! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

Сӯҳбатҳо



Раҷаби МИРЗО: ИН ДАФЪА ҲАМ ДЕМОКРАТИЯРО ФОҲИША МЕКУНЕМ?

(Ин сӯҳбат соли 2005 барои Наҷот анҷом шуд, лекин рӯйи чоп наомад)

Раҷаби Мирзо – сардабири ҳафтаномаи «Рӯзи нав» як орзу дорад: ҳақиқатро дарёфтан. Ҳарчанд бисёриҳо барои амалӣ шудани ин орзуи ӯ монеаҳо эҷод кардаанд, аммо ҳанӯз маънии инро надорад, ки орзуи ӯро куштаанд. Ӯ ҳанӯз ҳам аз пайи орзуи худ равона аст. Фақат ғам ӯро ба дунёи дигар афкандааст. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ Шералӣ:

Ҳасудон аз хушии мо нохушанд,

Мо намемирем, моро мекушанд.

Ҳоло дунёи дигари Раҷаби Мирзо оғоз меёбад. Як саволи ману як ҷавоби вай. Оё Шумо таҳаммули андешаҳои ӯро доред?

-Гуфта буданд, ки «Рӯзи нав» давоми мантиқии «Чароғи рӯз» аст. Он вақт то кадом андоза дуруст гуфтанд? Зеро дар Тоҷикистон он ҳам як сол интишор шуду он ҳам…

-Категорияи фалсафие вуҷуд дорад, ки онро зарурат ва тасодуф меноманд. Агар аз ин нигоҳ бингарем, барои пайдоиши ҳам «Чароғи рӯз» ва ҳам «Рӯзи нав» пеш аз ҳама зарурат пеш омада буд. Аммо он ки тақдири ин ду рӯзномаи гуногун якхела менамояд, бовар кунед, ғайр аз тасодуф чизи дигаре нест. Агар не, замони таъсисёбии «Чароғи рӯз» Тоҷикистон акнун сохти нави давлатдориро аз худ мекарду замони таъсисёбии «Рӯзи нав» гӯиё дар ин сохти нав пешрафтҳое дошт. Бубинед, ин рӯзномаи замони нав низ бо ҳамон мушкилоте рӯ ба рӯ мегардад, ки як рӯзномаи замони гузариш ҳам дошт. Пас, аз ин чӣ хулоса метавон кард? Оё наметавон гуфт, ки мушкил дар ин рӯзномаҳо не, балки мушкил дар он аст, ки мо ба сохти нав, ба рӯзи нав нарасидаем? Дар маҷмӯъ, мушкилоти «Рӯзи нав» бори дигар исбот менамояд, ки мо ба арзишҳои демократӣ то ҳанӯз арҷ гузошта наметавонем ё намехоҳем. Ман вақте «мо» мегӯям, кулли мардумро дар назар надорам, балки манзурам масъулин ва ҳукумат аст, ки назар ва бархӯрди онҳо ба рукнҳои демократӣ на он тавре аст, ки дар қонунҳо навиштаанд ва аз минбарҳои пасту баланд дар ин бора гуфтанро дӯст медоранд.Бархе аз масъулин ҳоло дӯст медоранд, ки ба ин нукта ишора намоянд: «баъзеи рӯзномаҳо менталитети мардуми моро ба назар намегиранд». Хеле хуб дарк менамоям, ки онҳо дар зери мафҳуми «баъзеҳо рӯзномаҳо» киро дар назар доранд. Вале медонед, онҳо дар асл чӣ гуфтан мехоҳанд? Гуфтан мехоҳанд, демократия ҳам шарқиву аврупоӣ мешавад, ки ба ин тарзи баҳогузорӣ комилан розӣ нестам. Гуфта будам ва боз ҳам мегӯям, ки демократия дар назари ман адолат аст. Агар адолат амрикоӣ бошад, пас, тоҷик сазовори адолат нест?

-Ҳар кас қабл аз оғози коре дар назди худ ҳадафе мегузорад. Аслан, мақсади Шумо аз таъсиси «Рӯзи нав» чӣ буд ва оё ба мақсади худ расидед?

-Ростӣ, баъд аз ҷамъбасти озмуни «Журналисти сол» дар соли 2003, ки бо ибтикори чанд созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардида буд, мо як гурӯҳ журналистони тоҷикзабон худро то андозае таҳқирдида ҳисоб намудем. Ман ҳатто маводе низ таҳти унвони «Террористи №0» дар ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» чоп карда будам. Зеро барандагони ин озмун аксаран журналистон русзабон буданд. Баъд аз ин пеши худ мақсад гузоштем, ки ҳатман бояд нишон дод: журналистикаи тоҷикзабон дар кишваре, ки Тоҷикистон ном дорад, авлавиятро касб намояд. Бале, мо медонистем, ки матбуоти тоҷикизабони он давраро бо матбуоти русизабон дар як поя гузоштан беадолатӣ мебуд, вале аз дасти мо он вақт коре намеомад. Моҳи августи ҳамон сол дар арафаи сисолагии зодрӯзи худ ба таъсиси рӯзномаи «Рӯзи нав» оғоз намудам. Шукри Худованд, аз шумораҳои нахустин рӯзнома маҳбубияти хонандагони сершуморро соҳиб гардид ва дар ҷамъбасти озмуни соли 2004 он сазовори ҳафт мукофоти асосии ин созмонҳо шуд. Аз ин нигоҳ ба мақсадам расидаам, аммо «Рӯзи нав» нақшаҳои ноамалигардидаи бисёре дорад, ки акнун бовар надорам, ба онҳо расида тавонем.

-Воқеан дар вақташ бисёриҳо барои Шумо ҳасад мебурданд, ки аз фурӯши ҳафтаномаи «Рӯзи нав» фойидаи калон ба даст меоред, чунки он бозоргир буд. Дар асл чӣ манфиати молӣ дидаед?

-Замони фойидаи молӣ ба даст овардани ман аз ин рӯзнома акнун фаро расида буд, вале мутаассифона имрӯз мебинам, ки на фоида балки зарарҳое аз он дидаам. Гап дар сари ин аст, ки шумораи ахири дар Бишкек чопнамудаи мо беш аз 3 ҳазор доллар хароҷот дошт. Қисме аз ин маблағҳоро қарз гирифта пешпардохт намуда будем, қисми дигарро бошад, аз рӯйи шартнома бояд пас аз даҳ рӯзи фурӯши ҳафтанома ба суратҳисобии бонкии чопхонаи Бишкек мегузаронидем. Хеле мутаассуфам, ки ин шумораи рӯзнома дар фурудгоҳ бе ягон сабаб аз ҷониби мақомоти андоз боздошт шуда ва давутози мо натиҷаи дилхоҳ намедод.Чуноне мебинед, аз «Рӯзи нав» фоида не, зарари моддӣ дидаам. Ин аст, ки то ҳанӯз дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам, на дар қасри чидлу чандҳазордоллараи шахсие, ки баъзеҳо овоза кардаанд.

-Аммо бовар кунед, ки бо «Рӯзи нав» ҷаҳон Раҷаби Мирзоро шинохт. Пас, рӯзгори пеш аз «Рӯзи нав»-ии худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Мо агар машҳур шуда бошем, бояд аз ҳукумат миннатдор бошем, ки бо мушкилоти эҷодкардаи худ тавонистан моро машҳури ҷаҳон, тавре Шумо мегӯед, намоянд. Аммо бовар кунед, ман намехостам ин тавр «машҳур» шавем. Мо мехостем ҳамчун рӯзнома шӯҳратманд бошем, вале ба мо имкон надоданд. Бархӯрди ҳукумат бо мо бештар аз як қувваи сиёсӣ буд ва ҳаст. То ҳанӯз онҳо бовар доранд, дар пушти мо ким-кадом сиёсатмадори пурқуввате истодааст ва мақсади мо тағйир додани роҳбарияти Тоҷикистон мебошад. Аз рӯйи овозаҳо чандин шахсияти воломақом ба «Қуръон» қасам дода шудаанд, ки бо мо иртиботе доранд, ё не. Дар маҷмӯъ, ба мо назар ба имконияти мо бештар баҳо медиҳанд. Ҳол он ки мо рӯзномае беш нестем ва тамоми имкону қудрати мо низ дар ҳамин дойира аст.

-Марги тифл барои падар ҷонкоҳ аст. Вақте «тифли яксола»-и Шуморо ба қавле куштан мехостанд, чӣ қадар ранҷ мекашидед?

-Кадом рӯз дар як хабар хондам, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар бобати маргу мири атфол пешсаф мебошад. Ин аҷобате надорад. Дар ин кишвар «калонтар»-ҳое ҳастанд, ки «кӯдакон»-ро дӯст намедоранд ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам намеоранд, то солиму бардам ба дунё оянд ва дар кӯдакӣ намиранд.Бале, ман сари «тифл»-и худ - «Рӯзи нав» ва тақдири ояндаи ӯ бисёр меандешам. Аламовартар он аст, ки ин «тифл»-и ман солим аб дунё омада буд ва дардмандие надошт. Аммо он як рӯз аз хона баромаду дигар барнагашт. ӯро ё дуздиданд, ё ба ягон фалокате гирифтор шудааст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ бовар надорам, ки ӯ дигар зинда бошад.

-Вақте Шуморо дуввумбора мавриди латукӯб қарор доданд, дар изҳороти худ навишат будед, ки ташкилкунандагони ин саҳнаро хеле хуб медонед, аммо онро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозгӯ намоянд. Мутаассифона, мақомот ба ин ҳодиса аҳамияти хос надоданд ва имрӯз он аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Оё имрӯз гуфта метавонед, ки захми сари Шумо доғи дасти кӣ буд?

-Ман номи гумонбарро барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта будам, аммо онҳо дар ин самт чӣ корҳоеро ба анҷом расониданд, барои ман маълум нест. Вале бояд иқрор шавам, ки назари ман ба ин ҳодиса дигар аст. Бубинед, моҳи январ вақте сӯйиқасди аввал ба ҷони ман сурат гирифт, Тоҷикистон дар ҳолати номӯътадили авзои сиёсӣ қарор дошт. «Бӯҳрони Ғаффор Мирзоев», «Мушкилоти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Саламшо Муҳаббатов» низ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буданд. Аммо он вақт ман дар бораи мушкилоти худ лаб накушодам. Пас аз ҳафтаи сӯйиқасди дуввум ба ман Ғаффор Мирзоев боздошт гардид. Баъдтар қазияи Рустам Файзиев ва Султон Қувват, баъдтар задухӯрдҳо дар Тоҷикободу Рашт ва боз «проблемаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров» пеш омаданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил намуда ба хулосае омадам, ки ду сӯйиқасд ба ман хислати дуркунандагӣ аз ҳодисаҳои баъдиро доранд. Яъне агар ман дар бораи сӯйиқасди аввал садо баланд мекардам, шояд ҳодисаҳои дар моҳи август-сентябр ба амаломада ҳамон замон ба вуқӯъ мепайвастанд?

-Шояд имрӯз сухане доред, ки то ҳол барои мардум ва ҳукумати кишвар нагуфтаед?

-Суханҳои ногуфтаам бисёранд. Умр боқӣ бошад, онҳро мегӯем. Вале ҳамин замон як ташбеҳе ба хотири ман мерасад, ки гуфтанашро зарур медонам. Чордаҳ сол пеш аз ин, ба сарзамини собиқ СССР, аз ҷумла ба Тоҷикистон духтараки зебое омада буд, ки Демократия ном дошт. Ба ин духтараки хушрӯ ҳама - чи пиру чи ҷавон, чи коммунисту чи исломӣ, чи гадову бой ошиқ шуданд ва изҳори муҳаббат намуданд. Ин духтарак шефтаи суханони зебои онҳо гардид ва бо хар кадомашон дар алоҳидагӣ ишрзӣ намуд. Эҳсос накард, ки рӯзе ба…фоҳиша табдил меёбад. Имрӯз аз ин «ишқи сиёҳ» духтараке таваллуд намудааст, ки аз модараш ҳам зеботар аст. Боз ҳам ба ин духтараки зебо чашмпаррониву изҳори ишқ оғоз гардидааст. Бовар кунед, ман аз он тарс дорам, ки ин дафъа ҳам ин духтараки хушрӯ моили суханони булҳавасонаи онҳое мегардад, ки чордаҳ сол қабл модари ӯро бадбахт намуда буданд. Биёед, дар ҳамҷоягӣ ба ин духтараки хушрӯ кӯмак намоем ва ӯро аз роҳи бал гардонем. Ин аст хоҳиши ягонаи ман.

-???

-???

-Хайр, боз хоҳем дид?

-Хайр, то дидор!!!

--------------------------------------------

Салими АЮБЗОД: Ҳар куҷо имкон ҳаст, Ватане бояд сохт


Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 бари кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осои мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.

http://kayoumars.blogspot.com/2010/02/blog-post_08.html

+  +  +

Муҳиддин Кабирӣ: "Мо набояд шутурмурғ бошем"


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, дар як сӯҳбати ихтисосӣ дар бораи фаъолияти ҳизбаш, қонуни нави дин ва фазои динӣ дар Тоҷикистон ибрози назар кард.

“Кӯзаи нав – обаш хунук”

Озодӣ: Тасмими Кумитаи дини Тоҷикистонро барои манъи намозгузорӣ дар қароргоҳи ҳизби шумо чӣ мешавад гуфт: кори маъмулии мақомот, оғози фишорҳо болои ҲНИТ, ки дар интихоботи гузашта нерӯи худро ба намоиш гузошт ё тағйири муносибатҳо?

Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Мо низ дар пайи пайдо кардани ҷавоби ин савол ҳастем, ки чаро муносибати мақомоти давлатӣ пас аз интихобот якбора бо Ҳизби наҳзати исломӣ тағйир хӯрд. Аз тарафи дигар, фикр намекунем, ки ин тағйироти муносибат ба ҲНИТ бевосита ба интихобот рабт дошта ва дар сатҳи баланди сиёсӣ ва давлатӣ ба вуҷуд омада бошад.

Маъмулан тоҷикон як мақол доранд, ки кӯзаи навро обаш хунук. Касоне, ки тоза сари мансаб меоянд, дар марҳалаи аввал барои нишон додани садоқаташон ба кор ва ё шахсияте талош мекунанд, ки аз худ коре нишон диҳанд. Шояд ҳолате, ки ба вуҷуд омад байни Кумитаи дин ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳамин бошад.

Аз тарафи дигар, мо ба унвони як ҳизби динии сиёсӣ дар баробари масъулият ва вазифаҳои сиёсӣ масъулият ва вазифаҳои динӣ ҳам дорем. Ин чандон нигаронкунанда нест, ки ба хотири ибодат болои мо фишор меоранд. Балки ҷои фахр аст, ки як мусулмонро ба хотири ибодаташ фишор меоранд ва маҳдуд мекунанд.

Баъдан табиати ин роҳ ҳамин аст. Ҳич кас озодӣ ва адолату ҳуқуқашро ба осонӣ ба даст наовардааст. Бахусус, дар шароите, ки миллатҳо ва кишварҳои мо ба сар мебаранд.


“Фарҳанги мо ислом аст”

Озодӣ: Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, аз рӯйи қонун кор мекунанд ва бар асоси қонун, дарвоқеъ, хондани намоз дар қароргоҳи ҳизби шумо мумкин нест. То чӣ ҳад фикр мекунед, дар ин баҳс пойи қонун дар васат бошад?

Кабирӣ: Қонунҳои кишвари мо то ҳадде духӯра ҳастанд, ки аз он бардоштҳои гуногун карда мешавад. Ин бардошти масъулини Кумитаи дин аст, ки ибодати мо ё фаъолиятҳои фарҳангиву ибодатии мо дар қароргоҳи ҳизб мухолифат бо қонун дорад.

Шинохти мо аз қонун дигар аст. Мо бар асоси қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ ва оинномаи худ амал мекунем, ки тамоми фаъолиятҳои мо ҷузъи фаъолияти фарҳангии мо аст.

Зеро фарҳанги мо ислом аст. Вақте мо фаъолияти фарҳангӣ анҷом медиҳем, ҷуз ислом фарҳанги дигаре надорем. Намешавад, ки мо дар сӯҳбатҳои худ дар чорабиниҳои фарҳангиямон аз “Капитал”-и Карл Маркс ва ё сарчашмаҳои идеологиву сиёсӣ истифода барем. Мо, албатта, аз Қуръон истифода мебарем. Вақте ки чорабинии фарҳангӣ мегузаронем, наметавонем ба мисли дигар ҳизбҳо рақс кунем, балки намоз мегузорем.

Аз ин нуқтаи назар, агар касе ба ин фикр бошад, ки фаъолияти мо аз нигоҳи онҳо хилофи қонун аст, аз нигоҳи мо мувофиқ ба қонун ва оинномаи ҳизби мост.

Ибодатро манъ мекунанд”

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, агар бо истифода аз қонун ё нерӯ рафту шуморо нагузоранд, ки алайҳи хостаҳои худ дар қароргоҳи ҳизб намоз бигузоред, он гоҳ иқдоми шумо чӣ хоҳад буд?

Кабирӣ: Аслан тасаввур намекунам, ки чи гуна мешавад намозро баст ё хондани онро манъ кард. Билохира, мо намозро, ибодатро дар ҳама ҷо анҷом медиҳем. Касоне, ки даст ба ин кор задаанд, як кори бемаънӣ ва беманитиқ мекунанд.
Шояд худашон оқибати корашонро дарк накардаанд, ки ба чӣ иштибоҳе даст мезананд. Шояд Тоҷикистон аввалин кишваре мешавад, ки дар он ҷо гузоштани намозро дар ҷои кор манъ мекунанд. Дар ягон кишвари дигар ин меъёрро надорем, ки дар ҷои кор ба инсон ҳуқуқи ибодат дода нашавад.


“Ҳадафашон – заиф кардани ҲНИТ”

Озодӣ: Пас, аз нигоҳи шумо, ҳадафи онҳо аз ин иқдом чист?

Кабирӣ: Мутаассифона, онҳо фақат ба хотири заиф кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистион ин иқдомро мегиранд ва дар бораи оқибатҳояш андеша намекунанд. Бояд ин нуктаро зикр кунам, ки фаъоляити ҲНИТ аз ин гуна монеагузориҳо заиф нахоҳад шуд. Балки табиати роҳи мо ин аст, ки ҳар чи қадаре, ки фишор болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо зиёд шавад, ҳамон андоза пойбандияшон аз ҳизби мо қавитар хоҳад шуд.

Мушкил дар қонун аст”

Озодӣ: Шумо аз ҷумлаи онҳое будед, ки дар қабули қонуни нави дин иштирок доштед дар порлумон. Оё гуфта метавонед, ки дар вақташ ин нуктаҳои баҳсбарангези қонун ё мешавад гуфт, нуктаҳои нозуки ин қонун мавриди баҳс қарор гирифта буд ё не?

Кабирӣ: Имрӯз масъулони Кумитаи дин такя ба баъзе аз бандҳои қонун дар бораи озодии виҷдон мекунанд, ки ҳангоми қабули он дар порлумон атрофи ин меъёрҳо баҳсҳо шуданд ва он замон моро мутмаин сохта буданд раҳбарияти порлумон ва масъулони давлатӣ, ки “он хатарҳо ва нигарониҳое, ки шумо доред, беасос аст. Бардошти шумо набояд аз қонун ин гуна бошад. Маънои қонун тамоман дигар аст”. Ҳатто ёдам ҳаст, ки баъд аз рӯ задани сару садо дар ин бора Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳам вокуниш нишон дода гуфтанд, ки ин тӯҳмат аст, ки мо намозгузории касеро дар ҷои кор манъ мекарда бошем. Ин бардошти ғалат аз қонун аст.

Ҳоло мо ҳам дар як ҳолати ҳайронӣ мондем, ки бардошти кӣ аз қонун дуруст аст: бардошти вакилони мардумӣ дар он ҳолати қабули қонун ё вазири фарҳанг ва ё бардошти имрӯзаи масъулони Кумитаи дин.

Модоме, ки ду ва ё зиёда бардоштҳо аз як матни қонун аст, мушкил дар қонун аст. Мутаассифона, баъзеҳо шояд ғаразомез қонунҳоро тарзе қабул мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба нафъи худ ва бо ғаразҳои сиёсии худ истифода баранд.


“Беҳтар аст, ки ислоҳ кунем”

Озодӣ: Хоҳу нохоҳ ин ҳама мушкил аз таъми талхи қонун бармеояд. Вале, тавре қабл аз интихоботи порлумонӣ намояндагони ҲНИТ мегуфтанд, оё барои дигар кардани ин қонун талоше анҷом хоҳед дод? Шояд тарҳи нав пешниҳод мекунед...

Кабирӣ: Албатта, мо ин ниятро дорем, ки бори дигар ҳамон тарҳи қонуне, ки дар бораи озодии виҷдон доштем, пешниҳод кунем. Вале аз аввал медонем, ки он намегузарад.

Дар шароити кунунии кишвар хуб медонем, ки он ба чи меанҷомад. Беҳтар он мебуд, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни феълиро пешниҳод кунем. Модоме, ки қонуни амалкунанда аз ҳоло моро ва ҷомеаи моро вориди мушкил кард, эҳтимоли онро дорад, ки ин гуна мушкилиҳо зиёд шавад.

Пас, ба ҷои он, ки мардумро нороҳат ва дучори мушкил кунем, беҳтар аст, ки қонун ислоҳ шавад. Қонун ба воқеъиятҳои кишвар мувофиқ гардонида шавад. На ин, ки қонун тибқи бардошт ва хостаи як гурӯҳи муайян, бигузор, ҳоким ҳам бошад, болои мардум таҳмил карда шавад.

Робитаамро накандаам”

Озодӣ: Биёед мегузарем ба масъалаҳои марбут ба худи шумо. Баъд аз интихобот дар расонаҳои хабарӣ хеле камнамо шудед. Ҳатто телефони ҳамроҳатон дигар ҷавоб намедиҳад. Ҳамеша дастнорас аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки шумо имрӯзҳо телефон ҳам надоред...

Кабирӣ: Аввалан, ҳамон тавре ки бо расонаҳои хабарӣ ва бо рӯзноманигорон омодагии ҳамкориро доштам, ҳанӯз ҳам бар он муносибат содиқ ҳастам. Ҳич гоҳ ҳар касе хоҳиши мусоҳиба кардааст, радд нанамудаем. Дуруст аст, ки шояд дастрасӣ ба мо камтар шудааст ва ин ҳам ба иллати надоштани телефони ҳамроҳ.

Баъдан, пас аз интихобот шояд мо ҳадафмандона тасмим гирифтем, ки як муддате натанҳо аз расонаҳои хабарӣ, балки аз нишастҳои хабарӣ ва аз мизи гирдҳо низ канор равем. Бояд як инсон баъд аз як муддати фаъолияти тӯлонӣ ва сахту пуршиддат ниёз ба он дорад, ки каме аз ширкати фаъол дар ҳаёти сиёсӣ худро канор гирад, он ҳам ба хотири таҳлили фаъолияти гузашта ва тарҳрезӣ кардани фаъолиятҳои нав.

Вале ин ҳич гоҳ ба маънои канор рафтан аз ҳаёсти сиёсиву ҷамъиятӣ ва алалхусус кандани робита бо расонаҳои хабарӣ нест.

Муносибати гунг бо кар буд”

Озодӣ: Агар хато накунем, шумо гуфта будед, ки тақрибан 50 вакили дифоъ шикоятҳои намояндагони ҲНИТ аз ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи февралро баррасӣ мекунанд. Билахира, ин қазия то куҷо кашид?

Кабирӣ: Мо баъд аз интихобот, воқеъан, муроиҷиатҳои зиёде ба мақомоти судӣ, ба комиссияҳои марбутаи интихоботӣ кардем. Вакилони дифои зиёде низ ҳамкориро бо мо шурӯъ карданд. Баъзеяшон ҳатто довталабона.

Баъдан вориди як ҳолати аҷибе шудем, ки ягон мақомоти судӣ ҳич аризаи даъвогии ҲНИТ-ро ба қайд нагирифт. На танҳо ҷавоби рад доданд, аслан ба қайд нагирифтанд.

Бори аввал дар таҷрибаи вакилони ботаҷрибаи вакилони дифоъ ин ҳолат рух медод, ки мақомоти судӣ аризаро ба қайд намегирад. Чун онҳо бори аввал вориди парвандаҳои сиёсӣ мешуданд, худашон низ дар муқобила бо бюрократияи кишвари мо оҷиз монданд. Як муносибати гунг бо кар буд.


“Барои тундгаро шудан асос медиҳем”

Озодӣ: Вале дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ҳазорҳо тан буданд, ки аз ҲНИТ пуштибонӣ карданд. Ба ҲНИТ бовар доштанд. Дар ҳоле ки масъала ин тур тамом мешавад ва мегӯед, ки ҳадди ақал додгоҳ аризаи шуморо қабул накард, фикр намекунед, ки бовари мардум ба шумо коста хоҳад гашт?

Кабирӣ: Солҳои қаблӣ ба мардум фаҳмонидан душвор буд. Вале ҳоло мардум худашон ин воқеъиятро дарк карданд, бахусус, онҳое, ки дар ин интихобот иштирок карданд.

Ҳоло фикр намекунам, шумораи касоне, ки ноумед шудаанд аз ҲНИТ ба унвони як ҳизби заиф зиёд бошад. Албатта, вуҷуд дорад. Касоне, ки дар интихобот бо мо буданд ва диданд, ки системаи бюрократии кишвари мо то кадом ҳад карахт шудааст, ки шикоят кардан аз як ҳизби сиёсӣ маъно надорад.

Шумо ишора кардед, ки бисёрии ҷавонҳо аз ҲНИТ ноумед мешаванд. Онҳо аз ҲНИТ ноумед намешаванд. Онҳо аз худи равандҳои сиёсии кишвар ноумед мешаванд. Аз шаҳрванд будан дар ин кишвар нуомед мешаванд. Ин хатаровар аст аз он, ки аз як ҳизби сиёсӣ ноумед шаванд.

Инҳо эътиқод мекунанд ба шиорҳое, ки аз тарафи ҳаракатҳои тундрав гуфта мешавад. Маълум мешавад, ки мо, ҳизбҳо, ҳукумат ва дастандаркорони интихобот ба онҳо далел медиҳем, ки ҳамингуна эътиқодот ба вуҷуд ояд. Яъне дар кишваре мисли Тоҷикистон ва ё Осиёи Маркзӣ ҷуз муборизаи мусааллаҳона ва ҳаракатҳои тунду пинҳонӣ дигар ҳич роҳ ба натиҷа нахоҳад расид. Ин бамаротиб хатаровар аст аз оне, ки як ҷавон аз ҳизби сиёсӣ ноумед мешавад ё рӯҳафтода мегардад.


“Аъзои бештар – нигарониҳои бештар

Озодӣ: Дар ҳамин ҷо мешавад гуфт, ки дар тӯли як соли ахир чӣ қадар аъзои ҳизби шумо бештар шудааст ё камтар?

Кабирӣ: Мо тибқи омори ахир дар марҳилаи пеш аз интихобот, яъне соли 2009, беш аз 6 ҳазор аъзои нав доштем. Мо бояд нимсолаи аввали соли 2010-ро ҷамъбаст кунем ва бубинем, ки дар ин муддат чи қадар аъзои нав гирифтем.

Вале мо дар ду-се моҳи ахир ин равандро каме заиф кардем. Ба хотири ин ки шояд каме фаъол шудани мо дар рӯзҳои интихобот ва ба саҳна гузоштани қудрату тавони ҳизб боис ба барангехтани баъзе иқдом аз тарафи дӯстон ва ҳамватанон гашта бошад.

Ба ҲНИТ низ беҳадаф намеоянд

Озодӣ: Аммо худи шумо чӣ фикр мекунед, мардуме, ки ба ҳизби шумо мепайвандад, аслан аз барномаву аҳдофи як ҳизби сиёсӣ пуштибонӣ мекунанд ё танҳо ба хотири ислом ҲНИТ-ро пазируфтаанд?

Кабирӣ: Ин ҷо якчанд омил таъсир мерасонад. Ман ҳич кадоме аз ин омилҳоро истисно намекунам. Якеаш ҳаст, ки мардум огоҳона меоянд, оиннома ва барномаи моро мехонанд ва ошно мешаванду мепазиранд.

Баъдан, дар асри 21 ҷавони имрӯза, ки вориди имконоти техникӣ аст ва босавод низ ҳаст, наметавон гуфт, ки онҳо беҳадаф меоянд ва узви як ҳизби сиёсӣ мешаванд. Омили дигар низ ҳаст, ки онҳо ба хотири муҳаббат ба ислом ва арзишҳои исломӣ ҳам мепайвандад ба ягона ҳизби динии исломӣ дар минтақа. Эҳтимол ҳам дорад, ки як гурӯҳи одамон дар ҷустуҷӯйи ҳуввият ва алтернавтива ба назди мо меоянд. Вақте ки ҳамаи роҳҳо ва дарҳо ба рӯяшон бастааст, ягона дар ба рӯяшон боз мемонад ва меоянд ба суроғи ҳизби наҳзати ислом.

Дигар мӯшикофӣ намекунем”

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, ҳизб барои қабули аъзои худ ягон талаботи хосе дорад ё ҳар кас метавонад узвияти ин ҳизбро бигирад? 

Кабирӣ: Ҳар як шаҳрванде, ки барнома ва ҳадафҳои ҲНИТ-ро қабул дорад ва ба арзишҳои ҲНИТ эҳтиром қоил аст, метавонад аъзои ҳизби мо бошад. Мо дигар, мӯшикофона суроғи андеша ва мавқеи шахсии ҳар як инсон намеравем.

Чун билохира ҳар як инсон салиқаи хоси худро дорад. Агар он талаботи минималие, ки қонунгузории Тоҷикистон ва оинномаиҳизби мо пешбинӣ кардааст, риоя кунад, метавонад узви ҲНИТ шавад.

Намехоҳем тӯдаи ҳамфикр дошта бошем”

Озодӣ: Аксарияти ҷавонони аъзои ҲНИТ, дар назар дорам духтаронро, одатан то синфи 5 ва 6 дар мактаб таҳсил кардаанд ва ё маълумоти олӣ надоранд. Писарон низ ҳамчунин. Маълум мешавад, ки шумо он барномаи худсозии хешро бидуни заминаҳои таҳсилии илм ва касбӣ роҳандозӣ карда истодаед. Фикр мекунед мувафақ мешавед?

Кабирӣ: Ин ҳеҷ мухолифате ба барномаи худсозии ҳизби мо надорад. Мо барномаи худсозии ҳизбро бо ин аъзо амалӣ мегардонем бо назардошти ин воқеияте, ки дорем. Мо ба ин мақсад нестем, ки аз 40 ҳазор узви ҲНИТ як тӯдаи ҳамфикр ва ҳамсонро бисозем. Мақсади мо ин нест. Мо мехоҳем 40 ҳазор узви худшиносу мустақилу худогоҳ дошта бошем, ки ҳар кадом дар андешаи худ мустақил бошанд ва дар атрофи арзишҳо ва ҳадафҳои умумӣ ҷамъ омада бошанд. Мо мехоҳем ингуна инсонҳо ва аъзоро дошта бошем.

"Мо набояд шутурмурғ бошем"

Озодӣ: Бубинед, баъд аз интихобот дар ҷомеа ҳасосият ба назар мерасад. ҲНИТ баъди интихобот мавриди инзиво қарор мегирад. Ҳамчунин, боздошти писари собиқ додситони кул ва генерали ҳукумати Раҳмон... Яъне имрӯз ҷомеа ба куҷо равон аст ва мардуме, ки қурбони ин ҳама бархӯрдҳои сиёсӣ мешаванд, тақдирашон чӣ мешавад?

Кабирӣ: Ман ба қазияи фарзанди собиқ додситони кулл чандон шиносии хуб надорам, чун тоза вориди ватан шудам. То ҳамон ҳадде медонам, ки расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд.

Вале дар маҷмӯъ ба қисмати саволи дуввуми Шумо мо ҳам дар ҷӯстуҷуи ҳамин савол ҳастем, ки ояндаи кишвари мо чӣ аст? Мо бояд ҳарчӣ бештар аз ин ҳолати шутурмурғӣ берун бароем. Чун шутурмурғро гуфтаанд, ки “
бор бардор гуфтааст ман мурғам ва чун гуфтаанд, ки парвоз кун гуфтааст шутурам.” 
Мо билохира як давлати демократӣ, дунёвӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамон тавре ки қонуни асосӣ талаб мекунад, сохтанӣ ҳастем. Бояд ин рӯшану возеҳ ба мардум гуфта шавад, то мардум бидонанд, ки ба куҷо равонем. 



Ё як кишвари класикии шарқӣ бо нишонаҳо ва хусиятҳои хоси худаш, ки каме ба аморат ва ё шоҳигарӣ ё ягон шакли дигар аст, сохтанӣ ҳастем. Чун билохира аз рафторҳо ва амалкардҳои мақомоти давлатӣ чизе мушаххас нест. Дар ҷойе, ки ба нафъи бархе мақомот аст лозим бошад далел пеш меоранд, ки дар давлати дунявӣ ва демократӣ ин гуна ҳолатҳо бояд ҷой надошта бошад.

Ҳамон тавре, ки ҳоло ба Маркази фарҳангии ҲНИТ муносибат карда истодаанд. Вале вақте бармегардем баъзе масъалаҳои дигарро мегузорем, мегӯянд, мебахшед мо як кишвари шарқӣ ва мусулмонӣ ҳастем, 99 дарсади ҷомеа мусалмон аст ва мо наметавонем аз тамоми меъёрҳои як кишвари демкоратии ҳуқуқбунёдро амалӣ созем. Ин духурагӣ на танҳо дар қонунгузори мо аст, балки мутаассифона дар пешбурди давлатдорӣ ва рушди давлатдори ҳам мушоҳида мешавад. Тамоми мушкилоте, ки Шумо инҷо зикр кардед аслан бармеояд, аз ҳамин духӯрагӣ ва аз ҳолати номуайянӣ.


Дар истироҳат - ибодат”

Озодӣ: Имрӯз, ки дар таътили парлумонӣ ҳастед, ба чӣ корҳо машғулед. Таътилро чӣ гуна мегузаронед?

Кабирӣ: Ҳоло, ки дар истироҳати вакилӣ ҳастем, қисмати аввалро дар хориҷи кишвар гузарондам. Ба табобат машғул будам ва ҳоло комилан дар ҲНИТ ҳастам ва бо ҳамроҳи бародарону хоҳарон бештари вақти худро машғули фаъолиятҳо, маросимҳо ва намозҳои дастҷамъона мегузаронам. Бо мардум кор мекунем ва тақрибан аз нимаи аввали рӯз то нимаи шаб машғули ибодат ҳастем.

“Ба раҳбари маънавӣ эҳтиёҷ надорем”

Озодӣ: Чаро ҲНИТ баъд аз даргузашти марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, роҳбари маънавии ин ҳизб, нафари дигареро ҷойгузини мақоми ӯ накард?

Кабирӣ: Ин ягон масъалаи сиррӣ нест. Вақте устод марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ реҳлат карданд, ҳамагӣ иттифоқ кардем, ки ҷуз Муҳаммадшариф Ҳимматзода касе тавони онро надорад ва сазовори он нест, ки роҳбари ин ҳизб бошад.

Ҳамагон вақт талош кардем ва ҳатто аз устоди марҳум тавалло ҳам кардем, вале устод қабул накарданд ва хулоса ин масъулиятро рад намуданд. Бо он далелҳое, ки худашон доштанд ва пеш аз ҳама бо далели заъфи ҷисмонӣ, яъне беморӣ. Баъд аз он, маро ба ин симмат тавсия карданд. Гуфтам ба он шарт қабул дорам, ки агар пешниҳоди шахсии моро низ қабул кунанд. Эшон пурсиданд, ки пешниҳод чӣ аст. Гуфтам, ман ба ҳайси шогирди эшон иҷоза намедиҳам, ки роҳбари ҳизб бошам ва эшон ба ҳайси ҷонишини ман бошад. Пас, ба ҳамон шарте розӣ мешавам, ки агар эшон роҳбарии маънавиро қабул кунанд.

Ин симмате буд, ки дар оинномаи ҳизб надоштем. Аслан дар оинномаи ҲНИТ дар ин бора чизе ҳам гуфта нашудааст. Он ба таври хос ва истисноӣ барои устод буд. Устод ҳам ин пешниҳодро қабул карданд. Тӯли ин солҳо, ҳарчанд бемор буданд, вале болои сари мо фаъолият карданд. Воқеан яке аз омилҳои рушди ҳизби мо буд. Ҳамчун як ҳизби ягона ва муттаҳид рушд ҳам кард ва ин аз вуҷуди устоди марҳум Ҳимматзода ҳамчун роҳбари маънавии ҳизб буд.

Баъд аз он ки устод реҳлат кард ва ин симмат ғайриоинномавӣ буд, ҳеҷ зарурате барои пешниҳоди нафари дигар ба ҳайси роҳбари маънавии ҳизб вуҷуд надорад. Албатта, ҳар як ҳизби сиёсӣ як навъ сохтор ва роҳбарони ғайрирасмӣ дорад. Дар таҷрибаи ҳизбҳои сиёсии хориҷӣ ҳам маъмул аст, вале дар кишвари мо ин таҷриба маъмул нест ва ягона ҳолате, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, он ҳам дар ҲНИТ буд.