! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

22 апреля, 2011

Фирдавсии Нуралиён дар бораи сайти "firdavsi.com"


Пурсиш: Сомонаи «ФИРДАВСӢ» аз кадом вақт ба ин сӯ фаъол аст ва аз куҷо идора мешавад?

Посух: Ифтитоҳи ин сомона ба соли 2009 рост меояд ва ҳама вироиши он ва роҳандозии мавод аз ҷониби ин бандаи Худо, дар вақти фароғ анҷом меёбад. Агар дар сомона ишколе пайдо шавад, ки аз доираи қудрати ман берун бошад, ба коршиносони сомонасоз муроҷиат мекунам.
Пурсиш: Дар таҳия ва вироиши ин сафҳаи интернетӣ оё касе ба шумо кӯмак мекунад, аз роҳи молӣ?

Посух: Бояд бигӯм, ки бештари маводи сомона аз рӯзномаҳои расмӣ ва сомонаҳои дигар баргирифта мешавад. Дар омодасозӣ ва баргардони баъзе мавод гоҳ-гоҳ бархе афрод ба ивази музди молӣ кумакам мекунанд, чунки суръати навиштанам хуб нест. Аммо аз роҳи молӣ то ҳол кумаке надидаам ва ниёз ҳам надорам, зеро ба фазли Худо, худ кор мекунам ва ончи Худо рӯзиям дода аст, басанда аст.

Пурсиш: Сафи хонандагонатон дар рӯз чӣ қадаранд ва оё сафи онҳо рӯ ба афзоиш аст ё коҳиш меёбад?

Пурсиш: Аз рӯи омори сомона, ҳар рӯзе бештар аз даҳ нафар то сад нафар ба сайт ворид мешавад, гоҳе ин адад коста ва гоҳе афзоиш меёбад.

Пурсиш: Оё гуфтан мумкин аст, ки бештари хонандагоне, ки аз сафҳаи шумо мебинанд, кадом қишри ҷомеа ҳастанд ва аз куҷо мебинанд?

Посух: Бештари хонандагони сомона пеш аз ҳама, ба умури динӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ доранд ва хоссатан, ба мушкилоти кунунии забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик.

Пурсиш: Дар сафҳаи Шумо бештар чӣ масоиле матраҳ ва баррасӣ мешавад?

Посух: Чуноне ки аз унвони сомона бармеояд, сомонаи «ФИРДАВСӢ» сомонаи хабарӣ, илмӣ, пажӯҳишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва исломист, ки ҳамин масоили марбут ба ин маҷолҳои ёдшударо матраҳ ва баррасӣ менамояд ва аз масоили сиёсӣ то ҳаддилимкон дурӣ меҷӯяд.

Пурсиш: Оё онҳое низ ҳастанд, ки саволҳои худро дар робита ба масоили шаръӣ ба шумо ирсол медоранд ва посухашро мепурсанд? Онҳо бештар дар бораи кадом масъала мепурсанд?

Посух: Ағлаби пурсишҳое ки ба сомона ирсол мешаванд, мутааллиқ ба масоили динӣ ҳастанд ва бештар перомуни масоили мазҳаби ҳанафӣ мечарханд, сипас суолҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ғайра низ ворид мешаванд...

Пурсиш: Аз нигоҳи Шумо, роҳ ёфтани рӯҳониёни тоҷик ва ё баҳси масоили шаръӣ бо забони тоҷикӣ дар интернет чи манфиате дорад?

Посух: Мардуми тоҷик, мардуми фарҳангдӯст, диндор ва илмпарваранд ва дӯст доранд, ки муставои дониши худро бо ҳар василае баланд намоянд, аз ин рӯ, роҳ ёфтани рӯҳониёни тоҷик ва баррасии масоили шаръӣ ва фарҳангӣ аз тариқи интернет аз манфиат холӣ нест. Аммо ба шарти ин ки арзи ин масоил сирф, тибқи мазҳаби роиҷи аҳли Суннат дар Тоҷикистон - мазҳаби Имом Абуҳанифа сурат бигирад, зеро дар сурати ғайр, бими он аст, ки дарвозаи нави фитнаи динӣ ва парокандагии миллӣ кушода шавад.

Пурсиш: Шумо фориғуттаҳсили куҷо хастед ва чанд сол синн доред?

Посух: Фориғуттаҳсили факултаи шарқшиносии ДДТ ҳастам дар Донишгоҳи Азҳар низ таҳсил кардаам. Ҳамин сол ба 40-солагӣ қадам гузоштаам ва соҳиби чаҳор фарзандам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий