! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

04 марта, 2008

Муҳаммадҷон Шакурии БУХОРОӢ:«ЗАБОНИ МОДАРИАТРО НАДОНӢ, ҶАРИМА СУПОР!»

-Бисёр гуфта будем ва боз ҳам мегӯем, ки забони мо забони Рӯдакиву Фирдавсӣ...ва оламшумул мебошад. Аммо олими тоҷик Раҳими Мусулмониён дар китоби худ – «Саду як андеша» навиштааст: «Забоне, ки ин ҳазору панҷсад сол ҷойгоҳаш даҳон буд, дар ин чанд даҳаи ахир рӯйи раҳ афтод. Барои бардошта дар ҷойгоҳаш гузоштани он ҳиммат лозим аст, ҳиммати ҳамагонӣ, ҳиммати миллӣ». Вале афсӯс, ки то имрӯз ҷомиаи Тоҷикистон, аз наврас то садрнишини ҳукумат накӯшидаанд, то забони ноби худро покиза нигоҳ доранд. Устод, дарвоқеъ ин айби кӣ ва ё чӣ буд, ки вазъи забони тоҷикӣ то ин дараҷаи харобӣ расид?

-Дар ин бора фикрамро дар чандин китоб, аз ҷумла охирин бор дар китоби «Сарнавишти мардуми Фарорӯд дар садаи бист» гуфтам. Рушду камоли забони мо то асри бист, яъне аз давраи Сомониён то асри понздаҳ ва баъд аз он як андоза маълум буд. Дар илм китобҳое пайдо шудаанд, ки чӣ ҳол доштани забони тоҷикӣ (форсӣ) – ро дар қарнҳои пеш, на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, балки дар Эрону Ҳиндустон ҳам як андоза равшан кардаанд. Хостам, ки вазъи забони тоҷикиро дар қарни бистум маълум намоям. Нишон диҳам, ки дар ин аср ба сари забони мо чӣ ҳоле омад. Инчунин, худи мардуми кишвари мо нисбат ба забони поки модарияшон бепарво шудаанд. Дигар чун пештара барои тозагӣ ва асолати забон ғамхорӣ намекунанд. Он қадар мегӯем, ки дар байни халқ бесаводӣ афзудааст, сабабҳояшро мегӯем, касе намешунавад ё ба он гуфтаҳо аҳамият намедиҳад.

Китоби «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» - и ман дар ҳаҷми сесад саҳифа бо теъдоди 12 ҳазор нусха интишор ёфта буд, ки ҳазорҳо мисолро аз забони матбуот ва телевизиону родиё дар бар мегирифт. Баробари чопи китоб он тез ба фурӯш рафт. Мардум бо шавқ китобро хариданду хонданд. Ҳатто баъзеҳо иқрор шуданд, ки онро ду-се бор хондаанд. Лекин ин китоб низ таъсир накард. Забони васоити ахбори омма ва забони мардум ҳеҷ ислоҳи худро наёфт. Баъд фикр кардам, ин кореро, ки мо мекунем, яъне ба таври нишон додани хатоии як калима, ибора ва ё ҷумла чандон фойида надоштааст. Кор аз беху реша, таҳкурсии бинои забони мо хароб шудааст. Мо мехоҳем, ки онро андак-андак андова, дарбеҳ кунем. Инҳо роҳи асосии ислоҳи забон нестанд.

Чаро ин ҳолат дар забони мо пайдо шуд? Ба хулосае омадам, ки асри бистум асри маънавиятзудоӣ ва маънавияткушӣ буд. Маънавияти мардуми тоҷик дар қатори дигар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то як андоза ба пастӣ расид. Ҷомеаи Шӯравӣ – ҷомеаи атеистҳо маънавиятро инкор кард. Дар натиҷаи ин фарҳангу забони миллӣ хароб шуд. На танҳо забони тоҷикӣ, балки забонҳои дигари давлати Шӯравӣ рӯ ба инқироз оварданд. Аҷиб аст, забонҳои миллие, ки то замони инқилоб вуҷуд доштанд, баъдан то соли 1979 якбора аз байн рафтанд. Хулосаи дақиқ ин аст, ки дар як сол қариб як забон аз байн рафтааст. Мақсади асосии Иттиҳоди Шӯравӣ нест кардани забону фарҳанги милли мардумони ғайрирус буд. Масалан, Хрушёв замоне як масъала гузошта буд, ки дар шиносномаҳои мардум ба ҷойи миллати онҳо бояд «советский человек» нависанд, яъне ҳамту «одами шӯравӣ». Ҳатто онҳо ҳарчи зудтар омӯхтани забони русиро барои ҳарчи зудтар ба қуллаи Коммунизм расидан вобаста карда буданд. Аз ин ба баъд дар миёни тоҷикон гапҳое пайдо шуд, ки тоҷикон адабиёти классикӣ, забон ва таърихи кӯҳан надоштаанд. Пантуркистҳо бошанд, таъкид мекарданд, ин адабиёти классикӣ, ки аксари онҳо бо хатти форсӣ навишта шудааст, аз они мардуми Эрони имрӯза ба шумор меравад ва тоҷикон ба он ҳаққу ҳуқуқ надоранд. Ягона касе, ки бар зидди ин гуна душманони миллати тоҷик мубориза бурдааст, Устод Садриддин Айнӣ буд ва қатъиян таъкид мекард: «Тоҷикон таърихи забонии ҳазорсола доранд».

Раванди дигаре, ки забонро то ин дараҷаи харобӣ оварда расонид, тарҷумазадагӣ буд. Соли 1989, вақте ки Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд, вазъияти забон чунин буд, ки забони давлатӣ дар вазоратхонаҳо, идораи ҳизбӣ, ва ҳатто дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба кор намерафт. Акнун, ки тақдири миллат ва забони тоҷик дар дасти Президент Раҳмонов аст, ӯ бояд тақдири забони миллиро низ ба дасти худ бигирад. Агар не, маҳвшавии он наздик мебошад.

-Бисёре а забоншиносони тоҷик атрофи камбуди забони ВАО – и ҳозираи кишвар хеле андеша рондаанд. Аммо ба фикри Шумо рӯзноманигорони матбуот ва телевизиону радиё ба кадом хатоиҳои забонӣ ва имлоӣ бештар роҳ медиҳанд? Оё ислоҳи онҳо вуҷуд дорад?

-Як ҳашт соли ахир аст, ки забони матбуоти мо назар ба он ки дар замони собиқ Шӯравӣ буд, хеле беҳтар шудааст. Масалан, дар гузашта бо таъсири забонҳои ӯзбакӣ ва русӣ сифатӣ феълӣ бисёртар истифода мешуд. Бе сифати феълӣ ҷумла сохта наметавонистанд. Сифати феълӣ ба монанди «маҷлиси барпошуда», «корҳои кардашуда». Ин тавр иборасозӣ бо сифати феълӣ Аслан хоси забони тоҷикӣ нест, ба ҳамин тарзе, ки истифода менамуданд. Алъон ин чиз торафт дар матбуоти мо камтар мешавад, ки ҳодисаи муҳим ба ҳисоб меравад. Лекин дар баробари ин камбудҳо низ кам нестанд. Ана, ин родиё, гурӯҳҳои эстрадӣ ва хусусан телевизиони тоҷик забонро куллан хароб мекунанд. Барандаҳои телвизион як ҷумлаи дуруст сохта наметавонанд ва на калимаҳоро. Як ғалат дар матбуот ва телевизион бештар ба назр мерасад, ки баъд аз шумора исмро дар шакли ҷамъ меоваранд. Барои мисол мегӯянд, ки «панҷоҳ мактабҳо аз таъсир бароварда шуд». Мо дар забони тоҷикӣ баъд аз шумора исмро дар шакли танҳо меорем. Менависем ё мегӯем, ки «даҳ-то китоб», на «даҳ-то китобҳо». Ҳатто номи вазоратро навиштаанд ва эълон кардаанд, ки «Вазорати даромад ва пардохтҳо». Шакли беғалати он «Вазорати даромад ва пардохт» мебошад.

Бояд матбуотчиён, умуман рӯзноманигорони мо ба ишибоҳҳои забонӣ роҳ надиханж, ки мардум аз онҳо меомӯзад. Пас, аввал ин аст, ки мо бояд ба забони худ доғ наорем ва ба хатоиҳо роҳ надиҳем. Дар ин ҷо халқ айб надорад!

-Лаҳҷа то кадом андоза ба бесифат шудани забони адабии тоҷик «хидмат» кунад? Бо лаҳҷа сухан кардани роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва дигар корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатиро чӣ гуна метавон маънидод кард: забони тоҷикӣ назди «бузургон» қадр надорад?

-Забони тоҷикӣ яке аз зеботарин забонҳои дунё аст. Бисёр вақт родиёҳои забони урду, ҳинду, афғонро гӯш мекунам, аммо фарохтар ва ширинтар аз тоҷикӣ забонеро надидаам. Зебоӣ як тарафи масъала. Ҷиҳати асосӣ дар он аст, ки забони тавонманд забони пуримкон мебошад. Бо ин забон ҳар фикру мақсадро баён кардан мумкин аст. Баъзе забонҳое ҳастанд, ки бо онҳо баъзе фикрҳоро фаҳмонидан ё баён кардан хеле мушкил аст. Агар хоҳем, ки одами бафарҳанг ва маданӣ бошем, забони адабиямонро надонем, чӣ тавр бафарҳанг мешавем? Агар бафарҳанг набошем, баъд аз мустақилият бо давлатҳои абарқудрат калла ба калла зада наметавонем. Агар фарҳанг олӣ набошад, ҳатто моро касе писанд ҳам намекунад. Бино ба ин ҳангоми тамошои маҷлисҳо аз баромади баъзе мансабдорон ва муаллимони худро мебинем, ки на бо забони адабӣ, балки бо шеваю лаҳҷа баромад ё маърӯза мекунанд. Ин чиз, ростӣ, барои тоҷик айб аст. Айби набахшиданӣ! Бисёриҳо шояд ба лаҳҷагапзании садрнишинон одат карда бошанд. Аммо ҳангоми шунидани ин гуна суханҳои кӯчагиву бозорӣ бениҳоят асабӣ мешавам. Зеро ин дараҷаи паси инкишофи миллатро нишон медиҳад. Агар донандаҳои забони адабӣ кам бошанд, яъне сатҳи маданияти миллат паст аст. Вале ҳамин чизро ҳам ба назр гиред, ки бе лаҳҷа забони адабӣ инкишоф намеёбад.

-Оқибати ҳаёти онҳое, ки аз даврони кӯдаки дар мактаб-литсейҳои туркӣ, куриёӣ ва русӣ таҳсил мекунанд, чӣ мешавад? Ояндаонҳо барои миллати худ хидмат мекунанд ё барои он хоҷагони худ, ки барои онҳо таълим додаанд?

-Албатта, ҳарчанд қисмати зиёди онҳо натавонанд ҳам, бархеашон метавонанд хидматашонро аз миллати худ дареғ надоранд. Ба ин чиз ҷойи шубҳа кардан ҳам нест. Лекин лозим мебошад, ки таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат гирад, то он ки ба нафъи миллат кор анҷом пазирад. Пас аз ин ба онҳо метавон баҳои мусбат дод. Ба забони туркӣ, англисӣ, русӣ хатм кардани мактаб ҳаргиз ба манфиати мардуми кишвари мо нахоҳад буд. Аммо гап сари он мебошад, ки мо бояд ин забонҳоро донем, то бемамониат кори худро пеш барем. Ҳамон бачаҳо ҳам хуб дар хотир доранд: агар забони модарияшонро надонанд, хиёнат ба модар мекунанд.

-Аксарияти мардум аз он шикоят мекунанд, ки гӯиё рӯзноманигорони мо имрӯз бениҳоят мушкилнавис шудаанд. Ин гуфтаҳо то кадом андоза ба ҳақиқат наздик аст? Мо чӣ кор бояд кунем, ки аз нав «оддинавис» шавем?

-Ин шикоятҳое, ки забони матбуоти мо эронӣ шудаасту халқ онро намефаҳмад, бисёр шудааст. Натиҷааш он аст, ки мо забони худро аз даст додаем, яъне забони худро намедонем. Соли 1990 мо ҳамроҳи Камол Айнӣ ба Ҳиндустон сафар кардем. Моро аз сафорати Шӯравӣ одамон пешвоз гирифтанд. Баъд ба як шаҳраке бурданд, ки дар он ҷой оилаи мутахассисони советӣ тақрибан ҳудуди 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, вале баъдтар маълум шуд, ки аз ҳамон қадар одам фақат ду нафари онҳо забони ҳиндуиро медонистаанду халос. Боқимондаҳо ба забони англисӣ ҳарф мезаданд, ки ҳоҷат барои аз худ кардани забони ҳиндуӣ нест. Ҳатто худи ҳиндуҳо ахборро бо забони англисӣгӯш кунанд, мефаҳманд, аммо ба забони худашон не. Тоҷикистони мо низ ҳоло дар чунин вазъият қарор дорад. Матбуоти худамонро бо забони тоҷикӣ хонанд намефаҳманд, лекин ба забони русӣ бошад бемалол. Дар Ҳиндустон аҳволи худи мо ба ёдам омад. Зеро забони тоҷикӣ он вақт аз тамоми даргоҳҳо ронда шуда буд, ба ҷуз чор девори хона.

Шикоятҳои мардумро дар ин бобат аз солҳои шастуми асри бист инҷониб мешунавем. Он вақтҳо забони мо хеде одӣ шуда буд. Акнун аз ҳамон одӣ андаке дур мешавад. Он касоне, ки шикоят мекунанд ба ин ҳақ доранд. Ба фикрам, он барномае, ки пешниҳод кардам, барои ислоҳи ғалатҳои забон, агар ин барномаҳо дар сатҳи олии давлатӣ амалӣ шаванд, пас аз 20-25 сол вазъи забони марудм беҳтар мешавад. Баъдан шикоятҳо низ камтар мешаванд.

-Дар аксар мамлакати дунё ҳатто барои кашидани сигор, ки гӯиё ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, ҷарима ситонида мешавад. Магар ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ба онҳое, ки қонуни забонро риоя намекунанд, ҷарима бандад?

-Ба андешаи ман ҷарима бастан зарур аст, аммо на дар ҳама мавридҳо. Соли 1989, вақте ки лоиҳаи қонуни забони тоҷикиро омода мекардем, як моддае дохил карданӣ будем, ки барои иҷлро ва ё риоят нанамудани қонуним забон ҷарима ситонида шавад. Мутаассифона, ин мода қабул нагардид. Масалан, имрӯз чунин корро кардан мумкин аст: ҳангоме як райиси корхона барои ҷоришавии забони тоҷикӣ дар идора монеъ мешавад, ҳатман ҷарима баста шавад. Маҷбур кардан лозим аст, ки бигзор забони давлатиро дар ҳамон идораю корхонаву муассисаҳо ҷорӣ намоянд. Танҳо дар як хиёбони Рӯдакии пойтахти кишвар ҳамаи навиштаҳои болодарии фурӯшгоҳҳо ба забони русиву англисӣ аст. Чаро? Қонуни забонро иҷро ва риоят кардан зарур аст ё не? Инҳо қонунро иҷро намекунанд.

Пас, тоҷике, ки забони модарии худро эҳтиром намегузорад ва намедонад, ё қонуни забонро риоят намекунад, бояд ҷарима супорад. Ин кори хуб мешавад…