! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

23 марта, 2012

Зани дувум мехоҳед?


Иддае аз рӯҳониён дар Тоҷикистон мегӯянд, бандҳои марбут ба бисёрзанӣ ва ё чандҳамсарӣ дар қонуни кайфарии ин кишвар ниёз ба ислоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, ислоҳи ин банди қонун метавонад, шароити зиндагии занҳоеро, ки феълан ғайриқонунӣ ҳамсари дувуми ин ё он нафаранд, беҳтар намояд.
ҲАҶМИ МАТН 
ҚОНУНИ ДАВЛАТ Ё ҚОНУНИ ИСЛОМ? 

Қонуни кайфарии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои онҳое, ки ин қонунро муроот намекунанд, то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.

Новобаста аз ин, гурӯҳе аз мардон бо никоҳи шариатӣ ё мусулмонӣ соҳиби занҳои дувум ва ҳатто севум мешаванд, ки аз нигоҳи қонун ғайрирасмӣ ва аммо аз нигоҳи шариати ислом ҳалол ба ҳисоб меояд.

Зарафо Раҳмонӣ, масъули умури занон дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бовар дорад, ки бо қонунӣ шудани бисёрникоҳӣ дар кишвар шароиту вазъи он бонувоне, ки саробон надоранду мехоҳанд, ҳамсари дувуми марде бошанд, беҳтар хоҳад шуд:
“Агар масъалаи ахлоқу вазъияти занонро ба инобат гирем, ин хуб аст. Яъне, онҳо метавонанд бо ин роҳ худро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб – аз фоҳишагарӣ, даст задан ба зинокорӣ ва ҳамчунин падидаҳои дигаре, ки барои ҳар як мусулмон ҷоиз нестанд, нигаҳ доранд”.

МУХОЛИФОНИ ИН АҚИДА

Бар хилофи ин ақида, фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, ки аксаран аз қонунҳои дунявӣ ҳимоят мекунанд, иҷозаи бисёрникоҳӣ дар кишварро қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, аксари мардон аз шароити вазнине, ки ба дӯши занон уфтодааст ва ҳам аз шариати ислом, ки бисёрзанагиро иҷоза медиҳад, сӯистифода мекунанд.

Маърифат Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занон, дар сӯҳбат ба мо гуфт, қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар Тоҷикистон пайомадҳои манфие, чун бештар шудани мавридҳои худкушии занон ва зинда-ятим мондани кӯдаконро ба дунбол хоҳад дошт:“Ҷомеаи Тоҷикистон барои дузанагӣ тайёр нест. Зеро ягон зани якум намехоҳад, ки дар радифи худ зани дуввумро бинад. Ва ягон мард аз рӯйи виҷдону имон ҳич вақт занеро, ки бева асту, чор-панҷ кӯдак дорад, ба ҳамсарӣ қабул намекунад ва ӯ рӯ меорад боз ба духтарони ҳаждаҳсолаи дигар.” 

ҚУРБОНИҲОИ ЧАНДҲАМСАРИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, аз ҷараёни чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон, ки ҳоло ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, занҳое, ки ба унвони ҳамсари дувум шинохта мешаванд, никоҳи расмӣ надошта, наметавонанд, ки фарзандони худро низ ба ному насаби шавҳарашон бинависанд.

Дар ниҳоят, мегӯяд хонум Раҳмонӣ, онҳо расман аз ҳамаи ҳаққи фарзандиву ҳамсарӣ маҳрум мемонанд ва дар сурати рӯ задани мушкил наметавонанд, ки меросе бо худ бигиранд: “Занҳое, ки дар никоҳи дуввуми мардон ҳастанд, аз ҳаққу ҳуқуқ бенасиб мемонанд. Чунки дар ягон ҳуҷҷат сабт наёфтааст ва дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки ӯ оилаи чандуми ягон шахс аст. Аз ин рӯ, аз ҳуқуқҳои худ маҳрум мешавад.”

Асмонгул Тошева яке аз ин қурбониҳост, ки бо шавҳари худ солҳо ҳамчун зани дуввум зиста, талоқ гирифтааст. Вай ба маркази “Боварӣ”-и Кумитаи кор бо занон аз он шикоят кардааст, ки наметавонад барои се фарзанди худ аз шавҳараш кӯмак ё алимент дарёфт кунад.

Дурсултон Назирова, масъули ин маркази “Боварӣ”, мегӯяд, мушкил сари ин ҷост, ки Асмонгул бо шавҳараш никоҳи қонунӣ надошта, ҳамчун зани дуввум бо никоҳи шариатӣ ё мусулмонӣ зиндагӣ кардааст: “Баъзе аз занон барои гирифтани алимент аз шавҳарони худ ба маро муроҷиат мекунанд. Аммо вақте ҳуҷҷатҳои онҳоро мебинем, кӯдакон ба ному насаби модар сабт шудааст. Ҳуҷҷат, ки ба ному насаби модар бошад, ҳуқуқи фарзандии падарро ёфтан лозим аст. Ин кори додгоҳ аст. Бисёрии падарон се – чор кӯдак доранд, вақте мо даъват мекунем, мегӯянд, ки ин фарзандони мо нест.” 

ЧАНДҲАМСАРИИ БЕ ОМОР

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ дар кишвар, ки ҳудудан 100 ҳазор нафар аз ҷамъияти ғолибан мардро кушта бар ҷой гузошт, густариш пайдо кардааст. Соҳибназарон низ коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳоро аз иллатҳои аслии ин раванд дар кишвар медонанд.

Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ин бахш тадқиқоти хоси идораҳои дахлдори кишвар низ анҷом нашудааст. Онҳое, ки ҳам соҳиби занҳои дувуманд, аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд ва шояд бо дарназардошти муқаррароти қонун аст, ки танҳо доштани ҳамсари аввали худро эътироф мекунанду тамом.

Курсии додгоҳ низ кам нафаронеро дидааст, ки бо ҷурми серзанагӣ дар Тоҷикистон муттаҳам ва ба зиндон фиристода шудаанд. Баъзеҳо мегӯянд, ҷурми серзанагӣ одатан замоне истифода мешавад, ки мақомот хоҳишманди ҳабси нафаре ҳастанду, санади кофӣ барои собит намудани ҷурмҳои дигари муттаҳам дар ихтиёр надоранд.

“ДУ ЗАН ГИРЕД, АГАР ҚУДРАТ ДОРЕД”


Дар ҳамин ҳол, рӯҳониёни мусулмон мегӯянд, агарчӣ ин нукта, яъне чандҳамсарӣ дар Қуръон таъкид шудааст, вале на ба маънои ин аст, ки ҳар кас метавонад ҳар лаҳза зани дувуму севум гирад.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, ба мо гуфт, агар ҳар нафаре, ки аз руйи ҳавою ҳавас зани дувум мегирад, камтар аз айёш нест: “Дини ислом мегӯяд, ҳар занеро, ки ба табъи шумо мувофиқ аст, бигиред. Яъне, аз як то чорто. Аммо агар бинед, ки адолатро миёни занон риоя карда наметавонед, пас, якто гиред! Қонунҳои ислом қонунҳои ҷомеасозанд. Дар сарзаминҳое, ки ҷангу ҷидол мешаваду мардҳо қурбон мешаванд ва занҳо бешавҳар мемонанд ё шумораи мардҳо нисбат ба занон зиёд бошад, бисёрзаниро иҷозат додааст. Яъне, агар касе бо хонаву ҷо, бо либос, таом ва дигар чизҳои зарурӣ таъмин карда метавонад ва дар як сатҳ бо онҳо муомила мекунад, метавонад чанд зан бигирад.”
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи  аз 8
    Баъдӣ 
Ном: муслима аз: сан-петербург
17.05.2010 10:48
shakhcan man zid nestam baroi biser zangiri to dar rohi bad raftana dar nikohi mard boshad u khubast
Дар посух
Ном: Дарвеш аз: Дар ба дар
17.05.2010 11:14
Хуб, дӯстон биоед сермардиро (сершавҳариро) низ қабул кунем. То ки ҳам занон ва ҳам мардон баробарҳуқуқ бошанд. Чӣ гуфтед?
Дар посух
Ном: мундукбой
17.05.2010 11:41
чи гуем?!рафтори дайюсона!
Дар посух
Ном: AZIZ аз: NY
17.05.2010 12:08
Eeeeh baordar. Agar tu New York va Californiyaro medidi megufti ki:
bad az barobar shudani zanonu mardon. yani bisyorshavharivu bisyorzani
megufti chiba qati sagu haru aspu gusfandho izdivoj nakunem... onho ham jon dorand va dar jamiyati mo niz huquqi hudro dorand....
kritikaho boshad marhamat...
Дар посух
Ном: Muhammad аз: Cairo
17.05.2010 14:42
Barodare Darvesh magar tu sihatu salomat hasti ba in sukhanhoyat ohi biser zaniro Xudovandi Buzurg ba mardon ijozat dodagiast va vay donotar ast ba bandaash chi chiz foida mebaradu chi chiz zarar dorad fakat ki njo aybi baze mullohoi mo ast ki mardumro tariki sharthoi 2 yo 3 zana giriro namefahmonand va dar borai fikri sershavhariro metavoni az kalat partoi dusti aziz
Дар посух
Ном: BRAT аз: RUSSIA
18.05.2010 00:37
SHUMOYON HAR BOR MASALAI DINI PARTOFTA MEMONDAGI SHUDED..........in chi gap ??????
Дар посух
Ном: Мушохид
18.05.2010 03:20
Бисёр пешниходи мантикй! Баробархукукй, так баробархукукй! Онхое, ки занро камтар аз мард медонанд, пеш аз хама ба модарони худ хиёнат мекунанд.
Дар посух
Ном: Дарвеш аз: Дар ба дар
18.05.2010 09:47
Хуб, фикр кунед: давлати мусулмоние ҳаст, ки дар он ҷо шумораи мардон нисбатан ба занон камтар аст. Чӣ фикр доред дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Иҷозат дод то ки занон 2-3 шавҳарӣ кунанд? О мардҳо ҳам ҳиссиёти шаҳвонӣ доранд-ку. Ё чӣ бояд кард?
Дар посух
Ном: саид аз: хоразм
20.05.2010 09:14
Ба хама салоооооооом........
Дар посух
Ном: Фаришта аз: Душанбе
20.05.2010 10:37
Мухаммад,оё Шумо бо Худованди Бузург сухбат кардед, ки аз номи у сухан меронед???Худованди Бузургро ягон бандаи Худо надидааст!!!Ва Шумо мегуёд, ки: Xudovandi Buzurg ba mardon ijozat dodagiast va vay donotar ast ba bandaash Наход, ки зан то ин дарача паст рафтаги? Худатон як бор фикр кунед,агар модаратон ё хохаратон зани дуввум мебуданд, чи мушкилие дар дил медоштанд, факат фикри онхо дар тарсу харрос, ва хамчун фарзанд ва бародари у шумо ашкхои модаратонро ё хохаратонро хар руз медидед.Мард он мард хаст, ки занро хушбахт мекунад ва ба фарзандонаш тарбияи хубе медихад. Фикр мекунам, ки бо зани дуввум ва ё савум оё шумо фарзандонатонро ба хуби тарбия мекунед ё ки хушбахтии оиларо хис мекунед.

Ном: Komron аз: U S A
17.05.2010 11:07
Salom ba hamvatanon va ba Muslima va ba tamomi zanoni tjk

Shumo zanoni muhtaram mekhohed ki shavharhoyaton 2 yo 3 zani doshta boshand?
Maksad az in savol tanho fikri shumo mekhoham bifahmam, Be honest :)

Дар посух
Ном: AZIZ аз: NY
17.05.2010 12:12
Javob: jura ba savol savol qati javob dodana bad mebinam lekin majbur astam pursam.
agar hudat apa yo hohar doshta boshi hudata purt.
oyo kadomasha intihob mekuni?
masalan hoharat bo yak shahse izdivoj kunad ki 1 zan doshta boshad lekin aroqhur sigaretkash. 1 mohda 1-2 bor ba yak hel joyho ravad. yoki mehoi hoharat ba shahse izdivoj kunad ki 1 zan doshta boshad lekin ba shashi ba Ahloq boshad.
du zani se zani guyand srazu vohima nakunen. ham chiz qoidahoi hudro dorad.
Дар посух
Ном: Шурик
18.05.2010 03:23
Азиз, ту худат мехохй шавхарат як шавхар дошта бошад ё 2-та? Барои чи бояд мисли як одами бадбахт факат бадтарин шароитро фикр кунй? Шавхари аракхур, сигареткаш метавонад аз шавхари муллои даюси мардумфиреби чандзана хам бехтар бошад!
Дар посух
Ном: AZIZ аз: NY
18.05.2010 10:50
eeh shurik shurik...
chi fikr kadi man zanum.
mo mardem va haqiqatro meguyem. ba fikram hudat aroqhur asti a...
Дар посух
Ном: муслима аз: сан-петербург
17.05.2010 13:01
Комрон бародари азиз манзури ман ин аст ки баъд аз чанги шахрванди занони мо зиед бева монданд ва е духтарни зиеди бешавхар яъне мучарад пир духтар мондан ман соле ду маротиба дар сан-петербург табобат мегирам .дар худи зоишгох вале наметаваонам хамаи уро ба шумо фахмонам хулоса баровардам ки бигзор занхо зани дуюм шаванд то дар рохи бад рафтана ин хуб аст.Вакте ки шахс бо чашми худ мебинад баъд хулоса мебароад.
Дар посух
Ном: Anvar аз: dushanbe
17.05.2010 16:42
ana aknum man ba tu dusti aziz Komron savol doram mardonavor javob de..!!!!!!!!!!!!!!! Man 1 hohari beshvhari sinu sol raftae doram va yak appai shavhar kushta ba manoeki jasad garibe inhoya ki girad tu madonavor javob deh ki megirad yakum zan yo inki ba kadi kucha barovarda biznes kunem ...!!!! ooo az hudo tarsed ohi barobar hukuki megued oo charo o hoharu appai man niz nafsi shvhoni dorand kuuu
eeeeiii duston hudo ba sari shumo chunin hollro nabyorad yane in neki chnin appavu hohar yaneki ba guftahoi beadolatonai mardum gush kardan va hoharu appai hudro har ruz dar holi girya didan mehohed..>????????????????????????????
pas mardat mard boshedu zanat zan mardat mardona gap zanedu zanat zanoma tanho fikri hudro nakuned ooo mo ku musalmon hastem va barodari hamdigari hud hastem kuuuu charo man tanho in musibatro bar dush doram ooo moned ki hoharu appai man bigzor zani 2yum yo 3vum shavad chi gandagi dorad alhamdulilloh moham musalmonem hudo hamai movu shmoro hidoyat namoyad
Дар посух
Ном: AZIZ аз: NY
18.05.2010 07:02
mantiq hamin hast.
mardoni avrupo va amriko 1 zan dorand va 1111111 girlfriend dorand.
mardi musalmon ki dar haqiqat mard ast 1 zand dorad, agar guyad ki quvvati man ba yaktoi digar merasad megirad. ijozad hast.
donen ki 11111111111 girfriend barobari 1 zan ne 0,5 zan ham qadr nadorand.

Ном: nazir аз: Dubai
17.05.2010 11:12
Okhi Dukhtarakoi tojik biseran ai koroe ki kharom mekunem zan bgirem behtar nestyai.....

Ном: Malika аз: Dushanbe
17.05.2010 11:16
Хеч зан намехохад, ки шавхараш ду зан дошта бошад. Бовари дорам: ки полигами дар замоне, ки Куръон эчод шуд, ягон асос дошт, шояд тавалуд кам буд, ахоли кам буд, аскарон намерасиданд. Холо замона дигар шудаст.Бовари дорам, ки худо намехохад занхо азоб бикашанд, бачахо бепарадр калон шаванд. Хулоса хамин ичозати полигами дар куръон истисмор шуда истодааст.Хар кас онро ба хости дили худаш истифода мекунад. Айб аст, мо дар асри миёна зиндаги надорем, миллатхои дигар ба мо механданд. Духтархои 15 соларо зан мегиранд, бади се чор сол боз зан мехоханд ин мардхои точик. Бас будагист ин маймунбози!
Дар посух
Ном: Малик аз: ТЧ
17.05.2010 12:09
Ин маймунбози не агар хубтар болоро аз Рахмони мехонди инвакт ин суханонро намегуфти чи фикр карди Куръон кухна шудааст на хеч гох то киёмат ва баъдаш кухна нахохад шуд. !!!! шумо фикри пучи худатонро инчо сабт мекунеду аз номи хамаи занони мусалмон сухбат мекунед бас аст ин дуруггуиятон !!!! Куръон китоби худост Худованд созандаи мост ва У медонад чанд зан гирем ё нагирем... Чи ту ба як Холоделник барор бовар карда аз инструкцияаш истифода мебариву аз Инструкцияи Созандаи инсон ки дар Куръон сабт шудааст кухна меноми! Худованд хидоятат кунад...
Дар посух
Ном: Шурик
18.05.2010 03:26
Дине, ки пайгамбараш бо духтарбачаи 6-сола издивоч кардааст, кухна шудааст ва китобаш хам дигар номаъкул аст.
Дар посух
Ном: Taj_Patriot аз: Kulob
17.05.2010 12:35
Shariat ijozat dodaast bisyorzaniro na ba on ma'no, ki har kas az rui havovu vahas ba yakchand duxtari javoni 18-sola xonador shavad! Manzur on ast, ki ba ghair az zana avvalai xud, ba zanoni bevae, ki farzandoni yatimmondaro bad dush dodand xonador shavad. In ast musulmoni, mardonagi va balandhimmati, ki na har mard metavonad ba in qodir boshad. Va agar marde chunin zanonro intixob karda ba zani girad, valloh ki podoshi in javonmardiro sohib megardad, zero ki u ham zanero az rohi bad megardonad, va ham yatimonero sarobon meshavad.....
Дар посух
Ном: муслима аз: сан-петербург
17.05.2010 13:10
Хамшераи азиз Малика аввалан худованд туро ба рохи худаш хидоят кунад баъдан китоби Куръон ин шухи надорад бо ин суханонат тавба кун чун ки мову шумо аллхамдулилох мусулмонем.
Дар посух
Ном: javob аз: dushanbe
17.05.2010 14:02
salom javob ba xohar malika e xohari aziz hudo meguyad kudrat dored zan gired to 4 to bad in ki kuron ejod nashudaast in sheri yagon shoir nest. har yak kalimae ki mezani hub fikr kun.in hukm ki jori shud hej asos pasos nadosht tarikha bra bhon hamu holatdam zanu mard pur bud tu ina donista gir ki hukmi hudo yaktaast u hej vakt dar har yakzamon rangi kitobi hristiyano har kas hoxa hukmi nav dar vai vorid namekuna baroi on ki hofizi in kitob hudo hast ki hudash dar kuron meguyad dar surai hijr , va in hud malum hast ki jomea hej vakt az zanu mard kam nameshavad vakto ki un zanhoero ki be shavhar hastand mo mardho nagirem pas unho baroi homush kardani garizai shahvatashon fohisha hona biravand hudo hidoyat kunad mo va shumoro.
Дар посух
Ном: Muhamamd аз: Cairo
17.05.2010 14:51
Ba hohari aziz yo apai aziz Malikabonu guftani astam ki, Kuron to ruzi kiyomat Nav memonad inro faromush nakun ki davlathoi peshtrafta Kuronro istifoda burda pesht rafta istodaando hamu Kusto nabud ki dar Bahr solho gasht va gasht ohir yak chizero kashf kard ki dar Kuroni Musalmonho 1400 sol pesh bud musalmon shud ohi mendeleev nabud ki musalmon shud ohi man ba tu murojiat mekunam Hohari aziz in sukhanhoe, ki tu megui in sukhanhoyatro burda ba ob parto vakte ki 2 zani yo 3 zani mardho nagirand o tu fikr kun biseri dukhtaro be shavhar chi kor mekunan rafta dar Xudo maro bakhshsad peshi Karabolo beistan shabho to sahara to sum kor kunand tu az hama Xubash in khel gaphoro naguy biser gap zadam bakhshish boz meguyam chi aybi hast dar mo ast Dini Xudovand hej aybe nadosht va nadorad va dar 10000 solai oyanda paydo nakhohad kard
Дар посух
Ном: Абдуллох аз: Точикистон
17.05.2010 15:32
Ба хохар Малика гуфтани хастам, ки ин Куръон китобест абади ва Шумо хохари азиз наметавонед бо акли худ хулосабарори кунеду онро тафсир кунед. Бинобар ин Ислом дар худ олимоне дорад, ки онро тафсиру шарх медиханд, аммо онхо низ бо илми худ очиз мондаанд. Як сухани хилофи Куръони метавонад инсонро ба куфр барад, бинобар ин тавба кун ки Худованд туро бахшида бошад. Худованд тамоми хохарони моро хидоят кунад!
Дар посух
Ном: Anvar аз: dushanbe
17.05.2010 16:49
Asalomu Alaikum.....!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
dusti aziz suhanoni handaovar mezani avvalan inro don ki KURON ejod nashudaast na dusti aziz KURON firistoda shudaast fahmo badan boreham kuronro ba dastat nagiriftagii naguki muaalik ba falom davru zamonast yakbo KURONro bo tarjumaash hadi akal hondai ..????????? dusti aziz istismora avvalan fahm bad gap zan manoi onro medoni chist..??????????????
megui ki dar asri ponzdah nestem hastem hastem bo kadom duhare ki hohem gufti gapo ki Dvigeni kada kortona meknem ba har duhtaroni kadi kuchai Karabollo kortona mekunen in haivini nest magar in asri 15 nest magar ..?????????????????
Дар посух
Ном: Tamom аз: TJ
17.05.2010 20:18
Значит бовар ки карди фиристода шудааст пас духтарони карболоро низ (проституткахои ончоро) манъ кардаасту гуфтааст Никохи духтарони покизаро ба зани аз ду то чахор гиред дигар чи ё ба инашам бовар надори(((
Дар посух
Ном: Шурик
18.05.2010 03:25
Куръонро арабхо вакте нависта буданд, ки вахшй буданд. Холо хам дар хамон вахшигарй мондаанд. Шарм кунед. Одам шавед! Дар асри 21 зиндагй мекунед.
Дар посух
Ном: A аз: Dushanbe
18.05.2010 11:36
Assalomu Alaikum.......!!!!!!!!!!!!!!!!!
bovar kun shurik ba nomat monisib navisti neki ooo tu musalmon hasti fikr namekunam ki boshi ba har hol Shuriiikkk kuronro arabho nanavistaand kuron ro hamon hudoe ki turo az yak obi palidi nochiz shahsi zeboe bavujud ovar anahamun hudo ravon firistodaast mefahmi bad arabho vahshinestan agr vahshi mebudand imruzho 6o foizi duhturoni amriko arabho hastand 40 foizi muhandisoni amriko arabho hastand hamun amerikaavu angliyai novahshie ki hozir dar avgonistonu irok musalmonon ro chun vahshiho mekushan az puli nefti arabho katagi mekunand in hama omoreki man ovardam bo dalilu hujatast agar hohi boz yofta mediham SHURIK
Дар посух
Ном: Hangoma аз: Khorij
18.05.2010 15:35
Shurik barodar hanuz, ki waqt ast TAWBA kuned, Khudowand Rahim ast shumoro inshaAllah, ki mebakhshad.
digar ba khohar Malika wa badigaron guftaniam: Khudowandi mehrubon dar kalomi Sharif farmudaand, ki har marde metavonad az zanho du se e chahor-ro ba zani girad. Ammo agar imkoni adolatpeshairo nadoshta boshad, pas 1-to bas ast. Alloh donandai rzhoi nihon ast, wa U (Khudo) Hakimu dono ast. Dar sharoiti Tojikiston, ki nufuzi mardho az zanho zied ast, behtar ast agar dawlat ijozai duzanagiro jori namoyad. Be in ham zied az mardhoi mo fahshu fohishagiro mekunand wa har jo zanhoi pinhoni ham dorand. Agar in mardho az darsi dinu dindori wa shart nikohi duzanagiro donista boshand, fikr namekunam, ki fohishagii khuro davom dihand. Okhir in ISLOM pok ast, hidoyatgat ast. Charo, ki mo onro kabul nadorem. Masalan, man khudam sinu solam ba joe rasidaast, ki oilador bosham. Orzu doram shawharu kudak doshta bosham, ammo hamsnnu soli mo hamaashon oila dorand allakai. Ba'd chi man boyad tamomi umr hamin khel orzui khudro ba khok baram? Man musalmonam wa bosabr hastam inshaallah. Biguzor onhoe, ki imkoniyat dorand, wa wazifahoi khudro hamchun shawhar donista az uhdaash baromada metavonand, zani digarro ham khushbakht kunand. Wa zanhoi 1, ki rashk mebarand, bosabr boshand. Albatta mushkil ast, ammo in dune faqat chand ruz ast, wa khushbakhtii khudro bo digaron sharik kardan ajru savob ast.

Salomat bosheton!
Дар посух
Ном: Шурик
19.05.2010 01:42
А!. А-ро ёд гирифтй, шояд Б-ро хам ёд гирй?
Ту шарм намедорй, ки дар асри 21 ба ин суханони аблахона бовар мекунй? Кай дидй, ки Худо хаки занро нисфи хаки мард дониста бошад ё пайгамбараш як духтарбачаи 6-соларо ба занй гирад ва баъд ба вай тачовузи чинсй кунад, факат фикру зикраш шикамашу таги нофаш бошад? Худоро масхара накун. Куръон китоби арабхо аст ва арабхо имруз аз бадбахттарин мардуми оламанд. Нефташон тамом шавад, бо косаи гадои таги дарат меоянд.
Дар посух
Ном: rtr
19.05.2010 10:21
malika shumo ham du shahvar kuneddddddd

Ном: беном аз: ш.Душанбе
17.05.2010 11:22
Хуб мешуд агар дузанаги конуни мешуд,нарасидани як мард сари як зан чунки ин фочиаи миллат аст.Духтархое ки сину солашон гузашта истодаанд онхо чи кор кунанд,зани дуввум нашаванд агар. Барои оне ки номуси занхои точикро бардорем бояд монеъи конун нашавем.

Ном: Зан аз: К-теппа
17.05.2010 11:24
Мо хамаги медонем,ки бисьери сохибкорону хукуматдорон зани дуввум доранд.Ва ба хотири тарс аз конуну зани якум инро фош намекунанд.Пас барои чи он коре,ки яьне дузанаги; буд, хаст ва мемонад инро аз чихати конуни (ичозат) надиханд.Ман зани дуввум буда да богчаи кудакона кор мекунам.Ягон даьво надорам.

Ном: беном аз: Душанбе
17.05.2010 11:33
Рахмат ба суханхои Зарафо Рахмони,
Дар посух
Ном: zani duvvum аз: tjk
17.05.2010 23:49
salom ba hambahson; ba nazari man chand zanagi bad nest valekin boyad didki tarafi muqobil (mardeki mekhohed zanash boshed) insoni bo marifat va fahmida boshad ki bad az muddati zindagi zani duvvum ro miyoni roh nakunad.

Ном: Чавоб ба Дарвеш аз: К-теппа
17.05.2010 11:36
Магар ту Дарвеш аз каломи Худо огох нести, ки мард наметавонад шавхар кунад. Хай агар ту хохи...... ачабе нест.
Дар посух
Ном: Шурик
18.05.2010 03:27
Пас дар Куръони арабхо "гилмон" чи кор мекунанд? Бачахакои хушру дар бихишт? Хахаха
Дар посух
Ном: Hangoma аз: Khorij
18.05.2010 15:38
PISTAI BEMAGHZ AGAR LAB VO KUNAD RASVO SHAVAD!!!
Дар посух
Ном: Дарвеш аз: Дар ба дар
18.05.2010 09:57
Бародар, ман бисёрмардӣ(бисёршавҳарӣ) нисбати занон гуфтам на мардон.

Ном: Беном аз: jonon
17.05.2010 11:56
hey malika soz gap zani namesha (maymunbozi) in chi khel gap zadanay hamin shumo barin zanora mard hayf ast

Ном: Kamnazir аз: Hamadon
17.05.2010 12:02
Баъд хондани ин сахфаи сомонаи Озоди мисрахои зерин ба ёдам омад, ки хамзамон маро барои андешанависи кумак менамояд.
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айбе хаст дар мусулмонии мост. Имруз бо нафароне во хурдан мумкин аст,ки илм он тараф истад хатто донишхои оддитарини диниро надоранд ва дар назди як идда одамон аз дуруст будани чандзанаги бахс мекунанд... маълум ки сарчашмаи иттилооашон фитахои аудио видиои рухониёни муосир мебошанд, ки аз сабаби тангназариашон ба гуфтахои эшон сарфахм намераванд. Ин хам як дарди мухими чомеаи мо аст ва моро бояд бетараф нагузорад.
Дар посух
Ном: Anvar аз: dushanbe
17.05.2010 16:56
bovar kun barodari aziz hichita nafahmidam chi mehoi guftan chi gufti aniktarsh kada ba gui kadom ruhoniyoni muosir oo ruhoni muosir shuda nametavonad hamon kalimahoe ki payombar meguft hamunoya meguyand ku oyo fikru akidai payombarro boz digar karda meshudaast..?????????????????
Дар посух
Ном: Январ аз: Декабр
17.05.2010 20:21
Ту чи фикр карди ки бо ин фикрхои Лениниат пеш меравию ьо Куръон Рухоният наметавонанд муосир бошанд?????? Хандаовар аст пас аз он ки ту чизе аз Куръон намедониву боз муосиро фахми чист
Дар посух
Ном: мутиъаллох аз: фархор
17.05.2010 23:29
Салом ахли имону ислом
вакте ки ман дар ин сафха райхои зёдеро хондам чизхои мулохиза кардам .Ин мулохизахо мешавад ки бисёраш берад монад вале хамон хохареки надониста ба Курони карим харфзадааст набояд бе рад монаад.Хохари азиз ъолимон мегуянд ки хар шахсе ки берун аз тахассусаш сухан гуяд чизхои ачоибе ба забон меоварад.
Бародарони азиз дар хар мавриде сухангуед лекин дар мавриди Ислом ва Курон ва суннати расули акрам ъалайхи салоту ва салом
на дониста сухан нагуед. Чун ки ин Шариъати Илохи на метавонад ки дар дасти хар нафари кам илм бошад.
Хохари азиз ин ро фахмидагир ки Хукмхои Курони карим солех ва кобили хама давру замон хаст ва мемонад.
Албатта ин казяе ки дар ТЧК дар мавриди бас карор гирифтааст ин равшанаст ки яагона рохи хали пешгирии фасод дар чомеа ин таъаддуди зан аст ин казя хали худро пайдо кардааст дар олам.
Бародарону хохарони азиз бе илму маърифат сухан нагуед дар ягон маврид хоссатан дар мавриди шариъат ва хукумхои шариъат.... дар амони худо бошед

ИДОМАИ БАҲСРО ДАР ИНҶО БУБИНЕД:

2 комментария:

  1. салом алайкум барои хонандагон баъд аз хондаин бахсхо чизхое ба зехнам расид ки мехохам баён кунам. Хар шахс тасаввур кунад ва аз вокеиятхои зиндаги нагурезад, шояд хар шахс
    1 духтар 2 хохар 3 модар 4 хешу табори бе шавхар дошта бошад. Мо се рох дорем хар кас як рохро интихоб кунад 1 зани дуввум шавад, 2 ба танфуруши занад ва рохи качро интихоб кунад, 3 то мурдан бе шавхар токат кунад дар сурате ки худо инсонро чуфт офаридааст ва ниёз ба чинси мухолиф дорад. Шумо дусти азиз як рохро интихоб кунед ва рохи чорум дошта бошед истикбол мекунем худо нигахдор.

    ОтветитьУдалить
  2. МАН АЗ ЯК КОР МЕТАРСАМ КИ ХУДОВАНД ЧИ БАЛОЕРО БАСАРИ МИЛАТ МИЁРАД ХОХАРИ АЗИЗ ВА БАРОДАР МАН ЧИ ГУФТАНИАМ БО ШУМО ХУДОВАНД ШУМОРО ХИДОЯТ КУНАД КАСАМ БАНОМИ ХУДО КИ АЗ ХУДО БИТАРСЕД Е АБЛАХО ЯК САВОЛ БА ШУМО ХАМИН ЧОНЕКИ ДАР БАДАНИ ШУМО АСТ ИНКАДАР ШИРИН КИ ДОДАСТ ТУ АБЛАХ ТУЯ НОМАТ НОМИ ПАСТ ШУРИК ТУ БЕ ЕМОН ПАСТИИ ДУДАТРО НИШОН ДОДИ ТУ АЗ ХУДО ВА ПАЙАМБАР РУ ГАРДОНДИ БОВАРИ НАДОРИ МАЙЛИ ЯК БОР НАЗАР БА ЕВРОПА КУН ДАР ЧОИТУ САДХО САДХО ЭМОН ОВАРДН ИН ВАЪДАИ ХУДОСТ ТУ АЗ ДИГАР КАЛИМА АРЗА КУН

    ОтветитьУдалить