! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 ноября, 2010

Имсол дар Тоҷикистон 14 мубталои СПИД фавтидаанд

Амониддин, сокини ҷавони Душанбе, бовар надошт, ки рӯзе ӯро барои ташхис ба маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан мефиристанд. Вай замоне ки мехост ба Амрико барои таҳсил равад, аз ӯ варақаи ташхис дар бораи ибтило будан ё набуданаш ба вируси ВИЧ ё худ ангезаи бемории масунияти баданро пурсиданд ва ӯ маҷбур шуд, ки ба ташхисгоҳи маркази мубориза бо бемории Вич-СПИД равад. 

Шумо кадом навъи мусиқиро меписандед?

29 ноября, 2010

Фарзонаи Хуршед: "Агар набошӣ, мемирам..."

Китобҳои мамнӯъи динӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон меоянд?

Маҷаллаҳои "Шоҳидони Яҳво"
Зафар Раҳимови 35-сола, як пайрави созмони “Шоҳидони Яҳво”, ки соли 2007 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, мегӯяд, имкони ворид кардани адабиёти ин созмон ба кишварро надоранд.

Вале мегӯяд ӯ, пайравону ҳаводорони “Шоҳидони Яҳво” метавонанд, ки матлаб ва маҷаллаву китоби ин созмони мазҳаби масеҳиро аз шабакаи Интернет дастрас кунанд. 

23 ноября, 2010

Раҳими Мусулмониён: "Ориёно, фурӯзон бош!"

Раҳими Мусулмониён,
донишманди тоҷик, ки дар
Ирон зиндагӣ мекунад
Доктор Ҳамдам Мӯъминҷонов гуфтааст – дуруст ҳам гуфтааст, ки Зардушт дар сарзамини Осиёи Марказӣ бунёгузори ойини ориёӣ будааст.

Дар бораи зодгоҳи ориёиён нуқтаназарҳои гуногун ба қалам омадааст, аз ҷумла: Нейберг: “Зардушт дар ибтидо дар канори рӯди Сайҳун (Сир) зиндагӣ мекардааст”.[1] 

22 ноября, 2010

Дармони захмҳои забони тоҷикӣ

Зафари Мирзоён,
донишманди тоҷик
(Акс аз
(Пиромуни андешаҳои доктор С. Назарзода ба бознигарии алифбо) 
Гаҳе чунин менамояд, ки аз навиштани дарёфтҳо пиромуни поксозӣ ва бар асли хеш баргаштани забони форсии тоҷикӣ бояд даст кашид, зеро пайдост, ки ин забони ошуфтаву осебдида ҳаргиз дармон нахоҳад ёфт ва гуфтаҳои онҳое ки аз сари деги забонпазӣ дар каноранд чун нигоштаест бар рӯи пораи яхи зери офтоб гузошта. 

20 ноября, 2010

Зодрӯз муборак, устод Бозор Собир!

Бозор Собир дар навори СМТ
Рӯзи 20-уми ноябр шоири мардумии Тоҷикистон Бозор Собир ба синни 72 расид.

Интизор доштам, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳадди ақал дар ин рӯз дар бораи шеъри ӯ чизе мегӯянд, навореро пахш мекунанд.

Дунёи Далер Назар


safina on livestream.com. Broadcast Live Free

19 ноября, 2010

Раиси додгоҳи ҳакамӣ: "Амали афроди мансабдор зидди сиёсати давлатӣ равона шудааст"

Ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон
Ба расонаҳои хабарии Точикистон 

Оид ба амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ва иҷро накардани Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳакамӣ"

18 ноября, 2010

Шабнами субҳ

Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
Ҳарчанд, ки дар шакки Шумо низ яқинест,
Ман мондаам ин дин, ки шуморост, чӣ динест?
Бояд бигурезам зи заминҳои заминӣ,
Он сўйтар аз арши Худо низ заминест.

Тоҳо Каюмарс. Чӣ гуна барои писарам ном гузоштем...

Ин сурати Тоҳо нест
(Акс аз интернет)
Аз замони оиладор шуданам тақрибан як солу панҷ моҳ мегузашт. Тӯли ин муддат аз ман яксаду панҷоҳ бор пурсидаанд, ки оё соҳиби фарзанд шудаам ё на. 

Ҷавоби ман барояшон ин буд: “ҳа, мешавад”. Вале хеле интизорӣ мекашидам ва уммедвор будам, ки ин рӯз кай фаро мерасад. 

17 ноября, 2010

Ҷадид-Онлайн: "Манижа, ситораи пинҳон"

Манижаи Давлат
Шӯҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям “Ҳоида”, шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи “Ҳоида” шинохта шуд. Ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон ҳам, агар бигӯед “Манижа”, ҳатман манзуратон Манижа Давлатова аст, ки шӯҳрату маҳбубияташ бамаротиб тӯлонитар аз умри кӯтоҳи ҳунариаш аст.

Мушкили чопи нашрияҳо: сонсур? (Гузориши видеоии BBC)

Намоишгоҳи миллии Ирон дар Тоҷикистон (Гузориши видеоии BBC)

15 ноября, 2010

Иди Қурбон муборак!!!

(Акс аз интернет)
Салом, дӯстони арҷманд! 

Ҳамаи Шуморо ба Иди Қурбон ё Иди Азҳо, яке аз ду иди бузурги мусулмонон, табрик мегӯям!

Бигзор, ин ид ҳамаи мову Шумо, бандагони Худоро муттаҳид гардонад!

Бигзор, ин ид боиси шодиву сурури тамоми мусулмонҳои дунё бошад, ки ҳамеша зери ҷангу даргириҳо ва ранҷу шиканҷаҳо будаанд.


11 ноября, 2010

Гурӯҳи занон: “Мо худмона месӯзонем. Дигар дили ҳич кас ба мо намесӯзад”

То кай ашки модарону
 кӯдакони мо мерезад?  
Баъд аз анҷоми кори шабона, ки хеле хаста будам, ба хона мерафтам. Хостам, ба мусофирбар нишинаму ором ба манзил расам, вале дилам намехосту поям намекашид.

Пиёда аз назди чойхонаи “Роҳат” гузашта, ба хона мерафтам. Ногоҳ тӯдаи мардумро дидам, ки дар назди қасри раиси ҷумҳур ё дар назди бинои дафтари раёсатҷумҳурӣ меистоданд.

10 ноября, 2010

Ҷонон Икромӣ: "Мо низ дар баробари Узбакистон гуфтаниҳо дорем"

Корхонаи арзизи Тоҷикистон
Ҷонон Икромӣ, донишманди тоҷики риштаи кимиё ва фарзанди нависанда Ҷалол Икромӣ, сукути мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари даъвоҳои батакрори Узбакистонро роҳи ҳал намедонад. 


Cӯҳбати Ҷонон Икромӣ бо Радиои Озодиро дар ин ҷо гӯш кунед: 
 

04 ноября, 2010

"Фараж": Вазирон абадзинда нестанд!

бо Радиои Озодӣ дар ин ҷост:
(Акс аз интернет)
Ҳафтаномаи сиёсии “Фараж”, ки се ҳафта ба ин сӯ наметавонист рӯйи чоп ояд, ин ҳафта дар дохили нашрияи “Факты и коментарии” ба теъдоди 4 ҳазор нусха ба табъ расидааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, Зафар Абдуллоев талош кардааст, то нашрияи онҳо дар дохили ҳафтаномаи “Факты и комментарии” ба унвони “Нашрия дар меҳмонии нашрия” чоп шавад.


03 ноября, 2010

Чаро шаби шеъри Бозор Собир баргузор нашуд?

“Хуни қалам”, маҷмӯаи тозаи шеърҳои Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷики муқими Амрикост, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад. Бозор Собир мегӯяд, ин маҷмӯа ҳанӯз панҷ соли пеш омода буд, вале чанд нафар бо ишора ба мавзӯъҳои шеъри ӯ, аз чопи ин маҷмӯа худдорӣ кардаанд.

Сӯҳбати Бозор Собирро бо Радиои Озодӣ аз ин ҷо бишнавед:
   

02 ноября, 2010

“Хуни қалам”-и Бозор Собир

Бозор Собир
Бозор Собир, шоири муқими Амрико, ки ҳоло дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба сар мебарад, ба орзуе, ки панҷ соли пеш (шояд аз ин ҳам бештар) дошт, расид.

Билохира маҷмӯи нави шеърҳои ӯро дар Душанбе ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба табъ расонданд, ки ба ёдбуди бародараш проффесор Темур Собиров бахшида шудааст.

01 ноября, 2010

“Паёми донишҷӯ”. Ёде аз рӯзномаи донишгоҳиям (Саҳифаҳои зиндагӣ)

(Акс аз интернет)
“Мо бояд рӯзнома чоп кунем”. Ин мақсади ману ҳамдарсонам дар факултаи филологияи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (соли 2002-2003) буд.

Вале намедонистем, ки бояд дар рӯзномаи худ чиро нависем ва бо пули киву чигуна онро ба нашр расонем.