! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

19 ноября, 2010

Раиси додгоҳи ҳакамӣ: "Амали афроди мансабдор зидди сиёсати давлатӣ равона шудааст"

Ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон
Ба расонаҳои хабарии Точикистон 

Оид ба амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ва иҷро накардани Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳакамӣ"

Мухтарам Эмомали Рахмон.

Санаи 15 июни соли 2010-ум мо, яъне аъзоёни суди хакамии шахри Хучанд оид ба амалхои гайриконуни: ба ичро нарасонидани халномахои суди хакамии ш.Хучанд аз тарафи рохбарони Корхонахои Фаръии Бакайдгирии Техникии шахри Хучанд - Анвар Косимов, шахри Исфара - Алишер Фаттоев ва нохияи Бобочон Гафуров - Олимчон Кобилов ба унвони Шумо мурочиатнома ирсол намуда будем. Бо сабаби нагирифтани чавобия такроран санахои 14.09.2010 ва 02.11.2010 ба унвони Шумо бо нусхааш ба Прокурори Генералии Чумхурии Точикистон, мушовири давлатии адлияи дарачаи дуюм Салимзода Шерхони Одина мурочиатномахо фиристодаем. Аммо аз ин мурочиатхои худ то имруз мо чавобияе, ки хифзи хукукхои конститутсионии шахрвандон ва ба ичро расонидани халномахоро таъмин менамояд, нагирифтаем.

Бо сабабхои ба мо номаълуму норавшан халномахои суди хаками, ки кувваи конуни дошта, дар каламрави Чумхурии Точикистон бетаъхир ва ба таври хатми бояд ба ичро расонида шаванд, аз чониби шахсони мансабдори дар боло зикршуда ба ичро расонида нашуда истодааст. Мисоли равшани он аз соли 2009 то имруз КФБТ-и ш.Хучанд - 10 халнома, КФБТ-и ш.Исфара - 5 халнома ва КФБТ-и нохияи Б.Гафуров - 20 халномаро ба ичро нарасонидаанд. Дар натича дар вилояти Сугд хукуки конститутсионии беш аз 100 нафар шахрвандони ЧТ поймол гардида, 35 халномаи суди хаками ба ичро расонида нашуда, бехурмати нисбати суд ва сиёсати ислохоти суди аст, нишон дода шудааст.

Дар асоси талаботи моддаи 11 Кодекси Шахрвандии Чумхурии Точикистон хифзи хукукхои граждании вайронгардида ё мавриди бахс карор доштаро тибки мансубияти бо конунхои мурофиави мукарраршудаи парвандахо аз чониби суд, суди иктисодӣ ё суди хаками (минбаъд суд) ба амал бароварда мешавад. Яъне, дар ин чо Конунгузор сахех ва равшан нишон додаст, ки суди хаками ба судхои умуми баробар буда, ичроиши карорхои он низ дар каламрави Чумхурии Точикистон барои хамаи корхонаву ташкилотхо хатмист.

Ба хама маълум аст, ки аз сабаби ба судхо гузаштани як катор ваколатхо, аз чумла, додани ичозат барои хабси шахс ва дигар амалиёте, ки пештар системаи прокуратура ба ичро мерасонид, фаъолияти суд зиёд шудааст ва Конунгузор барои сабук кардани кори судхои умуми оид ба ташкили судиои хаками конун кабул кардааст.

Мо аввалин шуда, сиёсати давлати - реформаи суди ва ташкили судхои хакамиро дастгири намуда, дар ташкилоти худ мохи декабри соли 2008 суди доимоамалкунандаи хакамиро ташкил кардаем.

Мардуми одди аз ин икдоми неки Шумо, мухтарам Эмомали Рахмон ва макомоти конунбарор хеле хурсанд шуданд, ки бахсхои онхо дар мухлати кутохтарин (дар давоми 10 руз) барраси гардида, ба зуди халли худро меёбанд.

Чаноби Оли, мухтарам Эмомали Рахмон Шумо дар Паёми худ ба Мачлиси Олии ЧТ аз санаи 24 апрели соли 2010 кайд намудаед, ки "барои хаматарафа пеш бурдани реформаи суди ташкили судхои хаками зарур аст ва бояд онро равнак дод".

КФБТ-хои ш.Хучанд, ш.Исфара ва нохияи Б.Гафуров имруз бар хилофи Сарконуни Чумхурии Точикистон ва Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи судхои хаками" амал намуда, ба чунин конуншиканихо даст заданд:

1. Халномахои суди хаками дар давоми зиёда аз ду сол инчониб аз тарафи рохбарони идорахои КФБТ-хои ш.Хучанд, ш.Исфара ва н. Б.Гафуров беасос ба ичро расонида нашуда истодаанд.

2. Сардорони КФБТ-хои кайдшуда бесалохият ба Шурои Адлияи вилояти Сугд, судхои ш.Хучанду Исфара ва вилояти Сугд, прокуратурахои ш.Хучанд, ш.Исфара ва вилояти Сугд, Мачлиси Олии ЧТ бо масъалаи бахои хукуки додан ва хатто конуни ё гайриконуни будани халномахои суди хаками муроҷиат кардаанд.

Мувофики моддаи 87 Сарконуни (Конститусияи) ЧТ - судяхо дар фаъолияти худ мустакил буда, танхо ба Конститусия ва конун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онхо манъ аст.

Дар асоси талаботи моддаи 40 Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи судхои хаками" танхо тарафхо, яъне даъвогар ва чавобгар салохияти аз болои халномаи суди хаками шикоят оварданро доранд.

КФБТ-хое, ки хукуки шикоят овардан ва барраси намудани халномахоро надоранд, баръало аз хадди ваколатхои хизматии худ баромада, аз болои халномахои суди хаками ба макомотхои хифзи хукук шикоят оварда, дар натича боварии мардумро ба волоияти конун, адолати суди ва системаи суди гум карда истода, Конуни ЧТ "Дар бораи судхои хаками"-ро зери шубха карор дода истодаанд.

Пас суоле ба миён меояд, ки агар ин ашхос конуни давлате, ки худро чун давлати сохибихтиёр, хукукбунёд, демократи, дуняви ва ягона дар арсаи чахон муаррифи мекунад ва конунхои кишвар аз тарафи Мачлиси Олии ЧТ кабул шуда, Президенти ЧТ, мухтарам Эмомали Рахмон онхоро имзо менамоянд, зери шубха карор диханду ба ичро нарасонанд, пас хадафи онхо дар чист? Агар зарурати кабули ин конун чой намедошт, Конунгузор онро кабул намекард.

3. Рохбари КФБТ-и ш.Исфара А.Фаттоев тамоман аз хадди ваколатхои хизматии худ баромада, хатто ваколатхои макомотхои хифзи хукукро ба ухда гирифта, тарафхоро даъват намуда, худсарона аз онхо баёнот гирифт ва халномае, ки аз тарафи суди хаками мохиятан кабул шудаасту кувваи конуни дорад, зери шубха гузошта, оиди дурусти ё нодурустии он санчиш гузаронид. Хол он, ки дар асоси банди якуми моддаи 47-и Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи судхои хаками" хатто судхои умумии дар холати ба тарики мачбури ба ичро овардани халномахои суди хаками хукуки мохиятан дида баромадани бахсро надоранд.

4. Прокуратураи ш.Хучанд бо мактуби худ 8-7/3-10 аз 01.02.2010 сол ба КФБТ-и ш.Хучанд чавоб дод, ки карорхои суди хаками конуни буда, онхо бояд бетаъхир ба ичро расонида шаванд.

Баъдан Директори кулли КВД "Хочагии манзилию коммунали" А.Тагоймуродов бо ирсоли мактуби расми 739/17 аз 07.09.2010 сол ба унвони мо изхор намудааст, ки "Рохбарону мутахассисони сохаи бакайдгирии вилояти Сугд вазифадор гардидаанд, ки халномахои суди хакамиро дар доираи талаботи конунхои амалкунанда ба ичро расонанд".

Бори саввум бошад, Мачлиси Олии ЧТ дар мактуби худ З/КХ 2520 аз 22.09.2010 сол хамчунин иброз намудааст, ки халномахои суди хаками бояд бо ба ичро расонида шаванд.

Ачоибаш он аст, ки хатто пас аз ин се мурочиатхои расми ба унвони КФБТ-хо халномахои суди хакамии ш.Хучанд ба ичро нарасидаанд.

5. Ин шахсони мансабдор, махфияти баррасии парвандахоро дар суди хаками вайрон намуда, ба тамоми макомотхо шикояту аризахои бесалохияташонро хамрохи халномахои суди хаками ирсол карда истодаанд. Тибки талаботи моддаи 25 Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи судхои хаками" холатхое, ки ба хакамон дар вакти баррасии парванда маълум мегардад, махфи буда, бе ичозати розигии тарафхо наметавонанд пахн карда шаванд.

6. Сардори КФБТ-и ш.Исфара А. Фаттоев гайриконуни бо хохари худ Музаффарова М.Р., ки судяи суди ш.Исфара мебошад, мактубхои бардуруг тартиб дода, ичроиши халномаи суди хакамиро аз санаи 04.02.2009 сол боздошт. Холо он, ки судяи суди ш.Исфара чунин ваколати аз ичроиш боздоштани халномаи суди хакамиро надорад. Дар ин холат А.Фаттоев ва судя Музаффарова М. аз муносибатхои хешу табори истифода бурда, холатхои коррупсиониро ба вучуд овардаанд.

Дар моддаи 11 ва 12 Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи коррупсия", ки норавоии хизматии якчояи хешовандон ё авлодон, хукуквайронкунихое, ки барои коррупсия шароит ба вучуд меоварад ва чавобгариро барои онро пешбари менамояд, кайд шудааст. Яъне хешу табори наздик дар вазифаи хизматии давлати ва тобеи якдигар шуда наметавонанд.

Дар асоси моддаи 16-и Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи хизматчиёнии давлати" айнан чунин чавобгари пешбини карда шудааст.

7. Ин шахсони мансабдор ичроиши халномахои судиро як тараф монда, фаъолияти суди хакамиро тахти таъкиб карор дода, аз амал ба тахкири шахсият гузашта истодаанд.

8. Вазифаи асосии КФБТ-хо дар асоси карорхои хокимияти махалли, шартномахои идораи нотариали ва карорхои суди тартиб додани шиносномахои техники мебошад. КФБТ-хо дар асоси хисоббаробаркунии хочагии - аз хисоби маблагхои воридгашта фаъолият мебаранд ва чи кадаре, ки шумораи мизочони онхо зиёд шаванд, хамон кадар даромаднокиашон афзуда, ба бучаи давлат андозхои мукарраршуда ворид мегардад. Пас, дар холати ичро накардани халномахои суди хаками, ин шахсони мансабдори давлати хам ба коргохи худ ва хам ба давлат зарари модди низ меоваранд.

9. Сиёсати давлат ва Хукумати Чумхурии Точикистон пеш аз хама барои бархам додани холатхои коррупсиони дар сохторхои давлати равона карда шудааст.

Мутаассифона, худи шахсони мансабдори давлати аз чумла Раисони КФБТ-и ш.Хучанд, ш.Исфара ва нохияи Б.Гафуров барои ичро накардани халномахои суди хаками забон як карда, холати коррупсиониро ба вучуд оварданд ва мардум сарсону саргардон гашта, боварии онхоро ба адолати суди гум шуда истодааст.

Амалхои ин шахсони мансабдори давлати зидди сиёсати давлат ва барномахои давлати, аз чумла ислохоти суди ва ташкили чойхои нави кори равона карда шудааст, ки норозигии мардумро ба идорахои дахлдори давлати афзун гардонида, ба суст гардидани механизми идоракунии давлати сабаб шуда метавонад.

Чаноби Оли, Мухтарам Эмомали Рахмон!

Дар асоси гуфтахои болои аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки мурочиати моро тахти назорати махсуси худ карор дода, волоияти конун, хифзи хукукхои конститутсионии шахрвандони ЧТ ва ичроиши халномахои суди хакамии ш.Хучанд таъмин карда шуда, шахсони дахлдор, ки хилофи Сарконуни Чумхурии Точикистон ва Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи судхои хаками" амал карда, аз ваколатхои хизмати суистифода намуда, аз хадди ваколатхои хизмати баромада, дар ичрои вазифа беамали нишон дода, ба татбики адолати суди монеъ шуда, халномаи суди хакамиро бе ичроиш гузошта, нобоварии оммаро ба адолати суди пайдо карда, мардумро гумрох карда истодаанд дар назди конун чавоб гуянд.

Хадафи асосии ман пеш аз хама дастгирии сиёсати пешгирифтаи Шумо доир ба гузаронидани реформаи суди дар Чумхурии Точикистон ва сазовори боварии мардум будан аст.

Махз ин хадаф боис гардид, ки бо мактуби кушод ба Шумо ва хамаи расонахои хабарии Точикистон мурочиат намоям ва дар эчоди давлати дар хакикат хам хукукбунёду демократи бо номи Чумхурии Точикистон сахмгузор бошам.

Бо эхтиром,

Раиси суди хакамии ш.Хучанд

дар вилояти Сугд: М.Ю. Чураева


15.11.2010 сол

Маълумоти иртиботи:

Чумхурии Точикистон

735700 шахри Хучанд, кучаи К.Хучанди 153

тел.: +992 (92) 764 48 48

e-mail: ts.juraeva@gmail.com, ts.juraeva@mail.ru

Комментариев нет:

Отправить комментарий