! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

07 октября, 2010

Нотавонӣ. Чаро як рӯзи мотам эълон намекунанд?

То кай модарон бояд ашк резанд?
Худо, аз оҳи сарди онҳо моро нигоҳ дорад!
(Акс аз "Озодӣ". Ҷанозаи Зоиршо Қаландаров) 
Қатли 26 сарбози вазорати дифоъ дар дараи Камароб + кушта шудани 5 корманди ОМОНи вилояти Хатлон + марги 28 нафари дигар дар суқути чархболи Горди миллӣ дар минтақаи Рашт. 

Ҳамаи ин талафот дар ду ҳафта. Дар як даргирӣ бо гурӯҳе, ки ҳанӯз гуфта нашудааст чӣ қадаранд, аз куҷо омадаанд ва аз ҳукумат ва ё аз мардуми кишвар чӣ мехоҳанд.

Талафоте, ки ҷӯйи ашки модарони моро дубора равон кард. Ашки модарони моро, ки дар бист соли гузашта қаҳрамонии худро ҳам фаромӯш кардаанду иззаташонро ҳам аз даст додаанд.   

Талафоте, ки дубора тарсро дар дили мардум ҷо дод. Дубора мардумро ба воҳима андохт. Дубора моро аз худи мо тарсонд.

Аммо телевизионҳои Тоҷикистон, ки ҳамагӣ давлатиянд ва аз ҳисоби молиёти мардум фаъолият доранд, ҳамаи инро намебинанд. 

Ҳар рӯз чашм ба ин шабакаҳо медӯзам, то ҳадди ақалл ягон чизи мушаххасе дар бораи дирагириҳо дар водии Рашт бигӯянд. 

Шояд мисли ман ҳазорҳо тани дигар ҳастанд, ки ба ин уммед шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Вале...чизе намегӯянд...

Ҳайҳот, ин телевизионҳо ба ҷуз намоиши мусиқӣ, филмҳо ва рақс чизи дигаре надоранд. 

Ҳатто ин шабакаҳо қодир нашуданд, ки марги чанд тан аз сарбози Горди миллиро, ки бо суқути чарбол рух додааст, тавзеҳ дода, акси ин ҷавонмардонро нишон диҳанд ва ё ҳадди ақалл аз онҳо ном баранд. 

Пас, фикр мекунам, устод Бозор Собир дар яке аз сӯҳбатҳояш хеле дуруст гуфтааст, ки фарзандони мардум барои чӣ ба хидмати ҳарбӣ раванд? Яъне, барои ҳимояти кӣ? 

Барои ҳимояти ману шумо, ки натавонистем, як рӯзи худро барои дуову фотиҳаи ин ғӯрамаргон бубахшем? 

Барои мову шумое, ки аз сояи худ метарсем ва намегӯям, ки дар як гӯшаи кишвар чӣ мегузарад? 
Афсӯс... ҳамаи ин нотавонӣ ва ё аз нотавонбинии мост. Агар не, магар кушта шудани ҷавонмардони ҷавонмарг арзиши як рӯзи мотами миллиро надошт? 


Ё мо аз чунин тасмимгирӣ метарсем. Воқеан, чаро метарсем???

Комментариев нет:

Отправить комментарий