! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

04 марта, 2011

Нома ба Дилбар Самадова / نامه به دلبر صمداوا

Ҳоло дубора дафтари хотираҳоямро варақ мезанам, ки бештари онҳоро дар замони дар Хуҷанд будан навиштаам. Шаҳре, ки дар он, дар соли 2003, бо зане ошно шудам, ки ӯ тамоми афкору ҷаҳонбинии маро тағйир дод...

Ин зан ба ман нишон дод, ки то чашмони худро калонтар боз намояму ба атроф бингарам, ки мардум дар чӣ ҳол асту мақомдорони мо дар чӣ шароите зиндагӣ мекунанд.

Ман ӯро барои аввалин бор дар бинои телевизиони симои мустақили якуми Хуҷанд дидам. Вай дар ин телевизион фаъолият дошт. Ҳаргиз намедонистам, ки ӯ роҳбари гурӯҳи мо мешавад.

Номи ӯро аз ҳамдарсонам шунидаам: Дилбар Самадова. Номи ӯ ҳар лаҳза ба ман қувват ва умед мебахшад.

Зеро ин зан бо вуҷуди мушкилҳо пеши касе ба зону нанаиштааст ва ҳаргиз тамаллуқкору хушомадгӯ набудааст.

Ман аз ӯ фаҳмидаам, ки ҳақиқату меҳрубонӣ чист. Инсон будан чист.

Ӯ ҳаргиз ба касе хиёнат накарда ва ҳам иҷоза намедиҳад, ки касе ба ӯ хиёнат бикунад.

Ёдам ҳаст, ки дар факулта аксари донишҷӯён ӯро дӯст медоштанд. Шояд ӯ танҳо нафаре буд, ки аз донишҷӯён пул намегирифт ва ҳам хеле ба содагӣ баҳо намегузошт.

Дар замоне ки ӯ дар факулта дарс медод, ҳамаи донишҷӯён рӯзнома мехонданд, рӯзномаҳоро аз ин ҳафта то ҳафтаи дигар ҷамъ мекарданд.

Ӯ ба ҳама донишҷӯён рӯҳу тавон мебахшид. Вай буд, ки мегуфт бояд ҳар кас соҳиби ҳаққи худ бошад ва нагузорад, ки нафаре дигар ҳаққи ӯро дидаву дониста ё ноогоҳона нақз кунад.

Аз ин рӯ, бисёриҳо ӯро чашми дидан надоштан. Ҳатто намехостанд бубинанд. Зеро аз ӯ метарсиданд. Метарсиданд, ки бо донишҷӯён забон як карда алайҳи онҳо ва ҳукумати онҳо сар набардорад.

Чунки дар факулта медонистанд, ки ин зани озодихоҳ як шахсияти шинохтаи Ҳизби сотсиал-демократ аст ва ба ин зудӣ сар нахоҳад фаровард.

Бо ин ҳол, Дилбар Самадова аз азизтарин нафарони хуҷанд боқӣ мондааст. Агар дили ман барои Хуҷанд метаппад, аз он аст, ки дар он ҷо зани ҳақпарасте бо номи Дилбар Самадова зиндагӣ мекунад.

Дар панҷ соли охир мо хеле бо ҳам кам сӯҳбат мекунем. Аз он ки аз бараш дурам, хеле дилгирам.
Охир, шояд ӯ танҳо нафарест, ки дарди дили маро мефаҳмад, маро дарк мекунад ва метавонад машварат бидиҳад.

Дафъаи охире, ки дидам тобистони соли гузашта ва боз ҳам дар Хуҷанд буд. Ман бо ӯ ва ҳамдарсони собиқам Хайрулло ва Қамарбек нишаста хеле сӯҳбат кардем.

Фардои он рӯз ӯ маро ба назди тоҷирони уйғур бурд, то бо онҳо дар бораи корашон схҳбат бикунам. Пас аз он мо якҷоя ба назди духтаре рафтем, ки бо кӯдакони худ ҳанӯз ҳам чашм ба роҳи ман буду ман ташнаи дидори ӯ.

Ин зан буд, ки моро бо ин аҳвол дӯст дошт, писандид, бӯсид. Ба рағми дигарон, ки дидори софдилонаи моро маҳкум мекунанд, ӯ маро бо он зани ҷавон аҳсан гуфт.

Шояд ман хато мекунам. Вале ишқро намешавад ба додгоҳ кашиду дар Гуантанамо андохт. Инро боз ҳам фақату фақат Дилбар Самадова мефаҳмид ва мефаҳмад.

Муаллимаи азиз, аз ин ки хеле камнамо шудам, парешон набош. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад. Ман рӯзе ба он ҷое бархоҳам гашт, ки аз он ҷо сар кашидаам. Ҷое, ки ба ту наздиктар аст.

Ин ҳама ҳарфҳову ҷумлаҳои парешонро дар ҳоли парешонӣ менависам ва умед дорам, ки ин дафъа низ маро мефаҳмӣ!


Пас, то боздид, дар канори Сир!

Комментариев нет:

Отправить комментарий