! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

12 февраля, 2010

Собиқ бандиёни Гуантанамо: Сӯхта болои намакоб

Валихон Воҳидов ва ҳамсари ӯ - Муҳайё Воҳидова дар ноҳияи Исфара, шимоли Тоҷикистон, ба сар мебаранд. Онҳо ҳар ҳафта бесаброна занги телефони писарашонро, ки дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, интизор мемонанд. Валихон мегӯяд, ин танҳо василаест, ки ӯву ҳамсараш аз аҳволи ҷигаргӯшаашон сари вақт бохабар мешаванд.

Ҳамчунин, онҳо дар ду моҳ як бор ба Душанбе омада, тӯли ду соат бо писарашон дидор мебинанд. Ба гуфтаи Валихон Воҳидов, “фақат дар чор моҳ як бор иҷоза шудааст, ки шаберо дар канори фарзанди азизамон пушти симхорҳои зиндон саҳар кунем”.

Муқит Воҳидов, писари Валихон ва Муҳайё ва собиқ бандии Гуантанамост, ки соли 2001 дар канори даҳ тоҷики дигар аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон боздошт шудааст. Вай соли 2007 ҳамроҳи Рукниддин Шарофов, як сокини дигари шаҳри Исфара, аз Амрико ба Душанбе оварда шуд ва ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Валихон Воҳидов, ки бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, то кунун камтар аз се соли зиндони фарзандаш дар Тоҷикистон пушти сар шудааст. Агар вай солиму бардам монад, боз 14 соли дигар роҳи озодии фарзандашро, ки ба гуфтаи худи ӯ бидуни ҳич айбе дар зиндон нишастааст, хоҳад поид.

МУҚИТ ВА РУКНИДДИН
Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, исми ду сокини ноҳияи Исфара, танҳо дар соли 2003 дар матбуоти тоҷик пайдо шуд. Баъд аз он ки волидони онҳо аз тариқи Салиби Сурх нахустин номаи пайвандони худро дастрас карда, дарак ёфтанд, ки онҳо дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин ду тоҷики зиндонии Гуантанамо дар моҳи марти соли 2007, баъд аз раҳоӣ, бо мусоидати созмони Салиби Сурх ба Тоҷикистон бозгардонда шуданд. Аммо нерӯҳои интизомии Тоҷикистон онҳоро дастгир карда, раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар тобистони соли 2007, бо вуҷуди он ки Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, сокинони шаҳри Исфараро дар асоси ду банди Қонуни ҷиноӣ, яъне убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва ҳамчун зархарид дар амалиётҳои Ҳаракати исломии Узбакистон ширкат намудан, муттаҳам дониста, маҳкум ба зиндон кард.

Ба таъйиди мақомоти Тоҷикистон, ин ду нафар дар соли 2001 шомили ҳайъати ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ва сипас ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шудаанд. Дар ҳоле ки волидайни онҳо мегӯянд, фарзандонашон ҳангоми хайрухуш ба онҳо гуфта буданд, ки барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Валихон Воҳидов мегӯяд, онҳо дар бораи бозгашти фарзандашон аз зиндони Гуантанамо ба Тоҷикистон танҳо баъд аз ду моҳ огоҳӣ ёфтаанд. Баъд аз оне ки Кумитаи амнияти миллӣ онҳоро боздошт ва таҳқиқи парвандаашонро анҷом додааст. Валихон чунин амалкарди маъмурони амниятӣ дар кишварро, дар ҳоле ки маъмурони амниятии Амрико онҳоро бегуноҳ дониста, парвандаашонро муҳокима накардаанд, ғайриқонунӣ арзёбӣ намуд.

Аммо Азизмат Имомов, муовини пешини вазири адлияи Тоҷикистон ва ҳоло номзад ба мақоми вакилии Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, тибқи Қонуни ҷиноӣ дар кишвар ҳар нафаре, ки ғайриқонунӣ амал кардааст, баъд аз истирдодаш аз хориҷ мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт. Вай мегӯяд, “агарчӣ ин сокинон дар хориҷа бегуноҳ дониста шудаанд, аммо дар дохили Тоҷикистон амалҳоеро анҷом додаанд, ки хилофи қонунгузориҳои кишвар аст ва бояд муҷозот мешуданд”.

Талоши мо барои сӯҳбат бо Муқит Воҳидов, ки дар зиндони рақами аввали Душанбе ба сар мебарад, ба осонӣ даст надод. Ӯ дар сӯҳбати телефонии хеле кӯтоҳ аз шароити феълияш дар зиндон шикоят накард. Танҳо чизе ки гуфт, ин буд, ки “худамро гунаҳкор намеҳисобам. Ҳамчунин мехоҳам аз давлати Амрико бихоҳам, ки чӣ гуна бидуни айбе маро бештар аз панҷ сол дар зиндони Гуантанамо нигаҳдорӣ кард”.

Муқит Воҳидов ҳамчунин гуфт, ки вай дар зиндони Гуантанамо танҳо як бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ карда, аз вохӯрӣ дар дафъаи дуввум худдорӣ варзидааст. Вай ба далели ин ки дар зиндон ба сар мебарад, аз ироаи ҷузъиёти ин дидор худдорӣ варзид.

ЧАРО ПАНҶУНИМ СОЛ ҲИСОБ НАШУД?
Муҳимтарин нуктаи баҳс дар ҳукми Муқит Воҳидов ва ҳамроҳи ӯ ин аст, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳукм 5 солу 4 моҳи зиндоне, ки онҳо дар Амрико ба сар бурдаанд, ҳисоб накардааст. Валихон Воҳидов, падари Муқит Воҳидов, низ мегӯяд: “Ин ду нафар ҳудуди шаш сол дар зиндони Гуантанамо ранҷ бурданд. Онҳо ҷавон ва бетаҷруба буданд. Ин ҷиҳат ба назар гирифта нашуд. Ин аз рӯйи адолат нест. Аз тарафи дигар онҳо дар ягон ҷанг ширкат накарда ва касеро ҳам накуштаанд”.

Абдуқайюм Юсуфов, аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон, чунин шеваи бархӯрди мақомоти додгоҳӣ бо ин ду нафарро номуносиб медонад. Вай мегӯяд, тибқи мавозини байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон низ зери онҳо имзо гузоштааст, ҳангоми эълони ҷазо мӯҳлатеро, ки дар Гуантанамо пушти сар кардаанд, ба мӯҳлати умумии ҷазо ҳисоб мекард.

“Зеро воқеъияти маҳрум будани онҳо аз озодӣ ба ҳамагон, ба тамоми ҷаҳон маълум аст. Ҳудуди шаш соли умри онҳо дар зиндон гузаштааст ва ин умри рафтаро ба ҳич василае намешавад баргардонд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ин панҷуним сол ҳам ба ҳисоб гирифта мешуд”,-таъкид кард оқои Юсуфов.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили мардумӣ дар парлумон ва муовини пешини раиси Додгоҳи олӣ натавонист мушаххасан дар бораи парвандаи баҳсбарангези ин ду бандии собиқи Гуантанамо сӯҳбат кунад. Вале ӯ гуфт, аз нигоҳи қонун на танҳо мӯҳлати сипарикарда дар зиндонҳои кишварҳои хориҷ, балки чанд рӯзе ки муттаҳамон дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд, ба мӯҳлати умумии ҷазояшон ҳисоб карда мешавад.

Аксари ҳуқуқдонҳо дар ин маврид мегӯянд, боварнакарданист, ки чӣ гуна ҷониби Амрико ин ду нафарро муҳокима накарда, бо вуҷуди он ки медонист ба онҳо зиндони тӯлонимуддат таҳдид мекунад, ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардааст.

Метю О Ҳара, вакили дифоъи Умар Абдуллоев, охирин тоҷик дар Гуантанамо, дар ин маврид ба мо гуфт, шояд мушкил ин будааст, ки онҳо натавонистаанд сари ин мавзӯъ бо вакилони худ сӯҳбат кунанд. Ба гуфтаи вай, танҳо яке аз ин ду нафар вакили амрикоӣ доштааст ва вакилаш ҳам натавонистааст, ки қабл аз интиқоли онҳо ба ватан бо ӯ дидор кунад. Метю О Ҳара мегӯяд, “ман фикр намекунам, ки нафари дигар вакил дошта бошад. Намефаҳмам чӣ тавр давлати Амрико метавонад афродро бар зидди хоҳишҳои худашон ба Тоҷикистон фиристад. Бино бар ин, наметавонам тавзеҳ диҳам, ки чаро давлати Амрико ин тавр кардааст”.

Аммо ҷониби Тоҷикистон дар ин маврид низ сухане барои гуфтан дорад. Онҳо дар парвандаи ҷиноии ин ду нафар, ки аз тарафи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон таҳқиқ шудааст, навиштаанд, ки чун Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов дар Афғонистон алайҳи Амрико муртакиби ҷиноёте нашудаанд, ин афрод барои муҳокима ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Зеро ҷиноёти марбут ба убури ғайриқонунӣ аз марз ва хидмат ба унвони зархарид дар сафи нерӯҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон дар хоки Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ин ду нафар тибқи кавонини ин кишвар муҳокима ва зиндонӣ шудаанд, на барои ин ки дар Афғонистон алайҳи Амрико ҷангидаанд ё хайр.

Бо ин ҳол, сафорати Амрико дар Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин маврид ҳарфе нагуфтааст. Ҳатто ба дархости мо дар бораи шарҳи ин масъала посухе ироа накард.

ЧАРО АВФ НАШУДАНД?
Мақомоти давлати Тоҷикистон дар соли гузашта, тибқи қонуни авф, ки дар робита ба бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафӣ ва 15-умин солгарди Қонуни асосӣ аз тарафи раиси ҷумҳур эълон шуд, бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз зиндониёни кишварро озод карданд. Ба таъйиди онҳо, ҳамзамон мӯҳлати ҷазои бештар аз 3 ҳазор нафари дигар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шудааст.

Аммо дар ин қатор исми Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, ки дар зиндон нигаҳдорӣ мешаванд, ба чашм намехӯрад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Валихон Воҳидов номаҳо ва дархостҳои батакрори онҳо низ ба унвонии Додситонии кул ва раиси ҷумҳур дар бораи авфи фарзандонашон беҷавоб мондааст.

Шӯҳрат Қудратов, узви Консорсиюми юридикӣ дар Душанбе, мегӯяд, дар баробари ин ду бандии собиқи Гуантанамо, ки тибқи моддаҳои 355 ва 401-и Қонуни ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд, бояд қонуни авф татбиқ мешуд. “Агар бештар аз панҷ сол менишастанд, он вақт тибқи қонуни авф озод мешуданд. Аммо ба далели он ки се сол нишастаанд, ҳадди ақал мӯҳлати ҷазое, ки додгоҳ барои онҳо муносиб донистааст, то чор сол кам карда мешуд”,-афзуд ӯ.

Аммо дар идораҳои расмии давлати Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ башиддат худдорӣ варзида ва танҳо гуфтанд, ки ҳардуи инҳо дар листи одамоне шомил будаанд, ки мавриди авф қарор намегирифтанд. Ба ин далел ки ба гуфтаи онҳо, ин ду нафар ба иртикоби ҷиноёти сангин муттаҳам мешаванд.

Ҳафтаноми сиёсии “Фараж” дар моҳи марти соли гузашта нусхаи номаи Муҳайё Воҳидова ва Саломатхон Шарофова, модарони Муқит ва Рукниддинро нашр карда, буд, ки ба номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон навишта шудааст.

Онҳо аз оқои Раҳмон хостаанд, ки бо дахолати ӯ парвандаи фарзандонашон бознигарӣ шавад. Ин модарон фарзандони худро бегуноҳ дониста, зиндонӣ шудани онҳоро берун аз чорчӯбаи адолат номидаанд. Ҳамчунин онҳо гуфтаанд, Муқит ва Рукниддин аз миёни даҳ нафар бандиёни собиқи Гуантанамо буданд, ки ба Тоҷикистон оварда шуда, зиндонӣ гардиданд. То кунун аз дафтари раиси ҷумҳур ба ин нома на ба унвонии модарон ва на ба унвонии нашрияе, ки онро интишор додааст, посухе нарасидааст.

ҲАРОСИ ОХИРИН ТОҶИК
Чунин сарнавишти печидаи ду бандии собиқи Гуантанамо дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Умар Абдуллоев, охирин тоҷик дар Гуантанамо, аз мақомоти Амрико хостааст, то ӯро ба кишвараш мунтақил накунад. Вакили дифоъи ӯ дар посух ба суолҳои мо гуфт, вай аз таҳдидҳое, ки барояш маъмурони низомӣ ва вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Гуантанамо кардаанд, ҳарос дорад.

“Маъмурон бештар аз як маротиба, ҳангоме ки бо Умар дар Гуантанамо боздид карданд, ӯро мавриди таҳдид қарор доданд. Онҳо ӯро таҳдид карданд, ки дар зиндон меандозанд, шиканҷа мекунанд ва ҳатто аз байн хоҳанд бурд”,-афзуд Метю О Ҳара.

Вакили дифоъи Абдуллоев дар ариза ба унвонии додгоҳ навиштааст, ки баррасии парвандаи Умар Абдуллоев бояд идома ёбад ва агар Амрико барои ӯ кишвари муносиб барои паноҳгоҳ наёбад, пас Абдуллоев ҳақ дорад, ки дар Иёлоти Муттаҳида бимонад.

Метю О Ҳара бовар дорад, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон дар робита ба Муқит ва Рукниддин низ ҳамингуна таҳдидҳоро раво дидаанд. Агарчӣ худи Муқит ба далели халал надидани ҳузураш дар зиндон аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ меварзад ва мегӯяд, танҳо як бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор карда, дафъаҳои баъд ба сӯҳбати онҳо ҳозир нашудааст.
Бо ин ҳол, Метю О Ҳара мегӯяд, “вазорати умури хориҷии Амрико ва ҷомеаи маданӣ бовар доранд, ки шароити ҳуқуқи башар дар зиндонҳои Тоҷикистон ва системаи ҷазоии Тоҷикистон заъиф ҳастанд ва шиканҷа бо масуният рух медиҳад. Инҳо далоили изтироби мо аст”.

Вай ҳамчунин афзуд, “мо бовар дорем, ки бозпас фиристодани Умар ба Тоҷикистон поймолкунии ҳуқуқи Умар ва нақзи фарзҳои Амрико Иёлоти Муттаҳида дар зери Конвенсиюни зидди шиканҷа хоҳад буд”.

НИГАРОНӢ АЗ ШИКАНҶА ДАР ЗИНДОНҲО
Нигаронии Умар Абдуллоев ва вакили дифоъи ӯ дар мавриди имкони муҷозоташ аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ дар ҳолест, ки созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз вазъи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳамвора ибрози нигаронӣ кардаанд.

Паём Фурӯғӣ, ҳомии ҳуқуқи инсон дар Душанбе, мегӯяд, муҳимтарин нигаронӣ ин аст, ки то ҳоло ҳич созмони мустақиле ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надорад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон қарордоди ихтиёрии зидди шиканҷаро имзо накардааст. Ин санад иҷоза медиҳад, ки ин кишвар бо Созмони Милал мувофиқатномае имзо кунад ва пас аз он Салиби Сурх имкон хоҳад ёфт, то аз зиндонҳои ин кишвар боздид анҷом диҳад.

Оқои Фурӯғӣ то як соли пеш ба унвони масъули ҳуқуқи башар дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе кор мекард. Вай мегӯяд, он замон пайвандони Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, аз боздоштиёни Гуантанамо, ки баъд аз истирдод ба Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, аз вазъи онҳо ба ин созмон муроҷиат кардаанд. Вай мегӯяд, пайвандони ин ду нафар низ аз масоили ҳуқуқии қабл аз муҳокима дар додгоҳ ва шароити зиндонҳо шиква кардаанд.

ТОҶИКОНИ ГУАНТАНАМО
Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин зиндони маъруфи давраи ҳукуматдории Ҷорҷ Буш 11 тан аз атбоъи тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки ҳар кадоме ба сабабҳои мухталиф дар Афғонистон ба сар мебурданду дар он ҷо боздошт шуданд. Аммо то кунун дар бораи ин бандиёни Гуантанамо маълумоти муфассале рӯйи даст нест.

Зайнулобиддин Меъроҷов, ки ҳоло дар ҷамоати “Сайёд” - и ноҳияи Шаҳритус ба сар мебарад, тӯли тақрибан ҳафт сол бо исми “Ҷумъаҷони Намангонӣ”дар зиндони Гуантанмо зистааст. Вай мегӯяд, се бор бо намояндагони амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Меъроҷовро моҳи октябри соли 2008, баъд аз он ки бегуноҳияш собит шуд, ба Тоҷикистон оварданд. Ӯро 35 рӯз дар Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ карда, пас аз бозпурсӣ раҳо намуданд.

Зайнулобиддин мегӯяд, ки дар зиндони Гуантанамо ӯро Меҳрубон аз ноҳияи Панҷ, Абдулкарим аз Душанбе, Юсуф, Собит ва Ҳайдар аз Исфара, Мазҳариддин, Муҳибулло ва Абдулғаффор аз Қубодиён ва Умар аз деҳаи “Шарора”-и ноҳияи Ҳисор ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо Меъроҷов мегӯяд онҳо наметавонистанд, ки муфассал бо ҳам мулоқот кунанд: “Он ҷо ин қадар ҷое набуд, ки ҳамроҳи ҳар кас розу ниёз кунӣ. Боз ҷосус набошад гуфта, ҳеҷ кас рози дилашро ба каси дигар намегуфт”.

Комментариев нет:

Отправить комментарий