! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

20 января, 2010

Лоиқ бо бӯяҳои осмонӣ рафт…

Ба қабристон, агар рӯзе бихуспам,


Маро ҳамсояи соҳибдилон кун…

Таърихи адабиёти тоҷик устодони забардастеро ба роҳи фарохи илму адаб овард, ки онҳо бо мероси пурганҷ ва забони назифи хеш натанҳо дар фарҳанги миллӣ, балки дар тамаддуни ҷаҳонӣ шинохта шудаанд.

Устод Лоиқ (равонашон шод бод) аз шоирони шӯҳратёфтаи тоҷик мебошад. Ӯ истеъдоди нодир ва маҳорати баланди адабӣ дошт. Вай ба эҷодиёти суханварони форсизабон ба лутф менигарист, ба ҳунари шоириашон қоил буд ва сабақи шеър аз онҳо биомӯхт.

Тарзи сухани Лоиқ дар эҷоди ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ возеҳ ва ҳакимона мебошад.

Лоиқ дар гуфтори шеър навпардозӣ мекард, аз як шеър то шеъри дигар эҷоди худро сайқал дода, ҳамешагӣ дар пайи омӯзиш буд. Чашмаи илҳоми шоир аз мероси ғанӣ ва рангини гузаштагон об мехӯрд.

Лоиқ Шералӣ шоири лирик мебошад. Қаҳрамони ашъори шоир шахси наҷиб, кордон, оқилу боқудрат аст, ки адиб онҳоро бо тамоми афзалият васф кардааст.Аммо симои модари тоҷик, хоки пурзари Ватан мояи асосии шеъри ӯянд.

Ташнагони шеър суханони ӯро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Дафтари ашъори шоир нағмапардози қалби ошиқон, замзамаи дилбарон, суруди модарон, меҳру муҳаббати навхонадорон ва пайвангари ҳаммиллатон мебошад.

Устод Лоиқ бо осори воломақоми хеш ба маънавиёти ҷаҳонии мардуми тоҷик инқилобе овард, аз аввалин шоирони шуҷоъ дар адабиёти муосири тоҷик буд. Вай аз мансабдори давр наҳаросида дар ашъораш номи Худо, Пайғомбар ( с), Чорёрон, Қуръон, Оят, Ҳадисро истифода кардааст. Шеъри Лоиқ ба хонанда ҳарорати гармӣ дода, ранҷу сӯзиши қалбро малҳам мебахшид.Сад афсӯс,ки шоири ормонӣ дар охири шашум моҳи оғози асри бисту як аз байни мо рафт. Аммо шеърҳои баландмазмуни ӯ аз дили хонандагон ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.

Устод Лоиқ низ каломи ҷонофарини дилкаш ва бо номи Рӯдакӣ халқи тоҷик ҷовидном буданро ба қалам дода, мегӯяд:

Каломи Рӯдакӣ воломақом аст,

Зи номаш халқи мо ҷовидном аст.

Зарафшон то абад гар зар фишонад,

Беҳин кони зараш шеъри калом аст.

(«Фарёди бефарёдрас», Душанбе-1997, с. 200)

Лоиқ шоири зебописанд, ҳаётдӯст ва ситоишгари забони тоҷикист.Ӯ дар анҷуманҳо барои беҳдошти забони пояндаву бегазанд пофишорӣ мекард. Вай шоири худшиносу худогоҳ дар каломи салисиаш носипосону забонгумкардагонро мазаммат карда, мардумро барои ҷовидонии забон даъват менамуд, то ки ба гирдоби ҳалокатовар ғарқ нагарданд. Ин нанг аст, бар миллате, ки забонашро ба фаромӯшӣ додааст.
Забони ашъори шоир тоза чун оби мусаффои рӯдборҳо. Дар шеърҳояш калимаҳои бегона дида намешавад. Лоиқ ҳама вақт такя ба осори шоирони пешқадам дошт, калимаву таъбирҳои шоистаро аз онон гирифта, хеле хуб истифода мебарад.

Ин ҷо кӯшиш дорем аз рубоии зер калимаи «салсол»- ро ба хонанда ошкор созем.

Бадам, некам, зи аъмолам бипурсед,

Зи гардопандаи ҳолам бипурсед.

Агар ман хом мондам то бад-ин рӯз,

На аз солам, зи салсолам бипурсед.

(ҳамонҷо, саҳ- 201)

Дар « Фарҳанги забони тоҷикӣ», соли 1969, саҳ 183, ҷилди 2 калимаи «Салсол» чунин шарҳ дода шудааст: 1.(а) гиле, ки барои сохтани сафол тайёр карда мешавад. 2(Д) гиле,ки гӯё Худо Одамро аз он сириштааст.

Амир Муиззӣ гуфта:

Аз наъти худоист сиришта гуҳари ӯ,

Гарчи гуҳари одамиён ҳаст зи салсол.

(ҳамон ҷо, саҳ. 183)

Дар китоби «Ғиёсуллуғот»ҷилди 2, Душанбе-1988,саҳ.11 калимаи «Салсол» чунин амадааст: «гили бо рег омехта ва гили хушк ва хом,ки чун ангушт бар он зананд овоз барояд,ки хамири Одам (а) аз он буд. Худованд мефармояд: Ишора ба ояти 14, Сураи Раҳмон «Халақал инсона мин салсолин кал фаххор»-яъне, Одамро аз гили хушкшудае чун сафол биофарид. (Тафсири Мухтасари Хатлонӣ ,Душанбе. 2006, с.379)

Аллоҳтаъоло дар ин ояти карим инсон гуфта Ҳазрати Одам Ато (сафиюллоҳ )- ро дар назар дорад, ки онро аз гили хушк шудаи сафолмонанде, ки ҳангоми ба вай ангушт задан садо мебарорад, офаридааст.

(Тафсири осонбаён , Хуҷанд-2002, п. 27, с. 135)

Устод Лоиқ қаламкаши суханпардоз, оташбаён ва ҳамнафас бо Мусҳафи осмонӣ мебошад.Вай дар байти дигар сарнавишти инсонро аз илми худовандӣ дониста, мегӯяд:

Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед,ки Лоиқ,

Дар оғӯши замин бо бӯяҳои осмонӣ рафт.

(ҳамон ҷо, саҳ.219)

Дар ин байт забондон ва луғатшинос будани шоир ба чашм мерасад , ки ӯ аз осори ниёгон фозилона истифода мебарад.

Калимаи «бӯя» дар мисраи дуюм дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», 1969,саҳ.220 чунин омадааст: Бӯя- орзумандӣ , талаб, дархост, тақозо. Дар «Луғати мухтасар аз адабиёт» Душанбе- 1973,саҳ.16. Бӯя- орзумандӣ, талаб.

Дар «Фарҳанги мухтасари « Шоҳнома» Душанбе- 1992, саҳ 84 .

Бӯя- орзу, майл, ҳавас, талаб.


Ва ба ин маъни Фирдавсӣ гуфтааст:

Маро бӯяи Золи Сом аст,- гуфт,

Чунин орзуро нашояд ниҳифт.

(Ф З Т,1969 ҷ. 1,саҳ 220)

Аз маънӣ маълум мешавад,ки шоир бо тақдири (тақозо) илоҳӣ дунёи заволпазирро тарк карда, дар оғӯши замин хобидааст.
Ба хонанда возех аст, ки шоири равоншод Лоиқ шоири миллат ва сухангӯ аст. Забони ашъори адиб дар равонӣ, равшангуфторӣ бо мазмуҳои дақиқу баланд ва камоли суханварӣ дар миёни мардум писандида мебошад.

Солҳо сипари мегардад.Шеъри Лоиқ вирди забони вафодорону маърифатдӯстон то ҳаёт раҳгузар аст, ба фаромӯшӣ нарасад.

Бо таъбири шоире:

Байни дилҳо, дидаҳо, ҷонҳои мо,

Лоиқи мо лоиқи пайғомбарист.

Дар баёни ӯст армонҳои мо,

Лоиқи мо лоиқи шеъри дарист.

Комментариев нет:

Отправить комментарий