! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

15 сентября, 2010

Саҳифаҳои зиндагӣ

Баъзан мехоҳам китоби хотираҳоямро варақ занам. Ба ёд овардани чанд соле, ки аз сар гузаронидаам, ҷолиб аст…

Соли 2002. Бисёр орзу мекардам, ки ба шаҳри Душанбе равам. Барои идомаи таҳсил дар яке аз мактабҳои олӣ.

Падарам нагузошт. Намехост, ки аз зери назорати ӯ дуртар равам. Барои он ки аз ин ҳисси ӯ огоҳ набошам, мегуфт, ки “писарам, Душанбе комилан ором нест. Мабодо туро азият накунанд.”

Зоҳиран дили кӯчаки ман ба ин ризо мешуд, вале хуб медонистам, ки аз деҳаи мо чандин нафар дар пойтахт зиндагӣ доранд, мехонанд ва кор мекунанд.

Аммо ҳарчӣ мегуфтам, падарам аз гапаш намегашт. Ночор будам. Гиря кардам фақат ба хотири ин ки ба Душанбе омада, таҳсил кунам.

Зеро бисёр мехостам, ки дар пойтахт бошам ва ба ҳамаи бузургон наздиктар.

Шояд сарнавишт ин буд ва ё шояд зуд ба тақдир тан додаву ба Хуҷанд омадам. Шаҳре, ки аз даврони наврасӣ бо ҳар паскӯчаи он ошно будаму дӯстони зиёде ҳам доштам.

Ин бор Хуҷанд маро бо бастаи ҳуҷҷатҳо пешвоз гирифт. Ҳуҷҷатҳое, ки мехостам онро супорида, ба бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шавам.

Вале сайругашт дар маконе, ки ҳуҷҷатҳоро қабул мекарданд, маро ба фикр андохт. Зеро ба факултаи шарқшиносӣ бояд теъдоди ками довталабон дохил мешуданд. Бисёриҳо ба мани деҳотӣ маслиҳат доданд, ки беҳтар аст ҳуҷҷатҳоро ба факултаи дигаре супораму пас аз як соли дигар ба шарқшиносӣ биёям.

Дигар илоҷе набуд. Чунки натанҳо падарам маро ҳамроҳӣ намекард, балки пули бисёре ҳам надоштам, ки ба касе пора диҳам. Ночор ба факултаи суханшиносӣ ва шӯъбаи рӯзноманигорӣ супоридам.

Рӯзи имтиҳон ҳам фаро расид. Намехостам дар ин рӯзҳо ба ман бигӯянд, ки шумо дохил нашудед.

Аммо ба иншои навиштаи ман, ки дар бораи меҳри ватан буд, баҳои се гузоштаанд. Баҳои мулоимхунук. Яъне, на бовар ҳаст, ки аз имтиҳон мегузорӣ ва на бовар ҳаст, ки намегузарӣ. Дарҳол аризаи аппелятсионӣ навишта, хоҳиш кардам, то муаллиме, ки иншои маро тафтиш карда, баҳо гузоштааст, сабаби гузоштани чунин баҳоро бигӯяд.

Мо тақрибан бист дақиқа рӯйи иншои навиштаам, ки саросар пур аз меҳри ватан буд, баҳс кардем. Аз ҳашт иштибоҳе, ки муаллим дар иншои ман ёфтааст, танҳо ба якеи он ризо шудам ва хостам, баҳои сеи маро ба чор иваз кунад.

Баъд аз ин, се имтиҳони дигар супоридем, ки аз тариқи тестӣ анҷом шуд. Хулоса, рӯзи хондани баҳоҳо ҳам фаро расид. Рӯзе, ки фикр мекардам, осмон ба сарам фурӯ мерезад.

Дар толор менишастем. Аз минбар ному насаби дохилшудагонро мехонданд. …Каюмарс… Номи худро шунидам, ураааааааааааааааааааааааа!

Ба падарам занг зада, гуфтам, ки ба донишгоҳ дохил шудам. Ӯ ҳам хушҳол буд ва гуфт, ки бояд зуд ба деҳа оям. Чунки ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) ба тӯйи хонавдоршавии писари аммаам меравем.

Он рӯз як саҳифаи зардшудаи рӯзгори ман буд. Рӯзи хушҳоливу хушбахтӣ…Рӯзе, ки ба шӯъбаи рӯзноманигории факулати филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шудам…

Комментариев нет:

Отправить комментарий