! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

01 мая, 2011

Нарзуллоҳи Азизиён: "Тифли миллат"

Дар чӣ ҳол афканда моро ғайрпарварҳои мо,
То куҷо хоҳанд бурданмон раҳбарҳои мо.


Ман қимобам аз дили нарму ҳам аз сарҳои хам,
То насозандӣ манори дигар аз сарҳои мо.


Дастандаркорҳо моро зи мо нашнохтанд, 
Ғайрро доданд тоҷу тахту минбарҳои мо. 


Кӯчиён дуздони қонунии шаҳри мо шуданд, 
Бе гарав бурданд бо гаҳвора гавҳарҳои мо. 


Дар ҷаҳони чустпарвар сустаконро ҷой нест,
Инчунин моро бурун карданд аз дарҳои мо. 


Садди чинӣ нест, сад Чин доман густарад, 
Аз дили мо то дили гарми бародарҳои мо. 


Рӯди мо ҷорист, яъне рӯҳи мо нобастанист, 
Роҳи мо бастанд гарчи нобаробарҳои мо. 


Эй ватандорон, гиребони Ватанро сар диҳед, 
К-ин ҳамин як пораву моему доварҳои мо! 


Бимам аз девони ҳайбатноки кӯҳи Қоф нест,
Хуфта дар заҳдони нафси мост аждарҳои мо. 


Модари миллат назояд ҳеҷ гаҳ тифли маҳал, 
Тифли миллат кош мезоданд модарҳои мо!

Комментариев нет:

Отправить комментарий