! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 мая, 2012

Гулрухсор: "Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд..."

Баски оташгаҳи иноофи каён сард шудааст, 
Бардҳо мегирянд. 
Баски андар дили раҳмони замон шафқат нест, 
Дардҳо мегирянд.
Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд, 
Мардҳо мегирянд, 
Мардҳо мегирянд!

Дар орзуи Инсоф ва Виҷдон

Агар Худованди карим ду фарзанди дигар бароям бидиҳад, якеро Инсофу дигариро Виҷдон ном хоҳам ниҳод. "К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!.."

29 апреля, 2012

Рэпи тоҷикӣ: 'Фарзро қазо накун...'


Агар дар гузашта баъзан овозхонҳои попи Тоҷикистон таронаҳои мазҳабӣ иҷро мекарданд, акнун рэпсароён ҳам ба иҷрои ин навъи таронаҳо рӯ овардаанд.

"Фарзро қазо накун,
Пушаймон мешавӣ оқибат..."

23 марта, 2012

Зани дувум мехоҳед?


Иддае аз рӯҳониён дар Тоҷикистон мегӯянд, бандҳои марбут ба бисёрзанӣ ва ё чандҳамсарӣ дар қонуни кайфарии ин кишвар ниёз ба ислоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, ислоҳи ин банди қонун метавонад, шароити зиндагии занҳоеро, ки феълан ғайриқонунӣ ҳамсари дувуми ин ё он нафаранд, беҳтар намояд.

18 марта, 2012

Давлат бухорӣ, ҳезумаш одамон (Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон")

Дар вуҷуди Танқисбоев амвоҷи печоне туғён менамуд, ӯро фикрҳои худаш беқарор медоштанд ва ин ҳама қатъияташро меафзуд. На аз он боис, ки чунин гуфторҳоро нав мешунид, баръакс...

16 марта, 2012

Зи душман басо мушт хӯрдем, лек...


Бас андарзи зардуштиву монавӣ
Бихондему бар н-омад аз мо навӣ.
Бихондем фарзонагии Куруш,
Бихондем бас номаи паҳлавӣ.
Зи душман басо мушт хурдем, лек
Нагаштем ҳамдасту мушти қавӣ.

"اندی و معین های تاجیک"

کم آوازخوان تاجیک را می‌شود پیدا کرد که حد‌اقل ترانه‌ای را از آوازخوان‌های محبوب ایرانی بازخوانی نکرده باشد. علاوه بر این، یک گروه از آوازخوان‌های تاجیک تمام ترانه‌های خود را در پیروی از خواننده‌های ایرانی «اندی» و «معین» اجرا کرده‌اند.

Бубин, аҳли ватан дар ватан намегунҷад...


Биёву ин шаби дайҷурро тамошо кун,
Фарохии даҳани гӯрро тамошо кун.
Бубин ки аҳли ватан дар ватан намегунҷад,
Куҷоӣ? Қисмати манфурро тамошо кун.