! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

28 февраля, 2008

Ёд кун аз ман...

Як замон то доштам дил, дилситонат будаам,
Як замон то доштам ҷон, ҷонфишонат будаам.

То даме будем бо ҳам ҷон ба ҷону дил ба дил,
Ҳамканор андар ҷаҳони бекаронат будаам.

Аз дурангиҳои қисмат то биёбӣ ранги хеш,
Бо ҷаҳони пир пайванди ҷавонат будаам.

Дар миёни ин ҳама дилрезаву ҷонрезаҳо,
Як дилу ҷони тамоми ормонат будаам.

Дар замоне, ки дилат аз орзуҳо монда буд,
Дар фарози орзуҳо ошёнат будаам.

Ёд кун аз ман, ки боре дар раҳи дидори бахт,
Шӯри ишқу нақди вақту сӯзи ҷонат будаам.

Ёд кун аз ман, ки вақте дар гузаргоҳи насиб,
Як баҳори тоза бар қасди хазонат будаам.

Ёд кун аз ман, ки андар чор фасли умри ишқ
Ҳамзабон, ҳамошён, ҳамдостонат будаам.


(Лоиқ Шералӣ)

Даргириҳои дохилии Тоҷикистон: Ҷанги таҳмилӣ ё мубориза барои эҳёи СССР?

Замоне ки дар Тоҷикистон оташи ҷанг аланга мезад ва бародар бародарро мекушт, ҳамагӣ 8 сол доштам. Замоне ки ҳукумат ва мухолифин бо ҳам сари гуфтугӯ нишаста, созиш карданд, 13 – сола будам. Аммо то ҳанӯз дуруст сарфаҳм намеравам, ки чаро тоҷикҳо бо ҳам ҷанг карданд ва ҳамдигарро куштанд. Дар ин бора «Қурбонии дузахма», «Фарёди солҳо»-и Бӯрӣ Бачабеки Каримро хондам. «Табадуллоти давлатӣ»-и Сафаралӣ Кенҷаевро варақ задам. «Субҳи ситоракуш»-и Аслиддин Соҳибназаровро ҳам. Вале фикр мекунам, ин китобҳо бидуни ғараз ва воқеӣ навишта нашудаанд. Бубинед, яке аз ин муаллифон Қаҳҳор Маҳкамов ва дигарӣ Раҳмон Набиевро аз гунаҳкорони аслии ҷанги дохилии Тоҷикистон медонанд. Ҳақиқат куҷост? Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бошад, ахиран дар яке аз сӯҳбатҳои худ ба ҳангоми таҷлил аз даҳумин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ (июни соли 2007) баён дошт, ки ҳақиқати ин ҷангро баъд аз 10-20 соли дигар ошкор мекунад. Яъне, ҳанӯз ҳам пардаи ҳақиқат аз рӯйи ин ҷанги бародаркуш бардошта нашудааст. Ҳар кас аз сояи худ метарсад. Аммо як сӯҳбати Хоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадаф аз ташкили ҷанги дохилии Тоҷикистон дигар чиз буд. Оре, дигар чиз. Аммо чи чиз??? Як пора аз ин сӯҳбатро пешкаш мекунам ва хулосаву қазоват аз Шумост. Ҳар маълумотеро дар ин бора медонед, нависед. Биёед, ояндагонро фиреб надиҳем. Таърихро фиреб надиҳем!

Хочи Акбар Турачонзода:
«Сабаби асосӣ аз музокирот ин бозгашт буд. Бозгашти муҳоҷирин бо сари баланду рӯи сурх, на ҳамчун мағлуб. На ҳамчун гунаҳкор. Чунки мо ягонтоямон худро гунаҳкори ин фоҷиаҳо намедонистем. Бале, дар маҷмӯъ гунаҳкор ҳастем, аммо фақат мо (мухолифин) гунаҳкор набудем. Зеро ин ҷанг бо айби мо шурӯъ шудагӣ набуд. Ин ҷанг дар хориҷ тарҳрезӣ шуд, ин ҷанг аз хориҷ кӯмак шуд. Ин ҷангро ҳамонҳое ташкил карданд, ки тонку БТР ва ҳавопаймову миллионҳо тир ва даҳҳо ҳазор автомату пулемёту грантомёт доданд. Бояд ин нуктаро шаҳрвандони Тоҷикистон фаромӯш накунанд. Ҳамагӣ шонздаҳ сол гузаштааст. Бисёриҳо зинда ҳастем. Фронти Халқӣ аз куҷо ҳамаи ин муҳиммоту лавозимотро ёфт? Аз куҷо ин тонку БТР-ҳои бешуморро пайдо кард? Ҳукумати Тоҷикистон ин қадар силоҳ надошт-ку! Ман шаш моҳ узви Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон будам. Ман медонистам, ки дар Тоҷикистон чи қадар захира ҳасту кишвар чи имконият дорад. Вазорати корҳои дохилии мо ҳамагӣ чор БТР дошту халос. Ҳаминро ҳам дутоаш вайрон буд. Тонк надошт. Инҳо аз куҷо пайдо шуд? Инро ҳамон кишварҳое доданд, ки ҷангро болои мо таҳмилу тарҳрезӣ карданд. Барои саркӯб кардани он қисмати мардум, ки худшиносии милливу худшиносии динияшон хеле баланд буд. Аз ин рӯ, Фронти Халқӣ зери парчами сурх меҷангид. Барои барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ меҷангид. Аслан онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ҳайрон ҳастам, ки чаро имрӯз ҳамагӣ инро фаромӯш мекунанд. Филмҳои ҳуҷҷатии ҳамон давраро бубинанд, ҳама байрақи сурх доштанд. Мегуфтанд, ки мо СССР-ро барқарор мекунем. Бояд инро фаромӯш накард...»

Шумо дар ин бора чи назар доред?

06 февраля, 2008

Нома ба номи Модар

Модар - қарори дил,
Даргоҳи бахти ман,
Сомони умри ман,
Султони тахти ман.
Эй ҷон модарам,
Ҷонон модарам.

Модар - сиришти ман,
Боғи Биҳишти ман,
Модар - Худои ман
Дар сарнавишти ман.
Эй ҷон модарам,
Ҷонон модарам.

Модар, ҳатман пай бурдагистӣ, ки ин суруди ман нест. Зеро ман ҳанӯз қудрати сурудани чунин тарона дар васфи ту ва мисли ту барин модарони меҳрубонро надорам. Аммо ин таронаро хонум Фарзонаи Хуршед дар васфи модари худу модарони ҳамаи мо сурудааст. Ман, ҳарчанд сурудаҳои бештари ӯро қабул надорам, вале ин суруд бароям сахт писанд уфтода, Модар. Бовар дорам, барои ту ҳам писанд меояд…

Вой бар ман, вой бар ман хок резад бар сарам,
Бар сарат, гар ганҷи умрамро нарезам, модарам.


Ҳар шаб орзу мекунам, то боре чеҳраи туро дар хоб бубинам, Модар.
Агарчӣ чеҳраи зебою нуронии туро хуб дар хотир дорам, вале сад афсӯс, хоб намебинам…

…Сар ба рӯйи номаҳот ман,
Хоби ту дидам.
Номаҳотро ман,
Хеле дӯст дорам.
Менависӣ ҷони модар,
Ман чӣ кам дорам?
То туро дорам, Модар,
Ман чӣ кам дорам???!!!
Модарам ғурбатсаро,
Туро кард аз ман ҷудо
Модар, модар.
Туро ман кам дорам, биё.
Бе ту ман ғам дорам, биё.

Оҳ, Модар. Ҷон Модар…

Медонӣ, чӣ қадар туро, сӯҳбатҳои ту ва меҳрубониҳои туро пазмон шудаам?! Медонӣ, чӣ қадар??? Як ё ду ё се…не!!! Ҳазору даҳ ҳазору сад ҳазору миллиону миллиардҳо бор. Бовар кун. Чанд вақт шуд, ки барои ту нома ҳам нафиристодаам. Охир, чӣ нафъе ҳаст, агар ту номаи маро бихониву бигирйӣ, дубора ғамгин шавӣ. Бовар кун, ба ман ҳич чиз нашудааст. Хеле солиму бардам ҳастам. Гоҳ - гоҳе дурӣ аз ту сахт асар мекунад. Хориям меояд. Дилам мехоҳад, ки ба ягон кас «эркагӣ» кунам. Дод бигӯяму рози диламро фош кунам. Аммо худат бигӯ: дар ин ҷо кӣ нозу нузи маро мебардорад? Маро дар ин дунё тақрибан касе чашми дидан надорад. Ё, дарвоқеъ, шахсан одами бад ҳастам ё наметавонам бо одамон ё атрофиёнам муносибати хубе пайдо кунам. Ҳоло дилам намешавад, ки аз ту чанд қадами дигар дуртар бошам. Охир, ман бояд кӯмакат мекардам. Дар пеши ту меистодаму ақаллан дарди дили туро мешунидам, шӯрии ашки туро эҳсос мекардам. Дареғо, ки дар паҳлуят нестам ва ҳатто як дона сурати туро низ дар даст надорам. Бубин, ман ман чӣ қадар инсони нокомилам-еееееееееееееееееееееееееееее!!! Ба қавли шодравон Ҳазрати Лоиқ Шералӣ:

Дурам аз даргоҳи ту, ман дарди ту, ман оҳи ту,
Нестам асои пирият, чӣ чизам, модарам???


Ахиран муваффақ шудам, ки соҳиби ҷойи кори хуб гардам. Дӯстони наверо дар Душанбеу Прага пайдо намоям. Бубин, дар Лондон низ дӯстони ман зиндагӣ мекунанд. Ҳар боре Шаҳзодаи азиз аз Амстердам барои ман нома менависад, дунё дар назари ман дигарбора рӯшан мешавад. Бубин, онҳо чӣ қадар одамони самимӣ ва дӯстони ҷониянд, вале аз деҳаю шаҳру кишвари мо дуранд. Онҳо ғарибанд, бале. Вале онҳо ғарибиро аз як кишвари фасодзада авло донистаанд. Ту боз фикр накун, ки ман одами дигар шудаам, тағйир хӯрдаам. На, ман ҳамон фарзанди кӯчаки туям, ки сари начандон калони сермӯй дорад ва дасту бозувонаш ҳам он қадар «чор кас медидагӣ» не. Лекин нисбат ба солҳои пешин хеле сергап шудаам. Бо ҳар ки роҷеъ ба ҳарчи сӯҳбат мекунам. Боз натарс, вақте сиёсат мегӯям. Ман сиёсатбозиро писанд надорам. Аз сиёсат хушам намеояд. Ва мани кӯчаки назарногир барои ҳич як аз ин мансабдорони серпул лозим нестам. Онҳо саргарми кори худанд ва ман ҳам. Онҳо вазифаи худро иҷро мекунанд ва ман низ. Мо аз ҳамдигар фарқ мекунем.

Мобайл ҳам тамосгири хуб аст. Баъзан, ки занг мезанаму садоятро мешунавам, дигарбора зиндатар мешавам. Дилам мехоҳад, ки ту ҳамеша хандонрӯ ва бе ғаму ғусса бошӣ. Аммо чӣ кунам, ки ту ҳам Модари манӣ - яъне модари инсоне, ки хушбахт нест. Парво накун. Ин ҳам мегузарад ва ҳамаи буду набуди дунё ҳам. Аммо, бибахш, ки чанд бор ба наздат меравам гуфтаму рафта натавонистам. Якум, кори зиёд нагузошт, ки даме фориғ бошам. Дуввум, ман дигар одамони деҳамонро чашми дидан надорам. Онҳо мардумони хушомадгӯю пулпараст мебошанд. Воҳимаашон аз ҳад зиёд аст. Ҳарчанд шабу рӯз аз намозу рӯза мегӯянд, вале барои пул ҳам рӯзаву намозашонро мефурӯшанд. Чӣ, магар ман мисли онҳо нестам? Бовар кун, тӯли ин муддат сигор накашидаам, ба нос наздикӣ надоштаам ва аз машрубот ҳамеша парҳез кардаам. Шояд ба ин гуфтаҳо бовар карданат осон набошад. Аммо Худо шоҳиди ягона аст. Ман имонамро барои як гапи дурӯғ ва «сафед кардан»-и худ намефурӯшам…

Туӣ модар туӣ, он қиблагоҳамӣ,
Худои ин ҷаҳон, олампаноҳамӣ.
Туӣ модар туӣ, он қиблагоҳамӣ,
Туӣ бахшандаи кулли гуноҳамӣ.

Бо ин, суханҳои ман не, шаб ба охир расид.
Шабҳои дигар низ менависам, парешон мабош.
Бо сипос аз туву Худои меҳрубон,
Писари ту.

05 февраля, 2008

«Андеша» аз кист?







Ҳамаи мо андеша мекунем.
Ҳамаи мо андешаманд ҳастем.
Ҳамаи мо медонем, ки «аввал андеша, баъд гуфтор».
Аммо ҳамаи мо намедонем чи гуна ва бо чи роҳе андешаҳои худро ифшо кунем। Ман барои чӣ андеша мегӯям? Андеша унвони як саҳфаи интернетӣ ба забони тоҷикист. Дар як рӯз ду бор аз он дидан мекунам. Он саҳфаи хабарӣ нест. Вале саҳифаи ормонҳои мост, саҳифаи андешаҳои мост. Ин саҳфаи инетернетиро ба чанде аз дӯстон фиристодам, то бубинанд. Ҳамагӣ аз ман соҳиби ин саҳфаро мепурсиданд: «Андеша» аз кист? Мо одат кардаем, ки аввал аз куҷоӣ будани ҳамдигар бипурсем ва кӣ будани ҳамдигарро. Мо ҳич вақт бидуни ғараз ба касе баҳо надодаем ва ин ҳол моро ба чунин вазъ расонида. Дар рӯбарӯ бо президент ӯро васф мекунем, аз замини колхозӣ ба осмони ҳафтум мебардорем, аммо чун ба хаёли бебарқиву бегазиву беобӣ ва қашшоқии худ меуфтем, ӯро бад мегӯем. Дар урфият мегӯянд: «Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд». Аз ин рӯ, намегӯям, ки «Андеша» аз фулонӣ аст, ё аз каси дигар. «Андеша» аз ҳамаи мост ва барои мост. Агар худро мешиносед ва андеша мекунед, ки худро шинохтаед, пас:


Хуш омадед,
Добро пожаловать,
Welcome ба

http://www.tojvar.wordpress.com/

Ба Cуруди миллии Тоҷикистон чи намерасад?

Ахиран роҷеъ ба матну оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон дар бархе аз нашрияҳои озоди кишвар мақолоте чоп шуданд. Маҳаки аслии баҳс сари маҳал мерафт, на чизе бештар аз он. Матни ин Сурудро ин ҷо мегузорам, то бихонед ва назари худро нависед, ки ба Шумо чи чизи он писанд науфтод. Ҳамчунин шакли садоии онро метавонед бо клик кардани ин линк бишнавед: ह्त्त्प://व्व्व.वतान्वेब.नेट/न्यूज़/२००७-०८-१६-१५३९ Оё ҳоло вақти баҳс кардан бар сари матни Суруди миллист? Магар мо дигар мушкиле барои баҳс кардан надорем? Ё бо ин ҳол иддае мехоҳанд фикру хаёлоти моро аз мушкилиҳои мавҷуда ба дуриҳои дур бибаранд ва дар саҳнаи маҳалгароӣ бикашанд ва чанде дигар ба ҳоли мо биханданд? Намедонам. Дар ин бора зиёд фикр мекунам ва зиёд матолиб мехонам. Шумо чӣ???

Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем,
кашидаем,
Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту,
канори ту,
Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост,
ҳабиби мост,
Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

(Шеър аз Гулназар Келдӣ;
Оҳанг аз Сулаймон Юдак(қ)ов)

01 февраля, 2008

Тоҷикистонро дигар қисмат накун!

ХАРИТАИ САРЗАМИНИ МО:
ХЕЛЕ КӮЧАК, АММО СЕРХАРИДОР!

Моҷаро дар навбат


Салими Аюбзод
(аз китоби «Гунги хобдида»)

-Ба ман панҷ дона.
«Тоқ, - фикр кард Қурбон, - инҳо урфу одатро гум кардаанд. Гӯиё намедониста бошанд, ки адади тоқ хосияти хуб надорад».
Духтарак тангаҳоро рӯи тахтаи уребе, ки аз пармосидани зиёд лайс шуда буд, гузошт ва панҷ дона нони гармро якояк ба халтаи кабуди карбосӣ, ки дар як тарафаш чеҳраи Демис Руссос акс ёфта буд, андохт.
Порсол ман халта қатӣ омада будам, дар троллейбус студентон мазоҳ карданд. «Тағо дар халтат чӣ дорӣ? Тағо халатата намефурӯшӣ, китобҳоро андохта ба дарс мерафтем». Мани содда аввал чизеро нафаҳмида бар баробари онҳо хандидам. Хандаи мана дида онҳо боз баландтар хандиданд. Фақат ҳамон вақт донистам, ки маро масхара доранд. Як мардаки айнакии шалапапӯш бо лабханд ба ман менигарист. Ҳарчанд фикр кардаму фикр кардам, ягон гапи муносиб наёфтам, ки гӯям.
Ин духтарак ҳам студент бошад даркор. Худҳошон шарм накарда халта бардошта мегарданд, мо ки ба даст гирем, айб. Хайр, рости гап, халтаи ман калонтар буд.


(Идома дорад)

Аз рост ба чап!

Дар 23 соли умрам боре ҳам мошин нарондаам. Яъне ронандагӣ накардаам. Аммо мошинсавориро зиёд дӯст медорам. Боре бо як бародари азиз, ки мошини хориҷӣ дошт ба сайри Душанбе баромадем. Бори аввал медидам, ки чанбари мошин дар тарафи рост бошад. Аз ӯ пурсидам, ки чи гуна мошин меронад? Магар намеҳаросад? Вай ҳам чунин посух дод: «Баъзе одамо самолёт ҳай мекунанд, наход мо мошини ростчанбарро ҳай карда натонем?» Вале мақомоти Тоҷикистон сар аз имрӯз, 1 феврал расман вуруди чунин мошинҳои ростчанбарро ба кишвар манъ карданд. Раёсати гумруки Тоҷикистон дигар нахоҳад гузошт, ки тоҷирони мо аз Дубай мошинҳои ростчанбарро ворид кунанд. Зеро мақомоти бозрасии давлатӣ ва вазорати Тоҷикистон тасодумҳои ду соли ахирро ба афзунии мошинҳои ростчанбар марбут доонистанд ва аз ҳукумату порлумон тақозо карданд, ки пеши ин «ростгароӣ» гирифта шавад. Ҳайронам, чаро дар кишвари мо намегузоранд, ки мошинро аз тарафи рост биронанду хатро аз тарафи рост бинависанд? Магар ин зарар дорад? То кай мо чапгарду чапкору чапнавису чапгаро бошем???!!!