! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

16 марта, 2012

Бубин, аҳли ватан дар ватан намегунҷад...


Биёву ин шаби дайҷурро тамошо кун,
Фарохии даҳани гӯрро тамошо кун.
Бубин ки аҳли ватан дар ватан намегунҷад,
Куҷоӣ? Қисмати манфурро тамошо кун.

Дар ин диёр, ки номаш диёри хуршед аст,
Биёву тирагии нурро тамошо кун.
Саре баланд нагардад, агар на пастӣ ҳаст,
Ту хории сари Мансурро тамошо кун.
Магар зи тухмаи мо нест тифли тухмафурӯш?
Биёву отияи дурро тамошо кун.
Ба мӯшикофии синаст шакку тардиде,
Ту мӯшикофии ин кӯрро тамошо кун.
Агар ту шоири худро надидӣ хоколуд,
Биёву шоири машҳурро тамошо кун.


Лоиқ Шералӣ, соли 1999

Комментариев нет:

Отправить комментарий