! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

17 апреля, 2011

Атовуллоев: "Дигар намехоҳем, ки..." داداجان عطا و الاه: "ما دیگر نمی خواهیم، که..."

НУКТАҲОЕ АЗ СӮҲБАТИ ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО ДАР "BBC":
"Мо дигар намехоҳем, ки фарзандони мо кӯчаву хиёбонҳои бегонагон ва ҳоҷатхонаҳои бегонагонро рӯбанд. Мо дигар намехоҳем, ки пиронсолон, одамоне, ки як умр кор кардаанд, ҳамагӣ зери сад дулор нафақа бигиранд. Мо дигар намехоҳем, ки духтарони тоҷик, хонумҳои тоҷик, маҷбур шуда, ба кишварҳои дигар рафта, ба корҳое даст зананд, ки ягон вақт дар ягон асру замон духтари тоҷик, зани тоҷик ба ин корҳо даст намезад."

"Демукросӣ ин костюмҳои "Армани"-ву "Дойче габанӣ" нест. Демукросӣ ин танқидро пазируфтан аст, демукросӣ ин ба интихоботи озод рафтан, демукросӣ аз рақобат натарсидан, демукросӣ ин таҳаммул кардани танқид аст, таҳаммул кардани мухолифон ва таҳаммул кардани фикри дигарон аст."
====
"Ман мушаххасан номи ин бародаронро наметавонам бигӯям, вале ҳастанд тарафдорони "Ватандор", ки дар кунҷи зиндон ҳастанд. Ва рӯзе, ки "Ватандор" ба қудрат расад, ҳатман аксари ин мардуме, ки барои ақида зиндонӣ шудаанд, аксари ин мардуме, ки барои мухолифи ҳукумат будан зиндонӣ шудаанд, барои ҳақ гуфтан зиндонӣ шуданд, иншоллоҳ онҳо озод мешаванд."
====
"Медонед, ман ба як чиз бисёр ҳайрон ҳастам, ки имрӯз раҳбарони Тоҷикистон калимаҳои демократия, қонун, конститутсия, озодӣ, озодии баён ва ғайраро хеле дӯст медоранд. Бовар мекунед, ин суханҳо аз онҳо мисли таҳқир садо медиҳад. Мо мехоҳем ин калимаҳоро ба асли худашон бозгардонем."

Комментариев нет:

Отправить комментарий