! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

27 декабря, 2009

Дар ҷустуҷӯйи манзил

Шаш сол аст, ки дар Душанбе зиндагӣ ва кор мекунам. Аммо то ҳанӯз манзиле надорам. Аз манзили кирояи дигарон истифода мекунам. Ҳар моҳе барои соҳибони хона аз 100 то 150 долларӣ медиҳам. Ва дар тӯли як моҳ иловатан боз 20 доллари дигар барои ҳаққи обу барқу хадамоти набудаи комунналӣ сарф мекунам. Ва ҳоло фикр мекунам, ки агар ман даҳ сол нахӯраму напӯшам шояд як қадар маблағ барои харидории як манзилро ҷамъ оварам. Вагарна, кайҳост, ки уммедамро барои харидории манзиле дар Душанбе кандаам…



Ин ҳафта ҳам нашрияи “Рекламная газета” феҳристи даҳҳо манзил барои иҷора ва садҳо манзил барои фурӯш дар шаҳри Душанберо пешниҳод кардааст. Вале на ҳама метавонанд бо истифода аз ин таблиғ барои худ дар пойтахт манзиле пайдо кунанд.

Соҳибёри Толиб, ки мегӯяд, феълан бо ҳамсараш дар як манзили иҷора дар Душанбе ба сар мебарад, аз афзоиши қиммати манозили зист дар ин шаҳр нигарон аст. Вай мегӯяд, бар изофаи он ки арзиши манзилҳо гаронанд, боз ҳам соҳибхонаҳо маблағи иҷораро на бо пули сомонӣ, балки бо доллари амрикоӣ ҳисоб мекунанд.

Ҷустуҷӯйи манзил аз лавҳаи сари кӯча ва хиёбонҳои Душанбе барои мо ҳам саҳлу содда набуд. Як ҳуҷра дар маркази Душанбе то чорсад доллари амрикоӣ барои як моҳ қиммат дошт. Агарчӣ ин қиммат дар гӯшаи дигари шаҳр, масалан, дар минтақаи километри нӯҳум ба сад доллари амрикоӣ баробар аст.

Ҳамчунин бояд барои миёнаравҳое, ки барои дарёфти манзилҳои иҷора ба шумо кӯмак мекунанд, ҳудудан аз сад то саду панҷоҳ сомонӣ пардохт кунед. Аммо агар шумо дар як ширкати дохилӣ кор мекунед ва мехоҳед манзили зист харидорӣ кунед, бароятон боз ҳам гаронтар хоҳад афтод. Зеро як манзил дар Душанбе аз 15 то 200 ҳазор доллар ва аз он бештар қиммат дорад.

Беҳзоди Исомиддин, устоди Донишгоҳи миллӣ, болоравии қиммати манзилҳои зистро ба афзоиши талабгоронаш бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, камтар аз нисфи сокинони Душанбе, ки барои дарёфти кор ва ё барои таҳсил ба Душанбе омадаанд, иҷоранишинанд ва ин ба боло рафтани қиммати он сабаб мешавад.

Беҳзод мегӯяд, давлат бояд хобгоҳҳои вайронаи Душанберо бозсозӣ кунад ва ё манзилҳои наверо бунёд карад, ба сокинон бо қиммати арзонтар бифурӯшад. Вале Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократ ва иқтисоддони тоҷик, ин амалро дар ҳоли ҳозир ғайриимкон медонад. Вай мегӯяд, ҳоло давлати Тоҷикистон буҷаи бзурге надорад, ки бо арзиши арзон хонаҳои навро сохта ва сокнинон диҳад.

Оқои Собиров дар ин сӯҳбаташ ҳамчунин ба масъалаи сохтмони хонаҳои нав аз сӯйи ширкатҳои хориҷӣ ва ихтсисоси он тариқи қарзӣ ба сокинон дахл кард ва гуфт, агарчӣ ин мавзӯъ дар кишварҳои хориҷ ҳалли мусбати худрор пайдо кардааст, валекин дар Тоҷикистон он чандон роиҷ нест. Масалан, ба гуфтаи ӯ, як ширкати хориҷӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, ки бо пули нақди худ сохтмонро хотима диҳад ва онро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ва он ҳам бо баҳраи камтар ба сокинон диҳад.

Ҳарчанд баъзе аз хонафурӯшону иҷорадиаҳандаҳо сӯҳбати рӯ ба рӯ бо моро ҷоиз надонистанд, вале мо бо мудирияти як ширкат дар Душанбе, ки дар нашрияи “Рекламная газета” телефонҳои худро гузоштааст, тамос гирифтем. Ин ширкат дар Рекламная газета навиштааст, ки ба сокинон хонаҳои навро дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе дар бинои панҷ ошёна мефрушад.

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд сохтмони биноҳои нав дар гӯшаҳои Душанбе анҷом мешаванд, вале бо қиммате, ки ба ҳар метри мураббаи онҳо муайян шудааст, барои ҳудудан ба гуфтаи ӯ навад дарсади сокинон дастрас нахоҳад буд.

Абдулазизи Восеъ, як сокини Файзобод аст, ки ҳафт сол инҷониб дар манозили иҷора ба сар мебарад. Вай мегӯяд, пайдо кардани иҷора ҳам барои онҳо чандон осон нест. Зеро ба гуфтаи вай, онҳо қабл аз гирифтани манзили иҷора маҷбуранд, ки маблағи панҷ моҳа ва ё яксолаи онро пешпардохт кунанд. Оқои Восеъ мегӯяд, ҳарчанд интизор мерафт, асари бӯҳрони молӣ ба коҳиш ёфтани арзиши хонаҳо сабаб шавад, лекин ба гуфтаи ӯ, ин амал то кунун мушоҳида нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба гузоришҳо ҳанӯз ҳам бештар аз панҷоҳ дарсади сокинони Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд ва маоши ҳадди акалли онҳо камтар аз сад сомонӣ баробар ба тақрибан 25 доллари амрикои будааст. Аксарият ба ин далел харидани манзил дар Душанберо дар солҳои наздик амри маҳол медонанд ва ҳисоб мекунанд, ки агар як вакили мардумӣ бо се ҳазор соомнӣ маошаш панҷ сол нахӯрад ва напӯшад, метавонад як манзили дуҳуҷрагиро дар минтақаҳои дуртар аз маркзаи шаҳри Душанбе харидорӣ кунад. Пас, як сокини оддӣ чӣ?

1 комментарий:

  1. سلام علیکم.
    دوست عزیز می خواهید شما سایت داشته باشید؟
    آیا دوست دارید شما هم مانند سایت islom.uz داشته باشید.
    با کمترین قیمت اجام می دهیم.
    اگر مایل باشید می توانید از طریق میل getpanel@gmail.com
    تماس حاصل نمائید.
    با تشکر طراحی گتپنل

    ОтветитьУдалить