! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

18 апреля, 2011

"Элита": Зиндагӣ бо усули доктор Амонов زندگی با شیوه دوکتور امان اف

На ҳама теғҳо одам мекушанд ва на ҳама соҳибони теғ ташнаи хуни одамандДар тӯли чиҳил соли кориаш Шодӣ Амонов бо теғи ҷонбахш”-и худ ба дарди тақрибан шаш ҳазор нафар дармон бахшидааст.


Маҷаллаи “ЭЛИТА” дар меҳмонии табиби шӯъбаи эндоҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳои хунрав ва қафаси сина, Аълочии тандурустии ИҶШС, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шодӣ АМОНОВ.

НАҚЛИ ГӮЁ

Ӯ марди сабуру кордидаест. Ҳар як ожанге, ки акнун дар пешонааш роҳҳои каҷу килеберо ба вуҷуд овардаанд, на аз солхӯрдагӣ, балки аз таҷрибаи зиёди ҳаётӣ доштани Шодӣ АМОНОВ огоҳӣ медиҳанд. Инҳо зоҳиран роҳҳои каҷу килебанд, вале дар асл нақшҳои пурмаъниянд, ки ҳар кадом сарнавишти аҷиби худро дорад. Нақли гӯё дар бораи қаҳрамони мо.

ҶАНГУ ҚАҲРАМОНӢ

-Табибони солҳои ҷанги дохилӣ сазовори унвони қаҳрамонианд,-сӯҳбаташро оғоз мебахшад мусоҳиби мо ба нуқтаи дуре назар афканда. -Солҳои навадум дар бемористон вазъият хуб набуд. Бахусус, дар шӯъбаи ҷарроҳӣ. Пайиҳам шахсони тирхӯрдаро меоварданд. Рӯшан набуд, ки кӣ аз куҷост. Аммо ҷони ҳар яке аз онҳо барои мо азиз буд...

Шодӣ АМОНОВ ин саҳифаи зардшудаи таърихи рӯзгори худро беҳуда варақ намезад. Таърихи солҳое, ки ӯ сардухтури беморхона буд. Солҳое, ки аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ ё ба истилоҳ «боевик»-ҳо, борҳо ӯро таҳдид карда, дар даст силоҳу норинҷак ба утоқи кориаш даромадаанд. “Агар бемор бимирад, ту ҳам омодагиятро бин, мепарронем!”. Ин таҳдиди силоҳдорон буд, ки ҳанӯз ҳам дар гӯши АМОНОВ садо медиҳад.  

-Як бор риштаи ҳаёти нафаре, ки ҷароҳати вазнин дошт, канда шуд. Зеро на ҳама вақт табиб метавонад, ки ба бемори худ дар набард бо марг кӯмак кунад. Ман ҷарроҳӣ мекардаму наздикони шахси фавтида ба амалиётхона даромаданд. Барои поин кардани шиддати қаҳру ғазабашон чароғакҳои болои мизи ҷарроҳиро тирборон намуданд. Худро болои бемор партофтам, то аз шишамайдаҳои чароғ ҷисми ӯ осеб набинад. Ҳама ҷо торик буд ва ҳамшираҳо дар ҳолати тарс. Танҳо таппиши дили худро эҳсос мекардаму халос,- бо таассуф ба қиссаи худ идома дод ӯ.

РОҲИ ДАРОЗ. ТО ХОНДАН

Аммо зиндагии Шодӣ АМОНОВ фақат аз лаҳзаҳои ҷанг иборат нест, ки барои мо ёдоварӣ кард. Зиндагии ӯ филми бисёрсериягиро мемонад, ки ҳар тикаи он ҷолиб аст.

Соли 1959. Шодии ҷавон мактаби 8-солаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айниро хатм карда, ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш барои идомаи таҳсил ба Хуҷанд (собиқ Ленинобод) меравад. Академики оянда Қурбони ВОСЕЪ ба омӯзишгоҳи тиббии вилоят дохил мешаваду Шодӣ Амонов ба техникуми кооперативии Хуҷанд.

Вале як моҳ нахонда, АМОНОВро танҳо барои он ки роҳхат надорад, аз техникум хориҷ мекунанд. Ин писари понздаҳсола, ки бо ҳазор уммеди кӯҳистонияш ба Хуҷанд омада буд, “то дохил нашавам, ба деҳа барнамегардам” гуфта, дар чойхонае ба кор медарояд.

-Аз субҳ то шом чойкашӣ мекардам. Боре ба чойхона гурӯҳи мардони костюмпӯш омада, то нимаи шаб сӯҳбат карданд. Мани хоболуд чойники охирини чойро оварда ба назди онҳо гузоштам. Аз миёнашон марде, писарам, ба ҷои чойрезӣ мактаб равӣ намешавад?,- гуфту ба захмҳои кӯҳнаам гӯиё намак пошид.

“Ман ҳам бо ин мақсад ба Хуҷанд омадам, аммо нашуд”,- гӯён саргузаштамро нақл кардам. Мард мутаассир шуд ва маро барои хондан ба Душанбе даъват кард. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ Тоҳирҷон Усмоновдиректори Хонаи матбуоти Душанбе ва дӯсти наздики роҳбари вақти кишвар Турсун ӮЛҶАБОЕВ будааст. Ман розӣ шудам ва он шаб ӯ маро ба хонааш бурда, меҳмондорӣ карду пас аз он бо тайёра озими пойтахт шудем.

БОЯД ТАБИБ ШАВАМ

Зиндагии Шодии ҷавон акнун маҷрои дигар ҷорӣ шуд. Ӯ, ки маълумоти пурраи таҳсилоти миёнаро надошт, дар Душанбе ба омӯзишгоҳи техникии Чептура дохил шуд. Қобилияти баланди ҷавонро дида, баъд аз як моҳи таҳсил ӯро ба курси дуввум гузаронданд ва, ҳамин тавр, ӯ бомуваффақият 4 сол таҳсил намуда, бо дипломи аъло омӯзишгоҳро тамом кард.

Соли 1963 Шодӣ АМОНОВро ҳамчун омӯзгори ронандагӣ ба ноҳияи Қумсангир, ба ҷануби кишвар, фиристоданд. Он ҷо ӯ то ба ҳадди ҷонишини директори омӯзишгоҳи ноҳия расид. Азбаски ӯ барои ин ноҳия мутахассиси зарурӣ буд, ба таври истисно аз хидмати ҳарбӣ озод карданд. Аммо ӯ зарур донист, ки хизмати модар-ватанро низ адо кунад.
-Ба хизмати ҳарбӣ рафтанамро фаҳмида, директори омӯзишгоҳ хеле нороҳат шуд, аммо бефоида.

Хизмат хуб паси сар мешуд. Вале дар соли дувум Шодии сарбоз ногаҳон ба бемори зардпарвин гирифтор шуда, ба ҳолати беҳушии дурудароз (печеночная кома) афтод.
-Як моҳ беҳуш хоб рафтам ва баъди сад рӯз маро аз беморхона ҷавоб доданд. Хеле лоғар будам,- нақл мекунад қаҳрамони мо,- ҳамон вақт азобҳоямро ба ёд оварда, барои худ вазифа гузоштам: “ҳатман бояд табиб шавам!”

Шодии ҷавон ба Душанбе баргашта, хонаеро ба иҷора гирифта, аз пайи омӯзиши илм мешавад. Ҳар рӯз соати 4 субҳ лаби дарёи Душанбе омада, то соати 11 китоб мехонд ва ба ошхонаи парҳезии донишҷӯён рафта, тановул мекарду боз то соати 4-и бегоҳ дар китобхонаи Фирдавсӣ машғули омӯзиш мешуд.

Соли 1966. Баъд аз 8 соли интизорӣ Шодии ташнаи илм сазовори номи донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино гардидҲангоми донишҷӯйӣ Шодии ташналабу дилбохтаи илм аз устодони сахтгиру табибони ҳозиқ академик Комил Тоҷиев, проффесорон Зикрулло Хоҷаев, Саттор Раҳимов ва Неъмат Усмонов сабақи назариявии ҷарроҳӣ омӯхтааст.

НОМЗАДӢ ДАР 60

-...дар натиҷа аз 630 нафар 6 нафар донишгоҳи тиббиро бо дипломи аъло хатм намуданд. Бо вуҷуди ин, ҳам ординатура ва ҳам аспиратура хондан бароям орзуи дастнорас шуд, чунки дар он давра ҳамтағобозӣ” кор меомад. 3 бор рисолаи номзадӣ дифоъ карданӣ шудам, лекмн комёб нашудам. Ва нихояти кор, дар синни 60-солагӣ номзади илми тиб шудам...

Бо ин вуҷуд, бояд гуфт, ки Шодӣ АМОНОВ дар давраи шӯравӣ беморони тамоми навоҳии кишварро аз тариқи хизмати авиатсияи санитарӣ рафта, табобат кардааст. Аз соли 1978 то 1982 Шодӣ АМОНОВ дар шароити баландкӯҳ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида, як маводди муккаммали зарурӣ барои илми тибби ҷаҳониро пешниҳод намуд.

АМАКИ “АЛИФБО”

Аммо рисолати Шодӣ АМОНОВ танҳо бо табобати ҳаррӯзаи беморон поён намеёбад. Балки ӯ дар тарбияи насли наврас ҳам саҳм доштааст.

Соли 1998. Амаки Шодӣ хабар меёбад, ки бачаҳои деҳа (зодгоҳаш) “Иди Алифбо”-ро бе китоби “Алифбо” таҷлил мекунанд. Маълум мешавад, ки он солҳо, китобҳои дарсӣ то кӯҳистонҳо намерасанд.

Ӯро тамоми шаб хоб набурд: чӣ бояд кард? Билахира, ба натиҷае расид, ки бояд теъдоди хонандагони соли ояндаро ҳисоб карда, ҳатман барои онҳо китоби “Алифбо” дастрас намояд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Моҳи сентябри соли 1999 муҳассилони синфи якуми мактаби деҳаи Дарғ соҳиби китобҳои нав шуданд, китоби “Алифбо”. Табиб Шодӣ АМОНОВ барои 80 хонанда китобу дафтар, қалам ва дигар лавозимоти хонширо гирифта, ба мактаби азизаш омад:

-Бачаҳо, агар ваъда диҳед, ки хубу аъло мехонед ва дар охир ин китобҳоро барои хондани дигарон хуб нигоҳдорӣ мекунед, дар оянда бароятон китоби хонишу математика низ меорам,- ваъда дод АМОНОВ.

Муҳассилон, ки кӣ амаки Шодиро дуруст намешинохтанд, ӯро чун «амаки китоббиёр» ёд мекарданд. Чунки он амак аз рӯи ваъда ҳар сол барояшон китобҳои дарсӣ меоварду хушҳолашон мекард. Ҳамин тавр китоббиёрӣ барои Шодӣ-амак анъана шуд ва инак, 11 сол мешавад, ки он идома дорад. Соли 2004 маҳз барои ҳамин хидматҳояш ба ӯ унвони Аълочии маорифи Тоҷикистонро “арзонӣ доштанд.

-Имсол ҳамон талабаҳои синфи якуми соли 1999 мактабро тамом карда, 15 нафарашон бо дониши худ ба гурӯҳҳои буҷавии мактабҳои олии кишвар ва хориҷ аз он дохил шуданд. Ҳамаашон фарзандону наберагони ман ҳастанд, бо онҳо ифтихор дорам,- изҳори хушҳолӣ мекунад Шодӣ Амонов.

БИОГРАФИЯ Ё ГЕОГРАФИЯ?

Тамоми умр дар хидмати мардум будан кори осон нест. Шабзиндадориҳои баъд аз амалиёти ҷарроҳиро намегӯед. Аммо тӯли 40 соли корияш Шодӣ Амонов ба ҷуз унвони Аълочии тандурустии ИҶШС дигар ягон мукофоти касбӣ нагирифтааст.

-Ҳар чизе, ки дорам, дар дилу дидаи мардум аст. Дар давоми ин солҳо ман аз беморон фақат миннатдорӣ шунидам, боре чизе тамаъ накардам,- бо ифтихор мегӯяд ӯ.

Агарчӣ ӯ аз тақдир ризост, вале ҳамеша таъкид мекунад, ки “агар аксари мардум зиндагӣ карда бошанд, ман як умр бандагӣ кардам”.
-Барои ҳамин, мехоҳам 8 фарзандам, ки 4 нафарашон номзади илм ҳастанд, дар оянда рисолаи докторӣ ҳимоя намоянд. Чор нафар фарзанди дигарам низ хонда олим шаванд, хуб зиндагӣ кунанд.

Дар даврони Шӯравии собиқ номзадии Шодӣ АМОНОВро 5 бор барои мансаби сардухтури беморхона шудан пешбарӣ кардаанд. Вай мегӯяд, чун ҳуҷҷатҳояш ба “райком” ё “горком” мерафтанд, зодгоҳашро дида, “шумо ҳоло ҷавон, резерв шуда кор карда истед”,- гӯён ҷавоб медоданд. Ин аст, ки ӯ баъзан ҳазломез мегӯяд: “аз биографияам розияму аз географияам не.”

Ҳамин тавр, Шодӣ АМОНОВ аз хатти тақдире, ки барои ӯ кашидаанд, хушҳол аст. Хатти тақдире, ки мисли ожангҳои сураташ каҷу килебанд ва ҳамеша ӯро “ғалтондаву хезонда” обутоб додаанд.

Манижа ҚУРБОНОВА

Комментариев нет:

Отправить комментарий