! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

22 апреля, 2011

"ЭЛИТА": The Secret Of Ustod Ato

Ӯ ба як ибора “марди оҳанин” аст. На дар оташи ҳасади душманонаш сӯхтаву на дар кӯраи тавсифи ҷонибдоронаш об шуда...

Ҳарчанд Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, маъруф ба устод Ато, мегӯяд, ки чанд муддати ахир аз ҳар гуна сӯҳбати сиёсӣ бо хабарнигорон худро канор гирифтааст, вале ҳайати эҷодии маҷаллаи “Элита”-ро ба ҳузур пазируфт.

Як волӣ

Ато Муҳаммади Нур, ки дар гузаштаи начандон дур раҳбари партизанҳо буда, ҳамеша либоси низомӣ ва дар китф аслиҳа дошт, акнун ба як падидаи наве дар Афғонистон табдил ёфтааст.

Ӯро аз ҷумлаи камтарин афроде мешиносанд, ки тавонистааст либоси ҳарбиро бо шиму костюм иваз намуда, аз як шахси низомӣ маъмури муваффақи давлатӣ “созад”.

Устод Ато ҳоло волӣ (ҳоким)-и яке аз 34 вилояти Афғонистон аст. Вале замоне ки ӯ, баръакси баъзе аз волиҳои дигар, роҷеъ ба ин ё он масъалаи марбут ба кишвараш изҳори назар мекунад, ҳатман ин мавзӯъ мавриди баҳсҳои тӯлонӣ қарор мегирад.
Аз ӯ дар расонаҳои ғарбӣ ба унвони “волии пешрафтаи Афғонистон” ном мебаранд. Акси ӯ дар қатори тасвири беҳтарин шахсиятҳо дар вилояти Балх низ ҳаккокӣ ёфтааст.
Мардум ба ин алоқамандӣ доранд. Ифтихору ҳимоят мекунанд. Ба он хотир онро бо санги грамит ҳак кардем, ки агар кадом фарҳангфурӯше ҳам биояд, зуд нобуд карда натавонад”,-илова мекунад Устод Ато.

Як муваффақ

На ҳамеша муқобили ҷараён метавон рафт. На ҳамеша пирӯзӣ ёри инсонҳост. Ва на ҳамеша одам аз рӯзҳои пасисаркардаи худ хушҳол аст.
Аммо Ато Муҳаммади Нур бо он ки ҳамеша муқобили ҷараён рафта, вале ҳамеша муваффақ будааст.
Ӯст, ки бо вуҷуди сермаҷро ва пурмоҷаро будани рӯзгораш онро бо хушӣ ба ёд меоварад.
Устод Ато зиндагии пурталотуми худро ба се давра тақсимбандӣ кардааст: давраи ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ, давраи муқовимат бо ҳаракати “Толибон” ва давраи раҳбарии вилояти Балх.
Ҳар се ин давраро хуш дорам. Чаро ки ҳамеша муваффақ будам. Дар ҳар се давра бо лутфи Худованд навоварӣ кардам. Дар давраи ҷиҳод ифтихори ҳамкориву ҳамнишинӣ бо Аҳмадшоҳи Масъудро доштам, ки он замон умури шимоли кишварро ба ман бовар карда буд...”,-мегӯяд Ато.

Як шахсият

Ҳар хонаро бому ҳар нафареро гавҳораҷунбоне ҳаст. Шояд барои шахсият шудани даҳҳо афроди шинохтаи дунё дигарон нақши умда дошта бошанд, то ин ки худашон.
Ин нуктаро Ато Муҳаммади Нур ҳам радд намекунад. Худи вай пинҳон намедорад, ки Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ва Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи шимол, дар чархиши зиндагии ӯ ба қавле нақши осиёбонро доштаанд.
Аммо мегӯяд ӯ: “Як чизи дигар ҳам ҳаст. Касе, ки шахсият шуда наметавонад, ҳич кас ӯро шахсият карда наметавонад. Нафаре, ки худаш дасти пок надошта бошад ва ошиқона ба мардуму ватанаш хидмат накунад, шахсият намешавад…”

Як мухолиф

Устод Ато ягона волие буд, ки дар интихоботи ахири раиси ҷумҳури Афғонистон бо Ҳомиди Карзай мухолифати рӯйирост нишон дод.
Вай ба унвони ҳокими як вилояти Афғонистон, ки аз ҷумлаи мақомдорони кишвараш ба ҳисоб меравад, ба ҷойи ин ки аз Карзай пуштибонӣ намояд, аз доктор Абдулло Абдулло ҳимоят кардааст.
Бо ин ҳол, Карзай натавонист ва ё аслан нахост, ки ӯро аз симматаш барканор кунад.
Чун маъмури давлат ҳастам, алайҳи низоми давлат намехоҳам ҳарф занам. Балки ман тарафдори як низоми мардумӣ ҳастам. Тарафдори як низоми садоратӣ ва парлумонӣ ҳастам, то як қисм аз қудрат ба мардум интиқол дода шавад. Давлат ва ҳукумат аз тариқи парлумон ба мардум ҷавобгӯ ва воливу шаҳрдорҳо бояд интихобӣ бошанд. Инро ҳукумати мардум барои мардум гуфтан мумкин аст”,-идома медиҳад Ато Муҳаммади Нур.

Як таъсиргузор

Вай зоҳиран ҳокими вилояти Балх аст. Вале дар асл аз назари мардумӣ ва сиёсӣ робитаи ӯ дар сатҳи Афғонистон бисёр густурда мебошад, бахусус, дар минтақаи шимол.
Устод Ато аз ҳимояти бештари мардум бархӯрдор буда, ҳамназарҳо ва ҳамкорони сиёсии худро дорад:
Шукри Худо ҳанӯз тазоҳуроте дар муқобили мо нашудааст. Агар овозае паҳн шавад, ки давлат мехоҳад моро бигирад, мардум дарҳол пурсон мешавад, ки чаро? Боқӣ мондани мо натиҷаи ҳимояи мардуми мост. Натиҷаи мудирияти мост, ки корҳоеро анҷом додем. Шурӯъ аз амният то инкишоф ва робитаи танготанг бо мардум, татбиқи реформ, ислоҳи идора ва доштани тими корӣ ва ҳамчунин доштани барномаҳои хуби инкишофи чандсола...”
Ӯ мегӯяд, ҳатто нерӯҳои хориҷӣ бо машварати онҳо пеш мераванд. Зеро устод Ато ба ин бовар аст, ки нерӯҳои хориҷӣ бояд бар асоси он меъёре, ки урфу одат ва фарҳанги мардуми Афғонистон муайян кардааст, рафтор кунанд.
Ин нукта дар баъзе аз вилоёт риоя намешавад, вале дар ин ҷо бештар риоя мешавад. Рӯйиҳамрафта равобити бисёр хубу ҳамоҳанг бо дӯстони байналмилалӣ дорем. Чи низомӣ ва чи ғайринизомӣ. Худи онҳо низ иқрор мешаванд, ки ман на танҳо дар Балх, балки дар маҷмӯъ дар шимол таъсиргузор ҳастам. Аз ин рӯ, онҳо ниёзманданд, ки бо мо кор кунанд. Хушбахтона, ҳоло мебинем, ки пешниҳоду эродҳои моро ба назари эътибор мегиранд, на танҳо дар худи вилоят, балки дар сартосари Афғонистон.

Як озод

Аммо устод Ато намехоҳад ин ҳамаро ба манфиати танҳо худаш ва як гурӯҳи ҷонибдоронаш истифода кунад.
Ҳамчунин, ӯ ҳич гоҳ дар пайи ин набудааст, ки ҳарчӣ зуд ба зинаҳои болотари мақомоти Афғонистон роҳ ёбад, агарчӣ мегӯяд Ато, чунин имконотро ҳам дар ихтиёр дошта:
Ҷаноби раиси ҷумҳур дар ҳукумати гузашта 3 сол барои ман мақоми вазири умури дохиларо пешниҳод карданд, вале напазируфтам. Дар интихоботе, ки гузашт, курсии муовини аввали раиси ҷумҳурро пешниҳод доданд. Ман, ки худ дар пайи кори калон набудам, нарафтам. Мардуми вилоят ҳам хуш буд, то дар канорашон боқӣ бимонам.”

Як ояндабин

Ато Муҳаммади Нур ҳоло дар ин фикр аст, ки ба чӣ роҳе мешавад, кишварро аз вартаи даргириҳо раҳо кард ва шароитро барои зиндагии шоистаи фарзандони Афғонистон фароҳам сохт.
Аммо бовар дорад, ки ин роҳ ба осонӣ тай нахоҳад шуд. Роҳест, ки садҳо печутоб дорад ва садҳо монеагузорӣ.
Бояд зеҳниятсозӣ шавад. Мардум бояд огоҳ бошад. Зеро ҳанӯз ҳассосиятҳо дар баробари тақсими қудрат, адами мутамарказияти қудрат вуҷуд дорад. Тамаркузи қудрат дар як даст истибдодро ба миён меорад...”,-таъкид мекунад устод Ато.
Ҳоло вилояти ӯ амн аст. Мардум аксаран мехоҳанд, ки бо устод Ато ва ҳамроҳони ӯ ҳамкорӣ кунанд. Мардуми Балх талош доранд, то бо истифода аз нерӯе, ки дар ихтиёрашон ҳаст, аз ҳузури мухолифон дар ин вилоят ҷилавгирӣ шавад.
Устод Ато ҳам мегӯяд, ки “мардум бисёртар рӯшанфикр ҳастанд, таълими хубтар доранд, ҷангро намехоҳанд, сулҳро дӯст доранд. Ин ҳамкориҳо сабаб шудааст, ки ин ҷо зиёд ҷанг рушд накунад. Дар ғайри он, мухолифин ва Толибон бештар фаъолият медоштанд. Бино бар ин, дар вилояти Балх мо он қадар мушкил нахоҳем дошт, ҳарчанд безарар ҳам нахоҳем буд.”

Як рақиб

Устод Ато худро “одами сахтсару сахткӯш медонад. Вай иқрор мекунад, ки дар идомаи сӣ соли муқовиматҳо, аз ҷумла дар нӯҳ соли гузашта натавонистааст, ки як бор ба оромӣ об нӯшад.
Дар ин 9 сол алайҳи ман мухолифатҳои сиёсӣ вуҷуд дошт. Аз афрод то раҳбар. Аз беқудрат то қудратманд. Вале мо ҳавсала кардем, тан надодем. Худо бо лутфи худ моро муваффақ гардонд.”
Вале оё устод Ато медонад, ки рақиби алсии ӯ кист ва чӣ мехоҳад?
Баъзеи онҳоро одам мешиносад ва баъзе шояд аз қафо фаъолият кунанд. Ҳастанд касоне, ки моро таҳвин мекунанд, тӯҳмат мезананд, аммо мо қудрати таҳаммули ин ҳамаро дорем. Аз ҳама муҳимаш, мардум худ медонад, ки аз пайи кӣ биравад”,-ҷавоб медиҳад устод Ато.

Як одил

Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхро ба унвони сарватманд ҳам мешиносанд. Вале мегӯяд ӯ, пулу моле, ки дорад, ҳосили “кори ҳалол”-аш аст.
Бо ин вуҷуд, ӯ мисли аксар сарватмандони дигар соҳиби қасру кӯшкҳои фаровоне нест ва муҳиммтар аз ҳама, як зан дорад.
Хушбахтона як зан дорам ва занамро дӯст дорам”,-мегӯяд Ато. Ва ҳоло тасмим надорад, ки зани дуюм ҳам дошта бошад.
Вай мутмаин аст, ки дини ислома иҷоза додааст, то дар сурати будани имконоти молӣ мардон ду ва ё бештар аз он зан бигиранд. Аммо Ато мегӯяд, ин кор дар сурате равост, ки агар мард тавонад миёни ду занаш адолатро муроот кунад. Меъёре, ки иҷрояш чандон саҳл набудааст.
-Шахсе ки талош дорад дар Афғонистон адолат кунад, оё наметавонад, ки миёни ду зан онро риоя кунад?
Ман намехоҳам дарди сарро зиёд кунам. Доштани як хонум беҳтар аст. Ҳам аз он хотир ки ба тарбияи фарзандон бештар расидагӣ мекунад. Ҳам шерозаву самимияти оиладориро ҳифз мекунад.


ҲАФТ ПРИНСИПИ КОРИ УСТОД АТО:
  1. Таъмини амният;
  2. Раҳбарӣ ва мудирияти солим;
  3. Кор кардан бо нияти пок;
  4. Доштани барномаи муназзам;
  5. Доштани робитаи наздик бо мардум;
  6. Машварат бо мардум;
  7. Бозсозӣ ва инкишоф.


ПАНҶ РОҲКОРИ БУРУНФРАФТИ АФҒОНИСТОН АЗ ДИДГОҲИ УСТОД АТО:
1. Як маркази стратегӣ, бо узвияти коршиносон, сиёсатшиносон, дуктурини сиёсӣ, аз НАТО, ISAF (International Security Assistance Force) ва мақомоти марбутаи Афғонистон таъсис ёбад. Дар раъси он бояд давлати мо қарор бигирад. Ин марказ сиёсати дохиливу хориҷиро тарҳрезӣ кунад. Яъне аз худсариҳо ҷилавгирӣ шавад. Зеро агар Шумо бубинед, ҳоло НАТО, ISAF ва кишварҳое, ки ба ин созмонҳо шомиланд, вориди як сиёсат нестанд.
2. Тавофуқ бар сари як механизми хуби дифоъӣ. Дар раъси ин комиссиюн сарқумандони олӣ, ки ки раиси ҷумҳур мебошад, қарор бигирад. Тамоми иттилоот, вазъи истихборотӣ аз кашфи қувваи мо то НАТОву дигарон ба ҳамин марказ биояд. Ин марказ таҳлил кунад, таҷзия кунад, ташхис кунад ва баррасӣ намояд. Яъне кор бояд то як натиҷаи мушаххас бирасад. Дар ғайри он, иттилооте, ки ба пулиси мо меояд, ба амнияти мо меояд, ба урдуи миллӣ меояд, ба хориҷиҳо меояд аз ҳам мухталифанд. Иттилоотест дар асоси уқда, бар асоси тахриб, дар асоси овоза, иттилоот барои пул ва дар натиҷа танҳо шояд як иттилоъи ватандӯстона бошад, ки бояд миёни ин ҳама “филтр” шавад.
3. Мо ҳанӯз аз аҳволи худ ҳич хабар надорем. Системаи қувваи ҳавоии мо фаъол нест. Аз ин рӯ, қувваи мо ба шакли воқеие, ки мо ба он зарурат дорем, бояд мусаллаҳ шавад, таҷҳиз шавад. Ин сабаб мегардад, ки миллат мутмаин шавад, ки мо як қувва дорем ва дар натиҷа ҳамкорӣ бо давлат бештар мешавад. Талафоти нерӯҳои хориҷӣ поин меояд. Ҷанги чирикиро ҷавобаш чирикӣ аст. Дар ғайри он, чунин ҷанге, ки ҳоло идома дорад, ҳамаро хаста кардааст.
4. Муборизаи воқеӣ бо маводди мухадир. На ташрифотӣ, на матбуотӣ, на таблиғотӣ, ки ҳич дастоварде надорад. Муборизаи воқеӣ бо маводди мухадир. На ташрифотӣ, на матбуотӣ, на таблиғотӣ, ки ҳич дастоварде надорад. Мо мебинем, касоне дар раъси мубориза алайҳи маводди мухадира қарор доранд ва касоне ҳам, ки аз кишвари хориҷӣ омада бошанд, аксаран гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд пулро ба номи масраф ба Афғонистон берун бикашанд.
Чор сол мешавад, ки мо тарёкро дар вилояти Балх решакан кардем. Ҳатто маоши оддӣ ва масорифи оддие, ки мо барои маҳву нобудии кишти кукнор масраф кардем, зарурати пардохти онро ба мо надонистанд. Ба хотири чӣ? Барои он ки мо хаста шавем, муборизаро бигзорем, то мардум рӯ биорад дубора ба кишти тарёк. То бозори «муборизон»-и маводи мухаддир касод нашавад. Бояд муносибат чунин набошад, бояд содиқона мубориза бурд.
5. Инкишоф дар Афғонистон ин қадар одилона нест. Донорҳо пули худро худ масраф мекунанд. Мо гуфтем, ки бояд ин кӯмак ҳама аз тариқи давлат анҷом шавад, то мардум аз давлат хуш шавад ва фосила миёни мардуму давлат рафъ гардад. Чизи дигар ин аст, ки тавре хориҷиҳо пулро харҷ мекунанд, бесарусомонист. Ҷое ки 10 доллар зарур аст, 100 доллар харҷ мекунанд. Бояд дар Афғонистон инкишофи мутавозин бошад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий