! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

10 апреля, 2011

Тоҷикон дар нимароҳи бозгашт ба хатти форсӣ تاجیکان در نیم راه بازگشت به خط فارسی


Бо гузашти бист сол аз замони истиқлол як гурӯҳ аз рӯшанфикрони тоҷик сарсахтона талош доранд, то ҳафтуним милюн сокини ин кишвар дубора ба хатти арабиасоси форсӣ баргардад.
Ба хатте, ки то замони по гузоштани артиши Русия ба қаламрави Осиёи Марказӣ миёни тоҷикон роиҷ буд ва танҳо пас аз инқилоби Уктабр ҷои онро хатти лотинӣ ва сипас хати сириллики русӣ гирифт.

Феълан ҳафтуним милюн сокини Тоҷикистон бо хатти сириллики русӣ менависанд ва тамоми коргузорӣ ҳам ба ин хат анҷом мешавад. Аммо танҳо як гурӯҳи кӯчаки атбоъи Тоҷикистон аз хатти форсӣ огоҳанд ва метавонанд бо ин хат мукотиба бикунанд ва ё матолиб бихонанд.
Бештари рӯшанфикрони тоҷик мегӯянд, бо гузаштан ба хатти форсӣ мушкилиҳои мавҷуд дар забони тоҷикӣ ҳам рафъ шуда, мардум ба манбаъи зиёди ахбору китоб дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.
Саттор Турсун аз нависандаҳои саршиноси Тоҷикистон, бозгашт ба хатти форсиро барои тоҷикон бозгашт ба асли худ медонад.
Оқои Турсун мегӯяд, дар даврони Шӯравӣ забони форсӣ ҳамчун забони китобҳои динӣ аз миён бурда шуд, вале ҳоло фурсат аст, ки тоҷикон дубора ба хати таърихии худ рӯ оранд ва собит кунанд, ки асли Ирони бузурганд.
“Модом ки асосгузори адабиёти Ирон ҳам устод Рӯдакӣ бошад, пас, чӣ гуна мо тоҷик ва онҳо иронӣ ва забони мо тоҷикӣ ва забонҳо форсӣ будааст? На, забони мо форсӣ ё порсӣ аст”, афзуд ӯ. 
Ҳамон тавре ишора рафт, пас аз инқилоби соли 1920 дар Бухоро ва рӯйи кор омадани ҳукумати пантуркистӣ нахуст забони порсӣ аз низоми коргузории расмӣ дур карда шуд ва сипас дар соли 1928 милодӣ ҷои хатти форсиро лотинӣ гирифт.
Гуфта мешавад пас аз он ки хатти лотинӣ ҷойгузини хатти форсӣ шуд, нафаронеро, ки ба хати ниёгон китоб мехонданд ва ё нома менавиштанд, душмани халқ эълон мекарданд.
Дар пайи чунин муносибат, китоби зиёде, ки ба хатти форсӣ ва моли шоирони бузург буд, ё ба об партофта шудаанд ё сӯзонида шудаанд ва ё худи мардум аз тарси он ки онҳоро душмани халқ мегӯянд, худашон ин китобҳоро дар зери хок пинҳон кардаанд.
Аммо дар охири соли 1939 милодӣ ҳанӯз тамоми сокинон хатти лотиниро аз худ накарда, давлати Шӯравӣ ислоҳот дар алифбои халқҳои Осиёи Марказиро ба роҳ монд. Дар пайи ин ислоҳот дар соли 1940 хатти сириллики русӣ ҷойгузини хатти форсӣ шуд.
Муаррихони тоҷик мегӯянд, дар соли 1940 милодӣ ҳар касе, ки форсиву лотинӣ медонист,аммо хатти сирилликро намедонист, ҳамчун бесавод шинохта мешуд.
То охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта вазъияти забони тоҷикӣ ва хатти он дигар тағйир накард. Танҳо дар соли 1989 милодӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик қонуни забони тоҷикӣ қабул карда шуд, ки қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ) унвон дошт.
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби “Хуросон аст ин ҷо” чунин менависад, “20 июли соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи Қонуни Асосӣ баррасӣ шуд. Яке аз моддаҳои Қонуни Асосӣ ин буд: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад”
Саттор Турсун, нависандаи саршиноси тоҷик мегӯяд, “мо ҳамин хел қарор кардем забони тоҷикӣ ва дар даруни қавсайн форсӣ. Ба чӣ талошҳо ба миён омад. Аммо ин имрӯз аз миён рафт. Барои чӣ? Намедонам.”
Ҳоло унвони қонуни забони тоҷикӣ бидуни форсӣ боқӣ мондааст. Зеро дар соли 1994 милодӣ як идда аз намояндаҳои маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, то калимаи «форсӣ» аз унвони қонуни забони тоҷикӣ ва аз қонуни асосӣ фурӯгузор шавад. Онҳо барои ин пешниҳод худ чунин далел меоварданд, ки мо тоҷикем, на эронӣ ва забони мо тоҷикист, на форсӣ.
Ҳамин тавр, рӯзи 20 ҷулайи 1994 порлумони Тоҷикистон аз номи забони мо – аз таъбири «забони тоҷикӣ (форсӣ)» калимаи «форсӣ»-ро берун андохт. Ҳамчунин ин порлумон истилоҳотеро чун додгоҳ, додгустар, додситон, раиси ҷумҳур рад карда, ба ҷои онҳо вожаҳоеро аз қабили суд, судя, адвокат, прокурор, ки аз забони русӣ омадааст, қабул намуданд.
Дар охирин баррасии тарҳи қонуни забони тоҷикӣ ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ талош карданд, то унвони забони тоҷикӣ забони тоҷикии форсӣ бошад, вале ин пешниҳод аз сӯйи вакилони дигар пазируфта нашуд.
Худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ҳоло зарурате барои бозгашт ба хатти форсиро намебинанд. Ин ҳарфҳо аз забони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмон низ расман дар соли 2008 милодӣ дар пайи талошҳо ва даъватҳои рӯшанфикрони тоҷик барои бозгашти тоҷикон ба хати форсӣ садо дод.
Вазири маорифи Тоҷикистон низ борҳо гуфтааст, ки дигар ниёзе барои бозгашт ба хатти форсӣ нест. Вай бовар дорад, бозгашт ба хати форсӣ кори саҳл набуда, аз як сӯ маблағи бештареро тақозо ва аз сӯйи дигар мардумро ба бесаводӣ хоҳад кашонд.
Вале Аскари Ҳаким, корманди Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, палатаи болоии порлумони кишвар мегӯяд, Тоҷикистон метавонад зина ба зина ба хатти форсӣ гузарад, ки барои ин зарур аст давлат барномаи хосеро қабул кунад.
Бо ин ҳол, мухолифону ҷонибдорони бозгашт ба хати форсӣ дар Тоҷикистон зиёданд ва ҳар кадоме онҳо барои ақидаи худ далеле ҳам доранд. Аммо коршиносон мегӯянд, феълан танҳо раиси ҷумҳур метавонад ин вазъро тағйир дода, дигаронро барои бозгашт ба хати форсӣ моил кунад. Амре, ки иҷрои он аз сӯйи раиси ҷумҳур баъид ба назар мерасад.  

2 комментария:

  1. السلام عليکم. فکر مي کنم که بازگشت با الفبای فارسی - پارسی خيلی مهم است. ما يک ملت - تاجيکان افغانی و تاجيکان تاجيکستانی اين همين ملت است. يکی از ادم ها مي گويند که ما نه ايرانی، ما تاجيک ها هستيم. اما ما روسی نيستيم، ما کافران نيستيم! ما مسلمانان هستيم. پس چرا ما تاجيک ها تا هنوز الفبای کافر را استفاده مي کنيم؟ فقط از طرف مزحب و دين ما ايرانيان نيستيم چون که ايرانيان اهل شيعه هستند، ما اهل سنت هستيم. اما زبان ما - زبان دری - پارسی همين است، نه "تاجيکی سيريليکی شوروی". اين ها، که ايران و افغانستان دوست ندارند - انها تاجيک ها نيستند. ما با تاجيکان افغانستان يک ملت هستيم و به يک زبان ،زبان ما يکيست و دين ما يکيست. روسيه و ديگر کشور های کافران سابق شوروی الفبای عربی در زبان های کشورشان استفاده نمي کنند. ما مسلمانان و ما ملت بزرگ تاجيک هستيم. پس چرا ما تا هنوز الفبای کافری سيريليکی روسی استفاده مي کنيم؟ مگر برای مردم تاجيکستان روسيه و ديگر کشور های کافر نزديکتر از مردم برادری هم زبان و هم دينی آفغانستان و ايران؟ مگر مردم تاجيکستان بعد از زمان شوروی تاريخ و فرهنگ و زبان بزرگ ملت ما فراموش کرده اند؟فکر مي کنم و آميدوارم که نه. من زبان پارسی دری خيلی دوست دارم. اين بهترين و زيباترين زبان در جهان است. من دوست ندارم زبان روسي و الفبای روسی در زبان ما - زبان پارسی چون که شوروی و روسيه نبايد زبان های مسلمانان تغيير کند. ما زبان روسی تغير نکرديم و روسيه نبايد زبان ما را تغيير کند. دری - پارسی - زبان مردم تاجيک است، دری پارسی - زبان تاجيکستان است

    ОтветитьУдалить
  2. بازگشتن به الفبای فارسی برای مردم تاجيکستان خيلی مهم است . ما تاجيک ها هستيم - پارسی زبان، ما روسي نيستيم! همه ی کتاب ها در افغانستان و در ايران و پاکستان به به زبان فارسی - پارسی - دری نوشته شده است، اما کتاب های به زبان تاجيکی شوروی خييييلی کم است و سايت های اينترنتی به زبان فارسی خيلی زياد است، اما به تاجيکی شوروی هيچ سايت ها و سرويس ها در اينترنت وجود ندارد. فرزندان ما از کوچکی الفبای عربی - فارسی بايد استفاده کند که برای آموزش اسلام و قرآن خيلی خوب است. ما مسلمانان و بازگشتن به الفبای پارسی برای ما بسيار ضروری است

    ОтветитьУдалить