! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 сентября, 2010

Ба Худои худ хиёнат накунед!

Каюмарси Ато
(Акс аз "Ойина")
Фақат аз як чиз метарсам. Шояд шумо низ. Медонед, ин чист?

Албатта, хиёнат ва боз ҳам хиёнат...

Аммо ҳоло ҳамагӣ ба хиёнат омӯхта шудаанд: бародар ба бародар, писар ба падар ва шавҳар ба ҳамсару зан ба шавҳар хиёнат мекунанд. 


Вале мо бояд аз хиёнат фосила бигирем ва нагузорем, ки шайтони лаъин ба рӯйи қалбҳои мо мӯҳри шайтонияшро бизанад.

“Фронти халқӣ ба Ғарм медарояд?”

Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон
(Акс аз манбаъи номаълум)
Изҳороти созмонҳои хабарнигорӣ дар посух ба баёнияи вазорати дифоъ, қиссаҳои Рашту Мирзохӯҷа ва заъфи аҳзоби мухолиф аз муҳимтарин матолиби ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.

“Фараж” зери сарлавҳаи “Лӯхтакҳои гилин” матлаберо, ки ҳанӯз ду соли пеш дар ҳамин нашрия рӯйи чоп омада буд, дубора интишор дода, онро посух ба баёнияи вазорати дифоъ хондааст, ки ахиран хабарнигоронро дар баррасӣ ва тафсири “нодуруст”-и қазияи Камароб муттаҳам кард.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” дар пешсухани ин матлаб бо таъкид ба вазорати дифоъ навиштааст, “мо аз ҷиноятҳои Мирзохӯҷа Аҳмадов ва гурӯҳи ӯ оғоз аз соли 2007 менавиштем ва хатари ӯро барои шумо барин масъулон мерасондем.”

Вай дар идомаи ҷавобномаи худ гуфтааст, “ин ватан, ин миллат - ватани мо миллати мо низ ҳаст ва ин ки чархи гардун шумобаринҳоро сари курсӣ овардааст, маънои онро надорад, ки бо сӯистифода аз мансаб ба ҷои ислоҳи камбудӣ аз нафарони ислоҳи камбудиро мехоста душман созед.”


29 сентября, 2010

Масъуд Собиров: “Ҳодисаҳои Рашт бояд таҳқиқ шаванд”

Масъуд Собиров, раиси ҲДТ
(Акс моли "Озодӣ")
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши баёнияи расмӣ хостори ташкили комиссияи мустақиле шудааст, ки ба таҳқиқи ҳаводиси шарқи Тоҷикистон пардозад.

Дар ин баёния омадааст, “даргирӣ ва ноамниҳое, ки вақтҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастанд, дар миёни аҳли ҷомеа андешаҳои мухталифро ба миён овардааст. Табиист, ки чунин андешаҳо нобоварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро эҷод мекунад.”

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, аъзои комиссияи мустақил бояд аз ҳисоби намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, CММ, САҲА, ИДМ ва СҲШ ташкил ёбад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон уммедворӣ кардааст, ки ин пешниҳодаш барои омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии воқеӣ ба ҳаводиси минтақаи Рашт аз тарафи аҳли ҷомеа ва ҳизбҳои сиёсиву мақомот пазируфта хоҳад шуд.

Бархӯрдҳо дар водии Рашт, ки ду ҳафтаи ахир аст миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва собиқ размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифин - Мулло Абдулло, Аловуддин Давлатов ва ахиран Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ба ин қатор шомил шуд, идома дорад.

Дар натиҷаи ин бархӯрдҳо 26 сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта ва 15 тан маҷрӯҳ гаштаанд. Мақомот мегӯянд, 6 тан аз афроди марбут ба собиқ размандагон, ки акнун аз онҳо ба унвони террорист ном бурда мешавад, низ куштаву чанд тани дигар боздошт шудаанд.

Дар сӯҳбате, ки бо Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, доштем, аз ӯ дар бораи ҷузъиёти ин баёния пурсидем:

-Дар ду ҳафтаи ахир расонаҳои хабарӣ мегӯянд, нооромиҳое, ки дар минтақаи Рашт сар заданд, нооромиҳои аз пеш тарҳрезишудаанд. Ҳамзамон, ин нашрияҳо мегӯянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ҳарф мезананду халос. Коре аз дасташон намеояд. Дар ин маврид наметавонам аз ҳизбҳои сиёсӣ пуштибонӣ кунам. Зеро расонаҳо дуруст мегӯянд.


Ҳизбҳои сиёсӣ бо пахши изҳорот ва пайгирии ҳалли баъзе масоил машғуланд. Ба ҳамин хотир, Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳоротеро дар бораи ташкили комиссияи мустақиле барои таҳқиқи ҳаводиси Рашт ва барои аз миён бурдани сарусадоҳову сӯйи тафоҳумҳо қабул кард.

Бигузор комиссия вазъи ба амаломадаро таҳлил кунад. Баҳогузорӣ кунад. Ва натиҷаи фаъолияти ин комиссия ба мардум дастрас шавад.

-То куҷо мӯътақидед, ки давлат ин пешниҳоди ҳизби шуморо хоҳад пазируфт? 

-Агар баръакс мебуд, яъне агар ҳизби демократ ҷилави қудратро дар даст медошту ҳизби халқӣ-деморкатӣ ин пешниҳодро мекард, мо ба хушӣ истиқбол мекардем. Бояд мақомоти давлатӣ аз ин имконият истифода барад ва гӯяд, “мардум шумо дар мавриди мо фикри нодуруст накунед, мо ҳамоне ҳастем, ки комиссия натиҷагирӣ кард.”

-Ва аммо нагуфтед, ки ин давлат то куҷо омодаи пазируфтани пешниҳоди ҳизби шумост?

-Давлат то имрӯз бе ҳизбҳои мухолиф кор кард ва ростӣ, ба нокомиҳои бисёр мувоҷеҳ шуд. Имконият дод, ки ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар мавриди он ҳар гуна хулосабарорӣ кунанд.

Имрӯз барои мақомоти давлатӣ имкон пайдо шуд, ки аз ин мавқеи ҳизби демократ ба нафъи худ истифода кунад. Агар истифода кунад, бурди давлат аст. Давлат дар оянда хоҳад, ки эътирозҳо нисбат ба он камтар шавад, ҳамин тур баёнияҳоро ба назари эътибор бигирад ва дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсии мухолифаш бошад.

-Шумо гуфтед, ки давлат бе ҳизбҳои мухолиф кор кард. Оё ҳамкории ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ дар ин чанд соли ахир воқеан чӣ тур буда? 

-Бохти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар мавриди иштибоҳҳояш эрод мегирад, ҳамкорӣ намекунад. Гӯиё, ки ин ҳизбҳо бегонаанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки бо собиқ мухолифинаш низ дар ҳамкорӣ бошад. Онҳо низ шаҳрвандони кишваранд ва ободиву оромии ватанро мехоҳанд. Афсӯс, ки мақомоти расмии Тоҷикистон роҳи ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсиро пеш намегирад.

-Фикр мекунед, чаро ҳамингуна як фарҳанги муколама натанҳо бо ҳизбҳои сиёсӣ, балки бо ҳама қишрҳои ҷомеа аз миён рафтааст? 

-Бубахшед, ҳамин сабаб шудааст, ки нуфузи ҳукумат дар миёни ҷомеа ҳам намондааст. Ин бохти ҳукумат аст.

Барои ман ҳам муаммост, ки барои чӣ пешниҳоди дурустро қабул намекунанд. Баръакси пешниҳоди дуурст ҳукумат амал мекунад, ки натиҷааш зарари молӣ ва ё монеае барои пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ мешавад. Кореро ба дурустӣ ба анҷом расонида наметавонад. Фикр мекунам, атрофиёни президент намегузоранд, ки маълумоти дақиқ то ӯ бирасад ва ӯ қарори дурустро қабул кунад.
(ozodi.org)

22 сентября, 2010

Ҳамсари Мулло Абдулло: "Ӯро 10 сол боз надидаем"

Шамсия Раҳимова,
ҳамсари Мулло Абдулло
(Акс моли "Озодӣ" аст)

Шамсия Раҳимова, ҳамсари Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, ки нооромиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистонро ба номи ӯ пайванд медиҳанд, мегӯяд, даҳ сол боз аз вуҷуди ӯ иттилое надорад.

Хонум Шамсия ҳоло аз бемории буғумдард азият мекашад ва наметавонад роҳ гардад.

Вай мегӯяд, Мулло Абдулло дар оғози солҳои 2000-ум аз кишвар берун рафта, дигар ба манзили худ барнагаштааст ва барои фарзандонаш низ кӯмаке нафиристодааст.

“Мегӯянд, ки дар Тавилдара аст. Лекин як бор ҳамроҳи мо гап назад. Дар ҳамин ҷо бошад, як бор телефон намекунад? Ман беморам, мӯҳтоҷам, ки як нафар нигоҳубин кунад, кӯмак кунад. Дар ҳамин ҷо бошад, наход нафаҳмад, ки беморам ва барои мо чизе бифиристад?”,-афзуд ӯ.

Шамсия Раҳимова соли 1975 Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов)-ро барои ҳамсарӣ интихоб карда, оиладор шудааст.

Вай дар сӯҳбат ба мо “мисли Лайливу Маҷнун будем”-ро низ ёдоварӣ кард, ки ҳосилаш 7 фарзанд, 5 писар ва 2 духтар, будааст. Аммо ӯ гуфт, писари калонияш - Оятуллоро дар охири солҳои навадум гурӯҳе номаълум куштаанд.

Хонум Шамсия ҳоло дар як кулбаи одие дар маҳаллаи Камонгарони Поён дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Кулбае, ки ба гуфтаи ӯ 15 сол зиндагии муштараки ӯ бо Мулло Абдулло дар ин ҷо гузаштааст.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, аммо Мулло Абдулло дар зиндагӣ шахсияте набуд, ки он тавре дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳоло муаррифӣ мешавад.

Ба нақли хонум Шамсия, ҳамсари ӯ то оғози даргириҳои дохилӣ дар Ромити Боло ба унвони барқчӣ кор карда, зиндагии орому осудае доштааст.

“Аз аввал мулло буд. Кӯча мебаромад, бо касе кор надошт. Намепурсид, ки чаро сарат луч ё чаро намоз намехонӣ. Масҷид мерафт, намозашро мехонду меомад. Истироҳат мекард, ғизояшро мехӯрду кор мерафт. Ҳамроҳи фарзандон низ муомилааш хуб буд. Бадхашм набуд...”, -илова мекунад хонум Шамсия.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, бо вуҷуди ин ки онҳо хонаводаи Мулло Абдуллоянд, ҳамсояҳо ва ақрабои ҳамсараш муносибати хуб ва равуо доранд. Вай мегӯяд, ҳоло бародари Мулло Абдулло ба онҳо кӯмак мекунад. Ҳоло ягона писари ӯ Бадриддин устоди фанни забони англисӣ буда, духтаронаш оиладоранду ҳар кадоме соҳиби фарзанд.

Аммо фарзандони хурдии Мулло Абдулло аз ӯ ҳич хотирае надоранд. Духтари кӯчаки ӯ, ки дар замони даргириҳо ба дунё омадааст, то ҳол акси падари худро надида ва ҳам намедонад, ки падараш чӣ сурате дорад.

Шамсия Раҳимова низ мегӯяд, Мулло Абдулло аз оғоз аксбардориро хуш надошт ва аз ин рӯ аксе барои хотира ҳам нагузоштааст.

Танҳо аксе, ки ӯ доштааст, мақомот бо худ бурдаанд, то барои ҷустуҷӯйи ӯ дар сатҳи байналмилал истифода кунанд. Аксе, ки акнун дар қатори даҳҳо афроди мавриди пайгард дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе насб шудааст.

Дар кӯчаҳои Камонгарони Поён вақте номи Мулло Абдуллоро ба забон мегиред, ба ҳайрат нигоҳ мекунанд.

Насли ҷавони ин маҳал мегӯянд, аслан Мулло Абдулло барои онҳо шахсияти ношинос аст ва намедонанд, ки марде бо ин ном дар маҳалли онҳо зиндагӣ карда ё на.

“Ин номро аз забони шумо шунидам. Дар деҳаи мо ин хел одам нест. Аз замоне ки ба дунё омадам, ин хел одамро дар ин ҷо надидам”, -ҷавоб дод яке аз ин ҷавонҳо.

Насли нисбатан калонсони Камонгарони Поён аз Мулло Абдулло хотираҳое доранд.

Онҳо мегӯянд, Мулло Абдуллоро бештар дар масҷид ҳангоми ибодат дидаанд: “Як вақтҳо буд. Дида будам. Ҳолo намедонам дар куҷост. Одами хуб буд. Ба ҳич кас кор надошт. Баъд аз ин ки аз ин ҷо баромад, дигар намедонам.”

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ҳоло ба синни 60 расида, чор бародару панҷ хоҳар дорад, солҳои навадум ба нерӯҳои мухолифин пайваст.

Соли 1997, замоне ки ҷонибҳо созишномаи сулҳро имзо карданд, ӯ ба хилофи ҳамсангарони худ аслиҳаашро ба замин нагузошта, вориди Ҳаракати исломии Узбакистон шуд ва соли 2002 ба Афғонистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон аз 2005 ба ин сӯ Мулло Абдуллоро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Мулло Абдуллое, ки ба гуфтаи Шамсия Раҳимова қисме аз шушу як гурдааш набуд, вале ногаҳонӣ аз хонаводаву зиндагии осудаи худ бурида, ба ҷангу кӯҳу дара пайваст. Муллое Абдуллое, ки ҳама аз ӯ мегӯянду вале ӯ сукут кардааст. Маълум нест, ки ӯ зинда ё мурда.

(аз ozodi.org)

Рӯйхати 25 нафаре, ки дар Камароб кушта шуданд

1. Полковник -- Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович, соли таваллудаш 1961 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Айнӣ);

2. Подполковник -- Сайвалиев Акрам Давлатович, соли таваллудаш 1974 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фархор);

3. Капитан -- Саидҷамол Саидов, соли таваллудаш 1976 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Восеъ);

4. Капитан -- Исоев Наврӯз Раҷабмадович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шӯробод);

5. Лейтенант -- Гиёев Давлатҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1987 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

6. Сержант -- Шодиев Фарҳод Хушвахтович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Данғара);
7. Сержант Мирзанов Элмурод Саиддинович, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Зафаробод); 

8. Аскар Чиянов Зуҳуриддин Пардабойуғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ);

9. Аскар -- Акрамалӣ Абдураҳмон, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рашт);

10. Аскар -- Раҷабов Фаррух (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳристон); 11. аскар Расулов Мансур Орифович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт);

12. Аскар -- Алишери Умаралӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ);

13. Сержант 
-- Ҳотамов Даврон Аъзамович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Данғара); 

14. Аскар 
-- Холиқов Эмомалӣ Аҳмадшоевич, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав); 

15. Аскар -- Оймаҳмадов Насриддин Авлиёқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик);

16. Аскар -- Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе);

17. Аскар -- Авазов Нурмаҳмад Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1986 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав);

18. Аскар -- Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Хуҷанд);

19. Аскар -- Абдураҳмонзодаи Раҷабалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1992 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Норак);

20. Аскар -- Каримов Сиддиқ Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1988 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

21. Аскар -- Норинбекзода Фаридуни Тӯхта, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қубодиён);

22. Аскар -- Аҳмадқул Мурод ӯғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент);

23. Аскар -- Хурматов Неъматулло Қодирович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қумсангир);

24. Хизматчӣ -- ронанда Абдуллоев Баҳрулло, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе);

25. Аскар Норов -- Фармонқул Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ғончӣ).

21 сентября, 2010

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Агар таъқиб идома кунад..."

Мирзохӯҷа Аҳмадов
(Акс моли Бибисӣ аст)

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқ нерӯҳои мухолифин дар Рашт мегӯяд, таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа боис ба нигаронӣ аст ва метавонад, ки авзоъро аз ин ҳам печидатар кунад.

Ӯ мегӯяд, ин амалиёт субҳи рӯзи 21-уми сентбяр, дар деҳаи Такоба оғоз шуд ва наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ, пас аз он ки нерӯҳои ҳукуматӣ манозили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Вай афзуд, “бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...”

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳузури нерӯҳо дар минтақа ба манзури анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ аст, на таъқиби собиқ размандагон.

“Дар ҳама минтақаҳо ҷузъу томҳои ҳама сохтори қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро доир мекунанд. Ин воқеият дорад. Зеро ҳар маълумоте, ки аз ҷониби разведкаи ҳарбӣ ба ситоди доимамалкунанда фиристода мешавад, ҳатман мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт”,-афзуд вай.

Оқои Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, тафтиши ин ё он маълумот ва ё кофтукоби манзили сокинон худсарона сурат нахоҳад гирифт: “Фаъолияти нерӯҳои Тоҷикистон ҳама зери назорати роҳбарони мақомоти қудратӣ қарор доранд. Яъне, ягон нафар худсарона ва бидуни фармон ва бе супориши қатъӣ амал карда наметавонад.”

Аммо нигаронии Мирзохӯҷа Аҳмадов аз кофтукоби манзили размандагони собиқ дар Такоба дар ҳоле будааст, ки ба гуфтаи ӯ размандагони собиқ ҳаёти осоишта дошта, нияташон набудааст, ки дар умури давлат дар минтақа халал ворид кунанд.

Оқои Аҳмадов афзуд, дар сурати идома пайдо кардани чунин таъқибҳо, наздик ба 30 нафаре, ки аз Такоба берун рафтаанд, эҳтимол ба гурӯҳе бипайванданд, ки дар Камароб 25 сарбози вазорати дифоъро куштаанд.

“Ба ҳар як деҳае, ки мераванд, собиқ нафароне, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ буданд, онҳоро мекобанд. Агар дастгир карданд, хуб. Нақапиданд, мегурезад ва меравад ба кӯҳ. Боз пеши Мулло Абдулло ё Аловуддин Давлатов...”,-афзуд вай.

Аммо оқои Аҳмадов гуфт, худи ӯ феълан дар манзилаш қарор дорад ва ҳоло ҳеҷ амалиёте алайҳаш оғоз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши як баёния аз чунин ранг гирифтани авзоъ дар минтақаи Рашт нигаронӣ карда, аз марги 25 сарбози вазорати дифоъ ҳам таассуф хӯрдааст.

Дар ин баёния омадааст, “ахиран рӯҳия ва фазои моломол аз хушунат, адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст...”

Ҷалолуддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ин бора ба Озодӣ чунин гуфт: “Маълум аст, ки кофтукобҳо пас аз ин гуна ҳодисаҳо зиёд мешаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибҳоро, чун ду ҷониб даргир шуданд ва ҳамдигарнофаҳмӣ карданд, ба муколама даъват мекунад. Дар матни муроҷиатнома ҳам омадааст, ки ҳар гоҳ муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад. Ҳизби наҳзати исломӣ авзоъро зери назар дорад ва ҳар лаҳза омӯзиш мекунад”.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар ҳамлаи пурқурбонии Камароб ва дар маҷмӯъ аз он чӣ дар шарқи кишвар мегузарад, дасти як гурӯҳи берунаро мебинад.

Аз ин рӯ вай мегӯяд, ҳоло фурсати он аст, ки бояд аз собиқ размандагони мухолифин истифода кард, на ин ки онҳоро аз худ гурезонд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, “ҳоло чи собиқ мухолифон ва чи мардуми одии Рашт дар фикри ин нестанд, ки дубора вориди даргирӣ шаванд, балки омодаанд, манзилу ҳамсару фарзандони худро дар канори худ ҳифз кунанд.”

Бо ин ҳол, ҳанӯз гуфтан мушкил аст, ки оё ин оғози ноамниҳо дар Рашт аст ё анҷоми он. Ҳамчунин, маълум нест, ки имрӯз чӣ касе коҳҳои кӯҳнаро бод додан мехоҳад: ҳукумат ё мухолифон собиқ. Гузашта аз ин, муаммост, ки ҳоло ба зери деги ноамниҳо дар Рашт кӣ оташ мемонад: худиҳо ё бегонаҳо.
(Аз www.ozodi.org)

ГЖК ва “Марги журналист” (Саҳифаҳои зиндагӣ)


...Мо бояд ҳарчӣ зуд ба Хуҷанд мерафтем. Замони дарси ман ҳам фаро расида буд. Аммо наметавонистем, ҳадди ақалл як рӯз дар Душанбе намонем. Мехостам пойтахти орзуҳоямро низ бубинам.

Ба хонаи амакам, ки додари ӯгайи падарам аст, омадем. Манзили ӯ дар наздикии бинои Сирк, дар шаҳри Душанбе, ҷой гирифтааст. Дар хонаи ӯ ҳамагӣ як рӯз меҳмон шудем.

Дили ман барои рафтан ба бинои ГЖК ё маркази табъу нашри “Шарқи озод” тангӣ мекард. Биное, ки ба нишонии он даҳҳо нома фиристодаму нашрияҳо ҳамаи онро дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.

Бахусус, ҳафтаномаи “Оила”, ки он замон саҳифаи махсусе барои навҷавонон дошту муаллифи фаъолаш будам.

Хулоса, ба бинои шонздаҳошёнаи ГЖК ҳам омадам. Бовар мекунед ё не, ин барои аввалин бор буд, ки лифтро медидам ва мехостам тавассути он ба боло бароям, ба назди Маҳмадалии Мақсадулло, аз дӯстони наздики банда, ки он замон сардабири ҳафтаномаи “Оила” буд.

Ёдам намеравад. Аз сабаби он ки намедонистам аз лифт чӣ гуна истифода кунам, ночор дар ошёнаҳои поёнии бино аз лифт берун омадам ва пиёда аз зинапояҳо ба боло ҳаракат кардам.

Маҳмадалӣ маро бо эҳтироми хос пешвоз гирифт. Мо бо ҳам сӯҳбат кардем. Вақти хайрухуш чеҳраи нафареро дидам, ки дар утоқе дар рӯбарӯи утоқи Маҳмадалӣ меистод.

Иштибоҳ накардам. Ин чеҳари ошно буд, ки фақат дар саҳифаи матбуот дида будаму халос. Шояд садояшро ҳам мешунидам, хуб мешинохтам. Барномаҳои ҷавонии ӯро дар Радиои Тоҷикистон бисёр гӯш карда будам.

Ин нафар Хуршеди Атовулло, он замон муҳаррири ҳафтаномаи маъруфи “Тоҷикистон” буд.

“Тоҷикистон”-ро барои он маъруф гуфтам, ки воқеан он замон маъруфият дошт ва бо матолиби ҷолибу хонданӣ ва интиқодӣ дар сафи аввал буд. Дар он солҳо дар ин ҳафтанома Мазҳабшои Муҳаббатшо, Хуршеди Атовулло, Султони Ҳамад, Раҷаби Мирзо, Сайёфи Мизроб, Муҳиддин Идизода ва чандеи дигар кор мекарданд. Нафароне, ки ҳар кадомеашон ҳар ҳафта як матлаби хубу хонданӣ ба чоп мерасониданд.

Аммо ҳар бор ин ҳафтаномаро ба хотири навиштаҳои Хуршеди Атовулло ва Мазҳабшои Муҳаббатшо ҷустуҷӯ мекардаму мехондам.

Хуршеди Атовулло мисли ҳамеша бо эҳсос дар бораи скинҳедҳо менавишт ва аз рӯзгори пур аз ғурбати тоҷикони мардикор дар Русия мегуфт.

Бо хоҳиши ман, Маҳмадалӣ маро ба назди Хуршеди Атовулло овард. Дар лабонаш сигор гузошта буд ва беист дуд мекард. Шояд назараш намегирифт, ки як ҷавон барои дидани ӯ ба ин ҷо омада. Шояд...

Вале мо ба ҳамдигар даст додем, пурсидем. Маҳмадалӣ гуфт, ки як ҷавон барои диданат аз Ашт омада. Хуршед хандид ва мағрурона пурсид: чӣ кор мекунӣ, мехонӣ?

“Бале, нав донишҷӯ шудам”,-посухи ман ин буд.

Аммо вақте фаҳмид, ки журналист шудан мехоҳам гуфт, ки беҳтараш ин касбро ихтиёр намекардам. Ӯ шояд намедонист, бо вуҷуди ин ки журналист шудан дар дили ман набуд, аммо ӯ ва чанд тани дигар дар дили ман тухми меҳр нисбат ба ин касбро (аксарият хато мекунанд, ки мегӯянд журналистика касб нест!) коштаанд.

Ман журналист шудан ва журналист будан мехостам. Аллакай дар ин роҳ ба сафар баромада будам.

Хуршед, аз ҷои худ бархосту китоберо ба дасти ман дод. Китобе бо номи “Марги журналист”. Китобе, ки детектив асту худи ӯ навишта.

Детективе, ки фикр мекунам, Хуршед дигар натавонистааст мисли он детектив ва қаҳрамонҳояш детективе биофарад. Ҳарчанд дар ин чанд соли ахир детективҳои зиёдеро рӯйи чоп овард, мисли Доғи як бӯса ва Хунро бо хун мешӯянд.

“Марги журналист”-ро он шабе, ки дар Душанбе будам, хондам. Хеле сода, аммо ҷолиб навишта буд. Дилам ба ҳоли Ҷамшед (қаҳрамони ин детектив) месӯхт.

Ин китоб ҳоло дар дасти кадом як духтараке дар Хуҷанд аст, ки солҳои донишҷӯйӣ аз ман гирифта, вале барнагардонида буд. Китобе, ки маро маҷбур кард, то воқеан журналист бошам. “Марги журналист”...

20 сентября, 2010

"Ҳамла кори дасти Алии Бедакӣ буд"

Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва аз размандагони пешини мухолифин, ҳамлаи пурқурбонии рӯзи 19-уми сентябр болои сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камаробро кори дасти бародараш хонд.

Шоми рӯзи душанбе, 20-уми сентябр, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон навореро намоиш доданд, ки дар он Ҳусниддин Давлатов гуфт, Алии Бедакӣ шахсан дар ин ҳамла иштирок кардааст ва ҳоло дар зери итоати ӯ бештар аз 100 ҷангиён ва он ҳам аз ҳисоби ҷавонҳои маҳаллӣ қарор доранд.

Вай афзуд, ин ҷавонҳо асосан дар зери ниқоби таълимоти исломӣ бо таълимоти ҷангӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин хабарро дар вазорати умури дохилӣ ҳам таъйид карданд.

Аммо дар чанд рӯзи пеш наздикони Аловуддин Давлатов хабари пайвастани ӯ ба гурӯҳи Мулло Абдуллоро шадидан радд карда ва гуфта буданд, ки феълан Аловуддин ба тиҷорати худ машғул аст ва ҳаёти мулкӣ дорад.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ дар ҳоле хабар дода, ӯро барои ҳамдастӣ ба бародараш Аловуддин Давлатов муттаҳам донистанд, ки ӯ дар рӯзи иди Рамазон дар шаҳри Душанбе аз тарафи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда буд.

Аз Ҳусниддин Давлатови 33-сола ба унвони намояндаи маҷлиси маҳаллии Рашт ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон ном бурда мешавад. Агарчӣ масъуолони ҲНИТ гуфта буданд, ки иллатҳои боздошти ӯ рӯшан нест, вале баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Ҳусниддин Давлатов барои харидории либосҳои низомӣ боздошт шудааст.

Худи Ҳусниддин Давлатов ҳам дар навори видеоие, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, гуфт, ӯ ҳар сари вақт барои харидории хокаи алюминий ва нурии минералӣ ба Душанбе меомад, вале намедонист, ки ин ҳамаро бародарашу ҳаммаслакони ӯ ба чӣ ҳадафе истифода мекарданд.  

Даъват алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло


Ҳамдиёрони азиз!

Рӯзи 19-уми сентябри соли равон гурӯҳи ҷинояткорон ба мошини хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар дараи Камаров пайи хизмат равон буданд, ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа 25 нафар хизматчии ҳарбӣ ҳалок гардида, чанд тани дигар захм бардоштанд.

Душманони миллати азияткашидаи тоҷик бо мақсади дубора ба оғӯши хоку хун кашидани фарзандони ӯ халтаи макру фиребро боз намудаанд. Гумоштагони онҳо ва ҷонибдорони миллату мазҳабфурӯшашон, ки дар бадали чанд танга нангу номус ва имонашонро мефурӯшанд, бо сад ҳиллаву найранг нияти ҷавонони бетаҷриба ва гумроҳро ба доми хеш афканда, онҳоро барои куштани хоҳару бародар, модару падари худашон тарғиб кардан доранд.

Оё имрӯз мо соҳиби ҳамон давлат нестем, ки ниёгони мо тӯли беш аз ҳазор сол орзу доштанд ва ормони дили худро ба синаи хок бурданд?! Магар Президенти кишварамон фарде нест, ки ба хотири эҳёи дубораи суннатҳои миллӣ пайваста талош менамояд? Магар ӯ набуд, ки аз минбари баланди СММ бори аввал аз дини мубини ислом пуштибонӣ намуд ва ҷашни 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзамро дар сатҳи баланд баргузор намуд? Оё имрӯз дар саросари кишвари мо ҳазорҳо масҷиду мадорис, ки фарзандонамон озодона таълим мегиранду мардумамон ибодат менамоянд, фаъолият надоранд?

Аммо ин гурӯҳи миллатбезору мазҳабфурӯш дар зери ливои муқаддаси исломи азиз пинҳон шуда, бо кӯмаки ҷинояткорони дар мактабҳои террористии мамолики дигар тарбиятгирифта, ба хотири як гурӯҳи хаёлпарасти бераҳму беинсоф нияти вайрон намудани кишвари азизамонро доранд. Мехоҳанд давлатеро, ки Худованд баъди ҳазор сол бароямон насиб гардонидааст, аз байн бубаранд.

Имрӯз пӯшида нест, ки ба гурӯҳҳои террористии дар дараи Камаров мавқеъ гирифта Абдулло Раҳимов (лақабаш Мулло Абдулло) ва Аловиддин Давлатов (лақабаш Алӣ Бедак) сарварӣ менамоянд.

Мо ба Шумо ҳамдиёрони иззатманд, ба он хотир муроҷиат менамоем, ки барои гирифтани пеши роҳи ҷинояткорон дастҷамъӣ ба мубориза бархезем. Нагузорем, ки афроди ҷинояткору меҳанфурӯш диёри зебоманзари Раштро боз ба чанги оташ диҳанд. Нагузорем, ки онҳо аз нав боиси марги даҳҳо ҷавонони дунёнадида, ятим гардидани садҳо нафар тифлони маъсуми тоҷик, нолаи ҷонсӯзи модарон ва фарёди навмедонаи арӯсони нозанини тоҷик гарданд. Ба ҳамин хотир ҳар кадоми Шумо ҳушёриро аз даст надиҳед. Пеши роҳи ҷавонони дунёнадидаву бетаҷрибаро бигиред, ки мабодо ба доми фиреби онҳо гирифтор нашаванд.

Тоҷикистони азизи мо дар як мӯҳлати кӯтоҳ таҳти сарварии Президенти мамлакатамон, фарзанди фарзонаи миллат ба як кишвари ободу овозадор табдил ёфт. Халқи тоҷик соҳиби ном ва соҳиби Ватан шуд. Ҳамин шӯҳрату обрӯ боиси пайдо шудани кинаву ҳасад шудааст. Бадхоҳони миллати мо аз бахилӣ ва нотавонӣ ба ҳар кор қодир ҳастанд. Онҳо намехоҳанд ҷаҳониён боэҳтиром дар бораи як миллати соҳиби мактаби сулҳофарин, миллати башардӯсту ободкор ҳарф бизананд. Мехоҳанд Тоҷикистон -хонаи умеди тоҷикони тамоми дунёро маҳв намоянд.

Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои қудратии кишвар ба хотири саркӯб намудани харобкорон ва ҷинояткорону қотилони зархарид қиём кунед. Бигузор душманони миллат донанд, ки тамоми халқи тоҷик ва тоҷикистониён таҳти сарварии Роҳбари давлати худ Эмомалӣ Раҳмон танҳо нияти ободкорӣ ва сулҳофариниро доранд.

(Муроҷиатномаи дар маҷлиси фаъолони
ноҳияи Рашт 20-уми сентябри соли 2010 қабул карда шудааст)

16 сентября, 2010

Ишқи Куйбишев (Саҳифаҳои зиндагӣ)

...Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли 2002-ро дар Куйбишев гузаронидам. Бо хушиву хурсандӣ. Агар аз як сӯ донишҷӯ шуданам маро хушҳол мекард, аз тарафи дигар бо даҳҳо наздикони падарам, ки солҳои тӯлонист аз макони бобоии худ ба Куйбишев кӯчида омада ва дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд, аз наздик ошно шудам.

Барои аввалин бор дар меҳмонии Бобои Мирзобой дар табақи чӯбин ғизо хӯрдем. Ин ҳам барои ман ҷолиб буд. Зеро агарчӣ дар деҳаи мо аз қошуқи чӯбин истифода мекунанд, вале табақи чӯбинро кам дидаем. Ва ҳам барои аввалин бор буд, ки дар ин ҷо фатиршӯрбо хӯрдем.

Бобои Мирзобой, ки номашро дар ин ҷо зикр кардам, тағои падарам аст. Тағои ӯгайи падарам. Вай дар солҳои ҳукумати шӯравӣ ба Кӯйбишев омада, ҳамроҳи чанд тани дигар дар замини холӣ манзил бунёд ва, ҳамин тавр, заминҳоро корам кардааст. Ҳоло дар деҳаи мо як бародари ӯ зиндагӣ мекунад.

Аммо Бобои Мирзобойро мо камтар мебинем. Зеро ӯ дар як сол як бор ва ё шояд дар чанд сол як бор ба деҳа равад. Як писари ӯ Раҳимҷон чанд сол пеш дар деҳаи мо зиндагӣ кардааст. Вай як писару як духтар дошт. Ҳофизу Мастона. Модарашон барвақт аз дунё гузаштааст. Ҳофизу Мастонаро бошад, бобову бибияшон ба воя расонидаанд.

Солҳои ҷанги дохилӣ як писари дигари бобои Мирзобой тамоми ҷиҳози хонаашро ба деҳаи мо бурд. Як қисмашро дар хонаи мо монду як қисми дигарашро дар хонаи додари бобои Мирзобой.

Он вақт сабаби инро намедонистам. Фақат медонистам, ки дар кишвар ҷанг асту онҳо барои амнияти худ ба деҳа омадаанд ва ҳам ҷиҳозашонро низ овардаанд. Ҳоло сабаби ин ҳамаро мефаҳмам. Аз сабаби ин ки зани бобои Мирзобой ҷои баромадаш Ғарм аст, дар даврони ҷанги дохилӣ онҳоро вовчик гуфта ранҷ медодаанд.

Пас аз хатми ҷанг писари бобои Мирзобой тамоми ҷиҳозашро дубора ба Куйбишев овард. Ва то кунун ӯро надидаам.

Хулоса, Куйбишев барои ман аз ҳар ҷиҳат ҷолиб буд ва сафҳаи наверо дар зиндагиии ман боз кард. Дар ин ҷо, дар тӯйи хонадоршавии писари аммабачаам, ки маҳз ба ин сабаб ба Куйбишев омада будам, Мастона – набераи бобои Мирзобойро дидаму дил бохтам. Вай натанҳо духтари зебо, сиёҳчашму кокулдароз ва ҳалиму меҳрубон, балки хеле боэҳтиром низ буд. Ҳамеша ҳамроҳи бибияш мегашт.

Натавонистам оташи меҳре, ки нисбат ба ӯ дар дили ман аланга мезад, аз Мастона пинҳон дорам. Вай низ гӯё чашмакзаниҳои маро мефаҳмид. Мо бо ҳам унс гирифтем. Бештари вақтамро, кӯшиш мекардам, ки дар хонаи бобои Мирзобой гузаронам, то ҳарчӣ бештар бо Мастона наздиктар бошам.

Аммо дар бораи ишқу ошиқӣ ба ҷое нарасидем. Зеро шаби тӯйи хонадоршавии Обидҷон ҳам баргузор шуду бозгашти мо ба шимоли кишвар наздиктар. Шаби тӯйро бо хушӣ гузаронидем. Келинро ба хонаи бахташ дароварданд. Тарафи арӯс одати аҷибе доштаанд, ки бояд як нафари намояндаи онҳо то субҳ дар наздики ҷойи хоби арӯсу домод бинишинад.

Домод инро қабул накард. Чунки ӯ ҳам мисли ман буду ин одатро намедонист. Вай дар ҳаяҷон афтода буд. Вале ҷониби арӯс, аз ин ки одати онҳоро домод нодида гирифт, хонаи аммаамро тарк карданд. Бо ин ҳол, як намояндаи арӯс худаш танҳо монд ва ҳамроҳи аммаи калониям, ки аз деҳа омада буду домод наберааш аст, хоб рафт.

Мо ҳам то дергоҳ ҳамроҳи акои Абдукарим, ки духтури дандон ва холабачаи падарам аст, сӯҳбат кардему хоб рафтем.

Субҳ офтоб баромада буду моро аз Куйбишев гусел мекард. Баъзеҳо гиря мекарданду баъзеҳо даст меафшонданд. Ман ҳам даст бардоштам, ба уммеде, ки дубора боз гардам ва ба ишқам бирасам...

Мо аллакай дар роҳ будем...Аз самти Куйбишев ба суйи Хуҷанд...

Таҳаммул: сабр ё тарс?

Мисли ин даҳҳо калисои насронӣ
ҳастанд, ки барои мардуми Тоҷикистон
зангӯла мезананд...
16-уми ноябр дар тақвимҳои ҷаҳонӣ ба унвони рӯзи таҳаммулпазирӣ ва таҳаммулгароӣ сабт шудааст. Аммо ин сана дар Тоҷикистон рӯзи хос нест ва аксарият намедонанд, ки дар ин рӯз аз таҳаммул ё сабри беандозаи онҳо ҳам ёдоварӣ мешавад.

Тоҷикон – мардуми таҳаммулнопазир?

Мақомоти расмии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки аксари сокинон аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд ва ин мазҳаб ба унвони мазҳаби таҳаммулгаро эътироф шудааст, мегӯянд, ки сокинони кишвар мардуми ботаҳаммуланд. Вале иддае аз коршиносон ин даъвои мақомотро рад мекунанд.

Аз ҷумла, Музаффар Олимов, раҳбари созмони назрпурсии “Шарқ”, дар заминаи пурсишҳои ин марказ, ки дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст, мегӯяд, мардуми тоҷик на ба он ҳадде таҳаммулпазиранд, ки тавсиф мешаванд:

Вақте савол дар бораи он меравад, ки шумо дар бораи ҳамсояҳои худ, шахсони бегона ва намояндагони мазҳабҳои дигар чӣ назар доред, посухашон чандон мусбат нахоҳад буд. Аз посухи онҳо рӯшан мешавад, ки табитан мо аз ҳад зиёд таҳаммулпазир нестем. Ин таҳқиқоти мо дар тӯли як сол ва ё мӯҳлатҳои кам не, дар тӯли чандин солҳо анҷом шудааст. Чунин таҳаммулнопазирии мардум дар минтақаҳо ҳам ба назар мерасад, дар шаҳрҳо ҳам”.

Марзи таҳаммул то куҷост?

Аммо аз нигоҳи баъзе аз соҳибназарон, сабру тоқат ва таҳаммул гӯиё ба ҷузъе аз зиндагӣ ва ё одатҳои мардуми тоҷик табдил шудааст. Масалан, “сари хамро шамшер намебурад” ё “сабр кунед, аз ғӯра ҳалво мепазад”, масал ё зарбулмасалҳое ҳастанд, ки худи мардум эҷод кардаанд. Ва ин ба гуфтаи соҳибназарон, навъе аз нишонаи таҳаммулгароӣ ё пурсабрии сокинон будааст.

Ин дар ҳолест, ки Мавлавии Файзмуҳаммад, аз рӯҳониёни шинохта дар Тоҷикистон, мегӯяд, бояд сабр ҳам ҳадду канор дошта бошад. Вагарна, ба гуфтаи ӯ, он сӯи марзи сабр тарсуии бандагони Худо хоҳад буд: “Он мақоле, ки касе як шаппотӣ ба ин тарафи рӯят зад, он тарафи рӯятро бидор, ғалат аст. Инро сабр намегӯянд. Ин таҳаммул не, ин тарс аст. Набояд инсон сабр мекунам гуфта, тарсад ва ҳар кас ӯро зери по кунад. Инро шариати мову шумо тавсия намедиҳад. Шариати мо мардумро ба ин хел хориву залилӣ намебарад. Вақте инсон, ки хор шуд, бояд дар муқобили нафари хоркунанда амале нишон диҳад”.

Таҳаммул аз нигоҳи ислом

Замоне ки сӯҳбат аз таҳаммул ва сабру шикебоӣ дар Тоҷикистон меравад, ҳатман аксарият дини исломро пеши назар меоранд. Мавлавии Файзмуҳаммад, рӯҳонии тоҷик, ҳам мегӯяд, таҳаммул аз муҳимтарин нуктаи таълимоти ислом будааст ва ин мазҳаб ҳамеша пайравони худро ба сабр, тоқат ва шикебоӣ даъват кардааст: “Ҳазору чорсаду сӣ сол мешавад, ки исломро зиёда аз се як ҳиссаи ҷомеаи башарӣ як дини мақбул медонанд. Зеро дар дохили ислом таълимоте мисли инсонсозӣ ва ҷомеасозӣ зиёд аст, ки яке аз ҳамин шохаҳо таҳаммулпазирист”.

Зикри таҳаммул дар Қуръон

Зимнан гуфта мешавад, ки калимаи “сабр” ҳам дар чанд ҷое аз Қуръон зикр ёфтааст. Масалан, дар сураи Фурқон омадааст, “инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро музд ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд”.

Аз Мавлавии Файзмуҳаммад пурсидам, ки оё сабр ва таҳаммул ба чӣ маъное дар Қуръон зикр шудааст. Вай мегӯяд: “Дар ахири срураи аср “ватавосав билҳаққӣ ва тавосав биссабр” гуфтаанд. Яъне, Худованд васияти сабр карданро ба бандагонаш имтиёз додааст. Ба сабр васият кардан яке аз имтиёзҳои бандагони мӯъмин аст, ки ҳамдигарро дар мушкилиҳо ба сабр даъват кунанд”.

Дини ислом то куҷо таҳаммулпазир аст?

То куҷо дуруст аст, ки исломро чун дини таҳаммулгаро мешиносанду мегӯянд? Дар як сӯҳбат Фаррух Умаров, таҳлилигар ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии наздии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, аз нигоҳи назарӣ дини мубини ислом чандон дини таҳамммулгаро нахоҳад буд. Зеро ба таъкиди вай, ин дин гӯиё расман таҳаммулгаро набудани худро эътироф кардааст:

Ислом таҳаммулпазир нест нисбат ба мушрикин, ба бисёрхудоӣ, нисбат ба зардуштиҳо. Дар сураи Муҳаммад дар Қуръон омадааст, ки эй мусулмонҳо агар шумо бо кофирон рӯ ба рӯ шавед, онҳоро гардан занед. Аз нуқтаи назари ислом таҳаммулпазирӣ нисбат ба кофирон умуман вуҷуд надорад. Ин нукта дар Қуръон сабт шудааст. Яъне, худи инсониятро ба кофиру мусулмон тақсим кардан худ гувоҳи он аст, ки таҳаммулпазирӣ дар ислом вуҷуд надорад”.

Намояндагони адён дар Тоҷикистон таҳаммулпазиранд?

Ин назари оқои Умаров дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон гурӯҳҳои исломие зуҳур карданд, ки дақиқан ҳамзистӣ бо адёни ғайрро қабул надоранд. Ҳатто то ҷое, ки ихтилофашон бо мазҳабҳои дохили ислом ҳам авҷ гирифтааст. Масалан, пайравони ҷараёни салафия, ки ҳамакнун фаъолияташ аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон манъ шудааст, расман пайравони чор мазҳаби исломро қабул надорад. Ё ки ҳузури пайравони аҳли шиаро умуман таҳаммул намекунад.

Бо ин ҳол, Идибек Зиёев, масъули Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, то кунун дар Тоҷикистон низоъ ё бархӯрди мазоҳиб мушоҳида нашудааст: “Шукри Худованд то имрӯз дар ҷумҳурии мо дар ҳамин замина якон ҳисси бадбинӣ нисбат ба дигарҳо вуҷуд надорад. Тамоми шароит муҳайё шудаанд, то ҳама аз дини худ пайравӣ кунанд ва худои худро бо урфу одатҳои гузаштагонашон ниёиш кунанд. Имрӯз дар ҷумҳурии мо ягон заминаи хусумат ва ё хушунат нисбат ба адён вуҷуд надорад”.

Оқои Зиёев ҳамчунин афузд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодӣ ба эътиқодро дар кишвар кафолат додааст ва тибқи ин қонун ҳар нафаре ҳақ дорад, ки пайрави ин ё он дин бошад ва ё ки набошад. Аммо ин дар ҳолест, ки дар соли 2000 дар шаҳри Душанбе як маъбади марбут ба калисои масеҳии “Сон-Мин”-ро таркониданд ва соли 2004 дар шаҳри Исфара роҳиби баптист Сергей Бессараб дар натиҷаи як амалиёти пайравони гурӯҳи тундрави мазҳабии мавсум ба “Байъат” кушта шуд.

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон даҳҳо калисои масеҳӣ ва ибодатгоҳи яҳудиёну пайравони ҷарёни масеҳии “Сонмин”-ро дидан мумкин аст, ки дар маҳаллҳои сукунатии мусулмонон бунёд ёфтааст. Худи пайравони адёни ғайр ҳам мегӯянд, то кунун мавриди хушунат аз сӯйи мусулмонони Тоҷикистон қарор нагирифтаанд. Баръакс, аксари кулли онҳо аз тарзи муносибати хуби мусулмонони Тоҷикистон бо онҳо истиқбол мекунанд.

Ҷиҳод – муқобили таҳаммулгароӣ?

Замоне ки аҳд кардам, ин навбат дар бобати таҳаммул ва таҳаммулгароӣ сӯҳбат кунем, вожаҳои муқобилмаънои онро ҳам ҷустам. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ антоним ё муқобилмаънои калимаи таҳаммул таҳаммулнопазирӣ зикр шудааст.

Аксари коршиносон аз нуқтаи назари ислом муқобилмаънои ин калимаро ҷиҳод арзёбӣ мекунанд. Аксарият мегӯянд, ислом шояд танҳо динест, ки расман ҷанг алайҳи дуушманони исломро эълон кардааст. Аммо дар муқобили ин, Мавлавии Файзмуҳаммад мегӯяд: “Худованд ашиддоу алал куффор гуфтааст, яъне сахтгиранд мусулмонҳо бар кофирҳо. Аммо руҳамоу байнуҳум, аммо дар байни худашон бисёр бо раҳм бо шафқат ҳамдигарро лутфу меҳрубонӣ доранд”. 

15 сентября, 2010

Саҳифаҳои зиндагӣ

Баъзан мехоҳам китоби хотираҳоямро варақ занам. Ба ёд овардани чанд соле, ки аз сар гузаронидаам, ҷолиб аст…

Соли 2002. Бисёр орзу мекардам, ки ба шаҳри Душанбе равам. Барои идомаи таҳсил дар яке аз мактабҳои олӣ.

Падарам нагузошт. Намехост, ки аз зери назорати ӯ дуртар равам. Барои он ки аз ин ҳисси ӯ огоҳ набошам, мегуфт, ки “писарам, Душанбе комилан ором нест. Мабодо туро азият накунанд.”

Зоҳиран дили кӯчаки ман ба ин ризо мешуд, вале хуб медонистам, ки аз деҳаи мо чандин нафар дар пойтахт зиндагӣ доранд, мехонанд ва кор мекунанд.

Аммо ҳарчӣ мегуфтам, падарам аз гапаш намегашт. Ночор будам. Гиря кардам фақат ба хотири ин ки ба Душанбе омада, таҳсил кунам.

Зеро бисёр мехостам, ки дар пойтахт бошам ва ба ҳамаи бузургон наздиктар.

Шояд сарнавишт ин буд ва ё шояд зуд ба тақдир тан додаву ба Хуҷанд омадам. Шаҳре, ки аз даврони наврасӣ бо ҳар паскӯчаи он ошно будаму дӯстони зиёде ҳам доштам.

Ин бор Хуҷанд маро бо бастаи ҳуҷҷатҳо пешвоз гирифт. Ҳуҷҷатҳое, ки мехостам онро супорида, ба бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шавам.

Вале сайругашт дар маконе, ки ҳуҷҷатҳоро қабул мекарданд, маро ба фикр андохт. Зеро ба факултаи шарқшиносӣ бояд теъдоди ками довталабон дохил мешуданд. Бисёриҳо ба мани деҳотӣ маслиҳат доданд, ки беҳтар аст ҳуҷҷатҳоро ба факултаи дигаре супораму пас аз як соли дигар ба шарқшиносӣ биёям.

Дигар илоҷе набуд. Чунки натанҳо падарам маро ҳамроҳӣ намекард, балки пули бисёре ҳам надоштам, ки ба касе пора диҳам. Ночор ба факултаи суханшиносӣ ва шӯъбаи рӯзноманигорӣ супоридам.

Рӯзи имтиҳон ҳам фаро расид. Намехостам дар ин рӯзҳо ба ман бигӯянд, ки шумо дохил нашудед.

Аммо ба иншои навиштаи ман, ки дар бораи меҳри ватан буд, баҳои се гузоштаанд. Баҳои мулоимхунук. Яъне, на бовар ҳаст, ки аз имтиҳон мегузорӣ ва на бовар ҳаст, ки намегузарӣ. Дарҳол аризаи аппелятсионӣ навишта, хоҳиш кардам, то муаллиме, ки иншои маро тафтиш карда, баҳо гузоштааст, сабаби гузоштани чунин баҳоро бигӯяд.

Мо тақрибан бист дақиқа рӯйи иншои навиштаам, ки саросар пур аз меҳри ватан буд, баҳс кардем. Аз ҳашт иштибоҳе, ки муаллим дар иншои ман ёфтааст, танҳо ба якеи он ризо шудам ва хостам, баҳои сеи маро ба чор иваз кунад.

Баъд аз ин, се имтиҳони дигар супоридем, ки аз тариқи тестӣ анҷом шуд. Хулоса, рӯзи хондани баҳоҳо ҳам фаро расид. Рӯзе, ки фикр мекардам, осмон ба сарам фурӯ мерезад.

Дар толор менишастем. Аз минбар ному насаби дохилшудагонро мехонданд. …Каюмарс… Номи худро шунидам, ураааааааааааааааааааааааа!

Ба падарам занг зада, гуфтам, ки ба донишгоҳ дохил шудам. Ӯ ҳам хушҳол буд ва гуфт, ки бояд зуд ба деҳа оям. Чунки ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ба тӯйи хонавдоршавии писари аммаам меравем.

Он рӯз як саҳифаи зардшудаи рӯзгори ман буд. Рӯзи хушҳоливу хушбахтӣ…Рӯзе, ки ба шӯъбаи рӯзноманигории факулати филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шудам…

14 сентября, 2010

Баёнияи матбуотии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Ҳафтаҳои охир баъзе аз ҳафтаномаҳо ва шахсони барои ҷомеаи рузноманигори ноошно, бо истифода аз минбар ва почтаҳои электронӣ мақолаҳоеро перомуни шахсият ва фаъолияти банда пешниҳоди хонанда карда истодаанд, ки маро бетараф гузошта наметавонад.

Дар ин тӯҳматномаҳо эшон бо истифода аз рамзу киноя ва суханбозиҳо мехоҳанд, маро чун як шахси маккору манфиатхоҳ ва дину мазҳабфурӯш муаррифӣ кунанд. Албатта барои ман аслан ин усули муборизаи онҳо ноошно нест. ҳанӯз аз охири солҳои 1992 то ба 1998 аз ин сабк кор гирифта мешуд ва дар ин тӯҳматномаҳо маро ба ҳайси қотил, душмани миллату кишвар, сулҳу субот муаррифӣ мекарданд.

Вале хушбахтона, тӯҳмати маҳз будани он сад дар сад собит шуду садҳо ҳазор мардуми огоҳ соли 1998 бо эҳтирому ихлоси хос бозгашти маро истиқбол гирифтанд. То соли 2008 дар ин «ҷабҳа» оромӣ буд, вале баъди мусоҳибаву мақолаи банда зери унвони «Афсонаҳои алюминий» «пушка»- ҳои ин «ҷабҳа» дастури «оташкушоӣ» алайҳи бандаро гирифтанд. Кор то ҷое расид, ки маро ҳатто корманди КГБ-и Русия муаррифӣ намуданд.

Хушбахтона, мардуми мусулмони кишвар ба ин тӯҳматномаҳо низ бовар накарда, баръакс, эҳтироми худро бештар карданду камтар не. Гарчанд дар бист соли охир ман ҳамчун шахсияти расмии динӣ фаъолият надоштам, аммо бародарони ва хоҳарони мусулмони мо бо ҳазорон суолҳо дар мавзӯъҳои динӣ ба ман муроҷиат мекарданду мекунанд. Ва ин боварию эътиқоду муроҷиати онҳо боиси рашку ҳасуди нотавонбинону сияҳдилон мешавад.

Дар тӯҳматномаҳои охир барои ман ва хонандаҳое, ки ҳамеша онро хондаанд чизи наве нест, ҷуз он ки ин маротиб дар қатори дигар айбномаҳо маро «доро»-ву «манбаи даромадаш номаълум» номидаанд. Ба иттилои қаламбадастони иҷрогару муздур мерасонем, ки ҳарсола ҳисоботи (декларация) андозро ман ба идораи андоз месупорам. Даромади солонаи ман он ҷой зикр шудааст ва тамоми намуди андоз аз даромад то имрӯз пурра пардохт шудааст. Дар ҳоле муаллифи бенасаб (яъне бепадар) чандин «заводу фабрикаҳо»- и маро пайдо кардааст, аммо дар асл ман фақат як заводи пахта дорам (соли 1999 тариқи музоядаи байналмиллалӣ харидаам), ки бадбахтона, дар натиҷаи бӯҳрони молиявии 2008-2009 қарздор шудааст ва то ҳол ин қарзро пардохт накардаем.

Ин муаллифи бепадар Муҳаммадсалим менависанд: «Тӯраҷонзода як шахси оддӣ ва омӣ нест. ӯ ақл, хирад ва виҷдони сиёсатест, ки дар ниқоби дин бо шиорҳои гуногун ва сӯиистифода аз ислом мехоҳад ҳукумат дошта бошад…»

Муҳаммадсалими бепадар!

Агар ин иғвономаи Шумо пеш аз интихоботи парлумонӣ мебуд, фаҳмидан мумкин буд, ки хоҷагони Шумо чӣ мехоҳанд ва Шумо чаро чунин иғворо ба роҳ андохтаед. Аммо бубинед, ки интихоботи парлумонӣ гузашту ман номзадиамро нагузоштам ва ҳатто шахси боэътимоди касе ҳам набудам. То интихоботи президентӣ бошад, ҳанӯз чор соли дигар аст. Пас, ҳадафи Шумо аз ин «ҳукуматдор кардани Тӯраҷонзода» чист?

Ба иттиллои Шумо, хоҷагони Шумо, сармоягузорони Шумо, ҳукуматдорони кишвар- аз боло то поён, ба тамоми мақомоти дахлдор ва ҳамчунин ба шаҳрвандони азизи кишвар мерасонам, ки ман ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародарони ман на даъвои Президент шудан дорему на даъвои вакили парлумону вазиру ҳокиму раису сафир шудан. ҳамаи ин мансабҳо ба Шумо ва хоҷагону сармоягузорони Шумо насиб кунад, муҳим ба мардум хидмат кунеду бо тарси аз даст рафтани мансаб кишварро ноором нагардонед. Мо зидди нооромии кишвар будем, ҳастем ва хоҳем буд.

Аз ин рӯ, аз мардуми азизи кишвар хоҳиш мекунам то ба ин гуна тӯҳмату дурӯғпароканиҳо, овозаҳо, мақолаҳои фармоишӣ бовар накунед!

Ман бошам ба додгоҳҳои дохилу хориҷ барои муайян кардани ин гурӯҳи воқеан сияҳкор, муаллифони бепадар муроҷиат хоҳам кард ва дар роҳи ҳифзи шаъну шарафи худ ва хонадонам аз ҳама усули қонунӣ истифода хоҳам бурд.

Худо ба Шумову хоҷагони Шумо инсофу виҷдон диҳад.
14.09.2010 с.

07 сентября, 2010

"Амонуллоҳ Неъматзодаро дар Файзобод гӯрониданд"

Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Неъматзода
ҳангоми дуо дар масҷиди
марказии шаҳри Душанбе,
Иди Қурбони соли 2009 

Имрӯз дар Маркази исломии Тоҷикистон расми видоъ бо муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода баргузор мешавад ва сипас ҷанозаи эшон ба зодгоҳи ниёконашон деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод интиқол дода хоҳад шуд.


Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита гуфт: "Мувофиқи пешниҳоди шаҳрдорӣ расми бошукӯҳи видоъ бо муфтӣ Неъматзода дар Маркази исломии Тоҷикистон баргузор мешавад. Баъд аз он мувофиқи васияти эшон он кас ба зодгоҳи бобои бузургашон ба деҳаи Элоки Файзобод бурда мешаванд."

Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, ки аз соли 1997 ба ин сӯ раҳбарии Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, рӯзи 6-уми сентябр бар асари бемории тӯлонӣ аз дунё даргузашт.

Хабари даргузашти эшон дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон пахш шуд ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ даргузашти Шайх Амонуллоҳ Неъматзодаро ба мусулмонони кишвар ва наздикони марҳум таслият гуфт.

Вокунишҳо ба мероси Шайх Амонуллоҳ Неъматзода асосан мусбатанд, аммо ин ҳам гуфта мешавад, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон таҳти раҳбарии ӯ, бо вуҷуди як созмони иҷтимоӣ ва мустақил буданаш пайваста аз манфиатҳои ҳукумат ҳимоят мекард ва дар дифоъ аз манфиати мусулмонон кӯтоҳӣ дошт.
Ба унвони намуна, гуфта мешавад, ки Шӯрои уламо натавонистааст, аз ҳаққи занони мусулмон ба сатр ҳимоят кунад ва аз ҳаққи онҳо ба намози ҷомеа низ. Дар даврони раҳбарии оқои Неъматзода Шӯрои уламо фатво дод, ки дигар занҳои тоҷик ҳаққи гузоштани намоз дар масоҷидро надоранд.

Вале нақши ӯро барои аз миён бурдани низоъе, ки пайравони ҷараёни салафия дар кишвар, бахусус, дар масҷидҳо эҷод карданд, қобили таҳсин медонанд. Иддае бар инанд, ки оқои Неъматзода ҳамеша мардумро ба шеваи намозгузории ҳанафӣ даъват карда, бақияро, ки бо усули барои мардуми мо ноошно намоз мегузоштанду дуо мехонданд, рад кардааст.

Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон низ мегӯяд: Амонуллоҳ Неъматзода яке аз шахсиятҳои барҷастаи динӣ дар Тоҷикистон буд. Зеро тӯли 14 соле, ки эшон дар мақоми баланди динӣ ҳамчун сарвари мусулмонҳо фаъолият доштанд, давраҳои ҳассос ва пурмаъсулияту таърихсози миллати тоҷик буд. Дар ин давра миллат ба ин гуна фарзандон ниёз дошт. Муфтӣ рисолати худро дар масъала ба итмом расонид.

Аммо оқои Неъматзода замоне ба унвони раҳбари Шӯрои уламо пазируфта шуд, ки собиқ идораи қозиёт ё муфтиёти Тоҷикистон дар гузашта яке аз нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар буд ва ҳукумат чунин нақши онро намехост, биноан ӯ талош кард, ки зиёд назаррас набошад.
Шайх Амонуллоҳ Неъматзода то замони омаданаш ба Шӯрои уламои Маркази исломӣ муддате имоми масҷиди Шоҳмансур ва баъдан имомхатиби масҷиди Ҳазрати Мавлоно буд.

Дар зимн, ҷаноби Неъматзода дар тӯли як соли ахир низ дар маҷолис ва сӯҳбати рӯҳониён хеле кам пайдо мешуд. Баъзе аз манбаъҳои наздик ба худи ӯ мегуфтанд, ки оқои Неъматзода аз бемории саратон ранҷ мекашад ва барои табобат аксари вақти худро дар хориҷ аз кишвар мегузаронад.

Бори охир ӯ дар маросими ҷанозаи Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, собиқ раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар масҷиди Имом ал-Бухорӣ баргузор шуд, дар ҳузури ом пайдо ва суханронӣ карда буд.

Феълан гуфта мешавад, фаъолияти Шӯрои уламои маркази исломиро Маъруфулло Раҳимов, муовини Амонуллоҳ Неъматзода идома медиҳад, ки ба ақидаи бархе аз коршиносон, аз эҳтимол дур нест ӯ дар оянда раҳбари ин шӯро шавад.

Зойиров: "Инқилоб не, табаддулоти сиёсӣ мешавад"

Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ,
пас аз эълони натиҷаи интихоботи
моҳи феврали соли 2010, Душанбе
Гурӯҳе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҷунбиши мардумиеро бо номи Иттиҳоди нерӯҳои демократӣ бунёд гузоштанд.
Онҳо мегӯянд, рукуди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сабаби чунин тасмим шудааст ва ҳаракати нав бояд ин фазои рокидро ба ҷумбиш орад, ба ҷисми ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҷони тоза дамад.

Дар садри ин ҷунбиши нави мардумӣ, ки феълан кумитаи тадорукотии он аз ҳафт нафар ва он ҳам аз намояндагони панҷ минтақаи Тоҷикистон иборат аст, Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи кишвар қарор дорад. Қарор аст, конфронси муассисони ин ҷунбиш дар охири моҳи сентябр баргузор ва раҳбару барномаҳои он мушаххас шаванд.

Чунин ҷунбиш оё ба иҷрои аҳдофи онҳо чӣ хоҳад дод, дар ҳоле ки ҳизби сиёсӣ, ниҳоди назар ба ҷунбиш муназзамтару мунсаҷимтар натавонистааст, ба сурати умум муваффақ гардад, ҷунбиш, ки метавонад як созмони васеъ ва барои идора мушкил бошад, чӣ натиҷа оварда метавонад?

Бо ин суолҳо ба муаллифи ташаббус, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зоиров муроҷиат кардем:

-Аз номаш маълум, ки як ҳаракати мардумист. Ҳоло дар вазорати адлия ба қайд гирифта намешавад. Ҳамчун шахси юридикӣ амал намекунад. Аммо он муаррификунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷиҳати сиёсӣ хоҳад буд. Дар чанд муддати ахир, бахусус, пас аз солҳои 2001-2002 ташкил шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишоф ёфтани ин равияҳо дар Тоҷикистон натанҳо заиф, балки фаъолияти онҳо зери суол қарор гирифтааст. Зеро созмонҳои ғайридавлатӣ аз бисёр нигоҳ аз сиёсат дур рафтаанд. Интихоботи солҳои 2005 ва 2010 ба ин оварда расонд, ки ҳукмати Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсиро аз бисёр ҷиҳат пахш кард. Тақрибан ягон ҳизби мухолиф ба миён наомаданд.


Имрӯз тасим гирифтем, ки натанҳо дар асоси ҳизбҳои сиёсӣ, балки дар асоси дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, шахсони инфиродӣ ва намояндагони ваосити ахбори омма як иттиҳоди мардумӣ, иттиҳоди нерӯҳои демократиро ташкил кунем.

Аз ҳоло кумитаи тадорукот ташкил ёфтааст. Онҳо аз ҳафт нафар иборатанд. Мо омодагӣ мегирем ва на дертар аз се ҳафтаи дигар анҷумани ҷунбиши мардумиро дар асоси пешниҳоди ҳам кумитаи тадорукот ва ҳам одамоне, ки хоҳиш доранд ба ин ҷунбиш ворид шаванд, анҷуманро мегузаронем. онфронсро мегузаронем. шаванд, ар аосис пешниҳоди ҳам кумитаи тадорукот ва ҳам одамоне, ки хоҳиш дорндФикр мекунам, охири моҳи сентябр эълон медорем, ки ҷунбиши мардумии Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар асоси анҷуман расмӣ мешавад. 

-Шумо гуфтед, ки ин ҷунбишро дар вазорати адлия ба қайд намегиред. Иллаташ чӣ аст ва аслан дар ин бора қонунгузорӣ чӣ мегӯяд? 

-Сабабаш дар он аст, ки то мо ба қайд мегирем, вақт меравад. Мо ҳоло дар асоси оинномае, ки мо худамон тасдиқ кардем ва барномае, ки барои ин ҷунбиш тартиб додем, амал кардан мегирем.

Ҳоло вақтро ғанимат дониста, фаъолияти худро оғоз мекунем. Қонунгузор дар ин маврид ягон монеагузорӣ надорад. Мо бевосита ҳамчун ҳаракати мардумӣ амал карда метавонем. Оянда ҳуҷҷатҳоро ба вазоарти адлия месупорем, аммо он то куҷо ба қайд гирифта мешавад ё намешавад, ба ҳиммати ин вазорат бастагӣ дорад.


-Кори ин ҷунбиш аз чӣ иборат хоҳад буд? 

-Ин нерӯи мардумӣ барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву фарҳанги иҷтимоии мардум равона мешавад. Кори асосии мо фаҳмондадиҳӣ хоҳад буд. Дар бисёр ҳолат мо ҳаракат мекунем, ки семинару конфронс гузаронида, ба мардум фаҳмонем, ки чаро дар чанд соли ахир ҷомеаи Тоҷикистон пеш рафта наметавонад. Сабабҳои асосиро таҳлил карда, мо бояд ки ҷомеаро барои пеш бурдани ҳам ҷомеа ва ҳам давлати Тоҷикистон омода кунем.


- Дар оғоз ишора кардед, ки ташкили ҷунбиш нақшаи хеле қадимии шумо буд. Вале акнун фурсаташ расид, то он рӯи об барояд. Ин ба кадом маъност? 

- Маънояш ин аст, ки хеле қабл мо ин нақшаро доштем ва барои амалӣ карданаш фикр мекардем. Як вақт гуфтем, ки коалитсия шавад. Як вақти дигар гуфтем, ки бояд ассосиатсия ташкил кунем.

Дар ду ҳафтаи ахир ба хулосае расидем, ки ҳамчун ҷунбиши мардумӣ номгузорӣ кунем. Ҳар як созмони ғайридавлатӣ ва ҳизби сиёсӣ, ки худро демократӣ ҳисоб карда, ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон амал кардан мехоҳад, ба ин ҷунбиш ворид мешавад.Ин ҳамчун алтернативаи ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ шуда метавонад. 


- Чӣ барномаҳои хосе барои иҷро доред?

-Нақшаҳо зиёданд. Вале то гузаштани анҷумани ҳаракати мардумӣ барнмаҳоро ошкор карданӣ нестем. Зеро ҳам барнома, ҳам оиннома ва ҳам раҳбари онро дар анҷумани ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунем.

Феълан ҳаминро гуфта метавонам, ки дар Тоҷикистон рӯз то рӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ қафо меравад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ он қадамҳои устуворе, ки дар оғози солҳои навадум гузошта буд, имрӯз тақрибан аз даст додааст.
Мо ният дорем, ҳамин гуна ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд орем, ки ҳам ҷомеаи шгаҳрвандиро ҳимоят карда тавонад ва ҳам давлату ҳукумати Тоҷикистонро барои пеш рафтан ҳидоят карда тавонад.


-Аммо далелатон барои ин ки мегӯед, ҷомеаи шаҳрвандӣ қафо меравад, кадом аст? 

-Ин бисёр осон аст. Ҳар як ҷомеаи шаҳрвандӣ чанд намуд пояҳои худро дорад. Ҳам пояи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Сараввал, аз ҷиҳати сиёсӣ на танҳо ҳизбҳои сиёсӣ, балки созмонҳои ғайридавлатӣ низ хислати мухолифини конструктивиро дошта бошанд. Рӯйирост гап зада тавонанд. Мо мебинем, ки ин сол ба сол аз байн рафта истодааст ва қувваҳо низ аз миён рафта истодаанд.


Баъдан, соҳаи маориф танҳо барои ҳукумат хизмат мекунад. Симои худро надорад. Ман ягон китоби илмиро надидам, ки кори ҳукуматро танқид карда, роҳҳои бартараф кардани ин камбудҳоро нишон дода бошад. Ё ягон олим рӯйирост алайҳи фаъолияти ҳукумат ҳарф зада бошад ва ғайра.


-Боз ба мавзӯи ҷунбиши мардумӣ баргардем. Фикр мекунед, давлат то чӣ ҳад шуморо ба хушӣ хоҳад пазируфт?

- Ба мо ҳич кас дигар тӯҳмат зада наметавонад. Дар анҷуман ширкат карда, худашон бовар хоҳанд кард, ки ҳар як фард ва ҳар созмоне, ки ба ин ҷунбиш ворид мешавад, аз руйи дилсӯзияш ба мардуми Тоҷикистон ба ин ҷунбиш ворид мешавад. Дар давлате, ки мехоҳад демократӣ бошад ва аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта шавад, ин гуна ҷунбиши мардумӣ ҳам аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам қишрҳои дигари ҷомеа пуштибонӣ ёбад.


 
- Вале гап сари ин аст, ки ҳоло дар раъси ин ҷунбиш шумо ҳастед. Ҷониби давлат фикр мекунад, ин шояд лоиҳаи дигари Зоиров ва ҳизби ӯст... 

- Вақте ки маро раиси кумитаи тадорукот интихоб карданд, гуфтам, ки биёед, ба ҷои ман нафари дигар бошад. Азбаски ному насаби маро дарҳол ба ҳизби сотсиал-демократ ва мухолифи президенти Тоҷикистон рабт медиҳанд.


Бо вуҷуди ин, ин масъаларо ҳам гузоштам, ки бояд ҳамраисӣ бошад. Ё ки ғайр аз Раҳматилло Зоиров дигар одам интихоб гардад.


- Ҳоло дар ду ҳафтаи ахир баъзеҳо мегӯянд, ки вазъи ороми кишвар як андоза тағйир карда. Зоҳиран мардум дар изтироб афтодаанд. Шумо чӣ фикр мекунед ва баъд аз ин чӣ хоҳад шуд? 

- Якчанд бор таъкид кардам ва боз таъкид мекунам, бо ин вуҷуд, ки ҳамеша мегӯянд, ки зиддиҳукуматӣ ҳастам. Агар ҳамин тавр сиёсати ҳукумати Тоҷиикстон идома ёбад, ман гуфта метавонам, ки дар идомаи як сол дар Тоҷикистон табадуллоти сиёсӣ мешавад. Ин табадуллот сараввал аз дохили худи ҳукумат ташкил мешавад.

Он чизе, ки дар Хуҷанду Душанбе рух дод, шурӯъ аз фирори маҳбусин то таркиш, ҳам эътирози ҳуқуқӣ аст ва ҳам эътирози сиёсиву маънавӣ.

Ҳоло вазъият ба дараҷае расидааст, ки агар ҳукумати Тоҷикистон режими сиёсии худро демократӣ карда, иқтисоди кишваро аз дасти монополистҳо озод накунад, мақомоти қудратӣ ва судӣ дар нисбат ба шахсият ҳурматро ба ҷо оварда натавонанд, фикр мекунам, ки барои табаддулоти сиёсӣ дар Тоҷимкистон рӯзҳои башуморе мондааст.

05 сентября, 2010

Tajiks Increasingly Turn To Shari'a

By Tajik Service (RFE/RL) correspondent Kayumars Ato



DUSHANBE, September 3, 2010 (RFE/RL) -- When Bibi Zaynura's ex-husband's

failure to pay alimony made it difficult for her to support her young

children, the Muslim woman first turned to the Tajik state for assistance.

But when official channels brought no results, Zaynura followed the advice

of other women in her village located just outside Dushanbe and sought the

help of a religious leader.



In consultation with the hadith and the guidance of the Koran, the

imam-khatib of the local mosque spoke to Zaynura's ex-husband and reminded

him of his responsibility to care for his former wife and children.



"We all live in the same village, and the mullah can speak to my husband

and reason with him. It's possible that this problem was solved much

faster with the mullah's help, because (my husband) wanted to prevent any

rumors from circulating in the mosque."



Where the state had failed, the imam provided Zaynura the solution she was

looking for, and she is not alone. Even as the Tajik government maintains

tight control on religion, the majority Muslim population is increasingly

turning to Shari'a law -- which is not sanctioned by the state -- to

resolve disputes, family affairs, and personal matters.



One resident of the northern city of Khujand, explains 

why his family eventually went to a mullah to help them settle a family

argument over inheritance from their grandfather. 

"If we took this issue to court, we would have to cut all our family ties.

Thank God, our mullah, who is an intellectual and respectable man, solved

our problem peacefully."



Following decades of suppression under the Soviet Union, religion has a

prominent place among Tajiks today.



Said Ahmadov, former head of the Committee for Religious Affairs in

Tajikistan, told RFE/RL in early August that there has been an increase in

the observance of Shari'a law among Tajikistan's majority Muslim

population since the country's independence nearly 20 years ago. A Gallup

poll released this week (August 31) found that 85 percent of Tajiks said

religion was an important part of their life, with only 12 percent saying

it did not, making Tajikistan first among Central Asian states in terms of

religiosity.



But religious allegiance is not the only factor that leads Tajiks to let

religious institutions weigh in on their problems.



In some cases, fear of corruption in state courts factors into the

decision, with Tajiks saying that court officials sometimes request bribes

in exchange for a particular verdict. In others, people prefer the

personal approach of a religious leader they know to the formulaic

approach of a state bureaucrat. And sometimes going the route of a

religious decision is simply the cheapest alternative.



Islam "has many laws that are close to human nature and make one's life

pleasant," explains Zubaidulloh Rozik, a member of the Council of Ulema of

the Islamic Revival Party. "When we explain to them the benefit of the

teachings of Islam they understand, they agree, and they really express

their satisfaction."



Rozik notes, that "as they say, going to the court has a high cost while

going to see two mullahs, does not cost anything." But he says people

"talk, they listen to advice" and they understand that "from the method of

advice their problem will be resolved."



Qobiljon Boev, leader of the Fatwa Department of the Council of Ulema

(religious leaders) of the Islamic Center of Tajikistan, says most of the

people who appeal to religious leaders seek not only solutions to their

problems, but rulings on the good or evil of their actions from the

perspective of Shari'a.



Boev says the majority of appeals brought before mullahs concern divorce

cases. Often, after a couple has split up,  they regret the decision and

choose to live together again.

He points out that while this would not contradict state law, it would be

haraam (forbidden) under Shari'a law.



Religious officials maintain that consulting Shari'a law does not conflict

with the secular law of the state, and say it can be applied to many

aspects of society that are regulated by secular law.



Referring to court punishments of thieves and drunks, Roziq of the Council

of Ulema of the Islamic Revival Party of Tajikistan argues that consulting

a religious leader is more effective in changing such behavior.



When a thief or alcoholic is released from jail or a rehabilitation

center, he or she will inevitably turn again to stealing or drinking,

Rozik says, whereas religious intervention provides better results.



"Some behavioral problems in some young people happen after they are

affected by 'dark forces.' We read some surahs with them and they get

better."



Strolling through the streets of Dushanbe, the influence of religion is

ever-present. One can see young people listening to sermons instead of pop

music. Religious speeches and sermons are used as ring tones, and groups

of students can be seen listening to the speeches and sermons of their

favorite imam-khatibs out loud on their phones.



The number of people attending Friday prayer also continues to rise, to

the extent that some mosques have been required to build second or even

third floors and widen the area of worship to house all the attendees.



Since he took office in 1992 following a bloody civil war that resulted in

the defeat of a mostly Islamic opposition, the government under President

Emomali Rahmon has prohibited polygamy, banned the wearing of the hijab in

government offices and in universities, and has outlawed prayer outside of

the mosque.



But Said Ahmadov, former head of the Committee for Religious Affairs of

Tajikistan, says that 70 years of living under communism has made people

more focused on religion and its benefits.



"Using this awareness," he explains, "they are trying to follow Shari'a

law. In the meantime this positive move disclosed many shortcomings of

Tajik secular law."



"People have by now gained more knowledge of Islamic culture and Shari'a

rules. And the fact that some secular laws have not been properly

implemented or are not being followed appropriately plays a role here."



Professor Ibrahim Usmon, dean of the journalism faculty at Tajik State

National University, says there are some who are attempting to rapidly

apply Shari'a law to the lives of Tajik citizens.



He says that this goal, which he argues is in contradiction with the

secular law of the government and more precisely with the government's

policies, has the potential to lead to radicalization.



According to Professor Usmon and other analysts, if Shari'a law continues

to be implemented on the current scale, Tajikistan will little by little

exchange the secular business suit with the robes of Shari'a.



But Akrami Abduqahor, a resident of Dushanbe, believes that Sharia has

become so integrated into the lives of Tajiks that the government cannot

dislodge it by imposing secular laws.



"If you go to universities, you'll still see girls wearing the hijab

(despite the government's ban). Recently, authorities in some villages

detained mullahs who taught religious classes to children. There is no

guarantee that these campaigns will eliminate hijab or stop mullahs from

teaching children."



(RFE/RL correspondent Ella Mitchell translated and contributed to this

report.)