! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

05 мая, 2011

Навори сӯҳбати устод Ҳимматзода дар бораи "раҳбари рӯҳонӣ" (қабл аз даргузашташ)

Чанд моҳ қабл аз даргузашти устоди зиндаёд Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба сӯҳбати эшон рафтам. Тақрибан чиҳил дақиқа мо дар мавзӯъҳои мухталиф сӯҳбат кардем, ки матни он дар сайти радиои "Озодӣ" чоп шуда буд. 


Ҳангоми сӯҳбати мо бо устод Ҳимматзода ҷаноби Ҳикматулло Сайфуллозода низ он ҷо буд ва бо дастгоҳи аккосии банда чанд лаҳза аз ин сӯҳбатро наворбардорӣ кард. Ин наворҳо дар бойгонии банда "хобида" буданд. Вале ҳоло фурсат даст дод, ки онҳоро барои Шумо низ пешкаш кунем, то ба ин васила як бори дигар устоди марҳумро ба ёд орем. 


 

Комментариев нет:

Отправить комментарий