! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

08 мая, 2011

Бозори Собир: "Ман, ки дасти Худо намебӯсам..."

Бозори Собир,
шоири саршиноси тоҷик,
ки дар Иёлоти Муттаҳидаи 
Амрико зиндагӣ мекунад.
Вай дар нимаи дуввуми
соли 2010 ба Тоҷикистон
омада буд, 
вале ба гуфтаи худаш 
чун дид, ки дар ин ҷо
 наметавонад
зиндагӣ кунад, 
дубора ба Амрико рафт.
Шояд бебозгашт ва 
ё шояд ҳам бозгардад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳарф задан дар бораи Бозори Собир осон нест. Чунки бештари мардум ӯро ба далели бедин ё атеист буданаш маҳкум мекунанд. Ҳамчунин, пешниҳоди бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ӯ дар сӯҳбаташ ба ҳафтаномаи "Миллат" баён дошта буд, дар ҷомеаи кишвар вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. 

  подкасты

Вале ман мехоҳам бо ин ки Бозори Собир бедин аст ва ё ба қавли худи ӯ паёмбареро ҷуз Ленин намешиносад, ба эътиқоди ӯ дахл накунем. Ин ҳаққи инсонии ӯст, ки чунин як дидгоҳ дорад. Агар ҷавобгарие ҳаст, бигузор ӯ ба сари худ ба ин ҳама посух гӯяд. Мо бояд ӯро бештар ба унвони шоире бишносем, ки дар ҳақиқат нотакрор аст. Шояд чунин бархӯрди мо, мусулмонҳо, сабаб шавад, ки ӯ дубора иштибоҳи худро дарк карда ва боз ҳам ба Аллоҳи якто рӯ орад.


подкасты   

Комментариев нет:

Отправить комментарий