! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

18 марта, 2012

Давлат бухорӣ, ҳезумаш одамон (Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон")

Дар вуҷуди Танқисбоев амвоҷи печоне туғён менамуд, ӯро фикрҳои худаш беқарор медоштанд ва ин ҳама қатъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторҳоро нав мешунид, баръакс...
кулли ҳаёти ӯву ҳамхидматони бешумораш мисли ҳаёти мардуми гирду атрофашон рӯз ба рӯз маҳз дар ҳамин муҳити шӯрондани бардавому муборизаи беамоне мегузашт, ки синфиаш мехонданду бино бар ин, комилан ҳаққонӣ шумурда мешуд. Вале рози ниҳоне буд ин ҷо.



Барои авҷи мубориза мавриду ҷараёнҳои нави ошкоркуниҳо лозим буд; азбаски бисёр ҷиҳатҳои ин кор аллакай амалӣ ва тамоми воситаҳо, то ба зӯран фиристодани халқҳои алоҳида ба бадарғаҳои марговари Сибиру Осиёи Миёна, таҷриба шуда буд, ба тарзи куҳна айбҳои бозоргири бару бумҳои миллӣ – миллатгароии буржуазӣ-феодалиро корбаст карда, куллан муваффақ шудан торафт душвор мегардид. Одамон дар таҷрибаи талхи хеш дида буданд, ки хабаркашии андаке оид ба шубҳанокии идеологии ин ё он шахс боиси ҷазои бетаъхири ӯву наздиконаш мешуд, бино бар ин, дигар ба хатоҳои марговар роҳ намедоданд, чизе намегуфтанду наменавиштанд, ки чун зуҳуроти миллатчигӣ тафсираш кардан мумкин бошад. Баръакс, бисёриҳо аз ҳад зиёд, ба дараҷае эҳтиёткору бамулоҳиза шуда буданд, ки ба овози баланд кулли арзишҳои миллӣ, ҳатто забони модариашонро рад мекарданд. Чӣ хел даст мегирӣ шахсеро, ки дар ҳар қадам маҳз бо забони Ленин сухан гуфтану фикр ронданашро зикр мекунад…

Маҳз дар ҳамин замони камвоқеаву барои авҷи мубориза баҳри ошкор кардани душманони нави ниҳонӣ мушкил, тасодуф ҳам бошад, бахти майор Тансиқбоев хандид. Ариза аз болои Абӯтолиб Куттибоевро ба дасти ӯ аслан чун маводи моҳиятан дуюмдараҷа, на ба мақсади оғози тафтиши ҷиддӣ, балки бештар барои шиносоӣ дода буданд. Вале Тансиқбоев фурсати мувофиқи умрашро аз даст надод. Ва фаросаташ ӯро нафиребид. Тансиқбоев, танбалӣ накарда, барои тафтиш ба ҷои воқеа рафт ва акнун торафт бештар бовар ҳосил мекард, ки ин парвандаи дар нигоҳи аввал назарногир, агар хуб таҳлилу тафсир бишавад, вазни зарур хоҳад дарёфт. Ва, аз афташ, кор агар табъи дил биравад, ӯ ҳам аз мукофотҳои боло бенасиб намемонад. Магар ӯ ҳамин ҳоло, паси ана ҳамин миз, шоҳиди чунин тантана нест, магар ӯ намедонад, ки чунин корҳо чӣ хел сурат мегиранд? Магар хуш нест ӯ бо ин шиносони хубаш, ки аз дилу ҷон ба Худо-ҳокимият содиқанду дар сояи лутфаш рӯи мизу сақфашон пурбулӯр аст ва худ кайфу сафо доранд? Вале ба Худо–ҳокимият танҳо бо як роҳ – тавассути хидмати ифлосу собитқадамона баҳри дарёфту ифшои душманони ниқобпӯш метавон даррасид.

Ва аз душманон бодиққатонатар онҳоеро назорат кардан даркор, ки дар асорат буданд. Онҳо худ аллакай ҷинояткори тайёранд, чунки як тир ба пешонии худ назаданд; ӯҳдадор буданд онҳо бимиранду асир наафтанд ва бо ҳамин садоқати тамомашонро ба Худо-ҳокимият, ки мурдану асир нашудан талаби бечунучарояш буд, собит бисозанд. Ва касе, ки асир шуд, ҷинояткор асту ҷазои ногузираш барои ин ҳушдори умрбодест тамоми наслҳоро. Чунин аст таълимоти доҳӣ – Худо-ҳокимият. қуттибоев, ки зери дасти ӯст, ана аз ҷумлаи ҳамин собиқ асирони ҳарбист ва, муҳиммаш, дар парвандаи ӯ як риштаи зарурӣ, бисёр як ҷузъи дархӯрди замон ҳаст – агар эътирофи қуттибоевро дар ин хусус, бигзор каме ҳам бошад, ноил шудан даст диҳад, чун калиди парвандаи калон ба кор меояд. Он барои ифшои нақшаҳои аз азал хоинонаи ревизионистии дастаи Тито-Ранкович, ки бе маслиҳати Сталин ба роҳи хоси пешрафти Югославия даъво доранд, хидмат хоҳад кард. Бубин-а, чӣ хостаанд! ҷанг нав тамом шудаасту ишон – аллакай ҷудо шуданӣ. Насибатон намекунад! Сталин ин мақсадро ба хокистар мубаддал месозаду ба бод медиҳад. Зимнан, барҷо мебуд, агар бори дигар, бо далели андаке ҳам бошад, исбот бишавад, ки идеяҳои хоинонаи ревизионистӣ дар Югославия бисёр барвақт, ҳанӯз солҳои ҷанг дар байни командирҳои партизанҳо тавлид шудаанд ва ин ҳама зери таъсири бевоситаи хадамоти махсуси англис сурат гирифтааст. Дар ёддоштҳои Абӯтолиб қуттибоев лаҳзае ҳаст, ки партизанҳои югославӣ бо англисҳо вомехӯранд, яъне, маҷбураш кардан мумкин, ки чизи барои имрӯз зарурро иқрор бикунад. ҳамин хел ки ҳаст, бо чӣ роҳе бошад, иқрорашро ноил шудан даркор. Сарро ба девор задан ҳам лозим ояд, ин қаламфарсои саройиро маҷбур бояд кард, ки чизи заруриро бигӯяд. Дар сиёсат ҳама чизе, ки ба рафти об аст, кор меояд. Майдатарин далел метавонад охирин санге бошад, ки душманро дар гирудори мафкуравӣ аз по меафтонад. Бино бар ин, вазифаи ба даст овардани он санг ва ё, бигзор, сангчаҳо ва, рамзӣ бошад ҳам, бо дасти худ, аз дилу ҷон ба дасти Худо-ҳокимият додани он сангчаи изофа ба миён меояд, то худаш ҳам назанад, каси даркориро бифармояд, ки бо он думравони ревизионистони манфур Тито ва ҳамтабақаш Ранковичро бикӯбад. Агар даркор нашавад, мегӯянд, ки аз ҳад майда аст, лекин ҷидду ҷаҳдро ба назар мегиранд… Он гоҳ мебинӣ, ки аҳли ин нишаст меҳмони ӯ шудаанду он муносибати олиҷанобро қайд доранд. Охир, маънии зиндагӣ хушбахтист, муваффақият бошад, оғози бахт аст.

Дар ҳамин бора меандешид он шаби меҳмонӣ Тансиқбоеви шунқорчашм ва, пушти миз нишаставу ҳар замон миёни сӯҳбат луқмаҳо партофта, мисли шиновари дарёи пуртуғён, он лаҳза дар гирдоби ҳирсу рағбати хеш шино мекард. Ва танҳо занаш Ойқумис, ки шавҳарашро хуб медонист, пай бурд, ки бо ӯ ким-чӣ рух додааст ва, чун даррандаи хашмӣ, ки нимашаб ба шикор баромадаву бӯи сайдро гирифтааст, ба кадом як иқдоме тайёрӣ мебинад. Занак инро дар чашмони ӯ, ки нигоҳи устувори шунқоронаашон гоҳ сард мешуду гоҳ бо дуди эҳтирос пӯшида, диду пичиррос зад: «ҳамроҳи ҳама мехезему рост хона меравем». Тансиқбоев бо дили нохоҳам сар ҷунбонд. Дар пеши мардум эътироз накард, ҳарчанд ки лозим буд. Дар майнааш нақшаи наву васеътари амалиёт такмил меёфт. Охир, ҳамроҳи қуттибоев боз бисёр касон дар ҳайати партизанҳои югославӣ буданд, ҳарчанд ки имрӯз аз мушхонаҳояшон намебароянд, мантиқан онҳо низ баъзе чизҳоро медонанду ба хотир оварда метавонанд. қуттибоевро маҷбур кардан душвор нест, ки фаъолтаринҳояшонро бигӯяд. Маводи заруриро омӯхтан даркор, худи пагоҳ дархост бояд дод. Ва ё шахсан ҳарчи зудтар ба марказ бояд рафт. Кофтаву ёфта, қуттибоевро маҷбур намудан лозим, ки нуктаҳои даркориро тасдиқ кунад. Дар асоси шаҳодати ӯ, асирони собиқи ҳарбиро, ки дар Югославия ҷангидаанд, гунаҳкор намуда, барои ҳангоми тафтиши комиссияи бозгардонданашон ба Иттифоқи Советӣ хабар надодану пинҳон кардани ниятҳои хоинонаи ревизионистҳои югославӣ ба ҷавобгарӣ кашидан лозим. Ин навъ одамон шояд ҳазорон нафар бошанд, мебояд ин фикрро - зудтар ва беҳтараш дар шакли хатчаи махфӣ – ба боло расонд; ҳамаи онҳоро аз осиёби пурсишҳо гузаронида, ба лагерҳо ҳай кардану ба ин кор хотима гузоштан даркор…

Ин фикр, ки дар сари мизи пур аз анвои хӯрданию нӯшиданӣ аз дилаш гузашт, Тансиқбоев рӯҳбаландӣ эҳсос кард, аз роҳату эҳсоси қаблии гардиши наве дар зиндагиаш боз нӯшидану хӯрдану сурудану бо ҳамнишинҳо шӯхӣ намуданаш омад. Вай ҳамнишинҳоро бо нигоҳи чашмони пурасрор дурахшонаш аз назар гузаронд; ҳама ҳозирон худӣ, азизу қарин, аз як хок ва, аз ин рӯ, он лаҳза чунин дилҷӯ буданд ва ин одамони ба ҷону дил наздик пай намебурданд, ки шоҳиди лаҳзаи тавлиди фикрҳои бузурги ӯянд. Аз ин эҳсос хуни гарм дар сараш туғён мекарду дили шоду пурфараҳаш тезтар мезад.

Ин ният Тансиқбоевро ҳатман ба зинаи баланд-тари мартаба мебурд. Кори баақлонаю мантиқӣ: ҳар қадаре ки душмани пинҳоншударо безарар гардонӣ, ҳамон қадар худ бурд мекунӣ. Чунин пешомад дилро пурфараҳ мекард. Ва ӯ бо ифтихор аз дил гузаронд: «Одамони баақл, ана, ҳамин хел кор мекунанд! Ман низ, ҳазор мушкил ба сарам биёяд ҳам, аз ин роҳ намегардам!» Хоҳише пайдо шуд, ки бетаъхир ба кор сар бикунад – ҳамоно мошин ҷеғ бизанаду ба он ҷо, ба нимтаҳхонаи тирезаҳояш панҷарадор, ки изолятори тафтишотӣ ном дораду Абӯтолиб қуттибоев он ҷост, бишитобад ва ҳамин замон ба кор шурӯъ бинамояд – ягон лаҳзаро аз даст надода, дар худи ҳамон ҷо, дар камера ба истинтоқ бипардозад, чунон истинтоқе, ки аз тарсаш дар бадани маҳбус ҷон намонад. Ва рӯирост фарҷоми корашро бигӯяд: агар Қуттибоев гуноҳашро ба гардан бигираду супоришҳои Англияву Югославияро иқрор кунад ва ҳамаи онҳоеро, ки ҳамроҳаш партизанӣ мекарданд, бигӯяд, мувофиқи моддаи 58, банди 1 «б» 25 сол маҳкумии лагер мегирад, агар не – барои хиёнат, ҳамкории ҷосусӣ бо хадамоти махсуси хориҷӣ ва вайронкории мафкуравӣ миёни аҳолии маҳал парронда мешавад. Бигзор нағзакак фикр кунад.

Ҷараёни ин ҳодисотро тасаввур карда, Тансиқбоев бисёр чизҳоро пешбинӣ намуд: ҳам чӣ хел сурат гирифтани бозпурсӣ, ҳам якравӣ кардани Қуттибоеву чораҳоеро, ки барои шикастани ӯ ба кор бурдан лозим меояд; вале ҳамзамон медонист, ки маҳбусаш роҳи гурез надорад, зинда мондан бихоҳад, ягона илоҷаш ҳамин аст. Албатта, якравона худро сафед мекунад, ки гуноҳе надорад, гуноҳи асоратро, силоҳ ба даст, дар ҷанги якҷоя бо партизанҳои югославӣ, захмӣ шудаву хун рехта, ҷуброн кардааст, бо анҷоми ҷанг аз тафтиши комиссияи бозгардондани асирон гузаштаасту баъдан аз сидқи дил заҳмат кашидааст ва ғайраву ҳоказо. Лекин ҳамааш беҳуда. Аз куҷо медонад Қуттибоев, ки ӯ на бад-ин сифат, балки тамоман ба сурати дигар лозим аст. Ва дар он сурате, ки лозим аст, чун сарриштаи маъракаи томи решаканкунии душманони пинҳоншуда хизмат мекунад. ӯ ба сифати нахустҳалқае лозим аст, ки занҷири тамоме аз пас дорад. Волотар аз манфиати давлат чӣ ҳам буда метавонад? Баъзеҳо гумон доранд, ки ҳаёти одамӣ. Содаҳо! Давлат бухориест, ки ҳезумаш одамонанд ва як лаҳза бе чунин ҳезум бимонад, хомӯшу сард мешаваду дигар ба кор намеояд. Вале, аз ҷониби дигар, ҳамон одамон низ бе давлат вуҷуд дошта наметавонанд. Яъне одамон худ маросими сӯхтани хешро баргузор мекунанд. Аловмонҳо бошанд, бояд пайваста ҳезум бипартоянд. Ана, ба ҳамин равиш барҷост ин дастгоҳ.

Зимни баъзе чизҳои як вақтҳо дар мактаби ҳизбӣ оид ба таълимоти классикӣ шунидааш фалсафаронӣ кардаву дар бари занаш, ки фикрҳояшро баосонӣ мехонд, нишаста ва сӯҳбати ҳамнишинҳоро шунидаву об дода, Тансиқбоев пеши асрори офариниши одам лол мешуд. Ана, масалан ӯ, дар маъракаи меҳмонони азиз нишаставу вонамуд мекунад, ки бо ҳама вуҷуд банди моҳияти ин лаҳзаҳост, вале дар асл хаёлҳои билкул дигар дорад. Кӣ тасаввур карда метавонад, ки ӯ чӣ ният дораду дар дилаш чӣ нақшаҳое тарҳрезӣ мешаванд?! Дарки он ки андар ӯи оромакак сари миз нишаста ким-чизи харобкору ногузири вобастаи як иродаи вай ниҳон асту ниятҳояш, ки қудрати ниҳонашон, баробари амалӣ шудан, одамонро назди ӯ ва, тавассути ӯ, пеши худи Худо-ҳокимият ба зону задан маҷбур мекунад, ва , бино бар ин, ӯ яке аз зинаҳои афзуну бо вуҷуди ин, ангуштшумори пояи мудҳиши Худо-ҳокимият аст, вуҷудашро чун ҳини дидани таоми лазиз ва ё интизории карахтонаи ҷимоъ, роҳату беқарорие мебахшид. Ва, баробари нӯшидани ҳар як қадаҳи навбатӣ, ин рағбат меафзуду дар шакли бемадорие вуҷудашро фаро мегирифт ва ӯ, ба як зӯре ба худ талқин карда, ки иҷрои нақшаашро аз пагоҳ дер намемонад ва ҳоло вақти кофӣ дорад, худро нигоҳ медошт.


Идома дорад...

Комментариев нет:

Отправить комментарий