! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

24 марта, 2008

Ном

Cоли 1999 ба Душанбе барои ширкат дар даври чаҳоруми озмуни ҷумҳуриявии фанҳо омадам. Ҳангоми иншо навиштан аз ҳампаҳлуям, ки ҷавони донотар намуд, номашро пурсидам. -Шафтолу Зардаков,-бепарвоёна ҷавоб дод ӯ. Дар аввал бовар намекардам. Гапи вайро шӯхӣ мепиндоштам. Чун шӯхӣ як одати қадимист ва ҳар як тоҷик метавонад бо тоҷики дигар шӯхӣ кунад. Аммо, дарвоқеъ, ӯ Шафтолу будааст! Ҳайрати набудаам дучанд афзуд. Дигарбора дилам ба ҳоли зори Фирдавсию дигар шуъарои тоҷик бисёр сӯхт… Бисёр сӯхт, ки имрӯз ворисонашон аз надонистани вожаҳо ҳатто фарзанди худро (бемуҳобот) Тешабою Тоштемуру Гадову Бою Шафтолу ном мегузоранд. Ду-се рӯз қабл аз ин бошад, ҳангоми хондани маҷаллаи «Гуфтугӯ» номи занонеро дарёфтам, ки Коғазмоҳ буд. Воқеъан ҳамин хел аст. Ҷои газофбофӣ ҳам нест. Лоиқ мегӯяд:

Чи бозтоби шигифте, ки номи тифлатро
Ба ифтихори ситамгар гузорӣ Искандар,
Надорӣ фахр, ки номи Куруш бигзорӣ
Ба кӯрият чи бигӯям мисоли равшантар?


Бисёр таассуф мехӯрам, ки мардум баъд аз тамошои филмҳои бисёрсериягии итолиёвӣ, бразилиёӣ ва ҳиндӣ номи фарзандони худро Мария (барои хотири Мария Лопес), Индира, Сураҷ, Равина, Линдаву Эсмиралдо мегузоранд. Дар ҳоле ки фарҳанги тоҷикӣ аз номҳои тоҷикию форсӣ бой аст ва ниёзе ба Марияву Индира намемонад. Аммо мо фарҳанги забони худро дуруст намедонем. Як ҳалқаи тиллоро барои 300 сомонӣ (муодили тақрибан 100$) харидорӣ мекунем, аммо барои харидории як фарҳанги забони тоҷикӣ ба чунин арзиш диламон намешавад. Мо як ҳалқаи тиллоро аз фарҳанги забони худ авло медонем. Бо ин ҳол ба куҷо хоҳем рафт? Замоне дар айни ҷӯшу хурӯши «давраи тиллоӣ»-и Шӯравӣ низ мардуми тоҷик номи фарзанди худро МЭЛС (барои хотири МарксУ Энгелсу Ленину Сталин) ниҳода будааст. Магар мо аз ҳад зиёд мутаассубем? Ба идомаи мисраъҳои Устод Лоиқ таваҷҷӯҳ мекунем:

...Кунун ниҳодаӣ, (эй вой), МЭЛСу Уктобир,
Чи гӯямат, ки забонам зи бун канӣ, беҳтар!


Мо имрӯзро сарсарӣ мебинем, фардоро не. Магар номгузорӣ ҳам фарҳанг нест???

4 комментария:

  1. Бародар Каюмарс.
    Торнамои хубе созмон додаед, хеле хушам омад. Худо кунад, ки каламатон бурову забонатон гуё ва дастурхонатон пури нону кисаато пури сабзпулак (дуллор) бошад. Ва хохони онам, ки хоббии хар як точикистонй боз намудан ва мутолиаи торнамои Шумо бошад.
    Ин ки мо номхои Решаву Тешаву Болту дорем, чои гиламандие нест. Аз хама ачибаш ягон нафари чунин ном дорро ба миллати рус муаррифй кунем, дархол мепурсанд, ки мазмунаш чист. Аз хама мухимаш ман ба Шумо бархе номхоро тарчума мекунам (харчанд кобилияти тарчумонии кам дорам). Парда-занавеска, Шамма-заварка, Тоштемир-каменный железо, Чалпакбегим-лаваши, Диноршо-копейка, Кокулшо-хвостик волос, Тутй-попугай, Сабзалй-зеленка, Зардак-желтуха ва гайра.
    Зинда бошед бародар!

    ОтветитьУдалить
  2. Каюмарси гиромӣ, дуруд:

    Бале, афсус аст ки имрузҳо метавон номҳои фарзандони Тоҷикро вохурд, ки номи онҳо шарафе надорад ва на ба фарҳангу торихи гузашти мо пайванде дошта бошад. Бадтаринаш он, ки мардум ҳисси худшиносӣ надорад ва сониян як муҳимиятеро дар гузоштани ном барои фарзандашон тамоман эҳсос намекунанд. Дар гузаштаи наздик китоби "Сиёсатнома"-ро хондан доштам, ки дар нахуст порчаи он дар бораи гузоштани номи бузург шарафдор барои фарзанд, гуфта шудааст. Бар андешаям, мо, Порсҳо, бисёр китобҳову сарчашмаҳо дорем доир ба ин мавзуъ, вале сустии мо дар он аст ки мардуми мо ба хондан парвое надоранд, дар он вақте ки хондан ин рушноӣ ва пирузии мардуми мост аз ин ҳолӣ имруза.

    Пешниҳод ҳамин аст, ки бояд дар рузномаҳову дидаҳои ҳар руза, бештару бисёртан номҳои Порсӣ чоп кунанд, то мардумро аз ин хатари калон ва ноаёни дар пеш буда, наҷот диҳад. Мехостам инчунин бифаҳмам, шумо чи пешниҳод доред?

    Тандурусту пируз бимонед.



    Порс.

    ОтветитьУдалить
  3. Андешахо...
    Зиндаги ачаб муаммоест. Хирадмандтарин инсон наметавонад онро то охир дарку
    маънидод кунад.
    Аммо ба хар хол, бояд кушид барои донистани он, ки ЗИНДАГИ ЧИСТ?

    Хар коре бо максаде карда мешавад.

    Худо моро офарид, пас, ба дунё омадани мо бехуда набуд.
    Мо зиндаем, нафас мекашем, мегардем,мебинем, мешунавем, гаму шодиро эхсос
    мекунем. Яъне, зиндаги мекунем. Пас, дар ин
    дунё будани мо бехуда нест.
    Худо бо офариниши мо рисолатеро ба души мо гузоштааст. Бояд бияндешем, ки
    дарёбем: рисолати мо чист? Хушбахт касест,
    ки рисолати худ, вазифаи худро дар ин дунё медонаду барои ичро кардани он
    кушиш мекунад.

    ОтветитьУдалить
  4. Порси гироми,

    Пешниход ин буд, ки хар точик бояд дар хонаи худ як нусха аз фарханги забони точики медошт. Ин фарханг ба мо кумак мекунад, то забони худро равон созем. Пешомадони мо то замони истилои рус барои фарзандони худ номхои хуб мегузоштанд. Аммо баъд аз омадани русхо ба сарзамини мо эшон чуз белу каланд ва тешаву табар ёри дигар надоштанд ва бар изофаи он ки забони худро сода карданд, номгузориро низ сода карданд. Ончунон сода карданд, ки дигар бемаъни шуд. Тайи солхои ахир як раванди хубе хам мушохида мешавад. Холо точикони баору номус барои фарзандони худ номхои шоиста мегузоранд. Дигар мардум хам аз таънаву масхараи хамдигар мехаросанд ва талош меварзанд, то ин иштибохро такрор накунанд. Умед ба ояндаи нек мебандем!

    ОтветитьУдалить