! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

07 января, 2010

Нигоҳе ба зиндагии худу гузаштагон

Ман зиндагии на он қадар тӯлониро пушти сар кардам. Аммо дар ин муддат тақрибан ҳама чиро дидам. Ҳоло мехоҳам ин рӯзгори худу гузаштагони худро, ки аз калонсолони хонаводаамон шунидаам, рӯйи коғаз оварам.


Одам ҳич вақт наметавонад сарнавишти худро пешбинӣ кунад. Сарнавишт чӣ, ҳатто намедонад ҳамин лаҳза, ки даҳонаш боз шавад, хуш гӯяд ё бад. Ин ҳарфҳоро замоне ки хеле кӯчак будам, бобоям, падари падарам, низ ба ман мегуфт.

Вай одами хеле қадбаланд, чорпаҳлӯ ва нерӯманд буд. Вале дар баробари ин ҳама, қаҳру ҷаҳл ҳам дошт, ки таъми онро бештар аз дигарон бибиям чашидааст. Дар бораи бибиям баъдан бароятон хоҳам навишт, ки аслан тақдир барои ӯ хушиҳои зиндагиро раво надидааст. Аммо ҳоло ба рӯзгори бобоям, ки хеле одами таърихӣ буда ва корномаҳои ӯро то ҳанӯз касе дар деҳа фаромӯш накардааст, хоҳам пардохт.

Пире, ки маълумот надошт

Дар бораи бобоям ва корномаҳояш натанҳо падару аммаи бузургам, инчунин афроди кӯҳансоли деҳа низ нақлҳо кардаанд. Мегӯянд, ки бобоям солҳои тӯлонӣ, замоне ки аксари мардони деҳаи мо алайҳи фашистони гитлерӣ меҷангиданд, раисии деҳаро ба ӯҳда доштааст. Кӯҳансолон мегӯянд, ӯ аспсавор омада ва бо он шаҳомате, ки доштааст, мардонро ба аскарӣ ва занонро барои кӯмак ба фронт ба кори саҳро мебурдааст.

Бобои Ато (ҳамагӣ ба номи Атоқул мешиносанд), ки ҳоло номи ман аз номи ӯ об мехӯрад, фарзанди бобои Шодӣ (ин ном ҳам ба унвони Шодиқул ёд мешавад) буда, дар оғози солҳои 1 ҳазору 900 ба дунё омадааст. Вай соли 1990, замоне ки кишвари мо дар ботлоқи бӯҳрони сиёсӣ меғӯтид ва ман барои нахустин бор ба мактаб мерафтам, аз дунё даргузашт.

Рӯзгори ӯ хеле печидааст. Вақте ба зиндагии ӯ сарсарӣ назар меандозед, ҳатман барояш нафрин мехонед, ки чӣ қадр зиндагиро ба ҳадар дода ва чӣ қадр ба аҳли хонаводаашу наздиконаш ранҷу озорро раво дидааст. Аммо аз сӯйи дигар хушатон меояд, ки чӣ тавр як инсони бидуни маълумот солҳо раҳбарии як деҳа ва боғдориро ба ӯҳда дошта, аммо ҳамеша аз ришвату фасод ва дуздии амволи дигарон худдорӣ варзидааст ва ҳадди ақалл барои фарзандонаш як замини хубу сердолу дарахт ҳам нагузоштааст.

Бибитакаллум, Киёмаст ё Каюмарс...

Аммо шахсан аз бобоям низ хотираҳо дорам. Вай маро ба унвони писари аввали фарзандаш дӯст медошт. Бовар мекунед, ҳатто як бурида харбузаро, ки фарзандонаш бо меҳрубонӣ барои ӯ медоданд, бе ман намехӯрд. Мисли ин ки аз гулӯяш намегузашт. Маро Киёмасти Одам садо мекард. Номи маро ҳам ӯ гузоштааст. Ҳарчанд шеваи талаффузи ин ном аз сӯйи ӯ иштибоҳ дошт.

Падарам нақл мекунанд, вақте соли 1981 нахустин фарзандашон, яъне хоҳари бузурги ман ба дунё меояд, аз бобоям мехоҳанд, ки номи ӯро бигузоранд. Тавре гуфтам, бобоям маълумот надоштанд ва он кас дарҳол номи хоҳарамро Бибитакаллум мегӯянд. Аҳли хонаводаи мо ба ин ном розӣ намешаванд ва бо хости падарам номашро Сулҳия мегузоранд. Падарам мегӯянд, бо шунидани ин ки номи хоҳарамро дигар гузоштаанд, бобоям қаҳр мекунанд.

Чун ман дар соли 1984 ба дунё меоям, падар бори дигар аз бобо мехоҳанд, ки номи маро бигузоранд. Тавре ки мехоҳанд. Бобоям, ки чанд вақт пештар аз таваллуди ман ба маъракаи як ҳамдеҳаи мо рафта будааст, номи писари ӯ ҳам Каюмарс будааст. Аммо бобоям ҳич вақт ин номро ба шакли пурраш талаффуз карда наметавонист. Ва тавре пештар аз ин ҳам гуфтам, маро ҳамеша Киёмасти Одам ном мебурд ва аз падарам ҳам хоҳиш кардааст, ки ин номро барои ман бигузорад. Вале падарам, шакли дурусти ин номро, ки Каюмарс аст, гузоштаанд ва то имрӯз бори ин номро мекашам.

Бобоям –ҳимоятгар, ман–ҳамсӯҳбат

Ман хуштарин лаҳзаҳои даврони наврасиямро, бо ин ки дар канори падару модарам гузаронам, бо бобоям гузаронидаам. То замоне ки ӯ фавтиду маро гӯиё дар нимароҳ танҳои танҳо гузошт.

Дар хонаи мо падарам хеле бадҷаҳл аст. Гоҳу бегоҳ ба мо тунд мегуфт ва моро ба ҳар коре гунаҳкор дониста ё мезад ва ё ҷанг мекард. Аз ин рӯ, мани кӯдак ҳамеша дӯст доштам, ки дар канори бобо, дақиқтараш дар зери ҳимояти бобо бошам. Бобоям ҳамеша мегуфт, ки ҳич касе ҳам ба ман даст нарасонад ва маро бад нагӯяд ва табъи маро низ нороҳат накунад. Ва танҳо касе ҳам, ки падарам аз ӯ метарсид, ин бобоям буд.

Ҳанӯз ҳам ки хеле дилгир мешавам ва фикр мекунам, боми зиндагӣ болои сари ман хоҳад фурӯ рехт, ба ёди бобоям меравам. Фикр мекунам, агар одам як бобову бибӣ дошта бошад, бад нест. Онҳостанд, ки ба набераҳои худ кӯмак мекунанд ва пушти онҳоро мегиранд. Дилам ба ёди он рӯзҳои наврасиям, ки дар канори бобоям гузоштааст, месӯзад. Лаҳзаҳои кӯтоҳ, аммо хотирмон.

Натанҳо ман, ҳатто бархе аз кӯҳансолони деҳаи мо то ҳол фаромӯш накардаанд, ки чӣ қадр бобоям маро дӯст медошт. Онҳо ба ёд доранд, ки бо вуҷуди пирӣ, бобоям маро дар пушти худ савор карда ба фурӯшгоҳи деҳа мебурд ва ҳатман қанд, дақиқтараш қанди парварда мехарид. Дар сӯҳбати пирона бо дӯстонаш ман ҳам бобоямро ҳамроҳӣ мекардам. Ҳоло ҳам ки бори зиндагӣ ба дӯши хурду нотавони ман вазнинӣ мекунад, бобоямро ба хотир меорам. Ба сӯҳбату насиҳати пиронаи ӯ эҳтиёҷ дорам...

Комментариев нет:

Отправить комментарий