! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

16 марта, 2008

Як сол бе Имомназари Холназар

Номи Имомназари Холназар ҳич гоҳ бегона набуд.
Ӯро аз навиштаҳояш хуб мешинохтам, агарчи надида будам...

Моҳи феврали соли 2007. Бояд барои барномаи «Ҳамнафас»-и Радиои Озодӣ (ҳоло дигар пахш намешавад) дар бораи лабханд гузорише таҳия мекардам. Ҳангоми навиштани гузориш дақиқ медонистам, ки мавзӯъи лабханду заҳрханду ришхандро аз кӣ пурсам. Аз ин рӯ, дарҳол ба суроғи Имомназари Холназар баромадам. Хонааш дар наздикии осорхонаи Садриддин Айнии пойтахт будааст. Кӯчаҳои танг, аммо роҳ ба сӯи дили бузург. Маро хуб пешвоз гирифт. Ҷома пӯшида буд ва дар сар тоқии сафед дошт. Агарчи нафасакашӣ барояш азият буд, аммо сӯҳбат кард. Мард буд, намеҳаросид ва пайваста мегуфт, ки чанд суоле дорӣ, бидеҳ. Ман ҷавоб медиҳам. Шояд ба рӯзҳои дигарат даркор шаванд. Вай медонист, ки як рӯз не, як рӯз мо аз ӯ ёд мекунем. Вай медонист, ки мо як рӯз набудани ӯро эҳсос мекунем...

Сӯҳбати мо хубу хуш гузашт. Худораҳматии Имомназар гоҳ аз Сайидқосими Қиёмпур ёд мекард ва гоҳ аз Дориюш. Мегуфт, ки Салими Аюбзод ҳам ба ӯ занг мезанад. Раҷаби Мирзо ва Мунаввари Мунавварзод ҳам ба дидорбинияш меоянд. То ин ҷои сӯҳбати мо келинашон ҳам мурғбирён пухтанд ва назди мо оварданд. Имомназар бо вуҷуди он ки хӯрдани мурғбирён мумкин набуд, барои хотири ман як бурида хӯрд. Ман ҳам як бурида насибаи худро гирфитам. Аммо нагузошт, ки дастонамро пок кунам. Як буридаи мурғбирёнро ба ҷои Дориюш ва як бурида мурғбирёнро ба ҷои Салими Аюбзод хӯрдам. Ин хоҳиши Имомназари Холназар буд...

Аз ин дидор чанд муддат гузашт. Дақиқан на бештар аз ду моҳ. Дар арафаи таҷлил аз Наврӯзи соли 2007 Дориюши гиромӣ ҳам аз Лондон омада буд. Ман ба дидорбинии Дориюш рафтам ва мо якҷоя ба дидорбинии Имомназар. Устод баробари дидани Дориюш хеле хуш шуд. Гӯиё фарзанди азизи раҳдурашро дида бошад. Ман ҳам хуш будам ва барои сеямон чой мекашидам. Мо се соат бо ҳам сӯҳбат кардем. Охирин сӯҳбати ӯро Дориюш забт кард. Ҳазор афсӯс мехӯрам, ки он замон дастгоҳи аккосӣ надоштем ва бо ҳам акс нагирифтем. Вай аз китоби тозаи худ, ки ҳанӯз рӯи чоп наомада буду танҳо пас аз маргаш чанд нусхаи онро нашр карданд, барои мо латифаҳо мехонд ва мо механдидем. Гоҳ ба ҳоли дигарону гоҳ ба ҳоли худ. Аммо намедонистем, ки ин охирин дидори мо бо ӯст.

Ҳамагӣ баъд аз ду рӯзи ин дидор ба Дориюш занг задам ва ӯ гуфт, ки Устод аз дунё ларгузашт. Рӯзи Наврӯз буд. Дигар тамом, Наврӯзи мо ҳамин буду марги Имомназар ҳамон. Марги соҳибдил барои ҳама вазнин аст. Аз ин рӯ, ҳама мегиристанд...Ман ҳам...

Ҳоло, баъд аз панҷ рӯзи дигар аз марги Имомназари Холназар як сол мегузарад. Як соли пур аз фоҷиа ва сардиҳои камназир. Аммо ёди гарми ӯ аз ёдҳо намеравад. Имрӯз, ки дилам зиёд танг буд, ин ҳама сатрҳои хомро рӯиҳам рехтам. Шояд Шумо дар бораи ӯ чизи дигар ва беҳтаре мегӯед...

1 комментарий:

  1. Каюмарси фарзона,

    Имруз торнигоратро боз кардаму як лахза хушкам зад. Чанд руз аст пайваста дар ёди устоди шодравонам. Аз рузе, ки дар хобам дурахшиду шод буд. Ва имруз сафхаи ту бо нигохи устод боз шуд. Нигохе амик саршор аз дарди миллат ва умеди растагорй дар хамон хаёти васеъи хонааш. Гуё хануз чашмбарохи дустони рохдураш истодааст. Аммо дар вокеъ пайкари устод акнун дуруст ру ба руи манзилаш дар он суи руд хобидааст ва аммо равони у рахои рахост ва ба растагорй расидааст. Гох суроги моро мегирад, бо хамон лабханди мудому хандахои гиряолудаш. Равонаш шод бод.

    Сипос аз ёдвораи зебое, ки нигоштайи. Поянда бошй.

    ОтветитьУдалить