! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

20 сентября, 2010

"Ҳамла кори дасти Алии Бедакӣ буд"

Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва аз размандагони пешини мухолифин, ҳамлаи пурқурбонии рӯзи 19-уми сентябр болои сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камаробро кори дасти бародараш хонд.

Шоми рӯзи душанбе, 20-уми сентябр, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон навореро намоиш доданд, ки дар он Ҳусниддин Давлатов гуфт, Алии Бедакӣ шахсан дар ин ҳамла иштирок кардааст ва ҳоло дар зери итоати ӯ бештар аз 100 ҷангиён ва он ҳам аз ҳисоби ҷавонҳои маҳаллӣ қарор доранд.

Вай афзуд, ин ҷавонҳо асосан дар зери ниқоби таълимоти исломӣ бо таълимоти ҷангӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин хабарро дар вазорати умури дохилӣ ҳам таъйид карданд.

Аммо дар чанд рӯзи пеш наздикони Аловуддин Давлатов хабари пайвастани ӯ ба гурӯҳи Мулло Абдуллоро шадидан радд карда ва гуфта буданд, ки феълан Аловуддин ба тиҷорати худ машғул аст ва ҳаёти мулкӣ дорад.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ дар ҳоле хабар дода, ӯро барои ҳамдастӣ ба бародараш Аловуддин Давлатов муттаҳам донистанд, ки ӯ дар рӯзи иди Рамазон дар шаҳри Душанбе аз тарафи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда буд.

Аз Ҳусниддин Давлатови 33-сола ба унвони намояндаи маҷлиси маҳаллии Рашт ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон ном бурда мешавад. Агарчӣ масъуолони ҲНИТ гуфта буданд, ки иллатҳои боздошти ӯ рӯшан нест, вале баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Ҳусниддин Давлатов барои харидории либосҳои низомӣ боздошт шудааст.

Худи Ҳусниддин Давлатов ҳам дар навори видеоие, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, гуфт, ӯ ҳар сари вақт барои харидории хокаи алюминий ва нурии минералӣ ба Душанбе меомад, вале намедонист, ки ин ҳамаро бародарашу ҳаммаслакони ӯ ба чӣ ҳадафе истифода мекарданд.  

Комментариев нет:

Отправить комментарий