! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

18 апреля, 2011

Таронаҳои ғарибии муҳоҷирон ترانه های غریبی مهاجران

Мушкили муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон ба Русия, дар таронаҳои овозхонҳои тоҷик ҳам бозтоб ёфтааст. Ҳоло даҳҳо тарона дар бораи ғарибӣ, ранҷи муҳоҷират, бекорӣ ва ҷудоии падар аз фарзандон суруда ва ба бозор бароварда шудааст, ки дар он аз бераҳмиҳои миллатгароён, пулис ва корфармоёни Русия низ қисса мешавад.

Ин таронаҳо аз ҷумлаи серхаридортарин таронаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд, ки дарди дили тақрибан ҳар кадом тоҷиканд.
Зеро хонадоне нест, ки дар Тоҷикистон азияти муҳоҷират дар Русияро надида ва ё ҳадди ақал дар бораи он нашунида бошад.

“Ноновари хона”

Баҳроми Ғафурӣ, овозхони маҳбуби тоҷик, дар ду соли пеш таронаеро бо номи “Муҳоҷир” ба бозор баровард, ки дар он аз муҳоҷирони кории тоҷик ба унвони ноноварони хона ёд мешавад.

Ай муҳоҷирбачаи саргардони тоҷик,
Наврӯз мерасад,
Дар базми ватан, ой, биё, ҷойи ту холист.
Ноновари хона, номовари хона,
Бо ранҷу ғами ту,
бо пилаи дасту қади хамзадаи ту,
дар базми ватан чарх занад шеъру тарона,
чангу чағона...”

Муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон ба Русия дар оғози даҳаи навадуми қарни гузашта шурӯъ шуда, то кунун ба шакли густардае идома пайдо кардааст.
Ҳамасола дар оғози фасли баҳор ҳазорҳо сокини ҷавону миёнсоли Тоҷикистон барои дарёфти ҷои кор ба Русия сафар мекунанд ва дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ мепардозанд.
Як гурӯҳи ин муҳоҷирон дар бозорҳои Русия боркашонӣ низ мекунанд.
Вале танҳо муҳоҷироне, ки санади шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, имкони дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои шаҳрҳои мухталифи Русия нишаста, тиҷорат карданро доранд.

Падар, мо интизори туем”

Бо ин ҳол, ранҷу азияти ин муҳоҷиратро кӯдаконе мекашанд, ки шояд моҳҳо ва шояд ҳам солҳо аз дидори падари худ маҳруманд.
Гузашта аз ин, садҳо тифл бидуни ҳузури падари худ ба дунё омада, пас аз гузашти солҳо ба дидори онҳо мерасанд.
Фирӯзи Ализод, кӯчактарин овозхони тоҷик, дар таронаи худ бо номи 3 сол шуд падарам дар Русия дар ин бора шиква кардааст.
Дар тасвири ин таронаи Фирӯзи Ализод, хонадоне ба намоиш гузошта шудааст, ки фарзандон дар ҳасрати падар, ҳамсар дар ҳасрати шавҳар ва модар дар ҳасрати писар зиндагӣ мекунанд.
Дар фарҳанги тоҷикон, ки падар саробони оила дониста мешавад, гоҳо зиндагӣ бидуни ӯ барои бақияи хонавода гарон меуфтад.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои репсарои Тоҷикистон ин паҳлуи муҳоҷирати тоҷиконро низ ба оҳанг кашидаанд.
Дар таронае бо номи Мардикорӣ, гурӯҳи Бӣ Эффект дар Душанбе, ки қисме ба забони русиву қисме ба забони тоҷикӣ суруда шудааст, чунин гуфтааст,
Падарҷон, ту ҳоло дар куҷоӣ?
Модарам бе ту шудааст бемор,
Падарҷон, мо туро интизорем...

“Тобутамро ба Тоҷикистон баред”

Аммо ин нигарониҳо дар ҳолест, ки то кунун ҳазорҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст. Ин тобутҳо аз роҳи ҳавоӣ ва аз тариқи роҳи оҳан ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Бештари ин муҳоҷирон дар пайи беморӣ ва гурӯҳе дигар дар замони кор дар сохтмонҳо ва бақия аз дасти миллатгароёни рус кушта шудаанд.
Фарҳоди Милод дар таронае, ки тоза сабт кардааст, ин паҳлуи муҳоҷирати кории тоҷиконро ба тасвир кашидааст.:
Гар бимирам дар ғарибӣ, Тоҷикистонам баред,
Аз ғарибхокӣ ба сӯи кӯи ҷононам баред.
Бе ватан мурдан бувад аз бекафан мурдан бадтар,
Дӯстонам турбатамро то ба канъонам баред...

Пояи иқтисод

Бо ин ҳама, муҳоҷирати корӣ пояи иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад. Зеро дар як сол ин муҳоҷирон тавассути намояндагии бонкҳои мухталиф ҳудуди ду милёрд долар ба кишвар интиқол медиҳанд, ки баробар ба буҷаи солонаи Тоҷикистон аст.
Вале гуфта мешавад, бо ин вуҷуд, мақомоти ин кишвар барои беҳбуди шароити кори муҳоҷирони худ талош накардаанд.
Давлати Тоҷикистон дар оғози соли 2011 милодӣ хадамоти муҳоҷират дар назди дафтари раисҷумҳури тоҷикистонро ташкил дод. Вале гурӯҳҳои сиёсӣ ва созмонҳои маданӣ мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба як кумитаи давлатӣ эҳтиёҷ доранд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий