад берун аз гӯр.
Чӣ будам? Нозбардори ту будам,
Баҳорон гулнигаҳдори ту будам.
Ту мехуфтию ман шабҳои ҳиҷрон
Ду чашми бахти бедори ту будам.
Саҳар шуд, бегаҳӣ шуд, рӯз бигзашт,
Гузашт, аммо ба сад афсӯс бигзашт.
Намедонам, чӣ бурд аз ман нишона,
Напурсида маро, хомӯш бигзашт.
Аз ин пас ман наҷӯям сарфарозӣ,
Нагардам аз паи афсонабозӣ.
Шавам бо зиндагӣ дастугиребон:
Ману бо духтараш кинғолабозӣ.
Чаро дарвозаро занҷир кардӣ?
Маро дар кӯчаҳо дилгир кардӣ.
Тамоми умр ҷустам роҳи кӯят,
Маро аз зиндагонӣ сер кардӣ.
Ту меҳмонию ман манзил надорам,
Ту меъморию коҳу гил надорам.
Зи мулки офтобӣ, ман зи хокам,
Ту ҳусни дилбарӣ, ман дил надорам.
Шабу рӯзу шабу рӯзу шабу рӯз
Лаби ёру лаби ҷӯ бӯса омӯз.
Бинеҳ лаб бар лабонаш, муҳр бигзор,
Ки ғайри ту наёбад ёри дилсӯз.
Ту бо ман бошию ман бо ту бошам,
Ту барқ афшонию ман шуъла пошам.
Ту биншинию ман дар пеши чашмат
Ба тақлиди ҷамолат бут тарошам.
Рухат аз ашки мотам нам нагардад,
Вале бо ёди ман беғам нагардад.
Тамоми чизи дунё кам шавад, лек
Лабат аз бӯсаи ман кам нагардад.
Чӣ бошад баҳри ҷонон дил супурдан,
Ба ёри ҷонбаҷон ҷон туҳфа бурдан?
Бигир аз ман ту уқёнусҳоро,
Бирез як қатра обам вақти мурдан!
Мани девонаро девона кардӣ,
Мани бехонаро бехона кардӣ.
Даруни синаи ман ҷо гирифтӣ,
Маро дар синаи худ ҷо накардӣ.
Дили вайронаро обод кардӣ,
Ба доду нолаи дил дод кардӣ.
Пас аз чандин фаромушрӯзгорӣ
Худо хайрат диҳад, ки ёд кардӣ.
Ту бошию ману савдои дунё,
Ту бошию ману тӯфони дарё.
Ба роҳи дур бо ёрони наздик
Сафар кардам, ҷаҳон дидам гуворо.
Ба ҷонам сӯзи нав-нав афканӣ ту
Гаҳе созию гоҳе бишканӣ ту.
Дили ман оташу ишқи ту оташ,
Ба оташхона оташ мезанӣ ту.
Ҳама дарди диламро гуфтам имшаб,
Чу шаббӯ аз фараҳ бишкуфтам имшаб.
Чу моҳи осмон гар тоқ будам,
Мисоли миллаҳоят ҷуфтам имшаб.
Ту дунё бошию ман шаҳди дунё,
Ту давлат бошию ман тахти тилло.
Ту гул бошию ман гулдони заррин,
Ту моҳӣ бошию ман обӣ дарё.
Даме, к-аз ман ҷудо будӣ, гули ман,
Чу ахтар дар само будӣ, гули ман.
Фитодӣ бар замин бо ҳилаи ишқ,
Фидокори хато будӣ гули ман.
Зи як дарё ману ту об хӯрдем,
Ба дарди як таманно тоб хӯрдем.
Зи як дар омадему боз рафтем,
Шароби бахтро дар хоб хӯрдем.
Куллиёти ашъор 511
Зи оташ ғайри хокистар намонад
Зи ошиқ ғайри чашми тар намонад.
Ба рӯи хок ашкам рехт, хушкид,
Чу ашкам низ он дилбар намонад.
Нигаҳ кун ҳар чиро бинӣ, дуборӣ
Ба ҷои ман ба он чашми хуморӣ,
Ки бо ту диданӣ будам ҷаҳонро,
Зи роҳи ғамгусорӣ, дӯстдорӣ.
Ба ман чашмошноӣ мекунӣ ту,
Ба ғайре бовафоӣ мекунӣ ту.
Яке доро, яке нодор дорӣ,
Аҷаб кори худоӣ мекунӣ ту.
Нишоти хешро аз ғам гирифтам,
Шукӯҳи тӯй аз мотам гирифтам.
Ба ҷавлонгаҳи қисмат бо такопӯй
Зи ҳад бисёр дидам, кам гирифтам.
Маҳи ман, ғайри ту дилҷӯ надорам,
Дигар ҳамқисмати некӯ надорам.
На дил дигар, забон дигар ҷавонам,
Ман охир як гулам, ду бӯ надорам!
Чунон ғамгин, чунон дилгирам имрӯз,
Чунон бепиру бетадбирам имрӯз,
Ки аз дасти фироқи нозанине
Намеёбам аҷал, то мирам имрӯз.
Агар сӯзӣ, агар созӣ ту, донӣ,
Биронӣ ё ки бинвозӣ, ту донӣ.
Ба дасти ту манам як пора оҳан,
Синон ё наъл месозӣ, ту донӣ.
Шаби ид аст, мардум чора доранд,
Ба паҳлӯи нигори ғамгусоранд.
Магар он нозанинон боданӯшон
Дар ин соат маро ҳам ёд оранд?
Сафои навбаҳорам додӣ, эй гул.
Суботи кӯҳсорам додӣ, эй гул.
Ҷудо гаштӣ зи шохи буттаи худ,
Давоми рӯзгорам додӣ, эй гул.
Рафиқо, дар саодат достон бош,
Назаргоҳи умеди мардумон бош,
Агар мастам, агар пастам, туро чӣ,
Ту андар сарбаландӣ шодмон бош.
Намегӯям: зи бахти худ ба ман деҳ.
Намегӯям: гуле гиру чаман деҳ.
Ба ман ту як даҳан ҳарфи хуше гӯй,
Чӣ хоҳӣ гир, як ширин сухан деҳ!
Шаби ид аст, ёрам ёр дорад,
Чӣ парвои мани ночор дорад?
Агар имшаб ба ёди ӯ расам ман,
Кӣ чун ман соғари саршор дорад?
Ману он бевафо ҳамсоядевор,
Суруд аз ӯ, зи ман сад нолаи зор.
Ману он нозанин аз ҳам ҷудоем,
Таманно аз вай, аз ман доғи бисёр.
На аввал дораду на охир имшаб,
Шаби васлу шаби тақдир имшаб.
Рафиқонам, дуои хайр гӯед,
Шавад як базми оламгир имшаб!
Чу ман қулфи гиребонат гушудам,
Тамоми коми дил аз ту рабудам.
Миёни ҷазбаи дастонат он шаб
Кам аз сад Рустами Дастон набудам.
Ман он риндам, ки дунё дилбарам буд,
Диламро хӯрд, аммо дар барам буд.
Замину осмоне ман наҷустам,
Замину осмон дар соғарам буд.
Баҳорамро куҷо бурдӣ гули ман?
Мадорамро куҷо бурдӣ гули ман?
Маро куштӣ ту андар синаи худ,
Мазорамро куҷо кардӣ гули ман?
Ҳамин танҳо на аз минбар бияфтӣ,
Зи базми бодаю соғар бияфтӣ.
Самандат буд агар гардунсаворе,
Чу фармонат расад, аз хар бияфтӣ.
Чӣ мепурсӣ: чӣ шӯре офариданд?
Ҳазорон чоҳу гӯре офариданд.
Ба қавми кӯрдил дар кӯрароҳе
Асокашҳои кӯре офариданд.
Ҳама шерони бешамшер будем,
Маразҳои ба ҳам вогир будем.
Шиоре бишнавӣ, ки «чашмсерем» –
Бихон, к-аз зиндагонӣ сер будем.
512 Л оиқ Шералӣ
Ба теғи пул сари гулро буриданд,
Забони булбул аз комаш кашиданд.
Ба ҷои чаҳчаҳи булбул ту дидӣ?
Даҳони қаҳ-қаҳи тир офариданд.
Сано гуфтанду бо ман бода хурданд,
Ба пеши пои ман сад бор мурданд.
Маро дар ман ҳазорон бор куштанд,
Сано гуфтанду бар хокам супурданд.
Фидои гесувони анбарият,
Адои дилкашиву дилбарият.
Зи хокам кохи мармар сар фарозад
Ба ёди синаҳои мармарият.
Алам гаштӣ ба сони марди миллат,
Фиғон кардӣ ҳама аз дарди миллат,
Яке (бар ҳафт пуштат бод нафрин!)
Баровардӣ ба гардун гарди миллат.
Баҳор омад, баҳори ман наёмад,
Паёме дар забон савсан наёмад.
Ба мотампурсии боғи дили ман
Наме аз абри астарван наёмад.
Худоро шукр, тарсу нестам ман,
Сақатандешу бадгӯ нестам ман.
Худою бандагонаш хуб донанд,
Сияҳмастам, сияҳрӯ нестам ман.
Куҷоӣ, эй гули шоду ҷавонам,
Ки бе ту хастаю зору навонам.
Чу рафтам дур аз оғӯши мунират,
Зи нуристон ба гӯристон равонам.
Зи имон дам занад, имон надорад,
Зи виҷдон дам занад, виҷдон надорад.
Ҷаҳон пур шуд зи устоди бузурге,
Ки як шогирди абҷадхон надорад.
Аҷаб мардум, ки ҳамроди манастанд,
Ба даври номи ман пироя бастанд.
Маро парвоз омухтанд бо меҳр,
Чу парвозӣ шудам, болам шикастанд.
Маро аз бода рӯи лолагун аст,
Туро аз кина дастон ғарқи хун аст.
Ман аз ҷонам, ки ҷондорам ҷаҳондор,
Ту беҷонӣ, ки ҷондорат фузун аст.
Дилам хун аст аз ин гӯлахиҳо,
Шуда аз ғорати мардум сахиҳо.
Агар ин сарзамин айни биҳишт аст,
Фузунанд аз чӣ дар он дӯзахиҳо?
На ойина, на оин офариданд,
На парвона, на Парвин офариданд.
Ба ҳар ҷо Рахши Рустам буд, хурданд,
Ба ёбу наъли заррин офариданд.
Ба дарди сар гирифтор омаду боз
Азоби сар – китобу дафтар овард.
Ало Соҳибназар, бар ман бубахшой,
Сари Лоиқ туро дарди сар овард.





100 рубоии Умари Хайём


ИН ҶОРО КЛИК КУНЕД: http://kayoumars.blogspot.com/2010/10/100.html




=================================
ГУЛРУХСОР: 

Имрӯз ҳам гузашт, монанди як нафас,

Наврӯзи ман гузашт, бе ишқи ҳеҷ кас.

Гирёну хандарез, хушрӯйи бебақо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро.

Сад қитъа тай шуда дар ҷустуҷӯи худ,

Сад раҳ кушодаам, ҷуз раҳ ба сӯи худ.

Худрӯйи худшукуф, худҷӯйи худпаноҳ,

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро…

Овораи хато, бечораи Худо,

Чун соя бо худам, ҳамроҳаму ҷудо.

Масрури бефараҳ, танҳойи бевафо

Ман ғам намехӯрам, ғам мехӯрад маро.

-------------------------------------------
Дунёра бин, дунёра бин,

Худро бубину мора бин.

Як сӯ ғами бемарқадӣ,

Як су ғами бемазҳабӣ,

Як сӯ ғами қавми ғариб,

Як сӯ ғами бемактабӣ.

Боғ аст ҷавлонгоҳи зоғ,

Булбул хамушӣ мекунад

Қобил, ки хокаш даркашад

Ҳобилфурӯшӣ мекунад.

Аз ганҷи савдои Ватан

Лутфи аморат мехарад.

Бар ҳафт пушти хештан

Маргу ҳақорат мехарад.

Зарбе, ки аз ӯ мерасад,

З-он қотилу дардовар аст,

К-аз хишти девори падар

В-аз санги нанги кишар аст.

Теғе, ки моро мекушад,

Дар ҷайби додарҳои мост.

Моро ба дасти мо задан,

Ойини сарварҳои мост.

Дунёра бин, дунёра бин,

Бе миллату бе ора бин…

—————————————
Ин қавм ба худхории мо кор надорад,
Ин сахра ба гулкории мо кор надорад.
Ашки сари мижгони бақоем, балоҷӯй
Бар марги вафодории мо кор надорад.
Аз тории шаб, дидаи хуршед сафед аст,
Зулмат ба шарарбории мо кор надорад.
Сармозадаи оташи маснӯи зимистон,
Ин барф ба табшории мо кор надорад.
Оне, ки ба доне нахарад исмату покӣ
Бар зевари нодории мо кор надорад.
Олам ба сабукбории мо каф занаду даф,
Оқил ба сабуксории мо кор надорад.
Масти майи порина ба фардо биситезад
Ин маст ба ҳушёрии мо кор надорад.
Андар кафи ларзони замон, шамъи муродем,


=======================
ЛОИҚ: 


Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Дар фазои абадиййат паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.

Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.

Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.

Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.

Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.

Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.

Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.

Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.
================
Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам,
Шуълае аз оташи оташпарастон, модарам.

Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.

Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил,
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.

Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.

Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.

Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,

Сӯи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам...
======================
Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯи мазори ту,
Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту.

Намегунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.
Ба кӯи охират рафтӣ, сари кӯи ту менолам,
Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

Ту дар зери заминӣ, бе туам рӯи замин холист,
Ба рӯи ин замин дар ҳасрати рӯи ту менолам.

Ду дастат бо ҳама раъша мададгори ҳаётам буд,
Ба ёди дасти ларзону мададҷӯи ту менолам.

Чӣ суд аз кӯҳи Чилмеҳроб1 бе меҳроби абрӯят,
Ман аз маҳрумии меҳроби абрӯи ту менолам.

Зи кӯҳи Осиё гар нолаҳои обшор ояд,
Фузун аз ӯ чу фарзанди ғазалгӯи ту менолам.

Такопӯ кардӣ баҳри ман тамоми умр роҳи бахт,
Ман акнун рӯзу шаб андар такопӯи ту менолам.

Зи ман шоиртаре будӣ, ки лафзи нобам омухтӣ,
Ба ёди он ҳама алфози дилҷӯи ту менолам.

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,
Ҳама сӯи худо ноланд, ман сӯи ту менолам.
============
Қарореро намедонистӣ дар рӯи замин умре,
Чӣ сон дар зери хок осуд ҷони беқарори ту?

Чӣ дунёе, ҳамин дирӯз бар ман фотиҳа додӣ,
Ки ҳар ҷое равам, бошам ба ҷои ёдгори ту,

Кунун имрӯз гӯратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар раҳам чашмони чори ту.

Ба пои турбатат биншаста, ҷӯи ашк сар додам,
Ки рӯяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.

Бихондам сурае ҳам, то ки рӯҳат шод гардонам,
Ки шояд бишнавад оҳи маро парвардгори ту.

Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.

Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту...
===============
Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.

Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.

Чун ту ҳам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.

Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.

Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.

Ёд меорам туро, чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро.
===================
Будӣ дунёи ману рафтӣ зи дунё, модарам,
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо, модарам.

Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, модарам.

Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавонӣ хандарӯст,
Гирярӯям дар ғамат дар боғи гулҳо, модарам.

Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардоштӣ,
Бекасам бигзоштӣ дар роҳи фардо, модарам.

Рӯхарошон сохтӣ, гесӯпарешон сохтӣ,
Қоматам кардӣ дуто, эй ганҷи якто, модарам.

Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,
Кас наёзад сӯи ман дасти тасалло, модарам.

Пасту болои ҷаҳон болои ҳам ғам медиҳад,
Бо ту яксон менамуд ин пасту боло, модарам.

Ҳамчу гӯри ту дилам аз орзуҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, модарам.

Зуд рафтӣ, зуд рафтӣ аз ҷаҳони ношикеб,
Ношикебо модарам, эй ношикебо, модарам.

Рафт дар тобути ту ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, модарам.

Бурдӣ аз лаб хандаам, эй шуълаи ояндаам,
Водареғо модарам, сад водареғо модарам!

==============
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд
Замин қисмат нахоҳад шуд.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.

Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.

Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама модар – Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.

Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар – Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.

Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.

Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!
(Лоиқ)
===========


Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!

Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯӣ часпида
Туро барбаст роҳи нияту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!

Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим “Ҳафтяк” мондӣ ба зери болиши кӯдак,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад.
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтӣ кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!

Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!

Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгашта – рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.

Кунун имрӯз фарзандат – ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯӣ қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!

Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
(Лоиқ)==============
Куҳсор бувад кишвари тоҷик саросар,
Кӯҳ аз паси кӯҳ аст ва ё санг паи санг.
Дар ҳар қабаташ ганҷи аён асту ниҳон аст,
Ганҷест ба сад ному ба сад ҷилваю сад ранг.

Аз қисмати куҳсор, зи ҳар кӯҳи пур аз ганҷ
Бо ранҷ басо ганҷ, ки бардошта бошем.
Дар қисмати боқиш магар донӣ чи ганҷест?
Дар қисмати боқиш сухан кошта бошем...

==========


Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.

Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи “майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.

Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.



-------------------


Мо солхӯрда ҳастем ё сол хӯрда моро?
Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро?




Мо ҷонсупор будем дар ҳоҷати замона,
Ё азми ҷонсупорӣ осон супурда моро?

Бо ёри норпистон хуфтем, ғофил аз он
Ҳамчун анори ширин дасте фишурда моро.

Роҳи дароз тай шуд дар умри кўтаҳи мо,
Роҳе фасурда кардем ё раҳ фасурда моро?

Дар пеши чашми хуршед ҳарчанд кам набудем,
Кам дида чашми камбин, камтар шумурда моро.

Гумкардаҳои моро ҳар зиндадил биёбад,
Дилмурдагон валекин хонанд мурда моро! 

Loiq Sherali

======


Хаёлам меравад ҳоло ба дуриҳои дуродур,
Зи ахтарҳои афлокӣ дилам ҳамвора хоҳад нур.
Ба чашми сокиту хомӯш шарори тозае хоҳам,
Чароғи ишқу сидқу меҳр созад хонаро пурнур.
Бубинам ҷумла ёронро раҳо аз зиштии дунё,
Ҳарисчашмони бадхӯро бихоҳам дидагони кӯр.
Худоё, кай расад бар дил баҳори сабзи атромез,
Ки он ҳам то шавад рӯшан зи нури нури нур.

\ \ \
Дар вуҷудам нест сӯзи пуршарор,
Дар замирам нест меҳру ишқу ёр,
Ҳам зи дастам додаам сабру қарор,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.

Ғунча во гашт аз насими навбаҳор,
Бо сурур ҷорист оби ҷӯйбор,
Лола хандон аст андар кӯҳсор,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.

Духтарон масрур аз савти ҳазор,
Бо табассум интизори пайки ёр,
Эй Худовандо, маро маъзур дор,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.

Ҳар нигоҳам маъниҳо дорад хамӯш,
Дил даруни синаи ман бехурӯш,
Ман зи чархи ин фалак н-оям ба ҳуш,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.

Мерасад аз дур бар гӯши ман садо,
Андалеби умри ман дорад наво,
Ин дили захмини ман хоҳад даво,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.

Кай дамад боди муроде бар танам,
Нахли навмедӣ зи боғам барканам,
Духтари ғамгину сархам - ин манам,
Ҷумла бедоранду ман хобам, хоб.
\ \ \

Зи ишқи бебарори худ бигирям,
Зи сӯзи бешарори худ бигирям,
Зи гардишҳои дунёи дилозор,
Зи қалби беқарори худ бигирям.
\ \ \
Биё, ки бе ту ҳеҷу нотавонам,
Баҳорон омаду ман чун хазонам,
Ту бишнав нолаи ин қалби пурсӯз,
Ки дар ҳаҷрат чу булбул нотавонам.
\ \ \
Дило, аз тӯҳмати ноҳақ бипарҳез,
Ки он монад ба тири ҷонгудозе.
Саропо мешавӣ ғарқи гунаҳҳо,
Насибат мешавад сӯзу гудозе!
\ \ \
Ман киям дар ин ҷаҳон? Як фарди рӯҳафтодаам,
Гаҳ зи худ бегонаву гоҳе ба худ печидаам.
Шарҳа-шарҳа ҷо бишуд ғам дар даруни синаам,
Ку ҳамон нойе, ки гӯям таънаи бишнидаам?
Нокасоне бар сарам санги маломат мезананд,
Кай ба охир мерасад ин ашкҳои дидаам?
Булбул аз афғони ман хонад суруди сӯзу дард,
Рӯйи каф рӯзард гашта сабзаҳои чидаам.
Нахли умрам қад кашиду ғам нагунаш мекунад,
Гӯиё ман аз азал бадбахти модарзодаам.
Қисмати номарди ман бас дилфигорам кардааст,
Сар ба зер афкандаву танро ба қисмат додаам.
Эй Худои меҳрубон, дастони шафқатбор ку?
То навозишҳо намояд ин тани афтодаам.
\ \ \

=====


Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, 
На ҳамин либоси зебост нишони одамият. 
+ +  +
'БА ПИРИ ХИДМАТИ МОДАР ПАДАР КУН, 
ЧАВОНИЮ ЧУНУН АЗ САР БАДАР КУН!'
+  +  +








'НЕКБАХТ ОН КАСЕ, КИ ДОДУ БИХУРД, 
ШУРБАХТ К-ОН КИ НАХУРДУ НАДОД!'
+  +  +









'ХОХИ, КИ МАЙИ ЛАЪЛ ХАЛОЛАТ БОШАД, 
ОЗОРИ КАСЕ МАЧУЮ ДЕВОНА МАШАВ!'
+  +  +









'КАЛБИ МО АЗ ХИНДУ РУМУ ШОМ НЕСТ, 
МАРЗУ БУМИ МО БА ЧУЗ ИСЛОМ НЕСТ. 
АЗ ЯКОЙИНИ МУСУЛМОН ЗИНДА АСТ, 
ПАЙКАРИ МИЛЛАТ ЗИ КУРЪОН ЗИНДА АСТ!'

+  +  +
'АЗ ХИММАТИ БАЛАНД АСАР ДАР ЧАХОН НАМОНД, 
ЯК САРВ ДАР САРОСАРИ ИН БУСТОН НАМОНД!'
+  +  +
'РАВШАНДИЛОН ЧУ БАРК ГУЗАШТАНД АЗ ЧАХОН, 
ХОКИСТАРЕ БА ЧОЙ АЗ ИН КОРВОН НАМОНД!'


+  +  +


'МАШАВ МУЛЛОВУ СУФИ, ШАЙХИ КАНЪОН,

МУСУЛМОН ШАВ, МУСУЛМОН ШАВ, МУСУЛМОН!!!'

+ + +

'КУЧО ТАДБИРИ ПИРОНИ КУХАНСОЛ АЗ ЧАВОН ХЕЗАД?

НАЁЯД АЗ ДАМИ ТЕГ, ОН ЧИ АЗ ПУШТИ КАМОН ХЕЗАД!'

+ + +

'ИН НОКАСОН, КИ ФАХР БА АЧДОД МЕКУНАНД,

ЧУН САГ БА УСТУХОН ДИЛИ ХУД ШОД МЕКУНАНД!'

+ + +

'ПАСИ ЗОНУ МАНИШИНУ ГАМИ БЕХУДА МАХУР,

КИ ЗИ ГАМ ХУРДАНИ ТУ РИЗК НАГАРДАД КАМУ БЕШ!'

+ + +

'САД БОР БАДИ КАРДИВУ ШАРМИ ТУ НАОМАД,

НЕКИ ЧИ БАДИ ДОШТ, КИ ЯК БОР НАКАРДИ?!'

+ + +

'ОШУ НОНАТ ЧУН АДО ШУД, ОШНОЯТ МЕРАВАД,

АЗ НАВО ЧУН БОЗМОНДИ, ХАМНАВОЯТ МЕРАВАД!'

+ + +

'ЗАМОН - ЗАМОНИ ПОРАВУ ЗАМОНИ РИШВАХОРАЕ,

БА ХАР КУЧО, КИ БИНГАРИ, БА ПОРАЕ ИШОРАЕ!'

+ + +


''МАНУ ТУ КИШВАРИ ДОРОВУ ХИССИ КАМБАГАЛ ДОРЕМ,

ВАТАН ДОРЕМ, АММО ДАР МУЗОФОТУ МАХАЛ ДОРЕМ!'

+ + +

'РУСТОИИ ТАНХОЯМУ ШАХРИИ ГАРИБАМ,

БО ХЕШ РАКИБАМ МАНУ БЕГОНАКАРИБАМ!'

+ + +


'КАВИДИЛ ШАВ, КИ ДАР МАЙДОНИ МАРДИ,

ГАР АЗ КУШТАН БИТАРСИ, КУШТА ГАРДИ!!!'


+ + +
Дирӯз таппак мезадӣ...


Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо?
Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ,
Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ аз куҷо?
Долар ба каф барги хазон, дуздӣ накардӣ? Рост гӯй,
Даври лабон кафки даҳон, дарёхурӯшӣ аз куҷо?
Дӣ будӣ беизораке дар кӯчаю бозораке,
Бо зеҳни кунду ақли кунд ин тундҷӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз таппак мезадӣ, дар пода ҷуфтак мезадӣ,
Ай сустаку мустак бигӯ, ин сахткӯшӣ аз куҷо?
Дирӯз хомӯшак будӣ, оҷиз чу харгӯшак будӣ,
Имрӯз бонгат то фалак, ваҳйи сурӯшӣ аз куҷо?

(Лоиқ Шералӣ)



Хонаи Худо
Дина  аз интернет.
Сайти  Худоро  ҷустучӯ кардам.
Саҳифаҳои  е – майли зиёдро
пушту  рӯ  кардам.
Рақами телефони мобилӣ,
Амрикоиву Кобулӣ,
Хеле зиёд буд.
Гӯшаки телефонро чанг задам,
Ба Хонаи каъба занг задам:
- Ало, ин хонаи Худост?
– Не, ин ҷо Амрикост!
Ба худ гуфтам:
«Агар Каъба Амрикост,
Пас хонаи Худо куҷост?!»
(Абдулвоҳиди Зевар)