! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

07 декабря, 2010

Нигоҳе ба солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ

Муҳаммадиқболи Садриддин
Солшумории ҳиҷрӣ ё тақвими исломӣ онро қамарӣ гӯянд. Ин солшуморӣ аз давра ё гардиши қамар яъне моҳтоб шуморида мешавад барои муъаян намудани моҳ. Ин солшумориро мусалмонон дар ҳама мамолик истифода мебаранд, бахусус, барои муайян намудани муносибатҳои динӣ. 
Муъаян ва ё мавриди амалкард қарор додааст ин солшумориро Халифаи дуввуми ислом Умар ибни Хаттоб(р) дар даврони хилофаташон.Муаян намӯдаанд онро аз ҳангоми ҳиҷрати Муҳаммад (с) аз маккаи мукаррама ба сӯй мадинаи мунаввара,ки он мутобиқ меояд ба 16 июли соли 622 мелоди.Ин моҳ яъне муҳаррам ,ки ба авали ин солшумори дурӯст меояд аз ин хотир онро оғози ин солшӯмори муъаян намӯдаанд.Агарчи ин солшуморӣ аз айёми Хилофати Ҳазрати Умар(р) тартибгӯзори гардид вале номҳои моҳҳо ва худи тақвими қамари истифода мегардид қабл аз зуҳури ислом.Масалан агарчи қабл аз зуҳӯри ислом солшумории муъаяне надоштанд вале муаян менамӯданд ҳодисаеро ва чунин мегуфтанд:панҷсол қабл аз воқеаи фӣл,ё 3 сол пас аз воқеъаи фил таваллуд шудаам ва ё коре шуда бӯд.Дурӯстараш моҳҳо муъаян буданд вале соли чандашро намедонистанд.Пас аз ҳиҷрати расули акрам(с) ин солшумориро ба сомон дароварданд ва он муравваҷ ва ё мавриди солшумори қарор гирифт,ки то баҳол идома дорад.Солшумории ҳиҷри қамари агарчи барои муъаян намудани маросими дини дар миёни тамоми мусалмонон роӣҷ аст вале ба ҷуз давлати Арабистони Саъуди ,ки ин солшумориро дар ҳама идораҳо ва муассисаҳои ҳукумати ба шакли расми аз он истифода мебаранд.Ҳатто метавон гӯфт дар Саъуди мардумаш танҳо ин солшумориро мефахманд ва солшумории мелодиро ба расмият намшуморанд.Чунонеки дар Афғонистон ва Ирон солшумории ҳиҷри шамсиро расми мешӯморанд.Агарчи солшӯмории Афғонистон ва Ирон шамси аст вале номгузории моҳҳои он танҳо фарқ мекунад вале сол як аст ва оғози он низ як аст .Аммо дар ҳиҷри қамари дар миёни тамоми мусалмонҳо дар номгӯзории моҳҳо фарқе нест ин чунин дар оғозу ниҳояти он низ фарқе нест зеро моҳтоб ё 29 рӯз аст ва ё 30 рӯз. 

Тақвими солшӯмории ҳиҷри қамари аз 12 моҳ иборат аст дар як сол мисли мелодии,вале адади рӯзҳои он 354 рӯзро дар бар мегирад ба хилофи солшӯмории мелодии,ки он 365 ё 366 рӯзро дар бар мегирад.Дар ин сол шӯмори моҳҳои он гоҳе 29 рӯз ва гоҳе 30 рӯз мешаванд.Зеро давраи гардиши маҳтоб аз рӯй ҳисоби дақиқи мунаҷимон ва ё уламои ин соҳа баробар аст ба 29.530588 рӯз.Дар ин солшӯмори миёни солшӯмории мелодии дар сол 11.2 рӯз фарқият миёни ин ду солшӯмори мегардад.Агар ҳисоб карда шавад дар 30 сол 1 сол изофа мешавад.Барои мисол агар Ҳазрати Муҳаммад(с) 63 сол дар қайди ҳаёт бо солшӯмории ҳиҷри умр дида бошанд.Ба солшӯмории мелодии аз 61 сол камтар умр дидаанд. Барои бозҳам равшани андохтан 11.2 х61=683 рӯз онро тақсими 2 =341.6 рӯз яъне аз ду сол каме камтар мегардад. Дар 100 соли мелодии 3 сол изофа хоҳад шуд бо солшумории қамари. Пас маълум гардид,ки ин солшӯмори аз мелодии чи фарқияте дошта бӯдааст.Мехоҳам барои хонандагони гироми ин 12 моҳи ҳиҷри қамариро баён дорам ва номҳои ин солшӯмориро бароятон бо тарҷумаи маънои онҳо пешкаш намоям.

1)- Муҳаррам: Ин аввалин моҳи солшӯмори бӯда ва ин моҳро арабҳо Муҳаарами ҳаром меноманд ва дар ин моҳ ҷангиданро ҳаром медонанд.

2)- Сафар:Ин моҳро барои он сафар номидаанд,ки дар ин моҳ сафар менамӯданд арабҳо аз сарзаминашон аз назди оилаҳояшон барои дарёфти ризқу рӯзи.Бархи дигар мегӯянд дар ин моҳ ҷанг миёни қабойли араб зиёд мегардид ва ранги мардум ва сарзаминашон ба зарди мубаддал мегашт аз инхотир чунин ном ниҳоданд онро.

3)- Рабеъ-ул-аввал: Ин моҳро барои он чунин номгӯзори намӯданд,ки он дар фасли баҳор мутобиқ омада бӯд ба ин хотир чунин гӯзоштанд.

4)-Рабеъ-ул-сони: Ин моҳро ба ин хотир чунин номгӯзори намӯданд,ки моҳи дуввуми баҳор бӯд ва дар он ҷамъоварии алаф барои чаҳорпоёнашон фаровон бӯд яъне дурустараш моҳи дуввуми фасли баҳор.

5)-Ҷимоди-юл-уло: Номгузории ин моҳ дар даврони қабл аз ислом ба Ҷимоди-юл-хамса бӯд барои он,ки дар ин моҳ замистон бӯд ва обҳо ях карда бӯданд чунин номгӯзори намӯданд ва пас ислом онро ба ҷимоди-юл-уло иктифо намӯданд.

6)- Ҷимоди-юл-сони: Ин моҳро қабл аз ислом ба ҷимоди-юл-ситта машҳӯр бӯд.Зеро ин моҳҳам дар зимистон бӯд ва моҳи дуввуми зимистон,ки дар ин моҳҳам обҳо ях карда бӯданд.Пас аз ислом ба ҷимоди-юл-сони иктифо намӯданд.

7)-Раҷаб: Ин моҳ яке аз моҳҳои ҳаром аст ва дар ин моҳ агар ҷанге сурат мегирифт ҳам ба куштор намеанҷомид.Боз мегӯянд дар ин моҳ аслан ҷанге намекарданд миёни якдигар.

8)-Шаъбон: Ин моҳро барои он чунин номиданд,ки мардум дар миёни моҳи Раҷаб ва Рамазон қарор доштанд.Дар ин моҳ мардум аз якдигар ҷудо мешуданд ва аз об сероб мекарданд ва худро барои он фориғ медоштанд.

9)-Рамазон: Ин моҳ дар назди мусалмонон моҳи рӯзадоштан ва ибодат аст.Сабаби номгузоришӯданаш барои он аст,ки гармии хеле зиёд ва шиддати тобиши нури офтоб дар он будааст.

10)-Шаввол: Дар ин моҳ иди саиди фитр аст.Моҳи бордории уштурон низ аст ва дар ин моҳ шири уштурон хушк мегардад.Инчунин моҳи шум ва бад низ гуфтаанд.Дар айёми ҷоҳилият дар ин моҳ издивоҷ намекарданд,ки моҳи шум аст,вале ислом ин мероси шуми ҷоҳилиятро аз миён бардошт ва бар хилофи он расули акрам(с) бо Умул муъминин Оишаи Сиддиқа(р) издивоҷ намуданд.Ҳатто дар миёни мардуми моҳам ин мероси ҷоҳилият то имрӯз боқи аст,ки дар миёни ду ид гуфта издивоҷ намекунанд ва ин моҳро моҳи шум мепиндоранд,вале инчунин ақида аз ислом нест балке моҳи хуҷаста аст.

11)-Зулқаъда: Ин моҳ низ яке аз чаҳор моҳи ҳаром аст ва дар ин моҳ арабҳо ба ҳеҷкуҷо сафар намекарданд ва ҷанг намекарданд ба эътибори онки моҳи ҳаром аст.

12)-Зулҳиҷҷа: Ин моҳ моҳи ҳаҷ аст ва дар 10-уми ин моҳ иди Азҳо қурбони аст.Дар ин моҳ арабҳо ҳаҷ мекарданд ва қурбони мекарданд.Ин моҳҳам яке аз моҳҳои ҳаром аст дар ин моҳ ҷанге миёнашон сурат намегирифт.

Барои мо хонандаи гироми маълум гардид,ки аз ин моҳҳои шамси қамари чаҳор моҳаш моҳҳои ҳаром будааст,ки иборатанд аз:Зилқаъда,Зилҳиҷҷа,Муҳаррам,Раҷаб.

Ҳангоми таҳқиқ ва бознигари дар кутуби сират барои мо маълум мегардад,ки расули акрам (с) дар ин моҳ аз макка ба мадина ҳиҷрат карданд,вале на дар авали ин моҳ ҳиҷрат сурат гирифтааст.Умар ибни Хаттоб(р) тибқи машварате,ки бо асҳоби киром анҷомдоданд моҳи Муҳаррамро авали солшӯмории ҳиҷри қарор доданд.То имрӯз ҳама мусалмонон бар тибқи он амал менамоянд то ба имрӯз.Бархе дигар ба ин эътиқоданд,ки аз қадим аз айём ҷоҳилият Муҳаррамро аввали моҳҳои қамари медонистанд,вале чун солро намедонистанд аз куҷо ва аз чи ҳодисае оғоз намоянд аз ин хотир ба он эътиборе намедоданд. Ба иттилои хонандагони гироми инро мерасонам,ки имсол 7-12-2010 Аввали моҳи Муҳаррам аст.Муҳим он аст,ки Умар ибни Хаттоб(р) ба он сару сомон ва таърих гузориро ройҷ гардониданд ва ин яке аз корҳои анҷомдодаи он Ҳазрат аст.




Муҳаммадиқболи САДРИДДИН

Комментариев нет:

Отправить комментарий