! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

03 января, 2012

Чингиз Айтматов. "Пораабри сафеди Чингизхон"

(Тарҷумаи Низом Қосим)

Чингиз Айтматов

Қатораҳо дар ин бару бум аз ғарб ба шарқ мерафтанду аз шарқ ба ғарб… Дар он шабҳои бӯронии баҳманмоҳ, ҳини убури тумани сафеди парон, ки бодҳо аз ҳамвории сарди Сарой бармехезонданд, қаторабонҳоро ҷидду ҷаҳди зиёд лозим буд, то миёни барфтӯдаҳои дашти бекарон нимистгоҳи Бӯрониро ташхис бикунанд. Қатораҳои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагӣ, чун дар хобҳои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…


Дар чунин шабҳо дунё гӯё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд – дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, уқёнуси пурғубореро мемонд, ки дар задухӯрди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…

Ва дар он фазои беҳудуди биёбон ҳар шаб то саҳар равзанаке дар нимистгоҳ рӯшанӣ мекард; гӯё он ҷо, пушти он тиреза, касе баҳасрат ҷон меканд, гӯё он ҷо касе сахт бемор буду ҷои шиштан намеёфт ё аз бехобии мудҳише азоб мекашид. Он тирезаи кулбаяки назди нимистгоҳ буд, ки хонадони Абӯтолиб қуттибоев мезист. Зану бачаҳояш, то саҳар чароғро хомӯш накарда, роҳи ӯро мепоиданд, Зарифа шаби дароз чандин бор пилтаи чароғ тоза мекард. Ва ҳар бор, дар рӯшноии ҳар шӯълаи нав, нигоҳи ӯ беихтиёр дар рӯи кӯдакони масти хобаш қарор мегирифт – ду писари сарсиёҳакаш, чун ду баррача, ором мехуфтанд. Таҳи як куртаи таҳпӯш баданаш ба ларза медаромад ва ӯ, дастонашро ба сари сина фишурдаву дар худ ҳалқа зада, ба даҳшат меафтод, ба бачаҳакҳош нигариста, метарсид, ки падарашонро хоб мебинанд, дар хоб бо тамоми қувват сӯяш медаванд, дастаконашонро бол карда, гириставу хандида, баҳсмабаҳс метозанд, вале ҳеҷ ба ӯ намерасанд… Дар бедориашон онҳо аз ҳар қатораи роҳгузаре, ки ақаллан ним дақиқа дар истгоҳашон меистод, фуромадани падарро мунтазир мешуданд. ҳанӯз қатора наистода, бачаякон назди тиреза калла мекашиданду тайёр буданд аз дилу ҷон ба истиқболаш битозанд. Вале падарашон намеомад, рӯзҳо мегузаштанду аз ӯ дараке набуд, гӯё таҳи тармаи баногаҳ кандаи кӯҳ монда буду касе намедонист ин ҳодиса бо ӯ дар куҷо ва кай рух додааст…

Ва боз як тиреза, тирезаи панҷараи оҳанидоре дар гӯшаи дигари дунё, дар нимтаҳхонаи маҳбаси тафтишотии Алмаато низ он шабҳо то саҳар рӯшан буд. Расо як моҳ инҷониб Абӯтолиб қуттибоев аз нури чароғи пуриқтидори барқӣ, ки дар сақфи маҳбас фурӯзон буд, ранҷ мекашид. Дуои баде буд, ки гирифташ. Намедонист сарашро ба куҷо бизанад, чашмони ранҷургаштаву сари сахташро аз нури сӯзону буррони барқ чӣ гуна ҳимоят бикунад, то ақаллан як лаҳза худро фаромӯш бисозаду аз ёд бубарад, ки барои чӣ ин ҷост ва аз ӯ чӣ мехоҳанд. Шабҳо, ҳамин ки куртаашро ба сар кашида, рӯ сӯи девор мекард, ҳамоно нозири маҳбас барқосо ба камера медаромаду ӯро, аз кати чӯбӣ поён афканда, зери лагад мегирифт: «Рӯятро сӯи девор накун, палид! Саратро напӯшон, власовчии мурдорВа ҳарчанд доду фарёд мекард, ки власовчӣ нест ӯ, ононро ба ин коре набуд.

Ва боз, рӯ ба нури беамони барқ оварда, як каме чашмони беҳолшудаю варамидаашро нимпӯш карда, аз дилу ҷон дар орзӯи торикистон, дар ҳаваси дунёи тип-торики бенуре мешуд; гӯр ҳам бошад, майлаш, гӯре, ки дар он чашмону майна аз мавҷудият бозмемонанд ва он гоҳ ягон нозиру ягон муфаттиш имкон надорад гирифтори ин азоби тоқатфарсо - рӯшноии мудҳишу бехобию латукӯбҳояш бикунад.

Нозирон банавбат иваз мешуданд, вале яке аз дигаре батар будягон нафараш заррае раҳм надошт, ягонтааш рӯ сӯи девор гардондани маҳбусро нодида вонамуд карда наметавонист, баръакс, ҳамаашон, гӯё ҳаминро интизор буданд, ки дарҳол бо хашму ҳақорат ба латукӯб мепардохтанд. Абӯтолиб қуттибоев, бо вуҷуди он ки моҳияту вазифаи нозири маҳбасро медонист, баъзан навмедона аз худ мепурсид: «Барои чӣ ин хеланд онҳо? Ба зоҳир одаманд-ку! Чӣ гуна чунин золим шудан мумкин бошад? Охир, ман ба ягонтаашон бадӣ накардаам. То ҳол онҳо маро намедонистанду манонҳоро, вале чунон мезананду таҳқир мекунанд, ки гӯё қасди азалӣ дошта бошанд. Барои чӣ? Аз куҷо пайдо мешаванд чунин одамон? Чӣ хел ин гуна бешафқату золим мешаванд? Барои чӣ маро ин қадар азоб медиҳанд? Чӣ хел тоқат кунам, ки девона нашавам ё сарамро ба девор зада майда накунам?! Илоҷи дигар нест, охир».

Боре ӯ дигар тоқат накард. Гӯё дар вуҷудаш барқи сӯзон шӯълавар шуд. Худаш бехабар монд, ки ба нозири ҷаббор дарафтодааст. ҳарду, гарми афтударафт, хеле рӯи фарш ғел заданд. «Дар ҷанг дучорам мешудӣ-ку, саги девона барин мепаррондамат!» - бо овози гирифта мегуфт Абӯтолиб, гиребони гимнастёркаи нозирро қарсас даррондаву гулӯяшро бо ангуштони карахти хеш фишурда. Агар ду нозир аз долон расида намеомаданд, маълум набуд, ки он гирудор бо чӣ меанҷомид.

Абӯтолиб танҳо рӯзи дигар ба худ омад. Нахустин чизе, ки зимни торикиву дарди ҷонкоҳ дид, ҳамон чароғи фурӯзони сақф буд. Баъд фелдшерро дид, ки дар болои сараш ҷунбуҷӯл дошт.

- Хоб кун, хоб кун, акнун аниқ аз сафари он дунё баргаштӣ, - оҳиста гуфт ӯ, пахтаи тарбандиро ба пешонии маҷрӯҳаш монда, - Минбаъд ин хел аҳмақи аҳмақ нашав. ҳақ доштанд барои ҳуҷум ба посбон дар ҷоят бипарронанд, саг барин мемурдиву касе ҳам суроғат намекард. Шукри Тансиқбоев кун, ки ба ӯ ҷасадат не, худат даркорӣ. Фаҳмидӣ?

Абӯтолиб бехудона хомӯш буд. Ба ӯ дигар фарқе надошт, ки чӣ рух медиҳаду қисматаш чӣ хел сурат мегирад. Эҳсоси дард дер гоҳ вуҷудашро тарк карда буд.

Ҳамон рӯзҳо, ки гоҳ-гоҳ ақлаш тира мешуд, беэҳсосиву ниммадҳушӣ наҷоташ дод. Дар чунин лаҳзаҳо Абӯтолиб мекӯшид аз нури дидасӯз нагурезаду пинҳон нашавад, балки ба истиқболи анвори бераҳму ҷаббор, ки ақлашро мерабуд, майл мекард ва чунин менамудаш, ки ба сарчашмаи дарду азобҳо расидаву аз худ гузашта, дар осмон пар мезанад, то қудрати бефосилаи рӯшноии дидасӯзро бартараф бисозаду ба адам бипайвандад.
Вале дар чунин лаҳзаҳо ҳам дар ҳушу ёди афгораш риштаяки восили ҳасрату хавотирии дилфишору қарини хонадону фарзандон ӯро бо рӯзгоре, ки даргузашта буд, мепайваст.

Банди ҳасрати тоқатнопазири онҳо, ки дар Сарой монда буданд, Абӯтолиб мекӯшид худро худ маҳкум бикунад, гуноҳи хешро дарёбад, ҷаҳд мекард ҷавоб бидиҳад, ки барои чӣ ӯ бояд мӯҷиби ҷазо бошад. Ва посух намеёфт. Ба ҷуз асорат, асорати немисҳо, ки дар қатори ҳазорон муҳосирашудагони дигар вай низ маҳкумаш гардида буд. Вале барои ин чӣ қадар метавон ҷазо дод? ҷанг кайҳо хотима ёфта, ҷурмҳо низ – бо нархи хуну машаққати лагерҳо - ҷуброн шудаанд, ҳамаи онҳоеро, ки дар он ҷанг буданд, кайҳо як по ба лаби гӯр расидааст, вале ҳокими мутлақ ҳамоно қасд мегираду ҳеҷ таскин намеёбад. Вагарна, ин ҳама чӣ маънӣ дорад? Дар ҷавоби хеш дармонда, Абӯтолиб дар дил орзӯе мепарварид, ки имрӯз-пагоҳ саҳви бо ӯ рафта маълум мешавад, он гоҳ ӯ, Абӯтолиб қуттибоев, омода аст ҳама ранҷу озорро бубахшад, зудтар озодаш кунанду ба хона фиристанд, шуд; ва ӯ ҳамоно он ҷониб, назди фарзандону оилаи хеш, ба Сарой, ба нимистгоҳи Бӯронӣ, ки бачаҳояш Эрмаку Довул ва занаш Зарифа чашм ба роҳанд, мешитобад; балки не, бол бароварда, парвоз мекунад; ҷониби Зарифа пар мекушояд, ки дар он дашти қаҳратун фарзандонро, чун мурғ чӯҷаяконашро, зери бол гирифтаву бо ашки сӯзон ва таваллои бепоён мекӯшад қисматро мутаассиру муътақиду нармдил бисозад, рӯзу шаб рӯи раҳми худоро мехоҳад, ки шавҳараш раҳо биёбад…

Барои он ки баногаҳ фарёд назанаду девона нашавад, Абӯтолиб, ба умеди дарёфти осоиши фиребо, боз ғарқи орзӯ гардид - рӯшан тасаввур кард, ки чӣ хел ӯ, бино бар бегуноҳӣ, сафед шуда, ногаҳон хонааш меравад; чӣ хел аз помонаки қатораи боркаш, ки то он диёрҳояш бурдааст, парида, сӯи хонааш мешитобаду зану бачаҳош ба истиқболаш метозанд… Вале лаҳзаҳои хаёл мегузаштанду ӯ, чун аз сархушӣ, боз ба дунёи воқеъ баргашта, аз нав банди навмедӣ мешуд ва ҳамоно аз дилаш мегузашт, ки «қатл дар Сарой», он қиссае, ки ӯ рӯи коғаз оварда буд, он андӯҳу азоби модару падари маҳкуми қатл ва видояшон бо навзоди хеш ким-чии ҷовидонаеро дорост, ки акнун ба ӯ ҳам дахл дорад. ӯ ҳам куштаи ҳаҷру ҷудоист… Охир, ҷуз марг дигар ҳеҷ чизу ҳеҷ кас ҳақ надорад волидонро аз фарзандон ҷудо бикунад…

Дар чунин лаҳзаи талх Абӯтолиб хомӯшона мегиристу пеши худ шармида, намедонист сиришкашро, ки дар як дам рухсораҳояшро тар мекард, чӣ хел боздорад. Охир, ҳатто дар ҷанг чунин азоб накашида буд ӯ, чунки он вақт як сари қоқи худаш буду халос ва акнун торафт бештару бештар бовар ҳосил мекард, ки бузургтарин маънии зиндагӣ дар зуҳуроти аз назари аввал муқаррарӣ - фарзандон ниҳон аст ва, дар ҳар ҳолати мушаххас ҳар касе бахти худро дорост – бахти фарзанддорӣ ва низ ҳар касе фоҷиаи худро дорад – фоҷиаи мабодо бе онҳо мондан… Акнун ӯ ба он чиз ҳам бовар мекард, ки зиндагӣ, қабл аз бохтани он, ҳангоме ки дар охирин соат, зери нури вопасину дилгири қабл аз рафтани ногузир ба зулмот, ҷамъбасти натоиҷ фаро мерасад, чӣ қимате дорад. Фарзандонанд натиҷаи асосии зиндагӣ. Шояд табиат махсус чунин аст, ки волидон ҳаёташонро сарфи парвариши идомаи хеш мекунанд. Ва волидро аз мавлудаш рабудан маънои аз имкони иҷрои моҳияти азалиаш маҳрум кардани ӯ, зиндагиашро беҳудаву бебор намудан аст. Душвор буд дар чунин лаҳзаҳои бедории фикр навмед нашудан; Абӯтолиб, мутаассирона саҳнаи дидорро қариб пеши назар тасаввур карда, ҳамзамон имконнопазирии вуқӯи умедашро дарк менамуду қурбонии беилоҷӣ мешуд. ҳузну ҳасрат рӯз ба рӯз амиқтар дилашро фаро мегирифту иродаашро сусттару сусттар мекард. Навмедиаш, чун барфе, ки дар печухамҳои кӯҳ ҷамъ мешавад–ҷамъ мешаваду дар намуди тарма баногаҳ фурӯ меғалтад, торафт меафзуд…

Маҳз ҳамин даркор буд ба муфаттиши вазорати бехатарии давлат Тансиқбоев; маҳз ҳаминро ноил шудан мехост ӯ, парвандаи бо розигии сардорони воломақоми хеш маккорона бофтаашро оид ба алоқаи асири собиқи ҳарбӣ Абӯтолиб қуттибоев бо хадомоти махсуси англису югославӣ ва амалиёти вайронкории ғоявӣ миёни мардуми таҳҷои ноҳияҳои дурдасти қазоқистон ғозу пардоз дода. ҳамин хел буд маънидоди умумӣ. Кори тафтишот оид ба аниқу мушаххас намудани баъзе нуктаҳо идома дошт, куллан эътироф кардани Абӯтолиб қуттибоев ҷинояти хешро дар пеш буд, вале, аз ҳама муҳимаш, аллакай дар худи маънидоди ҷинояти фавқулъода муҳимми сиёсӣ, ки аз ҳушёриву кордонии мустаснои Тансиқбоев шаҳодат медод, баён шуда буд. Ва агар барои Тансиқбоев ин парванда барори бемисли зиндагӣ бошад, Абӯтолиб қуттибоевро домеву ҳалқаи маҳкумие буд, зеро натиҷаи чунин маънидоди мудҳиш фақат пурра ба гардан гирифтани ҷиноят ва кашидани ҷазои он мешуду бас. Натиҷаи дигаре имкон надошт. Дар чунин мавридҳо худи гуноҳборкунӣ далели бебаҳси ҷиноят буд.

Бино бар ин, Тансиқбоев метавонист ғами анҷоми хуби корашро нахӯрад. Он зимистон оқибат бахти ӯ хандид. Барои ҷурмаке дар хидмат чандин сол буд, ки аз рутбаи майор боло намерафт. Акнун – роҳ кушода. Дар ин мавзеи дурдаст ба парвандаи Абӯтолиб қуттибоев монанд чизеро начандон базудӣ дарёфтан мумкин буд. Худо бидиҳад, намегӯяд бачаи киӣ… 

(Идома дорад)

Комментариев нет:

Отправить комментарий