! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

11 декабря, 2010

Олим Ширинов: "Сегодня умер Сухроби Сафарзод... Я в шоке"

Сӯҳроби Сафарзод,
овозхони ҷавони тоҷик
Cӯҳроби Сафарзод, овозхони ҷавони тоҷик, ки рӯзи ҷумъа дар синни 30-солагӣ аз дунё даргузашт, дар қабристони мавсум ба маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд. Иллати даргузашти ӯ сактаи қалбӣ унвон мешавад, аммо баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҷасади Сӯҳроби Сафарзод субҳи рӯзи ҷӯмъа дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе пайдо шудааст. 

Холаи Хайриннисо, модари Сӯҳроби Сафарзод, мегӯяд, охирин бор фарзандашро бегоҳи рӯзи панҷшанбе, 9-уми декабр дидааст:


«Шиштем, сӯҳбат кардем. Гуфт, ки ду рӯз шуд касе аз қафои ман афтодааст. Ман гуфтам, ки ту як артисти одиӣ, туро чӣ кор мекунанд? Баъд сӯҳбатро ба тарафи дигар кашид. То соати даҳи шаб дар хона буд. Баъд аз соати даҳи шаб телефон мешавад. Бо ҳамин рафту пагоҳ саҳарӣ оварданд...»


Сӯҳроби Сафарзод, оиладор ва соҳиби ду фарзанд — як писари дусола ва як духтари шашсола будааст.


Хайриннисо, модари Сӯҳроб, мегӯяд, ӯ аз хурдӣ ба овозхонӣ шавқ дошт, ва ин шавқ охир ӯро ба саҳнаи ҳунар кашонд. Аммо ҳамон тавре ки модари Сӯроб гуфт, ӯ кадом як омӯзишгоҳи махсуси мусиқиро хатм накардааст.


Бо ин ҳол дар расми ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод, даҳҳо тан аз овозхонҳои ҷавон ва дӯстону пайвандонаш иштирок карданд.


Меҳрубони Равшан, овозхони ҷавон ва яке аз дӯстони наздики Сӯҳроби Сафарзод, даргузашти ӯро бохте барои мусиқии попи тоҷик унвон кард ва гуфт, ки Сӯҳроб ният дошт, ба зудӣ албоми нави таронаҳояшро ба бозор барорад.


«Дӯсти беҳтарини мо буд. Нақша доштем, ки бо ҳам филм созем. Аммо марг аз мо намепурсад, ки ҷавон ҳастем ё пир. Нақшаи охирини мо ин буд, ки ҳамроҳи Садриддин, Остони Азиз, Файзалӣ, Баҳром ва Шабнаму Манижа як клипи хубе омода кунем, аммо дигар Сӯҳроб дар миёни мо нест»,-афзуд ӯ.


Меҳрубони Равшан мегӯяд, дӯстиву ҳамкорияш бо Сӯҳроби Сафарзод аз солҳои 1997 оғоз ёфта, то замони марги ӯ идома кардааст. Остони Азиз, яке дигар аз дӯстону ҳамкорони Сӯҳроби Сафарзод, низ лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо ӯро лаҳзаҳои фаромӯшнопазир медонад.


Вай мегӯяд, Сӯҳроби Сафарзод ҳамагӣ як рӯз қабл аз маргаш таронаи наверо дар шакли дуэт иҷро кардааст, ки акнун дӯстонаш мехоҳанд онро ба мухлисон бирасонанд.


«Гуфта метавонам, ки беҳтарин овозхон буд. Яке аз дӯстони беҳтарини ман буд, шахсан. Тамоми 20 сол лаҳзаҳои хотирмон дорем. Барои мо ҳар лаҳзае, ки ҳамроҳи Сӯҳроб менишастем, ширин буд»,-гуфт ӯ.


Сӯҳроби Сафарзод, дар умри кӯтоҳи худ ду албоми суруду тарона, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисонаш тақдим кардааст. Вай дар охирин мусоҳибаи худ бо Радиои Озодӣ низ гуфта буд, ки қасд дорад албоми нави таронаҳояшро сабт ва манзури мухлисонаш кунад.


Олим Ширинов, раҳбари JC Resords, мегӯяд, Сӯҳроби Сафарзод аз оғоз таронаҳояшро дар студияи ӯ сабт мекард ва меҳрубониву ҳалимияш дар хотири ӯ боқӣ мондааст.


Оқои Ширинов мегӯяд, «Сӯҳроб инсони ҳалим, одами боэҳсос ва романтик буд. Барои ҳамин агар сурудҳои ӯро шунавед, садои ӯ ҳамаи эҳсосашро баён мекунад. Яъне аз овозхонии ӯ ботинашро дидан мумкин аст. Ман солҳои тӯлонист, ки ӯро мешиносам. Якумин таронаи ӯро бо номи «Ёди рӯйи ту дорам» сабт карда будам. Вай ҷойгоҳи худро дошт. Масалан, мо Баҳром дорем, Садриддин дорем. Аммо Сӯҳроб Сӯҳроб аст...»


Сӯҳроби Сафарзод дар оғози солҳои 2000-ум рӯйи саҳнаи ҳунари тоҷик пой гузошт ва то лаҳзаи марг овозхонӣ мекард. Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд ва аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.


Султони Ҳамад, масъули сомонаи Рӯзгор ти ҷей ва коршиноси тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди он ки Сӯҳроби Сафарзод дар оғози ҳунараш таронаҳои овозхони маъруфи эронӣ Муинро бозхонӣ мекард, аммо дар ин роҳ муваффақ буд.


Сӯҳроби Сафарзод дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо Шабнами Сурайё, Остони Азиз ва Ёдгораи Суннатзода дуэт иҷро кардааст. Таронаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дорӣ нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ» дар миёни шунавандагону мухлисон аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд.


(Радиои Озодӣ)

2 комментария:

  1. Даже очень интересно.Умер Сафарзод 5дней назад,и до сих пор не найти причину?Наркоманом был наверное...от передоза и умер.Без причины человек не умирает,а сказать на всю страну стыдно.

    ОтветитьУдалить
  2. Shofravon Suhrobi Safarzod (Moeini Tojik) dar yodi mo to abad memonad. Zinda bod ustod Suhrobi Safarzod....
    Man, ki 4 Tracki shodrvonro ba Iran irsol namudam, dar 2 rooz qarib 4000 nafar bozdid namud va khonandahoi irani hama mekhostand sababai margro fahmand. Baroi man ma`kum hast, ki bo bangu nash`a rabte nadosht

    ОтветитьУдалить