! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 марта, 2008

Лоиқ қаҳрамони миллист?

Соли 2000 Лоиқ Шералӣ, шоири мардумии Тоҷикистон, дар синни 59–солагӣ аз дунё даргузашт. Барои посдорӣ ва пойдории номи ин шоир пас аз як соли фавти ӯ, гурӯҳи ҳамқаламонаш унвонии ҳукумати Тоҷикистон нома навиштанд ва дархост намуданд, ки хидматҳои дар ҷодаи адабиёт ва забони тоҷикӣ ба анҷомрасонидаи Лоиқро ба назари эътибор гирифта барояш унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистонро бидиҳанд. Аз замони навиштани ин нома то имрӯз тақрибан ҳафт сол гузаштааст. Ҳоло ҳам ҳукумат ва ҳам порлумони Тоҷикистон дар робита ба додан ё надодани ин унвони олӣ ба Лоиқ Шералӣ посухи манфӣ ё мусбате надодаанд. Оё Лоиқ дар радифи Айниву Турсунзода ва Ғафурову Раҳмонов метавонад қаҳрамони миллии тоҷикон бошад?

Ба ин суол ҷавобҳо мухталифанд. Бархе ҷонибдори Қаҳрамони миллии Тоҷикистон гаштани устод Лоиқанду бархеи дигар зидди ин пешниҳод. Ҷонибдорон ба чунин унвон сазовор будани устоди суханро як амри бебаҳс медонанд. Масалан, иддае аз ҷонибдорон бар ин ақидаанд, ки вақте шахсиятҳои адабиёти мо ба монанди Айниву Турсунзода сазовори ин унвони олӣ мешаванд, дар адабиёти асри гузаштаи тоҷик саҳми Лоиқ низ аз онҳо камтар нест. Дар ин маврид шоири тоҷик Гулназар Келдӣ, яке аз ҷонибдорони ин пешниҳод, мегӯяд: «Унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз насибаи Устод Лоиқ дур нест. Фардо ё пасфардо ӯ ин унвонро хоҳад гирифт. Аммо муҳим он аст, ки ӯ ҳақиқатан шоири халқист ва аз ин дида унвони олитаре нест!».

Иддае дигар мегӯянд, хизмати Устод Лоиқро дар назди миллати тоҷик бо ягон унвони ҳатто олитарин ҳам андоза кардан ғайриимкон аст. Саҳми Устод дар пешрафти тафаккури миллии тоҷикон хеле бузург мебошад. Дар айёми Шӯравӣ Лоиқ аввалин шоире буд, ки аз баёни вожаи МИЛЛАТ наҳаросид ва аз бузургии миллати тоҷик ҷасурона дар шеърҳояш гуфт. Ӯ рӯҳи ба сукутрафтаи шеъри тоҷикро аз нав бедор кард. Ӯ боз озодии андешаҳои Мавлавию Ҳофизу Хайёмро зинда сохт. Ӯ ончунон миллати худро ситоиш кард, ки идеологҳои Шӯравӣ натавонистанд ӯро ба миллатгароӣ муттаҳам кунанд. Фикр мекунам, ин гуна фард (махсусан фарди миллӣ!) ба ягон унвон ниёз надорад, вақте номи ӯ дар саҳифаҳои хотироти як миллат сабт шудааст. Унвон дошта ба зудӣ аз хотираҳо рафтан мумкин аст, ки ин таҷрибаро мо ба чашми сар ҳам дидему аз таърих ҳам хондем.

Гулрухсор Сафиева, шоири шинохтаи тоҷик, хунсардона таъкид мекунад, ки: «Барои Лоиқ на унвони қаҳрамонӣ лозим асту на унвони темурмаликӣ ва на деваштичӣ. Вай як шоире буд, ки хидматашро ба ҷой оварду рафт. Ин унвонаку номакҳо низ як меоянду мераванд. Лоиқ ҳар вақт мегуфт: аз он метарсам, ки шеърам пеш аз худам намирад. Метарсам, ки худам пеш аз шеърам пир нашавам. Хушбахтона, пир нашуд. Шеъраш ҳам пеш аз худаш намурд. Ва як чизи асосӣ он аст, ки мардум фаромӯшаш накарданд».

Ҳамин Лоиқ буд, ки барои покии забони модарӣ ҷонбозиҳо карду нақши худро гузошт. Он рӯзҳое, ки аз пасу пеши Лоиқ мерафтанду бо кафкӯбӣ ӯро муаррифӣ мекарданд, он Лоиқ набуд. Лоиқи асил он буд, ки худ ба худ месӯхт, месохт, дард мекашид. Гурӯҳе вуҷуд доштанд, ки аз пушти номи Лоиқ нон мехӯрданд ва ҳанӯз ҳам нон мехӯранд. Ҳалолашон бод! Дар зиндагӣ аз паси одамони беҳунару беистеъдод таҳқирҳо дид, заҳматҳо кашид. Он вақтҳо аз болояш ба «боло» бисёр мактуб менавиштанд. Лоиқ пеш аз ҳама шахсият буд. Шоир ё нависанда будан мумкин, аммо шахсият набошӣ, ҳеҷ. Агар Лоиқ шеър ҳам наменавишт, дар байни ҳазор нафар мо медонистем, ки ин шахс худашро эҳтиром мекунад, ба қадри зиндагӣ мерасад ва ҳамин одам аст, ки дар дӯстиву рафоқат ҳамрадифашро намефурӯшад. Ана, инро шахсият мегӯянд. Лоиқ боз ҳам шоири насли худ буд. Ва одатан ҳамон шоире, ки шоири насли худ аст, метавонад , шоири насли дигар ҳам бошад.

Сари унвони Қаҳрамони Миллӣ гирифтани Лоиқ Шералӣ андешаҳо мухталифанд. Аммо касе аз ҳамсӯҳбатон нақши чашмраси ӯро дар пешрафти тафаккури худшиносии миллӣ ва адабиёти тоҷик инкор намекунанд. Ростиӣ, унвон додан ва қаҳрамон будан дар даврони собиқ Шӯрави як анъанаи расмӣ буд. Ва замоне фаро расид, ки ба истиснои баъзе қаҳрамонҳои воқеъӣ аксари қаҳрамонҳо фаромӯш шуданд ва ин далели он гардид, ки барои инсон унвон муҳим нест. Муҳим он аст, шахс ҷовидона дар ёди мардум нақш бандад. Ва ин ҳақро танҳо худи мардум дорад ва касе ҳам наметавонад мардумро маҷбур кунад, ки киро дӯст дораду киро не, киро дар дили худ ҷой диҳад ва киро на.

Фикр мекунам, дар назди онҳое, ки ҳарфи охирин аз забони онҳо бояд садо диҳад, мушкиле пеш меояд: оё унвоне, ки онҳо ба шоири миллат медиҳанд ба боло рафтани обрӯву манзалати ӯ мусоидат мекунад, ё баръакс? Ҳарчи ҳам набошад, дар сурати ба Лоиқ лоиқ надонистани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дастандаркорон ва ҳам мухлисони ӯметавонанд озодона нафас кашанд: Лоиқ ба ягон унвон ниёз надорад!

1 комментарий: