! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 февраля, 2010

НАСИҲАТНОМАИ ПАДАР

Падарам аз соли 1995 то соли 2006 ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт. Ва дар соли 2005, замоне ки ӯ дар шаҳри Перм буду ҷойи кор надоштааст, дар хона нишаста барои ман чор дафтар насиҳатгуфтор навишта фиристода буд, ки аз ҳадисҳои пайомбару ояҳои Қуръон ва ҳамчунин ашъори панду андарзии шуарои тоҷик иборат аст. Ин дафтарҳоро ҳоло ҳарф ба ҳарф дар хотираи компутари худ мегирам ва пешопеш манзури шумо низ мегардонам. Худо умри падари бузургворамро дароз гардонад. Ман аз ӯ сипосгузорам. Бо эҳтиром, Каюмарси Ато
=============================

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Эй фарзанд, дар талаби илм бош. Дар таълими илм пайваста кӯшиш намо. Ҳаққи устоди илмро фаромӯш масоз. Тамоми умр устодро ҳурмату эҳтиром кун. Аз тадриси ӯ баҳравар гард ва бидон, ки амалаш хайр аст.

Агар волидайн туро тарбият кунанд, андар зиндагӣ баҳра ёбӣ. Устод туро таълим диҳад, соҳиби илм гардӣ, аз Қуръону аҳодиси набавӣ файзёб шавӣ, амали хайру шарр бидонӣ, аз корҳои номашрӯъ даст бикашӣ, рӯзи растохезро ба хотир биёрӣ, бинобар амалҳои накӯ бикӯшӣ ва ҳангоми гузаштан аз Пули Сирот наҷот ёбӣ.

Ва бидон, ки ҳаққи устоди Илм аз ҳаққи падар дар дараҷаи баланд аст. Дар ин масоил бузургон сухан гуфтаанд. Ҳақ ба ҷониби Камолиддин Биноист, ки мегӯяд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Эй писар, ҳамеша дар хизмати устод бош. Аз ӯ дарси одамият, некӯӣ кардан, хирадмандӣ, адолатпарварӣ омӯз, ки дар амал баҳраманд гардӣ. Мегӯянд, ки “устод муҳандиси қалби инсон” аст. Ӯст, ки бар дили фарзанди одамӣ меҳру муҳаббат пайдо мекунад. Дили худи устод мисли кафи дарё паҳност. Ҳар баду некро таҳаммул мекунад. Ӯ кошифи асрори дили шогирд аст. Худованд ба ҳар кас чунин мартаба надиҳад, ки гуфтаҳои ӯро чун парҳезгор ба иҷро расонад. Аллоҳ таъоло ба сарнавишти вай чунин меҳр додааст.

Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомии Ҳиротӣ хуб фармудааст:
Зи ҳар кас наояд ин устоду шогирдӣ,
На ҳар кӯҳе, Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.

Эй фарзанд, бидон, ки қадру манзалати устод дар байни қавм хеле калон аст. Ӯ раҳнамо ва пешбарандаи ҳама гуна амал дар ҷамъият мебошад. Ӯ таблиғгар ва ташвиқгар аст. Ӯ мададгори тангдастон, ятимон, пирон аст. Устод тарғибкунандаи Илм дар мавзеъ буда, ба шогирдон аз Қуръону аҳодиси набавӣ, илми имрӯ дарс гӯяд. Ҳар шогирд забони миллат аз ӯ омӯзад.

Сухан ва забондонӣ

Эй писар, доноён гуфтаанд: “Забон донӣ ҷаҳон донӣ.” Бале, каломи Худованд чун занҷир ба қабл пайваста бошад. Вақте забон донистӣ, пас сухандон гардӣ. Вақте сухан мегӯӣ ҳушёр бош то аз даҳонат сухани фаҳш наояд. Суханро дар мизони ақл баркашида, баъд бигӯй. Ҳангоми сӯҳбат бо калонсолон ва хурдсолон мавқеи хеш нигоҳ дор, то азизи дигарон бошӣ.

Ба қавли Мӯъмин Қаноат: “Суханро вазну тамкини замин бояд...” Сухани бо фасоҳат ва бо тамкин аз забон чун ноб барояд, ба дил хуш ояд. Аз ин ҷониб кӯшиш кун, то суханат пурқувват гардад, зиёдтар ашъор қироат кун аз назми пайғамбарони классики Аҷамзамин: чун: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлавӣ, Аттор, Ҳофиз, Бедил, Иқбол ва аз насро бихон: “Саргузашти Ҳотами Той”, “Чор дарвеш”, “Қасас-ул-анбиё”, “Чаҳор китоб”, “Дурул-аҷоиб”, “Дурратулвоизин”, “Дурулмаҷолис”, “Гулистон”, “Баҳористон”, “Насиҳатнома”-и Кайковус. Ва ту ин насиҳати падарро доимо дар ёд дор.

Қадри падару модар

Эй фарзанд, бидон ту меваи умри падару модар ҳастӣ. То сухандон гаштани ту қалби мо хунин гардид. Пас ҳаракат намо сарбаланд гардӣ дар байни қавм ва нишонаи беҳтарин дар оила бошӣ. Дар ибтидо гуфта будам, ки баҳри камолёбии ту модар ранҷ кашида, дар васоит ва охири шаб чашм сӯйи афлок то субҳгоҳон сари гаҳвора нишаста “алла” мегӯяд, то ту калон шавӣ. Эраҷ Мирзои Иронӣ мефармояд:

Писар рав қадри мон дон, ки доим,
Кашад ранҷи писар бечора модар...

Эй писар, бидон ин гетии оламафрӯз бақо надорад. Падару модар дар зиндагӣ нахоҳад доғи фарзанд бинад. Магарам (наузамбиллоҳ) ба сар ояд, хуншор гардад дили модар ва пуроб гардад чашми падар...

Дар ҳаққи салом

Эй писар, бидон одоби салом кардан. Бо хурдону калонсолон ва ба ҳама банда бояд салом кард. Салом гуфтан даст ба ҳам додан ва даҳонӣ (шифоҳӣ) гуфтани “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи баракотуҳу” (Ба шумо аз даргоҳи Худованд саломатӣ ва баракат мехоҳам) мебошад. Фаромӯш масоз, ки ин ҳам қарз аст. Агар шахсе ба салом гуфтани ту ҷавоб надиҳад, маранҷ, воҷиботи хеш аз сар соқит кардӣ. Салом гуфтан аз пайравони уммати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу ъалайҳи вассалам.

Дар хотир дор, ки вақти дуҳули масоҷид шавӣ салом гӯй, вақти адои намоз низ салом гӯй. Салом додан ба ҳамдигар ин нишонаи аҳволпурсии бандагони Худо Фаромӯш макун вақте ба хона даройи ба ҳозирин салом деҳ, то баракат аз он хона дур нагардад. Бидон, эй фарзанд, ҳангоми рафтан ба халоҷо ба кас салом макун ва он ҷой номи Худо ва ояту сураи Қуръон ба забон маёр.

Дар бораи фарзанд

Эй фарзанд, бидон ки орзую омоли волидайн дар талоши зиндагӣ соҳиби фарзанддор шудан аст. Фарзанд меҳру садоқат ба хонадон оварад. Байни падар ва модар фарзанд мисли занҷири пайваста бошад. Малоикаҳо ҳам ба он дуруд оранд.

Ба сабаби фарзанд хонадон пурфайзу пурниъмат гардад. Бо гиряи кӯдак, тифли навзод дар хонадон шодию сурур танинандоз гардад. Дасту по заданҳои атфол чун бачаи кабки кӯҳӣ, ки болзанон сӯйи само (осмон) парвоз мекунад, аз дидани ӯ дили падару модар масрур шавад. Ту бидон, ки омадани атфол ба дунё файзу баракат ва рафтани ӯ (реҳлат кардан) ба дунё боқӣ дарду доғ аст бар аҳли байт. Дар ин маврид Шайх Саъдии Шерозии раҳматуллоҳи алайҳ хуб гуфтааст:

Ёд дорӣ вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Он чунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён шаванду ту хандон.

Ҳазар аз кибр

Эй фарзанд, бидон ки Худо дӯст надорад шахси бо такаббурро. Кибр, ғурур, рашк ва ҳасуд душмани инсон аст. Мӯъмин бародари мӯъмин аст” омадааст дар ҳадиси Пайғамбар салаллоҳу алайҳи васаллам. Аз ин ҷост, эй фарзанд, ҳеҷ гоҳ хешро бо кибр ба дигарон нишон мадеҳ. Ҳеҷ вақт худро аз дигарон боло магир. Ҳама вақт бо сару либоси озода бигард. Дар масрафи (сарф) авқот (вақт) шикебоӣ макун. Шахси ботакаббур дурӯғ гӯяд, хиёнат кунад, суханчин шавад ва хешро боло аз дигарон донад. Ту худро аз (дигарон) онҳо доимо дур дор. Бо онҳо ҳамнишин мабош. Дар ривояте аз ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки Худо рӯй набинад дар рӯзи ҳисобу китоби аъмоли шахс дар охират бо такаббурону суханчинон (Наузамбиллоҳ) Алҳазар! Дури ҷӯй аз онон, эй писар… (Идома дорад)

Рустами Ато, шаҳри Перм, Русия, соли 2005

Зане хушбахт, аммо бо андӯҳи гарон


Ӯ ба қавле зани “оҳанин” аст. Сахтиҳои зиндагиро ҳам дидаву гармиҳояшро низ. Аммо ҳанӯз дили пурмеҳр, чеҳраи хандон ва дасти бози худро аз даст надода.

Ҳамаи рӯзноманигорон, бахусус, онҳое, ки бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ё собиқ “Комсомоли Тоҷикистон” кору ҳамкорӣ кардаанд, ӯро ҳамчун “модар”-и “Ҷавонон” мешиносанду эътироф мекунанд...

Маълумоти асосӣ

Даҳуми марти соли 1950. Гулчеҳра Фозилова дар хонаводаи коргари одӣ, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи рақами 36-ро ба итмом расонида, худи ҳамон ссол ба шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики собиқ Университети давлатии Тоҷикистон дохил мешавад.

Падараш Ҳомид Фозилов иштирокчӣ ва маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки дар набардҳо алайҳи фашизм мардонавор размидааст. Модари ӯ Моҳбибиӣ Шамсиддинова бошад, дар мактаб-интернати рақами аввали шаҳри Душанбе кор кардааст. Гулчеҳра-апа иқрор мешавад, ки то ин муддат узви ҳич кадом аз ҳизбу ҳаракате набудааст.

Духтари “Комсомол”

Нахуст, 23-юми июли соли 1969 ба идораи рӯзномаи он замон маъруфи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳамчун қосид ё курйер ба кор меояд. Дар он замон идораи эҷодии нашрия аз ҳисоби мутахассисони соҳаи мошинканависӣ танқисӣ мекашид. Гучеҳра Фозилова бо хоҳиши сардабири рӯзнома чопи матолиб дар мошинкаро ба зимма мегирад.

Муддате нагузашта, соли 1980 ӯро ба ҳайси мудири шӯъбаи мошинканависӣ таъйин мекунанд. “Маро Муқимҷон Абдураҳмонов хеле хуб истиқбол карданд ва барои иҷрои вазифаи қосидӣ даъват намуданд. Як моҳ ҳамчу қосид кор кардам. Рӯзе дар роҳрав маро Абдулло Зокир нигоҳ карда гуфтанд, ки аз ин ба баъд ман на қосид, балки ҳисобчии шӯъбаи мактубҳо ҳастам”- ёдоварӣ мекунад Гулчеҳра–апа.

Вай ҳамчунин бо Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Абдулфаттоҳ Воҳидов, Талъат Нигорӣ, Давлат Назрӣ ва Раҳим Сайдалиев, ки дар муддатҳои гуногун сардабири “Ҷавонони Тоҷикистон” будаанд, кор кардааст.

Гулчеҳра-апа пас аз хатми мактаби олӣ якбора дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои кор кардан монд. Ва аз 13-уми апрели соли 1993 то аб ҳол дар вазифаи мудири шӯъбаи коргузорӣ фаъолият мекунад. Ӯ бо ифтихорномаҳои КМ ИЛКҶТ ва медали “Ветерани меҳнат”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Ду Маскав

Соли 1987 аз тарафи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӯро барои сафари хидматӣ аб Маскав мефиристанд. Ӯ дар он ҷо бо бародари Бобоҷон Ғафуров якҷоя кор мекард. Эшон кулли ҳуҷҷатгузориҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекарданду Гулчеҳра-апа ҳуруфчинӣ. Аммо ёди Тоҷикистони азиз ҳамеша дар хотири ӯ буд ва ба ёди волидону зодгоҳи худ гиря мекард.

“Бародари Бобоҷон Ғафуров дар тааҷҷуб меуфтоданд, ки ҳамаи одамон зиндагӣ дар Маскавро орзу мекунанду тӯ бошӣ Тоҷикистонро”,- нақл мекунад Гулчеҳра-апа.

Пас аз бозгашташ аз Маскав тақдир ӯро бори дигар ба ин шаҳри бегона бурд. Ин дафъа на барои адои сафари хидматӣ, балки барои муҳоҷират. Давроне, ки Тоҷикистон дар панҷаи оташу алангаи ҷанги дохилӣ месӯхт ва тоҷикон барои як бурида нон рӯзҳои дароз навбат мепойиданд. Ҳатто ҳангоми бозгашти ӯ аз Маскав дар поезд борҳояшро ба яғмо бурданд. Аммо имрӯз ин сафҳаҳои доғдори зиндагиро ба ёд овардан намехоҳад. Ӯ аз он хушҳол аст, ки осудаҳолона умр ба сар мебарад.

…Чанд ман об

Солҳои навадуми қарни бист дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун соли “сиёҳ” боқӣ мондааст. Дар ин солҳои вазнини ҳаёт , Гулчеҳра-апа тарки манзилу макон, тарки “Ҷавонони Тоҷикистон” накард. Ҳарчанд барои ӯву ҳамкоронаш маоши ночиз медоданд, Гулчеҳра-апа худу ҳамкорони ҷавонашро парасторӣ менамуд.

Сайёфи Мизроб, ки ҳоло сардабири ҳафтаномаи “СССР” аст, дар китоби “Пайванди пайкараҳо”-и Хуршеди Атовулло ёде аз чунин рӯзҳои сахт кардааст: “Ману Сулаймони аълам, Камол, акаи Раҷабаливу Нӯъмону Ҷумъа, апаи Гулчеҳра роҳи Мирзои Содиқро мепоем. Туп-тап-туп…Ин садои шиками мост. Моҳона нест, пул нест, нони қоқ нест. Мо ҷумлагӣ рӯй ҷониби апаи Гулчеҳра мегардонем. Ӯ як каф нахуд, ду каф лубӣ, ним каф биринҷ ва чанд ман обро ба як деги чилгӯша андохта меҷӯшонад, ҳай меҷӯшонад”.

Худи Гулчеҳра-апа низ як кунҷи он рӯзҳои мудҳишро пас аз пурсукобҳои беохири ман ба хотир меорад: “Соли 1995 Давлат Назриев гуфт, ки муваққатан мо корро хотима мебахшем. То замони барқарор кардани чопи нашрия ба ҳамаатон ҷавоб. Дигар илоҷи пул ёфтан набуд. Мо ҳамроҳи бачаҳо маслиҳат кардем. Ман дар бозор шишта савдо мекарду бачаҳо бор меоварданд”.

Гузашта аз ин, дар се сол (аз 1995 то 1998)-е, ки бо сабабҳои маълум рӯзнома чоп намешуд ва дар идора касе ҳам кор намекард, ӯ амволи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро чун гавҳаракаи чашм нигоҳ доштааст. Ва имрӯз ҳар нафаре метавонад шумораҳои хеле хеле қадим ва бойгониҳои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро бубинад.

Дар охир

Ман ҳоло садои мошинкаи ӯро намешунавам. Барои ин хеле нигарон будам ва аз худи ӯ пурсидам, ки ҳанӯз ҳам бо мошинка ҳуруфчинӣ мекунад ё на? Ҷавоби ӯ хеле сода, аммо фарҳбахш буд: Бо мошинка не, бо компутар чоп мекунам.

Ман дигар чӣ гӯям? Фақат орзу мекунам, ки: Танат ба нози табибон ниёзманд мабод, Гулчеҳра-апа!

Эшони Муфтӣ кӣ буд?

Эшони Муфтӣ ё Муллоаҳмад Мираминзода яке аз шоирони мутабарруки ахири қарни нуздаҳум аст, ки соли 1879 дар деҳаи Падроғи ноҳияи Масчо таввалуд шудааст.

Тавре мураттиби китоби “Девони ашъор”–аш Мирзо Аҳмадзода менависад: “…дар ҳафтсолагӣ аз падар ятим монда, ба хотири рӯзгузаронӣ хидмати хешовандони дуру наздикро адо мекард. Пас аз он ба қасди рафъи эҳтиёҷоти рӯзгор дар даргоҳи шахси фозиле бо номи Саидмуҳаммадхон дар гузари Мӯи Мубораки Тошканд машғули хидмат будааст”.

Воқиан чун ба ашъори худи Мираминзода ҳам назар меафканем, дармеёбем, ки то куҷо ин гуфтаҳои мураттиб қобили қабуланд:

Дар он ҳин Маҳвӣ буд ҳафтсола,
Ки зору зор кардаш тирабахтӣ.

Пас аз ин ҳама ранҷу азият, ки ба сари кулли шоирони гузашта низ фурӯ рехтааст, Мираминзода ба сӯйи Бухоро – маркази тамаддуни тоҷикон роҳ пеш мегирад. Соли 1899 дар мадрасаҳои Мири Араб ва Кукалтоши Бухоро машғули таҳсили илм мешавад.

Ба навиштаи Мирзо Шакурзода дар китоби “Кӯҳкане аз користони дил” (Теҳрон, 1379 ҳ.) “Дусти бо шахсиятҳои маъруфе чун Садриддин Айнӣ ва шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар пешрафт ва такомули истеъдоди шоирии ӯ кӯмак кардааст.

Туғралро кӣ гӯронд?

Бино ба навиштаи Мирзо Шукурзода, замоне ки Ҳофизҳусейн мири Масчо буд, бо даъвати мардуми Фалғар (ноҳияи Айнии имрӯза) барои тақсимоти одилонаи обу замин Аҳмад Мираминзодаро қозии минтақа таъйин мекунад. Як рӯз пеш аз омадани Эшони Муфтӣ ва ҳамраҳонаш ба дехаи Зосуни ноҳияи Айнӣ шоири хушкаломи мардумӣ Нақибони Туғрал аз дасти ду-се номардони он замона ба маҳкама кашида шуда, дар сангоби соҳили дарёи Зарафшон бегуноҳ парронида мешавад.

Мирзо Шукурзода менависад: “…ва аз бошандагони деҳа касе аз барои ба хок супоридани Туғрал ҷуръат намекард. Чун дар замони таҳсил дар Бухорои Шариф Эшони Муфтӣ бо Нақибхон Туғрал дӯстии дерина доштанд, Эшон аз шунидани қатли ӯ сахт андӯҳгин шуда, назди намояндагони ҳукумати Шӯравӣ - болшевикони онрӯза масъала мегузорад, ки баъд аз дафни шоир гуфтугӯ хоҳем кард”.

Аз рӯйи навиштаҳо рӯшан мешавад, ки худи Аҳмад Мираминзода ё худ Эшони Муфтӣ дар намози ҷанозаи Туғрал имоматӣ карда, шоирро гӯронидааст. Ин аст ҷавонмардии як шоири масчоӣ, ки нисбат ба ҳамқалами худ карду ин асрор гумон мекунам, тақрибан ноаён ва нокушуда боқӣ мондааст. Ва ҳамчунин барои ман то ҳанӯз маълум нест, ки чаро то имрӯз номи Эшони Муфтӣ барои аҳли илму адабиёти мо шахси кашфношуда аст. Чаро дар таърихи тарҷумаи ҳоли шоир Туғрал ин қаҳрамонии Аҳмад Мираминзода сабт наёфтааст?

Маҳвӣ ё Аҳдӣ?

Муллоаҳмад Мираминзода дар шеъри тоҷик ҳамин тавр шахсияти кашфнашуда аст. Аммо талошҳои нахустинро барои шиносонидани ӯ дар ин чанд соли ахир наивисандаи тоҷик Мирзо Шукурзода анҷом додааст, ки ҳанӯз кофӣ нест.

Аммо бо ин ҳол, тибқи навиштаи Мирзо Шукурзода Мулло аҳмад Мираминзода ё Эшони Муфтӣ дар аввал бо тахаллуси Маҳвӣ ва баъдтар бо тахаллуси Аҳдӣ ҳама ашъори худро эҷод кардааст. Барои мисол:

Дар он ҳин Маҳвӣ буд ҳафтсола,

Ки зору зор кардаш тирабахтӣ.

Ё худ:

Нест Аҳдӣ доимо дар ҷустуҷӯйи шоирӣ,

Медиҳад иршоди хотир назми шеъраш гоҳ-гоҳ…

(Идома дорад)

24 февраля, 2010

Шаҳнози Беназир: “Бахти як зан тахти ӯст”

Шаҳноза Назирова, маъруф ба Шаҳнози Беназир, аз намоёнтарин чеҳраҳои ҷавон дар адабиёти тоҷик аст. Вале ду соли пеш дар маҳфиле бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ аз сӯйи раиси ҷумҳур ба унвони нафари шоиста барои кор дар мансабҳои давлатӣ муаррифӣ шуд. Пас аз ин, ӯро ба симмати муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ пазируфтанд. Шаҳноз дар ин вазифа тақрибан ду сол кор кард. Аммо шаш моҳ пештар аз ин, вазифаеро, ки бо мусоидати раиси ҷумҳур ба он даст ёфта буд, раҳо карда ба Амрико рафт. Феълан дар шаҳри Денвери иёлати Колорадои ИМА ба сар мебарад. Танҳо не, ҳамроҳи ҳамсараш. “Элита” тавонист, ки Шаҳнозро ҳам ба сари суфраи нахустин шумораи худ даъват кунад ва аз ӯ дар бораи рӯзу рӯзгораш дар Амрико пурсад:


КОЛОРАДО Ё ТОҶИКИСТОН?

-Обу ҳавои иёлати Колорадо ба иқлими Тоҷикистони азиз бисёр монанд аст. Он низ дар минтақаи кӯҳӣ ҷой гирифта, дар фасли тирамоҳ хеле ҷаззоб мешавад. Зеро дар ин фасли сол гулу сабзаву дарахтонро муззайян бо зеботарин рангҳои мавҷуд хоҳед дид.

Ногуфта намонад, ки дар ин иёлат низ теъдоди қобили таваҷҷӯҳ аз ҳисоби шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Вақте сухан аз иёлати Колорадо ва тоҷикони муқими он ҷо меравад, наметавон исми яке аз шаҳрҳои зебояш - Болдерро ба забон наёвард. Азбаски бо талоши мақомоти шаҳдории Душанбеву Болдер дар он ҷо яке аз шоҳкориҳои дастони ҳунарманди тоҷик бинои “Чойхонаи тоҷикӣ” қомат афрохтааст ва тамоми ҷашну маросимҳои муҳим дар он маҳал барпо мешавад. Аз ҷумлаи иди Наврӯз, ҷашни истиқлолият...

АЗ ИНГЛИСӢ ТО СИЁСАТШИНОСӢ

-Аммо феълан дар Амрико ба чӣ кор машғулед? 
-Дар ҳоли ҳозир дар коллеҷи амрикоӣ забони инглисӣ меомӯзам. Албатта, донишам дар ин замина чандон бад набуд, аммо акнун мехоҳам имтиҳони TOEFL-ро низ бомуваффақият супорам. Дар канори ин, омӯзиши маводи кори илмиамро дар риштаи сиёсатшиносӣ пайгирӣ мекунам. Қабл аз сафар ба Амрико бо кӯмаки устодонам Сайфуллои Сафар ва Абдулвоҳиди Шамол имтиҳони вурудро барои ҳимояи номзадӣ супорида будам. Ҳоло мехоҳам аз ин фурсат ба андозаи кофӣ истифода кунам ва вақтамро талаф насозам.

Ба ҷуз ин моҳе як бор дар маҳфили фарҳангии эрониёни муқими Колорадо ҳамроҳи ҳамсарам ширкат карда, дар он саҳми худро ба намояндагӣ аз Тоҷикистон мегузорем. Ҳамчунин дар ташкил ва баргузории маъракаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангие, ки дар бастагӣ ба Тоҷикистон дар шаҳри Болдер баргузор мешавад, фаъолона иштирок мекунем.

ДАРДИ ЭҶОДКОР

-Зиндагии дур аз Ватан барои як фарди эҷодкор ба чӣ навъе пушти сар мешавад? Оё мушкил нест?
-Ба назари ман, дурӣ аз ватан барои ҳар як фарди бедордилу ватандӯст бениҳоят мушкил аст. Аммо барои нафари эҷодкор ин мушкил чандин карат афзунтар мегардад. Аз тарафи дигар, ин марҳила низ дар умри одам марҳилаест ҷолиб, ки аз он метавон хеле чизро омӯхт. Чунки зиндагӣ дар қитъаи дигар миёни мардуми дорои фарҳангу тамаддуни бегона пеши рӯи инсони мутафаккир имконот ва фурстаҳои навро боз мекунад.

МИЁНИ КОР ВА ЗИНДАГӢ

-Шуморо худи раиси ҷумҳур ташвиқ карда буд, ки дар як мансаби давлатӣ кор кунед. Ин мансабро худатон гузошта рафтед ё Шуморо аз ин вазифа “холӣ” карданд?
-Ман аз тақдири худ воқеан миннатдорам, ки аз ҳимоят ва ташвиқи бевоситаи худи раиси ҷумҳур бархӯрдор будам ва ин амали эшон дар таърихи ҷумҳур собиқае надошт. Дар тӯли фаъолияти дусолаи худ дар идораи давлатӣ бори ин масъулияти азимро эҳсос мекардам. Ва ҳар вақте ки дар коре тасмим мегирифтам, талош менамудам, то тасмимам ба ҳадди лозим ба манфиати ҷавонони кишвар бошад. Уммед дорам, дар ин ҷода то ҷое муваффақ ҳам бошам.

Бовар дорам, агар афроди соҳибқудрати дигар дар манотиқи гуногуни кишвар монанди раиси ҷумҳур рафтор карда, аз ҷавонони таҳсилкардаву бофазилат пуштибонӣ намоянд, давлати навбунёди мо ободтар хоҳад шуд.

Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳи Теҳрон тамоми фикру зикрам машғули андӯхтани илму дониш буду бас. Пас аз хатми он пешниҳоди хостгорони барӯманди эрониро рад карда, ба Тоҷикистон баргаштам. Зеро модарам ба пайравӣ аз бобоям ман ва бародарамро дар рӯҳияи садоқати комил ва посдорӣ аз арзишҳои миллӣ тарбият намудаанд.

Дар Тоҷикистон интихоби ҳамсари муносиб бароям осон набуд. Ва танҳо баъд аз дидор бо ҳамсари имрӯзаам дарк намудам: ҷавоне, ки рӯбарӯям истодааст, аз ҳар лиҳоз бароям шоиставу боиста аст. Аммо ин ҷавон дар яке аз донишгоҳҳои Амрико машғули таҳсили илм (аспирантура) мебошад ва ман бояд аз миёни кор ва зиндагии шахсӣ якеро интихоб кунам.

БАХТ Ё ТАХТ?

-Пас, фикр мекунед, бахт аз тахт беҳтар аст?
-Фикр мекунам, дар Машриқзамин бахти як зан тахти ӯст! Вале ҷудо аз ин, моҳияти масъала дар он нест, ки кадоме аз ин беҳтар ё авлотар аст. Масалан, ман дар давоми солҳои ахир эҳсос менамудам, ки шадидан ба такмили донишу малакаам ниёз дорам ва ҳамакнун пас аз издивоҷ ва ба даст овардани вақти бештар метавонам ин ниятамро амалӣ созам. Тавре ки мегӯянд, мутахассиси такмилёфта ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ҳич гоҳ беқадр намемонад.

БОЗГАШТ

-Ҳоло чӣ тасмим гирифтаед: барои якумрӣ дар Амрико хоҳед монд ё ин як ҳиҷрати муваққатист?
-Мо ҳоло муваққатан дар Амрико ба сар мебарем. Баъд аз ба анҷом расидани мӯҳлати такмили таҳсилот ва ба даст овардани таҷрубаи кофӣ, албатта, ният дорем ба кишвари хеш баргардем...

ИНТИХОБИ САРНАВИШТ

-Метавонед дар бораи хонаводаи нави худ ҳам чизе гӯед? Илова ба ин, шавҳари худро чӣ гуна интихоб кардед?
-Албатта, бо камоли майл роҷеъ ба хонаводаи ҷадиди худ нақл хоҳам кард. Азбаски дар ҳақиқат метавонам аз он ҳамчун як хонаводаи қобили ибрат ва намунаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ном барам. Падари мо китобдӯсттарин ва сермутолиатарин мардеанд, ки дар рӯзгори хеш дидаам. Маҳорати эшон дар ҳунари суханвариву маҳфилороӣ низ беназир аст. Аз рӯйи ихтисос он кас пизишк ва номзади илмҳои тиб мебошанд.

Модарамон номзади илмҳои риёзиянд. Дар яке аз омӯзишгоҳҳои амрикоӣ дарс мегӯянд. Илова ба ин, фаъолтарин бонуи тоҷик дар ташкили корҳои иҷтимоӣ ва мададгору мушкилкушои донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва хориҷӣ ҳастанд. Хоҳарамон яке дарс мехонанду дигарӣ кор мекунанд.

Рӯзе ва соате нест, ки дар ин хонадон сухан аз худшиносии миллӣ ва арзишҳои фарҳангии умумибашрӣ наравад. Дар мавриди интихоби шавҳар бояд гӯям, ки худи сарнавишт моро бо ҳам рӯ ба рӯ сохт ва шавҳарам шоири дили мананд!

ОЯНДА ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛ

-Ду соли кор дар як ниҳоди давлатӣ чӣ гуна буд? Оё агар дубора баргардед, ҳамин вазифаи худро идома хоҳед дод ё вазифаи дигарро?
-Марҳилаи кор дар идораи давлатӣ дар канори душвориҳо холӣ аз фоида ҳам набуд. Дар ин муддат ман бо инсонҳои бисёр наҷиб шиносоӣ пайдо кардам ва таҷрубаи корӣ андӯхтам. Дертар бархе аз ин одамон ба устодони раҳнамо ва баъзеи дигар ба дӯстони воқеиям табдил ёфтанд.

Масъалаи идомаи кор дар идораи давлатӣ ва ё ҷойи дигар дар қаламрави Тоҷикистон масъалаест хориҷ аз салоҳдиди ман. Зеро агар сухан аз симмати пешинаам равад, ин гуна таъйинот фақат дар ҳадди раҳбарияти олии кишвар аст. Аммо ман эҳсос мекунам, дар кадом гӯшаи дунё, ки набошам наметавонам роҷеъ ба ватани маҳбубам фикр накунам ва мехоҳам ба ҳайси як шаҳрванди содиқ ба ватану миллат саҳми худро дар рушди ободонии он гузорам. Яке аз далоили дигари издивоҷ бо ҳамсарам фикри бози он кас дар нисбати кори озоди минбаъдаи ман низ будааст.

Бо вуҷуди ин, агар мехоҳед хоҳиши худи маро бидонед, бо дарназардошти идомаи кори илмиям дар заминаим сиёсатшиносӣ хеле мехостам дар яке аз дафтарҳои дипломатии кишварамон дар Амрико, масалан, дар дафтари намояндагии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони як мутахассис кор кунам. Вале ҳаққи таъйин кардани як корманд дар ин гуна муассиса вобаста аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст, на ман.

ТАСМИМИ ДУШВОР

-Замоне ки Шумо тасмими рафтан ба Амрикоро гирифтед, муносибат ва бархӯрди раҳбарияти Кумита чӣ тур буд?
-Дубора таъкид месозам, ки ин тасмим тасмими соддаву осон набуд. Ва ростӣ, барои худи ман тарк кардани маҳали кори пешин ва ёру диёри азиз бениҳоят душвор буд. Аҳли кормнадони Кумита низ ҳангоми рафтани ман аз он ҷо дучори ҳамин гуна як вазъият гардида буданд.

ТАНАФФУСИ ЭҶОДӢ

-Аз ин ҳама бигзарем, ҳоло ният ҳаст, ки маҷмӯаи нави шеърҳои Шуморо бихонем? Манзурам, аз Амрико барои мо маҷмуъае наве хоҳед овард ё на?
-Иншооллоҳ, ин рухдоди зебо ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Аммо ҳоло дар зиндагии эҷодиям каме таваққуф намудаам. Шояд ба ин далел ки тағйири макони зист кардаам. Вақте даврони мутобиқат комилан пушти сар шуд, итминон медиҳам беш аз пеш хоҳам навишт. Барои он ки ман наметавонам нанависам. Илова ба ин, эҷодкори дур аз меҳан бештар аз бақия роҷеъ ба он мегӯяду мегӯяд...

23 февраля, 2010

Cахмия надоред? Фамилияатонро гуед!

Дирӯз хеле парешон будам. Ҳаво низ чандон хуб набуд. Он мисли одами ғамгин ашки чашмонашро ба сари мо мерехт…

Бо ҳамин фикр наздики хонаамон расидам. Пешопеши ман зани ҷавоне дар даст як дафтари калон, ки журналҳои синфиро ба хотир меорад, ба подъезди мо даромад. “Подъездҳои тоҷикӣ” бароятон маълум аст. Бе дару дарвоза. Касе хоҳад медарояд, касе хоҳад мебарояд, касе хоҳад дар он ҷо камин мегираду шуморо метарсонад ва ё касе ҳам барои талбандагӣ меояд. Ва шумо бояд ҳамаи инро таҳаммул кунед ва ба ҳар кадоми ин ки бепарво дари хонаатонро мекӯбанд, бикушоед.

Зане, ки чанд қадам аз ман пештар буд, ба занҳое мемонд, ки ё барои гирифтани пули мусор меомад ва барои гирифтани ҳаққи об. Замоне ки ин зан ба задани дари хонаи мо шурӯъ кард, дарҳол наздик шудам. Гуфтам, ҳар чӣ хидмате дорад, бифармояд. Ин зан ба рӯям нигарист ва гуфт, ки оё ман саҳмия харидаам ё на? Ба ин саволаш ман ҳам ба савол ҷавоб додам, ки рафту нахарида бошам чӣ? Ӯ гуфт, агар нахарида бошам, боке нест, ному фамилия ва рақами дарамонро навиша мегирад, тамом. Аммо агар харида бошам, бояд рақамҳои саҳмияи моро навишта кунад.

Ман ба ӯ гуфтам, ки тавони харидории ин саҳмияҳоро надорам. Маошам ба рӯзгори худу хонаводаам, ки манзили иҷора ба сар мебарем, намерасад. Ӯ бори дигар пурсид, ки оё касе аз хонаводаи ман саҳмия нахаридааст? Гуфтам, харидааст. Бечора падарам, ки устоди мактаби миёна асту дар идораи маорифи ноҳия ҳам кор мекунад, ду моҳ аст, ки маошашро дар ихтиёри ҳукумати ноҳия мегузорад, то онҳо саҳмия харанд.

Ҳар моҳ барои падарам пул мефиристам. Ин ҳаққи фарзандии ман аст. Аз ин хушҳолам, ки барои падарам метавонам кӯмак кунам. Вале дар ду моҳи гузашта аз он қаҳрогин шудам, ки чӣ гуна аз маоши ӯ бидуни пурсише саҳмия харидаанд.

Дуздии рӯйирост. Ман ин суханҳоро ба зане, ки пушти дарам барои дидани саҳмия омада буд, гуфтам. Саҳмия харидан барои сад сомонӣ ва ё каме аз он бештар шояд мушкил нест. Аммо то ҳанӯз бовар нест, ки оё он то Роғун мерасад ё намерасад.

Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия-плюс” ин ҳафта хеле хуб навиштааст, ки имрӯзҳо вазоратхонаҳо, идораҳои давлатӣ ба миллион-миллион сомонӣ саҳмия мехаранд. Ин ҳама пул аз куҷост, ҷанобон? Пас, даромадатон зӯр-будааст-ку! Дар ҳоле ки ин вазоратхонаҳо, махсусан, вазорати маориф барои додани маоши муаллимон камаш то се моҳ таъхир мекард. Ҳамчунин вазорати ҳифзи иҷтимоӣ барои додани ҳаққи нафақаи маълулону пиронсолон.

Ин зани бечора ҳам, ки амри кадом нафари болоро иҷро мекард, ҳама гапҳои маро шунида, дарвозаи дигари ҳамсояҳоро зад. Намедонам, чаро ӯ дар ба дар гашта, номи ҳамаи сокинонро, ки саҳмия харидаанд ё нахаридаанд, навишта мекард. Оё баъд аз ин маҷбур мекунанд, ки саҳмия харем ва ё номамонро дар рӯйихате ҷой медиҳанд, ки “душмани ҳалқ”-ем?

15 февраля, 2010

Панду ҳикмат дар "Маснавии Маънавӣ"

Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ офарандаи шоҳасари бегазанди «Маснавии маънавӣ» буда, бо шоҳкории бемисли хеш дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми шоистаро соҳиб гашта, бо панду насиҳати арзишмандаш ба дили хонандагон роҳ ёфтааст.

Муҳаммад Ҷалолиддин мутафаккири бузурги фалсафаи Шарқ, донишманди закӣ, уламои дини мубини Ислом, мударриси олимартаба дар эҷоди «Маснавии маънавӣ» аз панду ҳикмат, зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ, ки асрҳо ин ҷониб дар ҳаёти моддӣ ва маънавии халқамон мавқеи хос дошт, хирадмандона истифода кардааст. Бояд зикр, ки ҳар як миллату халқият панду ҳикматҳои аҷдоди худро эҳтиром мекунанд, халқи мо ҳам ба суханони ҳикматомези гузаштагон ихлос ва муҳаббати бепоён дорад.

«Мснавии маънавӣ» ҳам саропо панд аст. Асрҳост, ки шоҳбайтҳои ҳикматноки шоир аз даҳон ба даҳон гузашта, чун дастур ба мардум хизмат мекунад.

Мавзӯъҳои «Маснавӣ» аз ростиву накӯӣ, одобу забондонӣ, илоҳидониву хештаншиносӣ, адлу инсондӯстиро фаро мегирад. Мавлавӣ шоири гавҳаршинос буда, аз дурдонаҳои халқӣ ҳакимона фаровон истифода бурдааст.
Муҳаммад Ҷалолиддин дар офариниши ин асари безавол қариб 14 сол ранҷ бурда, калимаю ибораҳои соф тоҷикиро моҳирона истифода кардааст, ки ба мутолиакунанда ҳаловат мебахшад.

Мо талош кардем, ки аз ин хазинаи маънавӣ то қадри имкон панду ҳикматҳоро ба дӯстдорони осори шоир пешкаш кунем:

Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум монд аз лутфи Раб.

Чунки ояд ӯ ҳакими ҳозиқ аст,
Содиқаш дон, к-ӯ амину содиқ аст.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Бенаво шуд, гарчӣ дорад сад наво.

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак,
В-аз адаб маъсуму пок омад малак.

Гарчи тафсири забон рӯшангар аст,
Лек ишқи безабон рӯшантар аст.

Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд аз вай рӯ матоб.

Дона чун андар замин пинҳон шавад,
Баъд аз ин сарсабзии бӯстон шавад.

Зар хирадро волаву шайдо кунад,
Хоса муфлисро ки ҳуш расво кунад.

З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сӯи мо оянда нест.

Ҳамчу Исмоил пешаш сар бинеҳ,
Шоду хандон пеши теғаш ҷон бидеҳ.

Мӯъминонро бурд бошад оқибат,
Бар мунофиқ мот андар охират.

Ҳисси дунё нардбони ин ҷаҳон,
Ҳисси уқбо нардбони осмон.

Шукр кун, мар шоирон банда бош,
Пеши ишон мурда шав, поянда бош.

Тифлро гар нон диҳӣ бар ҷои шир,
Тифли мискинро аз он дунё мурда гир.

Иттиҳоди ёр бо ёрон хуш аст,
Пои маъно гир, сурат саркаш аст.

Сурати саркаш гудозон кун зи ранҷ,
То бубинӣ зери он ваҳдат чу ганҷ.

Сӯҳбати солиҳ туро солиҳ кунад,
Сӯҳбати толиҳ туро толиҳ кунад.

Сурати нафс ар биҷӯй, эй писар,
Қиссаи дӯзах бихон бо ҳафт дар.

Андароед, эй мусулмонон, ҳама,
Ғайри узби дин азоб аст он ҳама.

Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.

Толиби ҳикмат шав аз марди ҳаким,
То аз ӯ гардӣ ту бинову алим.

Чун муаллим буд ақлаш з-ибтидо,
Баъд аз он шуд ақл шогирде варо.

Ҳар ки ҷабр овард худ ранҷур кард,
То ҳамон ранҷурияш дар гӯр кард.

Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд,
Номи Аҳмад то қиёмат барзананд.

Нури нури чашм худ нури дил аст,
Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.

Боз нури нури дил нури Худост,
К-ӯ зи нури ақлу ҳис поку ҷудост.

Таҳияи
Рустами Ато, омӯзгор,
ноҳияи Ашт

12 февраля, 2010

Собиқ бандиёни Гуантанамо: Сӯхта болои намакоб

Валихон Воҳидов ва ҳамсари ӯ - Муҳайё Воҳидова дар ноҳияи Исфара, шимоли Тоҷикистон, ба сар мебаранд. Онҳо ҳар ҳафта бесаброна занги телефони писарашонро, ки дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, интизор мемонанд. Валихон мегӯяд, ин танҳо василаест, ки ӯву ҳамсараш аз аҳволи ҷигаргӯшаашон сари вақт бохабар мешаванд.

Ҳамчунин, онҳо дар ду моҳ як бор ба Душанбе омада, тӯли ду соат бо писарашон дидор мебинанд. Ба гуфтаи Валихон Воҳидов, “фақат дар чор моҳ як бор иҷоза шудааст, ки шаберо дар канори фарзанди азизамон пушти симхорҳои зиндон саҳар кунем”.

Муқит Воҳидов, писари Валихон ва Муҳайё ва собиқ бандии Гуантанамост, ки соли 2001 дар канори даҳ тоҷики дигар аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт шудааст. Вай соли 2007 ҳамроҳи Рукниддин Шарофов, як сокини дигари шаҳри Исфара, аз Амрико ба Душанбе оварда шуд ва ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Валихон Воҳидов, ки бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун камтар аз се соли зиндони фарзандаш дар Тоҷикистон пушти сар шудааст. Агар вай солиму бардам монад, боз 14 соли дигар роҳи озодии фарзандашро, ки ба гуфтаи худи ӯ бидуни ҳич айбе дар зиндон нишастааст, хоҳад поид.

МУҚИТ ВА РУКНИДДИН
Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, исми ду сокини ноҳияи Исфара, танҳо дар соли 2003 дар матбуоти тоҷик пайдо шуд. Баъд аз он ки волидони онҳо аз тариқи Салиби Сурх нахустин номаи пайвандони худро дастрас карда, дарак ёфтанд, ки онҳо дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин ду тоҷики зиндонии Гуантанамо дар моҳи марти соли 2007, баъд аз раҳоӣ, бо мусоидати созмони Салиби Сурх ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд. Аммо нерӯҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дастгир карда, раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар тобистони соли 2007, бо вуҷуди он ки Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, сокинони шаҳри Исфараро дар асоси ду банди Қонуни ҷиноӣ, яъне убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва ҳамчун зархарид дар амалиётҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ширкат намудан, муттаҳам дониста, маҳкум ба зиндон кард.

Ба таъйиди мақомоти Тоҷикистон, ин ду нафар дар соли 2001 шомили ҳайъати ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ва сипас ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шудаанд. Дар ҳоле ки волидайни онҳо мегӯянд, фарзандонашон ҳангоми хайрухуш ба онҳо гуфта буданд, ки барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Валихон Воҳидов мегӯяд, онҳо дар бораи бозгашти фарзандашон аз зиндони Гуантанамо ба Тоҷикистон танҳо баъд аз ду моҳ огоҳӣ ёфтаанд. Баъд аз оне ки Кумитаи амнияти миллӣ онҳоро боздошт ва таҳқиқи парвандаашонро анҷом додааст. Валихон чунин амалкарди маъмурони амниятӣ дар кишварро, дар ҳоле ки маъмурони амниятии Амрико онҳоро бегуноҳ дониста, парвандаашонро муҳокима накардаанд, ғайриқонунӣ арзёбӣ намуд.

Аммо Азизмат Имомов, муовини пешини вазири адлияи Тоҷикистон ва ҳоло номзад ба мақоми вакилии Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, тибқи Қонуни ҷиноӣ дар кишвар ҳар нафаре, ки ғайриқонунӣ амал кардааст, баъд аз истирдодаш аз хориҷ мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт. Вай мегӯяд, “агарчӣ ин сокинон дар хориҷа бегуноҳ дониста шудаанд, аммо дар дохили Тоҷикистон амалҳоеро анҷом додаанд, ки хилофи қонунгузориҳои кишвар аст ва бояд муҷозот мешуданд”.

Талоши мо барои сӯҳбат бо Муқит Воҳидов, ки дар зиндони рақами аввали Душанбе ба сар мебарад, ба осонӣ даст надод. Ӯ дар сӯҳбати телефонии хеле кӯтоҳ аз шароити феълияш дар зиндон шикоят накард. Танҳо чизе ки гуфт, ин буд, ки “худамро гунаҳкор намеҳисобам. Ҳамчунин мехоҳам аз давлати Амрико бихоҳам, ки чӣ гуна бидуни айбе маро бештар аз панҷ сол дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ кард”.

Муқит Воҳидов ҳамчунин гуфт, ки вай дар зиндони Гуантанамо танҳо як бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ карда, аз вохӯрӣ дар дафъаи дуввум худдорӣ варзидааст. Вай ба далели ин ки дар зиндон ба сар мебарад, аз ироаи ҷузъиёти ин дидор худдорӣ варзид.

ЧАРО ПАНҶУНИМ СОЛ ҲИСОБ НАШУД?
Муҳимтарин нуктаи баҳс дар ҳукми Муқит Воҳидов ва ҳамроҳи ӯ ин аст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳукм 5 солу 4 моҳи зиндоне, ки онҳо дар Амрико ба сар бурдаанд, ҳисоб накардааст. Валихон Воҳидов, падари Муқит Воҳидов, низ мегӯяд: “Ин ду нафар ҳудуди шаш сол дар зиндони Гуантанамо ранҷ бурданд. Онҳо ҷавон ва бетаҷруба буданд. Ин ҷиҳат ба назар гирифта нашуд. Ин аз рӯйи адолат нест. Аз тарафи дигар онҳо дар ягон ҷанг ширкат накарда ва касеро ҳам накуштаанд”.

Абдуқайюм Юсуфов, аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон, чунин шеваи бархӯрди мақомоти додгоҳӣ бо ин ду нафарро номуносиб медонад. Вай мегӯяд, тибқи мавозини байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон низ зери онҳо имзо гузоштааст, ҳангоми эълони ҷазо мӯҳлатеро, ки дар Гуантанамо пушти сар кардаанд, ба мӯҳлати умумии ҷазо ҳисоб мекард.

“Зеро воқеъияти маҳрум будани онҳо аз озодӣ ба ҳамагон, ба тамоми ҷаҳон маълум аст. Ҳудуди шаш соли умри онҳо дар зиндон гузаштааст ва ин умри рафтаро ба ҳич василае намешавад баргардонд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ин панҷуним сол ҳам ба ҳисоб гирифта мешуд”,-таъкид кард оқои Юсуфов.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили мардумӣ дар парлумон ва муовини пешини раиси Додгоҳи олӣ натавонист мушаххасан дар бораи парвандаи баҳсбарангези ин ду бандии собиқи Гуантанамо сӯҳбат кунад. Вале ӯ гуфт, аз нигоҳи қонун на танҳо мӯҳлати сипарикарда дар зиндонҳои кишварҳои хориҷ, балки чанд рӯзе ки муттаҳамон дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд, ба мӯҳлати умумии ҷазояшон ҳисоб карда мешавад.

Аксари ҳуқуқдонҳо дар ин маврид мегӯянд, боварнакарданист, ки чӣ гуна ҷониби Амрико ин ду нафарро муҳокима накарда, бо вуҷуди он ки медонист ба онҳо зиндони тӯлонимуддат таҳдид мекунад, ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардааст.

Метю О Ҳара, вакили дифоъи Умар Абдуллоев, охирин тоҷик дар Гуантанамо, дар ин маврид ба мо гуфт, шояд мушкил ин будааст, ки онҳо натавонистаанд сари ин мавзӯъ бо вакилони худ сӯҳбат кунанд. Ба гуфтаи вай, танҳо яке аз ин ду нафар вакили амрикоӣ доштааст ва вакилаш ҳам натавонистааст, ки қабл аз интиқоли онҳо ба ватан бо ӯ дидор кунад. Метю О Ҳара мегӯяд, “ман фикр намекунам, ки нафари дигар вакил дошта бошад. Намефаҳмам чӣ тавр давлати Амрико метавонад афродро бар зидди хоҳишҳои худашон ба Тоҷикистон фиристад. Бино бар ин, наметавонам тавзеҳ диҳам, ки чаро давлати Амрико ин тавр кардааст”.

Аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид низ сухане барои гуфтан дорад. Онҳо дар парвандаи ҷиноии ин ду нафар, ки аз тарафи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон таҳқиқ шудааст, навиштаанд, ки чун Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов дар Афғонистон алайҳи Амрико муртакиби ҷиноёте нашудаанд, ин афрод барои муҳокима ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Зеро ҷиноёти марбут ба убури ғайриқонунӣ аз марз ва хидмат ба унвони зархарид дар сафи нерӯҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар хоки Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ин ду нафар тибқи кавонини ин кишвар муҳокима ва зиндонӣ шудаанд, на барои ин ки дар Афғонистон алайҳи Амрико ҷангидаанд ё хайр.

Бо ин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин маврид ҳарфе нагуфтааст. Ҳатто ба дархости мо дар бораи шарҳи ин масъала посухе ироа накард.

ЧАРО АВФ НАШУДАНД?
Мақомоти давлати Тоҷикистон дар соли гузашта, тибқи қонуни авф, ки дар робита ба бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ ва 15-умин солгарди Қонуни асосӣ аз тарафи раиси ҷумҳур эълон шуд, бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз зиндониёни кишварро озод карданд. Ба таъйиди онҳо, ҳамзамон мӯҳлати ҷазои бештар аз 3 ҳазор нафари дигар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шудааст.

Аммо дар ин қатор исми Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, ки дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, ба чашм намехӯрад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Валихон Воҳидов номаҳо ва дархостҳои батакрори онҳо низ ба унвонии Додситонии кул ва раиси ҷумҳур дар бораи авфи фарзандонашон беҷавоб мондааст.

Шӯҳрат Қудратов, узви Консорсиюми юридикӣ дар Душанбе, мегӯяд, дар баробари ин ду бандии собиқи Гуантанамо, ки тибқи моддаҳои 355 ва 401-и Қонуни ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд, бояд қонуни авф татбиқ мешуд. “Агар бештар аз панҷ сол менишастанд, он вақт тибқи қонуни авф озод мешуданд. Аммо ба далели он ки се сол нишастаанд, ҳадди ақал мӯҳлати ҷазое, ки додгоҳ барои онҳо муносиб донистааст, то чор сол кам карда мешуд”,-афзуд ӯ.

Аммо дар идораҳои расмии давлати Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ башиддат худдорӣ варзида ва танҳо гуфтанд, ки ҳардуи инҳо дар листи одамоне шомил будаанд, ки мавриди авф қарор намегирифтанд. Ба ин далел ки ба гуфтаи онҳо, ин ду нафар ба иртикоби ҷиноёти сангин муттаҳам мешаванд.

Ҳафтаноми сиёсии “Фараж” дар моҳи марти соли гузашта нусхаи номаи Муҳайё Воҳидова ва Саломатхон Шарофова, модарони Муқит ва Рукниддинро нашр карда, буд, ки ба номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон навишта шудааст.

Онҳо аз оқои Раҳмон хостаанд, ки бо дахолати ӯ парвандаи фарзандонашон бознигарӣ шавад. Ин модарон фарзандони худро бегуноҳ дониста, зиндонӣ шудани онҳоро берун аз чорчӯбаи адолат номидаанд. Ҳамчунин онҳо гуфтаанд, Муқит ва Рукниддин аз миёни даҳ нафар бандиёни собиқи Гуантанамо буданд, ки ба Тоҷикистон оварда шуда, зиндонӣ гардиданд. То кунун аз дафтари раиси ҷумҳур ба ин нома на ба унвонии модарон ва на ба унвонии нашрияе, ки онро интишор додааст, посухе нарасидааст.

ҲАРОСИ ОХИРИН ТОҶИК
Чунин сарнавишти печидаи ду бандии собиқи Гуантанамо дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Умар Абдуллоев, охирин тоҷик дар Гуантанамо, аз мақомоти Амрико хостааст, то ӯро ба кишвараш мунтақил накунад. Вакили дифоъи ӯ дар посух ба суолҳои мо гуфт, вай аз таҳдидҳое, ки барояш маъмурони низомӣ ва вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Гуантанамо кардаанд, ҳарос дорад.

“Маъмурон бештар аз як маротиба, ҳангоме ки бо Умар дар Гуантанамо боздид карданд, ӯро мавриди таҳдид қарор доданд. Онҳо ӯро таҳдид карданд, ки дар зиндон меандозанд, шиканҷа мекунанд ва ҳатто аз байн хоҳанд бурд”,-афзуд Метю О Ҳара.

Вакили дифоъи Абдуллоев дар ариза ба унвонии додгоҳ навиштааст, ки баррасии парвандаи Умар Абдуллоев бояд идома ёбад ва агар Амрико барои ӯ кишвари муносиб барои паноҳгоҳ наёбад, пас Абдуллоев ҳақ дорад, ки дар Иёлоти Муттаҳида бимонад.

Метю О Ҳара бовар дорад, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон дар робита ба Муқит ва Рукниддин низ ҳамингуна таҳдидҳоро раво дидаанд. Агарчӣ худи Муқит ба далели халал надидани ҳузураш дар зиндон аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ меварзад ва мегӯяд, танҳо як бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор карда, дафъаҳои баъд ба сӯҳбати онҳо ҳозир нашудааст.
Бо ин ҳол, Метю О Ҳара мегӯяд, “вазорати умури хориҷии Амрико ва ҷомеаи маданӣ бовар доранд, ки шароити ҳуқуқи башар дар зиндонҳои Тоҷикистон ва системаи ҷазоии Тоҷикистон заъиф ҳастанд ва шиканҷа бо масуният рух медиҳад. Инҳо далоили изтироби мо аст”.

Вай ҳамчунин афзуд, “мо бовар дорем, ки бозпас фиристодани Умар ба Тоҷикистон поймолкунии ҳуқуқи Умар ва нақзи фарзҳои Амрико Иёлоти Муттаҳида дар зери Конвенсиюни зидди шиканҷа хоҳад буд”.

НИГАРОНӢ АЗ ШИКАНҶА ДАР ЗИНДОНҲО
Нигаронии Умар Абдуллоев ва вакили дифоъи ӯ дар мавриди имкони муҷозоташ аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ дар ҳолест, ки созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз вазъи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамвора ибрози нигаронӣ кардаанд.

Паём Фурӯғӣ, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Душанбе, мегӯяд, муҳимтарин нигаронӣ ин аст, ки то ҳоло ҳич созмони мустақиле ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надорад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон қарордоди ихтиёрии зидди шиканҷаро имзо накардааст. Ин санад иҷоза медиҳад, ки ин кишвар бо Созмони Милал мувофиқатномае имзо кунад ва пас аз он Салиби Сурх имкон хоҳад ёфт, то аз зиндонҳои ин кишвар боздид анҷом диҳад.

Оқои Фурӯғӣ то як соли пеш ба унвони масъули ҳуқуқи башар дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе кор мекард. Вай мегӯяд, он замон пайвандони Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, аз боздоштиёни Гуантанамо, ки баъд аз истирдод ба Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, аз вазъи онҳо ба ин созмон муроҷиат кардаанд. Вай мегӯяд, пайвандони ин ду нафар низ аз масоили ҳуқуқии қабл аз муҳокима дар додгоҳ ва шароити зиндонҳо шиква кардаанд.

ТОҶИКОНИ ГУАНТАНАМО
Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин зиндони маъруфи давраи ҳукуматдории Ҷорҷ Буш 11 тан аз атбоъи тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки ҳар кадоме ба сабабҳои мухталиф дар Афғонистон ба сар мебурданду дар он ҷо боздошт шуданд. Аммо то кунун дар бораи ин бандиёни Гуантанамо маълумоти муфассале рӯйи даст нест.

Зайнулобиддин Меъроҷов, ки ҳоло дар ҷамоати “Сайёд” - и ноҳияи Шаҳритус ба сар мебарад, тӯли тақрибан ҳафт сол бо исми “Ҷумъаҷони Намангонӣ”дар зиндони Гуантанмо зистааст. Вай мегӯяд, се бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Меъроҷовро моҳи октябри соли 2008, баъд аз он ки бегуноҳияш собит шуд, ба Тоҷикистон оварданд. Ӯро 35 рӯз дар Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ карда, пас аз бозпурсӣ раҳо намуданд.

Зайнулобиддин мегӯяд, ки дар зиндони Гуантанамо ӯро Меҳрубон аз ноҳияи Панҷ, Абдулкарим аз Душанбе, Юсуф, Собит ва Ҳайдар аз Исфара, Мазҳариддин, Муҳибулло ва Абдулғаффор аз Қубодиён ва Умар аз деҳаи “Шарора”-и ноҳияи Ҳисор ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо Меъроҷов мегӯяд онҳо наметавонистанд, ки муфассал бо ҳам мулоқот кунанд: “Он ҷо ин қадар ҷое набуд, ки ҳамроҳи ҳар кас розу ниёз кунӣ. Боз ҷосус набошад гуфта, ҳеҷ кас рози дилашро ба каси дигар намегуфт”.

08 февраля, 2010

Салими АЮБЗОД: Ҳар куҷо имкон ҳаст, Ватане бояд сохт


Моҳи ноябри соли 2005, нашрияи Варорӯд
Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 бари кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осои мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.


-Салими Аюбзод. Ин ном барои ман аз аввал ҳам ошно буд. Аммо ба назари Шумо, Салими Аюбзод имрӯз барои хонандагони ҳафтаномаи «Варорӯд» кӣ буда метавонад?

-Ман ба ҷойи хонанда чизе гуфта наметавонам, аммо ҳадс мезанам, ки барои бахше ошно ва барои бахше ноошно бошам. Бояд аз худи онҳо пурсид. Лекин инро ҳам муҳим намедонам. Зеро ҳар кас ба диду завқу ақидаи хоси худ ҳақ дорад. Ман кайҳо ба натиҷае расидаам, ки набояд аз зовияи дигарон ба хештан нигарист.

-Аслан Шумо низ аз қабили он нафарҳоед, ки пас аз воқеаҳои хунини солҳои навадум дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ ба сар мебаред. Вале эҳсос мекунам, ки нисбат ба тақдири ин мардум ва миллат он қадар беаҳамият ҳам нестед. Пас, ба ёди Ватан, дур аз Ватан зиндагӣ кардан чӣ маънӣ дорад?

-Бояд дар Ватан зист ва бо мардуми худ ҳамтақдир буд. Ҳама чизи дигар кӯшиши тасаллост. Аммо ман ояндаи тоҷиконро дар он мебинам, ки дар ҳар кишвари ҷаҳон ҷомеаҳои худро дошта бошанд ва аз ҳар гӯша барои мардуму Ватани худ кор кунанд. Дигарон Ватани моро ин қадар тангу кӯчак карданд, ҳоло подош бигиранд. Тоҷикистон наметавонад даҳҳо миллиёнро ғунҷонад. Хар куҷо имкон ҳаст, Ватане бояд сохт, вале барои имдод ба Ватани аслӣ, ба Тоҷикистони азиз.

-Ҳоло андешаи онро ҳам надоред, ки барои зиндагии доимӣ дигарбора ба Тоҷикистон баргардед?

-Дар лаҳзаҳое, ки эҳсос дар ман пирӯз меояд, сахт мехоҳам бархезаму баргардам ва лаҳзаҳое, ки ақли солим бо ман ҳарф мезанад, бозгаштро ба рӯзи дигаре вогузор мекунам.

-Аз рӯзномаи «Чароғи рӯз» то бахши тоҷикии радиёи амрикоии «Озодӣ». Ин фаъолияти рӯзноманигорӣ барои Салими Аюбзод манбаи нон буд, ё манбаи ном?

-На ин ва на он. Асли матлаб – озмоиши хештан, ёфтану шинохтани худ. Баъдан мумхолифат ба беадолатӣ ва дурӯғ ва ҷустуҷӯйи ҳақиқату гуфтани ошкорои он ба дигарон ва кӯмак ба мардуми хеш бо ин амал.

-Ахиран, китоби «Гунги хобдида» - и шуморо хондам. Тарзи навишти он ёде аз адабиёти муосири Ғарб мекунад. Ҳоли ҳозир, шахсан ба адабиёти тоҷик таваҷҷӯҳ доред? Агар «ҳа», пас ба вазъияти адабиёти аҳди истиқлол дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Афсӯс, на ҳама чизи нав дар адабиёти имрӯзи кишвар дастрас мешавад. Аммо ахиран китоби Қодири Рустам ба дастам расид. Аз қиссаи зинда шудани Рӯдакӣ дар рӯзгори мо ва эссе дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд мутаассир шудам. Вале ба сурати кул (л) адабиёти мо як давраи раҳҷӯйиро ба сар мебарад ва комёбиҳои ҷаҳонии он дар пешанд.

-Бисёриҳо ҳанӯз ҳам аз ақидаи он ки гӯё оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон рӯзноманигорон аланга додаанд, рӯй нагардонидаанд. Агар махфӣ набошад, ҳамчун рӯзноманигори давраи ҷанги шаҳрвандӣ мегуфтед, ки оё ин нукта воқеият дорад?

-Агар воқеаҳо ба дунболи хабару мақолаҳои мо ба амал меомаданд, на баръакс, шояд ин гап заминае дошт. Вале воқеаҳо ба суръате рӯй медоданд, ки мо ба онҳо расида наметавонистем. Акнун мо чӣ тавр гунаҳкор бошем? Дигар ин ки кадом нашрия ба мардум силоҳ тақсим кард ва кадом нашрия нагузошт, ки тарафҳо дар гуфтушунид ба созиш расанд? Ягон нашрияи кишвар Русия ва ӯзбекистонро даъват накард, то дар ҷанги Тоҷикистон саҳм гиранд. Мақсад аз тӯҳматҳо пӯшонидани ҳақиқат ва як андозае ҳасад аст. Ҳанӯз он қуллаеро, ки журнолизми он солҳо, бо вуҷуди камбуду камомадҳояш фатҳ кард, касе накардааст. Албатта, тарфи дигари масъала зиёдарваиҳо буд, ки бояд эътироф шаванд, вале ҳеҷ яке аз онҳоро намешавад, сабаб ё ангезаи ҷанг номид.

-Китоби таърихии «Сад ранги сад сол» саросар ба шикастҳои таърихии халқи тоҷик дар асри бистум навишта шудааст. Мақсад аз таълифи ин китоб чӣ буд? Акнун мо дар кадом марҳила қарор дорем ва моро чӣ шикастҳои навбатӣ дар қарни бисту якум интизор аст?

-Мақсад дарёфти решаҳои вазъи имрӯзии кишвар ва сарчашмаҳои миллии тоҷикон буд. Мо ҳоло дар марҳилаи бисёр муҳими таърихӣ ҳастем ва дар ҳоле метавонем, аз шикастҳои нав худро эмин гардонем, ки наслҳои донишманд, ҳушёр, пурғайрат ва озодандешро ба воя расонем. Ба ҳамаи навгониҳо боз бошем ва ҳамзамон рӯҳи миллии худро нигаҳ дорем. Кишвари мо сарватҳои буурги нафту гоз надорад, дар роҳбандон ҷой гирифтааст. Мемонад фақат ин ки ақл ва нерӯи худро ба ҷаҳон содир кунад. Алҳол мо содиркунандаи нерӯи кори сиёҳ ҳастем. Ин ҳол метавонад, моро дар ҳошияи таърих нигаҳ дорад.

-Оё аз аҳволи журналистон ва журналистикаи муосири тоҷик дараке доред? Барои журналистони имрӯз чӣ чиз намерасад (ё дар навбати худ чӣ бурдҳо доранд)? Ҳамчунин дар мавриди озодии сухан (матубот) дар Тоҷикистон чӣ гуфтаниҳо доред?

-То андозае аз вазъи ҳамкасбон огаҳӣ дорам ваш одам, ки бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо онҳо тавонистаанд, рӯҳӣ озодандеширо дар матбуот ҳифз кунанд. Афсӯс, на ҳама дар кишвар мепазиранд, ки озодии сухан хамирмояи ҷомеи пешрафта ва шукуфон аст. Норасоӣ дар сатҳи кордонӣ ва ҳирфавият, иттиҳоди қавӣ, рақобати созанда  ва масъулиятшиносист. Аммо инҳо ислоҳшавандаанд. Ҳукумат ва матбуот бояд дар асоси манфиатҳи умумимиллӣ дар ҳамкорӣ бошанд. Зеро ҳукумат бе матбуот хеле нотавон хоҳад буд. Ба назар мерасад, ки ҳоло қойидаҳои ин ҳамкорӣ ва ҳамбозӣ ҷобаҷо нашудаанд.

-Худшиносии миллӣ. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар фикри онанд, ки чи гунна эҳсоси Милли мардумро боло баранд. Ба фикри Шумо, худшиносии миллӣ кадом аст, ки мардум ба он арҷгузор бошанд?

-Худшиносии миллӣ, аз нигоҳи банда, чизест, ки мо аз падару модар мерос мегирем, аз ҷамоаҳои мо бармеояд ва сипас аз муштаракоти забонӣ, таърихӣ, ҳудудӣ, фарҳангӣ ва динӣ тақвият ёфта фаротар меравад. Ҳоло он дар миёни мардуми мо ба ду таҳдиди бузург рӯбарӯст. Яке – бесоҳибӣ ва бегонагӣ. Давлат бояд ингуна бошад, ки ҳеҷ як аз узви ҷомеа худро бесоҳиб ва бегона ҳис накунад. Дигар – маҳал ва минтақагароӣ, ки кушандаи ҳамагуна худшиносист. Афроди камсаводу камҳунар ва нолоиқу тасодуфӣ аз маҳалгароӣ ҳамчун сипа рва ё тахтаи хез (tramplin) истифода мекунанд. Бо вуҷуди он ки онҳо даври худро аз афроде, ки худ зеҳнашонро заҳролуд кардаанд, пур менамоянд. Дар асл онҳо хеле ва хеле танҳову бечораанд. Ва ман онҳоро махавҳои маънавӣ мешуморам. Аммо ҳарду таҳдиди решапайванд сунъӣ ва ғайритабииянд. Маразҳои сирояткунанда, аммо табобатшавандаанд. Ин ҳам яке аз майдонҳои набарди матбуот, маориф, адабиёт ва ҳунари мост.

- Шояд гоҳ-гоҳе аз давраи зиндагиятон дар Тоҷикистон ёд ҳам кунед. Ҳоло ба назаратон кадом лаҳзаи беҳтарини зиндагиятон дар Тоҷикистон гузаштааст?

-Беҳтарин лаҳзаҳои умрам дар Тоҷикистон – сӯҳбату сайругаштҳо бо падарам. Шахсе, ки номи кӯчаҳоро дар деҳкадаи мо ба ёдгорӣ Рӯдакӣ, Ҳофиз, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо гузошт. Шахсе, ки метавонист ба зинаҳои баланди мансабҳои давлатӣ рассад, аммо дар солҳои шастум аз узвият дар Ҳизби Коммунист рӯй тофт ва бо ҳамин ба мактаб баргашт, то беҳтарин шогирдонро ба воя расонад. Ман аз китобхонаи сарватманди ӯ баромадаам. Дар зодбуми ман номи ман аҳамияте надорад. Чунки он ҷо маро пештар ҳамчун «набераи Домуллоаюб» мешинохтанд, акнун ҳамчун «писари устод Иброҳим». Дареғо, натавонистам аз сӯҳбатҳои ӯ сер шавам ва интизори рӯзи дидор ҳастам. Ҳарчи ҳастам, аз ӯ ҳастам!

-Беҳтарин идорае, ки он ҷо фаъолият кардаед, кадом буд?

-Ин идораи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» буд дар солҳои 1982 – 91. Сардабири мӯҳтарами мо Аскар Ҳаким тавониста буд, ки ҳайъатеро аз инсонҳои нодир ва боистеъдод ҷамъ оварад. Манн хушбахтам, ки ӯ маро пас аз ронда шуданам аз «Комсомолии Тоҷикистон» - и Ато Ҳамдам (ба иллати ошӯбгарӣ) ҷустуҷӯй кард ва ба кор даъват намуд. Хушбахтам, ки бо Адаш Истад, Муаззама Аҳмадова, Муҳаммадзамони Солеҳ, Баҳманёр, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Раҳмат Назрӣ, Абдулҳамиди Самад, Бахтиёр Муртазоев  ва афроде монанди онҳо ҳамкор Будам ва аз ҳар кадоме онҳо хеле чизеро омӯхтаам. Мо воқеан як дастаи олиҷаноб будем ва беҳуда набу, ки адади нашри рӯзнома он вақт аз 2 ҳазор ба 200 ҳазор нусха расида буд.

-Нахустин маводи навиштаи журналистиятон ба ёдатон ҳаст? Он кадом буд? Беҳтарин навиштаатон кадом аст?

-Дар ёдам ҳаст, ки як хабари мактабӣ дар нашрияи ноҳиявӣ буд. Ин ҷо боз ҳам падарам ба ёдам мерасанд, ки маро – талабаи синфи шашумро боре ба идораи ин нашрия ва матбааи он ба «экскурсия» бурда буданд. Баъдан манн инро фаромӯш карда будам ва фақат вақте ки дар нашрияи ноҳияи Файзобод таҷрибаомӯз будаму вориди матбааи он шудам, он сафари кӯдакӣ дар зеҳнам зинда шуд. Беҳтарин навиштаро бояд аз хонандагон пурсид. Аммо ҳамин лаҳза, агар фикр кунам, мақолаҳоям дар бораи партовгоҳи радиоактивии Файзобод, «Кишвари қабрҳои кӯчак» дар бораи маргумири модару кӯдак, зарурати эҳёи номи шаҳри Хуҷанд бо он номаи эътирозии депутатҳои Ленинобод, ки барои ман ҷазо талаб мекарданд. Зеро навиштам, ки бояд номи бостонии Хуҷанд зинда шавад. Инҳо ба фикрам моли солҳои 1990 ва 1991 – и «Адабиёт ва санъат» мебошанд.

-Ҳоло дар сари кадом андеша ҳастед? Андешаи таълифи ягон асари дигарро дар бораи тоҷикон надоред?

-Ҳоло бо мадад ва раҳнамоии райиси бахши тоҷикии радиёи «Озодӣ» Маъсумаи Турфа ба таҳияи риштабарномаҳое бахшида ба сулҳи Тоҷикистон омодагӣ мебинам. Ин силсила ба муносибати даҳсолагии сулҳи Тоҷикистон дар соли 2007 нашр хоҳад шуд. Аз ҳоло бисёр чеҳраҳои маъруфе аз Тоҷикистон, Русия, Ирон ва Созмони миллали муттаҳид ризоият додаанд, ки дар он ширкат кунанд.

-Он чӣ чиз буд, ки гуфтан мехостеду ман напурсидам?

-Чизи мушаххасе надорам, ҷуз ташаккур кунам аз Шумо, ки ба василаи саволҳои Шумо Ватани азиз ва бисёр чизҳои гузашта ба ёдам расид. Кам фурсат мешавад ба ин. Кор зиёд аст. Вақт хеле кам. Аммо ман шукр мекунам ҳанӯз шӯри ҷавонӣ дар дил дорам ва шояд кори асосии худро ҳанӯз ҳам анҷом надода бошам

04 февраля, 2010

Тоҷикистон ва Олмон: Фарқ аз замин то осмон?

Ин матлабро шаш сол пеш аз ин, замоне ки мақомоти Тоҷикистон барои нашри ҳафтаномаҳои озодбаёни “Нерӯи сухан”, “Рӯзи нав” ва “Одаму олам” мушкил пеш оварданд, навишта будам. Аммо то ҳоло рӯйи чоп наомада буд. Имрӯзҳо, ки дигарбора дар остонаи интихобот барои ҳафтаномаҳои мустақили дигар ҳамингуна як мушкил пеш омадааст, зарур донистам ин матлабро аз бойгониам гирифта, нашр кунам. Бидуни таҳрир.


Баъд аз наклхои хонум Сюзан Франглер ба хулосае омадам, ки журналистони олмони аз дигар сайёраанду мо аз сайёраи дигар.

Акнун чойи бахс нест. Дар Точикистон агар кахри мансабдорони оли ояд, дар як вакт метавонанд, ба хар бахона амнияту озодии журналистон ва рузномахои озодро халалдор созанд. Гувохи ин гуфтахо амронамаи Прокуратураи Генерали ба хафтаномахои «Рузи нав» ва «Неруи Сухан» мебошад.

Чоп накардани “Шарки озод”, чопхонаи Дастгохи ичроияи Президент, рузномахои «РН», «НС» ва «Начот» -у «Одаму олам»-ро боз хам чи метавон гуфт? Албатта, норозигии ахли Хукумат аз мавчудияти рузномахои озод. Дар баробари ин, хатто созмонхои байналмиллал низ хомушанд. Онхо хам ёд гирифтаанд, факат бо як мактуб кобили кабул набудани кори хукуматро менависанду тамом.

Аммо дар давлати Олмон мардумаш аз мардикорон ва наркобаранхои точик хеле зиндагии осудаву ором доранд. Ба ин монанд, журналистони олмони низ аз хамкасбони точики худ хеле дар пешанд. Дар ин маврид хонум Сюзан Франглер (33 сола, Устоди Донишгохи Берлин ва Швейтсариё), ки тайи чанд муддат дар Хучанд аст, таъкид мекунад, ки дар Олмон журналистон нисбат ба дигар табакахои чамъият хукукхои бештар доранд. Онхо метавонанд аз кадом масъули давлати набошад, ба саволи худ чавоб гиранд, дар холе ки журналистони точик аз дастнораси ба иттилоот танкиси мекашанд.

Сюзан мегуяд, дар хамон Олмоне, ки аз Точикистон ба сари ахоли ва худуд бисёр калон аст, давоми кариб 60 соли ахир ягон латукуби журналистон ва фишоровари ба онхо ба кайд гирифта нашудааст. Аммо дар Точикистони кунуни баъд аз соли навадум агар сари зиёда аз 60 журналист хурда шуда бошад, латукуби онхо то хол аз тарафи одамони ношинос идома дорад. Холати имрузаи журналистони точикро хонум Сюзан Франглер ба давраи пешазчангии давлати Олмон мекунанд. Яъне мо аз олмонихои имруз бештар аз 60 сол кафо мондаем.

Атрофи масъалаи бакайдгири бошад, Сюзан меафзояд, ки дар Олмон аз тарафи ягон вазорат ба кайдгири нест. Бинобарин, дар Олмон хар як шахрванд метавонад, ки рузномаи худро таъсис дихад. Хатто журналистони олмони маоши хеле баланд доранд. Аз ин сабаб онхо барои дарёфти маблаг аз дигар сарчашмахо овора намешаванд. Аслан онхо маблагро барои нашри рузнома аз хисоби обунаи рузномаи худ ба даст меоранд.

Обуна мисоли рузномахои хукуматии Точикистон мачбури сурат нагирифта, балки мардум аз руйи хосташ ба рузномахои хонданбоб обуна мешавад. Ин мисоли он нест, ки агар ягон нафари олирутбаи Точикистонро журналистон камбудяшро гуянд, у худсарона тамоми рузномахоро аз дукон бардораду мардум барои харидани як рузнома вакти зиёди худро сарф кунад. Хонум Сюзан хеле дар ташвиш аст, ки дар чумхурии мо ягон газетаи харруза интишор намеёбад. Вале дар Олмон зиёда аз 130 номгуйи газетаи харруза интишор мешавад.

Аммо Хукумати Точикистон кодир нест, ки акаллан рузномахои озодро гузорад, то аз хисоби худ хафтаномахоро ба чоп расонанд. Пас аз ин, ахволи журналистони точикро бо олмони мукоиса карда мешавад? Ё вокеан онхо аз сайёраи дигаранду мо аз сайёраи дигар???

Соли 2004, шахри Хучанд

03 февраля, 2010

“Қиёми рӯз”: Ба пеш!

“Қиёми рӯз”, филми сохтаи Носир Саидов, коргардони маъруфи тоҷик, ин дафъа дар 28-умин Ҷашнвораи байнулмилалии Фаҷр, ки дар Бурҷи Милоди Теҳрон баргузор шуд, барандаи ҷойи дуввум ва соҳиби 2 ҳазор евро гардид.

Сафар Ҳақдодов, муаллифи сенарияи филми “Қиёми рӯз”, ки дар ин маросим ширкат дошт, ҷоизаро дарёфт кардааст. Вай дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки дарёфти ин ҷоиза ба онҳо ба осонӣ даст надодааст ва илова ба ин масъулияти бештареро ба дӯши онҳо гузоштааст.

Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ комёбиҳои синамогарони тоҷикро боис ба ифтихор донистааст. Аз соли 1992 ба ин сӯ Қиёми рӯзро нахустин филме дар Тоҷикистон медонанд, ки мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалии санъати синамо наворбардорӣ шудааст. То имрӯз ҳар филме, ки дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст, дар навори телевизионӣ таҳия шудааст. Ин мушкиро таҳиякунандагон ба камбуди маблағ бастагӣ медиҳанд.

Маблағгузори филми “Қиёми рӯз” ширкати «Талко менеҷмент» гуфта мешавад. Нахустнамоиши он дар охири тобистони соли гузашта дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор гардид ва то кунун чандин ҷашнвораҳои байнулмилалиро дар Ҷопону Ҳиндустону Куриё сайр карда ва барандаи ҷавоизи ифтихорӣ шудааст. Ҳоло ин филм ба ҷашнвораи Роттердам роҳ ёфта, барои дарёфти ҷоиза миёни даҳҳо филми сатҳи ҷаҳонӣ ҷойи по меҷӯяд.

Сафар Ҳақдодов мегӯяд, филми киёми руз дар бораи ду деҳаест, ки миёнашон танҳо як ҷӯй ҷорист ва аксари мардуми ҳар ду деҳ ҳамдигарро мешиносанд. Аммо бо тағйир кардани сиёсатҳо миёни деҳаҳо марз мегузоранд ва онҳоро минакорӣ мекунанд ва ҳамин тавр ҳаёт дар ин макон дигаргун мешавад.

Нақши асосии мардро дар ин филм ҳунарманди рус Юрий Назаров ва нақши асосии занро Насиба Шарифова бозидаанд. Барои Насиба, ки дар ин филм ба номи Нилуфар нақш бозидааст, нахустин нақшаш дар синамост. Нақшҳои дигарро Насриддин Нуриддинов ва Шодӣ Солеҳ, ҳунармандони театр, бозидаанд. Оҳангсози филм Далер Назаров ва продюссери он Рустами Ҷонӣ, раҳбари ширкати “Ориёно медиа” мебошанд.

Дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир даҳҳо филмномаҳо навишта шуда ва аз рӯйи он филмҳои тоҷикӣ бардошта шудаанд. То кунун филмҳои Тақвими интизорӣ, Дар орзуи падар, Ширин, Беҳуда хорам мекунӣ, Кӯҳистонӣ наворбардорӣ шуда, мавриди намоиш қарор гирифтаанд. Вале бо ин ҳол гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар бахши синамо то кунун натавонситааст ҳатто бо кишварҳои ҳамвазну ҳамсояи худ рақобат кунад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин кишвар таҳиякунандагон ва бозигарони хубу тавоно дорад...

02 февраля, 2010

Чаро сӯҳбати аҳзоби мухолиф дар телевизионҳои давлатӣ табу шудааст?

Аслан аз тамошои телевизионҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамеша сохтаю бофта наворҳояшонро омода мекунанд, хушам намеояд. Ва хоҳ бовар кунеду хоҳ не, чандин сол аст, ки ин телевизионҳоро бо ҳавас тамошо накардаам.

Агар иштибоҳ накунам, шояд қисмати бештари сокинони кишвар ҳам ин ҳолу ҳавои маро дошта бошанд. Худам борҳо шоҳиди ин шудаам, ки дар кӯчаву бозор ва ҳатто маҳфили хонаводагӣ телевизони Тоҷикистонро барои нотавонӣ ва пахши наворҳои дилгиркунандааш танқид мекунанд. Ҳамчунин, моҳе нест, ки дар ин оё расонаи мустақил телевизион ва журнаистону раҳбарони онро ба боди танқид накашанд. Вале гӯё, барои ин муассиаи давлатӣ ин ҳам сӯҳбату сухану таъкидҳо коргар набудааст.

Аммо ахиран, баъд аз он ки раиси ҷумҳур маъракаи пешазинтихоботиро эълон кард, ба он таваҷҷӯҳ кардам, то бубинам, ки телевизиони тоҷик дар бораи интихобот, “имтиҳони ҷиддӣ” барои Тоҷикистон, чӣ мегӯяд. Мутаассифона, ин телевизионҳо аслан ба ин мавзӯъ аз нигоҳ хос назар намеафкананд ва баръакс, ин мавзӯест, ки гӯё сари муҳаррирон ва масъулонашро ба дард меорад.

Аввалин хабаре, ки ин телевизион пахш кард, чанд лаҳза дар бораи анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кохи Ҷомӣ буд, ки барои баргузор шуданаш дар ин кох худи раиси ҷумҳур мусоидат карда буд. Албатта, ин тааҷҷубовар буд, ки чӣ гуна телевзиони Тоҷикистон, ки дар рӯзи ваҳдати миллӣ аз Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзат ва аз раҳбарони яке аз ҷонибҳои сулҳкунанда дар Тоҷикистон чизе намегӯяд ва ҳатто аз намоиш додани акси ин мард худдорӣ менамояд, чӣ гуна тавонистааст, ки аз анҷумнаи наҳзатиҳоро ва он ҳам пеш аз интихобот ва бо гарданбандҳои осмонияшон намоиш диҳад. Ҳатто миёни ҳамкоронам баҳсе ба по шуд, ки ҳамин наҳзатиҳоро бепул нишон дода бошанд ё бо пул.

Ман ба ин фикр будам, ки ё аз сӯйи ҳукумат фармон шудааст ё мусоидат шудааст ва ё ин ки наҳзат шояд чанд дақиқаи вақти пахши барномаҳоро харидааст. Лекин дар як тамоси телефонӣ баъзе аз масъулони ин ҳизб додани маблағ барои пахши хабар дар бораи анҷумани пешазинтихоботии ҳизбашонро рад карданд. Шояд дуруст гӯянд. Зеро ҳукумат барои наздик кардани рақибонаш аз ҳар коре ҳам даст намекашад. Яъне, бо як дақиқа вақти телевизиони тоҷик замин ба осмон омада намечспад, аммо мегӯянд, ки онҳо низ бо оппозитсия бархӯрди созанда доранд ва ҳатто барои намоиши анҷумани онҳо кӯшиш кардаанд.

Дурӯғ нашавад, бояд гӯям, ки дурбини телевизионҳои тоҷик баъзе аз анҷумани аҳзоби дигарро ҳам дидааст. Аз ҷумла, демократҳои ҷиноҳи Масъуд Собировро. Аммо мутаассифона дурбинҳои ин телевизион анҷумани пешазинтихоботии сотсиал-демократҳоро надид. Ин телевизион натанҳо навори баргузории анҷумани ин мухолифонро намоиш надод, балки қодир нашуд аз рӯйи эҳтиром ба бисёрҳизбӣ ва демукросӣ ду ҷумла дар бораи анҷумани ин ҳизб ҳам бигӯяд.

Яъне, телевизионҳои тоҷик, ки моли давлатанд ва аммо аз ҳисоби андози пардохтаи худи сокинон, ки баъзеи онҳо узви ин ҳизби мухолифнад, фаъолият мекунанд, ҳаққи тамошобинҳои худро нодида мегиранд. Аммо дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон раиси телевизони Сафина ҷуръат кардааст гӯяд, ки ҳизбҳои дигар онҳоро ба анҷумани худ даъват накарда буданд. Дар ҷавоб ба ин ҷавоби Лутфулло Давлатов ҳафтаномаи “Нигоҳ” низ луқмаи намакине партофтааст. Яъне ба ҷойи ин ки хабарнигорон дунболи хабар раванд, бояд хабар дунболи хабарнигорони ин телевизон биравад.

Телевизиони тоҷик, ки бояд барои беҳбудии вазъи кишвар хидмат кунад, аслан аз пахши андешаҳои мухолифони давлат даст кашидааст. Гӯё, ки мухолифон дар феҳристи сиёҳе қарор доранд, ки ҳукумат онро тартиб додааст. Вагарна, чаро дар тӯли солҳои дароз мо наметонем пахши наворҳоеро бинем, ки дар он намояндагони аҳзоби мухолиф ҳам сӯҳбат кунанд?

Бо ин амали худ аслан мақомоти давлатӣ ба истилоҳ барои худ аз пеш гӯр кофтаанд ва танқиди мухолифон дар ин маврид ҷон ҳам дорад, ки давлат бо ҳама яксон муносибат намекунад. Яъне, худи давлат аст, ки одамон ба худиву бегона тақсим кардааст.

Фикр мекунам, пахши навор дар бораи андешаи аҳзоби мухолиф ҳам аз манфиат холӣ нест. Ба ҷойи он ки мо гапи боварнакардании як мӯйсафед дар бораи харидорияш аз саҳмияҳоии Роғунро бо 15 ҳазор сомонӣ пахш куем, беҳтар аст, ки дар ин бора бо намояндаҳои ягон ҳизб суҳбат кунем, ки онҳо дар худ ҳазорҳо пайрав доранд ва шояд кӯмаки онҳо ба дард хӯрад.

Бисёр хандадор аст, ки телевизонҳои тоҷикро ҳоло ба майдон таблиғоти Роғун табдил додаанд ва он ҳам бо пирону кампиракҳо. Охир, боварнакарданист. Боварнакарданист, ки як кампире, ки мегӯяд, шаст сомон пенсия мегирад, чӣ гуна ба Роғун кӯмак кунад? Бисёр хандадор аст. Барои ҳамин фикр меунам, агар телевизион минбари худиҳо набошаду дари он ба рӯйи ҳама боз гардад, ҳам обрӯйи худро ҳифз хоҳад карду ҳам рисолати аслияшро ба ҷо хоҳад оварду ҳам тамошобини бештаре пайдо хоҳад кард. Ва ҳамчунин ба воқеият наздик хоҳад шуд.

Ё аслан чаро масъулони телевизионҳои давлатӣ аз ин ҳама метарсанд? Кӣ барои онҳо намоиш ва сӯҳбат бо мухолифинро, ки узви ҷомеаи мо ва сокини ҳамин Тоҷикистони фақиранд, табу гардондааст? Охир, онҳо на душмани халқанд, на душмани ҳукумат. Балки онҳо бо камбудҳои ин ҷомеа мухолифанд ва мехоҳанд барои ислоҳ ва беҳбудии вазъ талош кунанд.

PS: Холо телевизиони хабарии "Чахоннамо" дар бораи интихобот ва хавзахои интихоботи сухбат мекунад. Вале то хол нашудааст, ки ин телевизион низ ба студияи худ намояндагони ахзоби мухталифро даъват карда, ба бахс кашида бошад. Дар холе ки хамин телевизион омодааст хамеша ва саривакт ахбори марбут аб интихобот ва бахсхои номзадхо аб интихоботи парлумониву президенти дар кишвархои хорич, аз чумла Украинаро нишон дихад...

01 февраля, 2010

Аҳзоби сиёсӣ ё “асбоби сиёсӣ”?

Аҳзоб ва асбоб. Ду калимаи гуногунмаъно. Яъне, аҳзоб ҷамъи калимаи ҳизб ва асбоб - дастгоҳест, ки онро барои иҷрои коре истифода мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ин ду калима тақрибан ба як маъно фаҳмида мешавад. Чӣ хел? Хеле содда.

Ҳоло ҳам аз аҳзоб истифода мекунанду ҳам аз асбоб. Яъне, ҳардуяшро ҳам мешавад, ки кор фармуд. Хоҳед бо ҳардуи ин ё мешиканед ё мебуред ва ё ҳамвор месозед. Агар ин ҳардуро пахш кардед, садо мебароранд, агар ба ҳоли худашон мондед, аз беҳавсалагӣ корношоям мешаванду занг мезананд.

Аммо ибораи асбоби сиёсиро ба ҷои аҳзоби сиёсӣ ман бофта набаровардам. Ин ибораро хеле ноогоҳона ва аммо хеле бамаврид яке аз муовинони раҳбари як ҳизби сиёсӣ, ки рӯйи кор омадани онро аксарият талоши худи давлат мепиндоштанд, баён кард. Вай шояд ҳис накард, ки чӣ гуфт ва ин гуфтааш барои ман як мақола мешавад. Аммо дар охири сӯҳбаташ пӯзиш хост, ки тоҷикиро хуб балад набуду канда–канда сӯҳбат кард. Ва сӯҳбаташ низ танҳо ҳамин як ибораро дошт.

Дар ин маврид, фикр мекунам, муҳим забон нест. Муҳим дил аст, ки пок бошад. Ва он чи ки дар дил аст рӯйи забон ояд. Ва ӯ ҳам ин ибораро аз дил бурун овард. Охир, вай дар ҳақиқат ин суханро рӯшод гуфта наметонист. Вай бовар дорад, ки ҳизбаш мубориз аст ва онҳо метавонанд Тоҷикистонро тағйир диҳанд. Аммо дилаш рост гуфт, ки онҳо аҳзоб нестанду асбобанд ва давлат дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо бахубӣ истифода мекунад.

Аз тарафи дигар, ин эҳтироми хоси мансабдорону мансабталошону мансабхоҳони тоҷик аст, ки дар нисбати забони модарӣ – тоҷикӣ доранд. Қаблан ҳам дар бораи талаффузи ноҷои калимаҳо ва ибораҳо аз сӯйи мансабдорону сиёсатмадорони тоҷик журналистони мо навиштаву сӯҳбат кардаанд.

Масалан, дар оғози соли гузашта дар бораи ин мавзӯъ дӯсти азизам Далери Ғуфрон як матлаб навишта буд, ки як мансабдори тоҷик чӣ гуна вожаи бӯҳронро талаффуз карда натавонист ва онро бурҳон гуфт. Дар нишасти ахиринаш Фаттоҳ Сайидов, раҳбари Ожонси мубориза бо фасод ва ҷароими молиявӣ низ ба ҳамингуна як иштибоҳ роҳ дод. Вай ҳам ба ҷойи он ки маҳбас бигӯяд, баҳмас гуфта монд. Чӣ ҷои гилоя. Аз мост, ки бар мост-дия!