! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

11 апреля, 2011

Чаро наҳзатиҳо ҳукуматро гирифтанӣ нестанд? چرآ نهضتی هآ حکومت رآ گرفتنی نیستند؟

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи ҳукумати ин кишвар эълон карда, ки ин нерӯи сиёсӣ ҳадди ақал то панҷ соли дигар талоши расидан ба қудратро нахоҳад кард. 


Ҷаноби Кабирӣ афзудааст, вақти он расида, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё агарчӣ нерӯҳои исломӣ дар интихоботҳо пирӯз бишаванд, вале сари қудрат наоянд.

Вай гуфт, Ҳизби наҳзати исломӣ ҳукуматро гирифтанӣ нест. Мо кафолати садсоларо дода наметавонем, худо худаш доно аст. Вале ҳади ақал 4- 5 соли дигар, то вақте ки низомномаи ҳизб иҷоза медиҳад, ин кафолатро бидиҳем, ки ҳизби наҳзати исломӣ ба сари қудрат омаданӣ нест.
Вале Муҳиддини Кабирӣ гуфт, мақомот набояд аз чунин шароит ба нафъи худ истифода карда, озодиҳои сиёсиву диниро маҳдуд бикунанд.
Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон бояд ба дигарон низ имкон бидиҳанд, ки аз неъматҳои кишвари худ баҳра бибаранд.
Дигарон низ иҳсос кунанд, ки соҳиби ин давлату миллат ҳастанд. Дигарон низ ҳақ доранд, ки зиндагӣ кунанд. Ормонҳои худро амалӣ кунанд. Ҳарфи худро бигӯянд, агар зарур аст дар ҳукумат ба як навъе шарик шаванд. Аз ин сарвату сармояҳои давлату миллат истифода баранд. Аз ин бештар ин мардум ва ин миллат таваққӯъ надорад” гуфт оқои Кабирӣ.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба гуфтаи масъулонаш таърихи наздик ба 40 сол дорад, вале он расман дар охири соли 1991 милодӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст.
Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992 ва 1997 ин нерӯи сиёсии динӣ, ки ҷузъи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба ҳисоб мерафт, фаъолияташ мамнӯъ шуд.
Аммо пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ин ҳизби исломӣ дубора дар соли 1999 номнавис гардид.
Ҳоло теъдоди аъзо ва ҷонибдорони ҳизби наҳзати исломӣ ҳудуди 40 ҳазор гуфта мешавад, ки қисмати аслии онҳоро ҷавонон ва он ҳам дар маркази Тоҷикистон ва манотиқи шимолу шарқи ин кишвар ташкил медиҳанд.
Дар соли 2006, дар пайи даргузашти Абдуллоҳи Нурӣ, аз бунёдгузорон ва раҳбари пешини ҳизбюи наҳзати исломӣ, роҳбарӣ ба дӯши Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.
Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии солҳои 2005 ва 2010 милодӣ иштирок  карда, дар ин ду давр танҳо ду нафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кардааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баробари Ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ аз бонуфузтарин ва ҳизби умдаи мухолиф дониста мешавад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий