! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

19 апреля, 2011

Тундгароӣ дар Тоҷикистон: аз камсаводӣ ё беадолатӣ?


Гурӯҳе аз коршиносон дар Тоҷикистон тарҳи барномаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ миёни ҷавононро таҳия ва ба Кумитаи умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар пешниҳод кардаанд. Ин тарҳ дар ҳоле таҳия ва пешниҳод мешавад, ки дар чанд соли гузашта мақомот даҳҳо тан аз сокинони то чиҳилсоларо барои ифротгароӣ ва узвияташон дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи динии “Салафия”, “Ҷамоатуттаблиғ”, “Ҳизуттарҳрир” ва “Ҷунбиши исломии Узбакистон” боздошт ва зиндонӣ кардаанд.
Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, яке аз муаллифони тарҳи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ мегӯяд, дар ҳоле ки 68 дарсади бекорон дар кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, гурӯҳҳои мухталиф аз ин фурсат ба нафъи худ истифода хоҳанд бурд.    
“Барои ҳамин, давлат ба ин масъала бояд эътибори хос диҳад ва сиёсати кор бо ҷавононро такмил кунад. Мо пешниҳод кардем, ки бо кадом шакли муколама давлат, дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд моделеро созанд, ки ифротгароӣ миёни ҷавонон поин ё нест карда шавад”,-афзуд вай.
Давлати Тоҷикистон дар як соли ахир аз афзоиши тундгароӣ миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, аз волидони ҷавононе, ки дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, хост, то фарзандони худро ба ватан бозпас оранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронии худ дар авохири моҳи августи соли гузашта гуфт, аксари ҷавононе, ки ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои мухталифи динӣ дар кишварҳои исломӣ роҳ ёфтаанд, на мулло балки пайкорҷӯ ва ҳатто террорист хоҳанд шуд.
Дар тӯли се моҳи ахир ба Тоҷикистон 1 ҳазору 300 тан аз донишомӯзони тоҷик аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Покистон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон ва Миср ба ватан бозпас оварда шудаанд.
Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 800 тани дигар дар мадрасаҳои дигари кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд, ки ба зудӣ ба кишвар оварда хоҳанд шуд.
Мақомоти давлати Тоҷикистон барои бозгардондани онҳо аз ҳамтоёни худ дар Ирон ва кишварҳои дигари исломӣ кӯмак хостаанд.
Бо ин вуҷуд сарнавишти ҷавононе, ки тӯли солҳо дар кишварҳои исломӣ таҳсил кардаву акнун ба ватан бозпас омадаанд, рӯшан нест.
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло фақат ҳафт тани онҳо барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Аммо мунтақидони ҳукумати Раҳамон мегӯянд, давлат бо пас овардани гурӯҳи ҷавонҳо аз мадрасаҳои динӣ наметавонад пеши роҳи ифротгароӣ дар кишварро бигирад.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, бекориву фақр, набуди адолати иҷтимоӣ ва камсаводӣ аз далоили аслии густариши тундравӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон мешавад.
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, тақсими нодурусти сарватҳои кишвар ва хешутаборбозӣ боис ба дил шикаста шудану ба ифротгароӣ рӯ овардани сокинон, бахусус ҷавонон шудааст.
Абдуллои Раҳнамо, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ифротгароӣ ва тундравӣ хоси Тоҷикистон набуда ва пас аз касби истиқлоли ин кишвар дар даҳаи 1990 аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
“Дар зарфи садсолаҳо тоҷикон бо яҳудиҳо, насрониҳо, зардуштиҳо ва намояндагони адёни дигар паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ карда ва миёни онҳо низоъи мазҳабӣ, қавмӣ ё миллӣ рух надодааст”,-афзуд ӯ.
Абдулло Раҳнамо мегӯяд, акнун давлат бояд ба таҳдидҳои ифротгароию тундравӣ аз тариқи механизмҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва танзими ниҳодҳои динӣ посух диҳад.
Бо ин ҳол, мақомот акнун аз тундгаро шудани ҷавонон дар ҳаросанд ва даргирии нерӯҳои давлат бо гурӯҳҳои пайкорҷӯ дар минтақаи Рашт, шарқи Тоҷикистон ва таркиши маргталабона дар Хуҷанд, шимоли кишвар, ба ҳароси онҳо афзудааст.
Аммо коршиносон мегӯянд, давлат дар заминаи мубориза бо ифротгароии динӣ набояд ба ифротгароии дунявӣ роҳ диҳад, ки баръакс, ифротгароии диниро дар кишвар замина хоҳад гузошт.
Муаллифони тарҳи барномаи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар миёни ҷавонон низ таъкид мекунанд, ки бояд ҳамкории созмонҳои иҷтимоиву давлат бо хонаводаҳо қавитар шуда, ба маориф таваҷҷӯҳ бештар гардад, то ба ин васила аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ шавад.
Мушкиле, ки дар Тоҷикистон болои мушкилоти дигари сиёсиву иқтисодии кишвар парда пӯшонидааст. 

Комментариев нет:

Отправить комментарий