! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

15 ноября, 2010

Иди Қурбон муборак!!!

(Акс аз интернет)
Салом, дӯстони арҷманд! 

Ҳамаи Шуморо ба Иди Қурбон ё Иди Азҳо, яке аз ду иди бузурги мусулмонон, табрик мегӯям!

Бигзор, ин ид ҳамаи мову Шумо, бандагони Худоро муттаҳид гардонад!

Бигзор, ин ид боиси шодиву сурури тамоми мусулмонҳои дунё бошад, ки ҳамеша зери ҷангу даргириҳо ва ранҷу шиканҷаҳо будаанд.



Бигзор, ин ид раҳме бар дили сарватмандони мо андозад, то онҳо дастгиру пуштибони фақирон бошанд! 


Бигзор, ин ид ба хонадони ҳамаи мову Шумо хушиву хушҳоли орад! 


Бори дигар Иди Қурбон муборак!!! 


Мурғи чон парпарзанон паҳлуи ҷонон омада,
Рузи қурби ҳасти Инсон суи Яздон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Лутфи ҳақ борандатар аз абри найсон омада,
Мушкилоти муъминон бисёр осон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Хуш ба он кас аз гуноҳонаш пушаймон омада,
Аз паи омурзиши ҳақ зору нолон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Кофар аз чамъияти мо моту ҳайрон омада,
Вақти ҳампоии ин қавми парешон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Санги ҳочиён ба фарқи шарри шайтон омада,
Гоҳи пирузии ҳар фарди мусулмон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!



(Шеър аз Ҷӯра Юсуфӣ, http://sukhanoro.blogspot.com)

Комментариев нет:

Отправить комментарий