! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

06 января, 2012

"Ин хелашро дар ҷояш паррондан лозим" (Чингиз Айтматов)


(Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон". Тарҷумаи Низом Қосим)
Оре, метавон гуфт, ки дар он рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1953 таърих ба Тансиқбоев лутф кард; гӯиё таърихи кишвар барои ҳамин ҳам вуҷуд дошт, ки мутеона ба манфиати ӯ хидмат бикунад. ӯ, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки аҳамияти аввалиндараҷаи хидматашро рӯз ба рӯз меафзуд ва бо ҳамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эҳсос менамуду қабат-қабат гӯшт мегирифт ва болидарӯҳ мешуд. 

Баъзан, ба оина назар карда, ба ҳайрат меомад – чашмони шунқории тезнигоҳаш дер боз чунин ҷавонона намедурахшиданд. Ва ӯ, китфонашро рост кардаву сари сина дамонда, қаноатмандона зери лаб ба забони тозаи русӣ замзама менамуд: «Мы рождены, чтоб сказку сделать былью…» Занаш, ки шарики умедҳои ӯ буд, низ рӯҳбаландона мегуфт: «Боке не, ба қарибӣ мо ҳам ҳақамонро мегирем». ҳатто писараш, ки дар синфҳои боло мехонду комсомоли фаъол буд, ҳарчанд ки гоҳу ногоҳ гапношунавӣ мекард, чун сухан аз орзӯи деринааш мерафт, муассир мепурсид: «Дада, кай бо подполковникӣ табрик мекунем?» Ин ҳама сабабҳои мушаххасе дошт, ки бевосита ба Танқисбоев вобаста набуд, вале, бо вуҷуди ин…

Гап дар ин ки ба наздикӣ, ягон ним сол пештар, дар Алмаато маҳкамаи пӯшида доир шуд: трибунали ҳарбӣ гурӯҳи миллатгароёни буржуазии қазоқро суд кард. Он душманони аҳли заҳмат бераҳмона ва абадӣ решакан карда шуданд. Ду нафар, барои ба қазоқӣ навиштани осори илмиашон, ки гузаштаи манфури патриархалӣ-феодалиро бар зарари воқеияти нав арҷ медод, маҳкуми ҷазои олӣ – паррондан, ду ходими илмии пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улум биступанҷсолӣ бадарға шуданд… Дигарон даҳсолӣ гирифтанд… Вале моҳияти кор он буд, ки вобастаи суд аз марказ барои ходимони махсуси дар ифшову бераҳмона решакан кардани миллатгароёни буржуазӣ мустақиман иштирокдошта мукофотҳои давлатӣ қатор шуд. Рост, ки мукофотҳо низ махфӣ буданд, вале ин эътиборашонро заррае кам намекард. Пеш аз мӯҳлат додани унвонҳои навбатӣ, ордену медалҳо, мукофотҳои калони пулӣ барои иҷрои намунавии супоришот, ташаккурнома ва дигар нишонаҳои диққату эътибор зиндагиро беш аз будаш зеб доданд. Ба пешсафони маърака додани хонаҳои нав низ айни муддао буд. Ин ҳама дасту дилро бақувват, овозро баландтар, тақ-тақи пошнаро дилпуронатар мекард.

Танқисбоев дар гурӯҳи унвону мукофотгирифтагон набуд, вале дар тантанаҳои ҳамкасбон фаъолона иштирок менамуд. қариб ҳар бегоҳӣ ӯву занаш Ойқумис ба «шустан»-и навбатии унвону орден ва ё бӯрёкӯбон мерафтанд. Силсилаи тантанаҳои идона, ки ҳанӯз дар арафаи Соли нав шурӯъ шуд, бисёр зебову хотирнишин буд. Меҳмонон, ки дар кӯчаҳои сарду торики Алмаато хунук 0хӯрда меомаданд, аз остона ба гармии истиқболи соҳибони хушрӯзи хонаҳои нав сарафроз мешуданд. Чӣ қадар дурахшу зиндадилию ифтихор мерехт аз рӯю чашмоне, ки дар остона меҳмононро пешвоз мегирифтанд! Дар ҳақиқат, он ҳама тантанаи хосон буд, ки бори дигар маззаи бахтро мечашиданд. Дар он замон, ки ҳанӯз қаҳтиву гушнагии солҳои ҷанг аз ёдҳо нарафта буд, осудаҳолии наву одатинашуда дар гӯшаҳои дури кишвар махсусан бо тантанаю қаноатмандӣ истиқбол мешуд. Дар ин музофотҳо конякҳои қимати хушнавъ, зарфу қандилҳои ғанимати немисӣ фурӯ мерехт, рӯи мизҳо, ки бо дастархонҳои сап-сафед пӯшида буданд, маҷмӯъзарфҳои боз ҳам ғанимати немисӣ медурахшиданд ва ҳамаи ин касро мафтун мекарду ба рӯҳияи болидае моил месохт, ки гӯё маънии азалии дунё ҳамин асту дар ҳама олам ҷуз ҳамин дигар чизи лоиқи таваҷҷӯҳе буда ҳам наметавонад.

ҳанӯз аз долон бӯи хуши матбах ба димоғ мезад; дар он ҷо, ғайри дигар хӯрданиҳо, ҳатман шоҳи таомҳо – бешбармоқ – хӯроки бобоӣ мепухтанд, ки мероси зиндагии кӯчманчиёна буду дар ин чордевориҳои нав ҳам бӯи хуши кӯҳистон мепароканд. Ва ҳозирон, маззаи шомонаи сарҷамъонаро тасаввур карда, бо тамкину виқори меҳмон менишастанд. Вале моҳияти зиёфат натанҳо ва на чандоне дар таом буд, зеро, одам, ки сер шуд, ботинан аз фаровонии хӯрданиҳои пешаш азоб мекашад; балки маънии ин ҳама нишастҳо дар гуфторҳои мутантан – табрикоту орзӯҳои нек ифода меёфт. Ин маросим ким-чизи ҳамеша ширинеро дар худ ниҳон медошт ва ин ҳиси ширин ҳама он эҳсосеро, ки дар дил ниҳон буд, ба худ мекашиду дар хеш ҳал мекард. ҳатто ҳасад муваққатан гӯё ба илтифот табдил меёфту рашк – ба рафоқат, дурӯягӣ лаҳзае ба самимият мубаддал мегашт. Ва ҳар яке аз ҳозирон ба тарзи аҷибе таърифбоб мешуду то тавонистан баақлонатар ва муҳимаш – зебо нутқ мекард ва беихтиёр ба мусобиқаи эълоннашудае бо дигарон мепардохт. Аҷаб саҳнаҳои фаттоне буданд он нишастҳо! Чӣ нӯшбодҳои олиҷанобе, чун мурғони хушпарубол, сӯи сақфи қандилдор пар мекушоданд, чӣ нутқҳои зебое, ҳозиронро гирифтори оҳанги мутантани хеш намуда, ҷорӣ мешуданд.

Тансиқбоеву занашро хоса нӯшбоди як подполковники наврутбаи қазоқ, ки ботантана аз паси миз бархоста, чунон муассиру бовиқор суханронӣ намуд, ки гӯё ҳунарпешаи театри дром буду нақши шоҳи маснаднишинеро меофарид, мафтун кард.

- Дӯстони азиз, - шурӯъ намуд подполковник, ҳозиронро бо нигоҳи махмуру бовиқори хеш аз назар гузарондаву бо ин зарурати таваҷҷӯҳи пурраву батамом ҷиддии ононро зикр намуда. – Худатон мефаҳмед, ки имрӯз дили ман баҳри саршор аст. Мефаҳмед! Ва ман сухан кардан мехоҳам. Ин лаҳза соати бахти ман аст ва ман гапамро мегӯям. Мегӯям, ки ман ҳамеша даҳрӣ будам. Комсомол тарбияам кардааст. Ман болшевики матинам. Мефаҳмед! Ва бо ин бисёр мефахрам. Барои ман худо вуҷуд надорад. Набудани худо ба ҳама, ба ҳар як мактаббачаи советӣ маълум. Вале ман чизи дигар гуфтан мехоҳам, мефаҳмед… гуфтан мехоҳам, ки худо ҳаст дар дунё! Мефаҳмед… Ман худоеро дар назар надорам, ки истисморгарони оммаҳои меҳнаткаш пеш аз инқилоб бофта баровардаанд. Худои мо соҳибҳукуматест, ки аз қудраташ, чунон ки газетаҳо менависанд, дар сайёра давраи нав сар мешавад ва мо, ғалаба то ғалаба, ба сӯи тантанаи ҷаҳонии коммунизм меравем; он шахс доҳии беназири мост, ки лаҷоми даврон дар дасташ аст, чунон ки сорбон инони нахустуштури корвонро ба даст дорад; он шахс Иосиф Виссарионовичи мост! Ва мо аз паи ӯ меравем, ӯ корвонро раҳнамоӣ мекунаду мо якдилона аз паси ӯ роҳ мебарем. Ва ҳар касе, ки дигар хел фикр мекунад ё дар сар андешаҳои бегона дорад, аз шамшери сазобахши чекистӣ, ки Дзержинскийи оҳанинирода ба мо ёдгор гузоштааст, амон намеёбад. Мефаҳмед… Мо ба душманон муборизаи беамон эълон кардаем. Авлоди онҳо, оилаҳои онҳо ва ҳар гуна унсурҳои хайрхоҳи онҳо, ба хотири кори пролетарӣ, чунон ки баргҳои хазонро тирамоҳ тӯда-тӯда месӯзанд, несту нобуд карда мешаванд. Мефаҳмед… Барои он ки идеология фақат яктост, идеологияи дигар нест! Бино бар ин, мову шумо рӯи заминро аз душманони идеологӣ – миллатчиёни буржуазӣ ва ғайраву ҳоказо… мефаҳмед… тоза мекунем, ба душман, дар куҷое, ки пинҳон нашавад, ниқоби касеро, ки ба рӯ накашад, ягон раҳму шафқат нест. Дар ҳама ҷо душмани синфиро фош кардану ҷосусони душманро рӯи об баровардан… мефаҳмед… чӣ хеле ки рафиқ Сталин таълим медиҳад, душманро кӯфтану рӯҳи оммаҳои меҳнаткашро мустаҳкам намудан! – ана, ҳамин аст шиори мо. Имрӯз, ки маро қадрдонӣ карданду фармони пеш аз мӯҳлат додани унвони навро хонданд, савганд ёд мекунам, ки бемайлон бо роҳи сталинӣ меравам… мефаҳмед… душманро кофтаву ёфта, ниятҳои ҷинояткоронаашро фош месозам ва ӯ, барои он ниятҳои ифлос, ҷазои сахту сазовор мегирад. Мефаҳмед… мо миллатчиёни асосиро безарар карда бошем ҳам, институту редаксияҳо пури хайрхоҳонашон аст. Вале онҳо ҳам аз мо халосӣ надоранд ва мо ба онҳо ягон зарра раҳму шафқат намекунем. Боре, дар як пурсуҷӯ, як миллатчӣ… мефаҳмед… ба ман мегӯяд, ки хоҳед-нахоҳед, таърихи шумо раҳгум мезанад ва худатон, чун иблис, ба нафрат гирифтор мешавед. Мефаҳмед?!

Ин хелашро дар ҷояш паррондан лозим буд! – Тоқат накард Тансиқбоев ва ҳатто бо хашм нимхез шуд.

- Дуруст, майор, ман низ ҳамин хел мекардам, - дастгирӣ намуд ӯро подполковник, - вале вай ҳанӯз барои тафтишот даркор буд ва ман ба ӯ гуфтам… мефаҳмед… ба ӯ гуфтам, ки то мо раҳгум мезанем, нишони ту, палид, дар ин дунё намемонад! Саг меҷакаду корвони сталинӣ меравад…

ҳама якбора, мазаммати сазовори он миллатчии ношудро маъқул дарёфта, шодона хандиданду чак-чак заданд, ҳама, ҷомҳои саршор дар даст, якбора бархостанд. «Барои Сталин!» – нафас берун карданд ҳама якбора, то охир нӯшиданд ва гӯё бо ҳамин ҳаққонияти нӯшбод ва садоқати хешро ба он тасдиқ мекарда бошанд, ҷомҳои холиро ба ҳамдигар нишон доданд.

Баъдан дар идомаи он фикр бисёр суханон гуфта шуд. Ва он суханон, худ ба худ пайдову афзун шуда, то дер болои сари ҳозирон давр мезаданд. Он суханон, чун оилаи бақаҳромадаи занбӯрҳои ваҳшӣ, ки аз афзуниву заҳрогинии худ бештар хашмӣ мешаванд, ғазаби ниҳониеро дар хеш ҷамъ меоварданд.

(Идома дорад)

Комментариев нет:

Отправить комментарий