! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

29 декабря, 2011

Сонӣ: "Ҳангомаи сол -- сарнишин шуд..."


Ай соли равандаи милодӣ,
Андар дили мо чӣ пай ниҳодӣ?
Бо валвалаҳо чу пайнавиште,
Дар саҳфаи ёди мо чӣ киштӣ?

Гуфтем, ки  соли  бистсолӣ,*
Соле бишавад  ба хушгисолӣ
Соле бишавад,  ки  шодӣ монад,
Не соли пур аз фасодӣ монад.
Соле бишавад, ки Тоҷикистон
Машҳури ҷаҳон шавад дучандон.
Соле, ки  адолат  ғоя бошад.
Бар ҷомеа адл соя бошад.
Дар ҷодаи вақт, бо накӯӣ,
Хоҳам бикунам нигаҳ, руҷӯе.
Бедорӣ бишуд туро сароғоз,
Дарвозаи рози ом шуд боз.
Бархест араб зи бистари хоб,
Гӯӣ бивазид боди аъроб,
Печид чунон дами шамолак,
К-он рӯфт зи ҷо пайи Муборак,
Солеҳу Алӣ ба ҳоли зоре,
Анҷом шуда ду тан фирорӣ.
Қаззофӣ ҷудо чу аз равон шуд,
Мардум-ш раҳо зи хонадон шуд.
Аммо, аҷабо, зи ҳоли  эшон,
Худкомагаро нашуд парешон.

Афканда баланд ҳаҷми байроқ
Гаштем ба даҳр яккаву тоқ.
Ар нест ба дун чу парчами мо,
Болост куҷо  сари хами мо?

Андар талаби ҳаёти лойиқ,
Оғуштаи хун шавад халойиқ.
Омад  агарам ба хун сари кор,
Бе хун наравад зи тахт хунхор.
То халқ насохт хеш тағйир,
Ҳақ низ насозадаш муғойир.
Ҳар кас бизанад ба дарди худ тоб,
Посӯхта худ равад лаби об.

Аз қатли  Усома  бегаҳи шом.
Убома ба даҳр дод пайғом.
В-он шавла, ки пухта буд басо шӯр,
Бар баҳр бирехт, ку варо гӯр?
Кадбонуи давр-Амрико боз,
Дорад ҳаваси хӯроки мумтоз.
Дар фикр ҳавои оши явғон,
Шарманда равад зи хоки афғон.

Наҳзат чӣ накӯй маҷлис орост,
Дар зоҳири хеш бе каму кост.
Меҳмони азиз дарди дин гуфт,
Муште ба сухан сари адӯ кӯфт.
Аммо чӣ дареғи  вақт, фарде
Аз сӯзи Ватан магуфт дарде.
Анҷум  бигузашт  пастовоз,
Нашнид, касе илоҷи амроз,
Анҷом  райис шуд, Кабирӣ,
Дубора ба райъи чанд пире.

Дар мазҳари хуфтагони  аҳзоб,
Бикшода куҷо дареву ку боб?
Дар  маҷлиси худ, бидонад Аллоҳ,
Бар узв-ш чӣ гуфт Раҳматуллоҳ?,
Аҳзоб, ки ҳарфи гӯшӣ гӯяд,
Аз киштаи шон чӣ сабза рӯяд?
Тарсутар агар зи мост аҳзоб,
Миллат  набихезад аз дами хоб.

Кумитаи дини бахши Хатлон,
Бар покӣ кашид хатти бутлон.
Савдо бизаданд номи ҳоҷӣ,
Ҳаҷ шуд ба тиҷорат эҳтиёҷе?
Бархест баҳои пора ин бор,
То домани се ҳазор дуллор.
Охир бичашид зоди Шарбат**
Заҳроба зӣ» деги  пора-шарбат»

Аммо ба  дареғ ҳам дар ин сол,
Бишкаста бишуд дилу пару бол.
Қонун ба рағми дину наврас,
Дар ин сана шуд қабул мушаххас.
Нашнохтаам зи баски кешам,
Сад дод зи дасти райъи хешам.
То  сохтаам дар интихобот,
З-ин турфа вакил, чун бигӯ-м дод?
Ин турфа  ба Чин замин «ато» кард,
З-ин кор тани Ватан кунад дард.

Ҳангомаи сол-сарнишин шуд,
Бадтар зи фазои кори дин шуд.
Ҳарчанд буданд ҳарду осӣ,
Гаштанд ба зӯрашон халосӣ.
Баҳри халабони худ зи номус
Гӯӣ  халакорӣ кардамон Рус.
То ҳарду  зи мо сабук раҳо шуд,
Аз нағмаи «ёр»  дида во шуд.
Симою вуҷуди  хирси маккор,
Бикшода бишуд тамом ин бор.
Хоҳад, ки сияҳ кунад ба нафташ,
Бар аҳли Ватан, бубин дарафташ.
Аз гиряву нолаи муҳочир,
Сират ҳамаро бигашт зоҳир.
Гуфтанд  басо бидуни афкор,
Бе рус куҷо равем, ку кор?
Рус асту равон аробаи мо,
Бе рус забун калобаи мо.
Рус аст, ки ҷумла мардикорем
Бе рус куҷо назора орем?
Бибрид агар басо сар аз тан,
Дар хӯйи ғуломист аҳли меҳан.

Гаштанд ба рус чанд қосид,
Бо номи «кумитаи  мусоид»***.
Симо бикушода саршиносон,
Доданд ба ҷилва худ ҳаросон.
Бо ҳила, вале, ба нафтбозӣ,
«Ҳамаҳд » намуд сарфарозӣ.
Бархест басо зи маҳҷари хоб,
Аз хеш дарак бидод аҳзоб.

Зулмат бификанд «Барқи тоҷик»,
Як соли  дигар ба фарқи тоҷик.
Дар саҳнасарои беҳаёӣ,
Зулмонӣ шудем, ку зиёӣ?
Як минбари саркушодае ку?
Минбар ҳама ҷост, ҷодае ку?
Бингар  ба ҷамоъа, мурдахоб аст,
Ҳарчанд зи ғусса дилкабоб аст.
Зебишгар агарчи синамо буд,
Маддоҳи замон хатиби мо шуд.
Дар моҳи мубораки муҳаррам,
Бингар, чӣ саййидҳои  акрам.
Бо ҳам бизаданд пеши мардум
Аз минбари худ натиҷа: маҳрум.
Бо пайти ҷазои хонавода,
Дарвозаи фитна шуд кушода.
Эшон, зи фарози ҳақ ҷудо шуд,
Сад дил зи ҷудо шудан-ш адо шуд.
Акнун, ки ҳазор минбаре ҳаст,
Дар ҳар қадаме навоваре ҳаст,
Ҳарчанд ҳазору як хатиб аст,
Маддоҳтарин аз адиб аст.
Аз дастаи бидъакори зиллат,
Ҳайратзадаанд аҳли суннат.
.
Ай Сонӣ, чӣ сон зиёӣ ҳастӣ?
К-ин қавми ту гашт бутпарасте.
Дар чоҳи риё фитода мардум,
Дар қабру мазор дорад анҷум.
Бар фаҳми ЯГОНА  норасида,
Фарбеҳ худу хароб ақида.
Масчид кушода гашта бо ном,
Мулло назанад  вале зи Ҳақ лом.
Хомӯш ҳама зи кори даъват,
Афканда зи дӯш бори даъват.
Нашносад  авоми мо, зиёро,
Асли ҳама-нурро, Худоро.

Ай Сонӣ, ба қавм, ку хитобат?
Огоҳ бишав: расад ҳисобат.
Огоҳ бишав: амонат астӣ,
Андар адами рисолат астӣ.
Фардои  Ватан, ки тирасон  аст
Ҳарфи ту ба гӯши кар азон аст.
СОНӢ
 Эзоҳ:
*бистсолӣ – бистсолагии Истиқлолият
**зода Шарбат – Бобохон Шарбатов, раиси собиқи Кумитаи дини Хатлон
***кумитаи мусоид - кумитаи мусоидат, ки сарвариашро ҳунарпеша Барзу Абдураззоқов бар ӯҳда дошт.

Комментариев нет:

Отправить комментарий