! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 декабря, 2009

Риш: воҷиб ё суннат?

Ҳавсалаи дар бораи риш навиштани як матлабро надоштам. Шояд ба баҳс кашидани ин мавзӯъ барои баъзеҳо ҳам хандадор бошад. Лекин, ахиран мо бояд рӯшан кунем, ки то чӣ ҳадд доштани риш барои як марди мусулмон зарур аст. Зеро гурӯҳи рӯҳониёне ҳастанд, ки ришро аз ҷумлаи муҳимтарин ҷузъи марди мусулмон медонанд. Аммо гурӯҳи дигаре ҳам ҳастанд, ки доштан ё надоштани риш барояшон чандон муҳим нест…


ТАЪСИРИ РӮҲОНИЁН

Бо ин ҳол, феълан дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон афроди ришдорро, чи ҷавону миёнсол ва чи кӯҳансол, бидуни мушкил метавон дид. Дар ҳоле ки дар ҳафтод соли гузаштаи Шӯравӣ ба риш ҳамчун ба як суннати мардуми мусулмон нигоҳ мекарданд ва намегузоштанд, ки ҷавонҳо риш дошта бошанд. Яъне, риш доштан ба маънии рӯҳонӣ будани инсонҳо таллақӣ мешуд, ки ба қавли бархе аз шоҳидон чандон оқибати хубе дар пай надоштааст. Агарчӣ дар китобу рӯзномаҳо худи Ленин ва Маркс, аз пешвоёни ҳизби коммунист, бо ришҳои дарози худ пайдо мешуданд.

Насими истиқлол дар Тоҷикистон бисёриҳоро ришдор кард. Ҳоло аксар аз мардон ба унвони арҷгузорӣ ба суннатҳои пайғамбар риш мегузоранд. Эшону домуллоҳо ҳам дар амри маъруфҳои худ таъкид мекунанд, ки мардон бояд риш гузоранд.

Қутбиддини Солеҳзода, аз рӯҳониёни тоҷик, мегӯяд, баъд аз он ки Тоҷикистон мустақилияти худро эълон кард ва ҳама дар баёни андешаву интихоби мазҳаб озод шуданд, ин амал маъмулӣ шуд. Ба гуфтаи вай, дар ин росто таъсири амри маъруфҳои рӯҳониён низ кам набудааст: “Дар гузашта ришдоронро сахт мегирифтанд. Аз ин рӯ, кам касоне буданд, ки риш мегузоштанд. Аммо ҳоло ки давлати мо давлати демократист, рӯҳониён бидуни мушкил ваъз мегӯянд. Ҷавонони мо бошанд, ин мавъизаҳоро мешунаванд ва ҳадисҳои паямбарро, ки бо хатти сириллик чоп шудааст, мехонанд. Ҳатман ба ин восита аз муҳимияти риш огоҳ шудаанд ва рағбаташон барои риш доштан низ ҳамин аст”.

ШАРҲИ ЯК ҲАДИС

Уламои Тоҷикистон доштани риш ва ё ришмониро барои аҳли ислом, ки бештар аз навад дарсади сокинони кишвар ҳам аз ин дин пайравӣ мекунанд, зарур мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки доштани риш аз суннатҳои пайғамбар аст ва итоат кардан аз он ҳатмӣ. Уламо дар ин маврид ба як ҳадис аз пайғамбари ислом ишора мекунанд, ки мегӯяд: “Бо мушрикин мухолифат кунед, ришро бигузоред ва мӯйлабҳоро кӯтоҳ кунед”.

Домулло Фирдавс, ки дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ба ин маъно ҳадисҳои дигаре ҳам вуҷуд доштаанд: “Дар ҳадисе аз Абуҳурайра (р) ва Ойиша (Р) омадааст, ки пайғамбар умматро барои мондани риш амр кардаанд. Дар шарҳи ин ҳадис олимони мазҳаби ҳанафӣ, аз ҷумла Обиддини Ҳанафӣ мегӯянд, ки сабаби мондани риш ин бисёр шудани он аст”.

ПАЙРАВӢ АЗ СУННАТИ ПАЙҒАМБАР

То ин ки бо уламо дар бораи риш ва ҳукми ислом дар баробари он сӯҳбат кунам, ба суроғи ришдорон дар кӯчаҳо рафтам. Иддае аз онҳо мегуфтанд, ки ҳадаф аз риш гузоштанашон пайравӣ аз суннати пайғамбар будааст. Аммо баъзеҳои дигар аз риш ба унвони зебоии зоҳирии мард ном мебурданд ва мегуфтанд, ки риш ба мардон зебоӣ зам мекунад ва ҳам онҳоро аз занон тафовут медиҳад. Дар ин бора як ҳамсӯҳбати мо Азиз, ки се сол инҷониб риш мемонад, чунин гуфт: “Якум пайравӣ аз суннати пайғмбар аст. Дуюм, як нишонаи марди мусулмон аст. Ва ҳам фикр мекунам, Худованд мардро чунин офаридааст, ки бояд аз зан фарқ дошта бошад. Баъзеҳоро мефаҳмам, ки ба дунболи мӯд риш доштанро хуш надоранд. Валекин мард бояд бе риш набошад”.

Ҳамчунин саре ба фурӯшгоҳҳои исломӣ задам, то бубинам, ки домуллоҳои мо дар амри маъруфҳои худ дар ин бора чӣ таъкидҳои ҷолибе кардаанд. Вале фурӯшандаҳо агарчӣ мегуфтанд, дар ин бора Эшони Нуриддин назари ҷолибе ироа кардааст, вале натавонистанд он дискнаворро барои мо пайдо кунанд. Чизе, ки онҳо тавонистанд барои ман диҳанд китоби хурде бо номи “Ҳукми риш дар ислом” ном дошт, ки ду соли пеш дар чопхонаи “Матбот”-и пойтахт интишор шудааст. Дар ин китоб ҳам таъкид рафтааст, ки “тарошидани риш гуноҳи кабира ва истеҳзо ба он куфр аст”. Ҳамчунин ба навиштаи муаллифи ин китоб “тарошидан ва кӯтоҳ кардани риш ҳаром аст”.

АМРИ ВОҶИБ?

Дар ҳамин ҳол, бархе аз уламои кишвар доштани ришро ба суннати мукаада рабт медиҳанд, ки иҷрои он воҷиб аст ва бо тарки ин суннат марди мусулмон осӣ ё гунаҳкор дониста мешавад. Қутбиддини Солеҳзода бо ишора ба ин масъала, мондан ва натарошидани ришро ҳатмӣ мешуморад: “Ришро мондан ва натарошиданаш ҳатмӣ. Дар ҳадисҳои пайғмбари ислом ҳам дар ин бора таъкидҳо рафтааст. Пайғамбар инро амалан иҷро карданд ва фармуданд. Ҳам қавлӣ ва ҳам феълӣ”.

Аммо домулло Фирдавс бо ишора ба манобеъи дигари исломӣ мегӯяд, ки кӯтоҳ кардани риш ё қайчӣ задани риш, агар ки он аз як қабза ё аз як мушт бештар бошад, боке надорад: “Имом Абӯҳанифа ва Имом Аҳмади Ҳанбал мегӯянд, ки агар риш аз як қабза баланд бошад, паст кардан ҷоиз аст. Чӣ тавре ки ибни Умар вақте ки дар Ҳаҷ ва ё Умра мӯйи сари худро мегирифтанд, ришу мӯйлаби худро ҳам паст мекарданд. Баъзе аз шореҳон мегӯянд, ки ин феъли Умар (р) фақат дар маносики Ҳаҷ набуд, балки ин доим такрор меёфт. Олимони мазҳаби ҳанафӣ ҳам мегӯянд, ки агар риш аз як қабза баланд бошад, кӯтоҳ кардани он суннат аст, ки ин нукта дар китоби фатвоҳои Ҳиндия таъкид шудааст. Баъзе аз олимони ҳанафӣ аз ҷумлаи Алоуддин, муфтии Шом мегӯяд, ки аз як қабза зиёдии ришро гирифтан воҷиб ва батамом дароз кардани риш гуноҳ аст”.

“ХОҲАНД ГУЗОРАНД, НАХОҲАНД НЕ”

Масъулони шӯъбаи фатвои маркази исломии Тоҷикистон доштани риш барои ҳар як сокини кишварро ба андозаи як қабза ҳатмӣ намедонанд, агарчӣ доштани риш бар марди мусулмон ба гуфтаи онҳо суннат будааст. Сайид Иброҳими Назар, аз фаъолони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ баҳси ин мавзӯъро чандон ҷоиз надонист ва ҳам гуфт, ки риш мондан агарчӣ суннат аст, аммо агар фарде, ки риш надорад гунаҳкор дониста намешавад. Ба гуфтаи вай, доштан ва ё надоштани риш ба хоҳиш ва озодии интихоби ҳар инсон бастагӣ дорад: “Як мард мехоҳад риш гузорад, як марди дигар не. Аз нигоҳи ислом низ мо бояд ин қадар сахтгир набошем ва касонеро, ки риш надорад, набояд кофир гӯем. Бале, аз дидгоҳи ислом риш доштан суннат аст. Баъзеҳо онро то воҷибот мерасонанд. Вале мо ҳазорон мушкилоти динӣ дорем, ки аз риш болотаранд”.

Вале аксари уламо ба ин ишора мекунанд, ки ҳадафи онҳо аз таъкид барои доштани риш барои мардони мусулмон ин риши аз ҳад дароз набудааст. Онҳо мегӯянд, вақте риш дароз шуд, соҳиби он масъулият дорад, ки онро тозаву покиза нигоҳ дорад ва шона занад. Ва ҳамчунин ба гуфтаи баъзеи онҳо фуқаҳои муосир бо тағйир шудани шароитҳо ба натиҷае расидаанд, ки ҳар касе риш мемонад, хуб аст ва агар ҳам намонад, гунаҳкор нахоҳад буд.

РИШИ САЛАФӢ Ё ТАБЛИҒӢ?

Аммо нуктаи ҷолиб дар баррасии мавзӯи риш ин буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон ришҳо ҳам унвон доранд ва ё баъзе одамонро аз рӯйи ришашашон мешиносанд ва мансубияташон ба ин ё он ҷараёни мазҳабиро муайян мекунанд.

Чизе, ки ба ман рӯшан шуд, ин буд, ки ҳоло дар кишвар пайравони ҷамоаи таблиғ ва салафия ба худ хос риш мемонанд. Ҳатто гуфта мешавад, пайравони ҷамоаи таблиғ ҳамдигарро аз рӯйи риши худ мешинохтаанд ва гуфтугӯ мекардаанд. Риши онҳо мисли риши ҳамаи мусулмонҳост. Ба андозаи як қабза ва ё аз он ҳам дарозтар. Вале онҳо мӯйилаби худро аз болои лаб тоза метарошидаанд ва хеле борик мегузоштаанд то мӯйлабашон ба лабонашон нарасад.

Ҳатто баъзе аз пайвандони пайравони маҳкумшудаи ҷамоаи таблиғ ба зиндон ба мо гуфтанд, ки ба ҳангоми баҳси парвандаи онҳо як суол аз ҷониби додрас ҳам ин будааст, ки таблиғиҳо ҳамдигарро аз куҷо мешиносад ва онҳо гуфтаанд, ки аз рӯйи риш.

Амруллоҳи Низом, аз таҳлилгарони ҷавони масоили мазҳабӣ, ин нуктаро радд накард ва гуфт, ки пайравони ҳар як ҷараён бо пешниҳод ва ё фатвои муҷтаҳидони худ ба худ хос риш мемонанд, то ба ин васила аз пайравони дигар мазоҳиб фарқ кунанд. Вале бештари салафиҳо риши махсус доштани худро рад мекунанд ва дар кул риши дароз доштанро амри савоб медонанд.

МУНОСИБАТИ НАЧАНДОН ОДӢ

Бо вуҷуди ин ҳама, бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ки муносибат бо риш ва ришдорон дар Тоҷикистон ҳанӯз одӣ набудааст. Ба гуфтаи онҳо ришдорон ҳанӯз дар мағзи онҳое, ки ҳафтод сол таҳти таъсири таълимоти марксиситию ленинӣ қарор доштанд, ба унвони як мулло, ифротгаро дониста мешаванд.

Сайид Иброҳими Назар ҳам мегӯяд, ки ҳанӯз ба ришдорон дар Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳафтод соли пеши шӯравӣ менигаранд. Аз ин рӯ, ҳоло бештари ҷавонҳоеро ҳам дидан мумкин аст, ки риш надоранд. Пас, онҳо ҳатман ё донишомӯзанд ва ё устоди донишгоҳ ва ё корманди идораҳои давлатӣ, ки ҳузури онҳо бо риш мамнӯъ будааст.

Бо ин ҳол, мушкили риш дар ҷомеаи Тоҷикистон мисли ҳиҷобу рӯсарии занон боқӣ мемонад. Баъзеҳо агар онро амри савоб донанд, баъзеҳои дигар онро тақлид ба кишварҳои исломӣ ва ё як тамоюли муваққатие медонанд, ки бо тағйири шароит камтар хоҳад шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий